Низомномаи Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2003, № 299

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.10.2022 № 513 аз эътибор соқит дониста шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикнстон

аз 3 июли соли 2003 № 299

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикнстон

аз 3 июли соли 2003 № 299

тасдиқ шудааст

Низомномаи Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Низомномаи мазкур мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2003, № 92 "Дар бораи таъсиси Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия гардидааст.

1. Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд -Комиссия) мақоми танзимкунандаи фаъолияти вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти химиявии шаҳрвандон, ҷомеа ва давлат мебошад.

2. Комиссия фаъолияти худро ба иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи табиат", "Дар бораи экспертизаи экологӣ", "Дар бораи назорати давлатии санитарӣ", "Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо", "Дар бораи мудофиаи гражданӣ", дигар санадҳои танзимкунандаи меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бахши муомилот бо моддаҳои химиявӣ ва Низомномаи мазкур равона месозад.

3. Вазифаҳои асосии Комиссия инҳоянд:

таҳияи пешниҳодот оид ба ҳалли проблемаҳои стратегӣ дар соҳаи амнияти химиявӣ барои баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

таҳлили маълумотҳо дар бораи фаъолияти системаи таъминотии амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи тавсияҳо оид ба такмили онҳо;

таҳияи тавсияҳо ва пешниҳодот вобаста ба муносибати ҳамаҷониба ҷиҳати ҳалли масъалаҳои таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амнияти химиявӣ;

таҳияи пешниҳодот ҷиҳати такмили тадбирҳои назорат аз тарафи мақомоти салоҳиятдор дар бахши муносибат бо моддаҳои химиявӣ ва воситаҳои биологӣ, иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти химиявӣ;

...

Утратил силу Пост. Правительства РТ от 25.10.2022 №513

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от "3" июля 2003г. № 299

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от "3" июля 2003г. № 299

Положение о комиссии по химической безопасности Республики Таджикистан

 РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Настоящее Положение разработано в соответствии с постановлением Правительства Республики Таджикистан от 03 марта 2003 года, №92 "Об образовании Комиссии по химической безопасности Республики Таджикистан".

1. Комиссия по химической безопасности Республики Таджикистан (далее - Комиссия) является органом, координирующим деятельность министерств и ведомств Республики Таджикистан в сфере обеспечения химической безопасности граждан, общества и государства.

2. Комиссия направляет свою деятельность на выполнение законов Республики Таджикистан "Об охране природы", "Об экологической экспертизе", "О государственном санитарном надзоре", "О наркотических, психотропных веществах и прекурсорах", "О гражданской обороне", иных законодательных актов Республики Таджикистан, регулирующих отношения в сфере обращения с химическими веществами, и настоящего Положения.

3. Основными задачами Комиссии являются:

подготовка предложений по решению стратегических проблем в области химической безопасности для рассмотрения в Правительстве Республики Таджикистан;

анализ информации о функционировании систем обеспечения химической безопасности Республики Таджикистан, выработка рекомендаций по их совершенствованию;

разработка рекомендаций и предложений, касающиеся комплексного подхода к решению вопросов обеспечения конституционных прав граждан Республики Таджикистан в области химической безопасности;

...