Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015 № 237 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, №537"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, №537

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба банди 4 Оинномаи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, № 537 "Масъалаҳои Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- сархати ёздаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"филиали ШСХК "Барқи Тоҷик" дар шаҳри Норак - Шабакаҳои барқии шаҳри Норак, 735300, шаҳри Норак, минтақаи саноатӣ.".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 27 апрели соли 2015 № 237

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 октября 2008 года, №537

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в пункте 4 Устава Открытой акционерной холдинговой компании "Барқи Тоҷик", утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 октября 2008 года, №537 "Вопросы Открытой акционерной холдинговой компании "Барқи Тоҷик", следующие изменения:

- изложить одиннадцатый абзац в следующей редакции:

"филиал ОАХК "Барқи Тоҷик" в городе Нурек - Электрические сети города Нурек, 735300, город Нурек, промышленная зона.".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                           Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 27 апреля 2015 года, № 237