Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 1999, № 26 "Дар бораи тартиби ҷорӣ намудани ҳисобномаҳои шахсии пасандозӣ ва баҳисобгирии инфиродии (фардикунонидашудаи) саҳмҳои,суғӯрта дар соҳаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 30.06.2007

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.03.2014 № 170 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тартиби ҷорӣ намудани ҳисобномаҳои шахсии пасандозӣ ва баҳисобгирии инфиродии (фардикунонидашудаи) саҳмҳои,суғӯрта дар соҳаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007с.№ 360)

Бо мақсади иҷрои Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1997 № 518 "Дар бораи тартиби ҷорӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи замимагардидаи "Дар бораи тартиби ҷорӣ намудани ҳисобномаҳои шахсии пасандозӣ ва баҳисобгирии инфиродии (фардикунонидашудаи) саҳмҳои суғурта дар соҳаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шавад.

2. Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа тадбир ва асноди зеринро тасдиқ намояд:(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 360)

чорабиниҳо оид ба татбиқи баҳисобгирии инфиродии (фардикунонидашудаи) саҳмҳои суғурта ва ҳисобномаҳои шахсии пасандозӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

дастур оид ба ҷорӣ намудани баҳисобгирии инфиродии (фардикунонидашудаи) саҳмҳои суғурта ва ҳисобномаҳои шахсии пасандозӣ;

шаклҳои ҳисоботдиҳӣ ва намунаи бланкҳо, ки барои баҳисобгирии инфиродӣ (фардикунонидашуда) заруранд.

3. Вазоратҳо, Кумитаҳои давлатӣ ва идораҳо, Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҷорӣ намудани баҳисобгирии инфиродии (фардикунонидашудаи) саҳмҳои суғурта ба Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва шӯъбаҳои он ҳаматарафа мусоидат намоянд.(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 360)

4. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷойгир намудани шӯъбаҳои дахлдори Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар биноҳои таҳти моликияти коммуналӣ қарордошта утоқҳо ҷудо намояд. (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 360)

5. Корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои ҳама гуна шакли моликият ба шӯъбаҳои Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа тибқи шакли муқарраргардида барои мақсадҳои баҳисобгирии инфиродии (фардикунонидашудаи) саҳмҳои суғурта сари вақт ҳисобот пешниҳод намоянд ва тартиби муқарраршудаи суғуртаи кормандон ва пардохти суғуртаро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ" риоя кунанд. (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 360)

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 4 феврали соли 1999 № 26

ш. Душанбе

Утратил силу в редакции постановления Правительства РТ от 04.03.2014г.№ 170

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О порядке ведения накопительных лицевых счетов и индивидуального (персонифицированного) учета страховых взносов в системе государственного социального страхования в Республике Таджикистан

(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.06.2007г.№360)

Во исполнение Постановления Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 13 декабря 1997 года № 518 "О порядке введения в действие Закона Республики Таджикистан "О Государственном социальном страховании" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить прилагаемое Положение "О порядке ведения накопительных лицевых счетов и индивидуального (персонифицированного) учета страховых взносов в системе государственного социального страхования в Республике Таджикистан".

2. Государственному агентству социального страхования и пенсий утвердить(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.06.2007г.№360):

мероприятия по внедрению индивидуального (персонифицированного) учета страховых взносов и накопительных именных лицевых счетов в системе государственного социального страхования в Республике Таджикистан;

инструкцию по ведению индивидуального (персонифицированного) учета страховых взносов и именных лицевых счетов;

формы отчетности и бланков, необходимых для индивидуального (персонифицированного) учета.

3. Министерствам, Государственным комитетам, ведомствам, Председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов Республики Таджикистан оказывать содействие Государственному агентству социального страхования и пенсий и его подразделениям в деятельности по внедрению индивидуального (персонифицированного) учета страховых взносов(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.06.2007г.№360).

4. Председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов Республики Таджикистан выделить помещения в зданиях, находящихся в коммунальной собственности, для размещения соответствующих отделов Государственного агентства социального страхования и пенсий(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.06.2007г.№360).

5. Предпринимателям, учреждениям и организациям всех форм собственности своевременно представлять отделам Государственного агентства социального страхования и пенсий отчетность по установленной форме для целей индивидуального (персонифицированного) учета страховых взносов, соблюдать установленный порядок страхования работников и уплаты страховых платежей в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О государственном социальном страховании"(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.06.2007г.№360).

Председатель

Правительства Республики Таджикистан     Э. Рахмонов

от 4 февраля 1999 года № 26

 г. Душанбе