Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 2020, № 551 "Дар бораи Комиссияи байниидоравии машваратӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Комиссияи байниидоравии машваратӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ

 

Мутобиқи моддаҳои 18 ва 21 Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Комиссияи байниидоравии машваратӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ таъсис дода шавад.

2. Низомнома ва ҳайати Комиссияи байниидоравии машваратӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2001, № 382 "Дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравии машваратӣ оид ба нақлиёт" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 27 октябри соли 2020, № 551

ш. Душанбе