Низомномаи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ аз 19 декабри соли 2007, № 356

Санаи амалкуни: 15.07.2019

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "15" июли соли 2019, № 1281

тасдиқ шудааст

Бо фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "15" июли соли 2019, № 1281

тасдиқ шудааст

Таҳрири нав (Фармони Президенти ҶТ аз 15.07.2019 № 1281)

Таҳрири нав (Фармони Президенти ҶТ аз 15.07.2019 № 1281)

Низомномаи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ

(Фармони Президенти ҶТ аз 15.07.2019 № 1281)

(Фармони Президенти ҶТ аз 15.07.2019 № 1281)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ (дар оянда Шӯрои машваратӣ) мақоми машваратӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Шӯрои машваратӣ майдони муҳимтарини гуфтугӯи байни давлат ва бахши хусусӣ ба ҳисоб рафта, дар ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Шӯрои машваратӣ дар асоси таҳлилу тавсияҳо пешниҳодоти заруриро оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шӯрои машваратӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ манзур менамояд.

2. Шӯрои машваратӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

3. Шӯрои машваратӣ дорои бланки худ мебошад.

2. ТАРТИБИ ТАЪСИС ДОДАНИ ШӯРО

...

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 19 декабри соли 2007 № 356

тасдиқ шудааст

Низомномаи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ

I. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ (минбаъд - Шӯро) мақоми машваратӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ тавсия ва пешниҳодҳоро доир ба масъалаҳои беҳгардонии муҳити соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои суръатбахшии рушди иҷтимоию-иқтисодии мамлакат зарур аст омода месозад.

2. Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сармоягузорӣ" ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

3. Шӯро аз ҳайати зерин иборат аст:

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шӯро;

аъзои Шӯро:

- Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Котиби масъули Шӯро;

- як намоянда аз ташкилотҳои донории бисьёрҷонибаи байналмилалӣ;

- як намоянда аз ташкилотҳои донории дуҷониба;

- як намоянда аз сармоягузорони хориҷӣ;

- ду намоянда аз сохторҳои соҳибкории ватанӣ;

- Роҳбари котиботи Шӯро.

4. Тартиби интихоби аъзоёни Шӯро, ки намояндагони мақомоти давлатӣ намебошанд, ба принсипҳои зерин асос ёфтааст:

- Намояндагони ташкилотҳои донории хориҷӣ бо мувофиқаи онҳо муайян ва пешниҳод карда мешаванд.

- Намояндаи сармоягузорони хориҷӣ ба ҳайати Шӯро аз ҷумлаи сармоягузорони хориҷӣ, ки дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодӣ лоиҳаҳои азими сармоягузориро татбиқ менамоянд, шомил карда мешавад.

- Намояндагони сохторҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати Шӯро бо мувофиқаи онҳо ё бо пешниҳоди бизнесассотсиатсияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби соҳибкороне, ки дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодӣ фаъолият мекунанд, дохил карда мешаванд.

- Роҳбари котиботи Шӯро тибқи тартибу низоми Бонки Европоии таҷдид ва рушд интихоб карда мешавад.

Котиби масъули Шӯро ба аъзои Шӯро, ки мақомоти давлатӣ ва донорҳоро намояндагӣ мекунанд, рӯйхати номзадҳоро барои тасдиқи онҳо дар ҳайати Шӯро пешниҳод менамояд. Номзадҳо ба ҳайати Шӯро бо аксарияти овозҳо тасдиқ мегарданд.

Аъзои Шӯро аз ташкилотҳои байналмилалии донорӣ, сармоягузорони хориҷӣ ва сохторҳои соҳибкории ватанӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Шӯро иваз карда мешаванд.

II. Мақсад ва вазифаҳои Шӯро

5. Мақсади асосии Шӯро мусоидат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ дар омода намудан ва амалигардонии тадбирҳо доир ба беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ дар мамлакат мебошад.

Барои ҳалли масъалаи мазкур ба зиммаи Шӯро вазифаҳои зайл гузошта шудаанд;

- гузарондани тадқиқот ва таҳлили муҳити соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ дар мамлакат;

- таҳияи пешниҳодҳо ва тавсияҳо барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ оид ба беҳтар кардани муҳити соҳибкорӣ ва фазои маблағгузорӣ;

- таҳияи пешниҳодҳо оид ба ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ бо мақсади мукаммалгардонии вазифаҳои танзимкунандаи давлат;

- омода сохтани пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои такмили қонунгузории амалкунанда ва вазифаҳои танзимкунандаи давлат оид ба фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ;

- омода сохтани пешниҳод ва тавсияҳо оид ба таҳияи стратегия ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҷалби сармоягузориҳо;

6. Шӯро ҳуқуқ дорад:

- дар ҷаласаҳои худ ҳисоботи роҳбарони мақомоти идораи давлатиро оид ба масъалаҳои беҳгардонии муҳити соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ шунавад;

- мушовирон ва мутахассисону олимони ватанию хориҷиро барои баҳодиҳии воқеӣ ва рафти иҷрои тадбирҳо доир ба беҳгардонии муҳити сохибкорӣ, ҷалб ва истифодаи сармояи хориҷӣ, ислоҳоти идоракунии давлатӣ бо мақсади такмили вазифаҳои танзимкунандаи давлат, таҳияи стратегия ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҷалби сармоя истифода намояд;

- ҷиҳати такмили сиёсати давлатӣ дар соҳаи беҳгардонии муҳити соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ тавсияҳо ва пешниҳодҳои дахлдор манзур намояд;

- бо пешниҳоди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Низомномаи котиботи Шӯроро тасдиқ намояд.

III. Ташкили фаъолияти Шӯро

7. Ташкили фаъолияти Шӯро:

- маҷлиси Шӯро тибқи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар се моҳ гузаронида мешавад.

- маҷлиси Шӯро вақте салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки агар дар он 2/3 ҳиссаи ҳайати он иштирок намояд.

- қарори Шӯро оид ба масъалаҳои баррасишаванда бо аксарияти овозҳо қабул карда мешавад ва дар шакли протокол ба расмият дароварда мешавад.

- таъминоти ташкилию методӣ ва техникии фаъолияти Шӯро аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари котиботи Шӯро анҷом дода мешавад.

- фаъолияти котиботи Шӯро аз ҳисоби маблағҳои грантӣ маблағгузорӣ мегардад.

IV. Вазифаҳо ва салоҳияти Роҳбари котиботи Шӯро

8. Вазифаҳои асосии Роҳбари котиботи Шӯро аз инҳо иборат мебошад:

- ташкил намудани фаъолияти котиботи Шӯро;

- пешниҳод намудани маълумот ба Раис ва аъзои Шӯро оид ба ҷараёни иҷрои тавсияҳо ва пешниҳодҳои Шӯро;

- ҷамъбаст намудани пешниҳодҳои вазоратҳо, кумитаҳо ва идораҳои давлатӣ, намояндаҳои сохторҳои соҳибкориро оид ба беҳгардонии муҳити соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ;

- гузаронидани мониторинги иҷро ва татбиқи қарорҳои қабулшудаи Шӯро;

- роҳбарӣ ба гурӯҳи экспертҳои котиботи Шӯро;

- ташхис ва таҳлил намудани ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ва омодасозии пешниҳодҳо ба Шӯро оид ба такмили онҳо;

9. Роҳбари котиботи Шӯро мутобиқи тартиби муқараргардида ҳуқуқ дорад:

- тамоми маълумоти барои кор ва фаъолияти Шӯро заруриро аз мақомоти давлатӣ дархост намояд;

- дар омода намудани маҷлиси Шӯро иштирок намояд;

10. Вазифа, салоҳият, сохтор ва ҷадвали штатии котиботи Шӯроро Котиби масъули Шӯро дар доираи салоҳияти худ ҳал менамояд.

11. Роҳбари котиботи Шӯро бланки расмии худро дорад.

V. Муқаррароти ниҳоӣ

12. Шӯро метавонад тибқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шавад.