Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 549 "Дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996 № 311"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 233 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996 № 311

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996 № 311 "Дар бораи тасдиқи низомномаҳои ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷоизаи мазкур ва ҳайати ин Кумита" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар Низомномаи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сархати дуюми банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"шаш ҷоиза муқаррар карда мешавад: аз ҷумла, як ҷоиза дар соҳаи адабиёт, як ҷоиза дар соҳаи санъати театр ва синамо, як ҷоиза дар соҳаи мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ, як ҷоиза дар соҳаи санъати тасвирӣ ва меъморӣ, як ҷоиза дар соҳаи эҷодиёти бадеӣ (адабиёт, санъати тасвирӣ, театр, мусиқӣ, синамо) барои кӯдакон ва наврасон, як ҷоизаи махсуси байналмилалӣ дар соҳаи адабиёти тоҷик барои тарҷума, пажӯҳиш ва тарғиб.

Андозаи як ҷоиза мутаносиб ба 3500 доллари ШМА буда, бо асъори миллӣ аз рӯи қурби ҷории рӯзи қабули қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи мукофотонӣ пардохта мешавад.".

2. Ҳайати замимагардидаи Кумитаи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати нав тасдиқ карда шавад.

3. Ҳайати Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 августи соли 2001 № 402 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 1996 № 311" тасдиқ шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Э. Раҳмонов

...

аз 2 ноябри соли 2007, № 549

ш. Душанбе

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 ноябри соли 2007 № 549

Ҳайати Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рудакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Хайринисо Юсуфӣ - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумита.

2. Мӯъмин Қаноат - Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, ҷонишини Раиси Кумита.

3. Раҳмат Назрӣ - Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, кобити масъули Кумита.

4. Абдураҳмон Абдуманнонов - Номзади илми филология, муовини аввали Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. Барзу Абдураззоқов - Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, коргардони театри "Падида".

6. Меҳмон Бахтӣ - барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

7. Миралӣ Достиев - Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон, муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

8. Лариса Додхудоева - Доктори илми таърих, корманди Академияи илмҳои Тоҷикистон.

9. Рустам Каримов -Раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон.

10. Сӯҳроб Қурбонов - Рассоми халции Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон.

11. Сафаралӣ Қурбонов - Арбоби ҳунари Тоҷикистон, мудири Шӯъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

12. Мирзоватан Миров - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи ходимони театрии Тоҷикистон.

13. Камол Насрулло - Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, муоини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

14. Сайфиддин Назарзода - Доктори илми филология, директори Институти забон ва адабиёт ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ.

15. Икромҷон Неъматов - Номзади илмҳои техникӣ, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон.

16. Саъдулло Раҳимов - Доктори илмхои фалсафа, санъатшинос, корманди Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон.

17. Юсуфҷон Сангов - Рассоми халкии Тоҷикистон, муовини Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон.

18. Худоӣ Шарифов - Доктори илми филология, устоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон.

19. Толиб Шаҳидӣ - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, корманди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.