Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавӣ
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Агентии хариди молҳо, кор ва хизматрасонӣ ҳамчун Агенгии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавӣ номгузорӣ карда шавад.
2. Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3).
3. Шумораи ниҳоии кормандони Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавӣ бо дарназадошти намояндагиҳои он дар минтақахо ба миқдори 34 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.
4. Ба Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавӣ иҷозат дода шавад, ки 1 муовини Директор дошта ва лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ 2 адад муайян карда шавад.
5. Маблағгузории Дастгоҳи марказии Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба амал бароварда шавад.
6. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 589 "Дар бораи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар Нақшаи идоракунии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаҳои "Агентии хариди молҳо, кор ва хизматрасонӣ" ба калимаҳои "Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавӣ" иваз карда шаванд;
- аз Номгуӯи ташкилотҳои системаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаҳои "Биржаи универсалии молу ашёи Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд.
7. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- аз 2 майи соли 2007 № 246 "Дар бораи Агентии хариди молҳо, кор ва хизматрасонӣ";
- аз 8 июни соли 2001 № 237 "Дар бораи тадбирҳои оид ба беҳтар намудани савдои молҳои истеҳсоли ватанӣ дар бозори беруна";
- аз 27 февраля соли 1996 № 104 "Дар бораи ташкил намудани Биржаи молу ашёи Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 5 марти соли 2008 № 126
ш. Душанбе