ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҷИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 10 июни соли 2015, № 97
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 июли соли 2015, № 93
ҷонибдорӣ гардидааст.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №5, мод. 363; с. 2008, №3, мод. 202; с.2010, №7, мод. 554; с.2013, №3, мод.202) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 1 моддаи 24 сархати ёздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар шакли молу мулк ва маблағ кӯмаки моддӣ қабул намояд;".
2. Дар моддаи 27:
- матни модда қисми 1 ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"2. Пардохтҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳо, грантҳо, молу мулке, ки аз тарафи давлатҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони ҳуқуқие, ки бо иштироки субъектҳои хориҷӣ таъсис ёфтаанд, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, инчунин ба воситаи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ворид шудаанд, аз тарафи мақомоти бақайдгиранда дар Феҳристи кӯмаки башардӯстона ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пешбурди онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, сабт карда мешаванд. Лоиҳаҳои аз тарафи субъектҳои мазкур маблағгузоришаванда аз ҷониби иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ баъд аз огоҳонидани мақомоти бақайдгиранда амалӣ карда мешаванд. Шакли огоҳиномаро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.".
3. Ба қисми 2 моддаи 34 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Тартиби санҷиши фаъолияти оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
8 августи сали 2015 № 1210
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ОБЩЕСТВЕННЫХ ОБЪЕДИНЕНИЯХ"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 10.06.2015г. № 97
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 21.07.2015г. № 93
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 12 мая 2007 года "Об общественных объединениях" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2007 г., №5, ст.363; 2008 г., №3, ст.202; 2010 г., №7, ст.554; 2013г., №3, ст.202) следующие изменения и дополнения:
1. Часть 1 статьи 24 дополнить абзацем одиннадцатым следующего содержания:
"- принимать от физических и юридических лиц материальную помощь в виде имущества и денежных средств;".
2. В статье 27:
- текст статьи считать частью 1 и пронумеровать;
- дополнить частью 2 следующего содержания:
"2. Добровольные и благотворительные взносы, гранты, имущество, поступившие в общественные объединения от иностранных государств, иностранных юридических лиц, юридических лиц, учрежденных с участием иностранных субъектов, международных организаций и международных общественных движений, а также посредством иных физических и юридических лиц, подлежат регистрации регистрирующими органами в Реестре гуманитарной помощи общественным объединениям Республики Таджикистан, порядок ведения которого определяется Правительством Республики Таджикистан. Проекты, финансируемые указанными субъектами, осуществляются общественными объединениями после извещения регистрирующих органов. Форма извещения определяется Министерством юстиции Республики Таджикистан.".
3. Часть 2 статьи 34 дополнить вторым предложением следующего содержания:
"Порядок проверки уставной деятельности общественных объединений утверждается Министерством юстиции Республики Таджикистан.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 8 августа 2015 года, № 1210