Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, № 776 "Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007" ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумурии Тоҷикистон барои соли 2007"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007" ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумурии Тоҷикистон барои соли 2007"

Ҷиҳати иҷрои Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон аз 29 ноябри соли 2006 № 214 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007" ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 2006 № 396 "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007", инчунин барои ба даромади буҷети давлатӣ ҷалб намудани захираҳо, таъмини самарабахши истифодаи маблағҳои буҷетӣ, мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёти миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, корхонаю муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият:

- барои таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007, ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007" тадбирҳои зарурӣ андешанд;

-оид ба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва хизматрасониҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ чораҳои зарурӣ андешида, дар ин асос нишондиҳандаҳои мӯътадили макроиқтисодиро дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъмин намоянд;

- барои таъмини сифатнок иҷро намудани қисми даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ тамоми чораҳои заруриро андешанд;

- истифодаи самаранок ва мақсадиоки маблағҳои буҷетӣ, аз ҷумла маблағҳои барои сохтмонҳои асосии иншоот ҷудокардашударо таъмин намуда, оид ба ҳаҷми корҳои иҷрошуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молили Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд;

- ҳангоми пешниҳод намудани барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи дурнамои миёнамуҳлат маблағгузориро аз ҳисоби захираҳои молиявии давлат талаб менамоянд, нишондиҳандаҳои дурнамои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2008-2009 ба инобат гиранд;

- бо мақсади таъмини назорати шумораи кормандони ташкилотҳои буҷетӣ ва хароҷот барои нигоҳдории онҳо, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа оид ба шумораи воқеии кормандон ва мавҷуд будани ҷои холии корӣ дар дастгоҳҳои марказии вазорату идораҳо ва муассисаҳои тобеашон маълумот ирсол намоянд;

-пардохти истифодабарии қувваи барқ, гази табиӣ, хизматрасониҳои коммуналиро танҳо тавассути бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд. Дар минтақаҳое, ки бонкҳо дар масофаи дур воқеанд ё вуҷуд надоранд, ин пардохтҳо тавассути нуқтаҳои почта тибқи бастани шартномаҳо амалӣ карда шаванд.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- истифода бурдани маблағҳои буҷетиро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007" таъмин намояд. Маблағгузории чорабиниҳои тасдиқкардашударо аз рӯи даромадҳои воқеии воридгардида амалӣ намояд;

- дар навбати аввал маблағгузории музди меҳнат, пардохтҳои суғуртаи иҷтимоӣ, нафақа, стипендия, ёрдампулиҳо, ҷубронпулиҳо барои пардохти хизмати алоқа, истифодаи кувваи барқ, газ ва обро таъмин намояд;

- бо мақсади саривақт ва сифатнок иҷро намудани буҷети давлатӣ ба тақсимоти семоҳии даромад ва хароҷот, иичунин дар моддаҳои хароҷоти сметаҳои ташкилотҳои буҷетӣ дар доираи буҷети солонаи тасдиқшудаи соли 2007 тағйиротҳо ворид намояд;

- дар ҳолати иҷро нагардидан ё барзиёд иҷро гардидани маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ нисбати маблағҳои тасдиқшудаи буҷети давлатӣ дар сметаи даромад ва хароҷоти онҳо ва мутаносибан дар қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007 тағйиротҳои дахлдор ворид намояд;

- ҷиҳати кам кардани бақияпулиҳо аз рӯи пардохти андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоии солҳои гузашта, бо назардошти зарурияти ихтисор кардани қарзи муассисаҳои буҷетӣ аз ҳамин корхонаҳо ва ташкилотҳо, ки то 1 январи соли 2007 ба вуҷуд омаданд, мувофиқи тартиби муқарраргардида бе тағйир додани иҷрои воқеии даромад ва хароҷоти буҷет ҳисоббаробаркуниро байни онҳо гузаронад;

- дар ҳолати зарурӣ ва мавҷуд будани сарфа аз рӯи моддаҳои алоҳидаи хароҷот, аз ҷумла хароҷоти хизматрасониҳои коммуналӣ бе қарздорӣ аз рӯи онҳо, бо тартиби муқарраргардида дар моддаҳои хароҷот ба истиснои моддаҳои ҳимояшаванда тағйиротҳои зарурӣ ворид намояд;

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҳар семоҳа ба буҷет гузаронидани 10 фоизи даромад аз маблағҳои махсус, инчунин 40 фоизи маблағҳои мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007" аз додани сертификатҳо ба даст овардаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия на нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намояд;

- маблағгузории сармоягузориҳои асосии марказонидашуда ва хароҷотеро, ки ҳамчун ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои муштараки сармоягузориҳо бо ташкилотҳои байналмилалии молиявию қарзӣ пешбинӣ шуданд, аз рӯи иншоот дар ҳаҷми маблағҳои дар буҷет тасдиқдшуда анҷом диҳад;

- барои пӯшонидани қарзи буҷет дар ҳаҷми 5,0 млн. сомонӣ бароришу фурӯши векселҳои қӯтоҳмуддати хазинадориро таъмин намояд;

- бо мақсади шафоффият, ҳар семоҳа тавассути воситаҳои ахбори умум оид ба ҷараёни иҷроиши Буҷети давлатӣ дар соли 2007 ахборот нашр намояд.

3. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-якҷоя бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ва Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин бонкҳои дигари ҷумҳурӣ, ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ саривақт воридсозии андозҳо ва даромадҳоро мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин меъёрҳои дар моддаҳои 8 ва 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007" зикргардида, таъмин намоянд;

- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кам кардани бақияпулии корхонаҳо ва ташкилотҳо аз рӯи пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ чораҳои зарурӣ андешад;

- истифодаи мақсадноки маблағҳоро дар ҳаҷми 20 фоиз аз маблағҳои умумии пинҳонкардашудаи (кам нишондодашудаи) андозҳо, ҷаримаҳо ва пардохтҳои дигари дар рафти корҳои назоратии иқтисодӣ ошкоргардида ва барои ҳавасмандгардонию инкишофи базаи моддӣ-техникии мақомоти андоз, ки мутобиқи моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007" пешбинӣ карда шудаанд, таъмин намоянд;

- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби пешниҳод намудани имтиёзҳоро аз рӯи андозҳо барои корхонаҳои азнавтаъсисёфта, ки бо силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагии дӯзандагӣ) банд мебошанд, таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;

- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои андозбандӣ дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионии муштарак дастурамали махсус таҳия намуда, барои истифодабарӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод намоянд;

- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки аз Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, анҷом диҳанд;

- сари вақт ва пурра ворид намудани пардохтҳои иҷтимоии корхонаю ташкилотҳои ҷумҳуриро ба буҷет таъмин намоянд.

4. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд:

то 15 январи соли 2007 ба Вазорати молили Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардани сметаҳои ягонаи даромад ва хароҷоти тасдиқшударо барои соли 2007 оид ба маблағҳои буҷетӣ ва махсуси муассисаю ташкилотҳое, ки ба воситаи Департамента хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои маҳалии он маблағгузорӣ карда мешаванд, таъмин намоянд. Дар баробари ин ба инобат гирифта шавад, ки ба моддаҳои ҳимояшудаи хароҷот музди меҳнат, маблағҷудокунӣ барои суғуртаи иҷтимоӣ, нафақаҳо, ситендияҳо ёрдампулиҳо, ҷубронпулиҳо барои пардохти истифодаи кувваи барқ гази табиӣ ва хизматҳои алоқа дохил мешаванд;

-бастани шартномаҳоро оид ба ворид кардани молҳо, кору хизматрасонӣ ҳангоми аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаии мавҷудияти маблағҳо ба ин мақсадҳо, инчунин дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тендер" бо пешниҳод намудани протоколи комиссияи тендерии Агентии хариди молҳо, кор ва хизматрасонии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд;

-хариди арзишҳои молию моддӣ, маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ, аз ҷумла амали ҳарбӣ ва ҷойгиркунии фармоиши мудофиавии давлатӣ, бо тартиби афзалиятнок, дар бозори дохилӣ (аз корхонаву ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) анҷом дода шавад.

5. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии бурунмарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои аз ҳисоби хизматрасонии консулӣ воридшударо дар сметаи даромаду хароҷот ба ҳисоб гиранд.

6. Марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ якҷоя бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ:

- то 20 январи соли 2007 ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон руйхати намудҳои кор, хизматрасониҳо ва иншооти бунёдшавандаро, ки аз ҳисоби қарзҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд, пешниҳод намоянд;

- ҳармоҳа ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси истифода бурдани маблағҳое, ки аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ба сифати грат ва қарз барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд, ҳисобот пешниҳод намоянд.

7. Муассисаҳои давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак"-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ,Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика,-и назди Ҳукуматп Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳармоҳа ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодабарии маблағҳои қарзӣ ва маблағҳои ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳисобот пешниҳод намоянд.

8. Вазорату идораҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо ва субъектҳои хоҷагидор сарфи назар аз шакли моликият, марказҳои идораи лоиҳаҳои истифодаи қарзҳои берунии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кафолати давлат ҷалбкардашуда ҳар семоҳа на дертар аз таърихи 10 моҳи пас аз семоҳаи ҳисоботи ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудаи маълумотро оид ба мавҷудият ва гардиши маблағҳои қарзӣ аз рӯи қарзҳои берунии давлатӣ ва кафолатноки давлатӣ, барои идора намудан ва баҳисобгирии қарзи давлатии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмин намоянд;

9. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби барзиёд иҷро намудани қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ, дар ҳолати мавҷуд набудани қарздорӣ аз рӯи моддаҳо ҳимояшавандаи хароҷот ва инчунин ҷалби дигар захираҳои иловагии молиявӣ метавонанд маблағгузории асосиро барои барқарорсозӣ ва сохтмони иншооти муҳими маҳаллӣ, ободонии шаҳру ноҳияҳо равона намоянд.

10. Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои дар буҷети соли 2007 барои дастгирии хоҷагии қишлоқ пешбинишуда, ҷиҳати барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва зиёд намудани ҳаҷми содиротии он, беҳтар намудани биотехнологияи чорво ва инчунин риояи технологияи парвариши тухмии баландсифати зироатҳои хоҷагии кишлоқ барои иҷрои қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешанд.

11. Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар доираи маблағҳое, ки дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007 ҷиҳати нигоҳдорӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум пешбинӣ шудаанд, масъалаи таъмир ва барқарорсозии роҳи автомобилгарди Ашт-Хуҷандро баррасӣ ва ҳал намояд;

- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сметаҳои хароҷотро барои нигоҳдорӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумӣ алоҳида барои муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо аз рӯи ҳамин моддаҳои хароҷот пешниҳод намояд.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории хароҷоти мазкурро бевосита аз рӯи ташкилотҳои роҳсозӣ мувофиқан ба маблағҳои дар буҷети соли 2007 тасдиқшуда анҷом диҳад.

12. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои барои зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаи маориф пешбпнишуда номутаносибии музди меҳнати категорияҳои алоҳидаи кормандони соҳаи маорифро бартараф намоянд.

13. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои барои музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ пешбинишуда дастурамали нави ягонаро ҷиҳати пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ тартиб диҳанд;

- номгӯи нави вазифаҳоро барои муассисаҳои кӯмаки аввалия ва дуюмдараҷа таҳия намояд.

14. Вазорати меҳнат на ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ то 15 феврали соли 2007 ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон руйхати шаҳрвандонеро, ки аз имтиёзҳои тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда бархӯрдоранд ва аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз рӯи гурӯҳҳо ва минтақаҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд;

- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (бо назардошти таҷрибаи пешқадами комиссияҳои ноҳияҳои шаҳрӣ) ва бо мақсади дар оянда такмил додани низоми қабули ҳуҷҷатҳо, баҳсобгирӣ ва пешниҳод ба комиссияҳо оид ба таъини ҷубронпулӣ ба шаҳрвандони ниёзманд барои истифодабарии қувваи барқ ва гази табиӣ, инчунин дигар намудҳои пардохтҳои иҷтимоие, ки аз буҷет маблағгузорӣ мешаванд, лоиҳаи мувофиқатшудаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи механизми соддакардашудаи самаранок ва мақсаднок (суроғавӣ) истифодабарии пардохтҳои иҷтимоии таъиншуда бевосита ба шаҳрвандони ниёзманд"-ро таҳия намуда, дар давоми семоҳаи аввали соли 2007 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

15. Вазорати нақлиёт ва комуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммумалӣ, то 25 январи соли 2007 ҳисоби субсидияҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои пардохти имтиёзҳои тибқи қонунгузорӣ муқарраргардида пешбинӣ шудаанд, бо нишон додани шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва рӯйхати имтиёздорон аз рӯи категорияҳо, ки аз тарафи мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ гардидаанд, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

16. Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ, ва Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои пешбинишудаи соли 2007 масъалаи паст намудани сатҳи обҳои зеризаминиро дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ва бо обтаъминкунии муҳоҷиронро дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон баррасӣ ва ҳал намоянд.

17. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ҳар моҳа на дертар аз санаи 1-уми моҳи ҳисоботӣ (семоҳа, сол) ҳисоботро оид би истифодабарии мақсадноки маблағҳои Фонди инноватсионии худ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

18. Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" дар соли 2007 аз ҳисоби маблағҳое, ки аз хизматрасонии транзитии боркашонии Ҷумҳурии ӯзбекистон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, хизматрасонии қарзи берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Ҷумҳурни ӯзбекистон мувофиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии ӯзбекистон таъмин намояд.

19. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи холатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати корҳои ислоҳотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии фелдъегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар идораҳои ба мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ баробар:

- дар мӯҳлатҳои муайяншуда ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани сметаҳои ягонаи даромад ва хароҷотро дар сатҳи барномаҳо ва корресспондентҳо оид ба маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳои махсуси ҳамаи ҷузъу томҳое, ки аз тариқи Департаменти хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешаванд, бо ҳисоби алоҳидаи моддаҳои хароҷоти таъмин намоянд. Ба таври ҳатми сметаҳои алоҳидаи хароҷотро барои нигоҳдории муассисаҳои олии ҳарбии таълимӣ, инчунин муассисаҳои ҳарбии тиббӣ пешниҳод кунанд;

- роҳкиро ба маҳалли истифодаи асосии рухсатӣ ва бозгаштро (як маротиба дар як сол), танҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, пардозанд;

- ба ҳолати казармави гузаронидами ҳайати шахсиро танҳо дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд ва пардохти ҷубронпулиро барои ин мақсад дар доираи маблағҳои фонди музди меҳнат ва сметаи хароҷоти тасдиқшуда анҷом диҳанд;

- пардохти маблағҳо барои табобати санаторию курортии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо тартиби муқарраргардида дар доираи маблағҳое, ки дар сметаи хароҷот барои ин мақсад пешбинӣ шудаанд, анҷом диҳанд;

- шумораи курсантҳо ва шунавандагони дар муассисаҳои таълими ҳарбии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳсил доштаро ба маблағҳое, ки дар сметаи хароҷот барои ин мақсад пешбинӣ шудаанд, мувофиқ намоянд.

20. Роҳбарони вазорату идораҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ назорати қатъиро аз болои мақсаднок истифодабарии маблағҳо, ки дар сметаи хароҷот барои пардохти таъминоти пулӣ, нафақа ва кӯмакпулӣ пешбинӣ шудаанд, муқаррар намоянд.

Муқаррар карда шавад, ки барои ғайримақсаднок истифодабарии маблағҳои пулии фонди музди меҳнат ва дигар моддаҳои ҳимояшвандаи хароҷоти буҷети роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, ҷузъҳо ва хадамоти ҳарбӣ шахсан ҷавобгар мебошанд.

21. Агентии таъминоти амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор:

- маблағҳои буҷетии тасдиқшудаи соли 2007-ро барои таъминоти марказонидашудаи озуқа, ашё ва дигар амволи моддию техникӣ барои Кувваҳои мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо, ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақсим намояд;

- номгӯй (номенклатура) ва миқдори маҳсулот (захираҳои моддию техникӣ)-ро, ки бояд таъмин карда шавад, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намояд;

- ҳармоҳа ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудаи ҳисоботро оид ба таъминоти вазоратҳо ва идораҳои қудратӣ бо озуқа, ашё ва дигар амволи моддию техникӣ бо ифодаи арзишӣ ва аслӣ таъмин намояд.

22 Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007" ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 2006 № 396 "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007" истифодаи мақсадноки маблағҳоеро, ки аз додани сертификат ба ихтиёри онҳо мононда мешаванд, таъмин намояд ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.

23. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ:

-ҳангоми тасдиқи буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои соли 2007 маблағҳои барои мустаҳкамгардонии заминаи моддию техникии ҷамоатҳои деҳот ва шаҳракҳо пешбинишударо дар сатри алоҳида нишон дода, истифодаи мақсадноки онҳоро таъмин намоянд;

- маблағгузории саривақтии ҷубронпулии мактаббачагонро аз рӯи тартиби муайяншуда, инчунин ҷубронпулӣ барои хизматрасонии коммуналиро барои муаллимон дар доираи маблағҳои дар буҷетҳои дахлдор пешбинишуда, таъмин намоянд;

- дар ҳолати норасоии маблағгузории фонди музди меҳнати дар буҷетҳои маҳаллии соли 2007 пешбинишуда, маблағҳои озоде, ки дар рафти иҷрои буҷети соли 2006 ба ҳолати 1 январи соли 2007 боқи мемонанд, дар навбати аввал ба ин мақсад равон намоянд.

24. Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳар семоҳа аз ҷараёни иҷрои ин қарор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

25. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Э. Раҳмонов

аз 29 декабри соли 2006 № 776

ш. Душанбе