ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъсис додани Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ
Мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба такмили муҳити соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва дастгирии давлатии он, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ ба иқтисодиёти кишвар фармон медиҳам:
1. Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шавад.
2. Низомномаи замимагардидаи Шӯро тасдиқ карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 19 декабри соли 2007 № 356
ш. Душанбе
аз 19 декабри соли 2007 № 356
ш. Душанбе
...