Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 августи соли 2004 № 331
тасдик шудааст
Низомномаи Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарор аз 3.03.2006с. № 113)
1. Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатии татбиқкунандаи сиёсати ягонаи идораи радиобасомадҳо, таъминкунандаи сиёсати дарозмудати банақшагирии тақсим ва истифодабарии спектри радиобасомадҳо, захираи миллии таъминкунандаи мутобиқати электромагнитии воситаҳои радиоэлектронии истифодабарандагон дар қаламрави мамлакат, ҳифзкунандаи манфиати давлат дар ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад.
2. Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ", санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад ва баҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.
3. Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатии байниидоравӣ дар назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси дастҷамъӣ фаъолият мекунад.
Раис ва муовини раиси Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири алоқа ва муовини аввали Вазири алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Аъзои Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳо) муовинони вазирони адлия, амният, молия, даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ, иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, мелиооратсия ва хоҷагии об, мудофиа, нақлиёт, саноат; муовинони раисони кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон телевизион ва радио, ҳифзи сарҳади давлатӣ; муовини Директори Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷиккоинот", муовини Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикнстон "Геологияи тоҷик", муовини Сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Директори Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Директори Агентни стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандарт), муовини Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикистон", Сардори Бозрасии давлатии алоқаи дар назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори Агентии анзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи вазифа ва бо пешниҳоди роҳбарони вазорату идораҳои мазкур таъин мегарданд
4. Аъзои Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳо:
- сари вақт таҳия намудани маводҳоро оид ба масъалаҳои бо барномаҳои кор ба баррасии ҷаласаҳо пешбинишударо аз ҷониби корхонаҳои тобеи идоравӣ ва ташкилотҳо таъмин менамоянд;
- кори иҷрои қарорҳои қабулшударо ташкил ва иҷрои онро назорати мекунанд.
Аъзои Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳо вазифаи худро дар асосҳои ҷамъиятӣ иҷро мекунанд.
5. Корҳои таъҷили ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва таҳияи мавод барои фаъолияти Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи намояндагони Бозрасии давлатии алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд"
6. Вазифаҳои асосии Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
- банақшагирии истифодаи самаранок ва бехалали спектри радиобасомадҳои ҷамъиятӣ, ба шумули истифодаи хусусии онҳо;
- ба вуҷуд овардани Нақшаи миллии тақсими радибасомадҳо;
- ҳамоҳангсозии насби ҳамаи намудҳои радиобасомадҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ бо мақсади истифодаи оқилонаи мавқеъҳои мавҷуда;
- таҳияи тавсияҳо ва тартиби истифода аз спектри радиобасомад;
- тарҳрезии консепсияи дарозмуддати инкишофи системаи спектри радиобасомад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи мавқеъ ва мусоидат кардан дар мавриди намояндагӣ аз манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гуфтушунидҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои спектрҳои радиобасомад.
7. Дигар вазифаҳои Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳо:
- ба амал баровардани сиёсати дарозмӯҳлат дар соҳаи тақсимот ва истифодабарии спектри радиобасомадҳо дар асоси тамоили рушди воситаҳои радиоэлектронӣ;
- тарҳрезии нақшаи дурнамои истифодабарии спектри радиобасомадҳо аз ҷониби навъҳои гуногуни воситаҳои радиоэлектронӣ;
- ҷудо кардани қитъаҳои (номиналҳои) басомадҳо ҷиҳати коркард, истеҳсол, истифода ва аз хориҷа харидорӣ намудани воситаҳои радиоэлектронии таъиноти гуногун;
- таҳияи сиёсати ягонаи техникӣ дар соҳаи таъминоти мутобиқати электромагнитии воситаҳои радиоэлектронӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба амал баровардани назорати иҷрои қарорҳои Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳо;
- ҳамоҳангсозии сиёсати соҳаи тақсимот ва истифодабарии спектри радиобасомадҳо бо мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
- таҳияи маводҳои барои чорабиниҳои Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ ва Иттиҳодияи минтақавӣ дар соҳаи алоқа;
- ҳифзи ҳуқуқии байналмилалии манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои банақшагирӣ, таъин ва истифодабарии радиобасомадҳо;
- ташкили ҳамоҳангсозии байналмилалӣ ва бақайдгирии таъиноти басомадҳои миллӣ дар Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ;
- батартибандозии истифодаи спектри радиобасомадҳо, ҳамвора ба ин мақсад таҳия кардани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияномаҳо;
- андешидани чораҳои баланд бардоштани истифодабарии самараноки спектри радиобасомадҳо;
- тасдиқ намудан ва ба амал баровардани меъёрҳои ҷобаҷокунии минтақавии басомадҳои воситаҳои радиоэлектронӣ, ки мутобиқати электромагнитии онҳоро таъмин менамояд;
- тарҳрезии консепсияи дарозмуддати инкишофи системаи спектри радиобасомад ва коркарда баромадани сиёсати техникӣ дар соҳаи тақсим ва истифодабарии спектри радиобасомадҳо, бо назардошти пешрафти илмию техникӣ дар соҳаи сохтани воситаҳои ҳозиразамони телекоммуникатсияҳо ва зарурати ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳо ва системаҳои алоқаи барқӣ, ки воситаҳои радиоэлектрониро истифода мебаранд;
- додани иҷозати истифодаи қитьаҳои (диапазонҳои) басомадҳо ба намудҳои мушаххаси воситаҳои радиоэлектронӣ ва сохтани системаҳои қабулу паҳнкунанда;
- додани иҷозат ҷиҳати таҳия ва истеҳсоли дастгоҳҳо ва воситаҳои радио, ки талаботи муқарраркардаи техникӣ ҷавобгӯ ҳастанд;
- ба ҷо овардани истифодабарии спектри радиобасомадҳо аз ҷониби истифодабарандагони сохторҳои ҳукуматӣ;
- бо тартиби муқарраршуда ҳамоҳангсозии таъини басомадҳо бо маъмуриятҳои алоқаи давлатҳои хориҷӣ ва ба қайдгирии таъиноти басомадҳо дар Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ;
- омода кардани созишномаҳо байни Маъмурияти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъмуриятҳои алоқаи давлатҳои ҳамсарҳад оид ба ҳамоҳангсозии истифодаи басомадҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ;
- ташкили иҷрои ӯҳдадориҳои Маъмурияти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба созишномаҳои байналмилалии истифодаи самараноки спектри радиобасомадҳо;
- таҳияи маводи корӣ барои ҳайати намояндагони Маъмурияти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гуфтушунидҳо оид ба ҳамоҳангсозии истифодабарии радиобасомадҳо ва таъмини мутобиқати электромагнитии воситаҳои радиоэлектронӣ, пешниҳодот доир ба ҳайати намояндагон, таҳлили ҳисоботи онҳо ва ташкили иҷрои мувофиқаҳои бадастомада;
- якҷоя бо ташкилотҳои манфиатдор таҳия намудани чорабиниҳо оид ба ҳифзи байналмилалии таъиноти басомадҳо ба воситаҳои радиоэлектронии ҷумҳурӣ, ташкили иҷрои онҳо ва ба амал баровардани назорати иҷрои он;
- таҳияи пешниҳодот ва конференсияҳои умумиҷаҳонӣминтақавии маъмурии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ доир ба тақсими қитъаҳо ва банақшагирии радиобасомадҳо, ворид кардани тағйиротҳо ба Дастури радиоалоқа;
- бо тартиби муқарраргардида дар Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ ҳамоҳанг сохтмон ва ба қайд гирифтани таъини басомадҳо барои воситаҳоирадиоэлектронии намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият (воқеъ гардидаанд);
- бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа кунонидани масъалаҳои хусусияти байналмилалию ҳуқуқӣ дошта ва марбут ба ӯҳдадориҳои ҷумҳурӣ оид ба Конвенсияи байналмилалии алоқаи барқӣ ва дигар созишномаҳои байналмилалӣ;
- мувофиқа кардани лоиҳаи стандартҳо ва шартҳои техникии воситаҳои радиоэлектронӣ дар бобати риояи талаботи мутобиқати электромагнитӣ ва истифодабарии радиобасомадҳо;
- якҷоя бо вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои манфиатдор таҳия кардани тадбирҳои ташкилию техникӣ оид ба таъмини мутобиқати электромагнитии воситаҳои радиоэлектронӣ ва ташкили назорати иҷрои онҳо;
- ба амал баровардани таҳқиқи (экспертизаи) техникии дархостҳо оид ба ҷудо кардани минтақаҳои (номиналҳои) радиобасомад ва тайёр кардани шартҳои техникии (тавсияҳои) истифодабарии онҳо;
- баррасӣ ва мувофиқа намудани стандартҳо, шартхои техникӣ барои дастгоҳҳои баландбасомад, таҷҳизоти барқӣ, мошинҳо, аппаратҳо, асбобҳои ҷиҳати риояи меъёрҳои умумидавлатии халалрасониҳои ҷоиз.
8. Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳо ҳуқуқ дорад:
- карорҳои пештар қабулкардаро дар бораи тақсими басомадҳо бекор кунад;
- истифодаи радиобасомадҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати вайрон кардани тартиби барои истифодаи онҳо муқарраршуда ва (ё) бо мақсади амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намояд;
- таҳия ва истеҳсоли дастгоҳҳо ва воситаҳои радиоро, ки ба талаботи муқарраркардаи техникӣ ҷавобгӯ нестанд, бекор ё манъ кунад (боз доранд);
- доир ба истифодабарии спектри радиобасомадҳо, таъмини мутобиқати электромагнитии воситаҳои радиоэлектронӣ ва назорати иҷрои онҳо, ки барои тамоми шахсони ҳуқуқию воқеӣ ҳатмӣ мебошанд қарорҳо қабул намояд;
- ҷиҳати истифодабарии қитьаҳои (номиналҳои) радиобасомадҳо ва иқтидори воситаҳои пахши радио маҳдудиятҳои минтақавӣ, муваққатӣ ва маҳдудиятҳои дигар муқаррар намояд;
- аз истифодабарандагони спектри радиобасомадҳо тавсифоти техникии воситаҳои радио ва дигар масъалаҳоеро, ки ба мутобиқати электромагнитии воситаҳои радиоэлектронӣ ва истифодабарии самараноки спектри радиобасомадҳо дахл доранд, талаб намояд;
- дар асоси шартнома мутахассисони баландихтисосро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҷудогона, гузаронидани таҳқиқоту машваратҳои техникӣ ҷалб намоянд;
- истифодаи воситаҳои радиоро аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар мавридҳои тартиботи муқаррарӣ ё меъёру қоидаҳои истифодабарии радиобасомадҳоро вайрон намудан, манъ (маҳдуд) намояд;
- қитъаҳои басомадҳоро барои коркард, истеҳсоли воситаҳои радиоэлектронии таъиноти гуногун дар ҷумҳурӣ ва харидории онҳоро аз хориҷа таъин намояд.
Қарорҳо дар нисбати насби радиостансияҳо танҳо бо ризоияти Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳо қабул карда мешаванд.
9. Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи барномаҳои солона дар асоси пешниҳодоти аъзои комиссия, тавсияҳои Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди минтақавии соҳаи алоқа ва Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ тартибдодашуда кор мекунад.
10. Ҷаласаҳои Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳо бо супориши Раиси он таъин гардида, дар ин бора ба аъзои он ва намояндагони даъватшудаи вазоратҳо, идораю ташкилотҳои манфиатдор хабар дода мешавад.
11. Ҷаласаҳои Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба алоқаи ҳукуматӣ, амнияти миллӣ дар ҳайати маҳдуди муайянкардаи Раиси Комиссия гузаронида мешаванд.
12. Қарорҳои Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳо бо роҳи овоздиҳии кушода қабул гардида, ҳамон вақт қабулшуда дониста мешаванд, ки агар ба тарафдориашон аз нисф зиёди аъзои дар ҷаласаи Комиссия иштирокдошта овоз дода бошанд ва онҳо барои ҳамаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, консернҳо, ассотсиатсияҳо, ширкатҳо, трестҳо ва дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ҳамчуни намояндагиҳои хориҷӣ ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад.
13. Протоколҳои ҷаласа ва Қарорҳои Комиссияи давлатиро Раиси Комиссияи давлатӣ оид ба радиооасомадҳо имзо мекунад.
14. Раиси Комиссияи давлатӣ_оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ҷавобгар мебошад.
15. Ахбор оид ба қарорҳои қабулшуда ба маълумоти ҳама шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии манфиатдор расонида мешавад.
16. Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳри мудаввар бо тасвири Нишонӣ давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, мӯҳру бланкҳои дахлдор дорад.
Положение О Государственной комиссии по радиочастотам Республики Таджикистан
1. Государственная комиссия по радиочастотам Республики Таджикистан является государственным органом по реализации единой политики управления радиочастотами, обеспечения долгосрочной политики планирования распределения и использования радиочастотного спектра, являющегося национальным ресурсом, обеспечения электромагнитной совместимости радиоэлектронных средств пользователей на территории страны, защиты интересов государства в международных организациях.
2. Государственная комиссия по радиочастотам Республики Таджикистан в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, Законом Республики Таджикистан "Об электрической связи", международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, настоящим Положением и подотчетна Правительству Республики Таджикистан.
3. Государственная комиссия по радиочастотам Республики Таджикистан является межведомственным органом при Министерстве связи Республики Таджикистан и действует на коллегиальной основе.
Председателем и Заместителем Государственная комиссия по радиочастотам Республики Таджикистан являются министр связи и первый заместитель министра связи Республики Таджикистан.
Членами Государственной комиссии по радиочастотам Республики Таджикистан (далее - Государственная комиссия по радиочастотам) определены заместители министров: юстиции, безопасности, финансов, по государственным доходам и сборам, экономики и торговли, сельского хозяйства, внутренних дел, иностранных дел, мелиорации и водного хозяйства, обороны, транспорта, промышленности; заместители председателей комитетов при Правительстве Республики Таджикистан по телевидению и радиовещанию, по охране государственной границы; заместитель начальника Национального космического, геодезического и картографического агентства при Правительстве Республики Таджикистан "Точиккоинот", заместители начальников Главных управлений геологии при Правительстве Республики Таджикистан "Геологияи точик", защиты Государственных секретов при Правительстве Республики Таджикистан заместитель Директора Агентства по антимонопольной политике и поддержке предпринимательства при Правительстве Республики Таджикистан, заместитель Директора Агентства стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан "Точикстандарт"; заместитель Генерального директора Государственного унитарного авиационного предприятия "Точикистон", Начальник Государственной инспекции связи при Министерстве связи Республики Таджикистан, Директор Агентства регулирования связи при Министерстве Республики Таджикистан - по должности и по представлению руководителей указанных министерств и ведомств
4. Члены Государственной комиссии по радиочастотам:
- обеспечивают своевременную подготовку подведомственными предприятиями и организациями материалов по вопросам, намеченным планам работ к рассмотрению на заседаниях;
- организуют работу по выполнению, принятых решений и проверяют их выполнение.
Члены Государственной комиссии по радиочастотам выполняют обязанности на общественных началах.
5. Оперативная работа по координации и подготовка материалов для работы Государственной комиссии по радиочастотам Республики Таджикистан выполняется представителями Государственной инспекции связи при Министерстве связи Республики Таджикистан и Агентства регулирования связи при Министерстве связи Республики Таджикистан
6. Основные задачи Государственной комиссии по радиочастотам:
- планирование эффективного и с отсутствием помех использования общественного радиочастотного спектра включая их частное использование;
- создание Национального плана распределения радиочастот;
- осуществление координации при установке всех видов радиостанций на территории республики с целью обеспечения оптимального использования имеющихся расположений;
- разработка рекомендаций и порядка использования радиочастотного спектра;
- планирование долгосрочной концепции развития системы радиочастотного спектра в Республики Таджикистан;
- подготовка позиции и содействие при представлении интересов Республики Таджикистан на международных переговорах по вопросам радиочастотного спектра.
7. Другие функции Государственной комиссии по радиочастотам:
- осуществление долгосрочной политики в области распределения и использования радиочастотного спектра на основе тенденции развития радиоэлектронных средств;
- перспективное планирование использования радиочастотного спектра различными видами радиоэлектронных средств;
- выделение полос (номиналов) частот для разработки, производства, эксплуатации и закупки за границей радиоэлектронных средств всех назначений;
- разработка единой технической политики в области обеспечения электромагнитной совместимости радиоэлектронных средств на территории Республики Таджикистан;
- осуществление контроля за выполнением решений Государственной комиссии по радиочастотам;
- координация политики в области распределения и использования радиочастотного спектра со странами Содружества Независимых Государств;
- подготовка материалов к мероприятиям, проводимым Международным Союзом Электросвязи и Региональным Содружеством в области связи:
- международная правовая защита интересов Республики Таджикистан в вопросах планирования, назначения и использования радиочастот;
- организация международной координации и регистрации национальных частотных присвоений в Международном Союзе Электросвязи;
- регламентирует использование радиочастотного спектра, разрабатывая в этих целях нормативно-правовые акты и рекомендации;
- вырабатывает меры по повышению эффективности использования радиочастотного спектра:
- утверждает и вводит в действие нормы частотно - территориального разноса радиоэлектронных средств обеспечивающие электромагнитную совместимость:
- планирует долгосрочную концепцию развития системы радиочастотного спектра и разрабатывает техническую политику в области распределения и использования радиочастотного спектра, с учетом научно-технического прогресса в области создания современных средств телекоммуникации и перспективных потребностей Республики Таджикистан в сетях и системах электрической связи, использующих радиоэлектронные средства:
- выдает разрешение на использование полос (диапазонов) частот конкретными видами радиоэлектронных средств и сооружение приемо- передающих систем;
- выдает разрешение на разработку и производство радиоустройств и радиосредств согласно установленным техническим требованиям;
- регулирует использование радиочастотного спектра Правительственными структурами;
- осуществляет координацию частотных присвоений с администрациями связи зарубежных государств и регистрацию частотных присвоений в Международном Союзе Электросвязи;
- подготавливает соглашения между Администрацией связи Республики Таджикистан и администрациями связи сопредельных государств по координации использования частот в приграничных районах;
- организует выполнение обязательств Администрации связи Республики Таджикистан по международным соглашениям о рациональном использовании спектра радиочастот;
- подготавливает рабочие материалы для делегаций Администрации связи Республики Таджикистан на переговорах по координации использования радиочастот и обеспечения электромагнитной совместимости радиоэлектронных средств, предложения по составу делегации, анализирует их отчеты и организует реализацию достигнутых договоренностей;
- совместно с заинтересованными организациями разрабатывает мероприятия по международно-правовой защите частотных присвоений радиоэлектронным средствам республики, организует их выполнение и осуществляет контроль за их выполнением;
- вырабатывает предложения на всемирные и региональные административные конференции Международного Союза Электросвязи по распределению полос и планированию радиочастот, по внесении изменений в Регламент радиосвязи;
- проводит в установленном порядке координацию и регистрацию в Международном Союзе Электросвязи частотных присвоений радиоэлектронным средствам дипломатических представительств и международных организаций осуществляющих деятельность (расположенных) на территории республики;
- согласовывает с Министерством иностранных дел Республики Таджикистан вопросы, имеющие международно-правовой характер и касающиеся обязательств республики по Международной конвенции электросвязи и другим международным соглашениям;
- согласовывает проекты стандартов и технических условий на радиоэлектронные средства в части соблюдения требований по электромагнитной совместимости и использованию радиочастот;
- разрабатывает совместно с заинтересованными министерствами, государственными комитетами и ведомствами. организационно-технические мероприятия по обеспечению электромагнитной совместимости радиоэлектронных средств и организовывает контроль за их выполнением;
- осуществляет техническую экспертизу заявок на выделение полос (номиналов) радиочастот и разрабатывает технические условия (рекомендации) по их использованию;
- рассматривает и согласовывает стандарты, технические условия на высокочастотные устройства, электрооборудование, машины, аппараты, приборы в части соблюдения общегосударственных норм на допустимые помехи.
8. Государственной комиссии по радиочастотам имеет право:
- отменять ранее принятые решения по распределению частот;
- запрещать использование радиочастотного спектра на территории Республики Таджикистан в случае нарушения порядка, установленного для их использования и (или) в целях Государственной безопасности Республики Таджикистан;
- отменять или запрещать (приостанавливать) разработку, производство радиоустройств и радиосредств, не отвечающих установленным техническим требованиям;
- принимать обязательные для всех юридических и физических лиц решения по использованию радиочастотного спектра и обеспечению электромагнитной совместимости радиоэлектронных средств и осуществлять контроль за их выполнением;
- устанавливать территориальные, временные и другие ограничения на использование полос (номиналов) радиочастот и мощности радиопередающих средств;
- запрашивать у пользователей радиочастотного спектра необходимые сведения о технических характеристиках радиосредств и по другим вопросам, касающихся электромагнитной совместимости радиоэлектронных средств и эффективного использования радиочастотного спектра;
- привлекать на договорной основе высококвалифицированных специалистов для проработки отдельных проблем, проведения технической экспертизы и консультаций;
- запрещать (ограничивать) применение юридическими и физическими лицами радиосредств в случаях нарушения ими установленного порядка, норм и правил использования радиочастот;
- назначать полосы частот для разработки и производства в республике и закупке за рубежом радиоэлектронных средств всех назначений.
Решение установки радиостанций принимаются только с согласия Государственной комиссии по радиочастотам.
9. Государственная комиссия по радиочастотам Республики Таджикистан работает по годовым планам, составленным на основе предложений членов комиссии, рекомендаций Исполнительного комитета Регионального Содружества в области связи и Международного Союза Электросвязи.
10. Заседания Государственной комиссии по радиочастотам назначаются ее председателем, о чем письменно сообщается ее членам и приглашенным представителям заинтересованных министерств, ведомств и организаций.
11. Заседания Государственной комиссии по радиочастотам Республики Таджикистан, касающиеся Правительственной связи, национальной безопасности проводятся в ограниченном составе, определяемом Председателем Государственной комиссии по радиочастотам.
12. Решения Государственной комиссии по радиочастотам принимаются открытым голосованием и считаются принятыми, если за них проголосовало более половины членов Комиссии, присутствующих на заседании и являются обязательными для всех министерств, государственных комитетов, ведомств, предприятий, организации, учреждений, концернов, ассоциаций, компаний, трестов и других юридических и физических лиц, а также для иностранных представительств и граждан.
13. Протоколы заседаний, решения Государственной комиссии подписывает Председатель Государственной комиссии по радиочастотам.
14. Председатель Государственной комиссии по радиочастотам Республики Таджикистан несет ответственность за выполнение возложенных на нее задач.
15. Информация о принятых решениях доводится до всех заинтересованных юридических и физических лиц.
16. Государственная комиссия по радиочастотам Республики Таджикистан имеет свою печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан со своим наименованием на таджикском и русском языках, соответствующие штампы и бланки.