ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаҳои 9, 11 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Низомнома дар бораи тартиби коркард, истеҳсол, лоиҳакашӣ, сохтмон (насбкунӣ), харидорӣ, истифодабарӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз хориҷа ворид намудани воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад, ки бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 1994 № 371 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
дар сархати якуми банди 8 ва дар сархатҳои якум ва дуюми банди 12 пас аз калимаҳои "мақомоти Бозрасии давлатии алоқаи" калимаҳои "ва Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;
дар банди 14 пас аз калимаҳои "мақомоти Бозрасии давлатии алоқа" калимаҳои "ва Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва пас аз калимаҳои "дар ин ҳолат" калимаи "онҳо" илова карда шуда, калимаҳои "мақомоти Бозрасии давлатии алоқа" хориҷ карда шаванд.
2. Ба Низомномаи Комиссияи давлати оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2004 № 331 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
дар сархати 3 банди 3 пас аз калимаҳои "Сардори Бозрасии давлатии алоқа дар назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои ",Директори Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;
банди 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"5. Корҳои таъҷили ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва таҳияи мавод барои фаъолияти Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи намояндагони Бозрасии давлатии алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 марти соли 2006 № 113
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан
В соответствии со статьями 9, 11 и 15 Закона Республики Таджикистан "Об электрической связи" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. В Положение о порядке разработки, производства, проектирования, строительства (установки), приобретения, эксплуатации на территории Республики Таджикистан и ввоза из-за границы радиоэлектронных средств и высокочастотных устройств, утвержденного постановлением Совета Министров Республики Таджикистан от 1 августа 1994 года № 371 внести следующие дополнения и изменения:
в первом абзаце пункта 8 и в первом и втором абзацах пункта 12 после слов "органов Государственной инспекции связи" дополнить словами "и Агентства регулирования связи при Министерстве связи Республики Таджикистан";
в пункте 14 после слов "органами Государственной инспекции связи" дополнить словами "и Агентством регулирования связи при Министерстве связи Республики Таджикистан" и после слов "При этом" дополнить словом "они", а слова "органы Государственной инспекции связи" исключить.
2. В "Положение о Государственной комиссии по радиочастотам Республики Таджикистан", утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 августа 2004 года № 331 внести следующие дополнения и изменения:
в абзаце 3 пункта 3 после слов "Начальник Государственной инспекции связи при Министерстве связи Республики Таджикистан" дополнить словами ", Директор Агентства регулирования связи при Министерстве связи Республики Таджикистан";
пункт 5 изложить в следующей редакции:
"5. Оперативная работа по координации и подготовка материалов для работы Государственной комиссии по радиочастотам Республики Таджикистан выполняется представителями Государственной инспекции связи при Министерстве связи Республики Таджикистан и Агентства регулирования связи при Министерстве связи Республики Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 3 марта 2006 года №113
ш. Душанбе