Низомнома дар бораи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо аз 1 августи соли 2005, № 283

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2015 № 508 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2005 № 283

тасдиқ шудааст

Низомнома дар бораи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо

1. Мутобиқ ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2005 № 1573 "Дар бораи таъсис додани стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умуми, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касби-техники, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо" бо мақсади дастгири ва ҳавасманд намудани хонандагоне, ки бо баҳои аъло таҳсил ва дар корҳои ҷамъияти фаъолона иштирок мёкунанд, аз 1 ноябри соли 2005 300 (сесад) стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон таъсис дода шавад.

Стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 60 (шаст) сомони муқаррар гардида, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

2. Довталабони стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагони мактабҳои таҳсилоти умуми, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касби-техники, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо, ки мувофиқи ҷамъбасти солона бо баҳои аъло таҳсил карда ва дар корҳои ҷамъияти фаъолона иштирок менамоянд, буда метавонанд.

3. Стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси озмун аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол барои як соли таҳсили (аз 1 сенятбр то 1 июн) таъин карда мешаванд.

4. Стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мактабҳои таҳсилоти умуми, литсейҳо, гимназияҳо барои 240 (дусаду чил) хонанда ва барои омӯзишгоҳҳои касби-техники, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо барои 60 (шаст) хонанда муқаррар карда мешаванд.

5. Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон квотаҳои стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳру ноҳияҳо бо назардошти миқдори хонандагони мактабҳои таҳсилоти умуми, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касби-техники, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо муайян менамояд.

6. Бо мақсади ташкили кор барои интихоби номзадҳо ба стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди сохторҳои маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо) комиссияҳо аз ҳисоби кормандони сохторҳои кор бо ҷавонон, маориф, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли таъсис дода мешаванд.

7. Комиссияҳо номзадҳоро дар асоси пешниҳоди шӯрои тарбиятгарони муассисаҳои таълими интихоб менамоянд.

8. Низомномаи комиссияро Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ менамояд.

9. Комиссияҳои шаҳрию ноҳияви доир ба натиҷаҳои кори худ ҳар сол то 10 август ҳуҷҷатҳои заруриро барои мувофиқа ба комиссияҳои вилояти ирсол мекунанд ва комиссияҳои вилояти, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури то 20 август барои тасдиқ ба Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод менамоянд.

10. Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки аз комиссияҳо пешниҳод мегарданд, инчунин мутобиқи қарори ҳайати мушовараи Кумита ҳар сол то 1 сентябр рӯйхати стипендиатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои як соли таҳсил тасдиқ мекунад.

11. Пардохти стипендияҳоро ҳар моҳ сохторҳои маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд.

12. Аз стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум кардани хонандагон дар ҳолати иҷро нагардидани банди 2 Низомномаи мазкур мутобиқи пешниҳоди комиссияҳо ва дар асоси қарори ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 01.08.2015г.№508

Утверждено

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

 от 1 августа 2005 года № 283

Положение о стипендиях Президента Республики Таджикистан для учащихся общеобразовательных школ, лицеев, гимназий, профессионально-технических училищ, училищ, техникумов и колледжей

1. В соответствии с Указом Президента Республики Таджикистан от 14 июля 2005 года № 1573 "Об учреждении стипендий Президента Республики Таджикистан для учащихся общеобразовательных школ, лицеев, гимназий, профессионально-технических училищ, училищ, техникумов и колледжей" в целях поддержки и стимулирования учащихся имеющих отличные оценки и активно участвующих в общественной работе, учреждены с 1 ноября 2005 года 300 (триста) стипендий Президента Республики Таджикистан.

Стипендии Президента Республики Таджикистан установлены в размере 60 (шестидесяти) сомонов и присуждаются Комитетом по делам молодежи при Правительстве Республики Таджикистан.

2. Претендентами на стипендии Президента Республики Таджикистан могут быть учащиеся общеобразовательных школ, лицеев, гимназий, профессионально-технических училищ, училищ, техникумов и колледжей, имеющие отличные оценки по итогам учебного года и активно участвующие в общественной работе.

3. Назначение стипендий Президента Республики Таджикистан производится на конкурсной основе Комитетом по делам молодежи при Правительстве Республики Таджикистан ежегодно на один учебный год (с 1 сентября по 1 июня).

4. Стипендии Президента Республики Таджикистан для общеобразовательных школ, лицеев, гимназий устанавливаются для 240 (двести сорок) учащихся и для профессионально-технических училищ, училищ, техникумов и колледжей для 60 (шестьдесят) учащихся.

5. Комитет по делам молодежи при Правительстве Республики Таджикистан с учетом количества учащихся общеобразовательных школ, лицеев, гимназий, профессионально-технических училищ, училищ, техникумов и колледжей распределяет стипендии Президента Республики Таджикистан по городам и районам республики.

6. Для организации работы по конкурсному отбору кандидатов на стипендию Президента Республики Таджикистан при местных структурных подразделениях Комитета по делам молодежи при Правительстве Республики Таджикистан (области, города и районы) создаются Комиссии из числа специалистов структур по делам молодежи, образования, занятости и социальной защиты населения.

7. Комиссии выбирают кандидатов на основе рекомендаций педагогических советов учебных заведений.

8. Положение комиссии разрабатывает и утверждает Комитетом по делам молодежи при Правительстве Республики Таджикистан.

9. Городские и районные комиссии ежегодно до 10 августа об итогах своей работы направляют необходимые документы для согласования в областные комиссии и комиссии областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения предоставляют необходимые документы для утверждения в Комитет по делам молодежи при Правительстве Республики Таджикистан.

10. Комитет по делам молодежи при Правительстве Республики Таджикистан, на основании представленных Комиссиями материалов, и в соответствии с решением коллегии Комитета ежегодно до 1 сентября утверждает список стипендиатов Президента Республики Таджикистан на один учебный год.

11. Оплата стипендий будут производиться ежемесячно в структурных подразделениях Комитета по делам молодежи при Правительстве Республики Таджикистан.

12. Лишение стипендий Президента Республики Таджикистан может быть произведено решением коллегии Комитета по делам молодежи при Правительстве Республики Таджикистан по рекомендации комиссий в случае не выполнении требований пункта 2 настоящего Положения.