Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 549 "Дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996 № 311"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 233 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996 № 311

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996 № 311 "Дар бораи тасдиқи низомномаҳои ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷоизаи мазкур ва ҳайати ин Кумита" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар Низомномаи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сархати дуюми банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"шаш ҷоиза муқаррар карда мешавад: аз ҷумла, як ҷоиза дар соҳаи адабиёт, як ҷоиза дар соҳаи санъати театр ва синамо, як ҷоиза дар соҳаи мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ, як ҷоиза дар соҳаи санъати тасвирӣ ва меъморӣ, як ҷоиза дар соҳаи эҷодиёти бадеӣ (адабиёт, санъати тасвирӣ, театр, мусиқӣ, синамо) барои кӯдакон ва наврасон, як ҷоизаи махсуси байналмилалӣ дар соҳаи адабиёти тоҷик барои тарҷума, пажӯҳиш ва тарғиб.

Андозаи як ҷоиза мутаносиб ба 3500 доллари ШМА буда, бо асъори миллӣ аз рӯи қурби ҷории рӯзи қабули қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи мукофотонӣ пардохта мешавад.".

2. Ҳайати замимагардидаи Кумитаи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати нав тасдиқ карда шавад.

3. Ҳайати Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 августи соли 2001 № 402 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 1996 № 311" тасдиқ шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Э. Раҳмонов

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Э. Раҳмонов

...

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 30.04.2011г.№233

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительство Республики Таджикистан от 16 июля 1996 года № 311

В соответствии со статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

В постановление Правительства Республики Таджикистан от 16 июля 1996 года № 311 "Об утверждении положений "О Государственных премиях Республики Таджикистан имени Абуабдулло Рудаки в области литературы, искусства и архитектуры при Правительстве Республики Таджикистан", о Комитете данной премии и составе этого Комитета" внести следующие изменения и дополнения:

1. В Положении по государственным премиям Республики Таджикистан имени Абуабдулло Рудаки в области литературы, искусства и архитектуры при Правительстве Республики Таджикистан:

- абзац второй пункт 2 изложить в следующей редакции:

"Устанавливаются шесть премий: - одна премия в области литературы, одна премия в области театрального и кинематографического искусств, одна премия для изобразительного и архитектурного искусства, одна премия в области художественного творчества (литература, изобразительное, театральное, музыкальное и кинематографическое искусство) для детей и подростков, одна специальная международная премия в области таджикской литературы за перевод, исследования и пропаганду.

Размер каждой премии эквивалентен 3500 долларам США, выплачиваемым в национальной валюте по текущему курсу на дату принятия Правительством решения о присуждении премии".

2. Утвердить прилагаемый состав Комитета по Государственным премиям Республики Таджикистан имени Абуабдулло Рудаки в области литературы, искусства и архитектуры при Правительстве Республики Таджикистан.

3. Состав Комитета по Государственным премиям Республики Таджикистан имени Абуабдулло Рудаки в области литературы, искусства и архитектуры при Правительстве Республики Таджикистан утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 18 августа 2001 года №402 "О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 16 июля 1996 года № 311" признать утратившим силу.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                    Э. Рахмонов

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                    Э. Рахмонов

...