Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ"
Мутобиқи моддаи 53 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Оинномаҳои ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
2. Ба замимаи 2 "Рӯйхати ҷамъиятҳои саҳомӣ, корхонаҳои давлатӣ, ташкилотҳо ва муассисаҳое, ки таҳти идоракунии ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" қарор доранд", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, №537 "Масъалаҳои Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- бандҳои 1-7, бандҳои 9-10 ва бандҳои 12-13 хориҷ карда шуда, бандҳои 8, 11 ва 14 мувофиқан бандҳои 1, 2 ва 3 ҳисобида шаванд;
- бандҳои 4 ва 5 дар таҳрири зайл илова карда шаванд:
"4. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ"
"5. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ"".
3. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии ҷамъияти саҳомии кушодаи "шабакаҳои интиқоли барқ" ва ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" чораҳои зарурӣ андешанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 22 июни соли 2019 № 330
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О вопросах открытого акционерного общества "Шабакахои интиколи барк" и открытого акционерного общества "Шабакахои таксимоти барк"
В соответствии со статьей 53 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить уставы открытого акционерного общества "Шабакахои интиколи барк" и открытого акционерного общества "Шабакахои таксимоти барк" согласно приложениям 1 и 2.
2. В приложение 2 "Список акционерных обществ, государственных предприятий, учреждений и организаций, находящихся под управлением открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик", утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 октября 2008 года, №537 "Вопросы Открытой акционерной холдинговой" компании "Барки Точик" внести следующие изменения и дополнения:
- исключить пункты 1-7, пункты 9-10 и пункты 12-13, считать пункты 8,11 и 14 соответственно пунктами 1,2 и 3;
- дополнить пунктами 4 и 5 в следующей редакции:
"4. Открытое акционерное общество "Шабакахои интиколи барк"
"5. Открытое акционерное общество "Шабакахои таксимоти барк""
3. Министерству энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан, Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан и открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик" в соответствии с установленным законодательством порядке принять необходимые меры по решению организационно-правовых вопросов открытого акционерного общества "Шабакахои интиколи барк" и открытого акционерного общества "Шабакахои таксимоти барк".
Председатель
Правительства Pecпублики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 22 июня 2019 года, №330