Дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандон аз 2 сентябри соли 1998, № 345

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.06.2017 № 276 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 сентябри соли 1998 № 345

тасдиқ шудааст

Дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандон

1. Дастуруламали коргузори бо муроҷиатҳои шаҳрвандон дар асоси қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 № 344 ,Оид ба мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон" тартиб дода шудааст.

2. Ҳамин Дастуруламал тартиби пешбурди коргузориро аз рӯи муроҷиатҳои шаҳрвандон дар корхона, муассиса ва ташкилот (минбаъд муассиса) сарфи назар аз шакли моликият муайян мекунад.

3. Пешбурди коргузорӣ аз рӯи муроҷиатҳои шаҳрвандон аз дигар намудҳои коргузори ҷудо буда, ба зиммаи шахсони мансабдори махсуси барои ин кор таъиншуда гузошта мешавад, ки онҳо тартиби пешбурди коргузориро дар муассиҳои дахлдор мунтазам тафтиш карда, барои такмил додани ин кор чораҳо меандешанд.

4. Тамоми муроҷиатномаҳое, ки ба муассисаҳо ворид мешаванд, бояд қабул карда, ба ҳисоб гирифта, дар варақаи бақайдгирию назорати (замимаи № 1) ва дар дафтари алоҳида (замимаи № 2) дар рӯзи воридшавии онҳо ба таври марказонидашуда ба қайд гирифта шавад. Дар муроҷиатҳо бояд фамилия, ном ва номи падар, суроғаи шаҳрванд нишод дода шавад, дар акси ҳол чунин муроҷиатҳо номаълум дониста, барраси намешаванд.

Ҳангоми ворид шудани миқдори начандон зиёди муроҷиатномаҳо (соле то 100 дона) онҳо танҳо дар дафтар ба қайд гирифта мешаванд.

Лифофаи онҳо дар мавридҳое нигоҳ дошта мешаванд, ки агар фақат аз рӯи он суроғаи фиристонандаро муқаррар кардан мумкин шавад, ё агар санаи мӯҳри почта барои тасдиқ мамудани вақти фиристодан ва гирифтани муроҷиатнома, инчунии дар дигар мавридҳо зарур шуда монад.

Дар сурати шахсан қабул кардани шаҳрвандон муроҷиатҳои хаттию даҳонии онҳо низ бояд дар дафтарҳои дахлдор ё варақаҳои бақайдгирию назорати ба таври марказонидашуда қайд карда шаванд.

Шохиси (индекси) бақайдгирии муроҷиат дар мӯҳри бақайдгири нишон дода мешавад, ки ҷои гузориш ва шакли онро ГОСТ-и 6,38-90 муайян мекунад. Шохиси бақайдгири аз ҳарфи аввали фамилияи муаллиф ва рақами тартибии муроҷиати воридшуда (масалан, А-117) иборат мебошад. Шохси бақайдгирии бо дигар аломатҳое, ки батартибандози, ҷустуҷӯ, таҳлил ва эҳтиёткунии ин муроҷиатҳои шаҳрвандонро таъмин менамояд, пурра шуда метавонад.

5. Ба муроҷиатҳои такрории шаҳрвандон ҳангоми ворид шудани онҳо шохиси навбатии бақайдгири дода мешавад ва дар ҷадвали дахлдори варақаҳои бақайдгирию назорати шохиси бақайдгирии муроҷиати якум нишон дода мешавад. Дар кунҷи рости болои муроҷиати такрори ва варақаҳои бақайдгирию назорати аломати "такроран" гузошта шуда, аз рӯи он тамоми мукотибаи пештара бардошта мешавад.

Муроҷиатҳое, ки аз ҳамон як шахсе ва аз рӯи ҳамон як масъала ворид шудаанд, бояд такрори ҳисоб карда шаванд, агар аз вақти додани муроҷиати якум мӯҳлат бо қонун муқарраршудаи дида баромадани он тамом шуда, ё аризадиҳанда аз ҷавоби ба вай додашуда қаноатманд нашуда бошад.

Муроҷиатҳои ҳамон як шахс аз рӯи ҳамон як масъала, ки ба суроғаҳои гуногун фиристода шудаанд ва барои дида баромадан ба ҳамон як муассиса ворид шудаанд, дар зери шохиси бақайдгирии муроҷиати якум ба ҳисоб гирифта, рақами тартиби бо касра (масалан, А-117/1, А117/2) илова карда мешавад.

6. Миқдори нусхаҳои варақаҳои бақайдгирию назорати дар асоси зарурати таъмин намудани баҳисобгири, кори маълумотгири, назорати иҷрои супориш аз рӯи муроҷиат ва таҳлили онҳо муайян карда мешавад. Баргадонҳо (картотекаҳо) мувофиқи фамилияи аз рӯи алифбо ҷойгиршудаи шахсоне, ки аз онҳо муроҷиатномаҳо ворид, шудаанд, ва аз рӯи мавзӯи масъалаҳои дар муроҷиат ба миён гузошташуда тартиб дода мешаванд.

7. Назорати сари вақт ҳал намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон дар муассисаҳо ба зиммаи ашхоси мансабдор гузошта мешавад, ки онҳо вазифадоранд, сари вақт, дуруст ва пурра дида баромадани муроҷиатҳо, иҷро намудани қарорҳоеро, ки аз рӯи онҳо қабул карда шудаанд, таъмин намоянд.

Муроҷиатҳои шаҳрвандоне, ки ба муассисаҳо аз ҷойҳои гуногун фиристода шуда, маълум кардани натиҷаҳои дида баромадани муроҷиатро талаб мекунанд, таҳти назорати махсус гирифта мешаванд. Дар ин маврид дар ҳамаи нусхаҳои варақаҳои бақайдгирию назорати ва муроҷиатҳо дар ҷои муқарраркардаи ГОСТ-и 6.38-90 мӯҳри "Назорат" ё аломати "Н" гузошта мешавад.

Муроҷиатҳое, ки ба онҳо ҷавоби пешаки дода мешаванд, аз назорат гирифта намешаванд. Назорат танҳо баъди баровардани қарор ва дидани ҳамаи чораҳо аз рӯи ҳалли муроҷиат ба анҷом мерасад. Қарор дар бораи аз назорат бардоштани муроҷиатҳои шаҳрвандон аз тарафи роҳбарон ва дигар ашхоси мансабдори муассисаҳое, ки барои сари вақт ва дуруст дида баромадани муроҷиатҳои шаҳрвандон масъуланд, қабул карда мешавад.

8. Ба муроҷиатҳои шаҳрвандон роҳбарон ва дигар ашхоси мансабдори ваколатдори муассисаҳо ҷавоб медиҳанд. Ҷавоб ба шакли хатти ё шифоҳи дода мешавад. Дар сурати додани ҷавоби шифоҳи ба варақаи бақайдгирию назорати қайди дахлдор гузошта мешавад.

Шохиси ҷавоб аз шохиси бақайдгири ва рақами парванда (аз рӯи феҳраст) иборат буда, ба он мукотиба аз рӯи ҳамин масъала дӯхта мешавад.

Муроҷиатҳои шаҳрвандон ҳамон вақт ҳалшуда ҳисоб меёбанд, ки агар ҳамаи масъалаҳои дар онҳо ба миён гузошташуда барраси шуда, аз рӯи онҳо чораҳои зарури дида ва мувофиқи қонунҳои амалкунанда ҷавобҳои пурра дода шуда бошанд.

Мазмуни мухтасари ҷавоб аз рӯи муроҷиат, инчунин сана ва рақами он дар дафтар ва варақаҳои бақайдгирию назорати навишта мешавад. Муроҷиатҳои баррасишуда якҷоя бо мукотибаи ба онҳо тааллуқдошта, аз рӯи тартиби муқарраршуда дар бойгонии муассиса нигоҳ дошта мешавад.

9. Роҳбарон ва ё бо супориши онҳо ашхоси дигари мансабдори муассисаҳо муроҷиатҳои шаҳрвандон ва мулоҳизаҳои амалии дар онҳо баёнёфтаро ба мақсади сари вақт ошкор ва бартараф намудани вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои бо қонун муҳофизатшавандаи шаҳрвандон, инчунин такмил додани кори муассисаҳо мунтазам таҳлил ва ҷамъбаст менамоянд.

Маводҳоро барои таҳлил ва ҷамъбаст ашхоси мансабдори пешбарандаи коргузори аз рӯи муроҷиатҳои шаҳрвандон тайёр мекунанд ва онҳоро дар шакли маълумотномаҳои таҳлили ба расмият дароварда, ба роҳбарони муассисаҳо ҳар сол то 15 январ пешниҳод менамоянд. Маълумотномаҳои таҳлили аз рӯи масъалаҳои ҷори ба қадри зарурат тартиб дода мешаванд.

10. Муроҷиатҳои шаҳрвандон бояд баъди ҳалли онҳо ба ашхоси мансабдоре, ки аз рӯи муроҷиатҳои шаҳрвандон коргузориро пеш мебаранд, бо ҳамаи маводи ба онҳо тааллуқдошта ва нусхаи варақаи бақайдгирию назорати барои ба таври мутамарказ тартиб додани парванда ва баргадон баргардонда шаванд. Тартиб додан ва дар дасти иҷрокунанда нигоҳ доштани парвандаҳо манъ карда мешавад.

Ҳар як муроҷиат баъди ҳалли ниҳои ва иҷрои он бояд навиштаҷоти "ба парванда" дошта, он аз тарафи шахси мансабдори ин қарорро қабулкарда шахсан имзо карда шавад.

Муроҷиати шаҳрвандон, нусхаҳои ҷавобҳои вобаста ба ҳалли онҳо, инчунин ҳуҷҷатҳои оид ба қабули шахсии шаҳрвандон дар парванда мувофиқи феҳрасти тасдиқшудаи парвандаҳои муассисаҳо ба тартиб андохта мешаванд.

Ҳуҷҷатҳо дар ин парвандаҳо аз рӯи тартиби хронологи ё алифбои ҷойгир кунонида мешаванд. Ҳар як муроҷиат ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳалли он дар парванда гурӯҳи мустақилро ташкил менамоянд. Дар мавриди гирифтани муроҷиати такрори ё пайдо шудани ҳуҷҷатҳои иловаги онҳо ба ҳамин гурӯҳи ҳуҷҷатҳо дӯхта мешаванд.

Ҳангоми ба тартиб андохтани парвандаҳо дурустии дар парванда ҷой додани ҳуҷҷатҳо, пуррагии онҳо (дараҷаи ҷиҳозонида шуданашон) тафтиш карда мешавад. Муроҷиатҳои ҳалнашудаи шаҳрвандон, инчунин ҳуҷҷатҳои нодуруст ба тартиб андохташударо ба парванда дӯхтан манъ аст. Муқоваи парванда бояд мувофиқи ГОСТ-и 17914-72 тартиб дода шавад.

11. Муассиса муроҷиатҳоро нигоҳ дошта, ҳамчун маълумотнома ва мақсадҳои дигар истифода мебарад.

Масъулият барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон ба зиммаи роҳбарони муассисаҳо ва ашхоси мансабдори бо ҳамин категорияи ҳуҷҷатҳо коркунанда гузошта мешавад. Мӯҳлатҳои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои оид ба муроҷиатҳои шаҳрвандон мувофиқи тартиби муқарраршудаи рӯйхатҳои тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳое, ки дар фаъолияти муассисаҳо ба вуҷуд меояд, муайян карда мешаванд.

Чун қоида, мӯҳлати панҷсолаи нигоҳ доштани муроҷиати шаҳрвандон аз тарафи ҲТМ (ҳайати тафтишотию муоинави) муайян карда мешавад, яъне пас аз хатми мӯҳлати панҷсолаи нигоҳ доштани муроҷиатҳо, ҳуҷҷатҳо аз нав барраси шуда, мӯҳлати ниҳоии нигоҳдории онҳо муайян карда мешавад, ё қарор дар бораи несткунии онҳо бароварда мешавад.

12. Парвандаҳое, ки доими, инчунин дарозмуддат (бештар аз 10 сол) нигоҳ дошта мешаванд, ба бойгонии муассиса баъди як соли анҷом ёфтани коргузории онҳо супорида мешаванд. Парвандаҳое, ки муваққатан (10 сол) нигоҳ дошта мешаванд, бо салоҳдиди роҳбари муассиса ба бойгони супорида мешаванд.

Баробари тамом шудани мӯҳлатҳои муқарраршудаи нигоҳдории ҳуҷҷатҳо аз рӯи муроҷиатҳои шаҳрвандон мувофиқи тартиби муқарраркардаи Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд нест карда шаванд.

13. Амали ҳамин Дастуруламал ба пешбурди коргузори аз рӯи муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки тартиби дида баррмадани онҳо бо қонунҳои мурофиаи ҷинояти ва мурофиаи маҳалли Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, ҷори намегардад.

Заминаи № 1

ба Дастуруламали коргузорӣ

бо муроҷиатҳои шаҳрвандон

Намунаи варақаи бақайдгирию назорати (дастур барои пуркуни илова шудааст)

0229140 варақаи бақайдгирию назорати

Мухбир __________________________________________________________ (фамилия, ном ва номи падар, суроға, телефон)

_________________________________________________________________

Муроҷиати пештара № ___________________ аз № ____________________

Навъи ҳуҷҷат дар варақ __________________________________________

Муаллиф, сана, шохиси мактуби иловаги

Сана, шохиси воридшави

Мазмуни мухтасар ________________________________________________

Иҷрокунандаи масъул _____________________________________________

Амри хатти

Муаллифи амри хатти

Мухлати иҷро ____________________________________________________ андозаи А5 (148Х210)

_________________________________________________________________ Ҷараёни иҷро

Санаи ба иҷро додан Иҷрокунанда   Қайд дар бораи ҷавоби Қайдҳои

                                  пешаки ё пурсиши      пешаки

                                  иловаги

Сана, шохиси иҷро (ҷавоб) _______________________________________

Гиранда _________________________________________________________

Мазмун __________________________________________________________

Аз назорат гирифта шуд                          Имзои назоратчи

Парвандаи          Ҷилди         Варақаи        Хазинаи

                                                Рӯйхати

                                                Парванда

ДАСТУР БАРОИ ПУР КАРДАНИ ВАРАҚАИ БАҚАЙДГИРИЮ НАЗОРАТИ (ВБН)

Тарафи рӯи варақаи бақайдгирию назоратӣ

Мухбир - фамилия, ном, номи падар, ҷои истиқомат ё кор, телефони муроҷиаткунанда.

Муроҷиати пештара - сана ва шохиси бақайдгирии муроҷиатҳои пештараи муроҷиаткунанда.

Намуди ҳуҷҷат - муроҷиат, ки ба воситаи почта дохил гардидааст, ё ҳангоми қабули шахси дода шудааст ва миқдори варақаҳои он.

Муаллиф, сана, шохиси мактуби иловаги - номи ташкилоте, ки муроҷиатро фиристодааст.

Сана, шохиси воридшави - санаи воридшавии муроҷиат (ба воситаи почта ё ҳангоми қабули шахси ва шохиси бақайдгирии онҳо).

Мазмуни мухтасари муроҷиат.

Иҷрокунандаи масъул - номи ташкилот ё воҳиди сохторие, ки барои ҳалли муроҷиат масъул мебошад.

Амри хатти (резолютсия) - аз ҳуҷҷат кӯчонда мешавад ё ҳангоми қабули шахси навишта мешавад.

Муллифи амри хатти - вазифа, фамилия, ном ва номи падари роҳбар, муаллифи амри хаттии аввала.

Мӯҳлати иҷро - мувофиқи амри хатти ё мӯҳлатҳои иҷрои бо қонунҳо муқарраршуда нишон дода мешавад.

Қайд дар бораи тағйир додани мӯҳлат дар хатти ояндаи сатр бо нишон додани мӯҳлати нав, вазифа ва фамилияи роҳбаре, ки дар бораи тағйир додани он қарор қабул кардааст, гузошта мешавад.

Дар кунҷи рости боло ҳангоми бақайдгирии муроҷиатҳои такрори мӯҳри "такрори" гузошта мешавад.

Тарафи ақиби варақаҳои бақайдгирию назорати Ҷараёни иҷро

Сутуни "Санаи додан барои иҷро" - санаи супоридани ҳуҷҷат ба иҷрокунандаи бевосита нишон дода мешавад.

Сутуни "иҷрокунанда" - фамилия, ном ва номи падар, телефони иҷрокунандаи бевосита (сутунҳо ҳар дафъа ҳангоми ҳаракати ҳуҷҷат пур карда мешаванд).

Сутуни "Қайд дар бораи ҷавоби пешаки ё пурсиши иловаги"гиранда, сана, шохис, мазмуни мухтасари ҷавоби пешаки ё пурсиш.

Сутуни "Қайди тафтиши" - қайд дар бораи хотиррасонкунии вазъияти иҷро ва ғайра.

Сана, шохиси иҷро - сана ва шохиси бақайдгирии ҳуҷҷате, ки аз рӯи онҳо қарори охирин қабул карда шудааст.

Гиранда - ҳамаи гирандаҳое, ки ба онҳо ҳуҷҷатҳо бо қарорҳои охирин фиристода шудаанд, нишон дода мешаванд.

Мазмун - сарлавҳаи ҳуҷҷати асоси бо нишон додани "қарори қабулкардашуда (қонеъ гардонда шуд, рад карда шуд, фаҳмонда дода шуд).

Аз назорат гирифт - вазифа, фамилия, ном ва номи падари роҳбар ё шахси дигари мансабдоре, ки дар бораи аз назорат гирифтани муроҷиат қарор қабул кардааст.

Имзои назоратчи - имзои шахси масъул барои назорат аз рӯи муроҷиатҳо.

Парвандаи _________________, ҷилди ______________, варақи _____________, шохиси парванда аз рӯи феҳраст, рақами ҷилд ва варақаҳо (баъди ҳалли масъала ва ба парванда дӯхтан гузошта мешавад).

Хазинаи рӯйхати парвандаи баъди ба бойгони супоридани парванда гузошта мешавад.

Тавсия дода мешавад, ки андозаи варақаҳо А5 (148Х210) ва А6 (105Х148) бошад.

Эзоҳ: Дар мавриди истифода бурдани техникаи электронию ҳисоббарори ҳангоми ташкили коргузори аз рӯи муроҷиатҳои шаҳрвандон варақаҳои бақайдгирию назоратиеро истифода бурдан мумкин аст, ки онҳо нишондиҳандаҳои пай дар ҳам ҷойгиршудаи дар боло зикр гардидаро, барои татбиқи воситаҳои техникаи ҳисоббарори муносибанд, дар бар мегиранд.

Замимаи № 2

ба Дастуруламали коргузорӣ

бо муроҷиатҳои шаҳрвандон

ДАФТАРИ БАҲИСБОГИРИИ МУРОҶИАТҲОИ ХАТТИИ ШАҲРВАНДОН

+-------+------+-------+--------+-------+-----+-------+-------+------ҷ
|Рақами |Санаи |Аз кучо|Фамилия,|Мазмуни| Ба  |Натичаи|Ракам, |Кайд  |
|бақайд-|ворид-|омад ва|ном, ва |мухта- |кучо |тафтиш.|санаи  |дар   |
|гири   |шави  |санаи  |номи    |сари   |ва ба|Мазмуни|чавоб, |бораи |
|       |      |мактуби|падари  |муро-  |ки   |чавоби |раками |ворид-|
|       |      |иловаги|муро-   |чиат   |барои|ба му- |парван-|шавии |
|       |      |       |чиатку- |       |хал  |рочиат-|дае, ки|такро-|
|       |      |       |нанда ва|       |дода |кунанда|дар он |ри    |
|       |      |       |сурогаи |       |шуд  |дода-  |мавод  |      |
|       |      |       |он      |       |     |шуда   |нигох  |      |
|       |      |       |        |       |     |       |дошта  |      |
|       |      |       |        |       |     |       |меша-  |      |
|       |      |       |        |       |     |       |вад    |      |
+-------+------+-------+--------+-------+-----+-------+-------+------+
|   1   |  2   |   3   |   4    |   5   |  6  |   7   |   8   |  9   |

|       |      |       |        |       |     |       |       |      |