Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2009 № 123 "Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмини истифодаи оқилонаи захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳдошти ҳолати замин, бешазорҳо, захираҳои об, ҳавои атмосферӣ, гуногунии биологӣ, бахусус намудҳои наботот ва ҳайвоноти нодир, аз ҷумла нестшудаистода ва солимгардонии вазъи саломатии аҳолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 тасдиқ карда шавад.

2.Вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо номгӯи чорабиниҳои мушаххасро ҷиҳати таҳия намудани Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2009-2019 ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

3. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси пешниҳодоти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дар муддати на дертар аз панҷ моҳ Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019-ро таҳия намуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ташкилот ва муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, тобеияти идоравӣ, инчунин корхонаҳои муштарак, дар қисми махсуси лоиҳаҳои ҳарсолаи дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, ки ба истифодаи сарватҳои табиӣ вобастаанд, чорабиниҳои экологиро дар доираи маблағҳои пешбинишудаи соли буҷетӣ ба назар гирифта, ҳангоми имзои шартномаҳо, созишномаҳо, қарордод ва протоколҳои ҳусни тафоҳум масъалаҳои ҳамкории экологиро пешбинӣ намоянд.

5.Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва марказҳои миллии марбута, то охири соли 2009 барои роҳбарони вазоратҳо, корхонаҳо, идораҳо, ташкилотҳо ва масъулини соҳаи экология курсҳои доимоамалкунандаи такмили ихтисоси маълумоти экологиро ташкил намояд.

6.Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 сар карда, ҳангоми пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳакашию конструкторӣ ва таҳияи нақшаҳо, бахшҳои экологӣ, истифодаи техника ва технологияи нав, масъалаҳои ба беҳдошти табиат мусоидаткунандаро ворид намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 27 феврали соли 2009 № 123

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Государственной экологической программы Республики Таджикистан на 2009-2019 годы

В соответствии со статьей 8 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" и с целью обеспечения рационального использования природных ресурсов Республики Таджикистан, поддержания оптимального состояния земель, лесов, водных ресурсов, атмосферного воздуха, сохранения биологического равновесия, особенно охраны редких и исчезающих видов флоры и фауны, улучшения здоровья населения, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Утвердить Государственную экологическую программу Республики Таджикистан на 2009-2019 годы.

2.Министерствам и ведомствам Республики Таджикистан, органам исполнительной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов представить Комитету по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан перечень мероприятий по разработке Плана мероприятий реализации Государственной экологической программы Республики Таджикистан на 2009-2019 годы.

3.Комитету по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан по представлению министерств и ведомств, органов исполнительной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов в пятимесячный срок разработать План мероприятий по выполнению Государственной экологической программы Республики Таджикистан на 2009-2019 годы и представить на рассмотрение Правительству Республики Таджикистан.

4. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, органам исполнительной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов, предприятиям и организациям, независимо от форм собственности и ведомственной принадлежности, а также совместным предприятиям, в ежегодных проектах прогнозов социально-экономического развития специальным разделом предусматривать экологические мероприятия за счет средств предусмотренных в финансовом году, а при заключении соглашений, договоров, контрактов, протоколов и меморандумов предусматривать вопросы экологического сотрудничества.

5.Комитету по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан совместно с Министерством образования Республики Таджикистан до конца 2009 года организовать постоянно действующие курсы повышения квалификации по экологическому образованию для руководителей министерств, ведомств, предприятий, организаций и ответственных лиц в сфере экологии.

6.Академии наук Республики Таджикистан и Министерству образования Республики Таджикистан начиная с 2009 года при разработке планов, научно-исследовательских и проектно-конструкторских работ включать разделы экологии, использование природоохранной техники и технологии, способствующие улучшению природы.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан     Эмомали Рахмон

от 27 февраля 2009 года №123

 г. Душанбе