ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муқаррар кардани изофапулӣ барои донистани забонҳои хориҷӣ ба кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати дипломатӣ" фармон медиҳам:
1. Барои донистани забонҳои хориҷии дур ба кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изофапулӣ дар ҳаҷми 15 фоизи маоши вазифавӣ муқаррар карда шавад.
2. Маблағгузории изофапулии мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 14 ноябри соли 2007 № 349
ш. Душанбе
аз 14 ноябри соли 2007 № 349
ш. Душанбе
...