Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 1999 № 26
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 1999 № 26 "Дар бораи тартиби ҷорӣ намудани ҳисобномаҳои шахсии пасандозӣ ва баҳисобгирии инфиродии (фардикунонидашудаи) саҳмҳои суғурта дар соҳаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- дар бандҳои 2, 3, 4 ва 5 калимаҳои "Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа" иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 июни соли 2007 № 360
ш. Душанбе