×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 № 372 "Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 20.03.2008

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 3, мод. 191; с. 2011, №6, мод. 453; с. 2012, №4, мод. 261; с. 2014, №7, қ. 1, мод. 398; с. 2016, №3, мод. 134)

(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 742, аз 16.04.2012 № 811, аз 26.07.2014 № 1101, аз 15.03.2016 № 1281, аз 30.05.2017 № 1424, аз 20.06.2024 № 2057)

Қонуни мазкур бо мақсади дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуки инсон қабул гардида, тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани ваколатдор, салоҳият ва шаклҳои фаъолияти мақомоти мазкурро барои ҳимоя ва инкишофи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон муайян менамояд.

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Таъсиси вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Ваколатдор оид ба ҳуқукӣ инсон) мутобиқи Қонуни мазкур бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, таъсис дода мешавад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Коиститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1424).

Моддаи 3. Мустақилияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳои худ мустақил буда, ба ягон мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдор ҳисоботдиҳанда намебошад.

2. Фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воситаҳои мавҷудаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро пурра намуда, салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатиро, ки ҳуқуқу озодиҳои вайроншударо барқарор менамоянд, бекор ва тағйир намедиҳад.

БОБИ 2. ТАРТИБИ БА ВАЗИФА ТАЪИН ВА АЗ ВАЗИФА ОЗОД НАМУДАНИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН

Моддаи 4. Таъини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин мегардад.

Моддаи 5. Талабот нисбати номзад ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шахсе, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад, синни ӯ аз 35 кам набуда, забони давлатиро медонад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, сифатҳои баланди касбӣ ва ахлоқӣ мебошад, таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 742, аз 30.05.2017 № 1424).

Моддаи 6. Ба вазифа шуруъ намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057)

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пас аз таъин шудан ба вазифа дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мазмуни зайл савганд ёд мекунад:

"Савганд ёд мекунам, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳимоя намуда, уҳдадориҳои ба ман ҳамчун Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вогузоршударо дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бовиҷдонона ва содиқона иҷро менамоям" (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баъд аз савганд ёд кардан ба вазифа шуруъ менамояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

Моддаи 7. Муҳлати ваколати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057)

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба муҳлати панҷ сол таъин карда мешавад. ӯ наметавонад ба ин вазифа бештар аз ду муҳлат пай дар пай таъин карда шавад. Муҳлати ваколати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баъд аз савганд ёд кардан оғоз мегардад. Ваколати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баъд аз савганд ёд кардани Ваколатдори нав таъингардида қатъ мегардад 2057(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

2. Дар бораи таъини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар воситаҳои ахбори омма иттилоъ дода мешавад.

Моддаи 8. Дахлнопазирии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Бе розигии мақомоти таъинкарда ҳабс кардан, дастгир намудан, маҷбуран овардан, кофтуков кардани ӯ мумкин нест, ба истиснои дастгир шудани вай дар ҷои содир намудани ҷиноят. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчунин мавриди кофтукови шахсӣ (азназаргузаронӣ) қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст.

2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро бе розигии мақомоти ӯро таъинкарда ба ҷавобгарии маъмурӣ, ки ба тариқи судӣ таъин карда мешавад, кашидан мумкин нест.

3. Дахлнопазирии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба дохил шудан ба манзил ё ҳуҷраи кории ӯ, ба нақлиёти шахсӣ ё хизматии вай, дар он ҷо гузаронидани кофтуков ё гирифтан, гӯш кардани гуфтугӯи ӯ ва кофтукови шахсии вай, инчунин гирифтани мукотиба, молу мулк ва ҳуҷҷатҳои ӯ паҳн мешавад ва ин амалҳо танҳо бо иҷозати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар иртибот ба парвандаи ҷиноятии оғозгардида нисбати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон сурат гирифта метавонад  (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281).

4. Нисбати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон танҳо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд.

5. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеияти судӣ дорад.

Моддаи 9. Маҳдудиятҳо барои ишғоли вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ надорад вакили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ бошад, дар як вақт шаҳрвандии давлати дигарро соҳиб гардад, вазифаи дигареро ишғол кунад, ба соҳибкорӣ машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1424).

2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон наметавонад ба фаъолияти сиёсӣ машғул шавад, узви ҳизби сиёсӣ ё дигар иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки мақсадҳои сиёсӣ дорад, бошад.

3. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон уҳдадор аст баъд аз таъин шудан вазифаи ба мақоми ӯ номувофиқро дар муддати понздаҳ рӯз қатъ намояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

Моддаи 10. Пеш аз муҳлат аз вазифа озод шудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057)

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз муҳлат дар ҳолатҳои зерин аз вазифа озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057):

а) эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1424);

б) қобилияти амалаш маҳдуд, ғайри қобили амал, бедарак ғоибшуда, фавтида эътироф шудани ӯ аз тарафи суд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1424);

в) вайрон гардидани маҳдудиятҳои бо Қонуни мазкур пешбинишуда;

г) қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

д) соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1424);

е) нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1424);

ё) расидан ба синни нафақа (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1424);

ж) риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1424);

з) бо сабаби ба кори дигар гузаштан (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1424);

и) эътибори қонуни пайдо намудани қарори суд дар бораи татбиқ гардидани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1424);

к) ба истеъфо баромадан;

л) вафот.

2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчунин бо сабаби вазъи саломатӣ ё дигар сабабҳои узрнок муддати дуру дароз (на камтар аз чор моҳ пай дар пай) уҳдадориҳои худро иҷро накардани ӯ, берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ рафтани ӯ пеш аз муҳлат аз вазифа озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

3. Дар мавриди пеш аз муҳлат аз вазифа озод шудани Ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон Ваколатдори нав дар муҳлати ду моҳи аз вазифа озод шудани Ваколатдори собиқ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

БОБИ 3. САЛОҲИЯТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН

Моддаи 11. Вазифаҳои асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Вазифаҳои асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мусоидат намудан ба:

а) риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

б) барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд;

в) таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057);

г) такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

д) баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи он;

е) ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 811);

ё) дастрасӣ ба иттилоот, баррасӣ ва санҷиши муроҷиатҳои шахсони воқеӣ оид ба ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1101, аз 30.05.2017 № 1424);

ж) рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тасдиқ кардан ё ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281, аз 20.06.2024 № 2057).

2. Бо мақсади иҷрои вазифаҳои худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумотро аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, инчунин шаҳрвандони алоҳида, воситаҳои ахбори омма ҷамъ ва таҳлил менамояд.

Моддаи 12. Ваколати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Ҳангоми санҷиши шикоят ва амалӣ намудани дигар ваколатҳои худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳақуқ дорад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281):

а) бе монеа ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), корхонаҳо, муассиса ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ, "изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ, марказҳои ҷойгиркунии муҳоҷирони хориҷӣ ё шахсони паноҳҷӯянда, муассисаҳое, ки ёрии иҷтимоӣ, тиббӣ ё равонпизишкӣ мерасонанд ва дигар ҷойҳои маҳдудкунии озодӣ, дигар сохтору муассисаҳои ҳарбӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеанд, ташриф намояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281);

б) аз роҳбарон ва шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон маълумотҳои зарурӣ, ҳуҷҷатҳо ва маводҳоро талаб карда гирад;

в) аз роҳбарон ва шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, оид ба масъалаҳое, ки дар рафти баррасии шикоят муайян карда мешавад, ба истиснои судяҳо нисбати санадҳои судӣ баёнот гирад;

г) мустақилона ё якҷоя бо мақомоти салоҳиятдори давлатӣ, шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ санҷиши фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, "изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ, "изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ, марказҳои ҷойгиркуниии муҳоҷирони хориҷӣ ё шахсони паноҳҷӯянда, муассисаҳое, ки ёрии иҷтимоӣ, тиббӣ ё равонпизишкӣ мерасонанд ва дигар ҷойҳои маҳдудкунии озодӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон гузаронад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281);

д) ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ барои гузаронидани таҳқиқоти экспертӣ оид ба масъалаҳое, ки дар рафти баррасии шикоят муайян карда мешаванд, дастур диҳад;

е) бо парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки вобаста ба онҳо санадҳои судӣ эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, инчунин бо парвандаҳои қатъгашта ё маводе, ки оид ба онҳо аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудааст, бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи маълумотҳое, ки дорои сирри давлатӣ, тафтишотӣ, тиҷоратӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, шинос шуда, аз онҳо маълумоти заруриро рӯйнавис ё нусхабардорӣ кунад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 811).

2. Оид ба масъалаҳои салоҳияти худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҳуқуқи қабули бетаъхир аз ҷониби роҳбарон ва шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин шахсони ҳайати фармондиҳии сохторҳои ҳарбӣ, шахсони ҳайати роҳбарикунандаи тавқифгоҳҳо, маъмурияти ҷойҳои нигоҳдории муваққатӣ ва маҳрумӣ аз озодӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеанд, истифода менамояд.

3. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад дар иҷлосияҳо, ҷаласаҳои якҷоя ва алоҳидаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ иштирок намояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 811).

4. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё бо супориши хаттии ӯ корманди Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ доранд бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисҳои тамоми марҳилаҳои судӣ, аз ҷумла маҷлисҳои пӯшидаи судӣ иштирок намоянд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 811).

5. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон метавонад оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шахсоне, ки бинобар вазъи саломатӣ ё дигар сабабҳои узрнок қобилияти мустақилона истифода бурдани воситаҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои худро надоранд, ба суд ва ё дигар мақомоти дахлдори давлатӣ муроҷиат намояд, аз ҷумла аризаи даъвогӣ пешниҳод кунад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 811).

6. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

Моддаи 13. Ҳуқуқи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба санҷиш бо ташаббуси худ

Ҳангоми гирифтани маълумот оид ба вайронкунии оммавӣ ва ҷиддии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ё дар ҳолатҳои аҳамияти махсуси ҷамъиятӣ доштани ин амалҳо ё марбут ба зарурати ҳифзи манфиатҳои шахсоне, ки қобилияти мустақилонаи истифодаи воситаҳои ҳифзи ҳуқуқи худро надоранд, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад бо ташаббуси худ дар доираи салоҳияташ санҷишҳо гузаронад.

БОБИ 4. ФАЪОЛИЯТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ҶИҲАТИ ТАҚВИЯТИ КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТИИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД

Моддаи 14. Шикоят кардан ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Бо мақсади мусоидат кардан ба барқароркунии ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шикоятҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро (минбаъд муроҷиаткунандагонро) нисбат ба қарор ё амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро вайрон кардаанд, баррасӣ менамояд, агар муроҷиаткунанда нисбат ба ин қарор ё амали (беамалии) ба тариқи судӣ ё маъмурӣ шикоят карда бошад, вале бо қарори оид ба шикояти ӯ қабулгардида розӣ набошад.

2. Шикоят дар шакли хаттӣ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон на дертар аз як сол аз рӯзи вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои муроҷиаткунанда ё аз рӯзе, ки ба ӯ вайрон шудани ин ҳуқуқҳо маълум шудааст, пешниҳод карда мешавад.

3. Муроҷиатҳое, ки дар онҳо ном, номи падар, фамилия ва суроғаи шаҳрванди муроҷиатнамуда зикр нашудаанд ва ё онҳо ба воқеият мувофиқ нестанд, муроҷиатҳои беном буда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд.

Моддаи 15. Мазмуни шикоят

1. Дар шикоят бояд ном, номи падар, фамилия, имзо ва суроғаи муроҷиаткунанда, суроға ва номи мақомот ё шахси мансабдор, ки нисбат ба қарор ё амали (беамалии) ӯ шикоят оварда мешавад, баён намудани моҳияти қарор ё амали (беамалии), ки ба андешаи аризадиҳанда ҳуқуқу озодиҳои ӯро вайрон намудааст ё вайрон мекунад, инчунин нусхаи қароре, ки нисбат ба шикояти бо тариқи судӣ ё маъмурӣ баррасигардида қабул шудааст, пешбинӣ гардад.

2. Шикояте, ки дар он маълумоти кофӣ оид ба моҳияти масъала, ҳалли он ва нусхаи ҳуҷҷатҳо вуҷуд надоранд, ба муроҷиаткунанда бо фаҳмонидани ислоҳи норасоиҳои ҷойдошта баргардонида мешавад.

3. Шикояте, ки бе риояи талаботи қисми 1 моддаи мазкур пешниҳод гардидааст, баррасӣ карда намешавад.

Моддаи 16. Қабули қарор оид ба шикоят

1. Аз рӯи шикояти воридшуда Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад:

а) шикоятро барои баррасӣ қабул намояд;

б) ба муроҷиаткунанда дар бораи воситаҳое, ки ӯ метавонад барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ истифода барад, шарҳ диҳад;

в) ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), шахсони мансабдоре, ки ба салоҳияти онҳо ҳалли шикояти зерин дахл дорад, онро фиристонад;

г) қабули шикоятро барои баррасӣ тибқи қонун рад намояд.

2. Аз рӯи қарори қабулгардида Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба аризадиҳанда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Моддаи 17. Баррасии аризаву шикоятҳо
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057)

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аризаву шикоятҳоро оид ба баҳсҳои байни шахсони воқеӣ (муроҷиаткунандагон), ба истиснои баҳсҳо оид ба ҳолатҳои табъиз, баррасӣ наменамояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

2. Ҳангоми баррасии шикоят Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ва шахсони мансабдор дар бораи мусоидат намудан барои баррасӣ муроҷиат намояд.

3. Санҷиш ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), шахсони мансабдоре, ки нисбати қарор ё амали (беамалии) онҳо шикоят карда мешавад, вогузор карда намешавад.

4. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдорро, ки нисбати қарор ё амали (беамалии) онҳо шикоят карда шудааст, хабардор менамояд, инчунин ба онҳо имконият медиҳад то баёнотҳои худро оид ба масъалаҳои дар раванди санҷиш бавуҷудомада пешниҳод намоянд ва дар маҷмуъ мавқеи худро асоснок намоянд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

5. То қабули қарори ниҳоӣ маводҳое, ки дар натиҷаи баррасии шикоят ҷамъ оварда шудаанд, ошкор карда намешаванд.

6. Оид ба натиҷаи баррасии шикоят Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиаткунандаро дар муҳлати муқаррарнамудаи қонун хабардор менамояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

7. Ҳангоми муайян намудани ҳолати вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои муроҷиаткунанда Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон уҳдадор аст дар доираи салоҳияти худ чораҳо андешад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

Моддаи 17(1). Фаъолият оид ба медиатсия (миёнҷигарӣ)
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057)

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз фаъолияти медиатсия (миёнҷигарӣ)-ро оид ба баҳсҳои табъиз бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

Моддаи 18. Хулосаи Ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон уҳдадор аст ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), шахсони мансабдор, ки дар қарор ё амали (беамалии) онҳо вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муайян карда шудааст, хулосаи худро, ки дорои тавсияҳо нисбат ба имкониятҳо ва чораҳои зарурии барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои мазкур мебошад, ирсол намояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

Моддаи 19. Интишори хулосаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад хулосаи қабулкардаашро интишор намояд.

2. Нашрияҳои даврӣ, ки яке аз муассисони он мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ мебошад, пурра ё қисман аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ҳуқуқи рад намудани интишори хулоса ва дигар ҳуҷҷатҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро надоранд.

Моддаи 20. Муроҷиати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба мақомоти дахлдор оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои вайронкардашудаи муроҷиаткунанда

Аз рӯи натиҷаи баррасии шикоят Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад:

а) ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, оид ба оғоз намудани истеҳсолоти интизомӣ, маъмурӣ ё парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шахси мансабдор ва шахси ба ӯ баробаркардашуда, ки дар қарор ё амали (беамалии) ӯ вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дида мешавад, бо дархост муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1424);

б) ба Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санҷиши санадҳои суд, ки бо тартиби муқарраргардида эътибори қонунӣ пайдо намудааст, муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1424).

Моддаи 21. Муроҷиати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҳолати вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои муроҷиаткунанда бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад бо тартиби муқарраргардидаи қонун ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайян иамудани мутобиқати онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод намояд.

Моддаи 22. Мусоидати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар такмили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дахл доранд, инчунин ба мутобиқсозии онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мусоидат намуда, ҳуқуқ дорад:

а) ба субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ оид ба такмили қонунҳо пешниҳод ирсол намояд;

б) дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дахл доранд, иштирок намояд ва хулоса диҳад;

в) ба мақомот ва шахсони мансабдори ваколатдори давлатӣ оид ба қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳуқуқи инсон ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо пешниҳод ирсол намояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 811).

2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад ва хулосаи худро доир ба мутобиқатии онҳо ба қонунгузорӣ дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

3. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон метавонад ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати додани тавзеҳоти дастурӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 811, аз 20.06.2024 № 2057).

Моддаи 23. Мусоидати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат намуда, ҳуқуқ дорад:

а) оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд иттилоот паҳн намояд;

б) оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ нашрияҳои даврии расмӣ чоп кунад;

в) оид ба такмили стандартҳои таълимии давлатӣ ва барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёна, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии касбӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба муассисаҳои таълимии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ирсол кунад.

Моддаи 24. Маърузаҳои ҳарсолаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057)

Ҳар сол на дертар аз моҳи феврал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи фаъолияти худ ва вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои иисон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

Моддаи 25. Маърузаҳои махсуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057)

1. Оид ба масъалаҳои алоҳидаи вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин дар бораи вазъи риояи ҳуқуқ ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистои, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаҳои махсус ирсол намояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

2. Оид ба маърузаҳои махсус Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон метавонад дар ҷаласаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маълумот баромад намояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

Моддаи 26. Нашри маърузаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057)

1. Маърузаҳои ҳарсолаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нашр карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

2. Маърузаҳои махсус бо қарори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нашр мешаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

БОБИ 5. КАФОЛАТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН

Моддаи 27. Мусоидат ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар амалӣ намудани ваколатҳои он

1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), шахсони мансабдор бояд ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар амалӣ намудани ваколатҳои ӯ мусоидат намоянд, ройгон ва бемамониат мавод ва ҳуҷҷатҳо, маълумоти дигареро, ки барои амалӣ намудани ваколатҳои он зарур аст, пешниҳод намоянд.

2. Мавод ва ҳуҷҷатҳои дархостшуда, дигар маълумот бояд ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон на дертар аз 15 рӯз аз рӯзи гирифтани дархост, агар дар худи дархост муҳлати дигар пешбинӣ нашуда бошад, пешниҳод карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

3. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳо, дигар иттилоот ва маводҳои маълумотӣ, ки расман аз ҷониби дигар мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мешаванд, таъмин карда мешавад.

Моддаи 28. Тартиби ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод намудани иттилооти бо қонун ҳифзшаванда

1. Ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод намудани маълумоте, ки сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар рафти иҷрои ваколати худ ва баъди ба охир расидани муҳлати он ҳуқуқ надорад маълумотҳоро оид ба ҳаёти шахсии муроҷиаткунанда ва дигар шахсон, ки ба ӯ ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ маълум шудаанд, бе розигии хаттии онҳо ошкор намояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

Моддаи 29. Тартиби баррасии хулосаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Шахсони мансабдори ваколатдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки хулосаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро гирифтаанд, уҳдадоранд дар муҳлати як моҳ тавсияҳои дар хулоса зикргардидаро баррасӣ намоянд ва оид ба чораҳои андешидашуда дар шакли хаттӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро хабардор намоянд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои монеъ шудан ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Дахолат кардан ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади таъсир расонидан ба қарорҳои он, иҷро накардани уҳдадориҳо аз ҷониби шахсони мансабдоре, ки Қонуни мазкур муқаррар кардааст, инчунин дар шаклҳои дигар монеъ шудан ба фаъолияти он боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

Моддаи 31. Кафолати ҳуқуқҳои меҳнатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Мансаби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вазифаи сиёсии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

2. Ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баъди ба охир расидани ваколаташ кори пештара ё дар сурати набудани чунин кор, кори баробарарзиш дар ҷои кори аввала ё бо розигии ӯ кор дар дигар ташкилот, ба истиснои вазифаи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва дигар вазифаи интихобии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, пешниҳод карда мешавад.

Моддаи 32. Кафолатҳои моддӣ ва иҷтимоии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Музди меҳнати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

2. Кафолатҳои моддӣ ва иҷтимоии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, таъминот ва хизматрасонии тиббӣ, иҷтимоӣ ва ғайра мутобиқи шароите, ки барои аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, сурат мегирад.

БОБИ 5(1). МУОВИНИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КӯДАК ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281)

Моддаи 32(1). Таъсиси вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281)

Вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак) бо мақсади таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак таъсис дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281).

Моддаи 32(2). Талабот нисбати номзад ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак

(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281)

Ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак шахсе, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад, ки синни ӯ аз 35 кам набуда, забони давлатиро медонад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, сифати баланди касбӣ ва ахлоқӣ мебошад, таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281, аз 30.05.2017 № 1424).

Моддаи 32(3). Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак

(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281)

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин мегардад.

2. Аз вазифа озод намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тибқи тартибе, ки ҚОНУНИ мазкур барои аз вазифа озод намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муқаррар намудааст, амалӣ карда мешавад.

3. Дар сурати набудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вазифаҳои ӯро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак иҷро менамояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281).

Моддаи 32(4). Ба вазифа шуруъ намудан, муҳлати ваколат ва дахлнопазирии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак

(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281)2057

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак пас аз таъин шудан ба вазифа дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мазмуни зайл савганд ёд мекунад:

"Савганд ёд мекунам, ки ҳуқуқу озодиҳои кӯдакро ҳимоя намуда, уҳдадориҳои ба ман ҳамчун Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак вогузоршударо дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бовиҷдонона ва содиқона иҷро менамоям" (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак баъд аз савганд ёд кардан ба вазифа шуруъ менамояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

3. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба муҳлати панҷ сол ба вазифа таъин карда мешавад. Ӯ наметавонад ба ин вазифа бештар аз ду муҳлат пай дар пай таъин карда шавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

4. Дахлнопазирии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тибқи тартибе, ки Қонуни мазкур барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муқаррар намудааст, амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281).

Моддаи 32(5) Маҳдудиятҳо барои ишғоли вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак

(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281)

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳуқуқ надорад вакили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ бошад, дар як вақт шаҳрвандии давлати дигарро соҳиб гардад, вазифаи дигареро ишғол кунад, ба соҳибкорӣ машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1424).

2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак наметавонад ба фаъолияти сиёсӣ машғул шавад, узви ҳизби сиёсӣ ё дигар иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки мақсадҳои сиёсӣ дорад, бошад.

3. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак уҳдадор аст баъд аз таъин шудан вазифаи ба мақоми ӯ номувофиқро дар муддати понздаҳ рӯз қатъ намояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281, аз 20.06.2024 № 2057)

Моддаи 32(6). Салоҳият, фаъолият ва кафолатҳои моддию иҷтимоии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак

(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281)

1. Салоҳият, фаъолият ва кафолатҳои моддию иҷтимоии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тибқи тартибе, ки Қоиуни мазкур барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муқаррар намудааст, дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак амалӣ карда мешавад.

2. Барои таъмини фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори дахлдор таъсис дода мешавад.

Моддаи 32(7). Маърузаҳои ҳарсола ва махсуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак

(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281, аз 20.06.2024 № 2057)

1. Ҳар сол на дертар аз моҳи феврал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар бораи фаъолияти худ ва вазъи риояи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

2. Оид ба масъалаҳои алоҳидаи вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои кӯдак Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳуқуқ дорад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаҳои махсус ирсол намояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

3. Маърузаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тибқи тартибе, ки Қонуни мазкур барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муқаррар намудааст, нашр карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281, аз 20.06.2024 № 2057).

БОБИ 6. ДАСТГОҲИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН

Моддаи 33. Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Барои таъмини фаъолияти вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва амалӣ намудани ваколатҳои ӯ Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода мешавад.

2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахси ҳуқуқӣ буда, дорои суратҳисоб ва дигар ҳисобҳо, муҳру бланкҳо бо номи худ ва тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2057).

3. Кормандони Дастгоҳ хизматчиёни давлатӣ мебошанд.

4. Дастгоҳ таъминоти ҳуқуқӣ, ташкилӣ, илмию таҳлилӣ, иттилоотию ахборотӣ ва дигар фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро амалӣ менамояд.

5. Сохтор ва низомномаи Дастгоҳ, низомномаи воҳидҳои сохтории онро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тасдиқ мекунад.

6. Дар доираи сметаи хароҷот Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷадвали штатии Дастгоҳро тасдиқ мекунад.

7. Оид ба масъалаҳои ташкил ва фаъолияти Дастгоҳ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фармону фармоишҳо қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281).

Моддаи 34. Маблағгузории фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Маблағгузории фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2. Дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар сатри алоҳида маблағҳои зарурии таъмини фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пешбинӣ карда мешаванд.

3. Моликияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ки барои фаъолияти ӯ зарур аст, дар идоракунии оперативии вай буда, моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Моддаи 35. Намояндагиҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281)

1. Барои мусоидат кардан ҷиҳати амалӣ намудани ваколатҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шаванд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281).

2. Низомнома оид ба намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281).

Моддаи 36. Шӯрои ҳамоҳангсоз ва коршиносони назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281)

1. Дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва расонидани ёрии машваратӣ - Шӯрои ҳамоҳангсоз ва коршиносон таъсис дода мешавад.

2. Низомнома ва ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсоз ва коршиносонро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281).

Моддаи 37. Қароргоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Қароргоҳи доимии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе мебошад.

Моддаи 38. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

20 марти соли 2008 № 372

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                         М. Убайдуллоев

ш. Душанбе 6 марти соли 2008 № 453

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуҚуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                            С. Хайруллоев

ш. Душанбе 27 феврали соли 2008 № 902

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 3, мод. 191; с. 2011, №6, мод. 453; с. 2012, №4, мод. 261; с. 2014, №7, қ. 1, мод. 398; с. 2016, №3, мод. 134)

(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 742, аз 16.04.2012 № 811, аз 26.07.2014 № 1101, аз 15.03.2016 № 1281, аз 30.05.2017 № 1424)

Қонуни мазкур бо мақсади дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуки инсон қабул гардида, тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани ваколатдор, салоҳият ва шаклҳои фаъолияти мақомоти мазкурро барои ҳимоя ва инкишофи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон муайян менамояд.

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Таъсиси вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Ваколатдор оид ба ҳуқукӣ инсон) мутобиқи Қонуни мазкур бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, таъсис дода мешавад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Коиститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1424).

Моддаи 3. Мустақилияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳои худ мустақил буда, ба ягон мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдор ҳисоботдиҳанда намебошад.

2. Фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воситаҳои мавҷудаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро пурра намуда, салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатиро, ки ҳуқуқу озодиҳои вайроншударо барқарор менамоянд, бекор ва тағйир намедиҳад.

БОБИ 2. ТАРТИБИ БА ВАЗИФА ТАЪИН ВА АЗ ВАЗИФА ОЗОД НАМУДАНИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН

Моддаи 4. Таъини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин мегардад.

Моддаи 5. Талабот нисбати номзад ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шахсе, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад, синни ӯ аз 35 кам набуда, забони давлатиро медонад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, сифатҳои баланди касбӣ ва ахлоқӣ мебошад, таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 742, аз 30.05.2017 № 1424).

Моддаи 6. Ба вазифа шурӯъ намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пас аз таъин шудан ба вазифа дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мазмуни зайл савганд ёд мекунад:

"Савганд ёд мекунам, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳимоя намуда, ӯҳдадориҳои ба ман ҳамчун Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вогузоршударо дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бовиҷдонона ва содиқона иҷро менамоям".

2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баъд аз савганд ёд кардан ба вазифа шурӯъ менамояд.

Моддаи 7. Мӯҳлати ваколати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба мӯҳлати панҷ сол таъин карда мешавад. ӯ наметавонад ба ин вазифа бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай таъин карда шавад. Мӯҳлати ваколати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баъд аз савганд ёд кардан оғоз мегардад. Ваколати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баъд аз савганд ёд кардани Ваколатдори нав таъингардида қатъ мегардад.

2. Дар бораи таъини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар воситаҳои ахбори омма иттилоъ дода мешавад.

Моддаи 8. Дахлнопазирии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Бе розигии мақомоти таъинкарда ҳабс кардан, дастгир намудан, маҷбуран овардан, кофтуков кардани ӯ мумкин нест, ба истиснои дастгир шудани вай дар ҷои содир намудани ҷиноят. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчунин мавриди кофтукови шахсӣ (азназаргузаронӣ) қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст.

2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро бе розигии мақомоти ӯро таъинкарда ба ҷавобгарии маъмурӣ, ки ба тариқи судӣ таъин карда мешавад, кашидан мумкин нест.

3. Дахлнопазирии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба дохил шудан ба манзил ё ҳуҷраи кории ӯ, ба нақлиёти шахсӣ ё хизматии вай, дар он ҷо гузаронидани кофтуков ё гирифтан, гӯш кардани гуфтугӯи ӯ ва кофтукови шахсии вай, инчунин гирифтани мукотиба, молу мулк ва ҳуҷҷатҳои ӯ паҳн мешавад ва ин амалҳо танҳо бо иҷозати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар иртибот ба парвандаи ҷиноятии оғозгардида нисбати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон сурат гирифта метавонад  (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281).

4. Нисбати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон танҳо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд.

5. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеияти судӣ дорад.

Моддаи 9. Маҳдудиятҳо барои ишғоли вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ надорад вакили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ бошад, дар як вақт шаҳрвандии давлати дигарро соҳиб гардад, вазифаи дигареро ишғол кунад, ба соҳибкорӣ машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1424).

2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон наметавонад ба фаъолияти сиёсӣ машғул шавад, узви ҳизби сиёсӣ ё дигар иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки мақсадҳои сиёсӣ дорад, бошад.

3. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ӯҳдадор аст баъд аз таъин шудан вазифаи ба мақоми ӯ номувофиқро дар муддати понздаҳ рӯз қатъ намояд.

Моддаи 10. Пеш аз мӯҳлат аз вазифа озод шудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз мӯҳлат дар ҳолатҳои зерин аз вазифа озод карда мешавад:

а) эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1424);

б) қобилияти амалаш маҳдуд, ғайри қобили амал, бедарак ғоибшуда, фавтида эътироф шудани ӯ аз тарафи суд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1424);

в) вайрон гардидани маҳдудиятҳои бо Қонуни мазкур пешбинишуда;

г) қать гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

д) соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1424);

е) нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1424);

ё) расидан ба синни нафақа (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1424);

ж) риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1424);

з) бо сабаби ба кори дигар гузаштан (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1424);

и) эътибори қонуни пайдо намудани қарори суд дар бораи татбиқ гардидани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1424);

к) ба истеъфо баромадан;

л) вафот.

2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчунин бо сабаби вазъи саломатӣ ё дигар сабабҳои узрнок муддати дуру дароз (на камтар аз чор моҳ пай дар пай) ӯҳдадориҳои худро иҷро накардани ӯ, берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ рафтани ӯ пеш аз мӯҳлат аз вазифа озод карда мешавад.

3. Дар мавриди пеш аз мӯҳлат аз вазифа озод шудани Ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон Ваколатдори нав дар мӯҳлати ду моҳи аз вазифа озод шудани Ваколатдори собиқ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур таъин карда мешавад.

БОБИ 3. САЛОҲИЯТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН

Моддаи 11. Вазифаҳои асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Вазифаҳои асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мусоидат намудан ба:

а) риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

б) барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд;

в) такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

г) баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи он;

д) ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 811);

е) дастрасӣ ба иттилоот, баррасӣ ва санҷиши муроҷиатҳои шахсони воқеӣ оид ба ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1101, аз 30.05.2017 № 1424);

ё) рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тасдиқ кардан ё ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281).

2. Бо мақсади иҷрои вазифаҳои худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумотро аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, инчунин шаҳрвандони алоҳида, воситаҳои ахбори омма ҷамъ ва таҳлил менамояд.

Моддаи 12. Ваколати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Ҳангоми санҷиши шикоят ва амалӣ намудани дигар ваколатҳои худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳақуқ дорад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281):

а) бе монеа ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), корхонаҳо, муассиса ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ, "изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ, марказҳои ҷойгиркунии муҳоҷирони хориҷӣ ё шахсони паноҳҷӯянда, муассисаҳое, ки ёрии иҷтимоӣ, тиббӣ ё равонпизишкӣ мерасонанд ва дигар ҷойҳои маҳдудкунии озодӣ, дигар сохтору муассисаҳои ҳарбӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеанд, ташриф намояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281);

б) аз роҳбарон ва шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон маълумотҳои зарурӣ, ҳуҷҷатҳо ва маводҳоро талаб карда гирад;

в) аз роҳбарон ва шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, оид ба масъалаҳое, ки дар рафти баррасии шикоят муайян карда мешавад, ба истиснои судяҳо нисбати санадҳои судӣ баёнот гирад;

г) мустақилона ё якҷоя бо мақомоти салоҳиятдори давлатӣ, шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ санҷиши фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, "изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ, "изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ, марказҳои ҷойгиркуниии муҳоҷирони хориҷӣ ё шахсони паноҳҷӯянда, муассисаҳое, ки ёрии иҷтимоӣ, тиббӣ ё равонпизишкӣ мерасонанд ва дигар ҷойҳои маҳдудкунии озодӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон гузаронад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281);

д) ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ барои гузаронидани таҳқиқоти экспертӣ оид ба масъалаҳое, ки дар рафти баррасии шикоят муайян карда мешаванд, дастур диҳад;

е) бо парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки вобаста ба онҳо санадҳои судӣ эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, инчунин бо парвандаҳои қатъгашта ё маводе, ки оид ба онҳо аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудааст, бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи маълумотҳое, ки дорои сирри давлатӣ, тафтишотӣ, тиҷоратӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, шинос шуда, аз онҳо маълумоти заруриро рӯйнавис ё нусхабардорӣ кунад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 811).

2. Оид ба масъалаҳои салоҳияти худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҳуқуқи қабули бетаъхир аз ҷониби роҳбарон ва шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин шахсони ҳайати фармондиҳии сохторҳои ҳарбӣ, шахсони ҳайати роҳбарикунандаи тавқифгоҳҳо, маъмурияти ҷойҳои нигоҳдории муваққатӣ ва маҳрумӣ аз озодӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеанд, истифода менамояд.

3. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад дар иҷлосияҳо, ҷаласаҳои якҷоя ва алоҳидаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ иштирок намояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 811).

4. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё бо супориши хаттии ӯ корманди Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ доранд бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисҳои тамоми марҳилаҳои судӣ, аз ҷумла маҷлисҳои пӯшидаи судӣ иштирок намоянд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 811).

5. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон метавонад оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шахсоне, ки бинобар вазъи саломатӣ ё дигар сабабҳои узрнок қобилияти мустақилона истифода бурдани воситаҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои худро надоранд, ба суд ва ё дигар мақомоти дахлдори давлатӣ муроҷиат намояд, аз ҷумла аризаи даъвогӣ пешниҳод кунад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 811).

Моддаи 13. Ҳуқуқи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба санҷиш бо ташаббуси худ

Ҳангоми гирифтани маълумот оид ба вайронкунии оммавӣ ва ҷиддии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ё дар ҳолатҳои аҳамияти махсуси ҷамъиятӣ доштани ин амалҳо ё марбут ба зарурати ҳифзи манфиатҳои шахсоне, ки қобилияти мустақилонаи истифодаи воситаҳои ҳифзи ҳуқуқи худро надоранд, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад бо ташаббуси худ дар доираи салоҳияташ санҷишҳо гузаронад.

БОБИ 4. ФАЪОЛИЯТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ҶИҲАТИ ТАҚВИЯТИ КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТИИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД

Моддаи 14. Шикоят кардан ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Бо мақсади мусоидат кардан ба барқароркунии ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шикоятҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро (минбаъд муроҷиаткунандагонро) нисбат ба қарор ё амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро вайрон кардаанд, баррасӣ менамояд, агар муроҷиаткунанда нисбат ба ин қарор ё амали (беамалии) ба тариқи судӣ ё маъмурӣ шикоят карда бошад, вале бо қарори оид ба шикояти ӯ қабулгардида розӣ набошад.

2. Шикоят дар шакли хаттӣ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон на дертар аз як сол аз рӯзи вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои муроҷиаткунанда ё аз рӯзе, ки ба ӯ вайрон шудани ин ҳуқуқҳо маълум шудааст, пешниҳод карда мешавад.

3. Муроҷиатҳое, ки дар онҳо ном, номи падар, фамилия ва суроғаи шаҳрванди муроҷиатнамуда зикр нашудаанд ва ё онҳо ба воқеият мувофиқ нестанд, муроҷиатҳои беном буда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд.

Моддаи 15. Мазмуни шикоят

1. Дар шикоят бояд ном, номи падар, фамилия, имзо ва суроғаи муроҷиаткунанда, суроға ва номи мақомот ё шахси мансабдор, ки нисбат ба қарор ё амали (беамалии) ӯ шикоят оварда мешавад, баён намудани моҳияти қарор ё амали (беамалии), ки ба андешаи аризадиҳанда ҳуқуқу озодиҳои ӯро вайрон намудааст ё вайрон мекунад, инчунин нусхаи қароре, ки нисбат ба шикояти бо тариқи судӣ ё маъмурӣ баррасигардида қабул шудааст, пешбинӣ гардад.

2. Шикояте, ки дар он маълумоти кофӣ оид ба моҳияти масъала, ҳалли он ва нусхаи ҳуҷҷатҳо вуҷуд надоранд, ба муроҷиаткунанда бо фаҳмонидани ислоҳи норасоиҳои ҷойдошта баргардонида мешавад.

3. Шикояте, ки бе риояи талаботи қисми 1 моддаи мазкур пешниҳод гардидааст, баррасӣ карда намешавад.

Моддаи 16. Қабули қарор оид ба шикоят

1. Аз рӯи шикояти воридшуда Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад:

а) шикоятро барои баррасӣ қабул намояд;

б) ба муроҷиаткунанда дар бораи воситаҳое, ки ӯ метавонад барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ истифода барад, шарҳ диҳад;

в) ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), шахсони мансабдоре, ки ба салоҳияти онҳо ҳалли шикояти зерин дахл дорад, онро фиристонад;

г) қабули шикоятро барои баррасӣ тибқи қонун рад намояд.

2. Аз рӯи қарори қабулгардида Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба аризадиҳанда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Моддаи 17. Баррасии шикоят

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шикоятҳоро оид ба баҳсҳои байни шаҳрвандон, инчунин шикоятҳои такрорӣ, агар дар онҳо маълумот дар бораи ҳолатҳои нав ошкоршуда набошад, баррасӣ наменамояд.

2. Ҳангоми баррасии шикоят Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ва шахсони мансабдор дар бораи мусоидат намудан барои баррасӣ муроҷиат намояд.

3. Санҷиш ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), шахсони мансабдоре, ки нисбати қарор ё амали (беамалии) онҳо шикоят карда мешавад, вогузор карда намешавад.

4. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдорро, ки нисбати қарор ё амали (беамалии) онҳо шикоят карда шудааст, хабардор менамояд, инчунин ба онҳо имконият медиҳад то баёнотҳои худро оид ба масъалаҳои дар раванди санҷиш бавуҷудомада пешниҳод намоянд ва дар маҷмӯъ мавқеи худро асоснок намоянд.

5. То қабули қарори ниҳоӣ маводҳое, ки дар натиҷаи баррасии шикоят ҷамъ оварда шудаанд, ошкор карда намешаванд.

6. Оид ба натиҷаи баррасии шикоят Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиаткунандаро дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун хабардор менамояд.

7. Ҳангоми муайян намудани ҳолати вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои муроҷиаткунанда Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ӯҳдадор аст дар доираи салоҳияти худ чораҳо андешад.

Моддаи 18. Хулосаи Ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ӯҳдадор аст ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), шахсони мансабдор, ки дар қарор ё амали (беамалии) онҳо вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муайян карда шудааст, хулосаи худро, ки дорои тавсияҳо нисбат ба имкониятҳо ва чораҳои зарурии барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои мазкур мебошад, ирсол намояд.

Моддаи 19. Интишори хулосаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад хулосаи қабулкардаашро интишор намояд.

2. Нашрияҳои даврӣ, ки яке аз муассисони он мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ мебошад, пурра ё қисман аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ҳуқуқи рад намудани интишори хулоса ва дигар ҳуҷҷатҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро надоранд.

Моддаи 20. Муроҷиати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба мақомоти дахлдор оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои вайронкардашудаи муроҷиаткунанда

Аз рӯи натиҷаи баррасии шикоят Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад:

а) ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, оид ба оғоз намудани истеҳсолоти интизомӣ, маъмурӣ ё парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шахси мансабдор ва шахси ба ӯ баробаркардашуда, ки дар қарор ё амали (беамалии) ӯ вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дида мешавад, бо дархост муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1424);

б) ба Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санҷиши санадҳои суд, ки бо тартиби муқарраргардида эътибори қонунӣ пайдо намудааст, муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1424).

Моддаи 21. Муроҷиати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҳолати вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои муроҷиаткунанда бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад бо тартиби муқарраргардидаи қонун ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайян иамудани мутобиқати онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод намояд.

Моддаи 22. Мусоидати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар такмили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дахл доранд, инчунин ба мутобиқсозии онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мусоидат намуда, ҳуқуқ дорад:

а) ба субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ оид ба такмили қонунҳо пешниҳод ирсол намояд;

б) дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дахл доранд, иштирок намояд ва хулоса диҳад;

в) ба мақомот ва шахсони мансабдори ваколатдори давлатӣ оид ба қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳуқуқи инсон ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо пешниҳод ирсол намояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 811).

2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон метавонад ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати додани тавзеҳоти дастурӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 811).

Моддаи 23. Мусоидати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат намуда, ҳуқуқ дорад:

а) оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд иттилоот паҳн намояд;

б) оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ нашрияҳои даврии расмӣ чоп кунад;

в) оид ба такмили стандартҳои таълимии давлатӣ ва барномаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёна, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии касбӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба муассисаҳои таълимии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ирсол кунад.

Моддаи 24. Маърӯзаи ҳарсолаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Ҳар сол на дертар аз моҳи феврал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи фаъолияти худ ва вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои иисон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза ирсол менамояд.

Моддаи 25. Маърӯзаи махсуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Оид ба масъалаҳои алоҳидаи вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳуқуқ дорад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистои, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳои махсус ирсол намояд.

2. Оид ба маърӯзаи махсус Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон метавонад дар ҷаласаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маълумот баромад намояд.

Моддаи 26. Интишори маърӯзаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Маърӯзаи ҳарсолаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нашр карда мешавад.

2. Маърӯзаи махсус метавонад бо қарори Ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон нашр шавад.

БОБИ 5. КАФОЛАТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН

Моддаи 27. Мусоидат ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар амалӣ намудани ваколатҳои он

1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), шахсони мансабдор бояд ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар амалӣ намудани ваколатҳои ӯ мусоидат намоянд, ройгон ва бемамониат мавод ва ҳуҷҷатҳо, маълумоти дигареро, ки барои амалӣ намудани ваколатҳои он зарур аст, пешниҳод намоянд.

2. Мавод ва ҳуҷҷатҳои дархостшуда, дигар маълумот бояд ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон на дертар аз 15 рӯз аз рӯзи гирифтани дархост, агар дар худи дархост мӯҳлати дигар пешбинӣ нашуда бошад, пешниҳод карда шаванд.

3. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳо, дигар иттилоот ва маводҳои маълумотӣ, ки расман аз ҷониби дигар мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мешаванд, таъмин карда мешавад.

Моддаи 28. Тартиби ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод намудани иттилооти бо қонун ҳифзшаванда

1. Ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи иисон пешниҳод намудани маълумоте, ки сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар рафти иҷрои ваколати худ ва баъди ба охир расидани мӯҳлати он ҳуқуқ надорад маълумотҳоро оид ба ҳаёти шахсии муроҷиаткунанда ва дигар шахсон, ки ба ӯ ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ маълум шудаанд, бе розигии хаттии онҳо ошкор намояд.

Моддаи 29. Тартиби баррасии хулосаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Шахсони мансабдори ваколатдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки хулосаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро гирифтаанд, ӯҳдадоранд дар мӯҳлати як моҳ тавсияҳои дар хулоса зикргардидаро баррасӣ намоянд ва оид ба чораҳои андешидашуда дар шакли хаттӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро хабардор намоянд.

Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои монеъ шудан ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Дахолат кардан ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади таъсир расонидан ба қарорҳои он, иҷро накардани ӯҳдадориҳо аз ҷониби шахсони мансабдоре, ки Қонуни мазкур муқаррар кардааст, инчунин дар шаклҳои дигар монеъ шудан ба фаъолияти он боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Моддаи 31. Кафолати ҳуқуқҳои меҳнатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Мансаби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вазифаи сиёсии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

2. Ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баъди ба охир расидани ваколаташ кори пештара ё дар сурати набудани чунин кор, кори баробарарзиш дар ҷои кори аввала ё бо розигии ӯ кор дар дигар ташкилот, ба истиснои вазифаи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва дигар вазифаи интихобии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, пешниҳод карда мешавад.

Моддаи 32. Кафолатҳои моддӣ ва иҷтимоии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Музди меҳнати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

2. Кафолатҳои моддӣ ва иҷтимоии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, таъминот ва хизматрасонии тиббӣ, иҷтимоӣ ва ғайра мутобиқи шароите, ки барои аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, сурат мегирад.

БОБИ 5(1). МУОВИНИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КӯДАК ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281)

Моддаи 32(1). Таъсиси вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281)

Вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак) бо мақсади таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак таъсис дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281).

Моддаи 32(2). Талабот нисбати номзад ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак

(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281)

Ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак шахсе, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад, ки синни ӯ аз 35 кам набуда, забони давлатиро медонад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, сифати баланди касбӣ ва ахлоқӣ мебошад, таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281, аз 30.05.2017 № 1424).

Моддаи 32(3). Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак

(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281)

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин мегардад.

2. Аз вазифа озод намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тибқи тартибе, ки ҚОНУНИ мазкур барои аз вазифа озод намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муқаррар намудааст, амалӣ карда мешавад.

3. Дар сурати набудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вазифаҳои ӯро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак иҷро менамояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281).

Моддаи 32(4). Ба вазифа шурӯъ намудан, мӯҳлати ваколат ва дахлнопазирии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак

(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281)

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак пас аз таъин шудан ба вазифа дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мазмуни зайл савганд ёд мекунад:

"Савганд ёд мекунам, ки ҳуқуқу озодиҳои кӯдакро ҳимоя намуда, ӯҳдадориҳои ба ман ҳамчун Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак вогузоршударо дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бовиҷдонона ва содиқона иҷро менамоям".

2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак баъд аз савганд ёд кардан ба вазифа шурӯъ менамояд.

3. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба мӯҳлати панҷ сол ба вазифа таъин карда мешавад. ӯ наметавонад ба ин вазифа бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай таъин карда шавад.

4. Дахлнопазирии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тибқи тартибе, ки Қонуни мазкур барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муқаррар намудааст, амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281).

Моддаи 32(5) Маҳдудиятҳо барои ишғоли вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак

(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281)

1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳуқуқ надорад вакили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ бошад, дар як вақт шаҳрвандии давлати дигарро соҳиб гардад, вазифаи дигареро ишғол кунад, ба соҳибкорӣ машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1424).

2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак наметавонад ба фаъолияти сиёсӣ машғул шавад, узви ҳизби сиёсӣ ё дигар иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки мақсадҳои сиёсӣ дорад, бошад.

3. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ӯҳдадор аст баъд аз таъин шудан вазифаи ба мақоми ӯ номувофиқро дар муддати понздаҳ рӯз қатъ намояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281).

Моддаи 32(6). Салоҳият, фаъолият ва кафолатҳои моддию иҷтимоии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак

(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281)

1. Салоҳият, фаъолият ва кафолатҳои моддию иҷтимоии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тибқи тартибе, ки Қоиуни мазкур барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муқаррар намудааст, дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак амалӣ карда мешавад.

2. Барои таъмини фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори дахлдор таъсис дода мешавад.

Моддаи 32(7). Маърӯзаҳои ҳарсола ва махсуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак

(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281)

1. Ҳар сол на дертар аз моҳи феврал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар бораи фаъолияти худ ва вазъи риояи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза ирсол менамояд.

2. Оид ба масъалаҳои алоҳидаи вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои кӯдак Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳуқуқ дорад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳои махсус ирсол намояд.

3. Маърӯзаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тибқи тартибе, ки Қонуни мазкур барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муқаррар намудааст, нашр карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1281).

БОБИ 6. ДАСТГОҲИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН

Моддаи 33. Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

1. Барои таъмини фаъолияти вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва амалӣ намудани ваколатҳои ӯ Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода мешавад.

2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахси ҳуқуқӣ буда, дорои суратҳисоб ва дигар ҳисобҳо, мӯҳру бланкҳо бо номи худ ва тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.