Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 794)
Тибқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои пешбинишуда ҳар сол дар Буҷети давлатӣ ҷиҳати татбиқи Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикисгон тадбирҳои зарурӣ андешад .
3. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда, фаъолияти вазорату идораҳоро дар ин самт ҳамоҳанг намояд .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 5 марти соли 2008 № 98
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои пешбинишуда ҳар сол дар Буҷети давлатӣ ҷиҳати татбиқи Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикисгон тадбирҳои зарурӣ андешад.
3. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда, фаъолияти вазорату идораҳоро дар ин самт ҳамоҳанг намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 5 марти соли 2008 № 98
ш. Душанбе