Низомномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, № 189

Санаи амалкуни: 27.08.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.09.2021 № 357 аз эътибор соқит дониста шуд.

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 24 апрели соли 2008 № 189

тасдиқ шудааст

Низомномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2009 № 132, аз 01.10.2009 № 567, аз 30.12.2011 № 674, аз 02.10.2012 № 554, аз 03.10.2012 № 561, аз 3.03.2014 № 162, аз 30.05.2015 № 344, аз 4.10.2019 № 492, аз 30.03.2020 № 195, аз 27.08.2020 № 467)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо ҳуқуқи Хадамот) мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, обуҳавошиносӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ иштирок намуда, назорати давлатии ҳифзи муҳити зист ва истифодаи табиатро амалӣ месозад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162, аз 30.03.2020 № 195).

2. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Кумита) фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати  ҶТ аз 30.03.2020 № 195).

3. Кумита фаъолияти худро мустақиман ва якҷоя бо сохторҳои тобеи худ, инчунин дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

II. Вазифаҳо

Вазифаҳои асосии Кумита аз инҳо иборатанд:

- пешбурди сиёсати ягонаи давлатии экологӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, идоракунии истифодаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла ҳифзи, ёдгориҳои табиӣ, обуҳавошиносӣ, пешгирии сабабҳои пайдоиши ҳодисаҳои фавқулоддае, ки ба гуногунии биологӣ, ифлоскунандагони устувори органикӣ, тағйирёбии иқлим, муҳити зист таъсири номатлуб мерасонанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.10.2012 № 554, аз 3.03.2014 № 162);

- назорати давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи самараноки олами набототу ҳайвонот, захираҳои моҳӣ, хоҷагиҳои шикорӣ, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, хатсайри туристӣ, ҷангалзорҳо, захираҳои обӣ, ҳавои атмосфера, замин ва қаъри он, канданиҳои фоиданоки маъмули умум, муомилот бо моддаҳои химиявӣ ва нуриҳои минералӣ, партовҳо ва маҳсулоти такрористифодашаванда, риояи меъёрҳои бехатарии экологӣ ва биологӣ, сифати сӯзишворӣ, ифлоскунандагони устувори органикӣ ва риояи меъёру стандартҳои экологӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162);

- муайян намудани самаранокӣ, мутобиқат ва имконпазирии фаъолияти объекти экспертизашаванда ба талаботи экологӣ ва пешгирии оқибатҳои номусоиди таъсиррасонӣ ба муҳити зист, додани хулосаҳои холисона ва асосноки илмӣ;

- идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ҳифз, нигоҳдорӣ ва барқарорсозии экосистемаҳо ва намудҳои наботот ва ҳайвоноти нодир, танзим ва рушди туризми экологӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162, аз 30.03.2020 № 195);

- ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ, пешгӯӣ ва омӯзиши мунтазами вазъи муҳити зист, обу ҳаво, пиряхҳо, кӯлу обанборҳо, таҳлили пайдоиш ва ҷараёни ҳодисаҳои фавқулоддаи табиӣ;

- гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва омӯзиши масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, гуногунии биологӣ, захираҳои об, моҳӣ ва тағйирёбии иқлим (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162);

- таҳия ва мусоидат ҷиҳати амалӣ гардонидани барнома, стратегия ва нақшаҳои миллӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифзи муҳити зист, такмили онҳо;

- таҳия ва амалисозии чорабиниҳое, ки ба ҳифз ва беҳдошти муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, ҳифзи об, ҳудудҳои рекреатсионӣ комплексҳои табиӣ ва иншооти табиии дорои аҳамияти махсуси илмӣ, фарҳангӣ ва рекреатсионӣ нигаронида шудаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162);

- таҳия ва татбиқи механизмҳои нави иқтисодии истифодабарии самараноки табиат;

- таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва методӣ, тибқи тартиби амалкунанда тасдиқ намудани онҳо;

- ташаккули манбаъҳои маблағгузории фаъолияти ҳифзи табиат, барқарорсозии сарватҳои табиӣ, солимгардонии ҳолати экологӣ ва ҳавасмандгардонии кормандон аз ҳисоби пардохтҳои ба воситаҳои махсуси ҳифзи табиат воридшуда;

- мусоидат ба ҷалби инвеститсияҳо ҷиҳати амалигардонии стратегия, барномаҳои давлатӣ ва миллӣ оид ба ҳифзи муҳити зист;

- такмили системаи огоҳсозӣ аз офатҳои табиӣ ва техногение, ки боиси ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда ва ҳисорот мегарданд;

- таъмини мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва аҳли ҷомеа бо иттилооти экологӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин муассиса, корхона ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеият, оид ба масъалаҳои истифодаи сарватҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини бехатарии экологӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162);

- ҳамоҳангсозӣ ва таъмини иҷрои конвенсия ва шартномаҳо оид ба маъсалаҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи сарватҳои табиӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи худ гирифтааст;

- тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба кор қабул ва аз кор озод намудани кормандон, гузаронидани атестатсия, ҳимояи имтиёзҳои хизматчиёни давлатӣ, андешидани тадбирҳо оид ба такмил ва баланд бардоштани савияи дониши кормандон;

- баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ тавассути воситаҳои ахбори умум;

- тибқи тартиби муқарраргардида ҷалби нозирони ҷамъиятӣ барои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ;

- таҳияи лоиҳаи қонунҳо, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, меъёрию методӣ ва тибқи муқаррароти қонунгузорӣ пешниҳоди онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъин ва озод намудани ҳамоҳангсозони конвенсияҳои ҳифзи муҳити зист тибқи мансабҳои хизматӣ ва самти фаъолият пешниҳод манзур менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2009 № 567).

III. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо

Кумита дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ дорад:

- дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" санҷиши фаъолияти субектҳои хоҷагидорро доир намояд;

- дар субъектҳои фаъолияти хоҷагидор, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ назорати давлатиро амалӣ намояд;

- назорати давлатии чорабиниҳо ва барқарор намудани захираҳои табиӣ, муҳоҷирати ҳайвонот, аз ҷумла воридот, истеҳсол, истифодаи моддаҳои химиявӣ, техника ва технологияи қаблан истифодашуда ва моддаҳои вайронкунандаи қабати озонро амалӣ намояд;

- экспертизаи давлатии экологии фаъолияти пешбинишуда ва амалишавандаи субектҳои фаъолияти хоҷагидорро, новобаста аз шакли моликият ва мансубият дар асоси лоиҳаҳои асосноккунии техникии иқтисодӣ, баҳодиҳии таъсир ба муҳити зист ва дигар маводи дахлдор гузаронад, нисбати онҳо хулосаҳои дахлдор диҳад;

- санҷиши манбаъҳои партовҳоро ба ҳавои атмосфера анҷом диҳад;

- бо тартиби муқарраргардида назорати давлатиро оид ба амнияти химиявӣ ва биологӣ дар субъектҳои фаъолияти хоҷагидор ва дигар шаклҳои фаъолият амалӣ гардонад;

- ташхисҳои аналитикӣ, инструменталӣ ва лаборатории ҳолати об, хок, ҳаво, нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳоро созмон диҳад;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои субъектҳои хоҷагидор ва шаҳрвандон, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ меъёрҳои истифодабарии сарватҳои табиӣ, аз ҷумла истифодаи объекти олами набртоту ҳайвонот, зоридоту содироти наботот ва ҳайвоноти ёбоӣ, қисм, ҷузъ ва ғанимати онҳо, истифодаи махсуси об (ба истиснои мақсадҳои обёрии кишоварзӣ аз системаҳои хоҷагии оби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои моҳӣ, пармакунии чоҳҳои об, ҳавои атмосфера, партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити зист, муомилот бо партовҳои истеҳсолию истеъмолӣ, меъёри ҳосилшавии партовҳо ва захираҳои такрористифодашавандаро муқаррар намуда, барои истифодаи онҳо иҷозат диҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162);

- тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати муайян намудани квотаҳо барои истифодаи намудҳои алоҳидаи олами наботот ва ҳайвонот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур дорад;

- ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ё ба тарзи транзитӣ интиқол додани борҳои аз назари экологӣ хатарноки моддаҳои химиявӣ, маҳсулоти биологӣ ва такроран истифодашаванда, техника, технология, партовҳо, захираҳои ашёи хомро ба танзим дарорад;

- механизмҳои нави иқтисодии истифодабарии самараноки сарватҳои табиӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва методиро таҳия ва тибқи муқаррароти ҷорӣ тасдиқ намояд;

- барои барқарорсозии сарватҳои табиӣ, иҷрои чорабиниҳои ҳифзи табиат, солимгардони вазъи экологӣ ва ҳавасмандгардонии кормандон, маблағгузориро аз ҳисоби воситаҳои махсус тибқи қонунҳои амалкунанда амалӣ намояд;

- кадастри давлатии  ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, партовҳои хатарнок, захираҳои обиро идора намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162, аз 30.03.2020 № 195);

- корҳои илмию тадқиқотиро дар самтҳои афзалиятноки ҳифз ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ гузаронад;

- лоиҳаҳои корҳои ҷустуҷӯӣ, таҷрибавию конструкторӣ, бунёди технологияи нави пешқадамро дар доираи салоҳияташ мувофиқа намояд;

- маърӯзаҳои миллӣ ва ҳисобот оид ба вазъи муҳити зист, истифодаи сарватҳои табиӣ, ҳифзи замин, обу ҳаво омода ва нашр намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162);

- тибқи тартиби муқарраргардида захираҳои давлатии итилоотии вазъи муҳити зист, захираҳои табиӣ ва истифодаи онҳо, реестри объектҳои экспертизашударо ташкил диҳад;

- дар доираи салоҳияти худ ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи ҳифз ва истифодаи сарватҳои табиӣ, муҳити зист ва обуҳавошиносӣ амалӣ гардонида, тибқи тартиби муқарраргардида шартномаҳо бандад, ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаашро иҷро намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162);

- тибқи талаботи қонунгузорӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои дастурию методӣ оид ба истифодаи табиат ва стандартҳои экологиро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида қоидаҳои ҳифз, истифодаи сарватҳои табиӣ, инчунин дигар санадҳои меъёриро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162);

- дар доираи қонунгузорӣ санадҳои дастурию методӣ ва меъёриро оид ба муқаррарсозӣ ва ситонидани пардохт барои партофти моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити зист, ҷойгиркунии партовҳо, аз ҷумла партовҳои хатарнок таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод менамояд;

- тибқи тартиботи ҷорӣ самтҳои асосии фаъолиятро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, омӯзиш, азнавистеҳсолкунӣ, истифодаи захираҳои табиӣ, рушди системаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҷангал, пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлимро муайян кунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162, аз 30.03.2020 № 195);

- дар доираи салоҳияти худ барнома, стратегия, нақшаҳои миллӣ ва минтақавиро оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва обуҳавошиносӣ таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд ва барои амалисозии онҳо тадбирҳо андешад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162, аз 30.03.2020 № 195);

- дар ташкили системаи умумии тарбия ва маърифати экологӣ иштирок намуда, дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятии экологӣ, шаҳрвандон ва воситаҳои ахбори умум корҳои таблиғотиро ба роҳ монад;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ фаъолияти иҷозатномадиҳиро барои муомилот бо моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, партовҳои хатарнок, инчунин объектҳои олами набототу ҳайвонот ва моҳӣ, ки ба Китоби сурхи Тоҷикистон ва байналмилалӣ шомиланд, ҳамчунин ташкилу пуррасозии коллексияҳои зоологӣ анҷом диҳад;

- тибқи тартиби муқарраргардида ҳамоҳангсозии фаъолиятро ҷиҳати ташкил ва таъмини системаи комплексии мониторинги вазъи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ амалӣ намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида бо истифодабарандагони сарватҳои табиӣ, шартномаҳо баста, дар доираи салоҳияти худ иҷрои вазифаи фармоишгари давлатиро таъмин намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162);

- реестри объекҳои ифлоскунанда, дидбонгоҳҳо ва нуқтаҳои мушоҳидаи ҳолати муҳити зистро ташкил кунад;

- тибқи тартиби муқарраргардида фондҳои (воситаҳои махсуси) ҳифзи табиатро ташкил ва идора кунад;

- омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои дастгоҳи марказии Кумита, воҳидҳои сохтории худро ташкил ва доир намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида намуна ва тартиби сару либоси расмӣ, нишонаҳои фарқкунандаи нозирони давлатии ҳифзи муҳити зистро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

- аз вазорат, идора, муассиса, ташкилот, корхона ва хоҷагиҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти худ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ахбор дархост намояд ва онҳоро шунавад;

- ҳангоми зарурият тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ намудҳои алоҳидаи фаъолиятро дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, заминҳои фонди давлатии ҷангал, ки боиси ҳисороти табиат мегардад, манъ намояд;

- фаъолияти таҳия, табъу нашр ва иттилоотиро анҷом диҳад.

IV. Фаъолияти ташкилӣ

1. Кумитаро Раис роҳбарӣ менамояд, ки ӯ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

2. Раиси Кумита 2 муовин дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2011 № 674, аз 3.03.2014 № 162).

3. Раиси Кумита роҳбарии фаъолияти Кумитаро амалӣ намуда, барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.

4. Раиси Кумита:

- барои ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод намудани роҳбарони Агентии обуҳавошиносӣ ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162, аз 30.05.2015 № 344).

- бо пешниҳоди роҳбарони Агентии обуҳавошиносӣ, ва Раёсатҳо муовинони онҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162, аз 30.05.2015 № 344);

- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Дастгоҳи марказии Кумита ва роҳбарони мақомотҳои дар Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои система омада (ба ғайр аз директорони Агентии обуҳавошиносӣ, инчунин кормандони шӯъба ва бахшҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро) ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162, аз 30.05.2015 № 344);

- вазифаҳои муовинонро муайян мекунад;

- дар доираи ваколатҳои худ сиёсат ва манфиатҳои экологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳимоя мекунад;

- тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи салоҳияти худ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои дахлдори Кумита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- дар доираи салоҳияти худ рӯйхати маълумоти мансуб ба сирри давлатиро муайян мекунад;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди музди меҳнат, ҷадвали штатӣ, сметаи хароҷот, низомнома ва нақшаҳои кории сохторҳои Кумитаро тасдиқ намуда, ҳисоботи онҳоро қабул мекунад;

- Низомномаи Раёсат ва шӯъбаҳои дастгоҳи марказӣ, оиннома ва низомномаи мақомотҳоеро, ки дар Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумита омадааст (ба ғайр аз Агентии обуҳавошиносӣ) тасдиқ мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162, аз 30.05.2015 № 344);

- комиссияҳои муввақатӣ ва доимиамалкунанда таъсис дода, низомномаи онҳоро тасдиқ мекунад;

- ҷаласаҳои истеҳсолӣ ва назоратиро ташкил намуда, тартиби бурдани онҳоро муайян мекунад;

- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Кумитаро барои сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатӣ пешниҳод мекунад, мукофотҳои соҳавӣ, тадбирҳои ҳавасмандкунии моддӣ ва маънавиро ба амал мебарорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162);

- тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба кормандон ҷазоҳои интизомӣ медиҳад;

- дар доираи салоҳияти худ назорати фаъолияти филиали тоҷикистонии Маркази илмӣ-иттилоотии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устуворро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии соҳаи ҳифзи муҳити зист амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2009 № 567).

5. Дар Кумита Ҳайати мушовара дар ҳайати Раиси Кумита (Раиси ҳайати мушовара), муовинони Раис (аз рӯи вазифа), инчунин дигар кормандони роҳбарикунандаи дастгоҳи марказии Кумита ва воҳидҳои сохтории он таъсис дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2011 № 674, аз 3.03.2014 № 162).

6. Аъзо ва Ҳайати мушовара бо пешниҳоди Раиси Кумита аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

7. Дар ҷаласаҳои Ҳайати мушовара масъалаҳои асосии фаъолияти Кумита баррасӣ карда мешаванд. Қарорҳои Ҳайати мушовара бо овоздиҳии аксарияти аъзо қабул гардида, бо протокол ва қарорҳо ба расмият дароварда мешаванд ва бо фармони Раис Кумита мавриди амал қарор мегиранд. Дар сурати пайдо шудани ихтилофи назар байни Раиси ва аъзои Ҳайати мушовара қарорро Раис қабул намуда, дар ин хусус ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш медиҳад. Аъзои ҳайати мушовара низ метавонанд ақидаи худро оид ба ин масъала ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намоянд.

8. Раиси Кумита ҳамзамон Сарнозири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ммуовинони Раис, Сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ, мудирони Шӯъбаи назорати истифода ва ҳифзи захираҳои об, Шӯъбаи назорати истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот, Шӯъбаи назорати истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера ва Шӯъбаи назорати истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо муовинони Сарнозири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, мутахассисони онҳо нозирони давлатӣ мебошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2011 № 674, аз 3.03.2014 № 162).

9. Сарнозири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи сарватҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва нозирони давлатии ҳифзи муҳити зист бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ аслиҳаи хизматиро бо худ гиранд, истифода баранд ва нигоҳ доранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2011 № 674, аз 3.03.2014 № 162).

10. Раиси Кумита Шӯрои илмию техникиро таъсис медиҳад ва ҳайати онро тасдиқ мекунад.

11. Кумита дар доираи салоҳияти худ тибқи тартиби муқарраргардида фармон, қарор ва фармоиш (дар ҳолати зарурӣ якҷоя бо дигар мақомот) мебарорад, дастурҳо медиҳад ва назорати иҷрои онҳоро ташкил мекунад.

12. Маблағгузории хароҷот барои нигоҳдории дастгоҳи марказии Кумита ва мақомоте, ки ба нақшаи идораи Кумита шомиланд, инчунин корхонаю муассисаҳои тобеи он аз ҳисоби буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсус анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162).

13. Кумита шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, рамз, бланкҳо, мӯҳр ва штампҳои дахлдор мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маблағҳо бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162).

14. Кумита бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ таъсис ва барҳам дода мешавад.

15. Суроғаи ҳуқуқии Кумита: шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 24 апрели соли 2008 № 189

тасдиқ шудааст

Сохтори Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ

Бахши обуҳавошиносӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.10.2012 № 561)

Хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162)

Раёсати корҳо (бахшҳои ҳуқуқ, умумӣ, кадрҳо, корҳои махсус ва назорат (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.10.2012 № 561)

Шӯъбаи банақшагирӣ, муҳосибот ва молия

Шӯъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162)

Шӯъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162)

Шӯъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162)

Шӯъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162)

Бахши ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва паркҳои табиии миллӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2020 № 467)

Бахши робитаҳои байналмилалӣ

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.10.2012 № 561)

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 24 апрели соли 2008 № 189

тасдиқ шудааст

НАҚШАИ идоракунии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Агентии обуҳавошиносӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.05.2015 № 344)

Экспертизаи давлатии экологӣ

Раёсат ва шӯъбаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, шӯъба ва бахшҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳифзи муҳити зист

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 24 апрели соли 2008 № 189

тасдиқ шудааст

НОМГӯИ ташкилотҳои системаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.05.2015 № 344)

Хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162)

Хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 162)

Муассисаи давлатии "Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2020 № 195 )

Муассисаи давлатии лабораторияи илмию тадқиқотии ҳифзи табиат

Муассисаи давлатии маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои об

Муассисаи давлатии "Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зист" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.10.2019 № 492)

Маркази ахбори экологӣ

Маркази назорати таҳлилӣ

Маркази стандартикунонӣ ва меъёрҳои экологӣ

Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2009 № 567)

Ташкилотҳои тиҷоратӣ

Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-истеҳсолии "Табиат"

Корхонаи вохиди давлатии "Сайду саёҳат"

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 24 апрели соли 2008 № 189

тасдиқ шудааст

Низомномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2009 № 132, аз 01.10.2009 № 567, аз 30.12.2011 № 674, аз 02.10.2012 № 554, аз 03.10.2012 № 561, аз 3.03.2014 № 162, аз 30.05.2015 № 344, аз 4.10.2019 № 492, аз 30.03.2020 № 195)

IY. Фаъолияти ташкилӣ