ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2007, №5, мод.363; с.2008, №3, мод.202; с.2010, №7, мод.554; с.2013, №3, мод.202; с.2015, №7-9, мод.700, №11, мод.963; с.2019, №1, мод.22)
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Қонуни мазкур танзим мекунад
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, таъсис додан, фаъолият намудан, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад.
Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур
Амали Қонуни мазкур тамоми иттиҳодияҳои ҷамъиятиеро фаро мегирад, ки бо тартиби муқарраргардида таъсис дода шудаанд, ба истиснои иттиҳодияҳои ҷамъиятие (ташкилотҳои динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ), ки тартиби таъсис ва фаъолияти онҳоро қонунҳои алоҳида ба танзим медароранд.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат мебошад .
Моддаи 4. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ
1. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ ҳуқуқи дар асоси ихтиёрӣ бо мақсади ҳифзи манфиатҳои умумӣ ва ноил гардидан ба мақсадҳои умумӣ таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шомил шудан ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии мавҷуда ё худдорӣ кардан аз шомилшавӣ ба онҳо, инчунин аз ин иттиҳодияҳо бе мамониат баромаданро дар бар мегирад.
2. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд мустақилона, бе иҷозати пешакии мақомоти давлатӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис диҳанд, инчунин ба ин гуна иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо шарти риоя кардани меъёрҳои оинномавии онҳо дохил шаванд.
Моддаи 5. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ
Иттиҳодияи ҷамъиятӣ - иттиҳоди ихтиёрӣ, худидора ва ғайритиҷоратии шаҳрвандон мебошад, ки дар асоси умумияти манфиатҳо барои амалӣ намудани мақсадҳое муттаҳид гардидаанд, ки дар оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ нишон дода шудаанд.
Моддаи 6. Муассисон, аъзо ва иштирокчиёни иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Муассисони иттиҳодияи ҷамъиятӣ шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ - иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошанд, ки анҷуман, конференсия, маҷлиси умумӣ ё маҷлиси таъсисиро даъват кардаанд ва дар он оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ қабул карда шуда, мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтишии он ташкил карда шудааст. Муассисони иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуқуқ ва вазифаҳои баробар доранд.
2. Аъзои иттиҳодияи ҷамъиятӣ шахсони воқеие мебошанд, ки ҳавасмандии онҳо барои иҷрои якҷояи вазифаҳои ин иттиҳодия мувофиқи меъёрҳои оинномаи он бо аризаи шахсӣ ё ҳуҷҷатҳои дахлдор ба расмият дароварда мешавад. Ин имконият медиҳад, ки шумораи аъзои иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба ҳисоб гирифта шавад. Аъзои иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуқуқ ва вазифаҳои баробар доранд.
Аъзои иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд ба мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтишии ин иттиҳодия интихоб кунанд ва интихоб шаванд, инчунин фаъолияти мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияи ҷамъиятиро мувофиқи оинномаи он назорат намоянд.
Аъзои иттиҳодияи ҷамъиятӣ мувофиқи талаботи меъёрҳои оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуқуқу вазифаҳо доранд ва дар сурати риоя накардани талаботи пешбининамудаи оиннома аз иттиҳодияи ҷамъиятӣ метавонанд хориҷ карда шаванд.
3. Иштирокчиёни иттиҳодияи ҷамъиятӣ шахсони воқеие мебошанд, кк мақсадҳои иттиҳодияи мазкур ва (ё) иқдомоти мушаххаси онро дастгирӣ мекунанд, дар фаъолияти он бе барасмиятдарории ҳатмии шартҳои иштироки худ ширкат меварзанд, агар оиннома тартиби дигари иштироки онҳоро пешбинӣ накарда бошад.
Моддаи 7. Шаклҳои ташкилию ҳуқуқии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар шаклҳои ташкилию ҳуқуқии зерин метавонанд таъсис дода шаванд:
- ташкилоти ҷамъиятӣ;
- ҳаракати ҷамъиятӣ;
- мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ.
Моддаи 8. Ташкилоти ҷамъиятӣ
1. Ташкилоти ҷамъиятӣ иттиҳодияи ҷамъиятие мебошад, ки чун қоида, дар асоси узвият таъсис ёфта, барои фаъолияти якҷояи шаҳрвандони муттаҳидшуда ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои умумӣ ва ба даст овардани мақсадҳои оинномавӣ таъсис дода шудааст.
2. Мақомоти олии роҳбарикунандаи ташкилоти ҷамъиятӣ анҷуман, кокференсия ё маҷлиси умумӣ мебошад. Мақомоти роҳбарикунандаи ташкилоти ҷамъиятӣ мақомоти интихобии дастаҷамъӣ мебошад, ки он ба анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумӣ ҳисоботдиҳанда аст.
Моддаи 9. Ҳаракати ҷамъиятӣ
1. Ҳаракати ҷамъиятӣ иттиҳодияи ҷамъиятии оммавӣ мебошад, ки аз иштирокчиён иборат буда, узвият надорад, амалӣ намудани мақсадҳои иҷтимоӣ ва дигар мақсадҳои ҷамъиятии муфидро дорад, ки онҳоро иштирокчиёни ҳаракати ҷамъиятӣ дастгирӣ менамоянд.
2. Мақомоти олии роҳбарикунандаи ҳаракати ҷамъиятӣ анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумӣ мебошад. Мақомоти роҳбарикунандаи ҳаракати ҷамъиятӣ мақомоти машваратии интихобӣ мебошад, ки на камтар аз даҳ нафар иборат буда, ба анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумӣ ҳисоботдиҳанда аст.
3. Дар сурати ба қайди давлатӣ гирифта шудани ҳаракати ҷамъиятӣ мақомоти роҳбарикунандаи он ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро аз номи ҳаракати ҷамъиятӣ амалӣ менамояд ва вазифаҳои онро мувофиқи оиннома иҷро мекунад.
Моддаи 10. Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ
Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ иттиҳодияи ҷамъиятии беузвият ва ғайрирасмӣ буда, тартиби таъсис ва фаъолияти онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад .
Моддаи 11. Иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои, шӯроҳои) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои, шӯроҳои) иттиҳодияҳои ҷамъиятиро таъсис диҳанд. Ба чунин иттифоқҳо (ассотсиатсияҳо, шӯроҳо) шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ҳуқуқи шомил шуданро доранд.
Моддаи 12. Ҳудуди фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ таъсис ёфта, амал мекунанд.
2. Иттиҳодияи ҷамъиятии байналмилалӣ иттиҳодияи ҷамъиятие мебошад, ки он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳудуди як ё якчанд давлатҳои хориҷӣ фаъолият намуда, намояндагӣ ва филиали худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як ё якчанд давлатҳои хориҷӣ дорад ё мақсад дорад мувофиқи оиннома ин воҳидҳоро дошта бошад (, ).
3. Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ иттиҳодияи ҷамъиятие мебошад, ки фаъолияти худро мувофиқи мақсадҳои оинномавӣ метавонад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд, намояндагиҳо ва филиалҳо дошта бошад (, ).
4. Иттиҳодияи ҷамъиятии маҳаллӣ иттиҳодияи ҷамъиятие мебошад, ки мувофиқи мақсадҳои оинномавиаш дар ҳудуди воҳиди марзию маъмурии вилоят, шаҳр ва ноҳия фаъолият мекунад.
5. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ метавонанд дар номи худ калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Тоҷикистон"-ро бе иҷозати махсуси мақоми давлатии салоҳиятнок ва бе супоридани ҳама гуна пардохтҳо истифода намоянд.
Моддаи 13. Принсипҳои таъсис ва фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба принсипҳои ихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ, худидоракунӣ ва қонуният асос меёбад. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар муайян кардани сохтори дохилӣ, мақсад, шакл ва тарзу усулҳои фаъолияти худ озод мебошад.
2. Фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ ошкоро буда, маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва барномавии он бояд дастраси омма бошад.
3. Сохтор ва фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд ба меъёрҳои демократӣ мувофиқ бошанд. Фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ набояд ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст, вайрон ва ё маҳдуд намояд
Моддаи 14. Маҳдудият барои таъсис ва фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунад ва ё барои зӯран сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамояд, манъ аст.
2. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятие, ки ба ҳукуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ба саломатии одамон ва ба ахлоқи ҷамъиятӣ суиқасд мекунад, манъ аст.
Моддаи 15. Давлат ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
1. Дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин дахолати иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо манъ аст.
2. Давлат риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро таъмин мекунад, ба онҳо додани имтиёзҳо ва афзалиятҳои андозсупорӣ ва дигар имтиёзҳоро ба тариқи қонунгузорӣ танзим менамояд.
Дастгирии давлатӣ дар шакли маблағҷудокунии мақсаднок (грантҳои давлатӣ) ба барномаҳои ҷудогонаи барои ҷомеа муфиди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мувофиқи дархости онҳо, бастани шартномаҳои гуногун, аз он ҷумла барои иҷро кардани кор ва хизматрасонӣ, супориши иҷтимоӣ барои иҷрои барномаҳои гуногуни давлатӣ ба доираи номаҳдуди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар асосҳои озмун ифода ёфта метавонад.
3. Масъалаҳое, ки ба манфиатҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дахл доранд, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун аз тарафи мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ бо иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятии дахлдор ё бо мувофиқаи онҳо ҳал карда мешаванд.
4. Ба кормандони кирояи дастгоҳи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат ва суғуртаи иҷтимоӣ паҳн мегардад.
Боби 2. Таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
Моддаи 16. Таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо ташаббуси муассисони он - на камтар аз се нафар шахси воқеӣ таъсис дода мешавад.
Муассисони иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар қатори шахсони воқеӣ шахсони ҳуқуқӣ - иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ шуда метавонанд.
2. Қарорҳо дар бораи таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятӣ, дар бораи тасдиқ кардани оинномаи он ва дар бораи ташкили мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтиш дар анҷуман, конференсия, маҷлиси умумӣ ё маҷлиси таъсисӣ кабул карда мешаванд. Аз вақти қабули қарорҳои мазкур иттиҳодияи ҷамъиятӣ таъсисёфта ҳисобида мешавад. Муассисоне, ки иттиҳодияи ҷамъиятиро ба сифати шахси ҳуқуқӣ таъсис медиҳанд, ӯҳдадоранд дар мӯҳлати як моҳи баъди таъсисдиҳӣ ҳуҷҷатҳои таъсисиро барои бақайдгирии давлатӣ ба мақомоти бақайдгиранда пешниҳод намоянд.
3. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ аз вақти бақайдгирии давлатӣ ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро пайдо мекунад.
4. Хориҷ карда шуд .
Моддаи 17. Талаботе, ки ба муассисон, аъзо ва иштирокчиёни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ пешниҳод карда мешавад
1. Шаҳрвандоне, ки ба синни 18-солагӣ расидаанд, муассис, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шуда метавонанд, агар Қонуни мазкур дигар тартибро муқаррар накарда бошад.
2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муассис, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шуда метавонанд, ба шарте ки ҷои доимии зисти онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ё гувоҳномаи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошанд. Ҳолатҳои маҳдуд кардани ин ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии зътирофкардаи Тоҷикистон муқаррар менамоянд.
3. Шаҳрвандоне, ки ба синни 14-солагӣ расидаанд, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон шуда метавонанд.
4. Шаҳрвандоне, ки ба синни 8-солагӣ расидаанд, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҷамъиятии кӯдакон шуда метавонанд.
5. Танҳо шаҳрвандони ба балоғатрасида, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунанд, роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин аъзои мақомоти назорату тафтишии онҳо шуда метавонанд.
6. Шарт ва тартиби пайдо кардани узвият, гум кардани узвият, инчунин шартҳои баромадан аз сафи аъзои иттиҳодияҳои ҷамъиятиро аз рӯи синнусол оинномаҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии дахлдор муайян мекунанд.
7. Дар ҳуҷҷатҳои расмӣ талаби нишон додани узвият ё иштирок дар ин ё он иттиҳодияи ҷамъиятӣ манъ аст. Мансубияти шаҳрвандон ба иттиҳодияи ҷамъиятӣ асоси маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои онҳо ва шарти аз тарафи давлат ба онҳо додани ягон имтиёз ё бартарият шуда наметавонад.
8. Муассис, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ инҳо буда наметавонанд:
- мақомоти ҳокимияти давлатӣ (ба истиснои ҳолате, ки дар моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст);
- шахсони ҳуқуқӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки дар моддаҳои 6, 11 ва 16 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд);
- шахсоне, ки алоқамандии онҳо бо ташкилотҳои террористӣ, Экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сепаратистӣ аз тарафи суд муайян шудааст.
9. Ҳангоми таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар шакли ташкилоти ҷамъиятӣ муассисони ин ташкилот бевосита аъзои он гардида, ҳуқуқ ва вазифаҳои дахлдор пайдо менамоянд.
10. Дар вақти таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар дигар шаклҳо ҳуқуқ ва вазифаҳои муассисони онҳо дар оинномаашон нишон дода мешаванд.
Моддаи 18. Оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд инҳоро пешбинӣ намояд:
- ном, мақсади иттиҳодияи ҷамъиятӣ, шакли ташкилию ҳуқуқии он;
- сохтори иттиҳодияи ҷамъиятӣ, мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтиши иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳудуди фаъолияти ҳамин иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
- шартҳо ва тартиби пайдо ва гум кардани узвият дар иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои аъзои ин иттиҳодия (танҳо барои иттиҳодияҳое, ки узвиятро пешбинӣ менамоянд);
- салоҳият ва тартиби ташкили мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ, мӯҳлат ва ваколати онҳо, маҳалли ҷойгиршавии мақомоти доимии роҳбарикунанда;
- тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
- сарчашмаҳои ташаккули маблағҳо ва дигар молу мулки иттиҳодияи ҷамьиятӣ, ҳуқуқи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва намояндагиву филиалҳои он оид ба идоракунии амвол ();
- тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ.
2. Оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ тасвири рамзи ин иттиҳодияро дошта метавонад.
3. Дар оиннома метавонанд дигар муқаррароти марбут ба фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки ба қонунҳо мухолифат намекунанд, пешбинӣ карда шаванд.
Моддаи 19. Ном ва рамзи иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Номи иттиҳодияи ҷамъиятӣ, парчам, нишон, вимпелҳо ва дигар рамзҳо, агар онҳо бошанд, аз ном ва рамзҳои дигар шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла онҳое, ки бо қарори суд барҳам дода шудаанд ва ё фаъолияти худро қатъ кардаанд, бояд фарқ кунанд.
2. Рамзи иттиҳодияи ҷамъиятӣ набояд ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба рамзҳои давлатҳои хориҷӣ монанд бошад ва ҳуқуқи моликияти зеҳниро вайрон намояд. Истифодаи тасвири нишони давлатӣ дар мӯҳр ва бланкаҳои фирмавии иттиҳодияи ҷамъиятӣ манъ аст.
3. Ном ва рамзи иттиҳодияи ҷамъиятӣ барои тарғибу ташвиқи мақсад ва тарзу усулҳои амалиёте, ки дар моддаи 14 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, набояд истифода шаванд.
4. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуқуқ дорад дар номи худ номи шаҳрвандро танҳо бо ризоияти ӯ, дар сурати фавтидани ин шаҳрванд, дар асоси васиятномаи ба таври нотариалӣ тасдиқшудаи вай ва дар сурати набудани васиятнома бо розигии ҳамсар, волидайн ва ё фарзандони болиғи шахси фавтида истифода намояд. Агар шахсони номбурда мавҷуд набошанд, масъалаи истифодаи номи шаҳрвандро дар номи иттиҳодияи ҷамъиятӣ худи ҷамъият ҳал мекунад.
Моддаи 20. Тартиби истифодаи номи иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Номи расмии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд ба шакли он ва ҳудуди фаъолияти он ишора дошта бошад.
2. Дар номи иттиҳодияи ҷамъиятӣ истифода кардани номи мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, ҳизбҳои сиёсии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, инчунин ҳизбҳои сиёсие, ки фаъолияти онҳо бо тартиби судӣ барҳам дода шудаанд ё бо тартиби худбарҳамдиҳӣ фаъолияташонро қатъ кардаанд, мумкин нест.
Моддаи 21. Бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Барои ба даст овардани ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад.
2. Бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо (минъбад - мақомоти бақайдгиранда) анҷом медиҳанд.
3. Бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллиро, ки фаъолияти онҳо мувофиқи оинномаҳояшон дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ амалӣ мегарданд, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад .
4. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад :
- санҷиши ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои таъсисии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллии дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойгирбуда, иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда;
- санҷиши ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои таъсисии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявии дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойгирбуда, иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда, инчунин қайди баҳисобгирии онҳо;
- додани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллии дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойгирбуда, иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда;
- додани нусха аз Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда;
- пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
- пешбурди қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
- муайян намудани тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва тартиби қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
- иҷрои дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон .
5. Бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллии дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо ҷойгирбударо раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо анҷом медиҳанд .
6. Раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо бинобар бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд :
- санҷиши ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои таъсисии иттиҳодияҳои ҷамъиятии дар ҳудуди вилоят воқеъбуда;
- санҷиши ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ;
- додани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
- додани нусха аз Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (вобаста ба ҳудуди дахлдор);
- пешбурди Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҳудудҳои дахлдор;
- ҳар моҳ пешниҳод намудани маълумот ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳо;
- иҷрои ваколатҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкур .
7. Барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба мақомоти бақайдгиранда ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза, ки онро аъзои мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ имзо кардаанд ва дар он насаб, ном, номи падар, ҷойи истиқомат ва телефонҳои робита нишон дода шудаанд;
- оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар ду нусха бо забони давлатӣ ва бо хоҳиши ташкилоти ҷамъиятӣ ду нусха бо забони муоширати байни миллатҳо;
- иқтибос аз протоколи анҷуман, конференсия, маҷлиси умумӣ ё маҷлиси таъсисӣ, ки дар бораи таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятӣ, тасдиқи оиннома, ташкил кардани мақомоти роҳбарикунанда ва мақоми назорату тафтишии он маълумот дорад;
- маълумот дар бораи муассисони иттиҳодияи ҷамъиятӣ: барои шахсони воқеӣ - насаб, ном, номи падар, соли таваллуд, ҷои сукунат, шаҳрвандӣ (бо имзоҳояшон тасдиқ мегардад) ва нусхаи шиноснома ё дигар ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад; барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳангоми таъсиси иттифоқи (ассотсиатсия, шӯрои) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣнусхаи шаҳодатномаҳо дар бораи бақайдгирии давлатии оинномаи ин иттиҳодияҳо, иқтибос аз протоколи маҷлиси мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бо қарор дар бораи таъсиси иттифоқи (ассотсиатсия, шӯрои) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин нусхаи шартномаи таъсисӣ;
- аризаи шахсоне, ки дар моддаи 19 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, дар бораи розигӣ ба истифодаи номи шаҳрванд дар номи иттиҳодияи ҷамъкятӣ;
- ҳангоми аз тарафи иттиҳодияи ҷамъиятӣ истифода бурдани рамзи таҳти ҳимояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи моликияти зеҳнӣ ё ҳуқуқи муаллифӣ қарордошта - ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодаи онро тасдиқ мекунанд;
- ҳуҷҷати пардохти боҷи давлатӣ;
- ҳуҷҷат дар бораи нишонии (маҳалли ҷойгиршавии) мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
- барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣпротоколҳои анҷуманҳо, конференсияҳо, маҷлисҳои умумӣ ё маҷлисҳои таъсисии воҳидҳои сохторӣ.
8. Тағйироте, ки ба оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ворид карда мешаванд, бо ҳамон тартиб ва дар ҳамон мӯҳлате, ки барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ муқаррар карда шудааст, ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд ва онҳо аз вақти чунин бақайдгирӣ эътибори ҳуқуқи пайдо мекунанд.
9. Барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ, тағйироте, ки ба оинномаи он дохил карда мешаванд, бо тартиб ва ба андозаи муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" боҷи давлатӣ ситонида мешавад.
10. Бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар давоми як моҳ аз рӯзи пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои дар ҳамин модда номбаршуда анҷом ёфта, ба иттиҳодияи ҷамъиятӣ шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ дода мешавад .
Моддаи 21(1). Додани нусхаи (дубликати) Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ
Дар сурати гум кардан ва дигар ҳолатҳои зарурӣ дар асоси аризаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ, мақоми бақайдгиранда дар давоми 10 рӯз нусхаи (дубликати) Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятиро медиҳад .
Моддаи 22. Қайди баҳисобгирии намояндагиҳо ва филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё рад кардани қайди баҳисобгирии онҳо
1. Намояндагиҳо ва филиалҳои "иттиҳодияи ҷамъиятӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда бояд аз қайди баҳисобгирӣ гузаранд
2. Қайди баҳисобгирии намояндагиҳо ва филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятиро мақомоти бақайдгиранда анҷом медиҳад ().
3. Барои қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд :
1) аризаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар бораи қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали он;
2) нусхаи аз тарафи нотариуси давлатӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои таъсисии иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки намояндагӣ ё филиал таъсис медиҳад;
3) қарори иттиҳодияи ҷамъиятӣ:
а) дар бораи таъсиси намояндагӣ ё филиал ();
б) дар бораи тасдиқи Низомнома;
в) дар бораи таъин намудани роҳбари намояндагӣ ё филиал;
4) Низомномаи намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
5) ваколатнома, ки ба роҳбари намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ дода шудааст;
6) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳалли ҷойгиршавии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
7) квитансия ё нусхаи супориши пардохтӣ дар бораи пардохти боҷи давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон .
4. Маълумот дар бораи намояндагӣ ё филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ворид карда мешавад .
5. Қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар давоми 10 рӯз аз рӯзи пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои дар ҳамин модда номбаршуда анҷом ёфта, ба намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ иқтибос аз қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дода мешавад .
6. Тағйирот ба ҳуҷҷатҳои намояндагӣ ё филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо ҳамон тартиб ва дар ҳамон мӯҳлате, ки моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, ворид карда мешавад .
7.Қайди баҳисобгирии намояндагиҳо ё филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ, аз ҷумла намояндагиҳо ва филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятии байналмилалии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳо ва филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда бо асосҳои зерин рад карда мешавад:
- агар низомномаи намояндагиҳо ё филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти моддаи 14 Қонуни мазкур ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат кунад
- агар ҳуҷҷатҳои барои қайди баҳисобгирӣ зарур, ки номгӯи онҳоро Қонуни мазкур муайян кардааст, пурра пешниҳод нашуда бошанд ё маълумот дар ҳуҷҷатҳо бо тартиби муқаррарӣ расмӣ кунонида нашуда бошад ё ба мақоми номувофиқ пешниҳод гардида бошад;
- агар муқаррар гардад, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисии пешниҳодшуда маълумоти носаҳеҳ мавҷуд бошад ().
8. Дар сурати гум шудани Шаҳодатнома дар бораи қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва дигар ҳолатҳои зарурӣ мақоми бақайдгиранда бояд дар асоси ариза дар давоми 10 рӯз нусхаи (дубликати) онро диҳад.
9. Дар сурати рад кардани қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба аризадиҳанда дар ин бора дар шакли хаттӣ бо нишон додани муқаррароти мушаххаси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки риоя накардани он боиси рад кардани қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ шудааст, хабар дода мешавад.
10. Дар бораи рад кардани қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ, инчунин дар бораи саркашӣ аз ин гуна баҳисобгирӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст .
11. Рад кардани қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ барои такроран пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати қайди баҳисобгирӣ монеъ намешавад, ба шарте, агар асосҳое, ки боиси раддия шудаанд, бартараф карда шуда бошанд.
12. Баррасии аризаи такрорӣ дар бораи қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур сурат мегирад ().
Моддаи 23. Рад кардани бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва тартиби шикоят аз болои он
1. Бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар асосҳои зерин рад карда мешавад:
- агар оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти моддаҳои 14, 17 ва 18 Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат кунад;
- агар номгӯи пурраи ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирии давлатӣ зарур, ки Қонуни мазкур муайян кардааст, пешниҳод карда нашуда бошад ё маълумот дар ҳуҷҷатҳо ба тартиби зарурӣ расмӣ кунонида нашуда бошанд ё ба мақомоти номувофиқ пешниҳод гардида бошанд;
- агар бо ҳамон ном иттиҳодияи ҷамъиятии қаблан ба қайд гирифташуда фаъолият намояд ;
- агар муқаррар гардад, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисии пешниҳодшуда маълумоти носаҳеҳ мавҷуд бошад;
- агар номи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ахлоқ, ҳисси миллӣ ва динии шаҳрвандонро таҳқир намояд.
2. Бо сабабҳои мувофиқи мақсад набудани таъсис ба рад кардани бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ роҳ дода намешавад.
3. Дар сурати рад кардани бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба аризадиҳандагон дар ин бора дар шакли хаттӣ бо нишон додани муқаррароти мушаххаси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вайрон кардани онҳо боиси рад кардани бақайдгирии давлатии ин иттиҳодия гардидааст, хабар дода мешавад.
4. Дар бораи рад кардани бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамьиятӣ, инчунин дар бораи саркашӣ аз ин гуна бақайдгирӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.
5. Рад кардани бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ барои такроран пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ монеъ намешавад, ба шарте, ки асосҳои боиси раддия бартараф карда шуда бошанд.
Баррасии аризаи такрорӣ дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо тартиби пешбиникардаи Қонуни мазкур сурат мегирад.
Боби 3. Ҳукуқ ва вазифаҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ
Моддаи 24. Ҳуқуқҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Барои амалӣ намудани мақсадҳои оинномавӣ иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуқуқ дорад:
- дар бораи фаъолияти худ озодона ахбор паҳн намояд;
- дар таҳияи қарорҳои мақомоти давлатӣ бо тартиб ва дар доираи пешбиникардаи Қонуни мазкур ва дигар қонунҳо иштирок намояд;
- маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, роҳпаймоиҳо ва дигар чорабиниҳои оммавиро бо тартиби пешбиникардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои ахбори оммаро таъсис ва фаъолияти нашриро анҷом диҳад;
- дар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, суд ҳуқуқҳои худ, манфиатҳои қонунии аъзо ва иштирокчиёни худ, инчунин дигар шаҳрвандонро намояндагӣ ва ҳифз намояд;
- аз рӯи масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ бо ташаббусҳо баромад намояд, ба мақомоти давлатӣ пешниҳодҳо кунад;
- аз мақомоти давлатӣ маълумоте гирад, ки барои иҷрои вазифаҳои онномавӣ зарур аст, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти истеҳсолӣ ва хоҷагиро, ки он ба иҷрои мақсаду вазифаҳои оинномавӣ мусоидат менамояд, анҷом диҳад, аз он ҷумла бо ёрии ташкилотҳои тиҷоратие, ки барои ин мақсадҳо таъсис дода мешаванд;
- барои татбиқи фаъолияти оинномавӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо мақсади гирифтани фармоишҳои иҷтимоӣ, грантҳо, стипендияҳо ва дигар афзалиятҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънагардида иштирок намояд;
- бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бораи ҳамкории илмию техникӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва истеҳсолӣ дар бораи расонидани хизмат ва иҷрои корҳое, ки ба татбиқи мақсад ва иҷрои вазифаҳои оинномавӣ нигаронида шудаанд, созишномаҳо бандад;
- аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар шакли молу мулк ва маблағ кӯмаки моддӣ қабул намояд аз ;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои илмию тадқиқотӣ ва лоиҳавию конструкториро амалӣ гардонад, лоиҳаю барномаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамиятнокро аз санҷиши ҷамъиятӣ гузаронад, дар кори комиссияҳои муштарак оид ба баррасии онҳо иштирок намояд, ба шарте ки ин намудҳои фаъолият дар оиннома пешбинӣ шуда бошанд;
- ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузориро амалӣ намояд.
2. Амалӣ кардани ҳуқуқҳои номбаршудаи иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ё бо иштироки онҳо таъсис гардидаанд, бо қонунҳо ё санадҳои ҳукуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон метавонанд маҳдуд карда шавад.
Моддаи 25. Вазифаҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ
Иттиҳодияи ҷамъиятӣ вазифадор аст:
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва меъёрҳои пешбиникардаи оинномаро риоя намояд;
- ҳар сол то 1-уми апрел ба мақомоти бақайдгиранда дар бораи идомаи фаъолияти худ маълумот, ки шакли он аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, пешниҳод намояд ();
- бо дархости мақомоти бақайдгиранда қарорҳои мақомоти роҳбарикунанда ва шахсони мансабдори иттиҳодияи ҷамъиятӣ, инчунин дар бораи фаъолияти худ гузориш пешниҳод намояд;
- намояндагони мақомоти бақайдгирандаро ба чорабиниҳои оммавие, ки иттиҳодияи ҷамъиятӣ мегузаронад, роҳ диҳад;
- ба намояндагони мақомоти бақайдгиранда дар кори шиносшавӣ бо фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ вобаста ба амалӣ намудани мақсадҳои оинномавӣ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат кунад;
- ҳар сол дар сомонаи худ ё сомонаи мақоми бақайдгиранда ҳисоботи молиявиро, ки дар он маълумоти муфассал оид ба даромад ва хароҷот дарҷ шудааст, ҷой диҳад ;
- дар давоми на кам аз панҷ сол пас аз анҷоми муносибатҳои корӣ маълумот дар бораи амалиёти анҷомдодашудаи дохилӣ ва байналмилалиро нигоҳ дорад ;
- маълумот дар бораи мушаххаскунии шахсоне, ки фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятиро назорат ё идора мекунанд, аз ҷумла муассисон, аъзои мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтишро нигоҳ дорад ва ба мақоми бақайдгиранда пешниҳод намояд .
Боби 4. Моликияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ
Моддаи 26. Моликияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Иттиҳодияи ҷамъиятие, ки шахси ҳуқуқӣ мебошад, дар моликияташ биноҳо, иморатҳо, иншоот, фонди манзил, нақлиёт, таҷҳизот, асбобу анҷом, амволи таъиноти маданию маърифатӣ ва солимгардонӣ, маблағҳо, саҳмияҳо, коғазҳои қиматнок ва дигар молу мулк дошта метавонад, ки барои таъминоти моддии фаъолияти оинномавии ин иттиҳодияи ҷамъиятӣ заруранд.
Дар моликияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ инчунин муассисаҳо, нашриёт, воситаҳои ахбори омма, ки аз ҳисоби маблағҳои ҳамин иттиҳодияи ҷамъиятӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи он таъсис мегарданд ва ба даст оварда шудаанд, буда метавонанд.
2. Моликияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад.
3. Қонун метавонад намудҳои амволеро муқаррар намояд, ки аз нигоҳи амнияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ё мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон дар моликияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ буда наметавонанд.
Моддаи 27. Сарчашмаҳои ташаккули моликияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Моликкяти иттиҳодияи ҷамъиятӣ аз ҳисоби ҳаққи дохилшавӣ ва аъзоҳаққӣ, агар пардохти онҳоро оиннома пешбинӣ карда бошад, пардохтҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳо, грантҳо, воридот аз лексияҳо, намоишгоҳҳо, лотереяҳо, музоядаҳо, чорабиниҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳое, ки бо тартиби муқаррарнамуда ва мувофиқи оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ гузаронида мешаванд, даромадҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ ва намудҳои дигари фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки қонун мань накардааст, ташаккул меёбад.
2. Пардохтҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳо, грантҳо, молу мулке, ки аз тарафи давлатҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони ҳуқуқие, ки бо иштироки субъектҳои хориҷӣ таъсис ёфтаанд, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, инчунин ба воситаи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ворид шудаанд, аз тарафи мақомоти бақайдгиранда дар Феҳристи кӯмаки башардӯстона ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пешбурди онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, сабт карда мешаванд. Лоиҳаҳои аз тарафи субъектҳои мазкур маблағгузоришаванда аз ҷониби иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ баъд аз огоҳонидани мақомоти бақайдгиранда амалӣ карда мешаванд. Шакли огоҳиномаро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд
Моддаи 28. Субъекти ҳуқуқи моликият дар ташкилоти ҷамъиятӣ
1. Ташкилоти ҷамъиятӣ субъекти ҳуқуқи моликият ба тамоми молу мулки ташкилоти ҷамъиятӣ мебошад. Ҳар як узви алоҳидаи ташкилоти ҷамъиятӣ ба ҳиссаи молу мулки ба ташкилоти ҷамъиятӣ тааллуқдошта ҳуқуқи моликият надорад.
2. Дар ташкилотҳои ҷамъиятие, ки намояндагиҳо ва филиалҳо фаъолияти худро дар асоси низомномаҳои худ ва оинномаи ягонаи ин ташкилот амалӣ менамоянд, соҳиби моликият дар маҷмӯъ ташкилоти ҷамъиятӣ мебошад ().
Моддаи 29. Субъекти ҳуқуқи моликият дар ҳаракати ҷамъиятӣ
Аз номи ҳаракати ҷамъиятӣ ҳуқуқи моликиятро ба молу мулке, ки ба ҳаракати ҷамъиятӣ тааллуқ дорад, инчунин молу мулке, ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ барпо карда ва (ё) ба даст оварда шудаанд, мақомоти роҳбарикунандаи он амалӣ менамояд.
Моддаи 30. Хориҷ карда шуд
Моддаи 31. Фаъолияти соҳибкории иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолияти соҳибкориро тибқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад.
2. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкатҳои хоҷагидорӣ, ҷамъиятҳо ва ташкилотҳои дигари хоҷагидориро таъсис намояд, инчунин молу мулкеро, ки барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ таъин гардидааст, ба даст орад.
3. Даромадҳо аз фаъолияти соҳибкории иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар байни аъзо ё иштирокчиёни ин итшҳодия тақсим шуда наметавонанд ва бояд танҳо барои ба даст овардани мақсадҳои оинномавӣ истифода шаванд. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ маблағҳои худро метавонад барои мақсадҳои хайриявӣ истифода намояд, ҳатто агар ин дар оинномаи он нишон дода нашуда бошад.
Боби 5. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ
Моддаи 32. Азнавташкилдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Азнавташкилдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо қарори анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумӣ амалӣ карда мешавад. Тартиби қабули қарорро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ муайян мекунад.
2. Бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятие, ки бо роҳи азнавташкилдиҳӣ таъсис дода мешавад, бо тартиби пешбиникардаи Қонуни мазкур амалӣ мегардад.
3. Молу мулки иттиҳодияи ҷамъиятие, ки шахси ҳуқуқӣ мебошад, баъди азнавташкилдиҳии он ба шахсони ҳукуқии навтаъсис бо тартиби пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад.
Моддаи 33. Барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо қарори анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумӣ мувофиқи оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё бо қарори суд тибқи тартиби пешбиникардаи Қонуни мазкур анҷом дода мешавад.
2. Молу мулке, ки дар натиҷаи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ боқӣ мемонад, баьди қонеъ гардонидани талаботи кредиторон барои мақсадҳои пешбиникардаи оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ равона карда мешавад. Агар дар оиннома масъалаи тартиби ихтиёрдории молу мулки иттиҳодияи ҷамъиятии барҳамдодашуда ҳал нашуда бошад, ин гуна қарор дар анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумӣ дар баробари қарор дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ қабул карда шуда, дар мавридҳои баҳснок бошад, ин масъала бо қарори суд ҳал карда мешавад. Қарор дар бораи истифодаи молу мулки боқимонда ба мақомоти бақайдгиранда равона карда мешавад.
3. Хориҷ карда шуд .
Моддаи 33(1). Бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумии иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ қарор қабул намудааст, вазифадор аст дар бораи қабули чунин қарор бетаъхир ба мақоми бақайдгиранда хабар диҳад ().
2. Мақоми бақайдгиранда қарорро дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ гирифта, риоя гардидани қоидаҳои барҳамдиҳиро месанҷад ва вобаста ба натиҷаи санҷиш ба Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар хусуси дар ҷараёни барҳамдиҳӣ қарор доштани иттиҳодияи ҷамъиятӣ маълумот ворид менамояд.
3. Барои бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд ():
- ариза;
- нусхаи қарор дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
- нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
- ҳуҷҷат аз мақомоти андоз оид ба қарздор набудани иттиҳодияи ҷамъиятӣ аз буҷет.
4. Мақоми бақайдгиранда дар муддати даҳ рӯз аз лаҳзаи ба охир расидани ҷараёни барҳамдиҳӣ вазифадор аст:
- риоя шудани тартиби барҳамдиҳиро санҷад;
- ба Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ маълумот ворид намояд;
- аз Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ нусха диҳад.
5. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ, намояндагӣ ё филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз рӯзи ба Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ворид намудани маълумоти дахлдор барҳамхӯрда ба ҳисоб мераванд .
Боби 6. Назорат ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
Моддаи 34. Назорат ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
1. Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои ба он тобеъ амалӣ менамоянд.
2. Мақомоти бақайдгиранда мувофиқати фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба мақсадҳои оинномавии онҳо назорат мекунад. Тартиби санҷиши фаъолияти оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Мақомоти бақайдгиранда ҳуқуқ дорад :
- аз мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуҷҷатҳои амрдиҳанда, қарорҳо ва гузоришҳоро мувофиқи моддаи 15 Қонуни мазкур талаб намояд;
- намояндагони худро барои иштирок кардан дар чорабиниҳои оммавие, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мегузаронанд, фиристад;
- дар сурати ошкор намудани ҳодисаҳои аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз тарафи онҳо содир кардани амалиёте, ки ба мақсадҳои оинномавиашон мухолифат мекунад, мақомоти роҳбарикунандаи ин иттиҳодияҳо хаттӣ огоҳонида, дар он асосҳои мушаххаси огоҳонида шудани онҳоро нишон диҳад.
Огоҳиномаи хаттиеро, ки мақомоти бақайдгиранда раво донистааст, иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд дар давоми як моҳ баррасӣ намояд.
3. Мақомоти андоз ба сарчашмаҳои даромади иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, андозаи маблағҳои бадастдаровардаи онҳо ва пардохти андозҳоро мувофиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад.
4. Назорат ва тафтиши аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иҷро карда шудани меъёрҳо ва стандартҳои мавҷудаи экологӣ, сӯхторнишонӣ, зиддиэпидемиологӣ ва ғайраро тибқи қонун мақомоти давлатии ваколатдор амалӣ менамоянд.
5. Мақоми бақайдгиранда уҳдадор аст, мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом" ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом маълумот пешниҳод намояд, агар шубҳа ё асоси кофӣ барои гумонбар шудан мавҷуд бошад, ки иттиҳодияи ҷамъиятӣ василаи рӯпӯшкунанда барои ҷамъоварии маблағ аз тарафи ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ мебошад ё ҳамчун канал барои маблағгузории терроризм, экстремизм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо мақсади канорагирӣ аз чораҳои ғайрифаъолгардонии дороиҳо, пинҳон ё рӯпӯш кардани барориши пинҳонии маблағҳои бо мақсадҳои қонунӣ таъиншуда ба манфиати террористон ва экстремистон ё ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ равонашуда истифода мешавад .
Моддаи 35. Боздоштани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Дар сурати аз тарафи иттиҳодияи ҷамъиятӣ риоя накардани муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содир намудани амалҳои мухолифи мақсадҳои оинномавӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи он ба мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияи мазкур дар бораи бетаъхир бартараф намудани қонуншиканӣ амри хаттӣ ва ба мақомоти бақайдгиранда огоҳиномаи хаттӣ фиристода, мӯҳлати бартараф намудани онҳоро муқаррар менамояд
2. Агар дар мӯҳлати муайяншуда қонуншиканиҳое, ки асоси баровардани амри хаттӣ ё огоҳиномаи хаттӣ гаштаанд, бартараф карда нашаванд, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи он ё мақомоти бақайдгиранда ҳуқуқ доранд ба суд бо аризаи даъвогӣ дар хусуси боздоштани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ муроҷиат намояд.
Дар ин маврид суд метавонад фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятиро ба мӯҳлати то се моҳ боздорад.
3. Фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ, инчунин бо тартиб ва асосҳои пешбиникардаи дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад боздошта шавад.
4. Тартиби боздоштани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятиро дар сурати ҷорӣ кардани вазъияти фавқулодда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун муайян менамояд
Моддаи 36. Оқибатҳои боздоштани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Дар сурати боздоштани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуқуқи он чун муассиси воситаҳои ахбори омма, фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи таъсисдодаи он боздошта мешавад, ба вай ташкил кардан ва гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, роҳпаймоиҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ, истифодабарии амонатҳои бонкӣ, ба истиснои ҳисобу китобҳо оид ба фаъолияти хоҷагӣ ва шартномаҳои меҳнатӣ, ҷуброни зараре, ки бо амали ӯ расонида шудааст, пардохти андозҳо, боҷҳо ва ҷаримаҳо манъ аст ().
2. Агар дар давоми мӯҳлати муқарраршудаи боздоштани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ қонуншиканиҳо, ки асоси боздоштани фаъолияти он гардидаанд, бартараф карда шаванд, иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолияти худро бо қарори суде, ки фаъолияташро боздоштааст, давом медиҳад.
Моддаи 37. Асосҳои барҳам додан ва манъ кардани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Асосҳои барҳам додани иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё манъ кардани фаъолияти он инҳо мебошанд:
- ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро риоя накардани иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накардани иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё аз тарафи иттиҳодияи ҷамъиятӣ мунтазам анҷом додани фаъолияте, ки ба мақсадҳои оинномавии он мухолифат менамояд
- аз тарафи иттиҳодияи ҷамъиятӣ бартараф накардани кирдорҳое, ки барои баровардани амри хаттӣ ё огоҳиномаи хаттӣ тибқи талаботи моддаи 35 Қонуни мазкур асос гардидаанд.
2. Ариза дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо асосҳои дар моддаи мазкур нишондодашуда аз тарафи мақомоти бақайдгиранда ё Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи он, новобаста ба татбиқи чораҳои пешбиникардаи моддаи 35 Қонуни мазкур, ба суд пешниҳод карда мешавад.
3. Барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо ҳалномаи суд маънои онро дорад, ки фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ, сарфи назар аз мавҷудияти бақайдгирии давлатии он, манъ карда мешавад, инчунин асос барои барҳамдиҳии ҳамаи шахсони ҳуқуқии таъсисдодаи он, баромадан аз ҷамъияту ширкатҳои хоҷагидор ё қатъ гардидани иштироки он дар фаъолияти дигар шахсони ҳуқуқӣ мегардад. Иттиҳодияи ҷамъиятии барҳамдодашуда бо номи дигар сабт шуда наметавонад ().
4. Агар суд аризаро дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё манъ кардани фаъолияти он қонеъ нагардонад, иттиҳодияи ҷамъиятӣ баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд фаъолияташро давом медиҳад.
5. Фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятие, ки шахси ҳуқуқӣ намебошад, мувофиқи ҳалномаи суд бо тартиб ва асосҳои барои барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ - шахси ҳуқуқии пешбиникардаи Қонуни мазкур метавонад манъ карда шавад.
Боби 7. Робитаҳои байналмилалии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ
Моддаи 38. Робитаҳои байналмилалии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
1. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд тибқи оинномаҳои худ ба ташкилотҳои ҷамъиятии байналмилалӣ шомил гардида, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ба мақомоти ин ташкилотҳои ҷамъиятии байналмилалӣ мувофиқро ба даст оранд, алоқаю робитаҳои мустақими байналмилалиро ба роҳ монда, бо ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) хориҷӣ созишномаҳо банданд.
2. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар давлатҳои хориҷӣ дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва қонунгузории ин давлатҳо ташкилот, намояндагиҳо ва филиалҳои худро таъсис намоянд. Он иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки дар давлатҳои хориҷӣ ташкилот, намояндагиҳо ва филиалҳои худро таъсис додаанд, мувофиқи моддаи 12 Қокуни мазкур иттиҳодияи ҷамъиятии байналмилалӣ эътироф карда мешаванд ва бояд бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур аз нав ба қайд гирифта шаванд ().
Моддаи 39. Фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ ё қайди баҳисобгирии намояндагиву филиалҳои онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (, ).
2. Барои бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ ё қайди баҳисобгирии намояндагиву филиалҳои онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар моддаҳои 21 ва 22 Қонуни мазкур муайянгардида ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи вазъи ҳуқуқии ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ талаб карда мешаванд, ки аз ҷониби мақомоти мутасаддии давлати хориҷӣ омода, тасдиқ ва ё пешниҳод шудаанд (, аз 25.06.2021 № 1801).
3. Ҳуҷҷатҳои дар қисми 2 моддаи мазкур зикргардида бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тасдиқ (легализатсия) карда шаванд ё ба онҳо апостил гузошта шавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад .
4. Ҳуҷҷатҳои ба забони хориҷӣ омодагашта, ки ба мақомоти адлия пешниҳод мегарданд, бояд ба забони давлатӣ ва забони муоширати байни миллатҳо тарҷума карда шуда, тариқи нотариалӣ тасдиқ гарданд.
5. Баъди бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ ё қайди баҳисобгирии намояндагиву филиалҳои онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати коркунони он бояд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шаванд ().
6. Ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ ё намояндагиву филиалҳои онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд (, ).
7. Фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ ё намояндагиву филиалҳои онҳо, ки ба қайди давлатӣ ё қайди баҳисобгирӣ гирифта нашудаанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, манъ аст ().
8. Тартиб ва мӯҳлатҳои анҷом додани қайди баҳисобгирии намояндагиву филиалҳои ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ мутобиқи моддаи 22 Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад
Боби 8. Муқаррароти хотимавӣ
Моддаи 40. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 41. Бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис гардидаанд
1. Муқаррароти Қонуни мазкур дар бораи бақайдгирии давлатӣ ба иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис дода шудаанд, низ татбиқ мегарданд.
2. Оинномаҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис гардидаанд, бояд ба талаботи Қонуни мазкур мувофиқ карда шаванд. Оинномаҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии амалкунанда танҳо дар он қисмате татбиқ мегарданд, ки ба Қонуни мазкур мухолифат надошта бошанд.
3. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис дода шудаанд, на дертар аз 1 январи соли 2008 бо озод кардан аз пардохти боҷи давлатӣ бояд аз нав ба қайди давлатӣ гирифта шаванд.
4. Иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки дар мӯҳлати муқарраркардаи ҳамин модда расмиёти аз нав бақайдгириро нагузаштаанд, ҳукуқи шахси ҳуқуқиро гум мекунанд ва шаҳодатномаҳо дар бораи бақайдгирии онҳо бо қарори мақомоти бақайдгиранда беэътибор дониста мешаванд. Чунин ҳолат онҳоро аз иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммаи худ гирифтаашон озод наменамояд.
Моддаи 42. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1998. № 10, мод. 139) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 43. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
12 майи соли 2007 № 258
ҚАРОРИ МАЧЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттиходияҳои ҷамъиятӣ" қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2007, №489 "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, №2, мод. 105) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
25 апрели соли 2007 № 561
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш.Душаибе
30 апрели соли 2007 № 310
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №5, мод. 363; с. 2008, №3, мод. 202; с. 2010, 3497, мод. 554; с. 2013, №3, мод. 202; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2015, № 1210)
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Қонуни мазкур танзим мекунад
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, таъсис додан, фаъолият намудан, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад.
Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур
Амали Қонуни мазкур тамоми иттиҳодияҳои ҷамъиятиеро фаро мегирад, ки бо тартиби муқарраргардида таъсис дода шудаанд, ба истиснои иттиҳодияҳои ҷамъиятие (ташкилотҳои динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ), ки тартиби таъсис ва фаъолияти онҳоро қонунҳои алоҳида ба танзим медароранд.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат мебошад.
Моддаи 4. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ
1. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ ҳуқуқи дар асоси ихтиёрӣ бо мақсади ҳифзи манфиатҳои умумӣ ва ноил гардидан ба мақсадҳои умумӣ таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шомил шудан ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии мавҷуда ё худдорӣ кардан аз шомилшавӣ ба онҳо, инчунин аз ин иттиҳодияҳо бе мамониат баромаданро дар бар мегирад.
2. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд мустақилона, бе иҷозати пешакии мақомоти давлатӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис диҳанд, инчунин ба ин гуна иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо шарти риоя кардани меъёрҳои оинномавии онҳо дохил шаванд.
Моддаи 5. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ
Иттиҳодияи ҷамъиятӣ - иттиҳоди ихтиёрӣ, худидора ва ғайритиҷоратии шаҳрвандон мебошад, ки дар асоси умумияти манфиатҳо барои амалӣ намудани мақсадҳое муттаҳид гардидаанд, ки дар оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ нишон дода шудаанд.
Моддаи 6. Муассисон, аъзо ва иштирокчиёни иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Муассисони иттиҳодияи ҷамъиятӣ шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ - иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошанд, ки анҷуман, конференсия, маҷлиси умумӣ ё маҷлиси таъсисиро даъват кардаанд ва дар он оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ қабул карда шуда, мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтишии он ташкил карда шудааст. Муассисони иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуқуқ ва вазифаҳои баробар доранд.
2. Аъзои иттиҳодияи ҷамъиятӣ шахсони воқеие мебошанд, ки ҳавасмандии онҳо барои иҷрои якҷояи вазифаҳои ин иттиҳодия мувофиқи меъёрҳои оинномаи он бо аризаи шахсӣ ё ҳуҷҷатҳои дахлдор ба расмият дароварда мешавад. Ин имконият медиҳад, ки шумораи аъзои иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба ҳисоб гирифта шавад. Аъзои иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуқуқ ва вазифаҳои баробар доранд.
Аъзои иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд ба мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтишии ин иттиҳодия интихоб кунанд ва интихоб шаванд, инчунин фаъолияти мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияи ҷамъиятиро мувофиқи оинномаи он назорат намоянд.
Аъзои иттиҳодияи ҷамъиятӣ мувофиқи талаботи меъёрҳои оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуқуқу вазифаҳо доранд ва дар сурати риоя накардани талаботи пешбининамудаи оиннома аз иттиҳодияи ҷамъиятӣ метавонанд хориҷ карда шаванд.
3. Иштирокчиёни иттиҳодияи ҷамъиятӣ шахсони воқеие мебошанд, кк мақсадҳои иттиҳодияи мазкур ва (ё) иқдомоти мушаххаси онро дастгирӣ мекунанд, дар фаъолияти он бе барасмиятдарории ҳатмии шартҳои иштироки худ ширкат меварзанд, агар оиннома тартиби дигари иштироки онҳоро пешбинӣ накарда бошад.
Моддаи 7. Шаклҳои ташкилию ҳуқуқии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар шаклҳои ташкилию ҳуқуқии зерин метавонанд таъсис дода шаванд:
- ташкилоти ҷамъиятӣ;
- ҳаракати ҷамъиятӣ;
- мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ.
Моддаи 8. Ташкилоти ҷамъиятӣ
1. Ташкилоти ҷамъиятӣ иттиҳодияи ҷамъиятие мебошад, ки чун қоида, дар асоси узвият таъсис ёфта, барои фаъолияти якҷояи шаҳрвандони муттаҳидшуда ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои умумӣ ва ба даст овардани мақсадҳои оинномавӣ таъсис дода шудааст.
2. Мақомоти олии роҳбарикунандаи ташкилоти ҷамъиятӣ анҷуман, кокференсия ё маҷлиси умумӣ мебошад. Мақомоти роҳбарикунандаи ташкилоти ҷамъиятӣ мақомоти интихобии дастаҷамъӣ мебошад, ки он ба анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумӣ ҳисоботдиҳанда аст.
Моддаи 9. Ҳаракати ҷамъиятӣ
1. Ҳаракати ҷамъиятӣ иттиҳодияи ҷамъиятии оммавӣ мебошад, ки аз иштирокчиён иборат буда, узвият надорад, амалӣ намудани мақсадҳои иҷтимоӣ ва дигар мақсадҳои ҷамъиятии муфидро дорад, ки онҳоро иштирокчиёни ҳаракати ҷамъиятӣ дастгирӣ менамоянд.
2. Мақомоти олии роҳбарикунандаи ҳаракати ҷамъиятӣ анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумӣ мебошад. Мақомоти роҳбарикунандаи ҳаракати ҷамъиятӣ мақомоти машваратии интихобӣ мебошад, ки на камтар аз даҳ нафар иборат буда, ба анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумӣ ҳисоботдиҳанда аст.
3. Дар сурати ба қайди давлатӣ гирифта шудани ҳаракати ҷамъиятӣ мақомоти роҳбарикунандаи он ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро аз номи ҳаракати ҷамъиятӣ амалӣ менамояд ва вазифаҳои онро мувофиқи оиннома иҷро мекунад.
Моддаи 10. Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ
Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ иттиҳодияи ҷамъиятии беузвият ва ғайрирасмӣ буда, тартиби таъсис ва фаъолияти онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад .
Моддаи 11. Иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои, шӯроҳои) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои, шӯроҳои) иттиҳодияҳои ҷамъиятиро таъсис диҳанд. Ба чунин иттифоқҳо (ассотсиатсияҳо, шӯроҳо) шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ҳуқуқи шомил шуданро доранд.
Моддаи 12. Ҳудуди фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ таъсис ёфта, амал мекунанд.
2. Иттиҳодияи ҷамъиятии байналмилалӣ иттиҳодияи ҷамъиятие мебошад, ки он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар қаламрави як ё якчанд давлатҳои хориҷӣ фаъолият намуда, намояндагӣ ва филиали худро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як ё якчанд давлатҳои хориҷӣ дорад ё мақсад дорад мувофиқи оиннома ин воҳидҳоро дошта бошад ().
3. Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ иттиҳодияи ҷамъиятие мебошад, ки фаъолияти худро мувофиқи мақсадҳои оинномавӣ метавонад дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд, намояндагиҳо ва филиалҳо дошта бошад ().
4. Иттиҳодияи ҷамъиятии маҳаллӣ иттиҳодияи ҷамъиятие мебошад, ки мувофиқи мақсадҳои оинномавиаш дар ҳудуди воҳиди марзию маъмурии вилоят, шаҳр ва ноҳия фаъолият мекунад.
5. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ метавонанд дар номи худ калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Тоҷикистон"-ро бе иҷозати махсуси мақоми давлатии салоҳиятнок ва бе супоридани ҳама гуна пардохтҳо истифода намоянд.
Моддаи 13. Принсипҳои таъсис ва фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба принсипҳои ихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ, худидоракунӣ ва қонуният асос меёбад. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар муайян кардани сохтори дохилӣ, мақсад, шакл ва тарзу усулҳои фаъолияти худ озод мебошад.
2. Фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ ошкоро буда, маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва барномавии он бояд дастраси омма бошад.
3. Сохтор ва фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд ба меъёрҳои демократӣ мувофиқ бошанд. Фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ набояд ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, ки Конститутсияи (Сарқокуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст, вайрон ва ё маҳдуд намояд.
Моддаи 14. Маҳдудият барои таъсис ва фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунад ва ё барои зӯран сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамояд, манъ аст.
2. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятие, ки ба ҳукуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ба саломатии одамон ва ба ахлоқи ҷамъиятӣ суиқасд мекунад, манъ аст.
Моддаи 15. Давлат ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
1. Дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин дахолати иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо манъ аст.
2. Давлат риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро таъмин мекунад, ба онҳо додани имтиёзҳо ва афзалиятҳои андозсупорӣ ва дигар имтиёзҳоро ба тариқи қонунгузорӣ танзим менамояд.
Дастгирии давлатӣ дар шакли маблағҷудокунии мақсаднок (грантҳои давлатӣ) ба барномаҳои ҷудогонаи барои ҷомеа муфиди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мувофиқи дархости онҳо, бастани шартномаҳои гуногун, аз он ҷумла барои иҷро кардани кор ва хизматрасонӣ, супориши иҷтимоӣ барои иҷрои барномаҳои гуногуни давлатӣ ба доираи номаҳдуди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар асосҳои озмун ифода ёфта метавонад.
3. Масъалаҳое, ки ба манфиатҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дахл доранд, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун аз тарафи мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ бо иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятии дахлдор ё бо мувофиқаи онҳо ҳал карда мешаванд.
4. Ба кормандони кирояи дастгоҳи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат ва суғуртаи иҷтимоӣ паҳн мегардад.
Боби 2. Таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
Моддаи 16. Таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо ташаббуси муассисони он - на камтар аз се нафар шахси воқеӣ таъсис дода мешавад.
Муассисони иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар қатори шахсони воқеӣ шахсони ҳуқуқӣ - иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ шуда метавонанд.
2. Қарорҳо дар бораи таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятӣ, дар бораи тасдиқ кардани оинномаи он ва дар бораи ташкили мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтиш дар анҷуман, конференсия, маҷлиси умумӣ ё маҷлиси таъсисӣ кабул карда мешаванд. Аз вақти қабули қарорҳои мазкур иттиҳодияи ҷамъиятӣ таъсисёфта ҳисобида мешавад. Муассисоне, ки иттиҳодияи ҷамъиятиро ба сифати шахси ҳуқуқӣ таъсис медиҳанд, ӯҳдадоранд дар мӯҳлати як моҳи баъди таъсисдиҳӣ ҳуҷҷатҳои таъсисиро барои бақайдгирии давлатӣ ба мақомоти бақайдгиранда пешниҳод намоянд.
3. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ аз вақти бақайдгирии давлатӣ ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро пайдо мекунад.
4. Хориҷ карда шуд .
Моддаи 17. Талаботе, ки ба муассисон, аъзо ва иштирокчиёни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ пешниҳод карда мешавад
1. Шаҳрвандоне, ки ба синни 18-солагӣ расидаанд, муассис, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шуда метавонанд, агар Қонуни мазкур дигар тартибро муқаррар накарда бошад.
2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муассис, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шуда метавонанд, ба шарте ки ҷои доимии зисти онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ё гувоҳномаи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошанд. Ҳолатҳои маҳдуд кардани ин ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии зътирофкардаи Тоҷикистон муқаррар менамоянд.
3. Шаҳрвандоне, ки ба синни 14-солагӣ расидаанд, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон шуда метавонанд.
4. Шаҳрвандоне, ки ба синни 8-солагӣ расидаанд, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҷамъиятии кӯдакон шуда метавонанд.
5. Танҳо шаҳрвандони ба балоғатрасида, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунанд, роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин аъзои мақомоти назорату тафтишии онҳо шуда метавонанд.
6. Шарт ва тартиби пайдо кардани узвият, гум кардани узвият, инчунин шартҳои баромадан аз сафи аъзои иттиҳодияҳои ҷамъиятиро аз рӯи синнусол оинномаҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии дахлдор муайян мекунанд.
7. Дар ҳуҷҷатҳои расмӣ талаби нишон додани узвият ё иштирок дар ин ё он иттиҳодияи ҷамъиятӣ манъ аст. Мансубияти шаҳрвандон ба иттиҳодияи ҷамъиятӣ асоси маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои онҳо ва шарти аз тарафи давлат ба онҳо додани ягон имтиёз ё бартарият шуда наметавонад.
8. Муассис, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ инҳо буда наметавонанд:
- мақомоти ҳокимияти давлатӣ (ба истиснои ҳолате, ки дар моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст);
- шахсони ҳуқуқӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки дар моддаҳои 6, 11 ва 16 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд);
- шахсоне, ки алоқамандии онҳо бо ташкилотҳои террористӣ, Экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сепаратистӣ аз тарафи суд муайян шудааст.
9. Ҳангоми таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар шакли ташкилоти ҷамъиятӣ муассисони ин ташкилот бевосита аъзои он гардида, ҳуқуқ ва вазифаҳои дахлдор пайдо менамоянд.
10. Дар вақти таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар дигар шаклҳо ҳуқуқ ва вазифаҳои муассисони онҳо дар оинномаашон нишон дода мешаванд.
Моддаи 18. Оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд инҳоро пешбинӣ намояд:
- ном, мақсади иттиҳодияи ҷамъиятӣ, шакли ташкилию ҳуқуқии он;
- сохтори иттиҳодияи ҷамъиятӣ, мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтиши иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳудуди фаъолияти ҳамин иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
- шартҳо ва тартиби пайдо ва гум кардани узвият дар иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои аъзои ин иттиҳодия (танҳо барои иттиҳодияҳое, ки узвиятро пешбинӣ менамоянд);
- салоҳият ва тартиби ташкили мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ, мӯҳлат ва ваколати онҳо, маҳалли ҷойгиршавии мақомоти доимии роҳбарикунанда;
- тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
- сарчашмаҳои ташаккули маблағҳо ва дигар молу мулки иттиҳодияи ҷамьиятӣ, ҳуқуқи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва намояндагиву филиалҳои он оид ба идоракунии амвол ();
- тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ.
2. Оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ тасвири рамзи ин иттиҳодияро дошта метавонад.
3. Дар оиннома метавонанд дигар муқаррароти марбут ба фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки ба қонунҳо мухолифат намекунанд, пешбинӣ карда шаванд.
Моддаи 19. Ном ва рамзи иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Номи иттиҳодияи ҷамъиятӣ, парчам, нишон, вимпелҳо ва дигар рамзҳо, агар онҳо бошанд, аз ном ва рамзҳои дигар шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла онҳое, ки бо қарори суд барҳам дода шудаанд ва ё фаъолияти худро қатъ кардаанд, бояд фарқ кунанд.
2. Рамзи иттиҳодияи ҷамъиятӣ набояд ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба рамзҳои давлатҳои хориҷӣ монанд бошад ва ҳуқуқи моликияти зеҳниро вайрон намояд. Истифодаи тасвири нишони давлатӣ дар мӯҳр ва бланкаҳои фирмавии иттиҳодияи ҷамъиятӣ манъ аст.
3. Ном ва рамзи иттиҳодияи ҷамъиятӣ барои тарғибу ташвиқи мақсад ва тарзу усулҳои амалиёте, ки дар моддаи 14 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, набояд истифода шаванд.
4. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуқуқ дорад дар номи худ номи шаҳрвандро танҳо бо ризоияти ӯ, дар сурати фавтидани ин шаҳрванд, дар асоси васиятномаи ба таври нотариалӣ тасдиқшудаи вай ва дар сурати набудани васиятнома бо розигии ҳамсар, волидайн ва ё фарзандони болиғи шахси фавтида истифода намояд. Агар шахсони номбурда мавҷуд набошанд, масъалаи истифодаи номи шаҳрвандро дар номи иттиҳодияи ҷамъиятӣ худи ҷамъият ҳал мекунад.
Моддаи 20. Тартиби истифодаи номи иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Номи расмии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд ба шакли он ва ҳудуди фаъолияти он ишора дошта бошад.
2. Дар номи иттиҳодияи ҷамъиятӣ истифода кардани номи мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, ҳизбҳои сиёсии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, инчунин ҳизбҳои сиёсие, ки фаъолияти онҳо бо тартиби судӣ барҳам дода шудаанд ё бо тартиби худбарҳамдиҳӣ фаъолияташонро қатъ кардаанд, мумкин нест.
Моддаи 21. Бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Барои ба даст овардани ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад.
2. Бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо (минъбад - мақомоти бақайдгиранда) анҷом медиҳанд.
3. Бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллиро, ки фаъолияти онҳо мувофиқи оинномаҳояшон дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ амалӣ мегарданд, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад .
4. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад :
- санҷиши ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои таъсисии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллии дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойгирбуда, иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда;
- санҷиши ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои таъсисии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявии дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойгирбуда, иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда, инчунин қайди баҳисобгирии онҳо;
- додани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллии дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойгирбуда, иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда;
- додани нусха аз Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда;
- пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
- пешбурди қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
- муайян намудани тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва тартиби қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
- иҷрои дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон .
5. Бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллии дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо ҷойгирбударо раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо анҷом медиҳанд .
6. Раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо бинобар бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд :
- санҷиши ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои таъсисии иттиҳодияҳои ҷамъиятии дар ҳудуди вилоят воқеъбуда;
- санҷиши ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ;
- додани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
- додани нусха аз Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (вобаста ба ҳудуди дахлдор);
- пешбурди Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҳудудҳои дахлдор;
- ҳар моҳ пешниҳод намудани маълумот ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳо;
- иҷрои ваколатҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкур .
7. Барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба мақомоти бақайдгиранда ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза, ки онро аъзои мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ имзо кардаанд ва дар он насаб, ном, номи падар, ҷойи истиқомат ва телефонҳои робита нишон дода шудаанд;
- оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар ду нусха бо забони давлатӣ ва бо хоҳиши ташкилоти ҷамъиятӣ ду нусха бо забони муоширати байни миллатҳо;
- иқтибос аз протоколи анҷуман, конференсия, маҷлиси умумӣ ё маҷлиси таъсисӣ, ки дар бораи таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятӣ, тасдиқи оиннома, ташкил кардани мақомоти роҳбарикунанда ва мақоми назорату тафтишии он маълумот дорад;
- маълумот дар бораи муассисони иттиҳодияи ҷамъиятӣ: барои шахсони воқеӣ - насаб, ном, номи падар, соли таваллуд, ҷои сукунат, шаҳрвандӣ (бо имзоҳояшон тасдиқ мегардад) ва нусхаи шиноснома ё дигар ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад; барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳангоми таъсиси иттифоқи (ассотсиатсия, шӯрои) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣнусхаи шаҳодатномаҳо дар бораи бақайдгирии давлатии оинномаи ин иттиҳодияҳо, иқтибос аз протоколи маҷлиси мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бо қарор дар бораи таъсиси иттифоқи (ассотсиатсия, шӯрои) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин нусхаи шартномаи таъсисӣ;
- аризаи шахсоне, ки дар моддаи 19 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, дар бораи розигӣ ба истифодаи номи шаҳрванд дар номи иттиҳодияи ҷамъкятӣ;
- ҳангоми аз тарафи иттиҳодияи ҷамъиятӣ истифода бурдани рамзи таҳти ҳимояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи моликияти зеҳнӣ ё ҳуқуқи муаллифӣ қарордошта - ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодаи онро тасдиқ мекунанд;
- ҳуҷҷати пардохти боҷи давлатӣ;
- ҳуҷҷат дар бораи нишонии (маҳалли ҷойгиршавии) мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
- барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣпротоколҳои анҷуманҳо, конференсияҳо, маҷлисҳои умумӣ ё маҷлисҳои таъсисии воҳидҳои сохторӣ.
8. Тағйироте, ки ба оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ворид карда мешаванд, бо ҳамон тартиб ва дар ҳамон мӯҳлате, ки барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ муқаррар карда шудааст, ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд ва онҳо аз вақти чунин бақайдгирӣ эътибори ҳуқуқи пайдо мекунанд.
9. Барои бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ, тағйироте, ки ба оинномаи он дохил карда мешаванд, бо тартиб ва ба андозаи муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" боҷи давлатӣ ситонида мешавад.
10. Бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар давоми як моҳ аз рӯзи пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои дар ҳамин модда номбаршуда анҷом ёфта, ба иттиҳодияи ҷамъиятӣ шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ дода мешавад .
Моддаи 21(1). Додани нусхаи (дубликати) Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ
Дар сурати гум кардан ва дигар ҳолатҳои зарурӣ дар асоси аризаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ, мақоми бақайдгиранда дар давоми 10 рӯз нусхаи (дубликати) Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятиро медиҳад .
Моддаи 22. Қайди баҳисобгирии намояндагиҳо ва филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё рад кардани қайди баҳисобгирии онҳо
1. Намояндагиҳо ва филиалҳои "иттиҳодияи ҷамъиятӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда бояд аз қайди баҳисобгирӣ гузаранд
2. Қайди баҳисобгирии намояндагиҳо ва филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятиро мақомоти бақайдгиранда анҷом медиҳад ().
3. Барои қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд :
1) аризаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар бораи қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали он;
2) нусхаи аз тарафи нотариуси давлатӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои таъсисии иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки намояндагӣ ё филиал таъсис медиҳад;
3) қарори иттиҳодияи ҷамъиятӣ:
а) дар бораи таъсиси намояндагӣ ё филиал ();
б) дар бораи тасдиқи Низомнома;
в) дар бораи таъин намудани роҳбари намояндагӣ ё филиал;
4) Низомномаи намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
5) ваколатнома, ки ба роҳбари намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ дода шудааст;
6) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳалли ҷойгиршавии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
7) квитансия ё нусхаи супориши пардохтӣ дар бораи пардохти боҷи давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон .
4. Маълумот дар бораи намояндагӣ ё филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ворид карда мешавад .
5. Қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар давоми 10 рӯз аз рӯзи пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои дар ҳамин модда номбаршуда анҷом ёфта, ба намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ иқтибос аз қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дода мешавад .
6. Тағйирот ба ҳуҷҷатҳои намояндагӣ ё филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо ҳамон тартиб ва дар ҳамон мӯҳлате, ки моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, ворид карда мешавад .
7.Қайди баҳисобгирии намояндагиҳо ё филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ, аз ҷумла намояндагиҳо ва филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятии байналмилалии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳо ва филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда бо асосҳои зерин рад карда мешавад:
- агар низомномаи намояндагиҳо ё филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти моддаи 14 Қонуни мазкур ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат кунад;
- агар ҳуҷҷатҳои барои қайди баҳисобгирӣ зарур, ки номгӯи онҳоро Қонуни мазкур муайян кардааст, пурра пешниҳод нашуда бошанд ё маълумот дар ҳуҷҷатҳо бо тартиби муқаррарӣ расмӣ кунонида нашуда бошад ё ба мақоми номувофиқ пешниҳод гардида бошад;
- агар муқаррар гардад, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисии пешниҳодшуда маълумоти носаҳеҳ мавҷуд бошад ().
8. Дар сурати гум шудани Шаҳодатнома дар бораи қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва дигар ҳолатҳои зарурӣ мақоми бақайдгиранда бояд дар асоси ариза дар давоми 10 рӯз нусхаи (дубликати) онро диҳад.
9. Дар сурати рад кардани қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба аризадиҳанда дар ин бора дар шакли хаттӣ бо нишон додани муқаррароти мушаххаси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки риоя накардани он боиси рад кардани қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ шудааст, хабар дода мешавад.
10. Дар бораи рад кардани қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ, инчунин дар бораи саркашӣ аз ин гуна баҳисобгирӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст .
11. Рад кардани қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ барои такроран пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати қайди баҳисобгирӣ монеъ намешавад, ба шарте, агар асосҳое, ки боиси раддия шудаанд, бартараф карда шуда бошанд.
12. Баррасии аризаи такрорӣ дар бораи қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур сурат мегирад ().
Моддаи 23. Рад кардани бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва тартиби шикоят аз болои он
1. Бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар асосҳои зерин рад карда мешавад:
- агар оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти моддаҳои 14, 17 ва 18 Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат кунад;
- агар номгӯи пурраи ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирии давлатӣ зарур, ки Қонуни мазкур муайян кардааст, пешниҳод карда нашуда бошад ё маълумот дар ҳуҷҷатҳо ба тартиби зарурӣ расмӣ кунонида нашуда бошанд ё ба мақомоти номувофиқ пешниҳод гардида бошанд;
- агар бо ҳамон ном иттиҳодияи ҷамъиятии қаблан ба қайд гирифташуда фаъолият намояд ;
- агар муқаррар гардад, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисии пешниҳодшуда маълумоти носаҳеҳ мавҷуд бошад;
- агар номи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ахлоқ, ҳисси миллӣ ва динии шаҳрвандонро таҳқир намояд.
2. Бо сабабҳои мувофиқи мақсад набудани таъсис ба рад кардани бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ роҳ дода намешавад.
3. Дар сурати рад кардани бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба аризадиҳандагон дар ин бора дар шакли хаттӣ бо нишон додани муқаррароти мушаххаси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вайрон кардани онҳо боиси рад кардани бақайдгирии давлатии ин иттиҳодия гардидааст, хабар дода мешавад.
4. Дар бораи рад кардани бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамьиятӣ, инчунин дар бораи саркашӣ аз ин гуна бақайдгирӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.
5. Рад кардани бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ барои такроран пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ монеъ намешавад, ба шарте, ки асосҳои боиси раддия бартараф карда шуда бошанд.
Баррасии аризаи такрорӣ дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо тартиби пешбиникардаи Қонуни мазкур сурат мегирад.
Боби 3. Ҳукуқ ва вазифаҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ
Моддаи 24. Ҳуқуқҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Барои амалӣ намудани мақсадҳои оинномавӣ иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуқуқ дорад:
- дар бораи фаъолияти худ озодона ахбор паҳн намояд;
- дар таҳияи қарорҳои мақомоти давлатӣ бо тартиб ва дар доираи пешбиникардаи Қонуни мазкур ва дигар қонунҳо иштирок намояд;
- маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, роҳпаймоиҳо ва дигар чорабиниҳои оммавиро бо тартиби пешбиникардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои ахбори оммаро таъсис ва фаъолияти нашриро анҷом диҳад;
- дар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, суд ҳуқуқҳои худ, манфиатҳои қонунии аъзо ва иштирокчиёни худ, инчунин дигар шаҳрвандонро намояндагӣ ва ҳифз намояд;
- аз рӯи масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ бо ташаббусҳо баромад намояд, ба мақомоти давлатӣ пешниҳодҳо кунад;
- аз мақомоти давлатӣ маълумоте гирад, ки барои иҷрои вазифаҳои онномавӣ зарур аст, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти истеҳсолӣ ва хоҷагиро, ки он ба иҷрои мақсаду вазифаҳои оинномавӣ мусоидат менамояд, анҷом диҳад, аз он ҷумла бо ёрии ташкилотҳои тиҷоратие, ки барои ин мақсадҳо таъсис дода мешаванд;
- барои татбиқи фаъолияти оинномавӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо мақсади гирифтани фармоишҳои иҷтимоӣ, грантҳо, стипендияҳо ва дигар афзалиятҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънагардида иштирок намояд;
- бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бораи ҳамкории илмию техникӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва истеҳсолӣ дар бораи расонидани хизмат ва иҷрои корҳое, ки ба татбиқи мақсад ва иҷрои вазифаҳои оинномавӣ нигаронида шудаанд, созишномаҳо бандад;
- аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар шакли молу мулк ва маблағ кӯмаки моддӣ қабул намояд аз ;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои илмию тадқиқотӣ ва лоиҳавию конструкториро амалӣ гардонад, лоиҳаю барномаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамиятнокро аз санҷиши ҷамъиятӣ гузаронад, дар кори комиссияҳои муштарак оид ба баррасии онҳо иштирок намояд, ба шарте ки ин намудҳои фаъолият дар оиннома пешбинӣ шуда бошанд;
- ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузориро амалӣ намояд.
2. Амалӣ кардани ҳуқуқҳои номбаршудаи иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ё бо иштироки онҳо таъсис гардидаанд, бо қонунҳо ё санадҳои ҳукуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон метавонанд маҳдуд карда шавад.
Моддаи 25. Вазифаҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ
Иттиҳодияи ҷамъиятӣ вазифадор аст:
- Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва меъёрҳои пешбиникардаи оинномаро риоя намояд;
- ҳар сол то 1-уми апрел ба мақомоти бақайдгиранда дар бораи идомаи фаъолияти худ маълумот, ки шакли он аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, пешниҳод намояд ();
- бо дархости мақомоти бақайдгиранда қарорҳои мақомоти роҳбарикунанда ва шахсони мансабдори иттиҳодияи ҷамъиятӣ, инчунин дар бораи фаъолияти худ гузориш пешниҳод намояд;
- намояндагони мақомоти бақайдгирандаро ба чорабиниҳои оммавие, ки иттиҳодияи ҷамъиятӣ мегузаронад, роҳ диҳад;
- ба намояндагони мақомоти бақайдгиранда дар кори шиносшавӣ бо фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ вобаста ба амалӣ намудани мақсадҳои оинномавӣ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат кунад.
Боби 4. Моликияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ
Моддаи 26. Моликияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Иттиҳодияи ҷамъиятие, ки шахси ҳуқуқӣ мебошад, дар моликияташ биноҳо, иморатҳо, иншоот, фонди манзил, нақлиёт, таҷҳизот, асбобу анҷом, амволи таъиноти маданию маърифатӣ ва солимгардонӣ, маблағҳо, саҳмияҳо, коғазҳои қиматнок ва дигар молу мулк дошта метавонад, ки барои таъминоти моддии фаъолияти оинномавии ин иттиҳодияи ҷамъиятӣ заруранд.
Дар моликияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ инчунин муассисаҳо, нашриёт, воситаҳои ахбори омма, ки аз ҳисоби маблағҳои ҳамин иттиҳодияи ҷамъиятӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи он таъсис мегарданд ва ба даст оварда шудаанд, буда метавонанд.
2. Моликияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад.
3. Қонун метавонад намудҳои амволеро муқаррар намояд, ки аз нигоҳи амнияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ё мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон дар моликияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ буда наметавонанд.
Моддаи 27. Сарчашмаҳои ташаккули моликияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Моликкяти иттиҳодияи ҷамъиятӣ аз ҳисоби ҳаққи дохилшавӣ ва аъзоҳаққӣ, агар пардохти онҳоро оиннома пешбинӣ карда бошад, пардохтҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳо, грантҳо, воридот аз лексияҳо, намоишгоҳҳо, лотереяҳо, музоядаҳо, чорабиниҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳое, ки бо тартиби муқаррарнамуда ва мувофиқи оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ гузаронида мешаванд, даромадҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ ва намудҳои дигари фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки қонун мань накардааст, ташаккул меёбад.
2. Пардохтҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳо, грантҳо, молу мулке, ки аз тарафи давлатҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони ҳуқуқие, ки бо иштироки субъектҳои хориҷӣ таъсис ёфтаанд, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, инчунин ба воситаи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ворид шудаанд, аз тарафи мақомоти бақайдгиранда дар Феҳристи кӯмаки башардӯстона ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пешбурди онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, сабт карда мешаванд. Лоиҳаҳои аз тарафи субъектҳои мазкур маблағгузоришаванда аз ҷониби иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ баъд аз огоҳонидани мақомоти бақайдгиранда амалӣ карда мешаванд. Шакли огоҳиномаро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд
Моддаи 28. Субъекти ҳуқуқи моликият дар ташкилоти ҷамъиятӣ
1. Ташкилоти ҷамъиятӣ субъекти ҳуқуқи моликият ба тамоми молу мулки ташкилоти ҷамъиятӣ мебошад. Ҳар як узви алоҳидаи ташкилоти ҷамъиятӣ ба ҳиссаи молу мулки ба ташкилоти ҷамъиятӣ тааллуқдошта ҳуқуқи моликият надорад.
2. Дар ташкилотҳои ҷамъиятие, ки намояндагиҳо ва филиалҳо фаъолияти худро дар асоси низомномаҳои худ ва оинномаи ягонаи ин ташкилот амалӣ менамоянд, соҳиби моликият дар маҷмӯъ ташкилоти ҷамъиятӣ мебошад ().
Моддаи 29. Субъекти ҳуқуқи моликият дар ҳаракати ҷамъиятӣ
Аз номи ҳаракати ҷамъиятӣ ҳуқуқи моликиятро ба молу мулке, ки ба ҳаракати ҷамъиятӣ тааллуқ дорад, инчунин молу мулке, ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ барпо карда ва (ё) ба даст оварда шудаанд, мақомоти роҳбарикунандаи он амалӣ менамояд.
Моддаи 30. Хориҷ карда шуд
Моддаи 31. Фаъолияти соҳибкории иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолияти соҳибкориро тибқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад.
2. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкатҳои хоҷагидорӣ, ҷамъиятҳо ва ташкилотҳои дигари хоҷагидориро таъсис намояд, инчунин молу мулкеро, ки барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ таъин гардидааст, ба даст орад.
3. Даромадҳо аз фаъолияти соҳибкории иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар байни аъзо ё иштирокчиёни ин итшҳодия тақсим шуда наметавонанд ва бояд танҳо барои ба даст овардани мақсадҳои оинномавӣ истифода шаванд. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ маблағҳои худро метавонад барои мақсадҳои хайриявӣ истифода намояд, ҳатто агар ин дар оинномаи он нишон дода нашуда бошад.
Боби 5. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ
Моддаи 32. Азнавташкилдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Азнавташкилдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо қарори анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумӣ амалӣ карда мешавад. Тартиби қабули қарорро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ муайян мекунад.
2. Бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятие, ки бо роҳи азнавташкилдиҳӣ таъсис дода мешавад, бо тартиби пешбиникардаи Қонуни мазкур амалӣ мегардад.
3. Молу мулки иттиҳодияи ҷамъиятие, ки шахси ҳуқуқӣ мебошад, баъди азнавташкилдиҳии он ба шахсони ҳукуқии навтаъсис бо тартиби пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад.
Моддаи 33. Барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо қарори анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумӣ мувофиқи оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё бо қарори суд тибқи тартиби пешбиникардаи Қонуни мазкур анҷом дода мешавад.
2. Молу мулке, ки дар натиҷаи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ боқӣ мемонад, баьди қонеъ гардонидани талаботи кредиторон барои мақсадҳои пешбиникардаи оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ равона карда мешавад. Агар дар оиннома масъалаи тартиби ихтиёрдории молу мулки иттиҳодияи ҷамъиятии барҳамдодашуда ҳал нашуда бошад, ин гуна қарор дар анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумӣ дар баробари қарор дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ қабул карда шуда, дар мавридҳои баҳснок бошад, ин масъала бо қарори суд ҳал карда мешавад. Қарор дар бораи истифодаи молу мулки боқимонда ба мақомоти бақайдгиранда равона карда мешавад.
3. Хориҷ карда шуд .
Моддаи 33(1). Бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумии иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ қарор қабул намудааст, вазифадор аст дар бораи қабули чунин қарор бетаъхир ба мақоми бақайдгиранда хабар диҳад ().
2. Мақоми бақайдгиранда қарорро дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ гирифта, риоя гардидани қоидаҳои барҳамдиҳиро месанҷад ва вобаста ба натиҷаи санҷиш ба Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар хусуси дар ҷараёни барҳамдиҳӣ қарор доштани иттиҳодияи ҷамъиятӣ маълумот ворид менамояд.
3. Барои бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд ():
- ариза;
- нусхаи қарор дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
- нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
- ҳуҷҷат аз мақомоти андоз оид ба қарздор набудани иттиҳодияи ҷамъиятӣ аз буҷет.
4. Мақоми бақайдгиранда дар муддати даҳ рӯз аз лаҳзаи ба охир расидани ҷараёни барҳамдиҳӣ вазифадор аст:
- риоя шудани тартиби барҳамдиҳиро санҷад;
- ба Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ маълумот ворид намояд;
- аз Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ нусха диҳад.
5. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ, намояндагӣ ё филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз рӯзи ба Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ворид намудани маълумоти дахлдор барҳамхӯрда ба ҳисоб мераванд .
Боби 6. Назорат ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
Моддаи 34. Назорат ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
1. Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои ба он тобеъ амалӣ менамоянд.
2. Мақомоти бақайдгиранда мувофиқати фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба мақсадҳои оинномавии онҳо назорат мекунад. Тартиби санҷиши фаъолияти оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Мақомоти бақайдгиранда ҳуқуқ дорад :
- аз мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуҷҷатҳои амрдиҳанда, қарорҳо ва гузоришҳоро мувофиқи моддаи 15 Қонуни мазкур талаб намояд;
- намояндагони худро барои иштирок кардан дар чорабиниҳои оммавие, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мегузаронанд, фиристад;
- дар сурати ошкор намудани ҳодисаҳои аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз тарафи онҳо содир кардани амалиёте, ки ба мақсадҳои оинномавиашон мухолифат мекунад, мақомоти роҳбарикунандаи ин иттиҳодияҳо хаттӣ огоҳонида, дар он асосҳои мушаххаси огоҳонида шудани онҳоро нишон диҳад.
Огоҳиномаи хаттиеро, ки мақомоти бақайдгиранда раво донистааст, иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд дар давоми як моҳ баррасӣ намояд.
3. Мақомоти андоз ба сарчашмаҳои даромади иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, андозаи маблағҳои бадастдаровардаи онҳо ва пардохти андозҳоро мувофиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад.
4. Назорат ва тафтиши аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иҷро карда шудани меъёрҳо ва стандартҳои мавҷудаи экологӣ, сӯхторнишонӣ, зиддиэпидемиологӣ ва ғайраро тибқи қонун мақомоти давлатии ваколатдор амалӣ менамоянд.
Моддаи 35. Боздоштани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Дар сурати аз тарафи иттиҳодияи ҷамъиятӣ риоя накардани муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содир намудани амалҳои мухолифи мақсадҳои оинномавӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи он ба мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияи мазкур дар бораи бетаъхир бартараф намудани қонуншиканӣ амри хаттӣ ва ба мақомоти бақайдгиранда огоҳиномаи хаттӣ фиристода, мӯҳлати бартараф намудани онҳоро муқаррар менамояд.
2. Агар дар мӯҳлати муайяншуда қонуншиканиҳое, ки асоси баровардани амри хаттӣ ё огоҳиномаи хаттӣ гаштаанд, бартараф карда нашаванд, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи он ё мақомоти бақайдгиранда ҳуқуқ доранд ба суд бо аризаи даъвогӣ дар хусуси боздоштани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ муроҷиат намояд.
Дар ин маврид суд метавонад фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятиро ба мӯҳлати то се моҳ боздорад.
3. Фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ, инчунин бо тартиб ва асосҳои пешбиникардаи дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад боздошта шавад.
4. Тартиби боздоштани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятиро дар сурати ҷорӣ кардани вазъияти фавқулодда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун муайян менамояд.
Моддаи 36. Оқибатҳои боздоштани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Дар сурати боздоштани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳуқуқи он чун муассиси воситаҳои ахбори омма, фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи таъсисдодаи он боздошта мешавад, ба вай ташкил кардан ва гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, роҳпаймоиҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ, истифодабарии амонатҳои бонкӣ, ба истиснои ҳисобу китобҳо оид ба фаъолияти хоҷагӣ ва шартномаҳои меҳнатӣ, ҷуброни зараре, ки бо амали ӯ расонида шудааст, пардохти андозҳо, боҷҳо ва ҷаримаҳо манъ аст ().
2. Агар дар давоми мӯҳлати муқарраршудаи боздоштани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ қонуншиканиҳо, ки асоси боздоштани фаъолияти он гардидаанд, бартараф карда шаванд, иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолияти худро бо қарори суде, ки фаъолияташро боздоштааст, давом медиҳад.
Моддаи 37. Асосҳои барҳам додан ва манъ кардани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ
1. Асосҳои барҳам додани иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё манъ кардани фаъолияти он инҳо мебошанд:
- ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро риоя накардани иттиҳодияи ҷамъиятӣ;
- Конститутсияи (Сарқокуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накардани иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё аз тарафи иттиҳодияи ҷамъиятӣ мунтазам анҷом додани фаъолияте, ки ба мақсадҳои оинномавии он мухолифат менамояд;
- аз тарафи иттиҳодияи ҷамъиятӣ бартараф накардани кирдорҳое, ки барои баровардани амри хаттӣ ё огоҳиномаи хаттӣ тибқи талаботи моддаи 35 Қонуни мазкур асос гардидаанд.
2. Ариза дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо асосҳои дар моддаи мазкур нишондодашуда аз тарафи мақомоти бақайдгиранда ё Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи он, новобаста ба татбиқи чораҳои пешбиникардаи моддаи 35 Қонуни мазкур, ба суд пешниҳод карда мешавад.
3. Барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо ҳалномаи суд маънои онро дорад, ки фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ, сарфи назар аз мавҷудияти бақайдгирии давлатии он, манъ карда мешавад, инчунин асос барои барҳамдиҳии ҳамаи шахсони ҳуқуқии таъсисдодаи он, баромадан аз ҷамъияту ширкатҳои хоҷагидор ё қатъ гардидани иштироки он дар фаъолияти дигар шахсони ҳуқуқӣ мегардад. Иттиҳодияи ҷамъиятии барҳамдодашуда бо номи дигар сабт шуда наметавонад ().
4. Агар суд аризаро дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё манъ кардани фаъолияти он қонеъ нагардонад, иттиҳодияи ҷамъиятӣ баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд фаъолияташро давом медиҳад.
5. Фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятие, ки шахси ҳуқуқӣ намебошад, мувофиқи ҳалномаи суд бо тартиб ва асосҳои барои барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ - шахси ҳуқуқии пешбиникардаи Қонуни мазкур метавонад манъ карда шавад.
Боби 7. Робитаҳои байналмилалии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ
Моддаи 38. Робитаҳои байналмилалии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
1. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд тибқи оинномаҳои худ ба ташкилотҳои ҷамъиятии байналмилалӣ шомил гардида, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ба мақомоти ин ташкилотҳои ҷамъиятии байналмилалӣ мувофиқро ба даст оранд, алоқаю робитаҳои мустақими байналмилалиро ба роҳ монда, бо ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) хориҷӣ созишномаҳо банданд.
2. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар давлатҳои хориҷӣ дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва қонунгузории ин давлатҳо ташкилот, намояндагиҳо ва филиалҳои худро таъсис намоянд. Он иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки дар давлатҳои хориҷӣ ташкилот, намояндагиҳо ва филиалҳои худро таъсис додаанд, мувофиқи моддаи 12 Қокуни мазкур иттиҳодияи ҷамъиятии байналмилалӣ эътироф карда мешаванд ва бояд бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур аз нав ба қайд гирифта шаванд ().
Моддаи 39. Фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ ё қайди баҳисобгирии намояндагиву филиалҳои онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад ().
2. Барои бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ ё қайди баҳисобгирии намояндагиву филиалҳои онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар моддаҳои 21 ва 22 Қонуни мазкур муайянгардида ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи вазъи ҳуқуқии ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ талаб карда мешаванд, ки аз ҷониби мақомоти мутасаддии давлати хориҷӣ омода, тасдиқ ва ё пешниҳод шудаанд ().
3. Ҳуҷҷатҳои дар қисми 2 моддаи мазкур зикргардида бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тасдиқ (легализатсия) карда шаванд ё ба онҳо апостил гузошта шавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад .
4. Ҳуҷҷатҳои ба забони хориҷӣ омодагашта, ки ба мақомоти адлия пешниҳод мегарданд, бояд ба забони давлатӣ ва забони муоширати байни миллатҳо тарҷума карда шуда, тариқи нотариалӣ тасдиқ гарданд.
5. Баъди бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ ё қайди баҳисобгирии намояндагиву филиалҳои онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати коркунони он бояд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия карда шаванд ().
6. Ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ ё намояндагиву филиалҳои онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд ().
7. Фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ ё намояндагиву филиалҳои онҳо, ки ба қайди давлатӣ ё қайди баҳисобгирӣ гирифта нашудаанд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, манъ аст ().