ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007
(Қонуни ҶТ аз 4.05.2007 № 245, аз 13.06.2007 № 275, аз 8.10.2007 № 336)
Моддаи 1. Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 3195410 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла:
- воридоти андозӣ -1689524 ҳазор сомонӣ;
- воридоти ғайриандозӣ - 125335 ҳазор сомонӣ;
- грантҳо барои дастгирии буҷет - 32800 ҳазор сомонӣ;
- грантҳо ва қарзҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ - 489744 ҳазор сомонӣ;
- қарзҳои давлатӣ - 778500 ҳазор сомонӣ;
- маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ - 79507 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2007 ба маблағи 3290910 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои маблағгузории:
- мақомоти ҳоқимият ва идоракунии давлатӣ - 259993 ҳазор сомонӣ;
- мудофиа - 149224 ҳазор сомонӣ;
- мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҳуқуқӣ - 160898 ҳазор сомонӣ;
...