Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "7" августи соли 2001 № 382
тасдиқ шудааст
Низомномаи Комиссияи байниидоравии машваратӣ оид ба нақлиёт
(қарор аз 2.10.2010с. № 527)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Комиссияи байниидоравии машваратӣ оид ба нақлиёт (минбаъд Комиссия) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нақлиёт" ташкил карда мешавад.
2. Комиссия дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
II. Масъалаҳои асосии Комиссия
3. Комиссия таклифу пешниҳодҳои зеринро, ки ба ҳамаи соҳаҳои комплекси нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл доранд, баррасӣ менамояд: баланд бардоштани самаранокӣ ва такмили усулҳои хоҷагидорӣ;
ҳимояи манфиатҳои корхонаҳои нақлиётӣ сарфи назар аз шакли моликияташон;
ҳимояи ҳуқуқи интиқолдиҳандагон ва манфиатҳои истифодабарандагони нақлиёт;
беҳтар намудани системаи хизматрасонии нақлиётӣ дар мамлакат;
инкишофи боркашонии байналхалқии автомобилӣ дар ҷумҳурӣ;
муҳайё намудани шароитҳои баробар дар бозори хизмати наклиётӣ барои интиқолдиҳандагони шакли моликияташон гуногун ва рушди рақобатнокии солим;
ташкил ва гузаронидани озмунҳо оид ба ҷойгиронии маршрутҳои мусофиркашонии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ;
иштирок дар татбиқи чорабиниҳои комплексӣ оид ба рушди нақлиёти мусофиркашонӣ, васеъ намудани ҳаҷм ва намудҳои хизматрасонии онҳо;
ташкили корҳо оид ба саривақт баррасӣ намудани шикоятҳо аз кори нақлиёти мусофиркашонии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ байналмилалӣ ва қабул намудани қарорҳо оид ба бартарафсозии камбудиҳои ошкоргардида;
ташкили омӯзиши фикру ақидаҳои аҳолӣ оид ба масъалаҳои босифат, бо маданият ва саривақт хизматрасонидан ба шаҳрвандон;
масъалаҳои ҳамоҳангсозии кори воситаҳои нақлиётии ба идораҳои гуногуни дахлдор;
аз мақомоти идораҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои хоҷагидор сарфи назар аз шакли моликияташон, талаб намудани маълумоте, ки ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Комиссия гузошташуда зарур мебошанд.
Ш. Мақоми ҳуқуқии Комиссия
4. Комиссия мақомоти маслиҳатӣ мебошад.
5. Дар ҳаёт татбиқ намудани қарорҳои қабулнамудаи Комиссия тавассути аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти идоракунии маҳаллӣ қабул намудани ҳуҷҷатҳои дахлдори иҷроия, фармонҳои вазоратҳо, идораю ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликияташон, анҷом дода мешаванд.
IV. Ҳайати Комиссия
6. Ба ҳайати Комиссия намояндагони мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо(ҳукуматҳо), вазорату идораҳои дигар, муассисаҳои илмӣ, корхонаҳои нақлиётӣ, интиқолдиҳандагон ва мизоҷон дохил мешаванд.
7. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияро бо таҳти сарварии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад.
V. Масъалаҳои ташкилӣ
8. Маҷлиси Комиссия на камтар аз 2 маротиба дар як сол гузаронида мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ бо ташаббуси Раиси Комиссия ва ё 10 фоизи аъзои он маҷлиси Комиссия дар мӯҳлати дилхоҳ гузаронида мешавад.
9. Қарорҳои маҷлиси Комиссия дар шакли протоколи маҷлиси Комиссия ба расмият дароварда шуда, аз тарафи Раис ва котиби масъул имзо карда мешаванд.
10. Таъминоти моддию техникии фаъолияти Комиссияро Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз " 7 "августи соли 2001 № 382
тасдиқ шудааст
Ҳайати Комиссияи байниидоравии машваратӣ оид ба нақлиёт
(қарор аз 2.10.2010с. № 527)
1. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (раиси Комиссия)
2. Корманди дастгоҳи Вазорати нақлиёт (котиби масъул)
Аъзои комиссия:
3. Мудири шӯъбаи нақлиёт ва алоқаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
4 Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 Муовини Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
6 Муовини Вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон
7 Муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
8 Муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 Муовини Раиси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон
10 Муовини Раиси Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
11 Муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
12 Муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
13 Муовини Раиси вилояти Суғд
14 Муовини Раиси вилояти Хатлон
15 Муовини Раиси шаҳри Душанбе
16 Директори генералии Ширкати давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон
17 Сардори Роҳи оҳани Тҷчикистон
18 Сардори Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
19 Саринспектори Инспексияи нақлиётии назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
20 Директори Пажӯҳишгоҳи илмию тадкиқотии "Нақлиёт"-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
21 Намояндагони Ассотсиатсияҳои нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон
22 Намояндогони ширкатҳои нақлиётӣ