×

Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008, № 98

Санаи амалкуни: 31.12.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 марти соли 2008 № 98

тасдиқ шудааст

Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 794)

Муқаддима

Зарурати қабули Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Консепсия) аз он бармеояд, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ шаклҳои нави моликият- ба воситаҳои истеҳсолот ба вуҷуд меоянд ва системаи мувофиқи ташкили пардохти музди меҳнати кормандон, ҷорӣ намудани муносибати якхела ба таъсиси танзими системаи ташкил ва пардохти музди меҳнат дар шароити иқтисоди бозорӣ, муайян кардани сатҳи воқеии музди меҳнат ва тақвият додани вазифаҳои ҳавасмандкунанда, танзимкунанда ва иҷтимоии онро талаб менамоянд.

Дар шароити бозори озод нақши давлат дар соҳаи танзими пардохти меҳнат, асосан аз муқаррар намудани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат ҳамчун кафолати такрористеҳсоли мӯътадили қувваи корӣ мутобиқи ҳаҷм ва сифати меҳнати сарфшуда, танзими андоз ва тартиби умумии индексатсияи музди меҳнат, таъмини кафолатҳои тибқи қонунгузорӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ муқарраргардида иборат аст.

Ҳамин Консепсия ба таҳлили тамоюли ҷории суботи вазъи макроиқтисодӣ, таҷрибаи идоракунии дар марҳалаи гузариш андӯхтаи дастгоҳи давлатӣ асос ёфта, мақсад, вазифаҳои мушаххас ва мӯҳлати татбиқи низоми такмилёфтаи ташкили пардохти музди меҳнати кормандони тамоми соҳаҳои иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.

1. Вазъи кунунии низоми ташкили пардохти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санади асосии қонунгузории кишвар-Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои моддаҳое ҳаст, ки пурра ва ба таври мушаххас масъалаҳои меҳнат, аз ҷумла музди меҳнатро инъикос мекунанд. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи муқаррароти асосии меҳнатро инъикос намуда, ҳуҷҷати асосии танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҷиҳати танзими музди меҳнати кормандон (ба хусус кормандони соҳаи буҷетӣ) бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 1993 № 487 Ҷадвали ягонаи тарифии музди меҳнат ҷорӣ карда шуд, ки он асоси системаи тарифӣ мебошад. Ҷадвали мазкур тақсимбандии 18 дараҷаҳои тарифӣ ва музди меҳнати ҳамаи гурӯҳои кормандонро аз дараҷаи коргарӣ то роҳбари ташкилот ифода мекунад. Вале солҳои охир, музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷетӣ бо фармонҳои алоҳидаи марбутаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.

Музди меҳнати кормандони ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ аз ҷониби соҳибмулки корхона, дар доираи созишномаҳои соҳавӣ, шартномаҳои коллективӣ ва шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ муайян карда шуда, бо системаи амалкунандаи андозбандии фоидаи (даромади) корхона танзим мешавад.

Дар шароити гузариш ба бозори озод ва зиёд шудани ҳуқуқи ташкилотҳо дар масъалаҳои музди меҳнат, андозаи тарифҳо (моҳонаҳо), системаи мукофотонӣ ва тартиби пардохти иловапулиҳо (подош) барои собиқаи кор дар шартномаҳои коллективӣ муайян карда мешаванд.

Дар шартномаҳои мехнатӣ мумкин аст, андозаҳои нисбат ба андозаҳои пешбининамудаи шартномаҳои коллективӣ баландтари музди меҳнат муқаррар карда шаванд. Ҳаҷми мушаххаси пардохтҳои подоширо корфармо аз рӯи натиҷаҳои кори корманд муайян мекунад.

Бояд тазаккур дод, ки музди меҳнат арзиши аз ҳама муҳим дар иқтисодиёт маҳсуб гардида, дар маҷмӯъ манбаъи ягонаи (ё асосии) даромад мебошад.

Дар баробари ин, дар шароити кунунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мисли кишварҳои дигари - иқтисодаш интиқолӣ, музди меҳнат дорои тамоюли тафриқа аз рӯи минтақаҳо, соҳаҳо ва шароити меҳнат мебошад. Ба таври мисол, ҳаҷми музди меҳнат дар шаҳри Душанбе нисбат ба вилояти Хатлон баландтар аст; дар ташкилотҳои алоқа нисбат ба муассисаҳои кишоварзӣ дар маҷмӯъ зиёдтар аст; кормандони ташкилотҳои суғурта, молия ва таъминоти нафақа аз кормандони мақомоти идоракунӣ зиёдтар маош мегиранд; маоши муаллимони макотиби давлатӣ нисбат ба маоши муаллимони муассисаҳои таълимии хусусӣ пасттар мебошад.

Аз ҳамин ҷиҳат, ҳадафи Консепсияи мазкур аз муайян намудани проблемаҳои дар соҳаи ислоҳоти соҳаи музди меҳнат то ин замон бавуҷудомада ва пешбинӣ намудани роҳҳои ҳалли онҳо иборат аст.

2. Мақсад ва вазифаҳои Консепсия

Мақсади асосии Консепсия ба вуҷуд овардани механизми муносиби танзими музди меҳнат, таъмини амалкарди вазифаҳои таҷдидкунанда, ҳавасмандсозанда, батанзимдароранда ва иҷтимоии музди меҳнат мебошад.

Консепсия дар марҳилаи ҳозираи рушди иқтисоди кишвар бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:

-ташкили усули пардохти музди меҳнат аз рӯи хароҷот ва натиҷаҳо;

-ҳавасмандгардонии ҳиссаи ҳар як корманд дар баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат;

-баланд бардоштани сатҳи музди меҳнат дар асоси афзоиши самаранокии истеҳсолот;

-таъмини ҳавасмандии моддии кормандон дар баландбардории самаранокии меҳнат;

-баланд бардоштани ҷолибияти хизмати давлатӣ барои мутахассисони ҷавон (соҳибкасбон);

-таҳияи шартҳо ва муайянкунии андозаи изофапулиҳо барои комёбиҳои алоҳидаи кормандон ва мутахассисон;

-баланд бардоштани қобилияти харидории аҳолӣ.

Вазифаҳои асосии Консепсия:

-омода кардани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои муайян кардани андоза, тартиб ва шартхои муқаррар намудани ҳадди ақали музди меҳнат ва ҳисоби ҳадди ақали зиндагӣ;

-баланд бардоштани сатҳи музди меҳнати воқеии кормандони ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд;

-ташкили системаи музди меҳнати кормандони ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар асоси Ҷадвали ягонаи тарифӣ;

-бартараф кардани тафриқаи беасоси байниминтақавӣ ва байнисоҳавии музди меҳнат;

-такмил ва густариши механизмҳои шарикии иҷтимоӣ ҷиҳати танзими музди меҳнат;

-баланд бардоштани нақш ва моҳияти меъёрбандии меҳнат дар системаи музди меҳнат;

-таҳияи механизми пардохти ҷуброн ба кормандон барои сари вақт нагирифтани музди меҳнат.

3. Механизми танзими музди меҳнат

Механизми танзими музди меҳнат ба тавъамкунии се унсур меёбад:

- танзими давлатӣ;

- танзими шартномавӣ;

- танзими бозорӣ.

Нақшаи механизм:

+--------------------+-+---------------------------------------------ҷ
| Танзими давлатӣ:   | | Танзим дар асоси созишномаҳо ва шартномаҳои |
|                    | |                  коллективӣ:                |
+--------------------+ +---------------------------------------------+
|1. Сатҳи умумиҷумҳу-| |1. Созишномаи генералӣ                       |
|риявии ҳадди ақали  | |ӯҳдадориҳоро дар соҳаи пардохти музди меҳнат,|
|музди меҳнат:       | |баланд бардоштани андозаи ҳадди ақали музди  |
|2. Сиёсати андоз;   | |меҳнат, тартиби индексатсияи он, ҷубронпулиҳо|
|3. Танзими шартнома-| |ва иловапулиҳоро муайян менамояд.            |
Жҳои коллективӣ дар  | |2. Созишномаҳои соҳавӣ:                      |
|заминаи қонунгузо-  | |- андозаҳои ҳадди ақали меъёрҳои тарифии     |
|рӣ;                 | |соҳавиро аз рӯи гурӯҳҳои касбӣ-тахассусӣ     |
|4.Муқаррарсозии     | |муайян мекунанд;                             |
|лимитҳои шумора ва  | |- шаклҳо ва системаи музди меҳнатро муқаррар |
|фонди музди меҳнати | |менамоянд;                                   |
|корхонаҳо ва муасси-| |- иловапулӣ ва пардохтхои иловагиро муайян   |
|саҳое, ки аз буҷети | |мекунанд;                                    |
|давлатӣ маблағгузорӣ| |- тарзи индексатсияи музди меҳнатро муайян   |
|карда мешаванд.     | |менамоянд;                                   |
|                    | |- андозаи пардохтҳои иҷтимоӣ ва имтиёзҳоро   |
|                    | |муқаррар мекунанд.                           |
|                    | |3. Созишиомаҳои минтақавӣ:                   |
|                    | |- шартҳои пардохти музди меҳнати хусусияти   |
|                    | |минтақавидоштаро муқаррар мекунанд;          |
|                    | |- шароити мавҷудаи иқтисодӣ-иҷтимоии         |
|                    | |меҳнатиро тағйир медиҳанд.                   |
|                    | |4. Шартномаҳои коллективӣ:                   |
|                    | |-  ӯҳдадориҳои созишномаҳоеро, ки дар сатҳи  |
|                    | |болотар қабул гардидаанд, мушаххастар ва     |
|                    | |пурратар мегардонанд;                        |
|                    | |- бо назардошти имкониятҳои молиявии ташкилот|
|                    | |- ставкаҳои тарифӣ;                          |
|                    | |- андозаи иловапулӣ ва пардохтҳои иловагӣ;   |
|                    | |- тартиби индексатсияи музди меҳнат;         |
|                    | |- системаи ширкат дар фоида ва сармояи       |
|                    | |саҳҳомӣ;                                     |
|                    | |- андозаҳои пардохтҳои иҷтимоӣ ва имтиёзҳоро |
|                    | |муайян мекунанд.                             |
|                    | |5. Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ:            |
|                    | |- андозаи мушаххаси меъёри тарифӣ ё маоши    |
|                    | |вазифавиро бо назардошти ихтисосу тахассус   |
|                    | |ва пардохтҳои иловагӣ, иловапулӣ ва          |
|                    | |пардохтҳои ҳавасмандсозиро муайян мекунад.   |
+--------------------+-+---------------------------------------------+
+--------------------------------------------------------------------ҷ
|                    Танзими бозории музди мехнат                    |
|          Сатҳи миёнаомории музди меҳнати кормандони ҳамаи          |
|           сохаҳои иқтисоди ҷумҳуриро ба эътибор мегирад.           |
+--------------------------------------------------------------------+

3.1. Танзими давлатӣ

Танзими давлатӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ бештар хусусияти ғайримустақим дорад. Вазифаи асосии давлат таъмин намудани сатҳи ҳадди ақали даромадҳои аҳолӣ мебошад. Барои ҳамин тавассути санадҳои давлатӣ сиёсати муносиби андоз ба амал бароварда шуда, андозаҳои ҳадди ақали музди меҳнат муқаррар мегарданд ва корфармоён вазифадоранд, ки онҳоро риоя кунанд ва бо афзоиши нархҳо индексатсия намоянд.

Танзими бевоситаи музди меҳнат аз ҷониби давлат фақат дар муассисаҳои бахши давлатии иқтисод бо роҳи фароҳам сохтани шароити қобили қабул барои шарикии иҷтимоӣ, фаъолияти иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои корфармоён, таъмини ҳимояи музди меҳнат ва ширкати кормандони кироя дар даромадҳо амалӣ мегардад.

Аммо дар ин сурат ҳам он маҳдуд аст, зеро ки бештари корхонаҳо бо тарзи хоҷагидории қисман мустақил ва талофият амал намуда, дар рақобати бозор иштирок мекунанд. Қиёспазирии сатҳҳо ва таносуб дар пардохт, ки амалан дар бозори меҳнат ба вуҷуд омадаанд, аз усулҳои асосии сиёсати музди меҳнати онҳо ва сохтори муассисаҳои ҳисоби хоҷагӣ маҳсуб меёбанд.

Дар давраи таварруми шиддатнок ва бӯҳронҳо давлат ҳуқуқ дорад, ки музди меҳнатро ба воситаи муқаррар кардани ҳадди болоии афзоиши он вобаста ба болоравии ҳосилнокии меҳнати ҷамъиятӣ (ҳаҷми истеҳсолот), ё бо роҳи муайян намудани тартиб ва андозаи индексатсияи он мутобиқи афзоиши нарх танзим кунад.

Мақомоти давлатии идораи меҳнат таснифоти намунавии тахассусҳои коргарон ва хизматчиёнро ҷиҳати муқаррар намудани дараҷаҳои тарифӣ ва коэффитсиентҳои тарифии ҷавобгӯи стандарти байналмилалӣ таҳия менамоянд.

Ба дараҷаҳои тарифии муайян (ба вазифаҳо) мансуб донистани корҳои иҷрошаванда ва ба кормандони кироя додани тахассусҳои мувофиқ тибқи тартиби муқаррарнамудаи шартномаи коллективӣ (созишнома) ё корфармо аз рӯи Маълумотномаи ягонаи тарифӣ - тахассусии корҳо ва касбҳои коргарон, Маълумотномаи ягонаи тахассусии вазифавии роҳбарон, мутахассисон ва хизматчиён, инчунин дигар маълумотномаҳои тахассусии бо тартиби муқаррарӣ тасдиқгардида амалӣ мегардад.

Бинобар ин, корфармо дар вақти ба дараҷаҳои муайяни тарифӣ марбут донистани корҳои мушаххасан иҷрокардаи кормандони кироя ва ба онҳо додани дараҷаҳои тарифӣ вазифадор аст, ки меъёрҳои Маълумотномаи ягонаи тарифӣ - тахассусиро, ки дар он вобаста ба соҳа мисолҳои зиёд такрор мегарданд ва вобаста ба мураккабияташон ба ин ё он дараҷаи тарифӣ тааллуқ доранд, ба роҳбарӣ гирад. Тартиби ба дараҷаҳои тарифӣ марбут донистани корҳо дар ташкилоти мушаххас дар шартномаи коллективӣ қайд мегардад ва мақоми махсуси ташкилот (шӯъбаи меҳнат ва пардохти музди меҳнат) ё корманди махсус (меъёргар) ба ин кор машғул мебошанд.

Дохил намудани роҳбарони зерсохторҳо (шӯъбаҳо, цехҳо ва участкаҳо) бо тахассуси мувофиқ, низ мувофиқи Маълумотномаи тахассусии вазифавӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо супориши он аз ҷониби дигар мақомоти салоҳиятдор Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, сурат мегирад.

Мутобиқ ба ҳар як дараҷа аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ коэффитсиент муқаррар карда шудааст. Маошҳои вазифавӣ бо роҳи зарб задани меъёри дараҷаи якум ба коэффитсиенти тарифӣ муайян карда мешаванд.

Ба соҳаҳои аз буҷет маблағгузоришаванда дохил намудани вазифаҳои хизматчиён вобаста ба вазифаи ишғолнамуда аз рӯи воҳидҳои корӣ ва андозаи музди меҳнат аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

3.2. Танзими шартномавии музди меҳнат

Танзими тамоми масъалаҳои музди меҳнатро дар бахши ҳисоби хоҷагӣ музокироти коллективии байни корфармоён (соҳибкорон), иттифоқҳои касаба ва мақомоти ҳокимияти иҷроия пешбинӣ мекунад. Ҳамаи онҳо субъектҳои баробарҳуқуқи мушоракати иҷтимоӣ маҳсуб меёбанд:

- аз номи корфармоён (иттиҳодияи корфармоён) - роҳбарони ташкилотҳо ва дигар намояндагони ваколатдори онҳо, мутобиқи низомномаи ташкилот ё дигар санадҳои ҳуқуқӣ, ашхоси ваколатдори мақомоти иттиҳодияҳои корфармоён;

- аз номи кормандони кироя - иттифоқҳои касаба дар шахси мақомоти интихобии дахлдор, ё мақомоти махсуси намояндагии ваколатдори меҳнаткашон;

- аз номи мақомоти иҷроия - Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти дахлдори идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ.

Музокирот дар сатҳи умумиҷумҳуриявӣ, соҳавӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявию минтақавӣ ва дар сатҳи ташкилотҳо сурат мегирад.

Дар натиҷа созишнома ва шартномаҳои коллективии эътибори ҳуқуқидошта баста мешаванд, ки иҷрои онҳо барои тарафҳо ҳатмӣ мебошад.

Дар мавриди бастани созишномаҳо дар тамоми сатҳҳо, аз он ҷумла шартномаҳои коллективӣ, мавзӯъҳои асосии ҷараёни музокирот ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, муайян намудани шароити меҳнат ва пардохти ҳаққи меҳнат, ҳифзи меҳнат, кироя, аз кор озодшавӣ ва шуғли кормандон, кафолатҳои иҷтимоӣ ва имтиёзҳо, иловапулиҳои хусусияти ҷубронидошта ва танзими муносибатҳои байни субъектҳои шарикии иҷтимоӣ мебошанд. Барои ташкили пардохти музди меҳнат низоми тарифии пардохти музди меҳнат заминаи асосӣ маҳсуб меёбад. Дар асоси он сатҳи музди меҳнат ташаккул ёфта, тафриқаи байнитахассусӣ, байникасбӣ ва байнивазифавии он таъмин мегардад.

Ҷадвали ягонаи тарифӣ на танҳо кафолати давлатии ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самти тафриқабандии пардохти музди меҳнати гурӯҳҳои тахассусии кормандони кироякор маҳсуб меёбад, он инчунин механизми муассири аз байн бурдани тафриқа дар пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият, ба ҳисоб меравад.

Ҳангоми бо айби яке аз тарафҳо ба иҷро нарасидани нуқтаҳои шартнома тарафи дигар хақ дорад, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон даъворо дар бораи талофии зарари моддии бар асари он расонидашуда пешниҳод намояд.

3.3. Танзими бозории музди меҳнат

Баҳогузории бозории сатҳи музди меҳнати кормандони соҳаҳо ва шаклҳои гуногуни фаъолият барои муайян намудани сатҳи миёнаомории музди меҳнат дар ҷомеа истифода бурда мешавад. Барои ҳисобу китоб намудани ин нишондиҳанда муассисаҳои шакли моликияташон гуногун ба мақомоти омори давлатӣ маълумотро дар бораи теъдоди рӯйхатӣ ва воқеии ба кор машғулбудагон ва фонди ҳисобишудаи музди меҳнат пешниҳод менамоянд. Мақомоти давлатӣ оид ба меҳнат маълумоти аз мақомоти омори давлатӣ бадастовардаро омӯхта, таҳлил менамояд ва онро ҳангоми муқаррар намудани арзиши қувваи корӣ аз рӯи соҳаҳо ва дараҷаи кормандон истифода мебарад.

Корфармоён ишондиҳандаи миёнаи сатхи музди мехнатро барои муайян намудани хадди музди мехнати ҳар як дараҷаи коргар ва вазифаи хизматчиву роҳбар ҳамчун асос истифода менамоянд.

Музди меҳнати миёнаоморӣ баҳои ҷамъиятиро воқеъбинона инъикос намуда, ҳамчун воситаи таъмини маоши баробар барои меҳнати баробарарзиш дар шароити баробари истеҳсолӣ хизмат менамояд.

Тамоми субъектҳои хоҷагидор бояд ин усулро риоя намоянд, зеро ки он имконият медиҳад: аввалан, аз афзоиши беасоси музди меҳнат ба таври оқилона ҷилавгирӣ карда шавад; сониян, пеши роҳи корро тарк намудани мутахассисони соҳибихтисос гирифта шавад.

Мутобиқсозии фаъолияти корфармоён дар танзими афзоиши музди миёнаи меҳнат тавассути иттиҳодияҳои корфармоён сурат мегирад.

Иттиҳодияи корфармоён сиёсати мувофиқашудаи созишномаҳои меҳнатиро коркард намуда, масъалаҳои афзоиши қобили қабули музди меҳнатро дар заминаи зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсолот ҳаллу фасл мекунад ва имкон намедиҳад, ки суръати афзоиши музди меҳнат аз суръати афзоиши ҳосилнокии мехнат, ё ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда зиёдтар гардад.

Фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён бояд ба он мусоидат намояд, ки яку якбора пасту баландшавӣ дар андозаи музди меҳнати соҳаҳо ва муассисаҳо рух надиҳад.

3.4. Ваколатҳои ҳокимияти қонунгузор, иштирокчиёни музокироти коллективӣ, тарафҳои шартномаҳои (қарордоди) меҳнатӣ дар ҳалли масъалаҳои пардохти музди меҳнат

Дар шароити иқтисоди бозорӣ танзими музди меҳнат асосан хусусияти ғайримарказӣ дорад, дар ин робита талабот ба муайян намудани ваколатҳои қонунгузор, иштирокчиёни музокироти коллективӣ ва тарафҳои шартномаҳои (қарордоди) меҳнатӣ дар ҳалли масъалаҳои пардохти музди меҳнат ба миён меояд.

Аз рӯи зарурияти ҳимояи коргари кироя, ки ӯ тарафи нисбатан заифи муносибатҳои меҳнатӣ мебошад, бо тартиби қонунгузорӣ бояд муқаррар карда шаванд:

- андозаи ҳадди ақали музди меҳнат ва тартиби аз нав дида баромадани он;

- қоидаҳои асосии марбут ба муқаррар намудани системаи пардохти музди меҳнат, ташкили меъёрбандии меҳнат ва муайян намудани шаклҳои ҳавасмандгардонии моддӣ;

- ҳуқуқи кормандон ба музди меҳнат ва ҳифзи ин ҳуқуқ;

- тартиби пардохти рухсатиҳои меҳнатии ҳарсола;

- ӯҳдадории корфармоён, мақомоти ҳокимияти иҷроия ва мақомоти худидораи маҳаллӣ ҷиҳати доир намудани музокироти коллективӣ, бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, аз он ҷумла оид ба масъалаҳои муқаррар намудани шартҳои пардохти музди меҳнат;

- механизми бартарафсозии мухолифатҳое, ки ҳангоми бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пайдо мешаванд ва ҷавобгарии ашхоси мансабдор барои вайрон кардани шартҳо ва талаботи қонунгузорӣ дар масъалаҳои сари вақт ва пурра пардохт намудани музди меҳнат;

- пардохтҳои кафолатнок ва ҷубронӣ (барои кор дар шароити номусоиди табиию иқлимӣ, кор дар шароити зарарноку вазнини меҳнат, зиёда аз вақти муқаррарӣ кор кардан, кор дар рӯзҳои истироҳату идҳо, барои корҳои шабона, ҳангоми дуҷоякорӣ ва ғайра);

- тартиби пардохти музди меҳнат ба кормандони ноилоҷ ба кор ҳозир нашуда, ба кори пештара барқароршуда, ғайриқонунӣ озодгардида ё ба кори дигар гузаронидашуда;

- тартиби ҷуброни зарар ба корманд, ки дар натиҷаи сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнат расидааст;

- тартиби индексатсияи музди меҳнат вобаста ба таваррум ва мутобиқсозии он ба васеъ гардидани доираи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва манзилии пулакӣ, инчунин имконоти буҷети давлатӣ;

- дохил намудани музди меҳнат ба хароҷоти истеҳсолӣ ва ворид кардани хароҷот ба арзиши аслии маҳсулот;

- муайян намудани нақшаҳои ҷадвали воҳидҳои корӣ, фонди музди меҳнат ва теъдоди кормандон дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд;

- низоми андозбандии шахсони воқеӣ.

4. Такмил додани ҷадвалҳои тарифӣ ва нақшаҳои маошҳои вазифавӣ

Ҷадвалҳои тарифӣ ва нақшаҳои маошҳои вазифавии мутахассисон ва хизматчиён воситаҳои тафриқабандии андозаи хаққи меҳнат вобаста ба мураккабияти он ва тахассуси кормандон ба ҳисоб мераванд. Ҷиҳати ҳавасмандсозии рушди тахассус онҳоро пайваста бояд такмил дод ва инро дар заминаи ҷадвалҳои тарифӣ ва нақшаҳои амалкунанда ё бо роҳи таҳияи ҷадвали ягонаи тарифии якхела барои коргарон, мутахассисон ва хизматчиён амалӣ намудан мумкин аст.

Ҳадди ақали музди меҳнат, ки ба ҳадди ақали зиндагӣ мутобиқ мебошад, асоси Ҷадвали ягонаи тарифӣ ташкил медиҳад.

То омода намудани он дар давраи гузариш имкони ба ҷойи ҷадвалҳои тарифӣ ва нақшаҳои маошҳои вазифавии мавҷуда истифода бурдани меъёрҳои ягонаи тарифии ҷудогона барои коргарон, мутахассисон ва хизматчиён вуҷуд дорад.

Тафриқабандии меъёрҳо ва маошҳо дар Ҷадвали ягонаи тарифи бо усулҳои гуногун, аз он ҷумла тавассути ҳисобу китоби "сабади истеъмолӣ", коэффитсиентҳои тарифӣ ё иловапулиҳои тағйирнаёбанда ба меъёр ва маоши вазифавӣ ноил шудан мумкин аст.

Бо мақсади сарфаи маблағҳо барои пардохти музди меҳнат Ҷадвали ягонаи тарифӣ, ки бо ёрии коэффитсиентҳои ботадриҷ аз дараҷа ба дараҷа афзоишёбанда ҳисоб карда шудааст, воситаи дуруст мебошад. Ғайр аз ин, ҳангоми тартиб додани он бо роҳи муқаррар намудани коэффитсиентҳои дахлдор ё иловапулӣ ба меъёрҳои тарифӣ (маош) чунин омилҳоро ба монанди муҳиммияти соҳа дар иқтисодиёт, фарқият дар шароити меҳнат ва таҷдиди қувваи кориро дар минтақаҳо ба инобат гирифтан зарур аст.

Дар иқтисоди бозорӣ музди меҳнат нархи қувваи корӣ ба ҳисоб меравад.

Танзимкунандаи ҳамаҷиҳатае, ки тавассути он меҳнати зарурии ҷамъиятӣ воқеан чен карда мешавад ва пардохт мегардад, системаи тарифи мебошад. Он аз унсурҳои зерин таркиб меёбад:

- меъёри тарифии дараҷаи якум, ки ба андозаи ҳадди ақали музди меҳнати корманди беихтисос (оддӣ) асос ёфтааст;

- ҷадвали тарифӣ;

- маълумотномаҳои тарифӣ - тахассусӣ.

Меъёрҳои тарифӣ ва маошҳо вазифаҳои зайлро иҷро менамоянд:

- кафолати иҷтимоии давлатӣ барои таъмини бозистеҳсоли мӯътадили нерӯи кории кормандони сатҳҳои гуногуни тахассусӣ;

- воситаи табақабандии андозаи музди меҳнат дар заминаи муқаррар намудани фарқиятҳои асоснок дар музди меҳнати кормандон вобаста ба сатҳи тахассуси онҳо, мураккабӣ ва масъулиятнокии корҳои (вазифаҳои) иҷрошаванда;

- афзалият додан дар пардохти музди меҳнат ба кормандоне, ки меҳнати онҳо то андозае суръати рушди илмию техникиро муайян менамояд ва барои иқтисодиёт аҳамияти муҳим дорад.

Бо мақсади таъмини кафолатҳо зарур аст, ки ҳиссаи умумии меъёрҳои тарифӣ ва маошҳо якҷоя бо пардохти ҳамаи маблағҳо, бо фарогирии пардохтҳои ҷубронӣ (барои кор дар шароити номусоиди иқлимию табиӣ ва шароити махсуси меҳнат ва ғайримеъёрӣ) ба андозаи на камтар аз 70 фоиз ва дар соҳаҳои буҷетӣ то 100 фоиз расонида шавад.

То ҷоннокшавии пурраи иқтисодӣ кишвар дар соҳаҳои буҷетӣ ба ҷои ҷадвали тарифӣ аз ҷадвали маошҳои вазифавӣ ва ставкаҳои ягонаи тарифии алоҳида барои кормандон ва хизматчиён метавон истифода бурд.

5. Ҳадди ақали музди меҳнат

Дар моддаи 103 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми ҳадди ақали музди меҳнат ва шартҳои муқаррар намудани он муайян гардидаанд. Ҳадди ақали музди меҳнат барои муқаррар намудани сатҳи тарифҳои давлатӣ дар соҳаи пардохти музди меҳнат, ки бо баландшавии андозаи ҳадди ақали музди меҳнат тағйир меёбад, чун асос хизмат мекунад. Ҳадди ақали музди меҳнат бо пули миллӣ муқаррар карда мешавад.

Андозаи муқарраргардидаи ҳадди ақали музди меҳнат дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳар сол тибқи нишондиҳандаҳои Страгегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон индексатсия (баланд) карда мешавад.

Раҳнамуди муқаррар намудани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат бояд ҳадди ақали зиндагӣ (ҳадди ақали буҷети истеъмолӣ) ё дигар меъёри иҷтимоӣ бошад.

6. Музди меҳнати кормандони соҳаҳои ғайриистеҳсолие, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд

Асоси ташкили пардохти музди меҳнати кормандони соҳаҳои ғайриистеҳсолие, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд ва ҳамчун табақаи дар шароити муносибатҳои бозории танзимшаванда бештар ба ҳифз ниёздошта ба ҳисоб мераванд, ин муқаррарнамоии муттамаркази меъёрҳою (ставкаҳо) маошҳо ва якҷоя маблағгузорӣ мебошад.

Дар марҳалаи аввал ҷорӣ намудани сатҳҳои гуногуни баланд бардоштани музди меҳнати ин кормандон барои барҳам додани тафриқаи беасоси байнисоҳавӣ ва дохилисоҳавӣ дар пардохти музди меҳнати онҳо пешбинӣ шудааст. Барои соҳаҳое, ки сатҳи музди меҳнати онҳо дар айни замон нисбат ба дигар соҳаҳо пасттар мебошад, коэффитсиенти баландтар муқаррар карда мешавад. Бо ин роҳ ҳамасола сатҳи меъёрҳо (ставкаҳо) ва маошҳои кормандони соҳаҳои ғайриистеҳсолиро то ба сатҳи музди миёнаи меҳнати моҳонаи кормандони ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт баробар кардан мумкин аст.

Барои тахассуси кормандони соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ, ки барои соҳаҳои истеҳсолӣ қобили қиёс нест, (кормандони маданият, фарҳанг, тандурустӣ, маориф ва ғ.) бо дастури ягонаи баҳодиҳӣ ба мураккабии меҳнат меъёрҳо (ставкаҳо) ва маошҳои нав муқаррар карда мешаванд.

Сохтори нави пешниҳодшавандаи музди меҳнат дар соҳаи буҷетӣ ба барҳамдиҳии иловапулӣ ва пардохтҳои иловагӣ бо роҳи дохилкунии онҳо ба маоши буҷетӣ асос меёбад.

Ба маоши моҳонаи вазифавӣ пардохтҳои ҷубронӣ (барои кор дар маҳалҳое, ки шароити номусоиди табиию иқлимӣ доранд, кори ба саломатӣ зараровару вазнин, барои тахассус, собиқаи корӣ, унвони илмӣ ва ғайра) дохил карда шуда, дар доираи ҷадвали тарифӣ ба танзим дароварда мешаванд.

Маошҳои вазифавии кормандон вобаста аз сатҳи маълумот, дараҷаҳои тахассусӣ ё ихтисос, вазифаи корманд, теъдод ва намуди муассисаҳо муқаррар карда мешаванд. Тафриқа аз маош ба маош дар ҳаҷми на камтар аз 40-50 фоиз муқаррар карда мешавад.

Дар охир гузариш ба низоми вокеӣ, пешбинишаванда, кафолатнок, якхела, шаффоф ва саҳеҳи музди меҳнат, ки ба ҳадди ақали музди меҳнат, яъне ба Ҷадвали ягонаи тарифӣ (барои ҳамаи муассисаҳои буҷетӣ, ғайр аз хизматчиёни давлатӣ, ки барои онҳо ҷадвали тарифии махсус вуҷуд дорад) асос ёфтааст, амалӣ карда мешавад.

Ҳамзамон бояд ба назар гирифт, ки он иловапулиҳое, ки дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, яъне барои кори дуҷоякорӣ, ҳангоми якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо), ҳангоми муваққатан ба ҷои дигар корманд кор кардан, аз вақти муқаррарӣ зиёдтар кор кардан, кор дар рӯзҳои истироҳат, идҳо ва шабона нигоҳ дошта мешаванд.

Механизми истифодабарии захираҳои ғайрибуҷетӣ баҳри зиёд намудани музди меҳнат ва таъмини мутобиқияти ҳар як давраҳои ояндаи ислоҳоти музди меҳнат бо маблағгузории фардӣ ва амаликунонии системаи пардохти якҷоя дар соҳаҳои буҷетӣ таҳия карда мешавад.

Дар хизмати давлатӣ ва инчунин дар сохторҳое, ки танҳо аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, барои муборизаи рақобатӣ бо сохторҳои хусусӣ баҳри дарёфти кадрҳои боихтисос ва ченкунии кори хизматчиёни давлатӣ тавассути низоми ҳавасмандгардонӣ масъалаи таъсис намудани фонди махсус барои хавасмандкунонии моддии кормандон (10 - 20 фоизи фонди музди меҳнат) мавриди баррасӣ қарор ёфта, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда мешавад. Низоми ҳавасмандгардонӣ аз комёбиҳои истеҳсолие, ки ҳавасмандкунии иловагӣ барои кори хубу босамар, пардохти иловагӣ ба кормандоне, ки нисбати корҳои муқаррарии вазифавиашон корҳои бештар ихтисоснокро иҷро мекунанд ва пардохти иловапулиҳоро ба кормандоне, ки машғули вазифаҳои серталабтар ҳастанд (мутахассисони соҳаи технологияҳои ахборотӣ, ҳуқуқшиносон, муҳосибон ва ғайраҳо), таъмин мекунанд, асос ёфтааст.

7. Ташкили пардохти музди меҳнати роҳбарон ва мутахассисон

Барои роҳбарон ва қисми зиёди мутахассисон, кормандони илмӣ ва эҷодӣ, инчунин хизматчиёни давлатӣ ҷорӣ намудани шакли шартномавии музди меҳнат мувофиқи мақсад аст. Дар ин ҳолат дар шартномае, ки байни коргар ва корфармо баста мешавад, андозаи мушаххас ва шартҳои пардохти музди меҳнат муқаррар карда мешаванд.

Дар ин маврид меъёрҳо (ставкаҳо) ва маошҳои тасдиқшудаи муттамарказ барои музокирот дар бораи андозаи музди меҳнати шартномавии ин кормандон ҳамчун асос хизмат менамоянд.

Дар вақти муайян намудани шартҳои пардохти музди меҳнати роҳбарон махсусияти фаъолияти онҳо, ки он аз ҳамоҳангии вазифаҳои мутахассис ва ташкилотчии кор, инчунин масъулиятнокии ҷиддӣ дар қабули қарор бармеояд, ба назар гирифта мешавад. Андозаи маоши роҳбарон мустақиман аз миқёси истеҳсолот ва мураккабии идораи муассиса вобаста мебошад. Дар ин сурат сатҳи маоши ба таври муттамарказ муқарраргардидаи роҳбар ҳамчун заминаи воқеӣ барои муайян намудани андозаи мушаххаси маош ҳангоми музокирот дар бастани шартномаи (қарордод) меҳнатӣ хизмат мекунад.

Бо назардошти он, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ мақом ва масъулияти роҳбарони ташкилотҳои давлатии иқтисодиёт дар мӯътадил нигоҳ доштани низоми истеҳсолӣ ва интизоми давлатӣ меафзояд, мувофиқи мақсад мебуд, агар бо мақсади ривоҷ додани ташаббускорӣ, ҳангоми тақсимоти даромади софи ба ихтиёри коллективи меҳнатӣ воридшаванда ба онҳо афзалият дода шавад.

Низоми ҳавасмандгардонии моддии роҳбарон бояд ба он мусоидат кунад, ки онҳо дар фаъолияти хоҷагидории хеш ба натиҷаҳои дарозмуддати истеҳсолӣ ноил гарданд. Дар ин сурат андозаи он аз андозаи ҳавасмандгардонӣ барои натиҷаҳои кори ҷорӣ бояд баландтар бошад.

Маоши хизматчиёни давлатии дар мақомоти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ фаъолиятдошта бояд дар сатҳи баланд бошад. Ин имкон медиҳад, кормандони босалоҳият ва боғайрати дорои қобилияти хуби фарҳангӣ ва касбият ба кор ҷалб карда шаванд. Ҳамзамон, сатҳи маоши хизматчиёни давлатӣ аз он сатҳи музди меҳнате, ки онҳо мебоист дар муассисаҳои ин соҳаи иқтисоди ҷумҳурӣ бо назардошти иловапулӣ, пардохтҳои иловагӣ, мукофотпулӣ ва дигар пардохтҳо мегирифтанд, набояд зиёд бошад.

Умуман, ташкили пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" танзим карда мешавад.

8. Рушди шаклҳо ва системаи пардохти музди меҳнат

Дар муассисаҳои ҳисоби хоҷагӣ, ки мақсади асосии истеҳсолот зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот мебошад, низоми корбайъи пардохти музди меҳнат нигоҳ дошта мешавад. Он якҷоя бо иловапулӣ, пардохтҳои иловагӣ ва мукофотҳо барои нишондиҳандаҳои қаблан муқарраргардидаи корӣ робитаи бевоситаи андозаи пардохти музди меҳнатро бо миқдори маҳсулоти истеҳсолшуда таъмин мекунад.

Ба муассисаҳое, ки истеҳсолоти мунтазам ва тартиби қатъии раванди он хоси онҳо мебошанд, тавсия дода мешавад, ки аз шакли корбайъи пардохти музди меҳнат ба шакли соатбайъи пардохти музди меҳнат гузаранд. Андозаи он ба воситаи дараҷаи муқарраргардида, миқдори вақти коркардшуда, бо дараҷаи иловапулӣ барои сифати баланди корҳо ва мукофотпулиҳо барои натиҷаҳои ниҳоии кор муайян мегардад.

Байни вақти меҳнати сарфшуда ва натиҷаҳои ниҳоии истеҳсолии соҳаҳои кишоварзӣ, моҳипарварӣ, ҷангал, сохтмон ва дигар соҳаҳо, истеҳсолоти алоҳида ва намудҳои фаъолият фосилаи зиёде мавҷуд аст, аз ин рӯ, дар ин соҳаҳо шакли пудратии ташкили пардохти музди меҳнат истифода шавад. Ба кормандони ин соҳаҳо пеш аз ҳисобии пурра барои натиҷаҳои ниҳоии кор, пешпардохт дода мешавад, ки андозаи он набояд аз ҳадди ақали музди меҳнат кам бошад.

Аз таҷрибаи шакли ҳавасмандкунии моддии коллективӣ (аз он ҷумла мукофотонии коллективӣ) дар ҳолате, ки пардохти музди меҳнати ҳар як корманд мустақиман бояд ба натиҷаҳои меҳнати коллектив вобаста бошад, ба таври васеъ истифода карда шавад. Дар ҳолати тақсими даромади коллектив, мукофотҳои коллективӣ, мукофотҳои яквақта, коэффитсиентҳои шарикии меҳнатӣ ва коэффитсиентҳои ҳиссаи меҳнатӣ, ки ба таври демократӣ муқаррар мегарданд, истифода бурда мешаванд.

Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ бештар шакли саҳмдории пардохти музди меҳнат истифода карда шавад, чунки ҳар як узви хоҷагӣ, ҳамчун ҳаммолики воситаҳои асосӣ ва фондҳои истеҳсолии хоҷагӣ, бояд мутобиқи ҳиссаи ба ӯ тааллуқдошта, арзиши онҳо, қисми даромади софи хоҷагиро ба даст орад.

Ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ мустақилона шаклҳо ва низоми пардохти музди меҳнатро интихоб менамоянд ва онҳо набояд андозаи инфиродии пардохти музди меҳнатро маҳдуд созанд. Ин моҳиятан нақши вазифаи ҳавасмандсозии пардохти музди меҳнатро баҳри ба даст овардани натиҷаҳои баланди ниҳоӣ, афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва самаранокии истеҳсолот баланд мебардорад.

Ба ташкилотҳои шакли маблағгузориашон омехта барои аз ҳисоби маблағҳои худӣ бе камкунии маблағҳои буҷетӣ муқаррар намудани иловапулиҳо ба маоши вазифавии амалкунанда (меъёри тарифӣ) ва инчунин ҳавасмандкунии иловагии меҳнат ҳуқуқ дода мешавад ва ба ин мақсад онҳо метавонанд то ба андозаи 50 фоизи фоидаи ба дастовардаашон маблағ истифода баранд.

Андозаҳо ва тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаҳои санъат, нашриёт, маориф, ки аз рӯи супоришҳои алоҳида кор мекунанд, (рассомон, ҳайкалтарошон, мухбирон, маърӯзачиён, роҳбаладҳо ва дигарон) кормандони кирояе, ки дар хонаи кироякунанда корҳои оид ба хизматрасонии шахсӣ ва оилаи ӯро (кормандони хонагӣ, хизматгорон, мураббиён, посбонҳо ва дигарон), иҷро менамоянд, бо созишномаи тарафайн муқаррар карда мешаванд, аммо он аз ҳадди ақали кафолате, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, набояд камтар бошад.

Шарти пардохти музди меҳнат, пардохти рухсатии меҳнатӣ, додани кафолатҳо ва ҷуброне, ки бо созишномаҳо ва шартномаҳои коллективии дахлдор пешбинӣ шудаанд, ба кормандони дар боло зикргардида дар ҳолатҳо ва ҳудудҳои муқаррарӣ татбиқ мегарданд.

9. Ҷуброни шароити меҳнат

Дар давраи тӯлонӣ пардохтҳои иловагӣ ба меъёрҳои тарифӣ ва маошҳо воситаи асосии ҷуброн намудани шароити номусоиди меҳнат барои кормандон буданд.

Азбаски теъдоди кормандони аз иловапулиҳои зикргардида бархӯрдорбуда хеле зиёд аст, аз ин лиҳоз дар ояндаи наздик ҳам бекор кардани онҳо имконнопазир аст. Корфармоён новобаста аз шакли моликият ва намуди фаъолияташон муваззафанд ин намуди иловапулӣ ва пардохтҳои иловагии ба таври муттамарказ муқарраршударо, ки тибқи шартномаҳо ба маошҳои вазифавӣ ва меъёрҳои тарифии алоҳида муайян гардидаанд, ба эътибор гиранд:

- барои кор дар шароити номусоиди иқлимию табиии меҳнат (дар маҳалҳои баландкӯҳ, биёбон ва беоб);

- барои кор дар шароити махсуси меҳнат (меҳнати вазнин ва зарарнок, махсусан вазнин ва махсусан зарарнок);

- барои иҷрои кор дар шароити ғайримуқаррарӣ (кори аз меъёр зиёд, рӯзҳои истироҳат ва ид, кори шабона, ҳангоми якҷоя кардани касбҳо ва дигар ҳолатҳо);

- кафолатҳои иловагӣ барои гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон-ноболиғон, заноне, ки кӯдакони хурдсол доранд, маъюбон ва дигарон;

- ҷубронпулиҳо барои иҷрои вазифаҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ, давраи сафарҳои хизматӣ, такмили ихтисос;

- барои муоинаи кормандоне, ки вазифадоранд дар муассисаҳои тиббӣ аз муоина гузаранд; дар ҳолати бекористӣ; ҳангоми ба кори дигар гузаштан ё ба маҳалли дигар кӯчидан ва ғайра;

- шартҳои пардохтҳо ҳангоми аз кор рафтани корманд: пардохти ҷубронпулӣ барои рухсатии меҳнатии истифоданашуда; кӯмакпулии дар вақти аз кор рафтан, нигоҳ доштани музди меҳнат дар давраи ба кор таъмин шудан ва ғайра.

Кафолатҳои алоҳида ва пардохтҳои ҷубронӣ метавонанд тавассути мувофиқаи тарафайн (ҳангоми ҷорӣ намудани навоварӣ ва таклифҳои ратсионализаторӣ) муқаррар гарданд. Тарафайн метавонанд инчунин қоидаҳои иваз намудани иловапулиҳоро бо дигар намудҳои ҷубронҳо (хӯроки махсус, бепул ё қисман пардохтшаванда, кам кардани давомнокии рӯзи корӣ, зиёд намудани мӯҳлати рухсатии меҳнатии пардохтшаванда ва ғ.) пешбинӣ намоянд.

10. Тартиби ташкили пардохти музди меҳнат дар шароити иқтисоди бозорӣ ва танзими андозаи фонди музди меҳнат

То ҷорӣ гардидани муносибатҳои бозорӣ дар иқтисодиёт низоми ба нақшагирии муттамарказ фаъолияти корхонаҳо ва ташкилотҳоро дар масъалаҳои пардохти музди меҳнат мураттаб менамуд. Ба таври ҳатмӣ меъёри теъдодии кормандон, андозаи фонди музди меҳнат ва ҳавасмандкунии моддӣ, меъёрҳои истифодабарии фоида ва дигар нишондиҳандаҳо муқаррар карда мешуданд.

Дар иқтисоди бозорӣ дар ҳолате, ки масъалаҳои пардохти музди меҳнат аз рӯи талабот ва пешниҳоди қувваи корӣ ҳаллу фасл мегарданд, нишондиҳандаҳои мазкур бо нархи қувваи корӣ муайян карда мешаванд.

Дар сатҳи макроиқтисодӣ на танҳо таъмини афзоиши вазни қиёсии музди меҳнат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, хароҷоти истеҳсолот ва даромади аҳолӣ зарур аст, инчунин муқаррар намудани таносуби мувофиқ дар мавриди тақсимоти арзиши нави бо омилҳои истеҳсолии бавуҷудомода лозим аст. Баландшавии музди меҳнатро бо роҳи сари вақт индексатсиякунонии ҳадди ақали музди меҳнат, мукаммалкунии Ҷадвали ягонаи тарифӣ, баланд бардоштани масъулияти соҳибкорон ҷиҳати риояи меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои меҳнатӣ таъмин намудан зарур аст. Ривоҷ додани механизмҳои муколамаи иҷтимоӣ самаранок мебошад.

Сатҳи пасти музди меҳнат ва ба он алоқаманд будани сохтори хароҷоти (истеъмолӣ) аҳолӣ барои афзоиши иқтисодии саноат яке аз муҳимтарин воситаи маҳдудкунанда ба ҳисоб меравад, зеро ки ин аз сабаби мавҷуд набудани ҳавасмандӣ ба меҳнат талаботи аҳолиро маҳдуд менамояд. Ғайр аз ин, дар сурати паст будани ҳиссаи музди меҳнат дар мамлакат тараққиёти техникӣ амалӣ намегардад. Қонунияти умумии рушд ин аст, ки ҳар чӣ қадар меҳнат арзон бошад, ҳамон қадар аз ҳисоби он сарфа намудан муфидтар мебошад. Ҳангоми баланд будани арзиши меҳнат аҳамияти таҷдиди техникӣ меафзояд.

Дар Созишномаи генералиӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқи касабаи Тоҷикистон мувофиқа намудани масъалаи расонидани ҳиссаи музди меҳнат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, инчунин дар арзиши аслии маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо то сатҳи муайян (30-40 фоиз) дар миқёси ҷумҳурӣ ва ба таври алоҳида дар соҳаҳои иқтисодиёт зарур аст.

Давлат фақат андозаи ҳадди ақали музди меҳнати кормандонро ба сифати кафолати иҷтимоии бозистеҳсоли мӯътадили қувваи корӣ муайян менамояд. Меъёрҳо ва маошҳои мушаххас ва шартҳои ташаккулёбии музди меҳнат бояд ҳар сол дар рафти музокироти байни корфармо ва коллективҳои меҳнатӣ дар шахси кумитаҳои иттифоқҳои касаба ё мақомоти намояндагии меҳнаткашон муайян карда шаванд.

Воситаи оқилонаи дар шароити мавҷуда ҷорӣ намудани танзими андозии ҳиссаи фонди истеъмолии даромади ҳисоби хоҷагии муассиса мебошад. Он набояд мустақиман фонди музди меҳнатро танзим намояд. Дар ин сурат, фонди истеъмолӣ мутобиқи афзоиши даромади ҳисоби хоҷагӣ (рушди бартариятноки фонди андӯхт шарти асосист) ташаккул меёбад ва онро муассисаҳо мустакилона сарф мекунанд.

Масъалаҳои марбути андозу андозбандии фонди музди меҳнат ва даромади корхонаҳо, инчунин дигар ҷанбаҳои онҳо тавассути Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд.

11. Баланд бардоштани мақоми меъёрбандии меҳнат ва такмил додани заминаи меъёрӣ-методӣ

Меъёрбандии меҳнат бо низоми ташкили пардохти музди меҳнат ва мукофотонӣ алоқамандии зич дорад.

Сабаби барқарорсозии меъёрбандии меҳнат кам кардани хароҷоти истеҳсолӣ, аз он ҷумла сарфи меҳнат барои воҳиди маҳсулоти фурӯхташуда бо таъмини сифати баланди он, бо назардошти баҳисобгирии ҳамаҷониба ва қонеъ гардонидани эхтиёҷоти корманд дар соҳаи меҳнат мебошад.

Дар шароити нави хоҷагидорӣ вазифаи идоракунии ташкил ва меъёрбандии меҳнат бояд кори, худи муассиса бошад ва он дахолати бевоситаи давлатро аз байн барад. Давлат аз вазифаҳои директивии манъкунанда ба иҷрои вазифаҳое гузарад, ки онҳо аз талабот ва эҳтиёҷоти худи муассисаҳо бармеоянд: таҳияи қоидаҳо ва меъёрҳо; пайгирӣ ва ташвиқот намудани таҷрибаи пешқадам; таъмини мутахассисон ва ғ.

Дар баробари ба муассисаҳо додани мустақилияти комил дар ташкил ва меъёрбандии меҳнат, бо назардошти махсусиятҳои давраи гузариш, ки ҳавасмандии нокифояи корфармоён дар кам кардани хароҷоти истеҳсолӣ, заминаи рушднаёфтаи меъёрӣ - методӣ хоси он мебошанд, давлат бояд механизми таъсиррасонии ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиро ҷиҳати такмили ташкил ва меъёрбандии меҳнат дар муассисаҳо ба роҳ монад.

Ғайр аз ин, дар шароити муносибатҳои ривоҷёфтаи бозорӣ, ғайримуттамарказкунии идоракунии иқтисодиёт набояд боиси аз даст рафтани вазифаҳои давлат дар муайян намудани принсипҳои ягонаи ташкил ва меъёрбандии меҳнат ва талаботи умумии ҳифзи иҷтимоии кормандон гардад.

Даст кашидани давлат аз дахолати маъмурӣ ба идоракунии раванди ташкил ва меъёрбандии меҳнат дар муассисаҳо набояд боиси даст кашидани он аз таҳияи муттамаркази меъёрҳо ва хароҷоти меъёрии меҳнати тавсиявӣ гардад. Таҳияи чунин аснод кӯмаки амалии ҳуқуқӣ ба корхонаҳои хурд маҳсуб ёфта, он имкон намедиҳад, ки дар таҳиясозӣ такроршавии меъёрҳои якхела ба амал ояд. Чунин иқдом барои муассисаҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, аҳамияти махсус дошта, барои онҳо мавриди истифодаи ҳатмӣ қарор додани меъёрҳои хароҷоти меҳнатии муттамарказ таҳиягардида, ки ҳисоби меъёри меҳнат дар асоси онҳо аз ҷиҳати техникӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ таъмин карда мешавад, зарур мебошад.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ меъёрбандӣ ва ташкили илмии меҳнат бояд ривоҷ ёбад, зеро ки имрӯз баҳои воқеӣ ба ченаки миқдорӣ ва сифатии меҳнат дода мешавад.

11.1 Идоракунии меъёрбандии меҳнат дар муассисаҳо

Бо пурзӯр гардидани мақоми меъёрҳо дар кам кардани хароҷоти истеҳсолӣ ва васеъ гардидани доираи вазифаҳои корхонаҳо дар ҳисоби хоҷагии дохилистеҳсолӣ, меъёрбандии меҳнат бояд ба усулҳои асосии зерин асос ёбад:

- ҳаддалимкон бояд доираи меъёрбандии меҳнат васеъ гардад, то ин ки ҳиссаи меҳнатии ҳар як корманд ҳисоб гардида, баҳогузорӣ шавад;

- ислоҳоти қатъии иқтисодӣ, татбиқи ҳамаҷонибаи ҳисоби хоҷагии муассир истифодаи нисбатан васеи меъёрҳои меҳнатро ҳамчун асос барои муқаррар намудани меъёрҳои иқтисодӣ ва дигар нишондиҳандаҳое, ки бо мақсади тақсимкунии боадолатонаи маблағҳо барои пардохти ҳамаи намудҳои кор истифода карда мешаванд, пешбинӣ менамояд.

Ин усули умумияти меъёрбандии меҳнати ҳамаи дараҷаҳои кормандони ташкилотҳо - коргарон ва хизматчиён, аз он ҷумла роҳбарон ва мутахассисон, бештар бо усули муайян намудани пурзаҳматии кор ва супориш, беҳтарин ҳадди кофии корро муқаррар намудан, баланд бардоштани самаранокии меҳнати онҳо ва пурзӯр намудани вобастагии пардохти он аз натиҷаҳои ниҳоии корро дар ҷои аввал мегузорад,

- ноил шудан ба сифати баланди меъёрҳои амалкунанда, наздиксозии ҳаддалимкони онҳо ба сатҳи хароҷоти зарурии меҳнат.

Заминаи меъёрӣ дар муассисаҳое, ки асоси онҳоро маводи меъёрии байнисоҳавӣ ва соҳавӣ оид ба меҳнат дар шароити таъмини афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшуда ташкил медиҳад, тадриҷан ҷудо ва дигаргун мегардад. Ин маънои онро дорад, ки дар шароити муносибатҳои бозорӣ моҳияти иқтисодии қоидаҳои меҳнат тағйир меёбад.

- асоснокии меъёрҳо бо назардошти омилҳои иҷтимоӣ, равониву физиологӣ, ҷинсиву синнусолӣ, ҳосилнокии баланди меҳнат дар шароити бозорӣ имкон медиҳад, ки қобилияти корӣ ва саломатии инсон нигоҳ дошта шавад. Ин барои гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон (занони ҳомила, нафақахӯрон, маъюбон, ноболиғон) аҳамияти махсус дорад.

Дар шароити нави хоҷагидорӣ дар танзими муносибатҳои меҳнатии муассисаҳо мақоми асосиро шартномаҳои байни коллективи меҳнатӣ ва корфармо басташуда касб мекунанд.

12. Тадбирҳо оид ба таъмини ҳифзи музди меҳнат

Ҳимояи меҳнаткашон аз подоши номунтазам ва номувофиқи ҳаққи меҳнат бо роҳи қабул ва татбиқи меъёрҳои қонунгузории марбута, ки онҳо иҷрои ӯҳдадориҳои корфармоёнро оид ба пардохти музди меҳнат таъмин менамоянд, амалӣ мегардад. Иҷроиши онҳо мувофиқи қонунгузории меҳнатӣ тавассути шартномаҳои (қарордоди) меҳнатӣ, шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ сурат мегирад.

Такмил додани механизми таъмини даъвоҳои меҳнаткашон оид ба музди меҳнат ҳангоми муфлисшавии корхонаҳо, бо роҳи ба онҳо додани ҳуқуқҳои имтиёзноки карздиҳандагон амалӣ мешавад.

Қонеъ гардонидани талаботи кормандон оид ба пардохти музди меҳнат аз ҳисоби фонди захиравии музди меҳнат, ки тибқи қонунгузории давлатӣ таъсис ёфтааст, имконпазир мегардад.

13. Таъминоти кадрӣ ва иттилоотӣ

Дар даврони иқтисоди бозорӣ баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва татбиқи вазифаҳои ба миёнгузошташуда дар аксари маврид аз сатҳи омодагии касбии мутахассисони соҳаи ташкили пардохт ва меъёрбандии меҳнат вобаста аст.

Бо дархости муассиса тайёр намудани мутахассисони соҳибихтисос бояд дар сохтори муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва курсҳои махсус таъсисдодашуда, донишкадаҳои такмили ихтисос, бо роҳи ҷудо будан аз истеҳсолот амалӣ гардад. Диққати махсус бояд ба ҷавонон, омӯзиш ва такмили касбии онҳо дода шавад.

Барои хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти олии рӯзона шарти ҳатмӣ барои ишғол намудани вазифаи мутахассиси меъёрбандии меҳнат гузаштани онҳо аз мӯҳлати таҷрибавӣ дар вазифаҳои бригадир, усто ё технолог бояд муқаррар карда шавад.

Заминаи муҳими самаранок гардонидани корҳо дар самти беҳтар намудани ташкили пардохт ва меъёрбандии музди меҳнат баланд бардоштани сифати таълими фанҳои махсуси мувофиқ ба донишҷӯёни мактабҳои олии муҳандисӣ, инчунин ҷалби таваҷҷӯҳи тамоми мутахассисони самти ғайриқтисодӣ низ ба омӯзиши масъалаҳо ва усулҳои кор роҷеъ ба ташкили пардохт ва меъёрбандии музди меҳнат мебошад.

Ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки бо иштироки мақомот ва ташкилотҳои дахлдор ҳайат ва теъдоди мутахассисонеро, ки ба онҳо омӯзонидани назария ва амалияи кори пардохт ва меъёрбандии меҳнат талаб карда мешавад, аниқ намояд, шакл ва усулҳои гуногуни тайёр намудани чунин мутахассисонро баррасӣ карда, доираи таълим, имконият ва талаботи иловагии базаи моддӣ ва таъминоти кадриро барои иҷрои ин чорабиниҳо муайян намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 794).

Дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби доимоамалкунандаи ташкилотчиёни меҳнат таъсис дода шавад ва дар он бозомӯзии мутахассисони соҳа аз ҳисоби бекорон, таълими усулҳои нави ташкили пардохт ва меъёрбандии музди меҳнат, муносибатҳои нави байни кормандон ва корфармоён ба роҳ монда шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 794).

Дар баробари ин, барои такмили сиёсати кадрӣ барқарор намудани робитаҳои корӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, марказҳои бузургтарини илмӣ ва таълимии хориҷӣ, ассотсиатсияҳо ва фирмаҳое, ки фаъолияти илмӣ ва амалиро дар самти такмили сиёсати кадрӣ мебаранд, зарур аст.

Барқарор намудани ҳамкорӣ аз тариқи Ассотсиатсияи ҳамкории Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат мувофиқи мақсад мебошад.

Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бояд инҳо бошанд:

- тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи ташкили пардохти музди меҳнат, меъёрбандӣ ва идоракунии истеҳсолот;

- ба роҳ мондани корҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳавӣ;

- табодули иттилооти илмӣ, созмондиҳии иртиботи мустақими созмонҳои ҷумҳурӣ ва хориҷӣ;

- таъсис додани марказҳои муштараки илмии шакли татбиқӣ-машваратӣ оид ба масъалаҳои ташкили истеҳсолот, меҳнат ва идоракунӣ.

14. Марҳилаҳои татбиқи ҳамин Консепсия

Татбиқи Консепсияи мазкур дар ду марҳала сурат мегирад:

Марҳилаи аввал - солҳои 2008-2011

1. Ба ташкилотҳое, ки пардохти музди меҳнати кормандони онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ намегардад, тавсия дода шавад:

- танзими пардохти музди меҳнати кормандон бевосита, дар асоси созишнома ва шартномаи коллективӣ сурат гирад;

- иттиҳодияҳои корфармоён муқаррар намудани андозаҳои ҳадди ақали музди меҳнати соҳавӣ, минтақавиро, ки онҳо меъёрҳои тарифии дараҷаи якуми Ҷадвали ягонаи тарифӣ маҳсуб меёбанд, зери назорати қатъӣ қарор диҳанд, то ки сатҳи онҳо на камтар аз андозаи ҳадди ақали музди меҳнати ҷумҳуриявӣ бошад;

- карзи аз пардохти музди меҳнати дар солҳои пешин баамаломадаро пас аз пардохти қарзи музди меҳнати соли ҷорӣ, тавассути маблағҳои аз фурӯши саҳмияҳои корхонаҳои давлатӣ ва сертификатҳое, ки имконияти хариди амволи ғайридавлатишуда ва дигар амволи корхонаро доранд, инчунин аз ҳисоби маблағҳое, ки аз фурӯши амволи корхонаи аз тарафи суд муфлис эълонгардида ба даст меоянд, пардохт намоянд;

- номгӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурии корҳои иҷрошавандаро тартиб дода, онро ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 794);

- марказҳои ташкили меҳнат таъсис диҳанд.

2. Ба мақомоти идораи давлатӣ:

а) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи барномаи миёнамӯҳлати рушди ҷумҳурӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 794):

- ҳангоми ислоҳоти музди меҳнат ҳар сол ба андозаи на кам 20 фоиз зиёд кардани ҳадди ақали музди меҳнат ба назар гирифта шавад;

- ҷадвали воҳиди корӣ, фонди пардохти музди меҳнат ва меъёрҳои теъдоди кормандони муассисаҳои соҳаҳои буҷетиро тасдиқ намоянд.

- аз рӯи афзоиши ҳадди ақали музди меҳнат андозаҳои музди меҳнатеро, ки ба онҳо коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиентҳо барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ ҳисобӣ карда мешаванд, мунтазам аз нав дида бароянд.

б) Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 794):

- лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ" ва Методикаи ҳисоби арзиши ҳадди зиндагиро таҳия намояд;

- дар ҳамдастӣ бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пардохти музди меҳнат дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт тадқиқот доир намуда, тавсияҳои методиро роҷеъ ба баҳогузории хаҷми меҳнат (ҷадвали қиёсии меҳнати баробар дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт) ва ҳисоби нишондиҳандаҳои музди меҳнати гурӯҳҳои касбию тахассусӣ, инчунин нишондиҳандаҳои омории самаранокии истеҳсолот ва ҳосилнокии меҳнатро барои арзёбии фаъолияги корхонаҳо ва танзими фонди пардохти музди меҳнат баррасӣ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 794);

в) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба меъёрҳои давлатии маориф ворид намудани як қатор ихтисосҳо ва маҷмӯи фанҳои таълимӣ оид ба ташкили пардохт ва меъёрбандии музди меҳнатро баррасӣ ва маълумотро оид ба талаботи теъдодии ин мутахассисон омода намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 794);

г) Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои барои соҳаи тандурустӣ пешбинишуда қоидаҳои бартараф намудани номутаносибии музди меҳнати кормандони соҳаи Мазкур, тартиби нави гурӯҳбандии вазифаҳо ва меъёрҳои тарифиро барои кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дуюми тиббӣ таҳия ва тасдиқ намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 794).

Марҳилаи дуюм - солҳои 2012-2016

Дар ҳамаи муассисаҳои буҷавии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори нави музди меҳнат, ки дар асоси барҳамдиҳии иловапулӣ ва пардохтҳои иловагӣ бо роҳи дохилкунии онҳо ба маоши асосӣ таъсис меёбад, ҷорӣ карда шавад. Вобаста ба татбиқи тадбирҳои мазкур гузариш ба низоми ташкили пардохти музди меҳнат дар асоси Ҷадвали такмилгардидаи ягонаи тарифӣ мавриди амал қарор дода шавад;

- ченаки меъёри тарифии дараҷаи якуми Ҷадвали ягонаи тарифӣ дар сатҳи андозаи ҳадди ақали музди меҳнат муқаррар карда шавад;

- Стансияи ҷумҳуриявии илмию тадқиқотии (Бюрои марказӣ) меъёрҳо оид ба меҳнат таъсис дода шавад;

- вазорату идораҳо тайёркунии мутахассисон ва бо кор таъминкунии онҳоро дар соҳаҳои ташкили пардохт ва меъёрбандии музди меҳнат амалӣ намоянд.

Дар давраи татбиқи ин Консепсия тамоми муассисаҳо новобаста аз шакли моликият ва намуди фаъолияти хоҷагидориашон иҷрои корҳои зеринро таъмин кунанд:

- афзоиши хаҷми истеҳсолот;

- ба даст овардани суръати бештари афзоиши ҳосилнокии меҳнат нисбат ба суръати болоравии сатҳи музди меҳнат;

- таъмини болоравии бештари музди меҳнат нисбат ба афзоиши нарх;

- аз байн бурдани қарзҳои дар пардохти музди меҳнат бамиёномада;

- муқаррар намудани андозаи пардохти музди меҳнат бо назардошти меъёри сарфи меҳнат, тахассуси корманд, шароити меҳнат, коршоямии касбии ҳар корманд;

- таҳия ва ҷорӣ намудани механизми индексатсияи музди меҳнат ҳамчун воситаи муҳофизат аз таваррум;

- ба тартиб даровардани системаи ташкили пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи кишоварзӣ мувофиқи шароити нави хоҷагидорӣ. Ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи оид ба меъёрбандӣ ва пардохти музди меҳнатро таҷдиди назар намуда, онҳоро замонавӣ гардонанд;

- аз ҷониби мақомоти давлатӣ мониторинги доимии сатҳи пардохти музди меҳнат дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва таҳлили вазъият дар бозори меҳнат аз рӯи талаботу таклифот ба қувваи корӣ дар ҳамаи сатҳҳо (муассиса, соҳа, минтақа, дар миқёси ҷумҳурӣ) гузаронида шавад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 марти соли 2008 № 98

тасдиқ шудааст

Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муқаддима

Зарурати қабули Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Консепсия) аз он бармеояд, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ шаклҳои нави моликият- ба воситаҳои истеҳсолот ба вуҷуд меоянд ва системаи мувофиқи ташкили пардохти музди меҳнати кормандон, ҷорӣ намудани муносибати якхела ба таъсиси танзими системаи ташкил ва пардохти музди меҳнат дар шароити иқтисоди бозорӣ, муайян кардани сатҳи воқеии музди меҳнат ва тақвият додани вазифаҳои ҳавасмандкунанда, танзимкунанда ва иҷтимоии онро талаб менамоянд.

Дар шароити бозори озод нақши давлат дар соҳаи танзими пардохти меҳнат, асосан аз муқаррар намудани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат ҳамчун кафолати такрористеҳсоли мӯътадили қувваи корӣ мутобиқи ҳаҷм ва сифати меҳнати сарфшуда, танзими андоз ва тартиби умумии индексатсияи музди меҳнат, таъмини кафолатҳои тибқи қонунгузорӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ муқарраргардида иборат аст.

Ҳамин Консепсия ба таҳлили тамоюли ҷории суботи вазъи макроиқтисодӣ, таҷрибаи идоракунии дар марҳалаи гузариш андӯхтаи дастгоҳи давлатӣ асос ёфта, мақсад, вазифаҳои мушаххас ва мӯҳлати татбиқи низоми такмилёфтаи ташкили пардохти музди меҳнати кормандони тамоми соҳаҳои иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.

1. Вазъи кунунии низоми ташкили пардохти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санади асосии қонунгузории кишвар-Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои моддаҳое ҳаст, ки пурра ва ба таври мушаххас масъалаҳои меҳнат, аз ҷумла музди меҳнатро инъикос мекунанд. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи муқаррароти асосии меҳнатро инъикос намуда, ҳуҷҷати асосии танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҷиҳати танзими музди меҳнати кормандон (ба хусус кормандони соҳаи буҷетӣ) бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 1993 № 487 Ҷадвали ягонаи тарифии музди меҳнат ҷорӣ карда шуд, ки он асоси системаи тарифӣ мебошад. Ҷадвали мазкур тақсимбандии 18 дараҷаҳои тарифӣ ва музди меҳнати ҳамаи гурӯҳои кормандонро аз дараҷаи коргарӣ то роҳбари ташкилот ифода мекунад. Вале солҳои охир, музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷетӣ бо фармонҳои алоҳидаи марбутаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.

Музди меҳнати кормандони ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ аз ҷониби соҳибмулки корхона, дар доираи созишномаҳои соҳавӣ, шартномаҳои коллективӣ ва шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ муайян карда шуда, бо системаи амалкунандаи андозбандии фоидаи (даромади) корхона танзим мешавад.

Дар шароити гузариш ба бозори озод ва зиёд шудани ҳуқуқи ташкилотҳо дар масъалаҳои музди меҳнат, андозаи тарифҳо (моҳонаҳо), системаи мукофотонӣ ва тартиби пардохти иловапулиҳо (подош) барои собиқаи кор дар шартномаҳои коллективӣ муайян карда мешаванд.

Дар шартномаҳои мехнатӣ мумкин аст, андозаҳои нисбат ба андозаҳои пешбининамудаи шартномаҳои коллективӣ баландтари музди меҳнат муқаррар карда шаванд. Ҳаҷми мушаххаси пардохтҳои подоширо корфармо аз рӯи натиҷаҳои кори корманд муайян мекунад.

Бояд тазаккур дод, ки музди меҳнат арзиши аз ҳама муҳим дар иқтисодиёт маҳсуб гардида, дар маҷмӯъ манбаъи ягонаи (ё асосии) даромад мебошад.

Дар баробари ин, дар шароити кунунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мисли кишварҳои дигари - иқтисодаш интиқолӣ, музди меҳнат дорои тамоюли тафриқа аз рӯи минтақаҳо, соҳаҳо ва шароити меҳнат мебошад. Ба таври мисол, ҳаҷми музди меҳнат дар шаҳри Душанбе нисбат ба вилояти Хатлон баландтар аст; дар ташкилотҳои алоқа нисбат ба муассисаҳои кишоварзӣ дар маҷмӯъ зиёдтар аст; кормандони ташкилотҳои суғурта, молия ва таъминоти нафақа аз кормандони мақомоти идоракунӣ зиёдтар маош мегиранд; маоши муаллимони макотиби давлатӣ нисбат ба маоши муаллимони муассисаҳои таълимии хусусӣ пасттар мебошад.

Аз ҳамин ҷиҳат, ҳадафи Консепсияи мазкур аз муайян намудани проблемаҳои дар соҳаи ислоҳоти соҳаи музди меҳнат то ин замон бавуҷудомада ва пешбинӣ намудани роҳҳои ҳалли онҳо иборат аст.

2. Мақсад ва вазифаҳои Консепсия

Мақсади асосии Консепсия ба вуҷуд овардани механизми муносиби танзими музди меҳнат, таъмини амалкарди вазифаҳои таҷдидкунанда, ҳавасмандсозанда, батанзимдароранда ва иҷтимоии музди меҳнат мебошад.

Консепсия дар марҳилаи ҳозираи рушди иқтисоди кишвар бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:

-ташкили усули пардохти музди меҳнат аз рӯи хароҷот ва натиҷаҳо;

-ҳавасмандгардонии ҳиссаи ҳар як корманд дар баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат;

-баланд бардоштани сатҳи музди меҳнат дар асоси афзоиши самаранокии истеҳсолот;

-таъмини ҳавасмандии моддии кормандон дар баландбардории самаранокии меҳнат;

-баланд бардоштани ҷолибияти хизмати давлатӣ барои мутахассисони ҷавон (соҳибкасбон);

-таҳияи шартҳо ва муайянкунии андозаи изофапулиҳо барои комёбиҳои алоҳидаи кормандон ва мутахассисон;

-баланд бардоштани қобилияти харидории аҳолӣ.

Вазифаҳои асосии Консепсия:

-омода кардани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои муайян кардани андоза, тартиб ва шартхои муқаррар намудани ҳадди ақали музди меҳнат ва ҳисоби ҳадди ақали зиндагӣ;

-баланд бардоштани сатҳи музди меҳнати воқеии кормандони ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд;

-ташкили системаи музди меҳнати кормандони ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар асоси Ҷадвали ягонаи тарифӣ;

-бартараф кардани тафриқаи беасоси байниминтақавӣ ва байнисоҳавии музди меҳнат;

-такмил ва густариши механизмҳои шарикии иҷтимоӣ ҷиҳати танзими музди меҳнат;

-баланд бардоштани нақш ва моҳияти меъёрбандии меҳнат дар системаи музди меҳнат;

-таҳияи механизми пардохти ҷуброн ба кормандон барои сари вақт нагирифтани музди меҳнат.

. Механизми танзими музди меҳнат

Механизми танзими музди меҳнат ба тавъамкунии се унсур меёбад:

- танзими давлатӣ;

- танзими шартномавӣ;

- танзими бозорӣ.

Нақшаи механизм:

+--------------------+-+---------------------------------------------ҷ
| Танзими давлатӣ:   | | Танзим дар асоси созишномаҳо ва шартномаҳои |
|                    | |                  коллективӣ:                |
+--------------------+ +---------------------------------------------+
|1. Сатҳи умумиҷумҳу-| |1. Созишномаи генералӣ                       |
|риявии ҳадди ақали  | |ӯҳдадориҳоро дар соҳаи пардохти музди меҳнат,|
|музди меҳнат:       | |баланд бардоштани андозаи ҳадди ақали музди  |
|2. Сиёсати андоз;   | |меҳнат, тартиби индексатсияи он, ҷубронпулиҳо|
|3. Танзими шартнома-| |ва иловапулиҳоро муайян менамояд.            |
Жҳои коллективӣ дар  | |2. Созишномаҳои соҳавӣ:                      |
|заминаи қонунгузо-  | |- андозаҳои ҳадди ақали меъёрҳои тарифии     |
|рӣ;                 | |соҳавиро аз рӯи гурӯҳҳои касбӣ-тахассусӣ     |
|4.Муқаррарсозии     | |муайян мекунанд;                             |
|лимитҳои шумора ва  | |- шаклҳо ва системаи музди меҳнатро муқаррар |
|фонди музди меҳнати | |менамоянд;                                   |
|корхонаҳо ва муасси-| |- иловапулӣ ва пардохтхои иловагиро муайян   |
|саҳое, ки аз буҷети | |мекунанд;                                    |
|давлатӣ маблағгузорӣ| |- тарзи индексатсияи музди меҳнатро муайян   |
|карда мешаванд.     | |менамоянд;                                   |
|                    | |- андозаи пардохтҳои иҷтимоӣ ва имтиёзҳоро   |
|                    | |муқаррар мекунанд.                           |
|                    | |3. Созишиомаҳои минтақавӣ:                   |
|                    | |- шартҳои пардохти музди меҳнати хусусияти   |
|                    | |минтақавидоштаро муқаррар мекунанд;          |
|                    | |- шароити мавҷудаи иқтисодӣ-иҷтимоии         |
|                    | |меҳнатиро тағйир медиҳанд.                   |
|                    | |4. Шартномаҳои коллективӣ:                   |
|                    | |-  ӯҳдадориҳои созишномаҳоеро, ки дар сатҳи  |
|                    | |болотар қабул гардидаанд, мушаххастар ва     |
|                    | |пурратар мегардонанд;                        |
|                    | |- бо назардошти имкониятҳои молиявии ташкилот|
|                    | |- ставкаҳои тарифӣ;                          |
|                    | |- андозаи иловапулӣ ва пардохтҳои иловагӣ;   |
|                    | |- тартиби индексатсияи музди меҳнат;         |
|                    | |- системаи ширкат дар фоида ва сармояи       |
|                    | |саҳҳомӣ;                                     |
|                    | |- андозаҳои пардохтҳои иҷтимоӣ ва имтиёзҳоро |
|                    | |муайян мекунанд.                             |
|                    | |5. Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ:            |
|                    | |- андозаи мушаххаси меъёри тарифӣ ё маоши    |
|                    | |вазифавиро бо назардошти ихтисосу тахассус   |
|                    | |ва пардохтҳои иловагӣ, иловапулӣ ва          |
|                    | |пардохтҳои ҳавасмандсозиро муайян мекунад.   |
+--------------------+-+---------------------------------------------+
+--------------------------------------------------------------------ҷ
|                    Танзими бозории музди мехнат                    |
|          Сатҳи миёнаомории музди меҳнати кормандони ҳамаи          |
|           сохаҳои иқтисоди ҷумҳуриро ба эътибор мегирад.           |
+--------------------------------------------------------------------+

3.1. Танзими давлатӣ

Танзими давлатӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ бештар хусусияти ғайримустақим дорад. Вазифаи асосии давлат таъмин намудани сатҳи ҳадди ақали даромадҳои аҳолӣ мебошад. Барои ҳамин тавассути санадҳои давлатӣ сиёсати муносиби андоз ба амал бароварда шуда, андозаҳои ҳадди ақали музди меҳнат муқаррар мегарданд ва корфармоён вазифадоранд, ки онҳоро риоя кунанд ва бо афзоиши нархҳо индексатсия намоянд.

Танзими бевоситаи музди меҳнат аз ҷониби давлат фақат дар муассисаҳои бахши давлатии иқтисод бо роҳи фароҳам сохтани шароити қобили қабул барои шарикии иҷтимоӣ, фаъолияти иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои корфармоён, таъмини ҳимояи музди меҳнат ва ширкати кормандони кироя дар даромадҳо амалӣ мегардад.

Аммо дар ин сурат ҳам он маҳдуд аст, зеро ки бештари корхонаҳо бо тарзи хоҷагидории қисман мустақил ва талофият амал намуда, дар рақобати бозор иштирок мекунанд. Қиёспазирии сатҳҳо ва таносуб дар пардохт, ки амалан дар бозори меҳнат ба вуҷуд омадаанд, аз усулҳои асосии сиёсати музди меҳнати онҳо ва сохтори муассисаҳои ҳисоби хоҷагӣ маҳсуб меёбанд.

Дар давраи таварруми шиддатнок ва бӯҳронҳо давлат ҳуқуқ дорад, ки музди меҳнатро ба воситаи муқаррар кардани ҳадди болоии афзоиши он вобаста ба болоравии ҳосилнокии меҳнати ҷамъиятӣ (ҳаҷми истеҳсолот), ё бо роҳи муайян намудани тартиб ва андозаи индексатсияи он мутобиқи афзоиши нарх танзим кунад.

Мақомоти давлатии идораи меҳнат таснифоти намунавии тахассусҳои коргарон ва хизматчиёнро ҷиҳати муқаррар намудани дараҷаҳои тарифӣ ва коэффитсиентҳои тарифии ҷавобгӯи стандарти байналмилалӣ таҳия менамоянд.

Ба дараҷаҳои тарифии муайян (ба вазифаҳо) мансуб донистани корҳои иҷрошаванда ва ба кормандони кироя додани тахассусҳои мувофиқ тибқи тартиби муқаррарнамудаи шартномаи коллективӣ (созишнома) ё корфармо аз рӯи Маълумотномаи ягонаи тарифӣ - тахассусии корҳо ва касбҳои коргарон, Маълумотномаи ягонаи тахассусии вазифавии роҳбарон, мутахассисон ва хизматчиён, инчунин дигар маълумотномаҳои тахассусии бо тартиби муқаррарӣ тасдиқгардида амалӣ мегардад.

Бинобар ин, корфармо дар вақти ба дараҷаҳои муайяни тарифӣ марбут донистани корҳои мушаххасан иҷрокардаи кормандони кироя ва ба онҳо додани дараҷаҳои тарифӣ вазифадор аст, ки меъёрҳои Маълумотномаи ягонаи тарифӣ - тахассусиро, ки дар он вобаста ба соҳа мисолҳои зиёд такрор мегарданд ва вобаста ба мураккабияташон ба ин ё он дараҷаи тарифӣ тааллуқ доранд, ба роҳбарӣ гирад. Тартиби ба дараҷаҳои тарифӣ марбут донистани корҳо дар ташкилоти мушаххас дар шартномаи коллективӣ қайд мегардад ва мақоми махсуси ташкилот (шӯъбаи меҳнат ва пардохти музди меҳнат) ё корманди махсус (меъёргар) ба ин кор машғул мебошанд.

Дохил намудани роҳбарони зерсохторҳо (шӯъбаҳо, цехҳо ва участкаҳо) бо тахассуси мувофиқ, низ мувофиқи Маълумотномаи тахассусии вазифавӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо супориши он аз ҷониби дигар мақомоти салоҳиятдор Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, сурат мегирад.

Мутобиқ ба ҳар як дараҷа аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ коэффитсиент муқаррар карда шудааст. Маошҳои вазифавӣ бо роҳи зарб задани меъёри дараҷаи якум ба коэффитсиенти тарифӣ муайян карда мешаванд.

Ба соҳаҳои аз буҷет маблағгузоришаванда дохил намудани вазифаҳои хизматчиён вобаста ба вазифаи ишғолнамуда аз рӯи воҳидҳои корӣ ва андозаи музди меҳнат аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

3.2. Танзими шартномавии музди меҳнат

Танзими тамоми масъалаҳои музди меҳнатро дар бахши ҳисоби хоҷагӣ музокироти коллективии байни корфармоён (соҳибкорон), иттифоқҳои касаба ва мақомоти ҳокимияти иҷроия пешбинӣ мекунад. Ҳамаи онҳо субъектҳои баробарҳуқуқи мушоракати иҷтимоӣ маҳсуб меёбанд:

- аз номи корфармоён (иттиҳодияи корфармоён) - роҳбарони ташкилотҳо ва дигар намояндагони ваколатдори онҳо, мутобиқи низомномаи ташкилот ё дигар санадҳои ҳуқуқӣ, ашхоси ваколатдори мақомоти иттиҳодияҳои корфармоён;

- аз номи кормандони кироя - иттифоқҳои касаба дар шахси мақомоти интихобии дахлдор, ё мақомоти махсуси намояндагии ваколатдори меҳнаткашон;

- аз номи мақомоти иҷроия - Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти дахлдори идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ.

Музокирот дар сатҳи умумиҷумҳуриявӣ, соҳавӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявию минтақавӣ ва дар сатҳи ташкилотҳо сурат мегирад.

Дар натиҷа созишнома ва шартномаҳои коллективии эътибори ҳуқуқидошта баста мешаванд, ки иҷрои онҳо барои тарафҳо ҳатмӣ мебошад.

Дар мавриди бастани созишномаҳо дар тамоми сатҳҳо, аз он ҷумла шартномаҳои коллективӣ, мавзӯъҳои асосии ҷараёни музокирот ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, муайян намудани шароити меҳнат ва пардохти ҳаққи меҳнат, ҳифзи меҳнат, кироя, аз кор озодшавӣ ва шуғли кормандон, кафолатҳои иҷтимоӣ ва имтиёзҳо, иловапулиҳои хусусияти ҷубронидошта ва танзими муносибатҳои байни субъектҳои шарикии иҷтимоӣ мебошанд. Барои ташкили пардохти музди меҳнат низоми тарифии пардохти музди меҳнат заминаи асосӣ маҳсуб меёбад. Дар асоси он сатҳи музди меҳнат ташаккул ёфта, тафриқаи байнитахассусӣ, байникасбӣ ва байнивазифавии он таъмин мегардад.

Ҷадвали ягонаи тарифӣ на танҳо кафолати давлатии ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самти тафриқабандии пардохти музди меҳнати гурӯҳҳои тахассусии кормандони кироякор маҳсуб меёбад, он инчунин механизми муассири аз байн бурдани тафриқа дар пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият, ба ҳисоб меравад.

Ҳангоми бо айби яке аз тарафҳо ба иҷро нарасидани нуқтаҳои шартнома тарафи дигар хақ дорад, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон даъворо дар бораи талофии зарари моддии бар асари он расонидашуда пешниҳод намояд.

3.3. Танзими бозории музди меҳнат

Баҳогузории бозории сатҳи музди меҳнати кормандони соҳаҳо ва шаклҳои гуногуни фаъолият барои муайян намудани сатҳи миёнаомории музди меҳнат дар ҷомеа истифода бурда мешавад. Барои ҳисобу китоб намудани ин нишондиҳанда муассисаҳои шакли моликияташон гуногун ба мақомоти омори давлатӣ маълумотро дар бораи теъдоди рӯйхатӣ ва воқеии ба кор машғулбудагон ва фонди ҳисобишудаи музди меҳнат пешниҳод менамоянд. Мақомоти давлатӣ оид ба меҳнат маълумоти аз мақомоти омори давлатӣ бадастовардаро омӯхта, таҳлил менамояд ва онро ҳангоми муқаррар намудани арзиши қувваи корӣ аз рӯи соҳаҳо ва дараҷаи кормандон истифода мебарад.

Корфармоён ишондиҳандаи миёнаи сатхи музди мехнатро барои муайян намудани хадди музди мехнати ҳар як дараҷаи коргар ва вазифаи хизматчиву роҳбар ҳамчун асос истифода менамоянд.

Музди меҳнати миёнаоморӣ баҳои ҷамъиятиро воқеъбинона инъикос намуда, ҳамчун воситаи таъмини маоши баробар барои меҳнати баробарарзиш дар шароити баробари истеҳсолӣ хизмат менамояд.

Тамоми субъектҳои хоҷагидор бояд ин усулро риоя намоянд, зеро ки он имконият медиҳад: аввалан, аз афзоиши беасоси музди меҳнат ба таври оқилона ҷилавгирӣ карда шавад; сониян, пеши роҳи корро тарк намудани мутахассисони соҳибихтисос гирифта шавад.

Мутобиқсозии фаъолияти корфармоён дар танзими афзоиши музди миёнаи меҳнат тавассути иттиҳодияҳои корфармоён сурат мегирад.

Иттиҳодияи корфармоён сиёсати мувофиқашудаи созишномаҳои меҳнатиро коркард намуда, масъалаҳои афзоиши қобили қабули музди меҳнатро дар заминаи зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсолот ҳаллу фасл мекунад ва имкон намедиҳад, ки суръати афзоиши музди меҳнат аз суръати афзоиши ҳосилнокии мехнат, ё ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда зиёдтар гардад.

Фаъолияти иттиҳодияҳои корфармоён бояд ба он мусоидат намояд, ки яку якбора пасту баландшавӣ дар андозаи музди меҳнати соҳаҳо ва муассисаҳо рух надиҳад.

3.4. Ваколатҳои ҳокимияти қонунгузор, иштирокчиёни музокироти коллективӣ, тарафҳои шартномаҳои (қарордоди) меҳнатӣ дар ҳалли масъалаҳои пардохти музди меҳнат

Дар шароити иқтисоди бозорӣ танзими музди меҳнат асосан хусусияти ғайримарказӣ дорад, дар ин робита талабот ба муайян намудани ваколатҳои қонунгузор, иштирокчиёни музокироти коллективӣ ва тарафҳои шартномаҳои (қарордоди) меҳнатӣ дар ҳалли масъалаҳои пардохти музди меҳнат ба миён меояд.

Аз рӯи зарурияти ҳимояи коргари кироя, ки ӯ тарафи нисбатан заифи муносибатҳои меҳнатӣ мебошад, бо тартиби қонунгузорӣ бояд муқаррар карда шаванд:

- андозаи ҳадди ақали музди меҳнат ва тартиби аз нав дида баромадани он;

- қоидаҳои асосии марбут ба муқаррар намудани системаи пардохти музди меҳнат, ташкили меъёрбандии меҳнат ва муайян намудани шаклҳои ҳавасмандгардонии моддӣ;

- ҳуқуқи кормандон ба музди меҳнат ва ҳифзи ин ҳуқуқ;

- тартиби пардохти рухсатиҳои меҳнатии ҳарсола;

- ӯҳдадории корфармоён, мақомоти ҳокимияти иҷроия ва мақомоти худидораи маҳаллӣ ҷиҳати доир намудани музокироти коллективӣ, бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, аз он ҷумла оид ба масъалаҳои муқаррар намудани шартҳои пардохти музди меҳнат;

- механизми бартарафсозии мухолифатҳое, ки ҳангоми бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пайдо мешаванд ва ҷавобгарии ашхоси мансабдор барои вайрон кардани шартҳо ва талаботи қонунгузорӣ дар масъалаҳои сари вақт ва пурра пардохт намудани музди меҳнат;

- пардохтҳои кафолатнок ва ҷубронӣ (барои кор дар шароити номусоиди табиию иқлимӣ, кор дар шароити зарарноку вазнини меҳнат, зиёда аз вақти муқаррарӣ кор кардан, кор дар рӯзҳои истироҳату идҳо, барои корҳои шабона, ҳангоми дуҷоякорӣ ва ғайра);

- тартиби пардохти музди меҳнат ба кормандони ноилоҷ ба кор ҳозир нашуда, ба кори пештара барқароршуда, ғайриқонунӣ озодгардида ё ба кори дигар гузаронидашуда;

- тартиби ҷуброни зарар ба корманд, ки дар натиҷаи сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнат расидааст;

- тартиби индексатсияи музди меҳнат вобаста ба таваррум ва мутобиқсозии он ба васеъ гардидани доираи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва манзилии пулакӣ, инчунин имконоти буҷети давлатӣ;

- дохил намудани музди меҳнат ба хароҷоти истеҳсолӣ ва ворид кардани хароҷот ба арзиши аслии маҳсулот;

- муайян намудани нақшаҳои ҷадвали воҳидҳои корӣ, фонди музди меҳнат ва теъдоди кормандон дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд;

- низоми андозбандии шахсони воқеӣ.

. Такмил додани ҷадвалҳои тарифӣ ва нақшаҳои маошҳои вазифавӣ

Ҷадвалҳои тарифӣ ва нақшаҳои маошҳои вазифавии мутахассисон ва хизматчиён воситаҳои тафриқабандии андозаи хаққи меҳнат вобаста ба мураккабияти он ва тахассуси кормандон ба ҳисоб мераванд. Ҷиҳати ҳавасмандсозии рушди тахассус онҳоро пайваста бояд такмил дод ва инро дар заминаи ҷадвалҳои тарифӣ ва нақшаҳои амалкунанда ё бо роҳи таҳияи ҷадвали ягонаи тарифии якхела барои коргарон, мутахассисон ва хизматчиён амалӣ намудан мумкин аст.

Ҳадди ақали музди меҳнат, ки ба ҳадди ақали зиндагӣ мутобиқ мебошад, асоси Ҷадвали ягонаи тарифӣ ташкил медиҳад.

То омода намудани он дар давраи гузариш имкони ба ҷойи ҷадвалҳои тарифӣ ва нақшаҳои маошҳои вазифавии мавҷуда истифода бурдани меъёрҳои ягонаи тарифии ҷудогона барои коргарон, мутахассисон ва хизматчиён вуҷуд дорад.

Тафриқабандии меъёрҳо ва маошҳо дар Ҷадвали ягонаи тарифи бо усулҳои гуногун, аз он ҷумла тавассути ҳисобу китоби "сабади истеъмолӣ", коэффитсиентҳои тарифӣ ё иловапулиҳои тағйирнаёбанда ба меъёр ва маоши вазифавӣ ноил шудан мумкин аст.

Бо мақсади сарфаи маблағҳо барои пардохти музди меҳнат Ҷадвали ягонаи тарифӣ, ки бо ёрии коэффитсиентҳои ботадриҷ аз дараҷа ба дараҷа афзоишёбанда ҳисоб карда шудааст, воситаи дуруст мебошад. Ғайр аз ин, ҳангоми тартиб додани он бо роҳи муқаррар намудани коэффитсиентҳои дахлдор ё иловапулӣ ба меъёрҳои тарифӣ (маош) чунин омилҳоро ба монанди муҳиммияти соҳа дар иқтисодиёт, фарқият дар шароити меҳнат ва таҷдиди қувваи кориро дар минтақаҳо ба инобат гирифтан зарур аст.

Дар иқтисоди бозорӣ музди меҳнат нархи қувваи корӣ ба ҳисоб меравад.

Танзимкунандаи ҳамаҷиҳатае, ки тавассути он меҳнати зарурии ҷамъиятӣ воқеан чен карда мешавад ва пардохт мегардад, системаи тарифи мебошад. Он аз унсурҳои зерин таркиб меёбад:

- меъёри тарифии дараҷаи якум, ки ба андозаи ҳадди ақали музди меҳнати корманди беихтисос (оддӣ) асос ёфтааст;

- ҷадвали тарифӣ;

- маълумотномаҳои тарифӣ - тахассусӣ.

Меъёрҳои тарифӣ ва маошҳо вазифаҳои зайлро иҷро менамоянд:

- кафолати иҷтимоии давлатӣ барои таъмини бозистеҳсоли мӯътадили нерӯи кории кормандони сатҳҳои гуногуни тахассусӣ;

- воситаи табақабандии андозаи музди меҳнат дар заминаи муқаррар намудани фарқиятҳои асоснок дар музди меҳнати кормандон вобаста ба сатҳи тахассуси онҳо, мураккабӣ ва масъулиятнокии корҳои (вазифаҳои) иҷрошаванда;

- афзалият додан дар пардохти музди меҳнат ба кормандоне, ки меҳнати онҳо то андозае суръати рушди илмию техникиро муайян менамояд ва барои иқтисодиёт аҳамияти муҳим дорад.

Бо мақсади таъмини кафолатҳо зарур аст, ки ҳиссаи умумии меъёрҳои тарифӣ ва маошҳо якҷоя бо пардохти ҳамаи маблағҳо, бо фарогирии пардохтҳои ҷубронӣ (барои кор дар шароити номусоиди иқлимию табиӣ ва шароити махсуси меҳнат ва ғайримеъёрӣ) ба андозаи на камтар аз 70 фоиз ва дар соҳаҳои буҷетӣ то 100 фоиз расонида шавад.

То ҷоннокшавии пурраи иқтисодӣ кишвар дар соҳаҳои буҷетӣ ба ҷои ҷадвали тарифӣ аз ҷадвали маошҳои вазифавӣ ва ставкаҳои ягонаи тарифии алоҳида барои кормандон ва хизматчиён метавон истифода бурд.

5. Ҳадди ақали музди меҳнат

Дар моддаи 103 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми ҳадди ақали музди меҳнат ва шартҳои муқаррар намудани он муайян гардидаанд. Ҳадди ақали музди меҳнат барои муқаррар намудани сатҳи тарифҳои давлатӣ дар соҳаи пардохти музди меҳнат, ки бо баландшавии андозаи ҳадди ақали музди меҳнат тағйир меёбад, чун асос хизмат мекунад. Ҳадди ақали музди меҳнат бо пули миллӣ муқаррар карда мешавад.

Андозаи муқарраргардидаи ҳадди ақали музди меҳнат дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳар сол тибқи нишондиҳандаҳои Страгегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон индексатсия (баланд) карда мешавад.

Раҳнамуди муқаррар намудани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат бояд ҳадди ақали зиндагӣ (ҳадди ақали буҷети истеъмолӣ) ё дигар меъёри иҷтимоӣ бошад.

6. Музди меҳнати кормандони соҳаҳои ғайриистеҳсолие, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд

Асоси ташкили пардохти музди меҳнати кормандони соҳаҳои ғайриистеҳсолие, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд ва ҳамчун табақаи дар шароити муносибатҳои бозории танзимшаванда бештар ба ҳифз ниёздошта ба ҳисоб мераванд, ин муқаррарнамоии муттамаркази меъёрҳою (ставкаҳо) маошҳо ва якҷоя маблағгузорӣ мебошад.

Дар марҳалаи аввал ҷорӣ намудани сатҳҳои гуногуни баланд бардоштани музди меҳнати ин кормандон барои барҳам додани тафриқаи беасоси байнисоҳавӣ ва дохилисоҳавӣ дар пардохти музди меҳнати онҳо пешбинӣ шудааст. Барои соҳаҳое, ки сатҳи музди меҳнати онҳо дар айни замон нисбат ба дигар соҳаҳо пасттар мебошад, коэффитсиенти баландтар муқаррар карда мешавад. Бо ин роҳ ҳамасола сатҳи меъёрҳо (ставкаҳо) ва маошҳои кормандони соҳаҳои ғайриистеҳсолиро то ба сатҳи музди миёнаи меҳнати моҳонаи кормандони ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт баробар кардан мумкин аст.

Барои тахассуси кормандони соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ, ки барои соҳаҳои истеҳсолӣ қобили қиёс нест, (кормандони маданият, фарҳанг, тандурустӣ, маориф ва ғ.) бо дастури ягонаи баҳодиҳӣ ба мураккабии меҳнат меъёрҳо (ставкаҳо) ва маошҳои нав муқаррар карда мешаванд.

Сохтори нави пешниҳодшавандаи музди меҳнат дар соҳаи буҷетӣ ба барҳамдиҳии иловапулӣ ва пардохтҳои иловагӣ бо роҳи дохилкунии онҳо ба маоши буҷетӣ асос меёбад.

Ба маоши моҳонаи вазифавӣ пардохтҳои ҷубронӣ (барои кор дар маҳалҳое, ки шароити номусоиди табиию иқлимӣ доранд, кори ба саломатӣ зараровару вазнин, барои тахассус, собиқаи корӣ, унвони илмӣ ва ғайра) дохил карда шуда, дар доираи ҷадвали тарифӣ ба танзим дароварда мешаванд.

Маошҳои вазифавии кормандон вобаста аз сатҳи маълумот, дараҷаҳои тахассусӣ ё ихтисос, вазифаи корманд, теъдод ва намуди муассисаҳо муқаррар карда мешаванд. Тафриқа аз маош ба маош дар ҳаҷми на камтар аз 40-50 фоиз муқаррар карда мешавад.

Дар охир гузариш ба низоми вокеӣ, пешбинишаванда, кафолатнок, якхела, шаффоф ва саҳеҳи музди меҳнат, ки ба ҳадди ақали музди меҳнат, яъне ба Ҷадвали ягонаи тарифӣ (барои ҳамаи муассисаҳои буҷетӣ, ғайр аз хизматчиёни давлатӣ, ки барои онҳо ҷадвали тарифии махсус вуҷуд дорад) асос ёфтааст, амалӣ карда мешавад.

Ҳамзамон бояд ба назар гирифт, ки он иловапулиҳое, ки дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, яъне барои кори дуҷоякорӣ, ҳангоми якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо), ҳангоми муваққатан ба ҷои дигар корманд кор кардан, аз вақти муқаррарӣ зиёдтар кор кардан, кор дар рӯзҳои истироҳат, идҳо ва шабона нигоҳ дошта мешаванд.

Механизми истифодабарии захираҳои ғайрибуҷетӣ баҳри зиёд намудани музди меҳнат ва таъмини мутобиқияти ҳар як давраҳои ояндаи ислоҳоти музди меҳнат бо маблағгузории фардӣ ва амаликунонии системаи пардохти якҷоя дар соҳаҳои буҷетӣ таҳия карда мешавад.

Дар хизмати давлатӣ ва инчунин дар сохторҳое, ки танҳо аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, барои муборизаи рақобатӣ бо сохторҳои хусусӣ баҳри дарёфти кадрҳои боихтисос ва ченкунии кори хизматчиёни давлатӣ тавассути низоми ҳавасмандгардонӣ масъалаи таъсис намудани фонди махсус барои хавасмандкунонии моддии кормандон (10 - 20 фоизи фонди музди меҳнат) мавриди баррасӣ қарор ёфта, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда мешавад. Низоми ҳавасмандгардонӣ аз комёбиҳои истеҳсолие, ки ҳавасмандкунии иловагӣ барои кори хубу босамар, пардохти иловагӣ ба кормандоне, ки нисбати корҳои муқаррарии вазифавиашон корҳои бештар ихтисоснокро иҷро мекунанд ва пардохти иловапулиҳоро ба кормандоне, ки машғули вазифаҳои серталабтар ҳастанд (мутахассисони соҳаи технологияҳои ахборотӣ, ҳуқуқшиносон, муҳосибон ва ғайраҳо), таъмин мекунанд, асос ёфтааст.

7. Ташкили пардохти музди меҳнати роҳбарон ва мутахассисон

Барои роҳбарон ва қисми зиёди мутахассисон, кормандони илмӣ ва эҷодӣ, инчунин хизматчиёни давлатӣ ҷорӣ намудани шакли шартномавии музди меҳнат мувофиқи мақсад аст. Дар ин ҳолат дар шартномае, ки байни коргар ва корфармо баста мешавад, андозаи мушаххас ва шартҳои пардохти музди меҳнат муқаррар карда мешаванд.

Дар ин маврид меъёрҳо (ставкаҳо) ва маошҳои тасдиқшудаи муттамарказ барои музокирот дар бораи андозаи музди меҳнати шартномавии ин кормандон ҳамчун асос хизмат менамоянд.

Дар вақти муайян намудани шартҳои пардохти музди меҳнати роҳбарон махсусияти фаъолияти онҳо, ки он аз ҳамоҳангии вазифаҳои мутахассис ва ташкилотчии кор, инчунин масъулиятнокии ҷиддӣ дар қабули қарор бармеояд, ба назар гирифта мешавад. Андозаи маоши роҳбарон мустақиман аз миқёси истеҳсолот ва мураккабии идораи муассиса вобаста мебошад. Дар ин сурат сатҳи маоши ба таври муттамарказ муқарраргардидаи роҳбар ҳамчун заминаи воқеӣ барои муайян намудани андозаи мушаххаси маош ҳангоми музокирот дар бастани шартномаи (қарордод) меҳнатӣ хизмат мекунад.

Бо назардошти он, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ мақом ва масъулияти роҳбарони ташкилотҳои давлатии иқтисодиёт дар мӯътадил нигоҳ доштани низоми истеҳсолӣ ва интизоми давлатӣ меафзояд, мувофиқи мақсад мебуд, агар бо мақсади ривоҷ додани ташаббускорӣ, ҳангоми тақсимоти даромади софи ба ихтиёри коллективи меҳнатӣ воридшаванда ба онҳо афзалият дода шавад.

Низоми ҳавасмандгардонии моддии роҳбарон бояд ба он мусоидат кунад, ки онҳо дар фаъолияти хоҷагидории хеш ба натиҷаҳои дарозмуддати истеҳсолӣ ноил гарданд. Дар ин сурат андозаи он аз андозаи ҳавасмандгардонӣ барои натиҷаҳои кори ҷорӣ бояд баландтар бошад.

Маоши хизматчиёни давлатии дар мақомоти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ фаъолиятдошта бояд дар сатҳи баланд бошад. Ин имкон медиҳад, кормандони босалоҳият ва боғайрати дорои қобилияти хуби фарҳангӣ ва касбият ба кор ҷалб карда шаванд. Ҳамзамон, сатҳи маоши хизматчиёни давлатӣ аз он сатҳи музди меҳнате, ки онҳо мебоист дар муассисаҳои ин соҳаи иқтисоди ҷумҳурӣ бо назардошти иловапулӣ, пардохтҳои иловагӣ, мукофотпулӣ ва дигар пардохтҳо мегирифтанд, набояд зиёд бошад.

Умуман, ташкили пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" танзим карда мешавад.

8. Рушди шаклҳо ва системаи пардохти музди меҳнат

Дар муассисаҳои ҳисоби хоҷагӣ, ки мақсади асосии истеҳсолот зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот мебошад, низоми корбайъи пардохти музди меҳнат нигоҳ дошта мешавад. Он якҷоя бо иловапулӣ, пардохтҳои иловагӣ ва мукофотҳо барои нишондиҳандаҳои қаблан муқарраргардидаи корӣ робитаи бевоситаи андозаи пардохти музди меҳнатро бо миқдори маҳсулоти истеҳсолшуда таъмин мекунад.

Ба муассисаҳое, ки истеҳсолоти мунтазам ва тартиби қатъии раванди он хоси онҳо мебошанд, тавсия дода мешавад, ки аз шакли корбайъи пардохти музди меҳнат ба шакли соатбайъи пардохти музди меҳнат гузаранд. Андозаи он ба воситаи дараҷаи муқарраргардида, миқдори вақти коркардшуда, бо дараҷаи иловапулӣ барои сифати баланди корҳо ва мукофотпулиҳо барои натиҷаҳои ниҳоии кор муайян мегардад.

Байни вақти меҳнати сарфшуда ва натиҷаҳои ниҳоии истеҳсолии соҳаҳои кишоварзӣ, моҳипарварӣ, ҷангал, сохтмон ва дигар соҳаҳо, истеҳсолоти алоҳида ва намудҳои фаъолият фосилаи зиёде мавҷуд аст, аз ин рӯ, дар ин соҳаҳо шакли пудратии ташкили пардохти музди меҳнат истифода шавад. Ба кормандони ин соҳаҳо пеш аз ҳисобии пурра барои натиҷаҳои ниҳоии кор, пешпардохт дода мешавад, ки андозаи он набояд аз ҳадди ақали музди меҳнат кам бошад.

Аз таҷрибаи шакли ҳавасмандкунии моддии коллективӣ (аз он ҷумла мукофотонии коллективӣ) дар ҳолате, ки пардохти музди меҳнати ҳар як корманд мустақиман бояд ба натиҷаҳои меҳнати коллектив вобаста бошад, ба таври васеъ истифода карда шавад. Дар ҳолати тақсими даромади коллектив, мукофотҳои коллективӣ, мукофотҳои яквақта, коэффитсиентҳои шарикии меҳнатӣ ва коэффитсиентҳои ҳиссаи меҳнатӣ, ки ба таври демократӣ муқаррар мегарданд, истифода бурда мешаванд.

Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ бештар шакли саҳмдории пардохти музди меҳнат истифода карда шавад, чунки ҳар як узви хоҷагӣ, ҳамчун ҳаммолики воситаҳои асосӣ ва фондҳои истеҳсолии хоҷагӣ, бояд мутобиқи ҳиссаи ба ӯ тааллуқдошта, арзиши онҳо, қисми даромади софи хоҷагиро ба даст орад.

Ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ мустақилона шаклҳо ва низоми пардохти музди меҳнатро интихоб менамоянд ва онҳо набояд андозаи инфиродии пардохти музди меҳнатро маҳдуд созанд. Ин моҳиятан нақши вазифаи ҳавасмандсозии пардохти музди меҳнатро баҳри ба даст овардани натиҷаҳои баланди ниҳоӣ, афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва самаранокии истеҳсолот баланд мебардорад.

Ба ташкилотҳои шакли маблағгузориашон омехта барои аз ҳисоби маблағҳои худӣ бе камкунии маблағҳои буҷетӣ муқаррар намудани иловапулиҳо ба маоши вазифавии амалкунанда (меъёри тарифӣ) ва инчунин ҳавасмандкунии иловагии меҳнат ҳуқуқ дода мешавад ва ба ин мақсад онҳо метавонанд то ба андозаи 50 фоизи фоидаи ба дастовардаашон маблағ истифода баранд.

Андозаҳо ва тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаҳои санъат, нашриёт, маориф, ки аз рӯи супоришҳои алоҳида кор мекунанд, (рассомон, ҳайкалтарошон, мухбирон, маърӯзачиён, роҳбаладҳо ва дигарон) кормандони кирояе, ки дар хонаи кироякунанда корҳои оид ба хизматрасонии шахсӣ ва оилаи ӯро (кормандони хонагӣ, хизматгорон, мураббиён, посбонҳо ва дигарон), иҷро менамоянд, бо созишномаи тарафайн муқаррар карда мешаванд, аммо он аз ҳадди ақали кафолате, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, набояд камтар бошад.

Шарти пардохти музди меҳнат, пардохти рухсатии меҳнатӣ, додани кафолатҳо ва ҷуброне, ки бо созишномаҳо ва шартномаҳои коллективии дахлдор пешбинӣ шудаанд, ба кормандони дар боло зикргардида дар ҳолатҳо ва ҳудудҳои муқаррарӣ татбиқ мегарданд.

9. Ҷуброни шароити меҳнат

Дар давраи тӯлонӣ пардохтҳои иловагӣ ба меъёрҳои тарифӣ ва маошҳо воситаи асосии ҷуброн намудани шароити номусоиди меҳнат барои кормандон буданд.

Азбаски теъдоди кормандони аз иловапулиҳои зикргардида бархӯрдорбуда хеле зиёд аст, аз ин лиҳоз дар ояндаи наздик ҳам бекор кардани онҳо имконнопазир аст. Корфармоён новобаста аз шакли моликият ва намуди фаъолияташон муваззафанд ин намуди иловапулӣ ва пардохтҳои иловагии ба таври муттамарказ муқарраршударо, ки тибқи шартномаҳо ба маошҳои вазифавӣ ва меъёрҳои тарифии алоҳида муайян гардидаанд, ба эътибор гиранд:

- барои кор дар шароити номусоиди иқлимию табиии меҳнат (дар маҳалҳои баландкӯҳ, биёбон ва беоб);

- барои кор дар шароити махсуси меҳнат (меҳнати вазнин ва зарарнок, махсусан вазнин ва махсусан зарарнок);

- барои иҷрои кор дар шароити ғайримуқаррарӣ (кори аз меъёр зиёд, рӯзҳои истироҳат ва ид, кори шабона, ҳангоми якҷоя кардани касбҳо ва дигар ҳолатҳо);

- кафолатҳои иловагӣ барои гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон-ноболиғон, заноне, ки кӯдакони хурдсол доранд, маъюбон ва дигарон;

- ҷубронпулиҳо барои иҷрои вазифаҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ, давраи сафарҳои хизматӣ, такмили ихтисос;

- барои муоинаи кормандоне, ки вазифадоранд дар муассисаҳои тиббӣ аз муоина гузаранд; дар ҳолати бекористӣ; ҳангоми ба кори дигар гузаштан ё ба маҳалли дигар кӯчидан ва ғайра;

- шартҳои пардохтҳо ҳангоми аз кор рафтани корманд: пардохти ҷубронпулӣ барои рухсатии меҳнатии истифоданашуда; кӯмакпулии дар вақти аз кор рафтан, нигоҳ доштани музди меҳнат дар давраи ба кор таъмин шудан ва ғайра.

Кафолатҳои алоҳида ва пардохтҳои ҷубронӣ метавонанд тавассути мувофиқаи тарафайн (ҳангоми ҷорӣ намудани навоварӣ ва таклифҳои ратсионализаторӣ) муқаррар гарданд. Тарафайн метавонанд инчунин қоидаҳои иваз намудани иловапулиҳоро бо дигар намудҳои ҷубронҳо (хӯроки махсус, бепул ё қисман пардохтшаванда, кам кардани давомнокии рӯзи корӣ, зиёд намудани мӯҳлати рухсатии меҳнатии пардохтшаванда ва ғ.) пешбинӣ намоянд.

10. Тартиби ташкили пардохти музди меҳнат дар шароити иқтисоди бозорӣ ва танзими андозаи фонди музди меҳнат

То ҷорӣ гардидани муносибатҳои бозорӣ дар иқтисодиёт низоми ба нақшагирии муттамарказ фаъолияти корхонаҳо ва ташкилотҳоро дар масъалаҳои пардохти музди меҳнат мураттаб менамуд. Ба таври ҳатмӣ меъёри теъдодии кормандон, андозаи фонди музди меҳнат ва ҳавасмандкунии моддӣ, меъёрҳои истифодабарии фоида ва дигар нишондиҳандаҳо муқаррар карда мешуданд.

Дар иқтисоди бозорӣ дар ҳолате, ки масъалаҳои пардохти музди меҳнат аз рӯи талабот ва пешниҳоди қувваи корӣ ҳаллу фасл мегарданд, нишондиҳандаҳои мазкур бо нархи қувваи корӣ муайян карда мешаванд.

Дар сатҳи макроиқтисодӣ на танҳо таъмини афзоиши вазни қиёсии музди меҳнат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, хароҷоти истеҳсолот ва даромади аҳолӣ зарур аст, инчунин муқаррар намудани таносуби мувофиқ дар мавриди тақсимоти арзиши нави бо омилҳои истеҳсолии бавуҷудомода лозим аст. Баландшавии музди меҳнатро бо роҳи сари вақт индексатсиякунонии ҳадди ақали музди меҳнат, мукаммалкунии Ҷадвали ягонаи тарифӣ, баланд бардоштани масъулияти соҳибкорон ҷиҳати риояи меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои меҳнатӣ таъмин намудан зарур аст. Ривоҷ додани механизмҳои муколамаи иҷтимоӣ самаранок мебошад.

Сатҳи пасти музди меҳнат ва ба он алоқаманд будани сохтори хароҷоти (истеъмолӣ) аҳолӣ барои афзоиши иқтисодии саноат яке аз муҳимтарин воситаи маҳдудкунанда ба ҳисоб меравад, зеро ки ин аз сабаби мавҷуд набудани ҳавасмандӣ ба меҳнат талаботи аҳолиро маҳдуд менамояд. Ғайр аз ин, дар сурати паст будани ҳиссаи музди меҳнат дар мамлакат тараққиёти техникӣ амалӣ намегардад. Қонунияти умумии рушд ин аст, ки ҳар чӣ қадар меҳнат арзон бошад, ҳамон қадар аз ҳисоби он сарфа намудан муфидтар мебошад. Ҳангоми баланд будани арзиши меҳнат аҳамияти таҷдиди техникӣ меафзояд.

Дар Созишномаи генералиӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқи касабаи Тоҷикистон мувофиқа намудани масъалаи расонидани ҳиссаи музди меҳнат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, инчунин дар арзиши аслии маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо то сатҳи муайян (30-40 фоиз) дар миқёси ҷумҳурӣ ва ба таври алоҳида дар соҳаҳои иқтисодиёт зарур аст.

Давлат фақат андозаи ҳадди ақали музди меҳнати кормандонро ба сифати кафолати иҷтимоии бозистеҳсоли мӯътадили қувваи корӣ муайян менамояд. Меъёрҳо ва маошҳои мушаххас ва шартҳои ташаккулёбии музди меҳнат бояд ҳар сол дар рафти музокироти байни корфармо ва коллективҳои меҳнатӣ дар шахси кумитаҳои иттифоқҳои касаба ё мақомоти намояндагии меҳнаткашон муайян карда шаванд.

Воситаи оқилонаи дар шароити мавҷуда ҷорӣ намудани танзими андозии ҳиссаи фонди истеъмолии даромади ҳисоби хоҷагии муассиса мебошад. Он набояд мустақиман фонди музди меҳнатро танзим намояд. Дар ин сурат, фонди истеъмолӣ мутобиқи афзоиши даромади ҳисоби хоҷагӣ (рушди бартариятноки фонди андӯхт шарти асосист) ташаккул меёбад ва онро муассисаҳо мустакилона сарф мекунанд.

Масъалаҳои марбути андозу андозбандии фонди музди меҳнат ва даромади корхонаҳо, инчунин дигар ҷанбаҳои онҳо тавассути Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд.

11. Баланд бардоштани мақоми меъёрбандии меҳнат ва такмил додани заминаи меъёрӣ-методӣ

Меъёрбандии меҳнат бо низоми ташкили пардохти музди меҳнат ва мукофотонӣ алоқамандии зич дорад.

Сабаби барқарорсозии меъёрбандии меҳнат кам кардани хароҷоти истеҳсолӣ, аз он ҷумла сарфи меҳнат барои воҳиди маҳсулоти фурӯхташуда бо таъмини сифати баланди он, бо назардошти баҳисобгирии ҳамаҷониба ва қонеъ гардонидани эхтиёҷоти корманд дар соҳаи меҳнат мебошад.

Дар шароити нави хоҷагидорӣ вазифаи идоракунии ташкил ва меъёрбандии меҳнат бояд кори, худи муассиса бошад ва он дахолати бевоситаи давлатро аз байн барад. Давлат аз вазифаҳои директивии манъкунанда ба иҷрои вазифаҳое гузарад, ки онҳо аз талабот ва эҳтиёҷоти худи муассисаҳо бармеоянд: таҳияи қоидаҳо ва меъёрҳо; пайгирӣ ва ташвиқот намудани таҷрибаи пешқадам; таъмини мутахассисон ва ғ.

Дар баробари ба муассисаҳо додани мустақилияти комил дар ташкил ва меъёрбандии меҳнат, бо назардошти махсусиятҳои давраи гузариш, ки ҳавасмандии нокифояи корфармоён дар кам кардани хароҷоти истеҳсолӣ, заминаи рушднаёфтаи меъёрӣ - методӣ хоси он мебошанд, давлат бояд механизми таъсиррасонии ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиро ҷиҳати такмили ташкил ва меъёрбандии меҳнат дар муассисаҳо ба роҳ монад.

Ғайр аз ин, дар шароити муносибатҳои ривоҷёфтаи бозорӣ, ғайримуттамарказкунии идоракунии иқтисодиёт набояд боиси аз даст рафтани вазифаҳои давлат дар муайян намудани принсипҳои ягонаи ташкил ва меъёрбандии меҳнат ва талаботи умумии ҳифзи иҷтимоии кормандон гардад.

Даст кашидани давлат аз дахолати маъмурӣ ба идоракунии раванди ташкил ва меъёрбандии меҳнат дар муассисаҳо набояд боиси даст кашидани он аз таҳияи муттамаркази меъёрҳо ва хароҷоти меъёрии меҳнати тавсиявӣ гардад. Таҳияи чунин аснод кӯмаки амалии ҳуқуқӣ ба корхонаҳои хурд маҳсуб ёфта, он имкон намедиҳад, ки дар таҳиясозӣ такроршавии меъёрҳои якхела ба амал ояд. Чунин иқдом барои муассисаҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, аҳамияти махсус дошта, барои онҳо мавриди истифодаи ҳатмӣ қарор додани меъёрҳои хароҷоти меҳнатии муттамарказ таҳиягардида, ки ҳисоби меъёри меҳнат дар асоси онҳо аз ҷиҳати техникӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ таъмин карда мешавад, зарур мебошад.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ меъёрбандӣ ва ташкили илмии меҳнат бояд ривоҷ ёбад, зеро ки имрӯз баҳои воқеӣ ба ченаки миқдорӣ ва сифатии меҳнат дода мешавад.

11.1 Идоракунии меъёрбандии меҳнат дар муассисаҳо

Бо пурзӯр гардидани мақоми меъёрҳо дар кам кардани хароҷоти истеҳсолӣ ва васеъ гардидани доираи вазифаҳои корхонаҳо дар ҳисоби хоҷагии дохилистеҳсолӣ, меъёрбандии меҳнат бояд ба усулҳои асосии зерин асос ёбад:

- ҳаддалимкон бояд доираи меъёрбандии меҳнат васеъ гардад, то ин ки ҳиссаи меҳнатии ҳар як корманд ҳисоб гардида, баҳогузорӣ шавад;

- ислоҳоти қатъии иқтисодӣ, татбиқи ҳамаҷонибаи ҳисоби хоҷагии муассир истифодаи нисбатан васеи меъёрҳои меҳнатро ҳамчун асос барои муқаррар намудани меъёрҳои иқтисодӣ ва дигар нишондиҳандаҳое, ки бо мақсади тақсимкунии боадолатонаи маблағҳо барои пардохти ҳамаи намудҳои кор истифода карда мешаванд, пешбинӣ менамояд.

Ин усули умумияти меъёрбандии меҳнати ҳамаи дараҷаҳои кормандони ташкилотҳо - коргарон ва хизматчиён, аз он ҷумла роҳбарон ва мутахассисон, бештар бо усули муайян намудани пурзаҳматии кор ва супориш, беҳтарин ҳадди кофии корро муқаррар намудан, баланд бардоштани самаранокии меҳнати онҳо ва пурзӯр намудани вобастагии пардохти он аз натиҷаҳои ниҳоии корро дар ҷои аввал мегузорад,

- ноил шудан ба сифати баланди меъёрҳои амалкунанда, наздиксозии ҳаддалимкони онҳо ба сатҳи хароҷоти зарурии меҳнат.

Заминаи меъёрӣ дар муассисаҳое, ки асоси онҳоро маводи меъёрии байнисоҳавӣ ва соҳавӣ оид ба меҳнат дар шароити таъмини афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшуда ташкил медиҳад, тадриҷан ҷудо ва дигаргун мегардад. Ин маънои онро дорад, ки дар шароити муносибатҳои бозорӣ моҳияти иқтисодии қоидаҳои меҳнат тағйир меёбад.

- асоснокии меъёрҳо бо назардошти омилҳои иҷтимоӣ, равониву физиологӣ, ҷинсиву синнусолӣ, ҳосилнокии баланди меҳнат дар шароити бозорӣ имкон медиҳад, ки қобилияти корӣ ва саломатии инсон нигоҳ дошта шавад. Ин барои гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон (занони ҳомила, нафақахӯрон, маъюбон, ноболиғон) аҳамияти махсус дорад.

Дар шароити нави хоҷагидорӣ дар танзими муносибатҳои меҳнатии муассисаҳо мақоми асосиро шартномаҳои байни коллективи меҳнатӣ ва корфармо басташуда касб мекунанд.

12. Тадбирҳо оид ба таъмини ҳифзи музди меҳнат

Ҳимояи меҳнаткашон аз подоши номунтазам ва номувофиқи ҳаққи меҳнат бо роҳи қабул ва татбиқи меъёрҳои қонунгузории марбута, ки онҳо иҷрои ӯҳдадориҳои корфармоёнро оид ба пардохти музди меҳнат таъмин менамоянд, амалӣ мегардад. Иҷроиши онҳо мувофиқи қонунгузории меҳнатӣ тавассути шартномаҳои (қарордоди) меҳнатӣ, шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ сурат мегирад.

Такмил додани механизми таъмини даъвоҳои меҳнаткашон оид ба музди меҳнат ҳангоми муфлисшавии корхонаҳо, бо роҳи ба онҳо додани ҳуқуқҳои имтиёзноки карздиҳандагон амалӣ мешавад.

Қонеъ гардонидани талаботи кормандон оид ба пардохти музди меҳнат аз ҳисоби фонди захиравии музди меҳнат, ки тибқи қонунгузории давлатӣ таъсис ёфтааст, имконпазир мегардад.

13. Таъминоти кадрӣ ва иттилоотӣ

Дар даврони иқтисоди бозорӣ баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва татбиқи вазифаҳои ба миёнгузошташуда дар аксари маврид аз сатҳи омодагии касбии мутахассисони соҳаи ташкили пардохт ва меъёрбандии меҳнат вобаста аст.

Бо дархости муассиса тайёр намудани мутахассисони соҳибихтисос бояд дар сохтори муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва курсҳои махсус таъсисдодашуда, донишкадаҳои такмили ихтисос, бо роҳи ҷудо будан аз истеҳсолот амалӣ гардад. Диққати махсус бояд ба ҷавонон, омӯзиш ва такмили касбии онҳо дода шавад.

Барои хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти олии рӯзона шарти ҳатмӣ барои ишғол намудани вазифаи мутахассиси меъёрбандии меҳнат гузаштани онҳо аз мӯҳлати таҷрибавӣ дар вазифаҳои бригадир, усто ё технолог бояд муқаррар карда шавад.

Заминаи муҳими самаранок гардонидани корҳо дар самти беҳтар намудани ташкили пардохт ва меъёрбандии музди меҳнат баланд бардоштани сифати таълими фанҳои махсуси мувофиқ ба донишҷӯёни мактабҳои олии муҳандисӣ, инчунин ҷалби таваҷҷӯҳи тамоми мутахассисони самти ғайриқтисодӣ низ ба омӯзиши масъалаҳо ва усулҳои кор роҷеъ ба ташкили пардохт ва меъёрбандии музди меҳнат мебошад.

Ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки бо иштироки мақомот ва ташкилотҳои дахлдор ҳайат ва теъдоди мутахассисонеро, ки ба онҳо омӯзонидани назария ва амалияи кори пардохт ва меъёрбандии меҳнат талаб карда мешавад, аниқ намояд, шакл ва усулҳои гуногуни тайёр намудани чунин мутахассисонро баррасӣ карда, доираи таълим, имконият ва талаботи иловагии базаи моддӣ ва таъминоти кадриро барои иҷрои ин чорабиниҳо муайян намояд.

Дар назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби доимоамалкунандаи ташкилотчиёни меҳнат таъсис дода шавад ва дар он бозомӯзии мутахассисони соҳа аз ҳисоби бекорон, таълими усулҳои нави ташкили пардохт ва меъёрбандии музди меҳнат, муносибатҳои нави байни кормандон ва корфармоён ба роҳ монда шаванд.

Дар баробари ин, барои такмили сиёсати кадрӣ барқарор намудани робитаҳои корӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, марказҳои бузургтарини илмӣ ва таълимии хориҷӣ, ассотсиатсияҳо ва фирмаҳое, ки фаъолияти илмӣ ва амалиро дар самти такмили сиёсати кадрӣ мебаранд, зарур аст.

Барқарор намудани ҳамкорӣ аз тариқи Ассотсиатсияи ҳамкории Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат мувофиқи мақсад мебошад.

Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бояд инҳо бошанд:

- тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи ташкили пардохти музди меҳнат, меъёрбандӣ ва идоракунии истеҳсолот;

- ба роҳ мондани корҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳавӣ;

- табодули иттилооти илмӣ, созмондиҳии иртиботи мустақими созмонҳои ҷумҳурӣ ва хориҷӣ;

- таъсис додани марказҳои муштараки илмии шакли татбиқӣ-машваратӣ оид ба масъалаҳои ташкили истеҳсолот, меҳнат ва идоракунӣ.

14. Марҳилаҳои татбиқи ҳамин Консепсия

Татбиқи Консепсияи мазкур дар ду марҳала сурат мегирад:

Марҳилаи аввал - солҳои 2008-2011

1. Ба ташкилотҳое, ки пардохти музди меҳнати кормандони онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ намегардад, тавсия дода шавад:

- танзими пардохти музди меҳнати кормандон бевосита, дар асоси созишнома ва шартномаи коллективӣ сурат гирад;

- иттиҳодияҳои корфармоён муқаррар намудани андозаҳои ҳадди ақали музди меҳнати соҳавӣ, минтақавиро, ки онҳо меъёрҳои тарифии дараҷаи якуми Ҷадвали ягонаи тарифӣ маҳсуб меёбанд, зери назорати қатъӣ қарор диҳанд, то ки сатҳи онҳо на камтар аз андозаи ҳадди ақали музди меҳнати ҷумҳуриявӣ бошад;

- карзи аз пардохти музди меҳнати дар солҳои пешин баамаломадаро пас аз пардохти қарзи музди меҳнати соли ҷорӣ, тавассути маблағҳои аз фурӯши саҳмияҳои корхонаҳои давлатӣ ва сертификатҳое, ки имконияти хариди амволи ғайридавлатишуда ва дигар амволи корхонаро доранд, инчунин аз ҳисоби маблағҳое, ки аз фурӯши амволи корхонаи аз тарафи суд муфлис эълонгардида ба даст меоянд, пардохт намоянд;

- номгӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурии корҳои иҷрошавандаро тартиб дода, онро ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунанд;

- марказҳои ташкили меҳнат таъсис диҳанд.

2. Ба мақомоти идораи давлатӣ:

а) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи барномаи миёнамӯҳлати рушди ҷумҳурӣ:

- ҳангоми ислоҳоти музди меҳнат ҳар сол ба андозаи на кам 20 фоиз зиёд кардани ҳадди ақали музди меҳнат ба назар гирифта шавад;

- ҷадвали воҳиди корӣ, фонди пардохти музди меҳнат ва меъёрҳои теъдоди кормандони муассисаҳои соҳаҳои буҷетиро тасдиқ намоянд.

- аз рӯи афзоиши ҳадди ақали музди меҳнат андозаҳои музди меҳнатеро, ки ба онҳо коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиентҳо барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ ҳисобӣ карда мешаванд, мунтазам аз нав дида бароянд.

б) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ" ва Методикаи ҳисоби арзиши ҳадди зиндагиро таҳия намояд;

- дар ҳамдастӣ бо Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пардохти музди меҳнат дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт тадқиқот доир намуда, тавсияҳои методиро роҷеъ ба баҳогузории хаҷми меҳнат (ҷадвали қиёсии меҳнати баробар дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт) ва ҳисоби нишондиҳандаҳои музди меҳнати гурӯҳҳои касбию тахассусӣ, инчунин нишондиҳандаҳои омории самаранокии истеҳсолот ва ҳосилнокии меҳнатро барои арзёбии фаъолияги корхонаҳо ва танзими фонди пардохти музди меҳнат баррасӣ намояд;

в) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба меъёрҳои давлатии маориф ворид намудани як қатор ихтисосҳо ва маҷмӯи фанҳои таълимӣ оид ба ташкили пардохт ва меъёрбандии музди меҳнатро баррасӣ ва маълумотро оид ба талаботи теъдодии ин мутахассисон омода намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

г) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои барои соҳаи тандурустӣ пешбинишуда қоидаҳои бартараф намудани номутаносибии музди меҳнати кормандони соҳаи Мазкур, тартиби нави гурӯҳбандии вазифаҳо ва меъёрҳои тарифиро барои кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дуюми тиббӣ таҳия ва тасдиқ намоянд.