Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ба низом даровардани маоши вазифавии кормандони муассисаҳои давлатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 марти соли 2009 нақшаи маоши вазифавии кормандони роҳбарикунанда ва мутахассисони идораҳои Муассисаи давлатии маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кохи Истиқлол, Боғи миллӣ, Муассисаи давлатии илмии "Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон", Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад", Маҷмааи давлатии "Кохи Ваҳдат" ва Муассисаи давлатии илмии "Боғи ботаникии Хуҷанд" тасдиқ карда шавад (замима мегардад) ().
2. Аз 1 марти соли 2009 музди меҳнати кормандони ҳайати хизматрасонии техникии муассисаҳои давлатии дар банди 1 қарори мазкур зикргардида ба музди меҳнати кормандони ҳайати хизматрасонии техникии Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, вале на камтар аз андозаи музди меҳнати ҳадди ақал ва на зиёда аз музди меҳнати мутахассиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар карда шавад.
3. Маблағгузории музди меҳнати кормандони муассисаҳои давлатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бандҳои 1 ва 2 қарори мазкур зикргардида дар доираи маблағҳои сметаи хароҷоти дар соли 2009 тасдиқшудаи онҳо амалӣ карда шавад.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 1996 №330 "Дар бораи муқаррар намудани маошҳои вазифавии кормандони маҷмӯи меҳмонхонаҳои Идораи молиявию хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 19 феврали соли 2009 № 102
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикисгон
аз "19 " феврали соли 2009
№ 102 тасдиқ шудааст
Нақшаи маоши вазифавии кормандони роҳбарикунанда ва мутахассисони Муассисаи давлатии маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кохи Истиклол, Боғи миллӣ, Муассисаи давлатии илмии "Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон", Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад", Маҷмааи давлатии "Кохи Ваҳдат" ва Муассисаи давлатии илмии "Боғи ботаникии Хуҷанд"
+--------------------------------------+--------------------------ҷ
| | |
| Номгӯи вазифаҳо | маоши моҳонаи |
| | вазифавӣ |
| | бо сомонӣ |
+--------------------------------------+--------------------------+
| Директори генералӣ | 1350 |

| Директори филиал | 970 |

| Муовини аввали директор | 970 |

| Муовини директор | 870 |

| Сардори шӯъба | 700 |

| Мудири бахш | 540 |

| Сармутахассис | 430 |

| Мутахассиси пешбар | 360 |

| Мутахассис | 280 |
| | |
+--------------------------------------+--------------------------+
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ба низом даровардани маоши вазифавии кормандони муассисаҳои давлатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 марти соли 2009 нақшаи маоши вазифавии кормандони роҳбарикунанда ва мутахассисони идораҳои Муассисаи давлатии маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кохи Истиқлол, Боғи миллӣ, Муассисаи давлатии илмии "Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон", Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад", Маҷмааи давлатии "Кохи Ваҳдат" ва Муассисаи давлатии илмии "Боғи ботаникии Хуҷанд" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).