Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 № 228 "Дар бораи Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 29.10.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.10.2012 № 564, аз 29.10.2015 № 618)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2010 № 832 "Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Агентии хариди давлатии мол, кор хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2) Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

3) Шумораи ниҳоии кормандони Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 38 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад, ки аз он 32 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 6 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси Агентӣ маблаггузорӣ карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.10.2015 № 618).

4) Ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки як муовини Директор дошта бошад ва лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ 2 адад муқаррар карда шавад.

5) Маблағгузории Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсуси Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.10.2015 № 618).

6) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008 № 126 "Дар бораи Агентии харида давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 майи соли 2010 № 228

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об Агентстве по государственным закупкам товаров, работ и услуг при Правительстве Республики Таджикистан

(в редакции постановления Правительства РТ от 05.10.2012г. №564, от 29.10.2015г.№618)

В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 9 марта 2010 года №832 "О дальнейшем совершенствовании структуры центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Создать на базе Агентства по государственным закупкам товаров, работ, услуг и организации биржевой деятельности Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан Агентство по государственным закупкам товаров, работ и услуг при Правительстве Республики Таджикистан.

2) Утвердить Положение, Структуру Центрального аппарата и Схему управления Агентства по государственным закупкам товаров, работ и услуг при Правительстве Республики Таджикистан (прилагается).

3) Установить предельную численность работников Агентства по государственным закупкам товаров, работ и услуг при Правительстве Республики Таджикистан в количестве 38 единиц (без обслуживающего персонала), из которых финансирование 32 единиц осуществить за счет республиканского бюджета и 6 единиц за счет специальных средств Агентства (в редакции постановления Правительства РТ 29.10.2015г.№618).

4) Разрешить Агентству по государственным закупкам товаров, работ и услуг при Правительстве Республики Таджикистан иметь одного заместителя Директора и установить лимит на содержание служебных легковых автомобилей в количестве двух единиц.

5) Финансирование Агентства по государственным закупкам товаров, работ и услуг при Правительстве Республики Таджикистан осуществлять за счет средств республиканского бюджета и специальных средств Агентства по государственным закупкам товаров, работ и услуг при Правительстве Республики Таджикистан по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан (в редакции постановления Правительства РТ 29.10.2015г.№618).

6) Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 5 марта 2008 года №126 "Об Агентстве по государственным закупкам товаров, работ, услуг и организации биржевой деятельности".

Председатель

Правительство Республики Таджикистан           Эмомали Рахмон

от 3 мая 2010 года № 228

г. Душанбе