×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007 № 272 "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 25.06.2021

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2048 аз эътибор соқит дониста шуд

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №6, мод. 428; с. 2008, №6, мод. 448; с. 2010, №7, мод. 568; с. 2017, №5, қ.1, мод. 285, №7- 9, мод. 580)

(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 390, аз 21.07.2010 № 636, аз 30.05.2017 № 1428, аз 28.08.2017 № 1461, аз 25.06.2021 № 1792)

Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461).

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсад, вазифа ва доираи амали Қонуни мазкур

1. Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.

2. Вазифаи Қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросим дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461).

3. Амали Қонуни мазкур ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ҳамаи шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти миллиашон, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1792).

4. Ақаллиятҳои миллӣ дар доираи муқаррароти Қонуни мазкур дар баргузории анъана ва ҷашну маросими суннатиашон озод мебошанд.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

1. Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- анъана - маҷмӯи арзишҳои моддӣ ва маънавии мероси иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва ё гурӯҳҳои алоҳидаи ҷамъиятӣ буда, аз насл ба насл мегузарад;

- маросим - маҷмӯи амалҳои рамзие мебошад, ки муносибати шахсон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳими ҳаёти фарҳангии ҷомеа муқаррар менамояд;

- ҷашн - таҷлили рӯйдодҳо ва ё санаҳои таърихию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, касбӣ ва оилавӣ мебошад.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим

(Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1428, аз 28.08.2017 № 1461).

БОБИ 2. МАҚОМОТ ОИД БА ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ ВА ВАКОЛАТИ ОНҲО

(Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461)

Моддаи 4. Мақоми ваколатдор оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим

(Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461)

Иҷрои талаботи Қонуни мазкур аз тарафи мақоми ваколатдор, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 636).

Моддаи 5. Комиссияҳои доимии маҳаллӣ

1. Ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни мазкур дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти кишвар комиссияҳои доимии маҳаллӣ таъсис дода мешаванд.

2. Низомномаи комиссияҳои доимии маҳаллиро Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоати шаҳраку деҳот тасдиқ мекунанд.

3. Низомномаи намунавии комиссияҳои доимии маҳаллиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461).

Моддаи 5(1). Комиссияҳои ҷамъиятӣ

(Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461)

1. Дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1792).

2. Фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ тибқи Қонуни мазкур ва низомнома, ки аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо тасдиқ карда мешавад, ба роҳ монда мешавад(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1792).

3. Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

4. Комиссияҳои ҷамъиятӣ риояи талаботи Қонуни мазкурро аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки дар онҳо таъсис дода шудаанд, назорат намуда, ҷиҳати пешгирии қонунвайронкунӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешанд(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1792).

5. Дар сурати ошкор намудани риоя накардани талаботи Қонуни мазкур комиссияҳои ҷамъиятӣ дар мӯҳлати се рӯз ба мақоми ваколатдор ва ё комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар ин бора хабар медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461).

Моддаи 6. Ваколати Мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим

(Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 636, аз 30.05.2017 № 1428 аз 28.08.2017 № 1461)

1. Мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дорои ваколатҳои зерин мебошанд (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 636, аз 30.05.2017 № 1428аз 28.08.2017 № 1461):

- назорат оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим тибқи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461);

- таҳияи тавсия ва дастурҳои амалӣ барои камхарҷ гузаронидани ҷашну маросим (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461);

- фаҳмондани талаботи қонунгузорӣ ва додани тавсияҳо ба шахсоне, ки ҷашну маросимро мегузаронанд (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461);

- ба қайд гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ, инчунин пешбурди омор дар ин самт (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461);

- андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирии риоя накардани талаботи Қонуни мазкур (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461);

- таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ва ташкили корҳои маърифатию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461);

- расонидани ёрии амалӣ ба раисони маҳаллаҳо, шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар танзими ҷашну маросим (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461);

- таблиғи адабиёти илмию оммавӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461);

- талаб кардани маълумот дар бораи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ(Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461, аз 25.06.2021 № 1792).

2.  Дар ҳолати риоя нашудани муқаррароти Қонуни мазкур Мақоми ваколатдор  ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ санади зарурӣ таҳия намуда, онро барои татбиқи чораҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 636).

БОБИ 3. ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМИ РАСМӢ ВА ОИЛАВӢ

(Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461)

Моддаи 7. Ҷашнҳои расмӣ

1. Ҷашнҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, Наврӯз, Сада, Меҳргон, идҳои Рамазон, Қурбон ва дигар идҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1428).

2. Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани санаи таъсиси корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ, ҳамчунин зодрӯз ва ёдбуди шахсоне, ки ба давлат ва ҷамъият хизматҳои шоиста кардаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад  (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1792).

3. Оростани зиёфати расмӣ ба муносибати таъйин шудан ба вазифаи давлатӣ, гирифтани рутба, унвон, мукофотҳои давлатӣ ва дараҷаҳои илмию тахассусӣ манъ аст.

4. Дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста шуда, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ додан манъ аст (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461).

Моддаи 8. Зодрӯз

Ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад.

Моддаи 9. Хатнасур

(Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461)

1. Хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад.

2. Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад.

3. Маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда мешаванд.

4. Гузаронидани маъракаи ақиқа манъ аст.

5. Падару модар ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда метавонанд аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи писаронашон суратҳисоб кушоянд.

6. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд.

7. Тартиби гузаронидани хатнасури хайриявиро мақоми ваколатдор муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461).

Моддаи 10. Тӯйи домодию арӯсӣ

1. Тӯйи домодию арӯсӣ дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 390).

2. Ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс, ба истиснои тақдими тӯҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ аст (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461).

3. Маросими домодталабон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461).

4. Падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардондани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461).

5. Ҳамсарон ҳуқуқ доранд, ки тибқи муқаррароти Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни худ аҳдномаи никоҳ банданд.

6. Маросими бақайдгирии давлатии ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо истифодаи на бештар аз 4 автомошинаи сабукрав гузаронида мешавад  (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1792).

7. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ тӯйи домодию арӯсии хайриявии ҷавононро аз оилаҳои камбизоат баргузор намоянд (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461).

8. Тартиби гузаронидани тӯйҳои домодию арӯсии хайриявиро мақоми ваколатдор муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461).

Моддаи 11. Маросими дафну азодорӣ

(Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461)

1. Маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат мегирад.

2. Маросими "се", "чил" ва "сол" бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461).

3. Дар маросими дафну азодорӣ ташкили "оши сари тахта", "душанбегӣ", "ҷумъагӣ", "ҳафт", "бист", "шашмоҳагӣ", ҳамчунин додани пули нақд ва дигар ашё, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461).

4. Тартиби гузаронидани маросими дафну азодориро мақоми ваколатдор муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461).

Моддаи 12. Маросими ҳаҷ

1. Маъракаҳои гусел ва пешвози ҳоҷиён дар доираи оила гузаронида мешаванд.

2. Ташкили маъракаҳои, ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталабон ва ҳоҷиошӣ қатъиян манъ аст (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461).

3. Тартиби сафари шаҳрвандонро барои адои ҳаҷ ва умра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461).

Моддаи 13. Ҷои баргузории ҷашну маросим

(Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461)

1. Ҷашну маросим дар майдончаҳои (ҳавлиҳои) назди биноҳои истиқоматӣ, дохили хонаҳои шахсӣ ва ё дар тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо ва ё тӯйхонаҳо бо риояи тартиботи ҷамъиятӣ гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461).

2. Маросими мавлудхонӣ ба таври ихтиёрӣ танҳо дар масҷидҳо бе ҷамъоварӣ ва додани маблағи пулӣ ва таом сурат мегирад. Дар ҷашну маросим пошидан ва часпондани пул манъ аст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1428, аз 28.08.2017 № 1461).

БОБИ 4. ТАНЗИМИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ҶАШНУ МАРОСИМ

(Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461)

Моддаи 14. Тартиби хизматрасонии ҷашну маросимҳо аз тарафи муассисаҳои фарҳангӣ, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо

1. Хизматрасонии ҳунармандон дар тӯю маъракаҳо дар асоси шартномаи тарафайн бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461).

2. Маъмурияти қаҳвахона, ошхона, тарабхона ва тӯйхонаҳо ӯҳдадоранд хизматрасонии тӯю маъракаҳоро дар асоси шартномаи тарафайн ба роҳ монда, ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо талаботи Қонуни мазкурро вобаста ба шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории онҳо риоя намоянд (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461).

3. Тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461).

 4(1). УҲДАДОРИИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ ҲАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ ТУЮ МАЪРАКАҲО ВА МАҲДУДИЯТ ОИД БА ГУЗАРОНИДАНИ ҶАШНУ МАРОСИМ

(Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461, аз 25.06.2021 № 1792)

Моддаи 14(1). ӯҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо

(Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461)

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд ҷашну маросимро бо риояи талаботи Қонуни мазкур баргузор карда, мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллиро доир ба баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ хабардор намоянд.

2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461)

Моддаи 14(2). Маҳдудият оид ба гузаронидани ҷашну маросим

(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1792)

Дар ҳолатҳои истисноӣ бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми вазъияти фавқулода, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои маҳдудкунандаро оид ба гузаронидани ҷашну маросим муқаррар намояд (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1792).

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461)

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

2. Аъзои Ҳукумат, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, кормандони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1461).

Моддаи 16. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон              Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

 8 июни соли 2007 № 272

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлисӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну ва маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе 

 30 майи соли 2007 № 584

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе 

 7 июни ссли 2007 № 331

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсад, вазифа ва доираи амали Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.

Вазифаи Қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.

Амали Қонуни мазкур ба мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ҳамаи шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти миллиашон, сурат мегирад.

Ақаллиятҳои миллӣ дар доираи муқаррароти Қонуни мазкур дар баргузории анъана ва ҷашну маросимҳои суннатиашон озод мебошанд.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

анъана - маҷмӯи арзишҳои моддӣ ва маънавии мероси иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва ё гурӯҳҳои алоҳидаи ҷамъиятӣ буда, аз насл ба насл мегузарад;

маросим - маҷмӯи амалҳои рамзие мебошад, ки муносибати шахсон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳими ҳаёти фарҳангии ҷомеа муқаррар менамояд;

ҷашн - таҷлили рӯйдодҳо ва ё санаҳои таърихию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, касбӣ ва оилавӣ мебошад.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

БОБИ 2. МАҚОМОТ ОИД БА ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО ВА САЛОҲИЯТИ ОНҲО

Моддаи 4. Раёсат оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

Барои амалӣ намудани Қонуни мазкур Раёсат оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ки ҳамчун сохтори таркибии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, таъсис дода мешавад. Раёсат аз сардор, муовин ва кормандони он иборат аст.

Ҳуқуқу вазифаҳо ва сохтори Раёсат тибқи Низомномае, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян карда мешавад.

Роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки на камтар аз 30 нафар корманд доранд, сарфи назар аз шакли моликият, оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода, фаъолияти онҳоро тибқи Қонуни мазкур ба роҳ мемонанд.

Моддаи 5. Комиссияҳои доимии маҳаллӣ

Ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни мазкур дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти кишвар комиссияҳои доимии маҳаллӣ таъсис дода мешаванд.

Низомномаи комиссияҳоро Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоати шаҳраку деҳот тасдиқ мекунанд.

Моддаи 6. Салоҳияти Раёсат ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

Раёсат ва комиссияҳои доимии вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дорои салоҳиятҳои зерин мебошанд:

- назорат оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо тибқи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- таҳияи тавсия ва дастурҳои амалӣ барои камхарҷ гузаронидани ҷашну маросимҳо;

- таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва ташкили корҳои маърифатию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ;

- расонидани ёрии амалӣ ба раисони маҳаллаҳо, шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар танзими ҷашну маросимҳо;

- таблиғи адабиёти илмию оммавӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;

- талаб кардани маълумот дар бораи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон.

Дар ҳолати риоя нашудани муқаррароти Қонуни мазкур Раёсат ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ санади зарурӣ таҳия намуда, онро барои татбиқи чораҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамоянд.

БОБИ 3. ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМҲОИ РАСМӢ ВА ОИЛАВӢ

Моддаи 7. Ҷашнҳои расмӣ

Ҷашнҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, Наврӯз, Сада, Меҳргон, идҳои Рамазон, Қурбон ва дигар идҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.

Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани санаи таъсиси идораву муассисаҳо, ташкилотҳои давлатӣ, ҳамчунин зодрӯз ва ёдбуди шахсоне, ки ба давлат ва ҷамъият хизматҳои шоиста кардаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Оростани зиёфати расмӣ ба муносибати таъйин шудан ба вазифаи давлатӣ, гирифтани рутба, унвон, мукофотҳои давлатӣ ва дараҷаҳои илмию тахассусӣ манъ аст.

Моддаи 8. Зодрӯз

Ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад.

Моддаи 9. Хатнасур

Хатнасур ба таври ихтиёрӣ дар як рӯз бо иштироки то 60 нафар танҳо дар доираи як чорабинӣ (додани зиёфат ё ош) бо харҷи кам гузаронида мешавад.

Хатнасур метавонад якҷоя бо туйи домодию арусӣ бо риояи талаботи моддаи 10 Қонуни мазкур гузаронида шавад.

Хатна бо розигии падару модар дар муассисаҳои тиббӣ ва ё аз ҷониби устоҳои касбии иҷозатномадошта, бо риояи қоидаҳои тиббӣ анҷом дода мешавад.

Дар хатнасур маъракаҳои маслиҳатошӣ, бузкашӣ, гӯштингирӣ, ордбезон ва инъом кардан, ба истиснои тақсими тӯҳфаҳо ба тифл, манъ аст.

Падару модарон ва шахсони парастор метавонанд аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи фарзандон бо шартҳои имтиёзнок ва бо кафолатҳои давлатӣ суратҳисоб кушоянд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо хатнасури кӯдакони оилаҳои камбизоат ва бепарасторро гузаронанд.

Маъракаҳои гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл танҳо дар доираи оила баргузор карда мешаванд.

Моддаи 10. Тӯйи домодию арӯсӣ

Тӯйи домодию арӯсӣ дар як рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронида мешавад.

Ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс, ба истиснои тақдими тӯҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ аст.

Маросимҳои домодталабон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронида мешаванд.

Ҳамсарон ҳуқуқ доранд, ки тибқи муқаррароти Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни худ аҳдномаи никоҳ банданд.

Маросими қайди давлатии ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳо бо истифодаи на бештар аз 4 автомошинаи сабукрав гузаронида мешавад.

Моддаи 11. Маросимҳои дафну азодорӣ

Маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат мегирад.

Маросими "се" бе додани таъом гузаронида мешавад. Маросими "чил" ба таври ихтиёрӣ бо иштироки то 80 нафар бо додани як таъом гузаронида мешавад.

Шахсони азодор метавонанд маросими солро ба таври ихтиёрӣ бо иштироки то 100 нафар бо додани як таъом дар моҳи шарифи Рамазон ва ё рӯзи иди Қурбон гузаронанд.

Дар маросимҳои дафну азодорӣ ташкили "оши сари тахта", "душанбегӣ", "ҷумъагӣ", "ҳафт", "бист", "шашмоҳагӣ", ҳамчунин додани пули нақд ва дигар ашё, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй, манъ аст.

Моддаи 12. Маросими ҳаҷ

Маъракаҳои гусел ва пешвози ҳоҷиён дар доираи оила гузаронида мешаванд.

Ташкили маъракаҳои ҳоҷиталабон ва ҳоҷиошӣ қатъиян манъ аст.

Моддаи 13. Ҷои баргузории ҷашну маросимҳо

Ҷашну маросимҳо дар майдончаҳои (ҳавлиҳои) назди биноҳои истиқоматӣ, дохили хонаҳои шахсӣ ва ё дар тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо ва ё тӯйхонаҳо бо риояи тартиботи ҷамъиятӣ гузаронида мешавад.

Маросими мавлудхонӣ ба таври ихтиёрӣ танҳо дар масҷидҳо бе ҷамъоварӣ ва додани маблағи пулӣ ва таъом сурат мегирад.

Дар ҷашну маросимҳо пошидан ва часпондани пул манъ аст.

БОБИ 4. ТАНЗИМИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ҶАШНУ МАРОСИМҲО

Моддаи 14. Тартиби хизматрасонии ҷашну маросимҳо аз тарафи муассисаҳои фарҳангӣ, тарабхонаҳо ва ошхонаҳо

Иштироки ҳунармандон дар тӯю маъракаҳо дар асоси шартномаи тарафайн бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Маъмурияти қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тарабхонаҳо ва тӯйхонаҳо ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо муқаррароти Қонуни мазкурро бояд вобаста ба шумораи даъватшудагон риоя намоянд.

Тӯю маросимҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 10 то 23 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то 23 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар мешавад.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсоне, ки талаботи ҳамин Қонунро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 16. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе

 аз 8 июни соли 2007 № 272

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлисӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну ва маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе

 аз 30 майи соли 2007 №

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе

 аз 7 июни ссли 2007 № 331