Оинномаи Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" аз 27 августи соли 2008 № 437

Санаи амалкуни: 22.09.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 августи соли 2008 № 437

тасдиқ шудааст

Оинномаи Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина"

1. Қоидаҳои умумӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.09.2012 № 500)

1. Ҳамин Оиннома асосҳои фаъолияти ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина"-ро, ки минбаъд Муассиса номида мешавад, муайян мекунад.

2. Муассиса фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома ба роҳ мемонад.

3. Муассиси Муассиса Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

4. Муассиса шахси ҳуқуқӣ буда, аз рӯзи бақайдгирии давлатии он таъсисёфта ба ҳисоб меравад.

5. Муассиса чун мақоми иттилоотии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои худро ба забони давлатӣ, инчунин ба забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамарӯза дар ҳаҷми на камтар аз 8 соат дар як шабонарӯз пахш менамояд.

6. Муассиса дорои амвол бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ мебошад. Муассиса дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобҳои буҷетӣ ва махсус дошта, инчунин дорои смета, тавозуни мустақил, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инъикоси номи худ ба забонҳои давлатӣ ва русӣ, сароҳанг, нишона, аломатҳои нашри ва молӣ мебошад.

7. Муассиса ҳуқуқ дорад, ки аз номи худ шартномаҳо бандад, ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайри молу мулкиро ба даст оварда, татбиқ намояд, ӯхдадорӣ ба зимма гирад, дар суд ба ҳайси даъвогар ва ҷавобгар баромад намояд.

8. Муассиса аз нигоҳи эҷодӣ мустақил аст. Назорати фаъолияти телевизионии Муассиса аз тарафи мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти он амалӣ карда мешавад.

9. Суроғаи ҳуқуқии Муассиса: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Бухоро 43.

II. Мақсад ва вазифаҳои асоси

10. Мақсад ва вазифаҳои асосии Муассиса аз инҳо иборатанд:

- муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, сиёсати он ба фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон, талқини ғояҳои ваҳдати миллӣ, волоияти арзишҳои умумибашарӣ, демократия, сулҳ ва инсондӯстӣ равона карда шудааст, тарғиб менамояд;

- мусоидат ба равандҳои солими сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии халқҳои Тоҷикистон дар асоси эҳтироми ҳуқуқ ва озодии шахсият, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ муайян намудаанд;

- тарғиби самтҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи фарҳанг, санъат, маориф, илм, ҳуқуқ, иқтисод ва варзиш, усулҳои татбиқи он дар асоси такмили фаъолияти касбӣ ва хоҷагидорӣ;

- мусоидат ба рушди фарҳанги ҳуқуқӣ, дастгирӣ ва тарғиби ташаббусҳое, ки ба рушди дӯстиву ҳамкории ҳамаи миллату халқиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд;

- баланд бардоштани сатҳи тарбияи интернатсионалистӣ, эстетикӣ, ватандӯстӣ, ҷисмонии аҳолӣ;

- инкишофи эҷодии кӯдакон ва ҷавонон;

- тарғиби адабиёти нави бадеӣ, сиёсӣ, илмию оммавӣ, таълимӣ ва маҳсулоти нави аудиовизуалӣ;

- тарғиби арзишҳои фарҳангии милливу ҷаҳонӣ;

- мусоидат ба эҳёи анъана ва таҳкими фарҳанги миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити глобализатсия;

- баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ;

- такмили ҳамкорӣ дар соҳаи пахши телевизионн ва инкишофи маркетинг ва менеҷменти телевизионӣ.

11. Мувофиқи мақсадҳои зикршуда Муассиса вазифаҳои зеринро ба ҷо меорад:

- истеҳсол ва пахши барномаҳои телевизионие, ки ба инъикоси фаьолияти Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои ҳуқуқу вазифаҳои конститутсионии онҳо дар соҳаи рушди фарҳанг, санъат, маориф, илм, ҳуқуқ, иқтисод ва варзиш равона карда шудаанд;

- истеҳсол ва пахши барномаҳои телевизионие, ки барои суръатафзоии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҷараёни демократикунонии ҷомеа, рушди муносибатҳои дӯстии Тоҷикистон бо дигар давлатҳои дунё равона гардидаанд;

- пахши иттилооти расмӣ дар бораи фаъолияти вазорату идораҳо, кумитаҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, илмӣ, маърифатӣ ва варзишии ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ;

- тарғиби арзишҳои фарҳангии пешқадами милливу умумибашарӣ, ғояҳои ватандӯстӣ ва эҳтироми ҳуқуқҳои инсон;

- истеҳсол ва пахши барномаҳои фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, илмию оммавӣ, адабию публистистӣ, варзишӣ ва таълимию тарбиявӣ;

- эълон ва рекламаи навигариҳои илмӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ғайра;

- истеҳсол ва пахши барномаҳои шоу-бизнес, аз ҷумла ташкил ва гузаронидани озмун, консерт, намоишгоҳ, бозиҳои шавқовар ва лотереяҳо;

- истеҳсол ва паҳн намудани маҳсулоти аудио ва видео, филмҳои рекламавӣ дар соҳаи фарҳанг, санъат, маориф, варзиш ва ғайра;

- истеҳсол ва пахши филмҳои телевизионӣ, тасвирӣ ва мустанаде, ки ҳолат ва инкишофи фарҳанг, санъат, маориф ва варзиши милливу ҷаҳониро инъикос менамоянд;

- хизматрасонии дизайнерӣ;

- ташкили студияи дубляж ва дигар студияҳо, инчунин таъсиси бойгонии аудио ва видео (филмотека, видеотека ва фонотека);

- дар асоси шартнома ба роҳ мондани ҳамкориҳои эҷодӣ, истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳо дар соҳаи телевизион, радио ва кино;

- харидорӣ намудани филмҳои ҳунарӣ, мустанад, тасвирӣ, инчунин барномаҳои фарҳангӣ, илмию маърифатӣ ва варзишӣ;

- амалӣ сохтани дигар намудҳои фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, молиявие, ки ба мақсаду вазифаҳои Муассиса мувофиқат намуда, онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

III. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Муассиса

12. Муассиса ӯҳдадор аст:

- талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи воситаҳои ахбори омма риоя намояд;

- супоришу дастурҳои Муассис ва мақоми ваколатдори онро мутобиқи тартиботи муқарраршуда ба иҷро расонад;

- аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо маблағи пулие, ки дар тавозуни мустақили худ дорад, ҷавобгар бошад;

13. Муассиса ҳуқуқ дорад:

- мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистои бо фаъолияти даромаднок машғул шавад;

- аз ҳисоби фаъолияти тиҷоратии худ маблағҳои муайян ба даст орад ва онро мутобиқи тартиботи муқарраршуда харҷ намояд;

- дар асоси тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ фаъолияти рекламавию иттилоотиро ба амал барорад;

- фаъолияти иқтисодии хориҷиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад, барнома ва маҳсулоти аудиовизуалии худро дар хориҷа паҳн намояд, эълону рекламаҳои корхонаву муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷиро қабул кунад ва муомилоти дигарро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома мухолиф нестанд, ба ҷо орад;

- дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудудҳои он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон филиалҳо, намояндагӣ ва бунгоҳҳои хабарнигорӣ кушояд;

- Муассиса ҳуқуқҳои дигарро низ, ки бо қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Муассисаҳои ғайритиҷоратӣ муайян карда шудаанд, доро мебошад.

IV. Моликият ва воситаҳои Муассиса

14. Моликияти Муассиса аз фондҳои асосӣ ва воситаҳои гардишӣ, инчунин арзишҳои дигаре, ки бо қарори Муассис дар тавозуни мустақили Муассиса муайян карда шудааст, иборат мебошад.

15. Амволи Муассиса моликияти давлатӣ буда, ба Муассиса бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ вобаста карда шудааст.

16. Муассиса ба молу мулки вобасташуда дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, мутобиқи мақсади фаъолияти хеш ва таъиноти молу мулк, ҳуқуқи идоракунӣ ва истифодаро дорад.

17. Манбаъҳои ташкилёбии молу мулки Муассиса:

- маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо карда мешаванд;

- даромадҳое, ки аз фаъолияти тиҷоратии Муассиса ба даст омадааст;

- пардохтҳои бебозгашт ва хайркунанда, хайрияҳои ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳида;

V. Идораи Муассиса

18. Идораи Муассиса мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома амалӣ карда мешавад.

19. Муассисаро директор сарварӣ мекунад.

20. Мақоми идоракунандаи машваратии Муассиса ҳайати мушовара мебошад, ки ба он директор ва муовинони ӯ (аз рӯи вазифа), роҳбарони зерсохторҳо ва дигар кормандони масъул дохил мешаванд.

21. Ваколатҳои Муассис:

- директорро ба вазифа таъии ва аз вазифа озод менамояд;

- бо пешниҳоди директор муовинони директорро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

- сохтор ва Оинномаи Муассисаро тасдиқ ва дар ҳолати зарурӣ ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид месозад;

- ҳадди аксари шумораи кормандони Муассисаро тасдиқ ва андозаи маблағҷудокуниро барои таъминоти онҳо муқаррар мекунад;

- аъзои ҳайати мушовараи Муассисаро тасдиқ ва аз иҷрои вазифа озод менамояд;

- мувофиқи сметаи пешниҳодшуда Муассисаро аз ҷиҳати молиявию моддӣ дастгирӣ ва бо нақлиёту бинои корӣ таъмин мекунад;

- масъалаи барҳамдиҳӣ ва азнавташкилдиҳии Муассисаро ҳал мекунад.

22. Ваколатҳои ҳайати мушовара:

- оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Муассиса таклифҳо пешниҳод мекунад;

- дар бобати пеш бурдани фаъолияти эҷодии Муассиса қарорҳо қабул мекунад;

- бо таклифи директор масъалаи ҳақгузории меҳнати кормандон, реҷаи кор, таъмини иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоии коллективӣ меҳнатиро баррасӣ менамояд;

- шаклҳои нави истеҳсол ва пахши барномаҳоро ҷустуҷӯ мекунад;

- оид ба бетаъхир истеҳсол ва пахш гардидани барномаҳои телевизион тадбирҳои иловагӣ меандешад;

- Шӯрои бадеиро таъсис ва тасдиқ менамояд.

Қарорҳои ҳайати мушовара бо фармони директор ба расмият дароварда мешаванд.

23. Ваколатҳои Директор:

- аз номи Муассиса бе ваколатнома амал мекунад, молу мулк ва маблағҳои Муассисаро мувофиқи қонунгузории ҷорӣ идора мекунад, манфиатҳои Муассисаро аз рӯи масъалаҳое, ки ба салоҳияти он дохил мешаванд, дар назди созмонҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳимоя менамояд, қарордоду созишномаҳо мебандад, ваколатномаҳо медиҳад, дар бонкҳо суратҳисоб ва дигар ҳисобҳо мекушояд;

- ҷадвали штатҳо ва сметаи хароҷоти Муассиса, низомномаи зерсохторҳои Муассисаро тасдиқ мекунад. Дар доираи салоҳияти худ амру дастурамалҳо мебарорад, тибқи қонунгузории амалкунанда оид ба меҳнат шартномаву қарордод мебандад ва кормандони Муассисаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, ба онҳо мукофот ва муҷозот медиҳад, тарзи ҳавасмандгардонии онҳоро ҷорӣ менамояд;

- ӯҳдадориҳои вазифавии муовинони худ ва роҳбарони дигар воҳидҳои сохториро муайян менамояд;

- ба кори ҳайати мушовара ва фаъолияти ҳамарӯзаи кормандони Муассиса роҳбарӣ менамояд;

- иҷрои нақшаҳои ҷориву дурнамо, ҳамчунин қарорҳои ҳайати мушовараро таъмин месозад;

- дар якҷоягӣ бо ҳайати мушовара, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистоиро ба роҳбарӣ гирифта, масъалаҳои музди меҳнати кормандон, реҷаи кор, таъминоти иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоии кормандоиро ҳал менамояд;

- барои иҷрои вазифа ва ӯҳдадориҳои ба зиммаи Муассиса гузошташуда масъулиятл шахсӣ дорад.

VI. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Муассиса

24. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Муассиса бо қарори Муассис, мувофиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба амал бароварда мешавад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 сентябри соли 2012,№ 500

тасдиқ шудааст

Сохтори Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.09.2012 № 500)

1. Маъмурият:

Директор

Муовини аввали директор

Муовиии директор оид ба корҳои эҷодӣ

Муовини директор оид ба корҳои техникӣ

Ёвари директор

Идораи тиҷорат ва реклама

Ҳуқуқшинос

Саркоргардон

Сармуҳандис

Шӯъбаи кадрҳо ва коргузорӣ

Шӯъбаи иқтисод ва муҳосибот

Референт

2. Ҳайати эҷодӣ:

Идораи барномаҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ

Идораи барномаҳои фарҳангию фароғатӣ

Идораи барномаҳои ҷавони ва варзиш

Идораи барномаҳои таълифии "Эҷод"

Идораи наворбардорон

Идораи тасвирбардорон

Идораи таҳия ва дубляжи филмҳо

Шӯъбаи коргардонҳои овоз

Шӯъбаи танзим ва пахши барномаҳо

Шӯъбаи дизайн ва рассомӣ

3. Ҳайати техникӣ:

Маҷмааи марказҳои студиявӣ

Студияи сайёри телевизионӣ

Идораи хизматрасонии бино ва иншоот

Шӯъбаи истеҳсолию техникӣ ва техникаи бехатарӣ

Шӯъбаи бойгонӣ

Шӯъбаи васли барномаҳо

Шӯъбаи ороиши саҳна

Шӯъбаи равшандиҳандагони махсус

Шӯъбаи нақлиёт

Шӯъбаи барқ

4. Филиал ва намояндагӣ:

Филиали Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Филиали Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" дар вилояти Суғд

Филиали Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" дар вилояти Хатлон

Намояндагии Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон

Намояндагии Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд

Намояндагии Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" дар минтақаи Рашт

Намояндагии Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.09.2012 № 500)

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 августи соли 2008 № 437

тасдиқ шудааст

Оинномаи Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина"

1. Қоидаҳои умумӣ

1. Ҳамин Оиннома асосҳои фаъолияти ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина"-ро, ки минбаъд Муассиса номида мешавад, муайян мекунад.

2. Муассиса фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама", дигар саладҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома ба роҳ мемонад.