Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015 № 506 "Дар бораи Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2005, № 1573 "Дар бораи таъсис додани стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, лнтсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣтехникӣ, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо" ва мутобиқи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2005, № 283 "Оид ба Низомнома дар бораи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 августи соли 2015 № 508

ш. Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Положении о стипендиях Президента Республики Таджикистан для учащихся и студентов общеобразовательных, начальных и средних профессиональных образовательных учреждений

В целях выполнения Указа Президента Республики Таджикистан от 14 июля 2005 года, №1573 "Об учреждении стипендий Президента Республики Таджикистан для учащихся общеобразовательных школ, лицеев, гимназий, профессионально-технических училищ, училищ, техникумов и колледжей" и в соответствии со статьей 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Положение о стипендиях Президента Республики Таджикистан для учащихся и студентов общеобразовательных, начальных и средних профессиональных образовательных учреждений (прилагается).

2. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2005 года, №283 "О Положении о стипендиях Президента Республики Таджикистан для учащихся общеобразовательных школ, лицеев, гимназий, профессионально-технических училищ, училищ, техникумов и колледжей".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан           Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 1 августа 2015 года, №508