Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "31" октябри соли 2008 № 537
тасдиқ шудааст
Оинномаи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"
1. Муқаррароти умумӣ
1. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" (минбаъд Ширкат) дорандаи пакети аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он додашудаи саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомие мебошад, ки дар соҳаи энергияи барқ фаъолият доранд, ҳамчунин ҳуқуқи соҳибӣ намудан, истифода бурдан ва идора кардани амволи корхонаҳо ва муассисаҳоеро ба амал мебарорад, ки мутобиқи моддаи 232 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он дода шудааст.
2. Номи пурраи расмӣ:
бо забони тоҷикӣ - Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик";
бо забони русӣ - Открытая акционерная холдинговая компания "Барқи Тоҷик".
Номи мухтасар: бо забони тоҷикӣ ШСХК "Барқи Тоҷик";
бо забони русӣ ОАХК "Барки Точик".
3. Суроғаи Ширкат 734026, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 64.
4. Ширкат дорои филиалҳо ва намояндагиҳои зерин мебошад:
- филиали Норак - НБО Норак,735000, ш.Норак
- филиали Бойғозӣ - НБО Бойғозӣ, 735300, ш. Норак кӯчаи Рӯдакӣ, .
- филиали Варзоб - силсилаи НБО Варзоб, 734017, ш.Душанбе, кӯчаи Карамов, 70/1.
- филиали Вахш - силсилаи НБО Вахш, 734147, ш. Сарбанд.
- филиали Душанбе - Шабакаҳои барқи марказӣ, 734064, ш. Душанбе, кӯчаи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 1/3.
- филиали Гулистон - Шабакаҳои барқии Суғд, 735750, ш. Гулистон кӯчаи Истиқлол, 113 (.
- филиали Хуҷанд - Шабакаҳои барқии Хуҷанд, 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 36 .
- филиали Рашт - Шабакаҳои барқии Рашт, 735450, ноҳияи Рашт кӯчаи Промышленная, 19.
- филиали Кӯҳистони Бадахшон - Шабакаҳои барқии Кӯҳистони Бадахшон, 736100, ш. Хоруғ, кӯчаи Райсовет, 75.
- филиали Қурғонтеппа - Шабакаҳои барқии ш. Қурғонтеппа, ш. Курғонтеппа кӯчаи Ҷомӣ, 24.
- филиали ШСХК "Барқи Тоҷик" дар шаҳри Норак - Шабакаҳои барқии шаҳри Норак, 735300, шаҳри Норак, минтақаи саноатӣ .
- филиали Бӯстон - Шабакаҳои барқии шаҳри Чкалов, 735730, ш. Чкалов, кӯчаи Опланчук, 1 А .
- филиали Гулистон - НБО Қайроққум, 735750, ш. Гулистон, к. Истиқлол, 114 .
- Намояндагии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" дар Ҷумҳурии ӯзбекистон.
- Намояндагии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" дар Федератсияи Россия, 121099, Федератсияи Россия, ш. Москва, гузаргоҳи 1- и Смоленский, хонаи 7, офиси 212.
5. Ширкат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷуҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оинномаро ба роҳбарӣ мегирад .
6. Ширкат вориси ҳуқуқии Ширкати давлатии саҳомии холдингии "Барқи Тоҷик" мебошад.
2. Мақоми ҳуқуқии Ширкат
7. Муассиси Ширкат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
8. Ширкат шахси ҳуқуқӣ ба шумор меравад ва ҳуқуқи дахлдорро аз лаҳзаи тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаштанаш соҳиб мешавад.
9. Фаъолияти молиявӣ ва истеҳсолии Ширкат дар асоси мустақилияти хоҷагидорӣ ба роҳ монда мешавад.
10. Мӯҳлати фаъолияти Ширкат маҳдуд нест, ба истиснои ҳолатҳое, ки банди 49 ҳамин Оиннома пешбинӣ менамояд.
11. Ширкат дорои ҳуқуқҳои граждание мебошад, ки ба мақсадҳои фаъолияти дар Оинномаи мазкур пешбинишуда мутобиқанд ва барои бурдани ин намудҳои фаъолият масъулият дорад.
12. Ширкат бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ филиалҳо, намояндагиҳо ва ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ таъсис менамояд.
13. Филиалҳо ва намояндагиҳои Ширкат мақоми шахси ҳуқуқиро надоранд ва дар асоси Низомномаи тасдиқнамудаи Ширкат, мувофиқи муқаррароти муайяннамудаи ҳамин Оиннома амал мекунанд.
14. Ширкат баланси мустақил, суратҳисобҳои бонкӣ, аз ҷумла асъорӣ, мӯҳри нишондор, штамп, варақаи фирмавӣ ва нишонаи фирмавии худро дорад.
3. Мақсад ва самтҳои фаъолияти Ширкат
15. Мақсади асосии Ширкат таъмини соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ ва заруратҳои коммуналию маишии аҳолӣ бо энергияи барқ, гармӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва сатҳи технологии истеҳсолот мебошад.
16. Ширкат фаъолияти худро дар саноат, тиҷорат, молия, фаъолияти иқтисоди берунӣ ва ғайраҳо, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, ба амал мебарорад.
17. Барои ба мақсади худ ноил шудан Ширкат истеҳсол, интиқол, таҳвил, тақсимот, азнавтабдилдиҳӣ ва фурӯши энергияи барқ ва гармиро ба амал мебарорад.
18. Ширкат ба мақомоти марбутаи давлатӣ дар бобати коркард ва такмили самтҳои зерин пешниҳодҳо менамояд:
- оид ба қоидаҳо, стандартҳо, меъёрҳо барои таъминоти бехатарии истеҳсолот, интиқол, таҳвил, тақсимот ва фурӯши энергияи барқ ва гармӣ, захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ;
- оид ба сиёсати нарх, тариф, сиёсати инвеститсионӣ, иҷтимоӣ ва илмию техникӣ дар энергетика;
- оид ба тартиби иҷозатномадиҳӣ барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи энергетика.
Ширкат дар асоси ҷорӣ кардани технологияи пешқадам барои афзудани самаранокии фаъолият чораҳо андешида, ҷараёни динамикаи эҳтиёҷот ва дархост ба энергияи барқ ва гармиро меомӯзад.
4. Амвол ва маблағи оинномавии Ширкат
19. Амволи Ширкат аз амволи қаблан дар баланси Ширкати давлатии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" буда ташкил меёбад.
20. Ширкат соҳиби амволу маҳсулот, даромад ва моликияти зерин мебошад:
- амволи ба ӯ аз ҷониби Муассис додашуда, ба истиснои амволи шахсони ҳуқуқие, ки дар Рӯйхати ҷамъиятҳои саҳомӣ, корхонаҳои давлатӣ, ташкилотҳо ва муассисаҳои таҳти идоракунии Ширкат қарордошта нишон дода шудаанд;
- маҳсулоте, ки Ширкат дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ истеҳсол кардаст;
- даромад, инчунин дигар моликияте, ки бо дигар асосҳои ба қонунгузорӣ мутобиқ ба даст омадаанд.
21. Сармояи оинномавии Ширкат 356 995 971 (сесаду панҷоҳу шаш миллиону нуҳсаду наваду панҷ ҳазору нуҳсаду ҳафтоду як) сомониро ташкил медиҳад .
22. Қарор дар бораи зиёд ё кам кардани маблағи оинномавии Ширкат аз ҷониби Мақоми олии идоракунӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегардад.
23. Ширкат фонди захиравии зуруриро барои фаъолияти худ дар ҳаҷми на бештар аз 15 фоизи маблағи оинномавӣ созмон медиҳад.
Гузаронидани маблағ ба фонди захиравӣ аз ҷониби Мақоми олии идоракунӣ муайян карда мешавад. Ташкили фонди захиравӣ бо роҳи сафарбар намудани 5 фоизи даромади софи солона то таъмин намудани ҳаҷми муқарраршуда амалӣ карда мешавад.
5. Қоғазҳои қиматноки Ширкат
24. Ширкат метавонад саҳмия ва вомбарг барорад.
25. Тартиби баровардан, ба қайд гирифтан, ҷо ба ҷо намудан ва ҳисобу китоби қоғазҳои қиматноки Ширкат мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома муайян карда мешавад.
26. Барориши аввали саҳмияҳои Ширкат танҳо саҳмияҳои номӣ, оддӣ (оддӣ боҳуқуқи овоздиҳӣ) ба маблағи 318 235 460 (сесаду ҳаждаҳ миллиону дусаду сиву панҷ ҳазору чорсаду шаст) сомонӣ, бо арзиши номиналии 11,2 (ёздаҳ сомонию бист дирам) сомонӣ иборат буда, 31 823 546 (сиву як миллиону ҳашсаду бисту се ҳазору панҷсаду чилу шаш) ададро ташкил мекунад .
27. Бароришҳои минбаъдаи саҳмияҳои Ширкат метавонанд ҳам аз саҳмияҳои оддӣ (бо ҳуқуқи овоздиҳӣ) ва ҳам саҳмияҳои имтиёзнок (бе ҳуқуқи овоздиҳӣ) иборат бошанд. Саҳмияҳои имтиёзнок дар ҳаҷми на бештар аз 10 фоизи сармояи оинномавӣ бароварда мешаванд.
28. Саҳмияҳои Ширкат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавассути савдои озод ҷойгир кунонида мешаванд.
29. Тартиби пардохти дивидендҳо ҳангоми барориши қоғазҳои қиматнок муайян шуда, дар пушти он сабт мегардад.
30. Саҳмияҳои имтиёзноке, ки Ширкат мебарорад, ҳуқуқи гирифтани он миқдори дивидендро медиҳад, ки Мақоми олии идоракунӣ бо қарори худ муайян намудааст. Дивиденд ба дорандагони саҳмияҳои имтиёзнок ҳар сол дар мӯҳлати муайяннамудаи Мақоми олии идоракунӣ дода мешавад.
31. Ширкат то он даме, ки фоидаро аз рӯи саҳмияҳои имтиёзнок ҳисобӣ накунад, ҳуқуқ надорад фоидаи саҳмияҳои оддиро ҳисобӣ кунад. Ба дивиденд ҳамон саҳмияе ҳуқуқ дорад, ки на дертар аз як моҳ то ҳисобӣ кардани фоида харида шудааст.
32. Ҳар як саҳмияи оддӣ ба соҳибаш дар маҷлиси умумии саҳмиядорон ҳуқуки як овозро медиҳад.
33. Дар ҳолати барҳам хӯрдани Ширкат амволи баъд аз иҷрои талаботи кредиторон боқимонда, барои пардохтҳо бо тартиби зерин истифода мешавад:
- ҳаққи дивиденди вуҷуддошта, аммо пардохтнашудаи саҳмияҳои имтиёзнок дода мешавад;
- ба соҳибони саҳмияҳои имтиёзнок ҳаққи маблағи номиналии саҳмияҳои ба онҳо тааллуқдошта дода мешавад;
- амволи боқимонда дар байни дорандагони саҳмияҳои оддӣ мувофиқи таносуби саҳмияҳояшон дар миқдори умумии саҳмия тақсим мегардад.
6. Мақомоти идоракунии Ширкат
34. Мақомоти идоракунии Ширкат дар маҷлиси аввалини саҳмиядорон ташкил мешавад.
35. Мақоми олии идоракунии Ширкат Маҷлиси умумии саҳмиядорон ба шумор меравад. То лаҳзаи ба савдо рафтани саҳмияҳои Ширкат салоҳияти иҷрои Мақоми олии идоракунӣ ба зиммаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Салоҳияти истисноии Мақоми олии идоракунӣ иборатанд аз:
- муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти Ширкат, тасдиқи ҳисоботи солонаи ҳисобот ва баланси муҳосибавӣ;
- тағйир додани Оинномаи Ширкат, аз ҷумла тағйири ҳаҷми сармояи оинномавӣ;
- интихоби аъзои Комиссияи тафтишотӣ (ревизорон)-и Ширкат ва пеш аз мӯҳлат қатъ кардани фаъолияти онҳо;
- тасдиқи ҳисобот ва хулосаҳои Комиссияи тафтишотӣ;
- ҳалли масъалаҳо оид ба аз тарафи Ширкат харидани саҳмияҳои баровардаи худаш;
- қабули қарор дар бораи таҷдиди сохтор ва барҳамдиҳии Ширкат, таъини комиссияи барҳамдиҳӣ ва тасдиқи баланси барҳамдиҳӣ;
- интихоби Раиси Ширкат ва пеш аз мӯҳлат қатъ кардани фаъолияти ӯ;
- амали намудани дигар ваколатҳое, ки дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома пешбинӣ шудаанд.
36. Барои роҳбарии умумӣ аз болои фаъолияти Ширкат, ба истиснои масъалаҳое, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва Оинномаи мазкур ба салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон ва Мақоми иҷроияи Ширкат мансуб мебошанд, Шӯрои нозирон таъсис дода мешавад.
Ба салоҳияти Шӯрои нозирон чунин масъалаҳо дохил мешаванд:
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ширкат ;
- тасдиқ намудани нақшаҳои солонаи молиявӣ ва тиҷоратӣ, ҳисоботҳо оид ба иҷрои онҳо, инчунин тасдиқи сметаҳои ҳарсола.
37. Ҳайати Шӯрои нозирон аз 11 (ёздаҳ) аъзо иборат мебошад. Интихобу бозхонд ва фаъолияти аъзои Шӯрои нозирон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" сурат мегирад .
Масъалаҳое, ки ба салоҳияти Шӯрои нозирони Ширкат мансуб мебошанд, наметавонанд барои ҳал ба Мақоми иҷроияи Ширкат супурда шаванд.
38. Мақоми иҷроияи Ширкат Раиси Ширкат ба ҳисоб меравад.
39. Ба ваколатҳои Раиси Ширкат дохил мешавад:
- дар амал татбиқ намудани сиёсати ягонаи истеҳсолӣ ва иқтисодии Ширкат;
- баррасии ҳисоботи солона ва аз рӯи ҳамин масъала ба Мақоми олии идоракунӣ ирсол намудани пешниҳодҳои дахлдор;
- таҳияи пешниҳодҳо оид ба ҳуҷҷатҳои меъёрии энергияи барқ ва гарми;
- пешниҳоди дархост оид ба гузаронидани аудит;
- таъмини иҷрои қарорҳои Мақоми олии идоракунӣ ва талаботи ҳамин Оиннома.
Раиси Ширкат:
- аз номи Ширкат амал мекунад, манфиатҳои онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он муаррифӣ мекунад;
- мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз номи Ширкат аҳдҳо ба имзо мерасонад;
- дар муассисаҳои бонкӣ суратҳисоб ва дигар ҳисобномаҳо мекушояд;
- роҳбарони корхонаҳои давлатӣ, ташкилот ва муассисаҳои ба ҳайати Ширкат дохилшаванда, инчунин роҳбарони филиалҳо ва намояндагиҳо, муовинони онҳо ва сармуҳосибҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
- доираи ваколатҳои муовинонашро муайян менамояд;
- шароити пардохти музди меҳнати шахсони мансабдори Ширкат ва филиалҳои онро тасдиқ менамояд;
- оид ба мукофотонӣ ва ҷазои интизомии кормандон мутобиқи қонунгузорӣ чораҳо меандешад;
- қоидаҳои расмиёт ва тартиботи дохилии ҳуҷҷатҳои Ширкатро муайян намуда, сохтори ташкилии Ширкатро тасдиқ менамояд;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки ба салоҳияти истисноии Мақоми олии идоракунӣ дохил намешаванд, вале онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои пешбининамудаи Мақоми олии идоракунӣ ва ҳамин Оиннома муайян намудаанд.
40. Назорати фаъолияти молиявию иқтисодии Ширкатро Комиссияи тафтишотӣ, ки аз ҳисоби саҳмиядорон ташкил мешавад ва онро Мақоми олии идоракунӣ таъин менамояд ба зимма дорад.
41. Тафтишот бо супориши Мақоми олии идоракунӣ, бо ташаббуси худи комиссияи тафтишотӣ ё аз рӯи талаби саҳмиядороне, ки дар маҷмӯъ бештар аз 10 фоизи саҳмияҳоро доро мебошанд, сурат мегирад.
42. Аъзои Комиссияи тафтишотӣ ҳуқуқ дорад аз шахсони мансабдори Ширкат пешниҳод кардани тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро талаб намояд.
43. Комиссияи тафтишотӣ натиҷаи санҷишро ба Мақоми олии идоракунӣ пешниҳод мекунад.
44. Аъзои Комиссияи тафтишотӣ дар ҳолати ба миён омадани таҳдиди ҷиддӣ ба манфиатҳои Ширкат ҳуқуқ дорад даъвати Маҷлиси ғайринавбатии саҳмиядоронро талаб намояд.
45. Ширкат аз ҳисоби худ барои тафтишу тасдиқи ҳисоботи молиявии солона (аудити берунӣ) муассисаи махсусгардонидашударо киро мекунад.
46. Қарори гузаронидани аудитро Мақоми олии идоракунӣ қабул менамояд.
7. Ҳисобдорӣ ва ҳисобот дар Ширкат
47. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботи оперативӣ, муҳосибӣ ва оморӣ дар Ширкат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
48. Мутобиқи маҳалли воқеъгаштаи Ширкат ҳуҷҷатгузории пурра ба роҳ монда мешавад, аз ҷумла;
- ҳуҷҷатҳои таъсисии Ширкат;
- ҳучҷатҳои ҳисобдории бухгалтерӣ, ки барои гузаронидани тафтишоти худи Ширкат, ҳамчунин барои санҷишҳои мақомоти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд;
- феҳристи саҳмдорон, бо сабти ҳатмии маълумот оид ба миқдор ва шакли саҳмия, вақти харидашуда, номгӯй ва ҷои истиқомати саҳмиядорон, нархи саҳмия;
- протоколи маҷлиси саҳмиядорон, комиссияи тафтишотӣ;
- рӯйхати шахсоне, ки барои муаррифии Ширкат ваколатнома доранд;
- рӯйхати тамоми коргарони Ширкат;
Ин ҳуҷҷатҳо дар ҳама ҳолати давоми рӯзи корӣ барои шиносоӣ ба саҳмиядорон ва намояндаи ваколатдори онҳо бояд дастрас бошанд.
49. Ширкат пешбурди ҳисобот ва бақайдгирии саҳмиядоронро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
8. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Ширкат
50. Ширкат бо қарори Мақоми олии идоракунӣ, инчунин бо қарори суд аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.
51. Тамоми масъалаҳои ҳангоми барҳамдиҳии Ширкат пайдошударо Комиссияи барҳамдиҳӣ мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ ҳал менамояд.
52. Тартиби татбиқи қатъи фаъолияти Ширкатро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
53. Тамоми талабот ва даъво нисбати Ширкат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби суд баррасӣ мегардад.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "31" октябри соли 2008 № 537
тасдиқ шудааст
Рӯйхати ҷамъиятҳои саҳомӣ, корхонаҳои давлатӣ, ташкилотҳо ва муассисаҳое, ки таҳти идоракунии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" қарор доранд
I. Ҷамъиятҳои саҳомӣ
1. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Душанбинская ТЭЦ"
2. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ремонтно- механический завод"
3. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Маркази барқу гармидиҳии Ёвон .
4. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ"
5. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ
II. Корхонаҳои давлатӣ, ташкилот ва муассисаҳо
1. Корхонаи фаръии таъминоти моддию техникии "Тоҷикэнергоснаб"
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 ноябри соли 2014, № 718
тасдиқ шудааст
Ҳайати Шӯрои нозирони Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"
- Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шӯрои нозирон;
Аъзои Шӯрои нозирон:
- Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа);
- Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ;
- Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "31" октябри соли 2008 № 537
тасдиқ шудааст
Оинномаи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2009 № 498, аз 1.03.2012 № 114, аз 31.08.2012 № 471, аз 29.11.2014 № 718)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" (минбаъд Ширкат) дорандаи пакети аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он додашудаи саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомие мебошад, ки дар соҳаи энергияи барқ фаъолият доранд, ҳамчунин ҳуқуқи соҳибӣ намудан, истифода бурдан ва идора кардани амволи корхонаҳо ва муассисаҳоеро ба амал мебарорад, ки мутобиқи моддаи 232 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он дода шудааст.
2. Номи пурраи расмӣ:
бо забони тоҷикӣ - Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик";
бо забони русӣ - Открытая акционерная холдинговая компания "Барқи Тоҷик".
Номи мухтасар: бо забони тоҷикӣ ШСХК "Барқи Тоҷик";
бо забони русӣ ОАХК "Барки Точик".
3. Суроғаи Ширкат 734026, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 64.
4. Ширкат дорои филиалҳо ва намояндагиҳои зерин мебошад: филиали Норак - НБО Норак,735000, ш.Норак
филиали Бойғозӣ - НБО Бойғозӣ, 735300, ш. Норак кӯчаи Ленин, 10.
филиали Варзоб - силсилаи НБО Варзоб, 734017, ш.Душанбе, кӯчаи Карамов, 70/1.
филиали Вахш - силсилаи НБО Вахш, 734147, ш. Сарбанд.
филиали Душанбе - Шабакаҳои барқи марказӣ, 734064, ш. Душанбе, кӯчаи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 1/3.
филиали Қайроққум - Шабакаҳои барқии Суғд, 735750, ш. Қайроққум кӯчаи Ленин, 113 ().
филиали Хуҷанд - Шабакаҳои барқии Хуҷанд, 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи Ленин, 36.
филиали Рашт - Шабакаҳои барқии Рашт, 735450, ноҳияи Рашт кӯчаи Промышленная, 19.
филиали Кӯҳистони Бадахшон - Шабакаҳои барқии Кӯҳистони Бадахшон, 736100, ш. Хоруғ, кӯчаи Райсовет, 75.
филиали Қурғонтеппа - Шабакаҳои барқии ш. Қурғонтеппа, ш. Курғонтеппа кӯчаи Ҷомӣ, 24.
Раёсати "Фурӯши барқ" - и ШСХК "Барқи Тоҷик", 734026, шаҳри Душанбе, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 64.
филиали Чкалов - Шабакаҳои барқии шаҳри Чкалов, 735730, ш. Чкалов, кӯчаи Опланчук, 1 А.
филиали Қайроқум - НБО Қайроқум, 735750, ш. Қайроққум, к. Ленин, 113.
Намояндагии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" дар Ҷумҳурии ӯзбекистон.
Намояндагии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" дар Федератсияи Россия, 121099, Федератсияи Россия, ш. Москва, гузаргоҳи 1- и Смоленский, хонаи 7, офиси 212.
5. Ширкат дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷуҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оинномаро ба роҳбарӣ мегирад.
6. Ширкат вориси ҳуқуқии Ширкати давлатии саҳомии холдингии "Барқи Тоҷик" мебошад.
2. Мақоми ҳуқуқии Ширкат
7. Муассиси Ширкат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
8. Ширкат шахси ҳуқуқӣ ба шумор меравад ва ҳуқуқи дахлдорро аз лаҳзаи тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаштанаш соҳиб мешавад.
9. Фаъолияти молиявӣ ва истеҳсолии Ширкат дар асоси мустақилияти хоҷагидорӣ ба роҳ монда мешавад.
10. Мӯҳлати фаъолияти Ширкат маҳдуд нест, ба истиснои ҳолатҳое, ки банди 49 ҳамин Оиннома пешбинӣ менамояд.
11. Ширкат дорои ҳуқуқҳои граждание мебошад, ки ба мақсадҳои фаъолияти дар Оинномаи мазкур пешбинишуда мутобиқанд ва барои бурдани ин намудҳои фаъолият масъулият дорад.
12. Ширкат бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ филиалҳо, намояндагиҳо ва ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ таъсис менамояд.
13. Филиалҳо ва намояндагиҳои Ширкат мақоми шахси ҳуқуқиро надоранд ва дар асоси Низомномаи тасдиқнамудаи Ширкат, мувофиқи муқаррароти муайяннамудаи ҳамин Оиннома амал мекунанд.
14. Ширкат баланси мустақил, суратҳисобҳои бонкӣ, аз ҷумла асъорӣ, мӯҳри нишондор, штамп, варақаи фирмавӣ ва нишонаи фирмавии худро дорад.
3. Мақсад ва самтҳои фаъолияти Ширкат
15. Мақсади асосии Ширкат таъмини соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ ва заруратҳои коммуналию маишии аҳолӣ бо энергияи барқ, гармӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва сатҳи технологии истеҳсолот мебошад.
16. Ширкат фаъолияти худро дар саноат, тиҷорат, молия, фаъолияти иқтисоди берунӣ ва ғайраҳо, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, ба амал мебарорад.
17. Барои ба мақсади худ ноил шудан Ширкат истеҳсол, интиқол, таҳвил, тақсимот, азнавтабдилдиҳӣ ва фурӯши энергияи барқ ва гармиро ба амал мебарорад.
18. Ширкат ба мақомоти марбутаи давлатӣ дар бобати коркард ва такмили самтҳои зерин пешниҳодҳо менамояд:
- оид ба қоидаҳо, стандартҳо, меъёрҳо барои таъминоти бехатарии истеҳсолот, интиқол, таҳвил, тақсимот ва фурӯши энергияи барқ ва гармӣ, захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ;
- оид ба сиёсати нарх, тариф, сиёсати инвеститсионӣ, иҷтимоӣ ва илмию техникӣ дар энергетика;
- оид ба тартиби иҷозатномадиҳӣ барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи энергетика.
Ширкат дар асоси ҷорӣ кардани технологияи пешқадам барои афзудани самаранокии фаъолият чораҳо андешида, ҷараёни динамикаи эҳтиёҷот ва дархост ба энергияи барқ ва гармиро меомӯзад.
4. Амвол ва маблағи оинномавии Ширкат
19. Амволи Ширкат аз амволи қаблан дар баланси Ширкати давлатии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" буда ташкил меёбад.
20. Ширкат соҳиби амволу маҳсулот, даромад ва моликияти зерин мебошад:
- амволи ба ӯ аз ҷониби Муассис додашуда, ба истиснои амволи шахсони ҳуқуқие, ки дар Рӯйхати ҷамъиятҳои саҳомӣ, корхонаҳои давлатӣ, ташкилотҳо ва муассисаҳои таҳти идоракунии Ширкат қарордошта нишон дода шудаанд;
- маҳсулоте, ки Ширкат дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ истеҳсол кардаст;
- даромад, инчунин дигар моликияте, ки бо дигар асосҳои ба қонунгузорӣ мутобиқ ба даст омадаанд.
21. Сармояи оинномавии Ширкат 318 235 460 (сесаду ҳаждаҳ миллиону дусаду сиву панҷ ҳазору чорсаду шаст) сомониро ташкил медиҳад.
22. Қарор дар бораи зиёд ё кам кардани маблағи оинномавии Ширкат аз ҷониби Мақоми олии идоракунӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегардад.
23. Ширкат фонди захиравии зуруриро барои фаъолияти худ дар ҳаҷми на бештар аз 15 фоизи маблағи оинномавӣ созмон медиҳад.
Гузаронидани маблағ ба фонди захиравӣ аз ҷониби Мақоми олии идоракунӣ муайян карда мешавад. Ташкили фонди захиравӣ бо роҳи сафарбар намудани 5 фоизи даромади софи солона то таъмин намудани ҳаҷми муқарраршуда амалӣ карда мешавад.
5. Қоғазҳои қиматноки Ширкат
24. Ширкат метавонад саҳмия ва вомбарг барорад.
25. Тартиби баровардан, ба қайд гирифтан, ҷо ба ҷо намудан ва ҳисобу китоби қоғазҳои қиматноки Ширкат мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома муайян карда мешавад.
26. Барориши аввали саҳмияҳои Ширкат танҳо саҳмияҳои номӣ, оддӣ (оддӣ боҳуқуқи овоздиҳӣ) ба маблағи 318 235 460 (сесаду ҳаждаҳ миллиону дусаду сиву панҷ ҳазору чорсаду шаст) сомонӣ, бо арзиши номиналии 10 (даҳ) сомонӣ иборат буда, 31 823 546 (сиву як миллиону ҳашсаду бисту се ҳазору панҷсаду чилу шаш) ададро ташкил мекунад.
27. Бароришҳои минбаъдаи саҳмияҳои Ширкат метавонанд ҳам аз саҳмияҳои оддӣ (бо ҳуқуқи овоздиҳӣ) ва ҳам саҳмияҳои имтиёзнок (бе ҳуқуқи овоздиҳӣ) иборат бошанд. Саҳмияҳои имтиёзнок дар ҳаҷми на бештар аз 10 фоизи сармояи оинномавӣ бароварда мешаванд.
28. Саҳмияҳои Ширкат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавассути савдои озод ҷойгир кунонида мешаванд.
29. Тартиби пардохти дивидендҳо ҳангоми барориши қоғазҳои қиматнок муайян шуда, дар пушти он сабт мегардад.
30. Саҳмияҳои имтиёзноке, ки Ширкат мебарорад, ҳуқуқи гирифтани он миқдори дивидендро медиҳад, ки Мақоми олии идоракунӣ бо қарори худ муайян намудааст. Дивиденд ба дорандагони саҳмияҳои имтиёзнок ҳар сол дар мӯҳлати муайяннамудаи Мақоми олии идоракунӣ дода мешавад.
31. Ширкат то он даме, ки фоидаро аз рӯи саҳмияҳои имтиёзнок ҳисобӣ накунад, ҳуқуқ надорад фоидаи саҳмияҳои оддиро ҳисобӣ кунад. Ба дивиденд ҳамон саҳмияе ҳуқуқ дорад, ки на дертар аз як моҳ то ҳисобӣ кардани фоида харида шудааст.
32. Ҳар як саҳмияи оддӣ ба соҳибаш дар маҷлиси умумии саҳмиядорон ҳуқуки як овозро медиҳад.
33. Дар ҳолати барҳам хӯрдани Ширкат амволи баъд аз иҷрои талаботи кредиторон боқимонда, барои пардохтҳо бо тартиби зерин истифода мешавад:
- ҳаққи дивиденди вуҷуддошта, аммо пардохтнашудаи саҳмияҳои имтиёзнок дода мешавад;
- ба соҳибони саҳмияҳои имтиёзнок ҳаққи маблағи номиналии саҳмияҳои ба онҳо тааллуқдошта дода мешавад;
- амволи боқимонда дар байни дорандагони саҳмияҳои оддӣ мувофиқи таносуби саҳмияҳояшон дар миқдори умумии саҳмия тақсим мегардад.
6. Мақомоти идоракунии Ширкат
34. Мақомоти идоракунии Ширкат дар маҷлиси аввалини саҳмиядорон ташкил мешавад.
35. Мақоми олии идоракунии Ширкат Маҷлиси умумии саҳмиядорон ба шумор меравад. То лаҳзаи ба савдо рафтани саҳмияҳои Ширкат салоҳияти иҷрои Мақоми олии идоракунӣ ба зиммаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Салоҳияти истисноии Мақоми олии идоракунӣ иборатанд аз:
- муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти Ширкат, тасдиқи ҳисоботи солонаи ҳисобот ва баланси муҳосибавӣ;
- тағйир додани Оинномаи Ширкат, аз ҷумла тағйири ҳаҷми сармояи оинномавӣ;
- интихоби аъзои Комиссияи тафтишотӣ (ревизорон)-и Ширкат ва пеш аз мӯҳлат қатъ кардани фаъолияти онҳо;
- тасдиқи ҳисобот ва хулосаҳои Комиссияи тафтишотӣ;
- ҳалли масъалаҳо оид ба аз тарафи Ширкат харидани саҳмияҳои баровардаи худаш;
- қабули қарор дар бораи таҷдиди сохтор ва барҳамдиҳии Ширкат, таъини комиссияи барҳамдиҳӣ ва тасдиқи баланси барҳамдиҳӣ;
- интихоби Раиси Ширкат ва пеш аз мӯҳлат қатъ кардани фаъолияти ӯ;
- амали намудани дигар ваколатҳое, ки дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома пешбинӣ шудаанд.
36. Барои роҳбарии умумӣ аз болои фаъолияти Ширкат, ба истиснои масъалаҳое, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ва Оинномаи мазкур ба салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон ва Мақоми иҷроияи Ширкат мансуб мебошанд, Шӯрои нозирон таъсис дода мешавад.
Ба салоҳияти Шӯрои нозирон чунин масъалаҳо дохил мешаванд:
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ширкат ;
- тасдиқ намудани нақшаҳои солонаи молиявӣ ва тиҷоратӣ, ҳисоботҳо оид ба иҷрои онҳо, инчунин тасдиқи сметаҳои ҳарсола.
37. Ҳайати Шӯрои нозирон аз 11 (ёздаҳ) аъзо иборат мебошад. Интихобу бозхонд ва фаъолияти аъзои Шӯрои нозирон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" сурат мегирад .
Масъалаҳое, ки ба салоҳияти Шӯрои нозирони Ширкат мансуб мебошанд, наметавонанд барои ҳал ба Мақоми иҷроияи Ширкат супурда шаванд.
38. Мақоми иҷроияи Ширкат Раиси Ширкат ба ҳисоб меравад.
39. Ба ваколатҳои Раиси Ширкат дохил мешавад:
- дар амал татбиқ намудани сиёсати ягонаи истеҳсолӣ ва иқтисодии Ширкат;
- баррасии ҳисоботи солона ва аз рӯи ҳамин масъала ба Мақоми олии идоракунӣ ирсол намудани пешниҳодҳои дахлдор;
- таҳияи пешниҳодҳо оид ба ҳуҷҷатҳои меъёрии энергияи барқ ва гарми;
- пешниҳоди дархост оид ба гузаронидани аудит;
- таъмини иҷрои қарорҳои Мақоми олии идоракунӣ ва талаботи ҳамин Оиннома.
Раиси Ширкат:
- аз номи Ширкат амал мекунад, манфиатҳои онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он муаррифӣ мекунад;
- мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз номи Ширкат аҳдҳо ба имзо мерасонад;
- дар муассисаҳои бонкӣ суратҳисоб ва дигар ҳисобномаҳо мекушояд;
- роҳбарони корхонаҳои давлатӣ, ташкилот ва муассисаҳои ба ҳайати Ширкат дохилшаванда, инчунин роҳбарони филиалҳо ва намояндагиҳо, муовинони онҳо ва сармуҳосибҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
- доираи ваколатҳои муовинонашро муайян менамояд;
- шароити пардохти музди меҳнати шахсони мансабдори Ширкат ва филиалҳои онро тасдиқ менамояд;
- оид ба мукофотонӣ ва ҷазои интизомии кормандон мутобиқи қонунгузорӣ чораҳо меандешад;
- қоидаҳои расмиёт ва тартиботи дохилии ҳуҷҷатҳои Ширкатро муайян намуда, сохтори ташкилии Ширкатро тасдиқ менамояд;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки ба салоҳияти истисноии Мақоми олии идоракунӣ дохил намешаванд, вале онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои пешбининамудаи Мақоми олии идоракунӣ ва ҳамин Оиннома муайян намудаанд.
40. Назорати фаъолияти молиявию иқтисодии Ширкатро Комиссияи тафтишотӣ, ки аз ҳисоби саҳмиядорон ташкил мешавад ва онро Мақоми олии идоракунӣ таъин менамояд ба зимма дорад.
41. Тафтишот бо супориши Мақоми олии идоракунӣ, бо ташаббуси худи комиссияи тафтишотӣ ё аз рӯи талаби саҳмиядороне, ки дар маҷмӯъ бештар аз 10 фоизи саҳмияҳоро доро мебошанд, сурат мегирад.
42. Аъзои Комиссияи тафтишотӣ ҳуқуқ дорад аз шахсони мансабдори Ширкат пешниҳод кардани тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро талаб намояд.
43. Комиссияи тафтишотӣ натиҷаи санҷишро ба Мақоми олии идоракунӣ пешниҳод мекунад.
44. Аъзои Комиссияи тафтишотӣ дар ҳолати ба миён омадани таҳдиди ҷиддӣ ба манфиатҳои Ширкат ҳуқуқ дорад даъвати Маҷлиси ғайринавбатии саҳмиядоронро талаб намояд.
45. Ширкат аз ҳисоби худ барои тафтишу тасдиқи ҳисоботи молиявии солона (аудити берунӣ) муассисаи махсусгардонидашударо киро мекунад.
46. Қарори гузаронидани аудитро Мақоми олии идоракунӣ қабул менамояд.
7. Ҳисобдорӣ ва ҳисобот дар Ширкат
47. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботи оперативӣ, муҳосибӣ ва оморӣ дар Ширкат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
48. Мутобиқи маҳалли воқеъгаштаи Ширкат ҳуҷҷатгузории пурра ба роҳ монда мешавад, аз ҷумла;
- ҳуҷҷатҳои таъсисии Ширкат;
- ҳучҷатҳои ҳисобдории бухгалтерӣ, ки барои гузаронидани тафтишоти худи Ширкат, ҳамчунин барои санҷишҳои мақомоти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд;
- феҳристи саҳмдорон, бо сабти ҳатмии маълумот оид ба миқдор ва шакли саҳмия, вақти харидашуда, номгӯй ва ҷои истиқомати саҳмиядорон, нархи саҳмия;
- протоколи маҷлиси саҳмиядорон, комиссияи тафтишотӣ;
- рӯйхати шахсоне, ки барои муаррифии Ширкат ваколатнома доранд;
- рӯйхати тамоми коргарони Ширкат;
Ин ҳуҷҷатҳо дар ҳама ҳолати давоми рӯзи корӣ барои шиносоӣ ба саҳмиядорон ва намояндаи ваколатдори онҳо бояд дастрас бошанд.
49. Ширкат пешбурди ҳисобот ва бақайдгирии саҳмиядоронро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
8. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Ширкат
50. Ширкат бо қарори Мақоми олии идоракунӣ, инчунин бо қарори суд аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.
51. Тамоми масъалаҳои ҳангоми барҳамдиҳии Ширкат пайдошударо Комиссияи барҳамдиҳӣ мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ ҳал менамояд.
52. Тартиби татбиқи қатъи фаъолияти Ширкатро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
53. Тамоми талабот ва даъво нисбати Ширкат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби суд баррасӣ мегардад.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "31" октябри соли 2008 № 537
тасдиқ шудааст
Рӯйхати ҷамъиятҳои саҳомӣ, корхонаҳои давлатӣ, ташкилотҳо ва муассисаҳое, ки таҳти идоракунии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" қарор доранд
I. Ҷамъиятҳои саҳомӣ
1.Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои барқии Истаравшан"
2.Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои барқии шаҳри Панҷакент"
3.Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои барқии Кӯлоб"
4.Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе" .
5.Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои барқии Турсунзода"
6.Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб"
7.Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Помир ГЭС"
8.Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Душанбинская ТЭЦ"
9.Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои барқии ҷанубӣ"
10.Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои барқии Ёвон"
11.Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ремонтно- механический завод"
12.Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои барқии Данғара"
13.Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои барқии Исфара"
14.Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Маркази барқу гармидиҳии Ёвон .