×

Қарори ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172 "Оид ба тасдиқи низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав)"

Санаи амалкуни: 31.12.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.10.2007 № 518, аз 01.04.2008 № 179, аз 27.08.2008 № 443, 2.12.2008 № 613, аз 29.08.2009 № 472, аз 31.08.2009 № 507, аз 01.10.2009 № 566, аз 31.10.2009 № 624, аз 02.12.2009 № 668, аз 12.02.2010 № 62, аз 03.12.2010 № 646, аз 30.04.2011 № 203, аз 01.08.2011 № 384, аз 30.04.2012 № 212, аз 16.07.2012 № 368, аз 01.08.2012 № 396, аз 02.07.2013 № 301, аз 02.11.2013 № 512, аз 31.03.2014 № 235, аз 5.07.2014 № 461, аз 31.10.2014 № 702, аз 31.12.2014 № 830, аз 29.04.2015 № 257, аз 2.11.2015 № 660, аз 27.11.2015 № 700, аз 10.02.2016 № 66, аз 8.02.2017 № 61, аз 25.02.2017 № 101, аз 19.12.2017 № 579, аз 2.11.2018 № 534, аз 29.03.2019 № 142, аз 24.07.2020 № 414, аз 27.08.2020 № 465, аз 31.12.2020 № 685)

Мувофиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Низомномаи замимагардида дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав) тасдиқ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон               Э. Раҳмонов

аз 3 апрели соли 2007 № 172

ш. Душанбе

ҚИСМИ УМУМӢ

ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Боби 1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (минбаъд - Низомнома) мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" таҳия гардидааст.

2. Ин Низомнома муносибатҳои амалӣ намудани фаъолиятеро (амалеро), ки бояд барои он аз мақомоти дахлдори иҷозатномадиҳанда иҷозатнома (литсензия) (минбаъд - иҷозатнома) гирифта шавад, ба танзим медарорад.

3. Иҷозатномаҳо метавонанд аз ҷониби мақомоти марказӣ ё сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷозатномадиҳанда дода шаванд, агар ин ҳолат дар қисми махсуси ин Низомнома пешбинӣ шуда бошад.

4. Иҷозатномаро роҳбари мақомоти иҷозатномадиҳанда ё муовини ӯ имзо намуда, он бо мӯҳри ин мақомот тасдиқ карда мешавад. Дар ҳолатҳое, ки иҷозатмома аз ҷониби воҳидҳои сохтории мақомоти иҷозатномадиҳанда ё сохторҳои маҳаллии он дода мешавад, онро роҳбари воҳиди сохторӣ ё сохтори маҳаллии ин мақомот имзо намуда, бо мӯҳри ин мақомот тасдиқ менамояд.

5. Шахсони воқеӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият ва соҳибкорони инфиродӣ, ки барои машғул шудан ба намудҳои алоҳидаи фаъолият, ки бояд барои он иҷозатнома гирифта шавад, изҳори хоҳиш намудаанд, ӯҳдадоранд тибқи тартиби муқаррарнамудаи ин Низомнома иҷозатнома гиранд.

6. Бе иҷозатнома машғул шудан ба фаъолияте, ки бояд барои иҷрои он иҷозатнома гирифта шавад, манъ аст.

7. Ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти иҷозатномашаванда (литсензияшаванда) (минбаъд - иҷозатномашаванда)-ро шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ пас аз гирифтани иҷозатнома пайдо мекунад. Иҷозатномаи ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ додашуда, ҳуҷҷате мебошад, ки барои машғул шудан ба намуди фаъолияте, ки дар он нишон дода шудааст, ҳуқуқ медиҳад.

8. Намуди фаъолияте, ки дар моддаҳои 17 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистрн "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" нишон дода шудааст, метавонад намудҳои корҳоеро дарбар гирад, ки ба ин намуди асосии фаъолият дохил мегарданд. Дар қисми махсуси ин Низомнома метавонад рӯйхати мушаххаси ин намудҳои корҳо нишон дода шаванд.

9. Ба ҳар як намуди фаъолияти дар моддаҳои 17 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" номбаршуда, як иҷозатнома дода мешавад. Агар фаъолияти иҷозатномашаванда ба намуди корҳоро дар бар гирад, ин намуди корҳо дар иҷозатнома нишон дода мешаванд. Иҷозатномаи алоҳида ба намудҳои корҳое, ки ба намуди фаъолият дохил мешаванд, талаб карда намешавад.

10. Агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Низомнома тартиби дигар пешбини нагардида бошад, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрванд бо ҳамон шарт ва бо ҳамон тартибе, ки барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, иҷозатнома мегиранд. Шахси ҳуқуқии хориҷии довталаби иҷозатнома бояд филиал ё намояндагии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошад.

11. Иҷозатномаҳое, ки дар давлатҳои дигар гирифта шудаанд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шартҳои мутобиқ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд.

Боби 2. Тартиби ҷорӣ намудани намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда

1. Ҷорӣ намудани намуди нави фаъолияти иҷозатномашаванда ё бекор кардани онҳо танҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" муқаррар карда мешавад.

2. Меъёрҳои алоҳидаи танзими масъалаҳои махсуси марбут ба иҷозатномадиҳӣ, ки дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавҷуданд, набояд хилофи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" бошанд ва метавонанд танҳо баъди ворид намудани тағйирот ё иловаҳои дахлдор ба Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" мавриди истифода қарор гиранд.

3. Ба мақоми иҷозатномадиҳанда ҳангоми иҷозатномадиҳӣ талаб кардан ё мустақилона муқаррар кардани намудҳои иловагии ҳуҷҷатҳое, ки ба фаъояият вобастаанд ва муқаррар кардани талабот ё шартҳои иловагии дар Низомномаи мазкур пешбининагардида манъ аст. Ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз.

Боби 3. Ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатнома ва қарори додани онро тасдиқ мекунад

1. Дар қарор дар бораи додани иҷозатнома ва ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани онро тасдиқ мекунад, инҳо нишон дода мешаванд: номи мақомоти иҷозатномадиҳанда:

барои шахси ҳуқуқӣ - иом ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, суроғаи ҳуқуқӣ;

барои соҳибкори инфиродӣ - насаб, ном, номи падар, ҷои истиқомат, шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он;

намуди фаъолияти иҷозатномашаванда бо намудхои кор (агар фаьолияти иҷозатномашаванда ба намудҳои кор тақсим шавад);

рақами бақайдгирӣ, рӯз ва мӯҳлати амали иҷозатнома;

рақами мушаххаси (идентификатсионии) андозсупоранда;

рақами иҷозатнома;

рӯзи қабул кардани қарор дар бораи додани иҷозатнома.

2. Шакли варақаҳои (бланкаҳои) иҷозатнома аз тарафи мақомоти иҷозатномадиҳанда тасдиқ карда мешаванд. Варақаҳои иҷозатнома бояд ба тариқи типографӣ тайёр карда шуда, дараҷаи ҳифозат, силсилаи қайд ва рақам дошта бошанд. Варақаҳои иҷозатнома ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии қатъӣ мебошанд. Варақаҳои иҷозатномаро мақомоти иҷозатномадиҳанда ба ҳисоб мегирад ва нигоҳ медорад.

3. Ба ислоҳкунӣ дар варақаҳои иҷозатнома роҳ дода намешавад. Варақаҳои вайроншудаи иҷозатнома бо тартиб додани санад нест карда мешаванд.

4. Дар сурати гум кардани иҷозатнома, иҷозатномадор барои гирифтани дубликати иҷозатнома ҳуқуқ пайдо мекунад.

5. Тибқи дархости мақомоти иҷозатномадиҳанда ва андоз иҷозатномадор ӯҳдадор аст иҷозатномаро пешниҳод кунад. Агар иҷозатномадор барои додани дубликат, азнавбарасмиятдарорӣ ё дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома ариза дода бошад, пешниҳод кардани нусхаи иҷозатнома мумкин аст.

Боби 4. Амали иҷозатнома

1. Намуди фаъолияте, ки барои амалӣ намудани он иҷозатнома дода шудааст, метавонад танҳо аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки иҷозатнома гирифтааст, анҷом дода шавад.

2. Фаъолияте, ки мақомоти иҷозатномадиҳанда барои иҷрои он иҷозатнома додааст, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, агар санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ҳолати дигарро пешбинӣ накарда бошанд.

3. Дар ҳолатҳое, ки бевосита қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, амали иҷозатнома метавонад танҳо дар ҳудуди муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн гардад.

Боби 5. Шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ

1. Яке аз шарту талаботи ҳатмии иҷозатномадиҳӣ ҳангоми аз ҷониби иҷозатномадор амалӣ кардани намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин талаботи дар ин Низомнома пешбинишуда мебошад.

2. Нисбати намудҳои фаъолияти иҷозатномашавандае, ки барои амалӣ намудани онҳо дониши махсус талаб карда мешавад, дар қисми умумии ин Низомнома метавонанд талаботи тахассусӣ нисбати довталаби иҷозатнома ё иҷозатномадор пешбинӣ карда шаванд, аз ҷумла талаботи тахассусӣ нисбати кормандони шахси ҳуқуқи ё шаҳрванде, ки соҳибкори инфиродӣ мебошад.

3. Нисбати намудҳои фаъолияти иҷозатномашавандае, ки шартҳои махсус барои амалӣ намудани онҳо талаб карда мешавад, дар шарту талаботи иҷозатномадиҳии дар қисми умумии ин Низомнома муқарраргардида, метавонанд талаботи ба шартҳои махсуси пешбинишуда мутобиқат намудани объекте дохил карда шаванд, ки дар он ё бо ёрии он чунин намуди фаъолият амалӣ карда мешавад.

Эзоҳ: Дар ин Низомнома таҳти мафҳуми объект иморатҳо, иншоот, инчунин воситаҳои техникие фаҳмида мешавад, ки бо ёрии онҳо намуди фаъолияти иҷозатномашаванда амалӣ карда мешавад.

4. Номгӯи шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳии намуди мушаххаси фаъолияти иҷозатномашаванда дар қисми махсуси ин Низомнома нишон дода мешавад ва ҷузъи таркибии иҷозатномаи додашаванда мебошад (дар шакли замимаи иҷозатнома дода мешавад).

5. Ҳангоми зарурат мақомоти иҷозатномадиҳанда мутобиқати шароити фаъолиятро ба талаботи муқарраршуда, дар ҷояш месанҷанд.

6. Санҷишҳо аз ҳисоби маблағҳои аз буҷетҳои дахлдор барои хароҷоти мақомоти иҷозатномадиҳанда ҷудогардида, гузаронида мешаванд.

Боби 6. Хироҷ барои баррасӣ, додан, аз нав ба расмият даровардан ва дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома

1. Барои аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда баррасӣ гардидани ариза дар бораи додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" нишон дода шудаанд, ба андозаи чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо хироҷ ситонида мешавад. Барои баррасӣ гардидани ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" нишон дода шудаанд, ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо хироҷ ситонида мешавад. Ин маблағҳо баргардонида намешаванд.

2. Барои додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" нишон дода шудаанд, ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо хироҷ ситонида мешавад. Хироҷи додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" пешбинӣ шудаанд, дар фасли Ш қисми махсуси ин Низомнома муайян карда мешаванд.

3. Дар сурати аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо меҳнат хироҷ ситонида мешавад.

4. Барои дароз намудани амали иҷозатнома ба ҳамои мӯҳлате, ки иҷозатнома дода шудааст, маблағ баробар ба хироҷи додани иҷозатнома ситонида мешавад.

5. Хироҷ барои баррасии ариза ва додани иҷозатнома, инчунин барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ё дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома аз ҷониби иҷозатномадор дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ё маҳаллӣ пардохт карда мешаванд. Пардохт мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Барои гирифтани дубликати иҷозатнома, хироҷ ба андозае, ки барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ситонида мешавад, пардохт карда мешавад.

6. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ надоранд, ки аз довталаби иҷозатнома дигар маблағҳои пулиро ситонад.

7. Иҷозатномадиҳӣ дар доираи маблағҳои аз буҷетҳои дахлдор барои хароҷоти мақомоти иҷозатномадиҳанда ҷудогардида маблағғузорӣ карда мешавад.

Боби 7. Ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд

1. Довталаби иҷозатнома барои гирифтани иҷозатнома ба мақомоти иҷозатномадиҳанда хуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

- ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:

барои шахси ҳуқуқӣ - ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот, суроғаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоб ва номи бонк;

барои соҳибкори инфиродӣ - насаб, ном, номи падар, ҷои истиқомат, шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он;

- намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқӣ мақсади анҷом додани онро доранд ва мӯҳлате, ки дар давоми он чунин фаъолият анҷом дода мешавад;

барои шахси ҳуқуқӣ - нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии довталаби иҷозатнома ба сифати шахси ҳуқуқӣ;

барои соҳибкори инфиродӣ - нусхаи шаҳодатномаи қайди давлатии шаҳрванд ба сифати соҳибкори инфиродӣ;

- нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз;

- ҳуҷҷате, ки пардохти хаққи иҷозатномаро барои баррасӣ шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад;

- маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иҷозатнома;

- рӯзи додани ариза ва имзои довталаб.

2. Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои мазкур дар қисми махсуси ин Низомнома пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои дигаре, ки мавҷуд будани онҳо барои амалӣ намудани намуди мушаххаси фаъолият зарур аст, пешбинӣ шуда метавонанд.

3. Аз довталаби иҷозатнома пешниҳоди ҳуҷҷатҳоеро, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ва ҳамин Низомнома пешбинӣ нашудаанд, талаб кардан мумкин нест.

4. Ҳуҷҷатҳоро довталаби иҷозатнома ба забони тоҷикӣ ё русӣ пешниҳод мекунад. Ҳуҷҷатҳое, ки шахсони хориҷӣ пешниҳод мекунанд ё аз хориҷа пешниҳод карда мешаванд, бояд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд.

5. Шакли аризаро, мақомоти иҷозатномадиҳанда бо дарназардошти талаботи Низомномаи мазкур тасдиқ мекунад.

6. Мақомоти иҷозатыомадиҳанда ӯҳдадор аст лавҳаи иттилоотӣ тартиб дода, дар он рӯйхати ҳуҷҷатҳо ва намунаҳои онҳоро, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд, овезон кунад.

7. Довталаби иҷозатнома барои дурустии маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ҷавобгар аст. Мақомоти иҷозатномадиҳанда, дар мавриди зарурат, ҳуқуқ дорад дурустии маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи довталаби иҷозатномаро санҷад.

8. Ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки ба мақомоти дахлдори иҷозатномадиҳанда барои гирифтани иҷозатнома пешниҳод мегарданд, тибқи руйхат қабул карда мешаванд ва нусхаи рӯйхат бо қайди рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти мазкур ба довталаби иҷозатнома фиристонида (супорида) мешавад.

Боби 8. Қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома

1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда қарорро дар бораи додан ё надодани иҷозатнома дар мӯҳлати на зиёда аз сӣ рӯзи ворид гардидани аризаи довталаби иҷозатнома, бо тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ, баъд аз баррасии ҳуҷҷатҳо, гузаронидани экспертизаҳо, муоинаҳо ва дигар амалҳои зарурӣ қабул мекунад.

2. Баррасии ариза ва додани иҷозатнома аз ҷониби комиссия иҷро карда мешавад, агар дар қисми махсуси ин Низомнома ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад. Ҳайати комиссия бо фармони роҳбари мақомоти иҷозатномадиҳанда тасдиқ карда мешавад. Ба ҳайати комиссия метавонанд намояндагони дигар вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дахлдор дохил карда шаванд. Низомномаи комиссияро мақомоти иҷозатномадиҳанда тасдиқ мекунад.

3. Рӯз ва ҷои гузаронидани ҷаласаи комиссияи мақомоти иҷозатномадиҳанда бояд пешакӣ эълон карда шаванд. Довталаби иҷозатнома ё намояндаи ваколатдори он ҳақ дорад дар ҷаласаи комиссияи мақомоти иҷозатномадиҳанда иштирок кунад. Ба ҷаласа ҳозир нашудани шахсони номбурда барои надодани иҷозатнома асос шуда наметавонад.

4. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст, ки дар мӯҳлати барои қабули қарор муқарраргардида дар бораи додан ё надодани иҷозатнома пешбинишуда довталаби иҷозатномаро оид ба қарори қабулшуда ба таври хаттӣ огоҳ намояд.

5. Хабарнома дар бораи додани иҷозатнома ба довталаби иҷозатнома дар шакли хаттӣ бо қайди реквизити ҳисоби бонкӣ ва мӯҳлати пардохти маблағи хироҷи додани иҷозатнома фиристонида (супорида) мешавад.

6. Хабарнома дар бораи надодани иҷозатнома ба довталаби иҷозатнома бо нишон додани сабабҳои радкунӣ фиристонида (супорида) мешавад.

7. Мақомоти иҷозатномадиҳанда баъди се рӯзи пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти хироҷи додани иҷозатнома ба иҷозатномадор ҳуҷҷатеро, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ мекунад, ройгон медиҳад.

8. Қарори мақомоти иҷозатномадиҳанда бо санади дахлдор ба расмият дароварда мешавад ва дар парвандаҳои он нигоҳ дошта мешавад. Тибқи дархости аризадиҳанда ё намояндаи ваколатдори он, иқтибос аз протоколи дахлдор ё нусхаи санад ройгон дода мешаванд.

Боби 9. Надодани иҷозатнома

1. Асосҳои надодани иҷозатнома инҳо мебошанд:

- вуҷуд доштани маълумоти нодуруст ё таҳрифшуда дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи довталаби иҷозатнома;

- мутобиқ набудани довталаби иҷозатнома, объектҳои ба ӯ тааллуқдошта ё аз тарафи ӯ истифодашаванда ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ;

- хулосаи манфии мақомоти дахлдор вобаста ба намуди фаъолияти дархостшаванда.

2. Дар сурати аз ҷониби довталаби иҷозатнома дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи гирифтани огоҳнома дар бораи надодани иҷозатнома бартараф гардидани монеаҳои дар сархатҳои якум ва дуюми банди 1 ҳамин боб нишондодашуда, ариза бо тартиби муқаррарӣ бе пардохти такрори мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар сурати надодани иҷозатнома хироҷи баррасии ариза ба довталаби иҷозатнома баргардонида намешавад.

3. Ҳаҷми маҳсулоте (кору хизматрасоние), ки довталаби иҷозатнома истеҳсол мекунад (анҷом медиҳад) ё истеҳсолашро (анҷом доданашро) ба нақша гирифтааст, барои надодани иҷозатнома асос шуда наметавонад.

4. Надодани иҷозатнома бо дигар асосҳое, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ва ҳамин Низомнома пешбинӣ нагардидаанд, манъ аст.

5. Довталаби иҷозатнома ҳуқуқ дорад нисбати надодани иҷозатнома ё барои бефаъолиятии мақомоти иҷозатномадиҳанда ба суд муроҷиат намояд.

Боби 10. Аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамояд

1. Дар ҳолати азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ, тағйир ёфтани ном ё макони ҷойгиршавӣ ва ё тағйир ёфтани ном ё ҷои истиқомати соҳибкори инфиродиро тасдиқ менамояд, иҷозатномадор - шахси ҳуқуқӣ шахси ҳуқуқӣ (вориси ҳуқуқии ӯ) ё соҳибкори инфиродӣ ӯҳдадор аст дар давоми на дертар аз понздаҳ рӯз барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки иҷозатнома доштанашро тасдиқ менамояд, ариза диҳад ва ба он ҳуҷҷатҳоеро замима кунанд, ки тағйироти нишондодашударо тасдиқ менамоянд.

2. Ҳангоми аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамоянд, мақомоти иҷозатномадиҳанда ба феҳристи иҷозатномаҳо тағйироти дахлдор ворид менамоянд.

3. Аз нав ба расмият даровардани иҷозатнома аз тарафи мақомоти иҷозатномадиҳанда дар давоми даҳ рӯз аз рӯзи ворид гардидани аризаи дахлдор анҷом дода мешавад.

4. То аз нав ба расмият даровардан ва гирифтани иҷозатнома иҷозатномадор метавонад фаъолиятро дар асоси нусхаи иҷозатномаи пештар гирифташуда анҷом диҳад.

5. Ҳангоми азнавбарасмиятдарории иҷозатнома санҷиши ғайринавбатӣ, муоина, экспертиза гузааронида намешаванд.

6. Аз иҷозатномадор бо асосҳои дигаре, ки дар ин боб пешбинӣ нагардидаанд, талаб намудани азнавбарасмиятдарории иҷозатнома манъ аст.

7. Иҷозатномадор ҳақ дорад дар сурати рад гардидани азнавбарасмиятдарории иҷозатнома ба суд шикоят намояд.

Боби 11. Дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома

1. Мӯҳлати амали иҷозатнома ҳангоми ба охир расиданаш метавонад дар асоси аризаи иҷозатномадор дароз карда шавад.

2. Мӯҳлати иҷозатнома бо тартиби аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ мекунад ва ба мӯҳлати дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" барои ин намуди фаъолият пешбинӣ гардида, дароз карда мешавад.

3. Иҷозатномадор ҳақ дорад дар сурати рад гардидани дароз кардани мӯҳлати амали иҷозатнома ба суд шикоят намояд.

Боби 12. Боздоштан, бекор кардан ва қатъ намудани амали иҷозатнома

1. Боздоштани амали иҷозатнома дар холатҳои зерин роҳ дода мешавад:

- риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ;

- ба шахси дигари воқеӣ ё ҳуқуқӣ додани иҷозатнома;

- истеҳсол ва ё ба фурӯш баровардани маҳсулоти пастсифат, хизматрасонии пастсифат;

- риоя накардани дигар талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад ҳангоми такроран ошкор кардани қонуншиканиҳо (ду ва зиёда маротиба) ё шарту талаботи иҷозатномадиҳиро дағалона вайрон намудани иҷозатномадор амали иҷозатномаро боздорад. Боздоштани амали иҷозатнома ҳамчунин дар ҳолатҳои истисноӣ, агар он барои пешгирии хатари бевосита барои ҳаёт ва саломатии одамон, ба миён омадани фалокати техногенӣ, расонидани зарари барқарорнашаванда ба объектҳои табиат ё ҳолати муҳити зист зарур бошад ва пешгирии ин ҳолатҳо бо роҳҳои дигар имконнопазир бошад, татбиқ карда мешавад.

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ӯхдадор аст, ки мӯҳлати аз ҷониби иҷозатномадор бартараф кардани қонуншиканиро, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидааст, муқаррар намояд. Мӯҳлати нишондодашуда набояд аз се моҳ зиёд бошад. Агар иҷозатномадор қонуншиканиҳои мазкурро дар мӯҳлати муқарраршуда бартараф накарда бошад, мақомоти иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст ба суд муроҷиат намуда, бекор кардани иҷозатномаро талаб намояд.

4. Тамоми қарорҳои марбут ба боздоштани амали иҷозатнома ё бекор кардани он дар маҷлиси мақомоти иҷозатномадиҳанда бо даъвати ҳитмии иҷозатномадор (намояндаи ӯ) баррасӣ мегарданд. Мақомоти иҷозтаномадиҳанда бояд иҷозатномадорро пешакӣ ба таври хаттӣ на дертар аз 10 рӯз пеш аз оғози маҷлис хабардор созад. Дар сурати бе сабабҳои узрнок ҳузур надоштани иҷозатномадор (намояндаи ӯ), ки ба таври зарурӣ хабардор гардидааст, қарорҳо метавонавд бе иштироки ӯ қабул карда шаванд.

5. Мақомоти иҷозатномадиҳанда қарор дар бораи боздоштани амали иҷозатномаро дар шакли хаттӣ бо асосноксозии ваҷҳнок на дертар аз се рӯзи баъди қабули чунин қарор ба маълумоти иҷозатномадор мерасонад.

6. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст мақомоти иҷозатномадиҳандаро аз бартараф кардани қонуншиканиҳое, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидаанд, хаттӣ хабардор намояд.

7. Мақомоти иҷозатномадиҳандае, ки амали иҷозатномаро боздоштааст, дар бораи барқарор намудани амали он қарор қабул мекунад ва дар ин бора ба иҷозатномадор дар давоми се рӯзи баъди гирифтани хабарномаи дахлдор ва санҷидани бартараф намудани қонуншиканиҳое, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидаанд, ба таври хаттӣ хабар медиҳад.

8. Мӯҳлати иҷозатнома дар давоми боздоштани амали он дароз карда намешавад ва барои барқарор кардани амали он маблағ ситонида намешавад.

9. Агар иҷозатномадор шарту талаботи иҷозатномаро риоя накарда бошад ва бар асари ин ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ, саломатии шаҳрвандон, мудофиа ва амнияти давлат, мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиён расида бошад ва ё дар ҳолате, ки агар иҷозатномадор қонуншиканиҳоро дар мӯҳлати муқарранамудаи мақомоти иҷозатномадиҳанда ислоҳ накарда бошад, иҷозатнома бо қарори суд дар асоси аризаи мақомоти иҷозатномадиҳанда бекор карда мешавад. Инчунин иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад ҳангоми ба суд додани ариза амали иҷозатномаи мазкурро то рӯзи ба кувваи қонунӣ даромадани қарори суд боздорад.

10. Мақомоти иҷозатномадиҳанда метавонад иҷозатномаро дар мавриди аз тарафи иҷозатномадор дар давоми понздаҳ рӯз напардохтани хаққи иҷозатнома бекор кунад.

11. Маълумот оид ба боздоштан, барқарорсозии амали иҷозатнома ва бекор кардани он аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда ба мақомоти андози маҳалли қайди иҷозатномадор фиристода мешаванд ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба маълумоти мақомоти назоратию тафтишӣ фиристонида мешаванд.

12. Нисбати қарори боздоштани амали иҷозатнома ва бекор кардани он бо тартиби судӣ шикоят кардан мумкин асг.

13. Амали иҷозатнома дар ҳолатҳои бархамдиҳии шахси хуқуқӣ ва қатъ гаштани амали шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ, ба қувваи қонунӣ даромадани _ҳалномаи суд дар бораи бекор кардани амали иҷозатнома, ба охир расидани мӯҳлати амали иҷозатнома, инчунин дар асоси аризаи хаттии иҷозатномадор қатъ карда мешавад.

Боби 13. Феҳристи ягонаи давлатии электронии иҷозатномаҳо ва феҳристи иҷозатномаҳо

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 414)

1. Феҳристи ягонаи давлатии электронии иҷозатномаҳо-махзани ҷамъбастии маълумот ва иттилоот оид ба иҷозатномаҳое, ки дар низоми мустақим (он-лайн) дастрас мебошанд.

2. Феҳристи иҷозатномаҳо-маҷмӯи маълумот оид ба иҷозатномаҳои додашуда, азнавбарасмиятдаровардашуда, боздошташуда, барқароркардашуда, қатъкардашуда (бекоркардашуда), ки аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда пеш бурда мешавад.

3. Қоидаҳои пешбурди феҳристи ягонаи давлатии электронии иҷозатномаҳо ва қоидаҳои намунавии пешбурди феҳристи иҷозатномаҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 414).

Боби 14. Салоҳияти мақомоти иҷозатномадиҳанда ва бурдани назорат

1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда салоҳият доранд, ки:

- иҷозатнома диҳанд;

- ҳуҷҷатҳоеро аз иав ба расмият дароранд, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамоянд;

- мӯҳлати амали иҷозатномаҳоро дароз намоянд;

- амали иҷозатномаро боздоранд;

- амали иҷозатномаро барқарор созанд;

- иҷозатномаро бекор кунанд (дар мавридҳои пешбининамудаи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият");

- феҳристи иҷозатномаҳоро тартиб диҳанд;

- ба риоя гардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ аз ҷониби иҷозатномадор назорат кунанд.

2. Назорати аз ҷониби иҷозатномадор риоя гардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳиро мақомоти иҷозатномадиҳанда дар доираи салоҳияти худ анҷом медиҳад.

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ дорад фаъолияти иҷозатномадорро ҷиҳати мутобиқати он ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ санҷад. Санҷишҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" гузаронида мешавад.

4. Мақомоти давлатии назоратию тафтишотӣ, инчунин дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ӯҳдадоранд ба мақомоти иҷозатномадиҳанда аз хусуси камбудиҳои ошкоргардида ва тадбирҳои андешидашуда хабар диҳанд.

Боби 15. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба иҷозатномадиҳӣ

1. Зараре, ки бинобар беасос рад намудани доданн иҷозатнома ё вайрон намудани ҳукуқу манфиатҳои иҷозатномадор ба ӯ расонида шудааст, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

2. Бе иҷозатномаи дахлдор машғул шудан ба фаъолият ё риоя накардани шарту талаботи литсензионӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятии мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқараррагардида мегардад.

ҚИСМИ МАХСУС

ФАСЛИ II. НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТҲОИ УМУМИЕ, КИ БАРОИ АМАЛӢ НАМУДАНИ ОНҲО ИҶОЗАТНОМА ЗАРУР АСТ

Боби 16. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи имзоҳои рақамии электронӣ ва фаъолият дар соҳаи ҳифзи маълумот

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолият оид ба додани сертификатҳои калидҳои имзои электронии рақамӣ, ба қайд гирифтани соҳибони имзоҳои электронии рақамӣ, хизматрасонӣ вобаста ба тасдиқ кардани ҳаққонияти имзоҳои электронии рақамӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 203);

- фаъолият оид ба ошкор намудани таҷҳизоти электроние, ки барои махфӣ қабул намудани маълумот дар биноҳо ва воситаҳои техникӣ таъин гардидаанд (ба истиснои ҳолате, ки он барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ истифода шавад);

- фаъолият оид ба коркард ва истеҳсоли намудҳои маълуми воситаҳои ҳифзи иттилооти пинҳонӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 203);

- фаъолият оид ба ҳифзи техникии иттилооти пинҳонӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 203);

- фаъолият оид ба коркард ва истеҳсоли бо мақсади харидан ва фурӯхтани воситаҳои махсуси техникӣ тибқи Номгӯи (замимаи 4), ки барои ба даст овардани иттилоотро махфӣ истифода бурда мешаванд, фурӯши ин воситаҳо ва инчунин хариди онҳо бо мақсади фурӯш дар ҳолатҳое, ки ин намудҳои фаъолият аз тарафи соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқии ба соҳибкорӣ машғул буда, амалӣ гардонида мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 203).

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон.

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда иҷозатномаро баъди гузаронидани экспертизаи техникӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.

4. Талабот ва шартҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- фаъолият танҳо дар объектҳои аттестатсиякардашуда, ки ба меъёрҳо ва қоидаҳои ҳифзи техникии бехатарии иттилоот мутобиқанд, амалӣ шуда метавонад;

- асбобҳо, таҷҳизотҳои техникӣ ва электронӣ бояд ба мутобиқат сертификатсия карда шаванд, асбобҳо ҳамчунин дар мақомот оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия санҷида шаванд;

- ҳайати кормандон бояд аттестатсия карда шаванд ва ба маълумоти дорои сирри давлатӣ рухсат дошта бошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2015 № 257);

- санади экспертизаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои афканишоти электромагнитии иловагии шахсӣ мавҷуд бошад, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 203, аз 31.12.2014 № 830);

- нақшаи шабакаҳои муҳандисӣ (қувваи барқ, алоқа, обистифодабарӣ, обгардонӣ, бо гармитаъминкунӣ, сигнализатсияи зиддисӯхторӣ ва посбонӣ, шабакаи маҳаллии радиоӣ) мавҷуд бошад;

- бо ҳайати кормандони бо ихтисоси муҳандисию техникии дорои таҷрибаи корӣ бо системаҳои оператсионӣ, воситаҳои криптографии ҳифзи иттилоот, ҳамчунин бо воситаҳои техникии ҳифзи иттилоот таъмин бошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 203);

- бо маҷмӯи дастгоҳию барномавии сертификатсияшуда ва утоқҳои махсус ҷиҳати ҷойгиронии ин дастгоҳҳо барои фаъолияти маркази тасдиқкунанда таъмин бошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 203);

- роҳбарият ва кормандоне, ки ба маҷмӯи дастгоҳию барномавии истифодашаванда рухсат доранд, бояд рухсат ба сирри давлатӣ дошта бошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 203аз 29.04.2015 № 257);

- дорои рухсатнома барои гузаронидани корҳо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2015 № 257).

5. Иҷозатномадор вазифадор аст ҳангоми дар объектҳои фаъолияташ ошкор намудани вайронкунии меъёрҳо ва қоидаҳои ҳифзи техникии иттилоот ба Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳад.

Боби 17. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда, инчуннн савдои маҳсулоти мазкур

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2017 № 61)

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда, инчунин савдои маҳсулоти мазкур (қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2017 № 61).

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Барои гирифтани иҷозатнома намунаи маҳсулоти матбаавӣ, ки минбаъд тайёр карда мешавад, ҳамчун ҳуҷҷати иловагӣ ба мақоми давлатӣ пешниҳод карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830).

4. Шартҳо ва талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- риояи Талаботи махсуси технологии тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда, аз ҷумла тайёр кардани намунаҳо, шаклҳои чопкупӣ ва рақамгузории онҳо (замимаи 6) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2017 № 61);

- мавҷуд будани таҷҳизоти махсус ва технологияе, ки имконияти ҳимояи пурраи бланкаҳои маҳсулоти матбаавиро аз сохтакорӣ ва дигар сӯиистифодаҳо таъмин менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2017 № 61);

- мавҷуд будани мутахассисоне, ки дорои тахассуси дахлдор мебошанд;

- таъмин намудани нигоҳдории намунаҳои ҳамаи маҳсулоти тайёркардашудаи матбаавӣ;

- мавҷуд будани системаи ҳисобот ва шартҳо барои таъмини нигоҳдории маҳсулоти матбаавӣ дар вақти истеҳсол.

Боби 18. Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 31.12.2020 № 685)

Боби 19. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти аудиторӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти аудиторӣ.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда:

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - барои аудити биржаҳо, фондҳои ғайрибуҷетӣ, ташкилотҳои инвеститсионӣ, аудити умумӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.12.2017 № 579);

Бонки миллии Тоҷикистон - барои аудити ташкилотҳои қарзӣ, ташкилотҳои қарзии исломӣ ва ташкилотҳои суғуртавӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.12.2017 № 579).

3. Барои гирифтани иҷозатнома мавҷуд будани аттестасияи тахассусии аудиторӣ талаботи ҳатмӣ мебошад.

4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои аудити биржаҳо, фондҳои ғайрибуҷетӣ, ташкилотҳои инвеститсионӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ, аудити умумӣ:

- нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки доштани таҳсилоти олиро тасдиқ мекунанд;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки собиқаи на кам аз се соли кориро аз рӯи ихтисосҳои муҳосиб, иқтисодчӣ, тафтишотчӣ, корманди молия, андоз ва ҳуқуқшинос дар сурати доштани таҳсилоти олӣ ва собиқаи на кам аз панҷ соли кориро аз рӯи ҳамин ихтисосҳо дар сурати доштани таҳсилоти миёнаи махсус тасдиқ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.12.2010 № 646).

5. Талабот ва шартҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ барои аудити ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.12.2017 № 579):

- ба амал баровардани фаъолияти аудиторӣ танҳо аз тарафи ташкилотҳои аудиторӣ;

- амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ ба сифати навъи асосии фаъолият аз тарафи довталаби иҷозатнома (ташкилоти аудиторӣ);

- дар штати ташкилоти аудиторӣ мавҷуд будани на камтар аз 3 аудитор, ки дорои аттестати тахассусии аудитор мебошанд;

- мавҷудияти маълумоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқӣ барои аудиторон;

- мавҷудияти собиқаи кории на камтар аз 5 сол аз рӯи ихтисосҳои муҳосиб, ревизор, иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос, корманди молия дар соҳаи фаъолияти бонкӣ.

6. Аттестатсияи аудитҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Боби 20. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ).

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома: нусхаи ҳуҷҷатҳои кормандон, ки мавҷуд будани дониши касбӣ дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳиро (нархгузориро) тасдиқ менамоянд.

4. Талабот ва шартҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- дар номгӯи штатии шахси ҳуқуқӣ мавҷуд будани на камтар аз як корманд, ки дорои тахассуси дахлдор дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) мебошад.

Боби 21. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба иҷрои корҳои васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои таъмини аз сӯхтор пешгирӣ кардани биною иншоотҳо

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба иҷрои корҳои васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои таъмини аз сӯхтор пешгирӣ кардани биною иншоотҳо.

2. Фаъолияти иҷрои кори васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои аз сӯхтор пешгирӣ кардани биною иншоотҳо корҳои зеринро дар бар мегирад:

- коркарди конструксияи биною иншоот бо маводҳои ба оташ тобоваранда;

- васл, таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои автоматикӣ ва воситаҳои дастии оташнишонӣ;

- таъмин намудан бо воситаҳо ва маводи оташнишонӣ;

- гузаронидани экспертизаи восита ва маводҳои бо оташ тобоваранда ва оташнишонӣ.

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Боби 22. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи фурӯши аслиҳа ва лавозимоти он

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба фурӯши яроқи ғайринизомӣ ва хизматӣ, қисмҳо ва лавозимоти он.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда; Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Хуҷҷатҳои иловагие, ки барои гирифтани иҷозатномаи фаъолият дар соҳаи фурӯши аслиҳа, қисмҳои асосӣ ва лавозимоти он нисбати тамоми кормандон заруранд:

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ;

- маълумотномаи мақомоти тандурустӣ ҷиҳати дар қайди бемориҳои рӯҳӣ, нашъамандӣ ва майзадагӣ қарор надоштан;

- доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муомила бо силоҳи оташфишон;

- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ.

4. Шартҳо ва талаботи иловагӣ нисбат ба иҷозатномадор:

- мувофиқ будани бино ба меъёрҳо ва қоидаҳои нигоҳдории аслиҳа ва лавозимоти он;

- мавҷуд будани ҷевонҳои (сейфҳои) оҳанин барои нигоҳдории аслиҳа, кисмҳои асосӣ ва лавозимоти он;

- ба бинои фурӯшгоҳ роҳ додани танҳо шахсони аз 18-сола боло;

- мавҷуд будани шабакаҳои муҳандисӣ (қувваи барқ, алоқа, сигнализатсияи зиддисӯхторӣ ва посбонӣ).

Боби 23. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба таъмир ва ҳизматрасонии механизмҳои борбардорӣ, истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи таркидан, сӯхтан ва кимиёвӣ доранд

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардорӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);

- истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи таркидан, сӯхтан ва химиявӣ доранд.

2. Фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардор корҳои зеринро дар бар мегирад:

- васлкунӣ, танзим ва истифодабарии механизмҳои борбардор;

- гузаронидани муоинаи техникии механизмҳои борбардоре, ки мӯҳлати истифодабариашон гузаштааст.

3. Истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи таркидан доранд, корҳои зеринро дар бар мегирад:

- гирифтан, истифода бурдан, коркард, ба вуҷуд овардан, нигоҳ доштан, кашондан, безарар. гардонидани моддаҳое, ки метавонад омехтаи онҳо бо оксиген ё бо ҳамдигар хатари таркиш ба вуҷуд оварад (газҳои сӯзанда, моеъҳои тездаргиранда ва сӯзанда, моддаҳои чанг бавуҷудоваранда) моддаҳои сахт ва моеъе, ки қобилияти ҷудошавии худ ба худ ва таркиданро доранд;

- истеҳсоли металлҳои сиёҳ ва ранга ва истеҳсоли хӯлаҳо дар асоси гудозиши ин металлҳо (дар дастгоҳҳои технологӣ бо пур кардани на камтар аз 100 кг гудоза);

- истифодабарӣ, васлкунӣ, танзим ва таъмири таҷҳизоте, ки дар зери фишори зиёда аз 0,07 МПА ё ин ки бо дараҷаи гармии зиёда аз 115ш С об кор мекунад;

- гузаронидани назорати дастгоҳҳои техникӣ ва иншоотҳо дар объектҳои истеҳсолии хатарнок бо усули вайроннашаванда;

- ташхиси баллонҳо барои истифодабарӣ, нигоҳдорӣ ва кашонидани моддаҳои даргиранда, газҳое, ки зери фишори мӯътадил, ҳангоми якҷояшавӣ бо ҳаво ё бо ҳамдигар даргиранда мешаванд ва дараҷаи ҷӯшишашон дар вақти фишори мӯътадил 20ш С ё паст мебошад;

- иҷрои корҳои кӯҳӣ дар шахтаҳо, дигар объектхои зеризаминӣ, конҳои иктишофӣ, ки хатари ихроҷи газу чанг, афтиши ногаҳонии ҷмнсҳои кӯҳӣ, ангишт, газ ва хатари зарбаи кӯҳиро доранд;

- таъмини бехатарии истифодабарии иншоотҳо ва гузаронидани хизматрасонии техникии қубурҳои газӣ, стансияҳо ва нуқтаҳои газӣ (СГТ, ПГТ, НГТ).

4. Истифодабарии иншооти истеҳсолие, ки хавфи сӯхтан доранд, корҳои зеринро дар бар мегирад:

- хизматрасонии техникӣ, таъмир ва барқарорсозии хатҳои газгузар, иншоот ва дигар объектҳои зарурӣ барои истифодабарии шабакаҳои газӣ;

- корҳои кӯҳии зеризаминию рӯизаминӣ оид ба истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки майли худдаргирӣ дошта;

- корҳо дар дигар объектҳои кӯҳие, ки технологияи онҳо бурдани корҳои хавфи сӯхтанро пешбинӣ менамоянд, аз ҷумла бурдани корҳо мовобаста аз истихроҷи канданиҳои фоиданок;

- санҷиши қисми хаттии шоҳқубурҳо баъд аз анҷоми сохтмон ва таъмир;

- ташхиси қисми хаттии қубурҳои технологӣ, таҷҳизоти иншоотҳои доимии парки зарфҳо ва дигар таҷҳизоти объектҳои шоҳқубурҳо;

- истифодаи анбори нигоҳдории зеризаминии газ

- лоиҳакашӣ ва сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ.

5. Истифодабарии иншооти истеҳсолии хавфи кимиёвӣ дошта корҳои зеринро дар бар мегирад: гирифтан (истеҳсол) истифода бурдан, коркард ба вуҷуд овардан, нигоҳ доштан, кашондан, безарар кардани моддаҳои заҳрнок ва заҳрнокиашон баланд ва моддаҳое, ки ба муҳити зист хатар меоваранд.

6. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 414).

7. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардорӣ:

- хорич карда шуд  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);;

- рӯйхати мавҷуд будани иншооти борбардор бо нишондоди рақамҳои ба қайдгирифташуда, рақами заводӣ ва соли истеҳсол, инчунин нусхаи шиносномаҳои онҳо;

- нусхаи фармонҳои таъин намудани шахсони масъул ва хизматрасон оид ба бехатарона истифода бурдани механизмҳои борбардорӣ;

- нусхаи протоколи санҷиши дониши кормандони муҳандисию техникӣ ва коркунони хизматрасон оид ба донистани қоидаҳо ва дастурамалҳои бехатарона гузаронидани корҳо;

- маълумот оид ба ташкили назорати техникии идоравӣ;

- декларатсияи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок.

8. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ ҳангоми гирифтани иҷозатнома оид ба истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи таркидан доранд, истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи сӯхтан доранд ва истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи кимиёвӣ доранд:

- маълумот дар бораи кадрҳо ва тахассуси онҳо;

- хулосаи мусбии мақомоти корҳои дохилӣ ба системаи иҷозатдиҳӣ, ки онҳо ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- хулосаи мусбии экспертизаи бехатарии саноатӣ, ки онҳо ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- хулосаҳои мусбии мақомоти давлатии экспертизаи экологӣ ва санитарию эпидемологӣ  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- нусхаи шиносномаи техникии хавфи таркиш надоштаи иншооти истеҳсолаш хатарнок;

- нусхаи нақшаи пешгирӣ намудан ва бартараф намудани ҳолатҳои садамавӣ;

- нусхаи фармонҳои таъин намудани шахсони масъул ва хизматрасон оид ба истифодаи бехатарии иншоот, объектҳо ва бехатарона гузаронидани корҳо;

- маълумот дар бораи доштани регламентҳои техникии маҳсулоти истеҳсолшаванда ё дастурамалҳои технологии бо тартиби муқарарршуда тасдиқшуда;

- нусхаи протоколи санҷиши дониши кормандони муҳандисию техникӣ ва коркунони хизматрасон оид ба донистани қоидаҳои сохт ва бехатарона истифода бурдани ин объектҳо;

- маълумот оид ба ташкили назорати техникии идоравӣ;

- декларатсияи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок.

Боби 24. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ.

2. Фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ корҳои зеринро дар бар мегирад:

- экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмон, васеъкунӣ, таъмиркунӣ, аз нав таҷҳизонидан, таҷдиди техникӣ, муваққатан хобонидан ва барҳамдиҳии иншооти истеҳсолии хатарнок;

- экспертизаи дастгоҳҳои техникие, ки дар объектҳои истеҳсолии хатарнок истифода бурда мешаванд;

- экспертизаи бино ва иншоотҳо дар объектҳои истеҳсолии хатарнок;

- экспертизаи декларатсияи бехатарии саноатӣ.

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 24.07.2020 № 414).

4. Ҳуҷҷатхои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома оид ба экспертизаи бехатарии саноатӣ:

- дар штати шахси ҳуқуқӣ мавҷуд будани шумораи зарурии кормандон барои гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ, ки ба талаботҳои тахассусӣ мувофиқи самти экспертизаи гузаронидашаванда ҷавобгӯ мебошанд;

- соҳибкори инфиродӣ бояд таҳсилоти олии ба самти экспертизаи гузаронидашаванда мувофиқ дошта бошад;

- маълумот оид ба базаи меъёрию техникии ташкилот;

- нусхаи протоколи санҷиши дониши кормандони муҳандисию техникии ташкилот;

- декларатсияи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок.

Боби 25. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи истеҳсол, нигоҳдорӣ, истифода, паҳн кардан ва интиқол додани маводи таркандаи таъиноти саноатӣ; истеҳсол ва паҳн кардани маснуоти тарфгарӣ (пиротехникӣ)

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолият оид ба истеҳсол, нигоҳдорӣ, паҳн кардан, интиқол додан ва истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноатӣ;

- фаъолият оид ба истеҳсол ва паҳн намудани маснуоти тарфгарӣ (пиротехникӣ), ки ба кадастри давлатии маводи тарканда дохил шудаанд.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 24.07.2020 № 414).

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- маълумот дар бораи пурра таъмин будан ва дараҷаи ихтисоси кадрҳо, ташкили омӯзиш ва аз санҷиш гузаронидани мутахассисоне, ки фаъолияташон ба истеҳсолот, объектҳо ва корҳои хатарнок вобаста аст;

- хулосаҳои мусбии мақомоти давлатии экспертизаи экологӣ ва санитарию эпидемологӣ  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- хулосаи мусбии экспертизаи бехатарии саноатӣ, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- маълумот оид ба ташкили назорати техникии идоравӣ;

- маълумот оид ба мавҷуд будани лоиҳаи сохтмони анборҳои маводи тарканда;

- нусхаи санади қабули анбори маводи тарканда;

- маълумот оид ба мавҷудияти ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои тайёр намудани маводи тарканда ва масолеҳ аз онҳо;

- низомномаи роҳбарӣ оид ба корҳои таркиш (кор бо маводи тарканда);

- хулосаи мусбии мақомоти корҳои дохилӣ оид ба мутобиқати объектҳо, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- рӯйхати коргароне, ки бо маводи тарканда сару кор доранд;

- декларатсияи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок;

- нусхаи нақшаи пешгири намудан ва барҳам додани холатҳои садамавӣ;

- нусхаи фармонҳои таъин намудани шахсони масъул ва хизматрасон оид ба бехатарона истифода бурдани иншоот, объектҳо ва бехатарона гузаронидани корҳо;

- маълумот дар бораи доштани дастури технологии маҳсулоти истеҳсолшаванда ё дастурамалҳои техникии бо тартиби муқарраршуда тасдиқшуда;

- нусхаи протоколи санҷиши дониши кормандони муҳандисию техникӣ ва коркунони хизматрасон оид ба донистани қоидаҳо ва дастурамалҳои бехатарона гузаронидани корҳо;

- маълумот оид ба таҷҳизоти техникии ташкилот.

Боби 26. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи энергетика

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолият оид ба истеҳсол, коркард, истихроҷи нафт, газ ва истифодаи шабакаҳои иншооти нафтӣ ва газӣ  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- фаъолият оид ба нигоҳдорӣ ва фурӯши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси хукуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);

- фаъолият оид ба васл, танзим ва таъмири иншоотҳо ва таҷҳизоти энергетикӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);

- фаъолият оид ба истеҳсол, додан ва тақсим кардани энергияи барқ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад).

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда:

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти сохтмон ва таъмири иншоот вобаста ба энергетика  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- номгӯи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ, ки дар асоси онҳо намудҳои фаъолият иҷро карда мешаванд;

- хулосаи техникӣ барои гирифтани иҷозат ва шартҳои техникӣ барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи энергетика  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- маълумот дар бораи базаи истеҳсолӣ-техникӣ.

4. Шарт ва талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- мавҷудияти системаи назорати сифат;

- ҳолати дурусти таъминоти моддию техникӣ (аз ҷумла ҳолати техникии таҷҳизоти энергетикӣ ва дастгоҳҳои энергетикӣ);

- сатҳи тахассусию касбии кормандон бо дарназардошти дараҷаи таҳсилот, собиқаи корӣ дар фаолияти дахлдори энергетикӣ;

- риоя намудани тартиби муқарраргардида дар соҳаи истеҳсолот, интиқол, нигаҳдорӣ, коркард, ҳамлу нақл таксим, истихроҷ ва фурӯши захираҳои энергетикӣ ва энергия.

5. Мақомоти иҷозатномадиҳанда дар холати зарурӣ ҳуқуқ дорад, ки барои омӯзиш ва муоинаи фаъолияти давталаби иҷозатнома, коршиноси мустақилро ҷалб намояд.

6. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҷиҳати ҳалли фаврии масъалаҳое, ки бо иҷозатномакунонӣ вобаста аст, ҳуқуқ дорад воҳидҳои минтақавии худро ташкил кунад, ки онҳо чунин вазифаро иҷро менамоянд:

- қабули ибтидоӣ ва баррасии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозатнома;

- пешниҳоди маводҳо ба Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани иҷозатнома;

- бо дастури иҷозатномадеҳ санҷиши риоя гардидани шарт ва талаботҳои иҷозатномавӣ.

Боби 27. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи сохтмон

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмони биноҳо, ва иморату иншоот, аз ҷумла васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 24.07.2020 № 414).

3. Ҳуҷчатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- нусхаҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тахассуси ба талаботи иҷозатномадиҳӣ мутобиқаткунандаи соҳибкори инфиродӣ ё кормандони шахси ҳуқуқӣ;

- маълумот оид ба иморат ва биноҳои барои анҷомдиҳии фаъолияти иҷозатномашаванда доштани довталаб, ки бо ҳуқуқи моликият ё дар асоси дигари қонунӣ онҳоро истифода мебарад, бо зикри ном ва дигар реквизитҳои ҳуҷҷатҳо;

- хулосаи мусбии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолият оид ба барқарорсозии иншоотҳои мероси фарҳангӣ (ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ), ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830).

4. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳангоми иҷозатномадиҳӣ ҳуқуқ дорад ба ҳайати комиссияи иҷозатномадиҳӣ намояндагони ташкилотҳои касбию эҷодии соҳаи сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, экспертҳои мустақил, мутахассисони алоҳидаи баландихтисос, инчунин дигар шахсонро барои баҳрдиҳии мустақилонаи мутобиқати довталаби иҷозатнома (иҷозатномадор) ба талабот ва шартҳои иҷозатномавӣ ҷалб намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.03.2014 № 235).

Боби 28. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ.

2. Корҳое, ки мундариҷаи фаъолияти геодезиро ташкил медиҳанд;

- сохтмони (вусъати) шабакаҳои геодезии таҳиягоҳӣ;

- сохтмони нишонаҳои геодезӣ;

- гузоштани марказҳои геодезӣ;

- ташкилсозии шабакаҳои нақшаи баландиҳо;

- корҳои аэронаворгирӣ;

- корҳои нақшакашӣ;

- аксбардории роҳҳои алоқаи зеризаминӣ;

- аксбардории фототеодолитӣ;

- корҳои геодезии бо кӯчониш ба асл мутобиқкунонии коркарди муҳандисӣ-геодезӣ, геофизикӣ ва дигар нуқтаҳои тадкиқот алоқаманд.

3. Корҳое, ки мундариҷаи фаъолияти харитасозиро ташкил медиҳанд:

- истеҳсоли маводи кушодаи харитасозӣ (атласҳо, харитаҳои сиёсӣ-маъмурӣ; мавзӯӣ - бланкӣ ва дигар намуди харитаҳо);

- иҷозатдиҳӣ барои тартиб додан ва ба чоп тайёр намудани харитаҳои мавзӯӣ, махсус ва харитаҳои дигар;

- харитаи сайёҳӣ.

4. Мақомоти иҷозатномадиҳанда:

- Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба корҳое, ки ба сохтмон алоқаманд мебошанд (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 24.07.2020 № 414).

5. Ҳуҷчатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- маълумот дар бораи базаи техникӣ.

6. Шартҳо ва талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- мутобиқати интихоби методикаи корҳо, миқёси наворҳо ва буриши релеф ба санадҳои меъёрӣ;

- мавҷуд будани кадрҳои бомаҳорати иҷрокунанда;

- мавҷуд будани асбобҳои геодезӣ, ки дар Феҳристи давлатии воситаҳои ченак ба қайд гирифта шудаанд ва аз санҷиши эътимодноки давлатӣ гузаштаанд;

- мавҷуд будани таҳсилоти олӣ ва собиқаи кории на кам аз 3 сол дар ин ихтисос ё таҳсилоти миёнаи махсус бо собиқаи кории на кам аз 8 сол дар ин ихтисос.

7. Иҷозатнома ҷиҳати иҷрои корҳои геодезии аз тарафи ташкилоту муассисаҳои таълимӣ барои гузаронидани таҷрибаҳои амалии донишҷӯён, агар онҳо таъиноти истеҳсолӣ надошта бошанд, дода намешавад.

Боби 29. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба корҳои маркшейдерӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба корҳои маркшейдерӣ.

2. Фаъолият оид ба корҳои маркшейдерӣ корҳои зеринро дар бар мегирад:

- чен кардани фазои геометрии корҳои коркарди кӯҳӣ ва иншооти зеризаминӣ, муайян намудани параметрҳои онҳо, ҷойгиршавӣ ва мувофиқати онҳо ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;

- таҳқиқи ҳолати китъаҳои кӯҳкорӣ ва асоснок кардани ҳудудҳои онҳо;

- бурдани ҳуҷҷатгузории графикии корҳои кӯҳӣ;

- баҳисобгирӣ ва асоснок кардани ҳаҷми коркарди конҳо;

- муқаррар кардани минтақаҳои хавфнок ва чораҳои ҳифзи коркарди конҳо, иморатҳо, иншоотҳо ва объектҳои табиӣ аз таъсири корҳои ба истифодабарии қаъри замин вобаста.

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ ҳангоми гирифтани иҷозатнома:

- маълумот оид ба таҷҳизонида шудани ташкилот бо миқдори зарурии асбобу таҷҳизоти маркшейдерию геодезӣ, техникаи ҳисоббарорӣ бо нишон додани тамға ва навъ, инчунин нусхаи шаҳодатномаҳо, шиносномаҳои аттестатсияи онҳо, ки аз ташкилотҳои махсус гирифта шудаанд;

- маълумот дар бораи таъминоти хадамоти маркшейдерӣ бо бинои махсуси хизматии таҷҳизонидашуда бо нишон додани масоҳат ва таъминоти воқеӣ мувофиқи дастурамал оид ба гузаронидани корҳои маркшейдерӣ;

- маълумот дар бораи таъминоти хадамоти маркшейдерӣ бо асбобу лавозимоти ёридиҳанда, аз он ҷумла асбобҳои нақшакашӣ, таҷҳизоти аксбардорӣ, дафтари ҳисоби координатаҳо ва китобчаҳои саҳроӣ, қоғаз ва дигар лавозимот барои тайёр кардани планшетҳо, калка ва аксҳои рӯшноидиҳанда;

- номгӯи ҳуҷҷатҳои асосии меъёрию техникӣ (қоидаҳо, меъёрҳо, дастурҳо)-и мавҷудбуда оид ба масъалаҳои гузаронидани корҳои маркшейдерӣ;

- маълумот дар бораи тартиби мавҷудбудаи таъмир, тафтиш ва санҷиши асбоб ва лавозимотҳои маркшейдерӣ;

- ҳисоби шумораи даркории кормандони воҳиди маркшейдерӣ (муҳандис ва техник-маркшейдер, картограф ва коргари шӯъба), ки дар асоси талаботи дастурамали гузаронидани корҳои маркшейдерӣ тайёр карда шудаанд;

- штати тасдиқшудаи шӯъбаи маркшейдерӣ ва маълумот дар бораи пуршавии воқеии он;

- маълумот дар бораи мутахассисони хадамоти маркшейдерӣ (насаб, ном, номи падар, соли таваллуд, таҳсилот, собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос, вазифаи ишғолкарда, санаи аттестатсияи охирин);

- нусхаи рухсати бо тартиби муқарраргардида гирифташуда (барои шахсони воқеӣ) ба маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ мебошад;

- маълумот дар бораи талаботи асосӣ ҳангоми истифодабарии қаъри замин, ки тарзу усулҳои махсуси душвор ва фавқулдақиқи гузаронидани корҳои маркшейдериро талаб мекунад;

- маълумот дар бораи назорати идоравии гузаронидани корҳои маркшейдерӣ.

Боби 30. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи обуҳавосанҷӣ ва соҳаҳои ба он алоқаманд аз ҷумла, иҷрои корҳои фаъолона таъсир расонидан ба ҳодисоту раванди обуҳавосанҷӣ ва геофизикӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият дар соҳаи обуҳавосанҷӣ ва соҳаҳои ба он алоқаманд аз ҷумла, иҷрои корҳои фаъолона таъсир расонидан ба ҳодисоту раванди обуҳавосанҷӣ ва геофизикӣ.

2. Фаъолият дар соҳаи обуҳавосанҷӣ намудҳои зерини корҳоро дарбар мегирад:

- муайян намудани мушахассоти метеорологӣ, иқлимӣ, аэрологӣ, гидрологӣ ва агрометеорологӣ;

- тайёр кардан ва ба истифодабарандагон пешниҳод намудани иттилооти пешгӯишуда ва ҳолати ҷорӣ;

- ташаккул додан ва ба роҳ мондани махзани маълумот дар соҳаи гидрометорологӣ, сохаҳои ба он алоқаманд ва мониторинги сифати муҳити зист;

- муайян намудани дараҷаи олудагии (аз ҷумла, радиоактивӣ) муҳити табиӣ (ҳавои атмосфера, хок, обҳои сатҳӣ);

- барои истифодабарандагон тайёр кардан ва пешгӯӣ кардани иттилооти таҳлилӣ ва ҳисобӣ оид ба ҳолати муҳити табиии зист ва олудагии он (аз ҷумла, олудагии радиоактивӣ);

- насб кардан, таъмир, пешгӯӣ ва тафтиши асбобу таҷҳизоти _ таъиноти гидрометеорологӣ.

3. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 24.07.2020 № 414).

4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- маълумот доир ба базаи меъёрию техникӣ;

- мавҷуд будани сертификати мутобиқати таҷҳизот ва асбобҳо.

5. Шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- мавҷуд будани шахсони дорои таҳсилоти тахассусӣ ва собиқаи кории на камтар аз 3 сол дошта;

- мавҷуд будани асбобу таҷҳизоти зарурӣ барои иҷрои корҳо;

- мавҷуд будани аттестати бо тартиби муқарраргардида додашудаи аккредитатсияи иҷрои корҳо дар соҳаи обухавосанҷӣ ва мониторинги оифати муҳити табиии зист барои иҷозатномагиранда;

- ба мақомоти иҷозатномадиҳанда ва сохторҳои ҳудудии он бетаъхир расонидани маълумот оид ба ҳолати муҳити табиии зист, олудашавии он, ҳолатҳои фавқулоддаи хислати техногенӣ дошта, ки ба муҳити табиии зист таъсири манфӣ расонидааст (мерасонад, ё мумкин аст расонад);

- бо тартиби муқарраргардида ба маркази наздиктарини обуҳавосанҷӣ расонидани маълумоти фаврие, ки дар натиҷаи мушоҳидаҳо, ё иттилооти таъҷилӣ ба даст оварда шудааст;

- ба Фонди ягонаи маълумотҳо оид ба ҳолати муҳити табиии зист расонидани иттилооти соҳаи обуҳавосанҷӣ ва мониторинги муҳити табиии зист ва олудашавии он.

Боби 31. Хусусиятхои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба ҷамъоварӣ, истифодабарӣ, безараргардонӣ, кашонидан ва ҷойгиркунонии партовҳои хатарнок

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба ҷамъоварӣ, истифодабарӣ, безараргардонӣ, кашонидан ва ҷойгиркунонии партовҳои хатарнок.

2. Фаъолият оид ба муносибат бо партовҳои хатарнок корҳоро оид ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, истифодабарӣ, безараргардонӣ ва дафнкунии партовҳои хатарнок дарбар мегирад.

3. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830).

4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома;

- хулосаи мусбии мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ;

- хулосаи мусбии мақомоти оташнишонӣ, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- хулосаи мусбии мақомоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ - дар ҳолати иҷро намудани фаъолияти вобаста ба партовҳои хатарнок, ҳангоми истихроҷ ва коркарди ашёи хоми минералӣ, инчунин дар қаъри замин ҷой кардани партовҳои хатарнок, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- хулосаи мусбии мақомоти геология дар холати таъсири партовҳо ба обҳои зериземинӣ ва канданиҳои фоиданок, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ.

5. Шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- мавҷуд будани тайёрии тахассусии бо шаҳодатнома (сертификат) тасдиқёфта оид ба ҳуқуқи кор бо партовҳои хатарнок барои шахсони ба фаъолияти кор бо партовҳои хатарнок иҷозат додашуда;

- дар ихтиёри иҷозатномадор дар асоси қонунй мавҷуд будани биноҳои истеҳсолӣ, иншооти ҷойгиркунии партовҳо, таҷҳизоти ба меъёрҳо ва талаботҳои техникӣ ҷавобгӯ, воситаҳои нақлиёти барои анҷом додани намуди фаъолияти иҷозатномашаванда зарурӣ;

- дар ихтиёри иҷозатномагиранда мавҷуд будани воситаҳои назорат ва ченак, ки риоя кардани меъёрҳои таъсиррасонии ҷоизро ба муҳити зист ҳангоми иҷрои фаъолияти иҷозатномашаванда, тасдиқ менамоянд.

6. То қабули қарор дар бораи додани иҷозатнома мақомоти иҷозатномадиҳанда экспертизаи маводи пешниҳодшударо бо муайян намудани пурра ва эътимодбахш будани онҳо, бо талаботи экологии дар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ нишондодашуда мувофиқат доштани шароити иҷрои фаъолияти кор бо партовҳои хатарнок, анҷом медиҳад.

Боби 32. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти фармасевтӣ, истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолияти фармасевтӣ (тайёр ва истеҳсол кардани доруворӣ ва воситаҳои косметикӣ, истеҳсоли молу техникаи тиббӣ, фурӯши доруворӣ ва молҳои тиббӣ, истеҳсол ва фурӯши хӯроквории табобатию профилактикӣ);

- фаъолият оид ба истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизасионӣ.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 27.08.2008 № 443, аз 24.07.2020 № 414).

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома барои ин намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:

- нусхаи хуҷҷатҳое, ки ҳуқуки истифодаи биноҳои истеҳсолиро тасдиқ мекунад (барои тайёр ва истеҳсол);

- хулосаи мусбии мақомоти санитарию эпидемиологӣ  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- хорич карда шуд  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008 № 443);

- нусхаҳои дипломи таҳсилот ва дафтарчаи меҳнатӣ;

- сетификати мутахассис, ки омодагии касбии онҳоро, барои анҷом додани навъи мушахасси фаъолияти фармасевтӣ тасдиқ мекунад;

- нусхаи аслии иҷозатномаи қаблан додашуда ё дубликати он (ҳангоми аз нав ба расмият даровардани иҷозатнома).

4. Барои гирифтани иҷозатнома оид ба тайёр ва истеҳсол кардани маводи доруворӣ ва воситаҳои косметикӣ, истеҳсоли хӯроквории табобатию профилактикӣ ва истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизасиякунонӣ ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар банди 3 ин боб нишондодашуда, ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:

- нусхаи санади қабули иқтидори истеҳсолӣ (барои субъектҳои иҷозатномагирандаи навтаъсис) ё ин ки санади санҷиши истеҳсолот (барои ташкилотҳои амалкунанда), ки мақомоти иҷозатномадиҳанда медиҳад;

- дастури бакорандозӣ ё саноатӣ барои истеҳсолоти фармасевтии навбунёд мутобиқи стандартҳо ва талаботи муқарраршуда (барои истеҳсол дар дорухона дастур оид ба тайёр кардани маводи доруворӣ);

- нусхаи хуҷҷатҳое, ки мутобиқати таҷҳизотро барои анҷом додани, фаъолияти фармасевтӣ ва фаъолият оид ба истеҳсоли молҳои тиббӣ, маҳсулоти ғизоии табобатию профилактикӣ, воситаҳои косметикӣ ва истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизасиякунониро тасдиқ мекунад (барои субъектқои навтаъсис);

- харитаи дараҷаи техникии технологи ва сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, маҳсулоти ғизоии табобатию профилактикӣ, маводи косметикӣ ва истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизасиякунонӣ;

- шаҳодатномаи таъмини ҳолати метрологӣ, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- маълумотномаи мавҷудияти системаи дохилии санҷиши сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, маҳсулоти ғизоии табобатию профилактикй, маводи косметикй ва истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизасиякунонӣ;

- мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зарурӣ (патентҳо, шаҳодатномаҳо ва ғайраҳо), ки истеҳсоли маводи доруворӣ, воситаҳои косметикӣ ва молҳои тиббӣ, маҳсулоти ғизоии табобатию профилактикӣ, маводи косметикӣ ва истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизасиякунониро иҷозат медиҳад.

5. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зарурии меъёрию техникӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирӣ (ҳангоми истеҳсолот);

- мавҷуд будани мутахассисон барои амалӣ намудани фаъолияти номбурда ва на камтар аз 1 бор дар муддати 5 сол такмил додани ихтисоси кормандони ба фаъолияти фармасевтӣ машғулбуда;

- риояи меъёр ва талаботҳои санитарӣ;

- иҷрои меъёрҳо ва талаботи муқарраргардидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нисбат ба фаъолияти фармасевтӣ ва муомилоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, маҳсулотҳои истеъмолии ғизоии табобатию профилактикӣ ва воситаҳои косметикӣ, инчунин воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизасионӣ.

6. Талаботи махсус нисбати объектҳо, таҷҳизот ва мутахассисон мутобиқи регламентҳои технологӣ ва дигар хуҷҷатҳои меъёрие, ки бо тартиби муқаррашуда тасдиқ шудаанд, муайян карда мешаванд.

7. Экспертиза, азназаргузаронии иншоотҳо, тестикунонӣ ва аккредитатсиякунонии таҷҳизоти истифодашаванда пеш аз иҷозатномадиҳӣ гузаронида мешавад.

Боби 33. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба хизматрасонии техникии техникаи тиббӣ ва фаъолият оид ба истифодаи ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- хизматрасонии техникии техникаи тиббӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);

- фаъолият оид ба истифодаи ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 414).

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома:

- хулосаи мусбии мақомоти санитарию эпидемиологӣ;

- хорич карда шуд  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- нусхаҳои дафтарчаи меҳнатӣ, дипломи таҳсилот ва сертификати мутахассис;

- маълумот дар бораи дараҷаи касбӣ доштани мутахассисоне, ки масъули хизматрасонии техникии техникаи тиббӣ мебошанд.

4. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- риоя кардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ оид ба истифодабарии таҷҳизоти тиббӣ, ҳуҷҷатҳои истифодабарӣ ва инчунин ҳуҷҷатҳои ташкилию меъёрӣ оид ба хизматрасонии техникии таҷҳизоти тиббӣ;

- доштани кормандони довталаби иҷозатнома, ки барои хизматрасонии техникии техникаи тиббӣ масъуланд, таҳсилоти олӣ ё миёнаи техникӣ, тиббӣ ё фарматсевтӣ ва дар ихтисоси дахлдор собиқаи кории на камтар аз 3 сол;

- на камтар аз 1 бор дар муддати 5 сол такмил додани ихтисоси кормандони ба фаъолияти хизматрасонии техникии техникаи тиббӣ ва истифодаи ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда машғулбуда;

- мутобиқ будани бино, таҷҳизот ва дастгоҳҳои назоратию ченкунӣ ба меъёрҳои техникии намудҳои фаъолияти номбаршуда.

5. Тартиби гузаронидани аттестатсияи кормандони ба фаъолиятҳои дар боло номбаршуда ва додани сертификати мутахассисро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 414).

6. Талаботи махсус нисбати объектҳо, таҷҳизот ва мутахассисон мутобиқи регламентҳои технологӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки бо тартиби муқарраршуда тасдиқ шудаанд, муайян карда мешаванд.

Боби 34. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба ҷамъоварӣ ва тайёр намудани ашёи хоми доруворӣ

1. Номгӯи намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба ҷамъоварӣ ва тайёр намудани ашёи хоми доруворӣ.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008 № 443, аз 24.07.2020 № 414).

3. Иҷозатномадиҳӣ вобаста ба фаъолият оид ба ҷамъоварӣ ва тайёр намудани ашёи хоми доруворӣ, тибқи квотаи ҳар сол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда дода мешавад.

4. хорич карда шуд  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830).

Боби 35. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти хусусии тиббӣ

1. Номгӯи намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти хусусии тиббӣ.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008 № 443, аз 24.07.2020 № 414).

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома:

- хулосаи мусбии мақомоти санитарию эпидемиологӣ;

- хорич карда шуд  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008 № 443);

- шаҳодатнома дар бораи баҳисобгирии махсус, ки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад барои фаъолият оиди расонидани ёрии ортопедӣ-протезӣ;

- руйхати намудҳои хизматрасонии тиббӣ;

- нусхаҳои хуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи довталаби иҷозатномаро барои истифодаи биноҳои истеҳсолӣ тасдиқ мекунанд;

- нусхахои дафтарчаи мехнатй ва дипломи тахсилот, сертификати мутахассис, ки омодагии касбии онҳоро барои анҷом додани навъи мушахасси фаъолияти тиббӣ тасдиқ мекунанд.

4. Шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- такмили ихтисоси кормандони иҷозатномадор на камтар аз як бор дар 5 сол;

- ду маротиба дар як сол пешниҳод намудани ҳисобот дар бораи фаъолияти тиббӣ.

5. Тартиби гузаронидани аттестатсияи кормандони тиббӣ ва додани сетификати мутахассисро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 414).

6. Талаботи махсус нисбати объектҳо, таҷҳизот ва мутахассисон мутобиқи регламентҳои техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки бо тартиби муқаррашуда тасдиқ шудаанд, муайян карда мешаванд.

Боби 36. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ва фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолият оид ба киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропӣ;

- фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо (таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридот ва содирот).

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда:

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти муомилоти қонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар соҳаи тандурустӣ истифодашаванда (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008 № 443, аз 24.07.2020 № 414).

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - вобаста ба фаъолияти муомилоти қонунии прекурсорҳо.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома:

- хулосаи мусбии мақомоти корҳои дохилии дахлдор оид ба ҷавобгӯ будани объектҳо барои нигоҳ доштани воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- маълумотномаи мақомоти корҳои дохилӣ оид ба доғи судӣ надоштани шахсоне, ки ба воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо рухсат доранд;

- маълумотномаи хадамоти наркологӣ ба шахсоне, ки ба воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо рухсат доранд;

- фармони роҳбари ташкилот оид ба таъини шахсони масъул, ки ба воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо рухсат доранд;

- ҳуҷҷати тахассусии шахсоне, ки ба воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ вапрекурсорҳо рухсат доранд;

- ҳангоми киштукори растаниҳои нашъаовар бо мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ, хулосаи мусбии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба мақсаднок будани фаъолияти мазкур (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 24.07.2020 № 414);

- маънидод намудани зарурати истифодаи прекурсорҳо дар истеҳсолот.

4. Барои гирифтани иҷозатнома барои истеҳсоли воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ довталаби иҷозатнома бо таври илова хуҷҷатҳои зерринро пешниҳод менамояд:

- дастури бакорандозӣ ё истеҳсолӣ барои истеҳсолоти фармасевтии навбунёд мутобиқи меъёрҳо ва талаботи тасдиқнамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои истеҳсол дар дорухона - дастур оид ба тайёр кардани маводи доруворӣ)  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 414) ;

- нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқати таҷҳизотро барои анҷом додани фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ тасдиқ мекунад (барои субъектҳои навбунёд);

- харитаи дараҷаи техникӣ ва сифати воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ;

- шаҳодатномаи таъмини ҳолати метрологӣ, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- маълумотномаи мавҷудияти системаи дохилии назорати сифати воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропии истеҳсолшаванда, ки аз тарафи мақомоти ваколатдор оид ба анҷом додани назорати давлатии фаьолияти фармасевтӣ дода шудааст;

- маълумот дар бораи бо мутахассисони махсус пурра таъмин будани истеҳсолот, ки ба фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ ҳуқуқи машғул шуданро доранд;

- доштани шартнома бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба нигохдории объектҳое, ки ба истеҳсоли воситаҳои нашъаовар машғуланд.

5. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- барои дорухона нусхаи иҷозатнома оид ба фаъолияти фармасевтӣ;

- ҳар се моҳ додани ҳисобот оид ба гирифтан ва сарф кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо;

- пешниҳод кардани маълумот оид ба содирот ва воридоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дар муддати 10 рӯз;

- нусхаи шартнома бо маҳсулотсупорандагони воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ.

6. Талаботи махсус нисбати объектҳо, таҷҳизот ва мутахассисон мутобиқи регламентҳои технологӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки бо тартиби муқарраршуда тасдиқ шудаанд, муайян карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008 № 443).

Эзоҳ: Муқаррароти боби мазкур нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мубориза мебаранд ва муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ, вобаста ба экспертизаи воситаҳои нашъаовар татбиқ намегардад.

Боби 37. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият вобаста ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда (манбаъҳои ҳосилкунанда)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2020 № 465)

1. Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият вобаста ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда (манбаъҳои ҳосилкунанда).

2. Фаъолияти мазкур корҳои зеринро дар бар мегирад, ки онҳо дар замимаи иҷозатнома қайд карда мешаванд:

- ба муомилот баровардани (фурӯши) таҷҳизоти ҳосилкунандаи афканишоти иондоркунанда;

- гузаронидани ташхис ва муолиҷаи рентгенӣ;

- истифодаи манбаъҳои ҳосилкунандаи афканишоти иондоркунанда дар фаъолияти илмӣ ва таълимӣ;

- истифодабарии таҷҳизотҳои рентгении назоратӣ (бағоҷи дастӣ, интиқоли бор тавассути нақлиёт);

- истифодаи суръатфизои хаттии электронҳо;

хизматрасонии техникии (васл ва таъмир) таҷҳизоти ҳосилкунандаи афканишоти иондоркунанда;

- хизматрасониҳои назорати дозиметрӣ, сифати таҷҳизот, дозиметрияи инфиродӣ; - таълим ва омӯзиш дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ.

3. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- хулосаи санитарию эпидемиологӣ;

- нусхаи фармоиш дар бораи таъин намудани шахси масъул оид ба бехатарии радиатсионӣ ва кормандоне, ки бо манбаъҳои афканишоти иондоркунанда сару кор доранд (гурӯҳҳои А ва Б);

- нусхаи дипломи тахассусӣ;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи омӯзиш оид ба бехатарии радиатсионӣ;

- барномаи бехатарии радиатсионӣ;

- нақшаи эътино ба ҳолатҳои садамавӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2020 № 465).

Боби 37(1). Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2020 № 465)

1.Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ.

2. Фаъолияти мазкур корҳои зеринро дар бар мегирад, ки онҳо дар замимаи иҷозатнома қайд карда мешаванд:

- лоиҳакашӣ, гузаронидани баҳодиҳӣ ва асосноккунии техникию иқтисодии консерватсиякунӣ ва солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва ҳудудҳои бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгардида;

- гузаронидани корҳои консерватсиякунӣ ва солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва ҳудудҳои бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгардида;

- коркарди пешакӣ, коркард ва хурдҳаҷмгардонии партовҳои радиоактивӣ;

- интиқол, нигоҳдории муваққатӣ ва дарозмуддати партовҳои радиоактивӣ;

- аз истифода баровардани объекти радиатсионии хатарнок.

3. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- хулосаи санитарию эпидемиологӣ;

- хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ;

- хулосаи системаи иҷозатдиҳии мақомотҳои корҳои дохилӣ;

- хулосаи мақомоти оташнишонӣ, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад;

- нусхаи фармоиш дар бораи таъин намудани шахси масъул оид ба бехатарии радиатсионй ва кормандоне, ки бо манбаъҳои афканишоти иондоркунанда сару кор доранд (гурӯҳҳои А ва Б);

- нусхаи дипломи тахассусӣ;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи омӯзиш оид ба бехатарии радиатсионӣ;

- баҳодиҳии бехатарии корҳои солимгардонӣ;

- баҳодиҳии таъсир ба муҳити зист ва асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи консерватсиякунй ва солимгардонии маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ;

- барномаи бехатарии радиатсионӣ;

- лоиҳаи солимгардонӣ ва нақшаи амалигардонии он;

- нақшаи эътино ба ҳолатҳои садамавӣ;

- чораҳо оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;

- маълумот дар бораи воситаи нақлиёт ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи омӯзиш оид ба бехатарии радиатсиони ронанда (ҳангоми ҳамлу нақли партовҳои радиоактивӣ) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2020 № 465).

Боби 37(2). Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият вобаста ба воридоту содирот, истеҳсол, фурӯш, истифода, ҳамлу нақл, коркард, нигоҳдории муваққатӣ ва дарозмуддати моддаҳои радиоактивӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2020 № 465)

1.Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият вобаста ба воридоту содирот, истеҳсол, фурӯш, истифода, ҳамлу нақл, коркард, нигоҳдории муваққатӣ ва дарозмуддати моддаҳои радиоактивӣ.

2. Фаъолияти мазкур корҳои зеринро дар бар мегирад, ки онҳо дар замимаи иҷозатнома қайд карда мешаванд:

- воридот, содирот ва транзити моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивии кушода ва пӯшида ба ҳудуди ҷумҳурӣ;

- истифодабарии моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивии пӯшида;

- истифодабарии моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивии кушода;

- нигоҳдории муваққатии моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивӣ;

- нигоҳдории дарозмуддати моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивӣ;

- ҳамлу нақли моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивӣ;

- пешкаш намудани хизматрасонии техникии (васл ва таъмири) асбоб ва таҷҳизоте, ки моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивӣ доранд.

3. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- хулосаи санитарию эпидемиологӣ;

- хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ (ҳангоми истифода намудани моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивии кушода);

- хулосаи системаи иҷозатдиҳии мақомотҳои корҳои дохилӣ;

- хулосаи мақомоти оташнишонӣ, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад;

- нусхаи фармоиш дар бораи таъин намудани шахси масъул оид ба бехатарии радиатсионӣ ва кормандоне, ки бо манбаъҳои афканишоти иондоркунанда сару кор доранд (гурӯҳҳои А ва Б);

- нусхаи дипломи тахассусӣ;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи омӯзиш оид ба бехатарии радиатсионӣ;

- баҳодиҳии бехатарии корҳо вобаста ба моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивӣ; - барномаи бехатарии радиатсионӣ;

- маълумот оид ба ташкили системаи муҳофизати ҷисмии моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивӣ (вобаста ба дараҷаи хатарнокӣ);

- нақшаи эътино ба ҳолатҳои садамавӣ;

- чораҳо оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;

- ҳуҷҷат дар бораи он, ки ҳангоми ворид кардани моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивӣ ба мамлакат, баргардонидани он ба содиркунанда ё имконияти ба нигаҳдории дарозмуддат супоридани он таъмин карда мешавад;

- маълумот дар бораи воситаи нақлиёт ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи омӯзиш оид ба бехатарии радиатсиони ронанда (ҳангоми ҳамлу нақли моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивӣ) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2020 № 465).

Боби 38. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи нақлиёт

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва иншооти роҳ;

- фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ;

- фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти роҳи оҳан (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад ва набаромадан ба роҳи оҳани истифодаи умум);

- фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан;

- фаъолияти терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ.

2. Фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ корҳои зеринро дар бар мегирад:

- мусофиркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар дохили ҷумҳурӣ (шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ) ва байналмилалӣ;

- боркашонӣ бо нақлиёти автмобилӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ;

- фаъолияти нақлиётӣ-экспедитсионӣ дар нақлиёти автомобилӣ.

3. Фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти роҳи оҳан корҳои зеринро дар бар мегаирад:

- мусофиркашонӣ дар роҳҳои магистралӣ;

- боркашонӣ дар роҳҳои магистралӣ;

- боркашонӣ дар роҳҳои фаръии роҳи оҳан;

- фаъолияти нақлиётӣ-экспедитсионӣ дар нақлиёти роҳи оҳан;

4. Фаъолияти терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ корҳои зеринро дар бар мегиранд:

- фаъолияти автовокзалҳо ва вокзалу стансияҳои роҳи оҳан;

- фаъолияти саристгоҳҳо ва истгоҳҳои автомобилӣ (бидуни истгоҳҳои сайрхатҳои дохилишаҳрӣ);

- фаъолияти қароргоҳҳои автомобилӣ;

- фаъолияти терминалҳои боркашонии дохилӣ ва байналмилалӣ.

5. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 24.07.2020 № 414).

6. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома:

1) барои фаъолияти мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар дохили ҷумҳурӣ:

- нусхаи шаходатномаи ронандагӣ барои фаъолияти мусофиркашонӣ соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ ба синни 21 расида бошад ва на камтар аз 3 сол собиқаи ронандагӣ дошта бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2008 № 179);

- нусхаи шаходатнома дар бораи бақайдгирии воситаи нақлиёт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- нусхаи талони муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаи нақлиёт (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2014 № 702);

- нусхаи шартномаи иҷораи воситаҳои нақлиёт ва гувоҳнома (агар боркашонӣ ё мусофиркашонӣ тавассути воситаи нақлиётии дигар шахс иҷро карда шавад);

- маълумот оид ба базаҳои истеҳсолӣ-техникӣ (барои муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ);

2) барои фаъолияти мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти автомобилии байналмилалӣ:

- нусхаи шиносномаи хориҷӣ;

- нусхаи шаҳодатномаи ронандагии мувофиқ бо намунаҳои байналмилалӣ;

- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии воситаи наклиёт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- нусхаи дафтарчаи МДП (ТИР-КАРНЕТ) дар асоси Конвенсияи гумрукӣ оид ба боркашонии байналмилалии автомобилӣ бо истифодабарии китобчаи МДП (минбаъд - Конвенсияи МДП), дар ҳолате, ки боркашонӣ дар асоси системаи ТИР-КАРНЕТ иҷро карда мешавад;

- маълумот оид ба роҳ додани воситаи нақлиётии автомобилӣ ба боркашонии байналмилалии автомобилӣ бо мӯҳр ва тамғаи гумрукӣ, тибқи талаботи Конвенцияи МДП;

3) фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти роҳи оҳан:

- нусхаи сертификати таркиби ҳаракаткунандаи нақлиёти роҳи оҳан;

- нусхаи шаҳодатномаи машинисти таркиби ҳаракаткунанда;

- нусхаи паспорти техникӣ ва санади санҷиши роҳи оҳан ва роҳи фаръии роҳи оҳан;

- нақшаи роҳи фаръии роҳи оҳан дар ҳар стансияи буриш;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба молики роҳи фаръӣ будани довталаби иҷозатнома ва ё ин ки шартнома оид ба истифодабарии он;

- шартнома бо стансия оид ба истифодабарии роҳи магистралӣ ва фаръии роҳи оҳан (барои фаъолияти нақлиётӣ-экспедитсионӣ);

- маълумот оид ба базаҳои истеҳсолӣ-техникӣ (барои корхонаҳо ва муассисаҳои нақлиёти роҳи оҳан);

4) барои фаъолияти терминалҳои мусофиркашонӣ:

- маълумот оид ба мавҷудияти базаи истеҳсолию техникӣ (аз ҷумла, намуди терминал, перрон, қароргоҳ барои истодани воситаҳои нақлиёт, мавҷудияти нуқтаи гузаронидани муоинаи техникии автобусҳо ва муоннаи тиббии ронандагон пеш аз баромадан ба хатти сайр, хадамоти маълумотдиҳию иттилоотӣ, операторӣ ва диспетчерӣ);

- маълумот оид ба нақшаи хатҳои сайр ва ҷадвали ҳаракати автобусҳо дар хатҳои сайр;

- маълумот оид ба мавҷудияти хизматарсонии маишию маданӣ ва санитарию беҳдоштӣ ба мусофирон, ронандагон ва кормандони терминал, аз ҷумла ҷои нигоҳдории бағоҷ, утоқи дамгирии ронандагон, толори,интизорӣ, хазинаи чиптафурӯшӣ, утоқи диспетчерон, биноҳои маъмурӣ, утоқ барои модару кӯдак, меҳмонхона барои терминалҳои байналмилалӣ ва ғайраҳо);

- маълумотоид ба риояи қоидаҳои умумии бехатарӣ;

5) барои фаъолияти терминалҳои боркашонӣ:

- маълумот оид ба базаи моддию техникӣ (маълумот оид ба мавҷудияти иуқтаҳои гузаронидани муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт, мавҷудияти қароргоҳҳо ва стансияҳо, анборҳои мувофиқ барои нигоҳдории борҳо, мавҷудияти механизмҳои боркунию-борфарорӣ, хадамоти маълумотдиҳию иттилоотӣ, операторӣ ва диспетчерӣ);

- хорич карда шуд  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- маълумот оид ба мавҷудияти хизматарсонии моддию маданӣ, санитарию беҳдоштӣ;

- маълумот оид ба риояи қоидаҳои умумии бехатарӣ;

6) барои хизматрасонии техникӣ ва таъмир:

- маълумот оид ба базаи истеҳсолию техникӣ (мавҷудияти постҳо барои иҷрои корҳои муайян);

- маълумот оид ба корҳои иҷрошаванда;

- хулосаи санитарию эпидемиологӣ  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830).

7) барои фаъолияти роҳдорӣ:

- маълумот оид ба базаҳои истеҳсолӣ-техникӣ, аз ҷумла техникаҳои дигари дар асоси шартнома ҷалбкардашуда (шартномаи иҷораи техникаҳои роҳсозии ғайриҳудӣ);

- маълумот оид ба риояи коидаҳои бехатарии меҳнат, экология, зиддисӯхторӣ ва беҳдошти санитарӣ;

- маълумот оид ба ҳайати роҳбарон;

- маълумот оид ба системаи назорати сифат дар ташкилот;

- хорич карда шуд  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- хорич карда шуд  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830).

- хулосаи санитарию эпидемиологӣ  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830).

7. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- риояи шарту талаботҳои техникӣ, санитарӣ-экологӣ, қоидаҳои бехатарии меҳнат, зиддисӯхторӣ ва беҳдошти санитарӣ;

- риояи меъёру стандартҳои байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;

- риояи талаботи сархати якуми зербандн 1 банди 6 боби 38 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2008 № 179);

- мутобиқати сатҳи тахассусии иҷозатномадор ва кормандони ӯ ба меъёрҳо ва стандартҳои амалкунанда;

- ба меъёру талаботҳои муқарраршуда мутобиқат кардани объектҳое, ки бо ёрии онҳо намуди фаъолияти иҷозатномашаванда амалӣ карда мешавад (воситаҳои нақлиёт, воситаҳои техникӣ, таҷҳизотҳо, иншоотҳо ва ғайра);

- мутобиқати корҳои иҷрошуда ба меъёр ва талаботҳои муқарраршуда;

- риояи коидаҳои ҳамлу нақли бор, мусофирон ва багоҷ (риояи хати сайр, ғунҷоиш, сарборӣ ба тири воситаи нақлиёт ва андозаҳои габаритии борҳои кашондашаванда, мавҷудият ва мувофиқати хуҷҷатҳои ҳамлу нақл ва ғайра) барои ҳамлу нақл;

- мавҷудият ва ҷавобгӯ будани базаи моддӣ-техникӣ (аз ҷумла, перрон, қароргоҳ, нуқтаи гузаронидани муоинаи техникии автобусҳо ва муоинаи тибии ронандагон пеш аз баромадан ба хати сайр, хадамоти маълумотдиҳию иттилоотӣ, операторӣ ва диспетчерӣ), хизматарсонии маишию маданӣ ва санитарию беҳдоштӣ ба мусофирон, ронандагон ва кормандони терминал (аз ҷумла, ҷои нигоҳдории бағоҷ, утоқи дамгирии ронандагон, толори интизорӣ, хазинаи чиптафурӯшӣ, утоқи диспетчерон, утоқ барои модару кӯдак, меҳмонхона барои терминалҳои байналмилалӣ ва ғайраҳо), нақшаи хатҳои сайр ва ҷадвали ҳаракати автобусҳо дар хатҳои сайр ба шарту талаботҳои муқарраршуда - барои терминалҳои мусофирбарӣ;

- мавҷудият ва ҷавобгӯ будани базаи моддӣ-техникӣ, аз ҷумла нуқтаҳои гузаронидани муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт, мавҷудияти қароргоҳҳо ва стансияҳо, анборҳои мувофиқ барои нигоҳдории борҳо, мавҷудияти механизмҳои боркунию борфарорӣ, хадамоти маълумотдиҳию иттилоотӣ, операторӣ ва диспетчерӣ, хизматрасонии маданию маишӣ ва санитарию беҳдоштӣ ба меъёру стандартҳои амалкунанда - барои терминалҳои боркашонӣ ва фаъолияти нақлиётӣ-экспедитсионӣ;

- ҷавобгӯ будани корҳои иҷрошуда ба дараҷаи масъулиятнокӣ - барои фаъолияти роҳдорӣ.

8. Вобаста ба имконияти довталаби иҷозатнома ва иҷро намудани корҳои дараҷаи вазниниаш муайяншуда дар фаъолияти роҳдорӣ ҳангоми иҷозатномадиҳӣ сатҳи масъулиятнокӣ мувофиқи "Тартиби муайян намудани сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда дар фаъолияти роҳдорӣ" муқаррар карда мешавад (замимаи 1).

9. Ронандагон-соҳибкорони инфиродӣ мустақиман тавассути иҷозатнома фаъолият менамоянд. Ронандагони корхонаҳо ва муассисаҳои нақлиётие, ки фаъолияти мусофиркашонӣ ё боркашониро таввассути воситаҳои нақлиёти мансуб ба моликияти ин муассиса ва ташкилот анҷом медиҳанд, инчунин ронандагоне, ки тибқи шартнома бо корхонаҳо ва муассисаҳои нақлиётии мазкур ҳамкорӣ менамоянд, дар асоси иҷозатномаи ин муассиса ва ё ташкилот фаъолият менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2014 № 702).

10. Фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки мусофирбарӣ ё боркашониро амалӣ менамоянд, тавассути варақаи назоратӣ, ки ҷузъи ҷудонашавандаи иҷозатномаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои фаъолияти нақлиётӣ буда, ба ҳар як воситаи нақлиёт ба мӯҳлати иҷозатнома ва бемузд дода мешавад, танзим мегардад.

Дар варақаи назорати силсила ва рақами иҷозатнома, номи иҷозатномадор, намуди фаъолият, мӯҳлати фаъолияти иҷозатномадор нишон дода шуда бо имзо ва мӯҳри роҳбари мақомоти иҷозатномадиҳанда тасдиқ карда мешавад. Тамға ва рақами давлатии воситаи нақлиёт дар варақа аз ҷониби иҷозатномадор нишон дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2014 № 702).

11. Хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2014 № 702).

12. Ҳангоми гузаронидани озмоишҳо, ченкуниҳо, санҷишҳо, боркашии воситаҳои нақлиёт оид ба мувофиқат кардани сарборӣ ба тир ва ғайра кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд аз таҷҳизот ва асбобҳое, ки мувофиқи стандарти давлатӣ (ГОСТ) аз санҷиши давлатӣ гузаштаанд, истифода баранд (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 24.07.2020 № 414).

13. Дар асоси натиҷаҳои санҷиш ва озмоиши воситаҳои нақлиёт ҳангоми муайян намудани ҳолатҳои бе иҷозатнома амалӣ кардани фаъолияти иҷозатномашаванда, риоя накардан ва дағалона вайрон намудани шарту талаботҳои иҷозатномадиҳӣ кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зеринро амалӣ менамояд: санадҳо, рапортҳо ва протоколҳо тартиб медиҳанд; огоҳнома медиҳад; қарор қабул намуда, иҷозатномадорро барои бартараф кардани камбудиҳо дар вақти муқарраршуда ӯҳдадор менамояд; чораҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро татбиқ менамоянд; амали иҷозатномаро то бартараф кардани камбудиҳои муайяншуда боз медоранд. Маводҳои тартибдодашуда (санад, рапорт, протокол) бояд хусусияти объективӣ, пуррагӣ ва саҳеҳӣ дошта бошад, инчунин бо хуҷҷатҳои дахлдор асоснок карда шуда бошад (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 24.07.2020 № 414).

14. Ҳангоми тартиб додани протокол дар он бояд инҳо дарҷ карда шаванд: вақт ва макони тартибдиҳӣ, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси тартибдиҳандаи протокол, вақти содиршавӣ ва моҳияти ҳуқуқвайронкунӣ, санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки барои ҳуқуқвайронкунии мазкур ҷавобгариро муқаррар менамояд. Протокол аз ҷониби шахси содиркунандаи ҳуқуқвайронкунӣ ва тартибдиҳандаи он имзо карда мешавад. Ҳангоми тартиб додани протокол оиди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳуҷҷатҳои бақайдгирии воситаи нақлиёт то бартараф кардани ҳуқуқвайронкунӣ гирифта мешавад ва дар хусуси гирифтани он ба ронанда варақаи муваққатии техникӣ дода мешавад.

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 24.07.2020 № 414)

Боби 39. Хусусиятхои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти ҳавоӣ;

- фаъолият оид хизматрасонии техникӣ ҳангоми парвози нақлиёти ҳавоӣ;

- фаъолият оид ба ба таъмир ва хизматрасонии техникии нақлиёти хавоӣ;

- фаъолияти терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ.

2. Мусофиркашонӣ бо нақлиёти ҳавоӣ ва боркашони бо нақлиёти ҳавоӣ намудҳои зерини корҳоро дар бар мегимра.

- мусофиркашонӣ ва боркашонии мунтазами дохилӣ бо нақлиёти ҳавоӣ;

- мусофиркашонӣ ва боркашонии мунтазами байналмилалӣ бо нақлиёти ҳавоӣ;

- мусофиркашонӣ ва боркашонии ғайримунтазами (чартерии) дохилӣ ва байналмилалӣ бо нақлиёти ҳавоӣ;

- фаъолияти агентӣ оид ба фурӯши мусофиркашонии интиқоли авиатсионӣ;

- бо хӯрокворӣ таъмин намудани мусофирони (экипажи) киштиҳои ҳавоӣ.

3. Фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ хангоми парвози нақлиёти ҳавоӣ намудҳои зерини корҳоро дар бар мегирад:

- таъминоте, ки бевосита ба парвоз ва нишасти ҳавопаймо вобаста аст (аэродромӣ, электросветотехникӣ, радиотехникӣ, метеорологӣ, штурманӣ, орнитологӣ, ҷустуҷӯӣ ва садамивию наҷотдиҳӣ, таъмини идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, иттилооти аэорнавигатсионӣ, бехатарии авиатсионӣ);

- таъмини муҳандисию авиатсионии ҳавопаймо;

- таъмини ҳавопаймо бо сӯзишвории авиатсионӣ.

4. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2018 № 534).

5. Параметрҳои иҷозатнома барои мусофиркашони ва боркашонии мунтазами (ғайримунтазами) дохилӣ ва байналмилалӣ бо нақлиёти ҳавоӣ инҳо мебошанд:

- намудҳои интиқол (мусофиркашонӣ, боркашонӣ, борумусофиркашонӣ);

- навъи ҳавопаймо;

- намуди хизматрасонии пешниҳодшуда (фурӯш, бронкунии интиқол);

- дараҷаи (категорияи) интиқол (мунтазам, дохилӣ, байналмилалӣ).

6. Интиқолдиҳандагони авиатсионӣ, ки ба интиқоли ғайримунтазами (чартерии) авиатсионӣ иҷозатнома доранд, ҳуқуқи ташкили фурӯши инфиродии интиқоли мусофирон (бор), аз он ҷумла ба сифати сарборӣ гирифтани бор дар ҳавопайморо бе розигии мақомоти иҷозатномадиҳанда надоранд.

7. Иҷозатномадиҳии фаъолияти мусофиркашонӣ ва боркашонии мунтазам ва ғайримунтазами (чартерии) байналмилалӣ бо нақлиёти ҳавоӣ дар асосҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

- санадҳои ҳуқуқии байниҳукуматӣ дар бораи истифодаи фазои ҳавоӣ, ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудааст;

- шартномаҳо, протоколҳо, меморандум ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки байни мақомоти авиатсионӣ оид ба иҷрои парвозҳо баста мсшаванд:

- иҷозати махсус, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ дода мешавад.

8. Иҷозатнома ба ҳуқуқи иҷрои интиқоли мунтазам ва ғайримунтазами ҳавоии байналмилалӣ ба ташкилотҳои авиатсионие дода мешавад, ки коди серамзии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ ( минбаъд - IСАО) ва ҳуҷҷатҳои интиқолии бо тартиби муқарраршуда бақайдгирифташударо дошта бошанд.

9. Ташкилотҳои авиатсионӣ, ки коди серамзии IСАО -ро надоранд ҳангоми гирифтани иҷозатнома барои ҳуқуқи иҷрои интиқоли байналмилалӣ (чартерӣ) метавонанд коди серамзии ташкилотҳои авиатсионии дорои ҳамин хел бақайдгириро бо шартҳои қарордодӣ истифода баранд.

10. Иҷозатнома барои ҳуқуқи иҷрои интиқоли мунтазами байналмилалӣ ба ташкилотҳои авиатсионие дода мешавад, ки онҳо таҷрибаи кориро дар хатҳои ғайримунтазами ҳавоии на камтар аз як сола дошта бошанд. Дар ин ҳолат сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, интиқоли мунтазам ва конеъ гардонидани талабот ба хизматрасонӣ дар хати парвоз ба назар гирифта мешавад.

11. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад додани иҷозатнома барои ҳуқуқи иҷрои интиқоли мунтазам ва ғайримунтазами (чартерии) байналмилалиро дар асоси озмун ба амал барорад.

12. Интиқолдиҳандаи авиатсионӣ, ки иҷозатнома барои ҳуқуқи иҷрои интиқоли мунтазами байналмилалиро дар хати парвоз гирифтааст, соҳиби статуси ташкилоти авиатсионии аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиншуда мегардад.

13. Иҷозатнома ба ҳуқуқи иҷрои мунтазами интиқоли авиатсионии байналмилалӣ ба соҳибаш ҳуқуқ медиҳад, ки рейсҳои иловагии ғайримунтазамро (чартериро) дар хати парвози мазкур низ иҷро намояд.

14. Иҷозатнома барои ҳуқуқи иҷрои интиқоли мунтазам ва ғайримунтазами (чартерии) авиатсионии байналмилалӣ ба ташкилоти авиатсионӣ бо шарти бо шартномаи суғуртавӣ ҷуброн кардани зарари ба саломатӣ ва молу мулки мусофирон ва соҳибони бор расонидашуда, ки дар Конвенсияи соли 1955 Варшавагӣ пешбинӣ шудааст, инчунин таъмини ҷавобгарии суғуртавӣ дар назди шахсони сеюм, ки бо Конвенсияи соли 1952 Римӣ муайян шудаанд, ё дигар андозаҳои бо давлати хориҷӣ мувофиқагардида, дода мешавад.

15. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти ҳавоӣ:

Иҷозатнома барои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти ҳавоӣ ба шахсоне дода мешавад, ки онҳо бояд:

- сертификати амалкунандаи истифодабарандаи аз ҷониби мақомоти ваколатдори авиатсияи гражданӣ додашударо дошта бошанд;

- нисбати шаҳрвандон ва шахсони хориҷии ҳуқуқӣ сертификатҳои истифодабаранда ва ё ҳуҷҷатҳои ба он монанде эътироф карда мешаванд, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ дода шуда, ба талаботҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҷавобгӯ мебошанд;

- ҳавопаймое истифода бурда мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар давлат ба қайд гирифта шудааст ва сертификати амалкунандаи мутобиқати аз ҷониби мақомоти ваколатдор ё давлатии хориҷӣ дода шудаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида, дошта бошад;

- намудҳои суғуртаи ҳатмиро бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;

- хулосаи мусбии мақомоти назорати санитарии эпидемиологиро дошта бошад;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қобилияти иқтисодию молиявии дархосткунандаро ҷиҳати иҷро намудани фаъолияти иҷозатномадиҳӣ дошта бошад.

16. Барои мусофиркашонию боркашонии байналмилалӣ довталаби иҷозатнома бояд ҳуҷҷатҳои иловагии зеринро пешниҳод намояд:

- шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии ташкилоти авиатсионӣ дар ИКАО;

- рамзи сеҳарфаи IСАО барои мақсадҳои истифодабарӣ;

- руйхати муқарраргардидаи ҳуҷҷатҳои боркашонӣ ва мусофиркашонӣ барои барасмиятдароии боркашонӣ ва мусофиркашонии байналмилалӣ;

17. Иҷозатнома барои ҳуқуқи фаъолияти агентӣ оид ба фурӯши ннтиқоли авиатсионӣ ба довталаби иҷозтнома дар сурати мавҷуд будани инҳо дода мешавад:

- биноҳои худӣ (ё ба иҷора гирифташуда), ки бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои алоқа муҷаҳҳаз буда, ба анҷом додани фурӯш ва бронкунонии боркунонии тиҷоратӣ дар ҳавопаймои иитиқолдиҳандаи авиатсионӣ имконият медиҳанд;

- системаи муҳофизатии сигналдиҳӣ;

- ҳайати сертификатсияшуда;

- шартаюма (қарордод) ба ҳуқуқи фаъолияти агентӣ (субагентӣ) бо на камтар аз як интиқолдиҳандаи авиатсионӣ.

18. Иҷозатнома талаб карда намешавад, агар интиқолдиҳандаи авиатсионӣ мустақилона фурӯши интиқоли авиатсиониро бо рейсҳои, аз ҷониби ҳавопаймоҳои ин интиқолдиҳанда иҷрошаванда, иҷро намояд.

19. Иҷозатнома барои ҳуқуқи таъмини мусофирони (экипажи) ҳавопаймо бо хӯрока ба довталаби иҷозтнома дар сурати мавҷуд будани инҳо дода мешавад:

- биноҳои худии (ба иҷора гирифташудаи) бо таҷҳизоти зарурӣ таҷҳизонидашуда;

- ҳайати шахсӣ, ки сертификати дахлдор доранд;

- шумораи зарурии зарфҳо;

- хулосаи мусбии мақомоти санитарию эпидемиологӣ;

- сертификати мутобиқати маҳсулоти хӯрокворӣ ва ашёи хоми озуқавӣ;

- шартнома (қарордод) бо на камтар аз як интиқолдиҳандаи авиатсионӣ оид ба иҷрои ин намуди таъминот.

20. Иҷозатнома ба фаъолият оид ба хизматрасонни техникии ҳангоми парвози нақлиёти ҳавоӣ ба намудҳои зерини корҳо дода мешавад:

- таъмини аэродром - ҳангоми мавҷуд будани:

- шаҳодатнома дар бораи бақайдгирӣ ва ба истифода мувофиқ будани аэродром (сертификати мутобиқат);

- воситаҳои механикӣ барои таъмир ва нигоҳдории аэродром;

- таъмини барқию рӯшноии техникӣ ва радиотехникӣ - дар ҳолати доштани воситаҳои худии барқию рӯшноии техникӣ, радиотехникӣ ва воситаҳои алоқа;

- таъмини идораи ҳаракати ҳавоӣ-дар ҳолати доштани объектҳо ва воситаҳои техникии хадамоти ҳаракати ҳавоӣ (минбаъд - УВД), ки ба нуқтаҳои диспечерии УВД дар минтақаи аэродром (аэроузел) дода шудааст ва ё дар таҷҳизоти системаи авиатсияи гражданӣ қабул гардидааст;

- таъминоти метереологӣ - дар ҳолати доштани таҷҳизоти авмометереологии худӣ ё дар асоси шартҳои қарордодӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба гидрометереологии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашаванда;

- таъмини корҳои ҷустуҷӯӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ - дар ҳолати доштани воситаҳои садамавию наҷотдиҳӣ. Ба ғайр аз ин, таъминн намудҳои мазкур, инчунин таъмини штурманӣ, оринитологӣ, таъмини маълумоти аэронавигатсионӣ бояд дар ҳолати мавҷуд будани гурӯҳҳои дахлдори мутахассисони (воҳидҳои, хадамоти) дорои ҳуҷҷатҳои зарурии тахассусӣ (диплом, шаҳодатнома ва ғ.), ки ҳуқуқи иҷрои ҳар яки ин намуди таъминотро медиҳанд, амалӣ карда мешавад;

- таъмини беҳатарии авиатсионӣ ҳангоми мавҷуд будани:

барномаи (программаи) таъмини бехатарии авиатсионӣ;

иҳота доштанн атрофи фурӯдгоҳ (аз ҷумла минтақаи кори радиомаякҳои самтнома ва глиссадӣ, иншоотҳои УВД, таҷҳизотҳои радио ва светотехникии аэродромҳо, иншоотҳои таъминоти сӯзишвории авиатсиони ва амборҳои тиҷоратӣ) бо навиштаҷоти пешгирикунанда, ки ба зонаҳои назоратии мазкур дохил шуданро манъ мекунанд, бо ташкили пунктҳои назоратӣ-иҷозатдиҳӣ ва амали режими иҷозатдиҳӣ;

иҳотаи иловагӣ кашидан ба иншоотҳои таъминоти сӯзишвории авиатсионӣ ва амборҳои тиҷоратӣ дар зонаҳои назоратии фурудгоҳҳо;

биноҳои махсус, нуқтаҳои (пунктҳои) азназаргузаронии аъзои экипаж, ҳайати хизматрасон, мусофирон (борҳои дастӣ), боғоҷ, аз он ҷумла хизматрасонӣ бо воситаи толорҳои махсус барои намояндагон ва толори VIP, захираҳои бортӣ, муросилот ва бор, инчунин толорҳои интизоршавӣ барои мусофироне, ки аз назар гузаронида шудаанд;

равшаникунии муҳофизатӣ дар истгоҳҳои ҳавопаймоҳо, ҳудуди иншоотҳои алоҳидаи аэропорт ва нуқтаи гузаргоҳи назоратӣ;

биноҳои махсуси бо воситаҳои зарурии алоқа таҷхизонидашуда барои роҳбарии амалиёт оид ба батартибдарории ҳолатҳои фавқулодда, ки ба мудохилакунии ғайриқонунӣ ба фаъолияти авиатсияи гражданӣ вобаста аст;

истгоҳҳои махсус, ки барои ба ҳавопаймо хизмат расонидан дар ҳолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти авиатсияи гражданӣ мудохила кардан ҷудо карда шудааст;

хизмати бехатарии авиатсионии бо мутахассисон таъминшуда, ки дорои хуҷҷатҳои зарурии тахассусие мебошанд (диплом, шаҳодатнома ва ғ.), ки ҳуқуқи иҷро намудани таъминоти мазкурро медиҳанд.

- таъмини ҳавопаймо бо сӯзишвории авиатсионӣ-ҳагоми мавҷуд будани:

иншоотҳои худӣ (иҷоравӣ), иншоотҳое, ки дар он сузишворӣ нигоҳ дошта мешавад (анбор, системаи марказонидашудаи бо сӯзишворӣ таъмин намудани ҳавопаймо (ЦЗС), мошинҳои махсус (ТЗ, МЗ) ва дигар воситаҳои бо сӯзишворӣ таъминкунӣ, ки дар асоси меъёрҳои амалкунанда муҷаҳҳаз гардонида шудаанд;

лабораторияҳои худии (иҷоравии) назорати сифати маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ;

воҳидҳое (хадамоте, гурӯҳи мутахассисоне), ки ҳайати шахсии онҳо дорои хуҷҷатҳои зарурии тахассусии (диплом, шаҳодатнома ва ғ,) ба талаботи дар нақлиёти ҳавоӣ қабулшуда мутобиқро дошта бошад.

21. Қобилияти дархосткунанда, ки намудҳои мазкури таъминоти техникӣ ва технологиро иҷро мекунад, бояд бо сертификати мутобиқат, ки Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додаст, тасдиқ карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2018 № 534).

22. Иҷозатнома ба фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи авиатсионӣ метавонад ҳангоми мавҷуд будани инҳо дода шавад:

- сохтори истеҳсолии (ташкилотҳои ТОиР) худи (ба иҷора гирифташуда) ва таҷхизоти зарурии заминӣ барои амалигардонии хизматрасонии техникӣ ва таъмири ҳавопаймо ва дигар техиикаи авиатоионӣ;

- системаи назорати худӣ (ба иҷора гирифташуда) ва баҳисобгирии сифати хизматрасонии техникӣ, ки ба муқаррароти дар нақлиёти ҳавоӣ қабулгардида мувофиқат мекунад ва пурраю самаранокии назоратро таъмин мекунад;

- фонди гардон (қисмҳои эҳтиётӣ, маҳсулоти пуркунанда, равған ва моеъҳои махсуси молиданӣ, маводҳои харҷшаванда ва ғ.) ва риоя намудани тартиби пуркунонии он, ки ба иҷро намудани намудҳои хизматрасонии техникии ин ё он намуди хавопаймо ё дигар техникаи авиатсионӣ имконият медиҳад;

- системаи таъминоти иттилоотии худӣ (ба иҷора гирифташуда), ки бо хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи авиатсионӣ алоқаманд аст.

23. Қобилияти дархосткунанда, ки намудҳои мазкури таъминоти муҳандисӣ-авиатсиониро иҷро мекунад, бояд бо сертификати мутобиқат, ки Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додаст, тасдиқ карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2018 № 534).

Боби 40. Хориҷ карда шуд  (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 31.12.2020 № 685)

Боби 41. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти туристӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда фаъолияти туристӣ

Ба фаъолияти туристӣ корҳои оид ба ташкили саёҳат, экскурсияҳо ва хизматрасонии ба он вобаста дар самтҳои туризми воридотӣ, содиротӣ ва дохилӣ (агентии туристӣ, туроператорҳо ва ташкилотҳои экскурсионӣ, меҳмонхонаҳо, кемпингҳо, ки бевосита бо ташкили фаъолияти туристӣ машғуланд) ворид мегарданд.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 24.07.2020 № 414);

3. Талабот ва шартҳои иҷозатномадиҳӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти туристӣ барои шахси ҳуқуқӣ ва ӯҳдадориҳои довталабон;

- дар воҳиди кории шахси ҳуқуқӣ мавҷуд будани як нафар корманди дорои таҳсилоти махсус дар соҳаи туризм ва ё бо таҷрибаи кории на кам аз 3 сол дар ҳамин соҳа;

- на камтар аз як маротиба дар се сол такмили ихтисоси кормандони шахси ҳуқуқӣ, ки бевосита бо ташкили саёҳат, экскурсияҳо ва хизматрасонии ба он алоқаманд машғуланд;

- мавҷуд будани утоқи хизматии хусуси ва ё иҷоравӣ бо таҷҳизоти дахлдор;

- танҳо баъд аз ба имзо расонидани шартнома (контракт) бо мизоҷон, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат мекунанд, амалӣ намудани хизматрасонии туристӣ;

- дастрас намудани маълумоти пурра ба ҳар як турист оид ба хусусиятҳои ба хориҷа рафтан, ворид гардидан ва будубош дар давлати хориҷӣ, оид ба қоидаҳои рафтор ва интизом дар вақти сафари туристӣ ба хориҷа;

- ба истеъмолкунандаи хизматрасонии туристӣ дастрас намудани маълумоти пурра оид ба реҷаи кории ташкилкунандаи хизматрасонии туристӣ, суроғаи ҳуқуқии он, мавҷуд будани иҷозатнома, насаб, ном ва номи падари шахсони мутасаддӣ, ки дар пеш бурдани самтҳои мушаххаси фаъолияти туристӣ масъуланд;

- нусхаи шартнома бо ташкилоти суғуртавӣ доир ба суғуртаи сайёҳон;

- мавҷуд будани системаи таъмини бехатарӣ, расонидани ёрии тиббӣ ва дигар кӯмакҳо ҳангоми ҷароҳат бардоштан, беморӣ ва дар дигар ҳолатҳо ба туристон.

4. Талабот ва шартҳои иҷозатномадиҳӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти туристӣ барои соҳибкорони инфиродӣ:

- омодагии касбӣ, шаҳодатномаи тахассусӣ ва таҷрибаи ташкили хатсайрҳои туристӣ;

- хатсайри туристии таҳиягардида;

- маълумотномаи тиббӣ оид ба ҳолати саломатӣ.

5. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ пас аз гирифтани иҷозатнома ҳангоми ташкили хизматрасонии туристӣ, сайёҳони хориҷшаванда ва дохилиро бо роҳҳатҳои шаклашон ягона таъмин менамоянд. Барои сайёҳони воридшаванда реестри ташрифи сайёҳи хориҷӣ ҷорӣ карда мешавад. Роҳхатҳои шаклашон ягона ва реестри ташрифи сайёҳони хориҷӣ бо мақсади ташкили омори дақиқи хизматрасонии туристӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумх,урии Тоҷикистон таҳия ва назорат карда мешавад. Роҳхатҳои шаклашон ягона ҳуҷҷати ҳатмие мебошанд, ки аз бастани шартнома байни ташкилотҳои туристӣ ва сайёҳон шаҳодат медиҳанд (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 24.07.2020 № 414);

6. Субъектҳои фаъолияти туристии дорои иҷозатнома баъд аз ташкили саёҳати шаҳрвандон ба хориҷи кишвар ва ё қабули сайёҳони хориҷӣ ба мақомоти ваколатдори соҳа ҳисоботи хаттӣ пешниҳод менамоянд.

7. Барои гирифтани иҷозатнома довталаб бояд ҳуҷҷатҳои иловагии зеринро пешниҳод намояд:

- ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани филналҳо, намояндагиҳо ва иншоотҳои шахси ҳуқуқиро дар минтақаҳои алоҳида, ки аз тариқи онҳо фаъолияти туристӣ амалӣ карда мешавад, нусхаи низомномаҳо, фармонҳо доир ба таъини роҳбарон, боваринома ба роҳбар, суроға, суратҳисоби бонкӣ;

- барои шахси ҳуқуқи ва воқеии хориҷи сертификати аз ҷониби мақомоти нотариалӣ тасдиқнамудаи давлати хориҷӣ ё мақоми ваколатдор барои машғул шудан ба фаъолияти туристӣ, ки аз салоҳияти шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ шаҳодат медиҳад ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (легализатсия) карда шудаанд ё апостил гузошта шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.11.2015 № 700).

Боби 42. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти кормандони масъули патентӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти кормандони масъули патентӣ.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома:

- нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти олӣ;

- қарори комиссияи аттестатсионӣ.

4. Шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- доштани таҳсилоти олӣ дар соҳаи ҳуқуқ, илмҳои техникӣ ё табиатшиносӣ;

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.07.2013 № 301);

- шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будан.

Эзоқ: Таҳти мафҳуми "корманди масъули патентӣ" дар ин боб "намояндаи патентӣ" фаҳмида мешавад.

Боби 43. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба тайёр кардан, коркард ва фурӯши пораву партови металлҳои сиёҳ ва ранга

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: Фаъолият оид ба тайер кардан, коркард ва фурӯши пораву партови металлҳои сиёҳ ва ранга.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830).

3. Дар ҳолати амалӣ намудани фаъолият аз ҷониби иҷозатномадор дар якчанд ҳудуди ҷудогона, иҷозатномаи алоҳида дода намешавад. Маълумот дар бораи чунин ҳудудҳо (суроға, телефон ва гайра) бояд дар варақаи иҷозатнома нишон дода шаванд.

4. Талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- мавҷуд будани хулосаи экспертии мақомоти иҷозатномадиҳанда оид ба мувофиқ будани шароити фаъолият ба талаботҳои муқарраршуда;

- маълумот дар бораи таъмини техникӣ ва технологии намуди дархостшудаи фаъолият.

Боби 44. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- ба фаъолияти бокортаъминкунӣ хизматрасонӣ ҷиҳати мусоидат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷустуҷӯи кори пардохтшаванда берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла гирифтани иҷозат барои кор дар давлати хориҷӣ ва ё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бастани шартномаҳои меҳнатӣ бо корфармоёни хориҷию ватанӣ мансуб мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.07 № 518);

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Хадамоти муҳоҷирати Вазорати Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.07 № 518, аз 5.07.2014 № 461).

3. Аз рӯи зарурият Хадамоти муҳоҷирати Вазорати Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукуқ дорад оид ба гузаронидани экспертизаи мустақили хуҷҷатҳои пешниҳодгардида қарор кабул намояд. Дар ин сурат қарори додан ё надодани иҷозатнома дар мӯҳлати 15 рӯз аз лаҳзаи гирифтани хулосаи экспертӣ, вале на дертар аз 30 рӯз аз рӯзи пешниҳоди ариза ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ қабул карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.07 № 518), аз 5.07.2014 № 461).

4. Хуҷҷатҳои иловагӣ оид ба гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- нусхаи иҷозатномаи корфармои хориҷӣ доир ба ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷӣ ба кор, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори ин давлат дода шудааст (агар дар ин давлат ин фаъолият иҷозатнома кунонида шавад);

- шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикисгон ариза, иқтибоси тасдиқ (легализатсия) кардашуда ё апостил гузошташудаи феҳристи тиҷоратии давлати ҷойи истиқомат ва ё дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи статуси ҳуқуқии худро мутобиқи қонунгузории давлати ҷойи истиқомат дар лаҳзаи таъсиси шахси ҳуқуқӣ бо тасдиқи нотариалии тарҷумаи ҳуҷҷатҳои мазкур бо забони тоҷикӣ (русӣ) пешниҳод менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.07 № 518, аз 5.07.2014 № 461аз 27.11.2015 № 700).

5. Шарту талаботҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати иҷрои фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолият оиди бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар ҷадвали штатии довталаби иҷозатнома мавҷуд будани на кам аз як воҳиди кории мутахассиси дорои таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи ҳуқуқшиносӣ;

- мавҷуд будани бино, таҷҳизот, махзани маълумоти таъминкунандаи алоқаи мунтазам бо биржаи меҳнатй;

- вазъи молиявии қаноатбахш.

- хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.07.2014 № 461)

6. Субъекти хоҷагидоре, ки барои иҷрои фаъолияти бокортаъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома гирифтааст, ӯҳдадор аст шартҳои зеринро риоя намояд:

- анкетаҳои ташкили манбаи маълумотии номзадҳо барои таъмини кор дар хориҷаро ройгон ба қайд гиранд ва ба шаҳрвандон пешниҳод намояд;

- муҳоҷирони меҳнатирр бо тартиби амалкунандаи давлати хориҷӣ ҷиҳати бо кор таъминкунии шаҳрвандони хориҷӣ дар ин давлатҳо ва муқаррароти қонунгузории муҳоҷират шинос намояд;

- бастани шартномаи меҳнатиро байни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корфармои хориҷӣ таъмин намояд ё бо супориши онҳо шартномаҳои меҳнатиро аз номи худ ба имзо расонда ба ҳар як нафар мухоҷири меҳнатӣ пеш аз сафар супорад;

- мутобиқи тартиби муқарраршуда барасмиятдарории шиносномаи хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои кор ба хориҷа мераванд, таъмин намояд;

- ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки хоҳиши дар хориҷа иҷро намудани кори музднокро дорад бо шартҳои ҳамин Низомнома шинос намуда, суроға ва рақами телефонҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ дастрас намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.07 № 518, аз 5.07.2014 № 461);

- нусхаҳои шартномаҳои меҳнатии бо иштироки ӯ байни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корфармои хориҷӣ басташуда ва инчунин дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷаро маҳфуз дорад;

- ҳар семоҳа тибқи тартиби муқарраршуда ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи харитаи баҳисобгирии омории муҳоҷирони меҳнатӣ ҳисобот пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.07 № 518);

- то бастани шартномаи меҳнатӣ байни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корфармои хориҷӣ, ғайр аз ҳаққи хизматрасонии бо кор таъминкунӣ пешпардохт нарӯёнад;

- ҳатман пас аз гирифтани иҷозатнома дар давоми як сол фаъолияти бо кор таъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷа амалӣ намояд;

- шартҳои созишномаи меҳнатии бо муҳоҷири меҳнатӣ басташударо риоя намояд.

7. Субъекти хоҷагидоре, ки барои иҷрои фаъолияти бокортаъминкунии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома гирифтааст, ӯҳдадор аст шартҳои зеринро риоя намояд:

- ҳуқуқҳои меҳнатии кормандони хориҷиро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат ва шартномаи меҳнатии бо онҳо басташуда пешбинӣ намудааст, риоя намояд;

- дар мӯҳлати 3 шабонарӯз дар мақомоти корҳои дохилӣ шҳрвандони хориҷии дар асоси шартнома барои кор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшударо ба қайд гузорад;

- ҳар семоҳа, тибқи тартиби муқарраршуда ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баҳисобгирии омории муҳоҷирони меҳнатӣ ҳисобот пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.07.2014 № 461).

8. Боздоштани амали иҷозатнома, иҷрои ӯҳдадориҳои шартномаи бо муҳоҷири меҳнатӣ басташударо қать намесозад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.07.2014 № 461).

Боби 45. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти хусусии байторӣ

1. Номгӯи намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти хусусии байторӣ.

2. Фаъолияти хусусии байторӣ корҳои зеринро дар бар мегирад:

- фаъолияти хусусии табобатӣ-пешгирикунӣ, оид ба ҷарроҳӣ, акушерӣ-гинекологӣ;

- истеҳсол ва фурӯши маводи биологии байторӣ, воситаҳои дорувории таъиноти байторӣ, хӯрокворӣ ва иловаҳои хӯроки чорво.

3. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 24.07.2020 № 414).

4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома:

- хулосаи мусбии хадамоти санитарию эпидемиологӣ оид ба мутобиқати биноҳо (истеҳсолӣ, анборҳо, идоравӣ), иншоот, таҷҳизоти раванди технологи истехсоли ба меъёру қоидаҳои санитарӣ;

хорич карда шуд  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- маълумот дар бораи базаи истеҳсолӣ-техникӣ;

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 24.07.2020 № 414).

 - шаҳодатномаи бақайдгирии маводи доруворӣ дар соҳаи байторӣ, ки аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 24.07.2020 № 414);

- ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани тахсилоти миёна ё олӣ дар соҳаи байториро тасдиқ мекунад.

Боби 46. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба истеҳсол, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку

 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830)

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба истеҳсоли маҳсулоти тамоку.

2. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагие, ки ба истеҳсолкунандагон барои гирифтани иҷозатнома заруранд:

- нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ;

- хулосаи санитарию эпидемиологӣ.

4. Шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- риояи технологияи истеҳсолот;

- риояи қоидаҳои тамғакунонӣ ва фурӯш;

- дар моликияти довталаби иҷозатнома ё бо дигар асоси қонуни мавҷуд будани фондҳои асосӣ (воситаҳо), иморатҳо, иншоот, таҷҳизот, аз ҷумла озмоишгоҳи истеҳсолию технологӣ барои амалӣ намудани фаъолияти мазкур.

5. Мавҷуд будани иҷозатнома барои истеҳсоли маҳсулоти тамоку, ҳуқуқи фаъолияти фурӯши яклухти маҳсулоти тамокуро" бе гирифтани иҷозатнома медиҳад.

6. Истеҳсолкунандагони маҳсулоти тамоку, маҳсулоти худро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дорои иҷозатномаи фурӯши яклухт ва ё чаканаи маҳсулоти тамоку мебошанд, мефурӯшанд ё тавассути мағозаҳои фирмавии худ фурӯши онро ба роҳ мемонанд.

7. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба фурӯши яклухти маҳсулоти тамоку.

8. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

9. Шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ:

- мавҷуд будани анбор;

- манъи фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку дар ҳудуди ташкилотҳои тиббӣ, маориф, варзишӣ ва илмию фарҳангӣ.

10. Ҳуқуқи фурӯши яклухти маҳсулоти тамоку бо суроғае, ки дар иҷозатнома қайд гардидааст, дар муддати амали иҷозатнома дода мешавад.

11. Фурӯши яклухти маҳсулоти тамоку дар асоси иҷозатнома дар ҳолате амалӣ гардида мешавад, ки довталаби иҷозатнома дорои сертификати мутобиқат ва маҷмӯи тамғаҳои аксизӣ бошад.

12. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фурӯши чаканаи маҳсулоти тамоку.

13. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

14. Ба фурӯш баровардани маҳсулоти тамоку дар шакли чакана танҳо дар биноҳои статсионарӣ, майдони савдо, павилёнҳо, мағоза ва тарабхона, ки ба талаботи санитарию беҳдоштӣ мувофиқат мекунанд, иҷозат дода мешавад.

15. Шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- мавҷуд будани нуқтаи савдо, ки ба талаботи фурӯши чакана ҷавобгӯ мебошад;

- манъи фурӯши чаканаи маҳсулоти тамоку дар ҳудуди ташкилотҳои тиббӣ, маориф, варзишӣ ва илмию фарҳангӣ.

16. Иҷозатномаи ҳуқуқи фурӯши чаканаи маҳсулоти тамоку ба суроғае, ки дар иҷозатнома қайд гардидааст, дар муддати амали иҷозатнома дода мешавад.

17. Фурӯши чаканаи маҳсулоти тамоку дар асоси иҷозатнома дар ҳолате амалӣ гардонида мешавад, ки маҳсулот дорои сертификати мутобиқат ва тамғаҳои аксизии дахлдор бошад.

18. Андозаи ҳаққи додани иҷозатнома барои шахси ҳуқуқӣ, ки фаъолияти истеҳсол ва фурӯши яклухти тамокуро анҷом медиҳад, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба андозаи бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ҳар соли амали иҷозатнома муқаррар карда мешавад. Ба шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки фаъолияти фурӯши чаканаи маҳсулоти тамокуро анҷом медиҳанд, ба андозаи панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ҳар соли амали иҷозатнома андозаи ҳаққи додани иҷозатнома муқаррар карда мешавад  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830).

Боби 47. Хориҷ карда шуд  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.03.2019 № 142).

Боби 48. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳаи маориф

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти соҳаи маориф (ба истиснои муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ).

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда:

- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 624, аз 10.02.2016 № 66);

- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти тиббию фармасевтӣ  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 624, аз 10.02.2016 № 66);

3. Иҷозатномадиҳии литсей ва гимназияҳои назди муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, муассисаҳои таълимии аҳамияти ҷумҳуриявидошта (мактаб-интернатҳо, литсейҳои касбӣ, коллеҷҳо), муассисаҳои таҳсилоти олӣ (бакалавриат, магистратура, аспирантура, ординатура, интернатура, докторантура), таҳсилоти фосилавӣ, донишкадаҳои (марказҳои) такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва азнавтайёркунии кадрҳо, ташкилоту муассисаҳои таълимии илмӣ, ташкилоту муассисаҳои таълимии муштараки байналмилалӣ ва аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ таъсисёфта, намояндагӣ ва филиалҳои муассисаҳои таълимии хориҷӣ, муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ, муассисаҳои таълимие, ки таҳсилоти иловагиро амалӣ менамоянд, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, моликият ва мансубияти соҳавӣ (ба истиснои муассисаҳои таълимии тиббию фармасевтӣ, ки иҷозатномадиҳии онҳо аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад) аз тарафи мақомоти иҷозатномадиҳандаи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2013 № 512, аз 10.02.2016 № 66).

4. Иҷозатномадиҳии фаъолияти мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

5.Иҷозатномадиҳии ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатии томактабӣ, марказҳои корҳои тарбиявии беруназмактабӣ, мактаб-интернатҳо, литсею гимназияҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои таълимие, ки дар ҳудуди вилоят, шаҳр ва ноҳия таъсис дода мешаванд (ба истиснои ташкилоту муассисаҳои дар банди 3 ҳамин боб нишон додашуда), мувофиқан аз тарафи раёсат ё шӯъбаҳои маорифи вилоят, шаҳр ва ноҳия амалӣ карда мешавад.

6. Иҷозатнома ҳуқуқи амалӣ гардонидани корҳои таълимиро фақат ба он равия, ихтисос, дараҷа, мӯҳлат, шакли таълим, миқдори ниҳоии муҳассилин ва дигар нишондодҳо медиҳад, ки дар замимаи он зикр гардидаанд.

7. Ба намудҳои зерини корҳо иҷозатнома дода намешавад:

- фаъолияти таълимӣ дар шакли лексияҳои яквақта, коромузӣ, семинарҳо ва дигар намудҳои омӯзиш, ки дар онҳо аттестатсияи ҷамъбастӣ ва додани ҳуҷҷатҳо доир ба таҳсилот ва дараҷаи тахассусӣ сурат намегирад;

- фаъолияти меҳнатии инфиродии омӯзгорон, аз ҷумла дар соҳаи тайёрии касбӣ.

8. Иҷозатномадиҳии фаъолияти таълимии ташкилотҳои таълимии динӣ (машғул ба таълими рӯҳонӣ) ва аз ҷониби ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) динӣ таъсисёфта аз тарафи мақомоти иҷозатномадиҳандаи дахлдор, вобаста ба дараҷаи амалӣ намудани барномаи таълимӣ, амалӣ карда мешавад.

9. Иҷозатнома дар бораи пешбурди фаъолияти таълимӣ замима дорад, ки дар он нишон дода мешавад:

- номгӯи барномаҳои таълимӣ, самт ва ихтисосҳои тайёркунӣ, ки аз рӯи онҳо ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ, дараҷа ва мӯҳлати меъёрии азхудкунӣ дода мешавад;

- дараҷаи тахассусӣ, ки баъди ба охир расидани барномаи таълимӣ ба хатмкардагони ташкилоти таълимӣ дода мешавад;

- меъёрҳои назоратӣ ва шумораи ниҳоии хонандагон, донишчӯён, шунавандагон ва тарбиятгирандагон, ки ба меъёрҳои таълими рӯзона мувофиқ гардонида шудааст.

10. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома:

- ариза бо нишон додани номгӯи барномаҳои таълимӣ, самт ва ихтисосҳои тайёр кардашаванда;

- муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълимии таҳсилоти касбӣ нусхаи қарори шӯрои илмӣ (педагогӣ), дар бораи имконияти тайёр намудани мутахассисон аз рӯи барномаи асосӣ ва иловагии таълимӣ, ки барои иҷозатномагирӣ пешниҳод намудааст; ташкилотҳои касбии таълимии динӣ (машғул ба таълими рӯҳонӣ) ва ташкилотҳои таълимии ташкилотҳои динӣ таъсисёфта дархости роҳбарияти равияҳои диниро пешниҳод менамояд;

- муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки дар таркиби худ сохторҳои (гурӯҳҳои) таълимӣ дорад ва ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ машғул аст, бо тартиби муқарраршуда ба тарзи илова нусхаи низомномаи тасдиқкардашудаи ин сохторҳоро (гурӯҳҳоро) пешниҳод менамояд;

- маълумот дар бораи сохтори муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои иҷозатномагиранда, пурра будани ҷадвали штатӣ, шумораи тахминии хонандагон ва тарбиятгирандагон;

- маълумот дар бораи биноҳо, иншоотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тайёрии ибтидоии ҳарбӣ, хобгоҳ, дар бораи таъмин будани хонандагон, тарбиятгирандагон ва кормандон бо хӯрок ва хизматрасонии тиббӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқии соҳибӣ намудан, истифода бурдан ё ихтиёрдорӣ намудани бино дар давраи мӯҳлати амали иҷозатнома;

- хулосаи мусбии мақомоти санитарию эпидемиологӣ дар бораи мувофиқ будани бинои истифодашаванда барои татбиқи раванди таълим  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- маълумот дар бораи таъминот бо адабиёти таълимӣ ва таҷҳизоти моддию техникӣ;

- маълумот дар бораи таъминоти кадрии раванди таълим, дараҷаи омӯзгории кормандони педагогӣ ва шароитҳои ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб кардани онҳо (барои довталабони иҷозатнома, ки мақсади тайёр намудани кадрҳоро баъди таҳсилоти олии касбӣ доранд, маълумот дар бораи роҳбарони илмӣ);

- созишнома ва қарори мақомоти идоракунии давлатии маорифи давлати таъсисдиҳандаи мактаби олӣ ва давлате, ки дар он филиали ин мактаби олӣ ташкил карда шудааст (барои филиалҳои мактабҳои олии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил);

- нақша ва барномаҳои таълимие, ки аз рӯи онҳо барномаи таълимии касбӣ татбиқ карда мешавад;

- хорич карда шуд  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- хорич карда шуд  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830).

11. Барои гирифтани иҷозатнома муассисаҳо ва ташкилотҳои таълимии миёна, олӣ, таҳсилоти иловагии касбӣ, ки технологияи таҳсилоти фосилавиро истифода мебаранд, иловатан ба номгӯи ҳуҷҷатҳои дар банди 10 нишондодашуда, ҳуҷҷатҳои зайлро пешниҳод менамоянд:

- маълумоти умумӣ дар бораи муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълимӣ, филиал ва намояндагиҳои он;

- нақша ва барномаҳои таълимие, ки аз рӯи онҳо барномаҳои таҳсилоти касбии таълими фосилавӣ амалӣ карда мешаванд;

- маълумот дар бораи таъмин будан бо технологияи ахборотии замонавӣ;

- маълумот дар бораи таъмин будан бо лабораторияҳои махсус, аудитория, кабинетҳо, заминаи чопкунӣ.

12. Комиссияи иҷозатномадиҳӣ ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардашударо таҳлил намуда, дар ҷояш ташхиси заминаҳои моддӣ, техникӣ, кадрӣ, илмӣ, илмӣ-методӣ, имкониятҳои молиявӣ, таъминот бо адабиёт, барномаҳои таълимии касбӣ, тайёрии муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълимиро оид ба кабули хонандагону донишҷӯён мегузаронад,

13. Комиссияи иҷозатномадиҳӣ самтҳои асосии фаъолияти муассисаҳо ва дигар ташклотҳои таълимии довталаби иҷозатномаро таҳлил намуда, мувофиқати онро ба меъёрҳои мавҷуда муайян мекунад ва дар асоси он ба мақомоти аттестатсиякунонии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба раёсатҳои (шӯъбаҳои) маорифи вилоят, шаҳр, ноҳия хулоса (мусбӣ ё манфӣ) пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

14. Қарор дар бораи додан ва надодани иҷозатнома аз тарафи мақомоти иҷозатномадиҳанда ба истиснои муассисаҳои таълимии тиббию фармасевтӣ дар асоси хулосаи комиссияи иҷозатномадиҳӣ ва қарори Шӯрои мақомоти аттестатсиякунонии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои (шӯъбаҳои) маорифи вилоят, шаҳр, ноҳия қабул карда мешавад  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 624, аз 10.02.2016 № 66).

15. Қарори мақомоти аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лойҳаи фармон дар бораи додани иҷозатнома ба Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Шӯрои мақомоти аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати (шӯъбаи) маорифи вилоят, шаҳр, ноҳия мутаносибан ба сардори идора, мудири шӯъбаи маориф пешниҳод карда мешавад. Баъди тасдиқи қарори Шӯро ва имзо гардидани фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори идора ва мудири шуъбаи маориф ба муассиса, дигар ташкилотҳои таълимӣ иҷозатнома бо замимаи он дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

16. Иҷозатномадиҳии фаъолияти муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълимӣ аз рӯи барномаҳои нави таълимӣ, новобаста аз иҷозатномаи қаблан додашуда барои пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рӯи барномаҳои таълимии дигар гузаронида мешавад. Дар ин сурат иҷозатномагир ариза ва ҳуҷҷатҳоро аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳои дар банди 10 боби мазкур пешбинишуда, ки номгӯи онҳоро мақомоти иҷозатномадиҳанда муайян мекунад, пешниҳод менамояд.

Номгӯи барномаҳои нави таълимӣ ба замимаи иҷозатномаи амалкунанда ҳамроҳ карда мешавад.

17. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад амали иҷозатномаро оид ба татбиқи фаъолияти таълимӣ, ки дар замимаи иҷозатнома нишон дода шудааст, пурра ва ё қисман аз рӯи барномаҳои алоҳида боздорад.

Боби 49. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангхои қиматбаҳо

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо (коркарди пораву партови металлҳои қиматбаҳо бо мақсади ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулот, холис кардани металлҳои қиматбаҳо ва рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо, аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурӯши яклухт ва чаканаи металлҳои киматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо).

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда:

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба коркарди пораву партови металлҳои қиматбаҳо бо мақсади ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулот; холис кардани металлҳои қиматбаҳо ва рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурӯши яклухт ва чаканаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.12.2009 № 668).

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо:

1) Барои шахсони ҳуқуқӣ:

- хорич карда шуд  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- маълумотнома аз мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи таъмини бехатарии бинои корӣ ва санҷиши коргарон ба системаи иҷозатдиҳӣ;

- мавҷудияти тарозуи махсус барои баркашидани металлҳои қиматбаҳо сангҳои қиматбаҳо ва маълумотнома дар бораи дурустии тарозу;

- мавҷудияти таҷҳизот ва асбобу анҷоми барои кор зарурӣ;

- барои коркарди шикастапораҳо ва партовҳои металлҳои қиматбаҳо; печҳои муфелӣ, шкафҳои ҳавокаш, сейфҳо ва дигар асбобҳои зарурӣ;

- барои рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо: микроскоп, печҳои муфелӣ, шкафҳои хушккунӣ, дастгоҳҳои арракунӣ ва дигар асбобҳои зарурӣ;

- барои хариду фурӯши яклухт ва чакана: сейфҳо, мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ;

- барои аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо: сейф, дастаи сӯзанҳои маҳакӣ, реактивҳои маҳакӣ, рефрактометрҳо, заррабии ва дигар асбобҳои зарурӣ;

- маълумот дар бораи тахассуси касбии кормандони довталаби иҷозантома.

2) Барои соҳибкорони инфиродӣ:

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳуқуқи истифодабарии бинои корӣ, ки дар он анҷом додани фаъолият пешбинӣ шудааст;

- барои аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастпораҳои онҳо мавҷуд будани асбобҳо ва таҷҳизотҳои зарурӣ, ки дар сархати чоруми зербанди 1 банди 3 ин боб нишон дода шудаанд.

4. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ барои муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо:

- доштани тамғаи давлатии маҳак дар маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ё сертификати мутобиқат (барои хариду фурӯши яклухт ва чакана);

- мавҷудияти бинои мувофиқ ва шароити нигоҳдорӣ ва фурӯш.

5. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳангоми додани иҷозатнома вобаста ба коркарди пораву партови металлҳои қиматбаҳо бо мақсади ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулот; холис кардани металлҳои киматбаҳо ва рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо; аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо ҳуқуқ дорад:

- бо мақсади дар ҷояш гузаронидани санҷишҳо оид ба мувофиқ будани шароити фаъолияти иҷозатномашаванда ба талаботҳои муқарраршуда, экспертизаҳо анҷом диҳад;

- ҳайат ва дастури кори экспертҳоро оид ба иҷозатномадиҳӣ муайян намуда, экспертҳоро ҷиҳати гузаронидани экспертизаҳо дар ҷояш сафарбар созад.

Боби 50. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳаи телевизион, радиошунавонӣ ва истеҳсоли махсулоти аудиовизуалӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти соҳаи телевизион, радиошунавонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ.

2. Фаъолияти соҳаи телевизиону радио аа истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ корҳои зеринро дарбар мегирад:

- истеҳсол намудани барномаҳои телевизион ва радио;

- пахш намудани барномаҳои телевизион ва радио;

- истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ (истеҳсоли маҳсулоти овозӣ (фанограмма): визуалию аудиовизуалӣ).

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ваколати иҷозатномадиҳиро ба сохторҳои тобеи дахлдор вогузор намояд.

5. Тартиби мазкур ҳангоми ба роҳ мондани фаъолияти радиотелевизионӣ бо истифодаи мавҷ, кабел, ноқил, радиф, бисёршабакаи рақамӣ (мултимедӣ) бо дарназардошти Интернет ва дигар шабакаҳои электронии ахбори омма, инчунин ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти овозӣ (фанограмма), визуалӣ, аудиовизуалӣ дар ҳар гуна намудҳою воситаҳои сабту навор бо пуррагӣ истифода бурда мешавад.

6.Тартиби мазкур ба истиснои фаъолияти ташкилотҳои радиотелевизионие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд, инчунин системаи радиотелевизионии шакли пӯшида (истеҳсолӣ, технологӣ, таълимӣ, илмӣ ва хизматӣ) ба ғайр аз системаҳои махсус дар меҳмонхонаҳо, комплексҳои меҳмонхонавӣ, хонаҳои истироҳат, дигар хонаҳову истироҳатгоҳҳо, ки барои қабули умумии пулакӣ ташкил карда шудаанд, ҳама намудҳо ва зернамудҳои фаъолияти соҳаи телевизион ва радиоро фаро мегирад.

7. Ташкилкунандагони системаҳои радиотелевизионии шакли пӯшида (истеҳсолӣ, технологӣ, таълими, илмӣ, хизматӣ ва ғайра), ки бе иҷозатнома фаъолият менамоянд, вазифадоранд оид ба системаи ташкил намудаашон на дертар аз сӣ рӯз ба мақомоти иҷозатномадиҳанда дар шакли хаттӣ бо нишон додани маълумотҳои зерин огоҳинома ирсол намоянд:

- шахси масъули амалигардонандаи чунин фаъолият;

- минтақаи хизматрасонии шабака бо нишон додани ҳадди аксари истеъмолкунандагон;

- мавзӯи намунавӣ ва тахассуси шабака.

8. Додани иҷозатнома дар сурати маҳдуд будани басомади радиоӣ дар минтақаи талабкардашаванда бо таври озмун тибқи тартиби муқарраргардида сурат мегирад.

9. Барои гирифтани иҷозатнома аризаи шакли махсус пешниҳод мешавад, ки дар он бояд маълумотҳои зерин нишон дода шуда бошанд:

- номи ташкилоти радиотелевизионӣ, реквизитҳо, маълумот дар бораи рамзҳо (сарахбор, нишон, ороиш);

- забони (забонҳои) пахши барномаҳо;

- намуди фаъолият (телевизионӣ, радиоӣ, истеҳсоли маҳсулоти овозӣ, визуалӣ, аудиовизуалӣ ва дигар);

- даврияти пахш (шабонарӯзӣ, ҳаррӯза ва ғайра дар соат ва дар шабонарӯз);

- мақсадҳо ва вазифаҳои барномавии пахш, мавзӯи намунавӣ ва тахассуси барномаи телевизионӣ ё радиоӣ, ҷадвали пахш, намуди маҳсулоти овозӣ, аудиовизуалӣ);

- аудитория (худуди фарогирии пахш, (шаҳр, ноҳия ва ғайра) категорияи бинандагон ва шунавандагон, ки пахш ё истифодаи маҳсулоти аудиовизуалӣ ба онҳо нигаронда шудааст);

- усули пахш (мавҷӣ, кабелӣ, мултимедӣ, ноқилӣ ва ғайра).

10. Ба ариза ҳуҷҷатҳои иловагии зерин замима карда мешаванд:

- номгӯи воситаҳои технологии истифодашаванда бо мақсадҳои радиотелевизионӣ, истеҳсоли маҳсулоти овозӣ, аудиовизуалӣ;

- маълумот дар бораи нишондиҳандаҳои асосии техникии воситаҳои таҳияи барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, маҳсулоти аудиовизуалӣ;

- маълумот дар бораи манбаи таъминоти молиявӣ;

- маълумот дар бораи мавҷудияти иҷозатномаи пештар гирифташудаи аризадиҳанда барои фаъолият дар соҳаи радиотелевизион ва дар бораи таъсиси воситаҳои ахбори умум аз ҷониби онҳо, икчунин номгуи воситахои ахбори умум (ташкилотҳо), ки аризадиханда ҳаммуассис ё дораидаи пакети саҳмияҳо мебошад;

- ссртификати мутобиқати нишондиҳандаҳои (имконияти) истифодаи дастгоҳҳо бо тапаботҳои меъёрӣ;

- маълумот дар бораи пахш намудани ахбороти иловагӣ ва дуюмбора, ки дар таркиби сигнали барномаҳо пахш мегарданд;

11. Иҷозатнома дар сурати мавҷуд набудани басомади озоди пахш дар минтақаи пешниҳоднамудаи аризадиҳанда дода намешавад.

12. Пахш намудани (пахш ва пахши интиқолӣ) барномаҳои ташкинотҳои радиотелевизиони хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати мавҷуд будани иҷозатномаи мақомоти иҷозатномадиҳанда ва дар асоси санадҳои ҳуқуқии байнидавлатӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион ва радио ва мутобиқи қарордоди байни ташкилотҳои радиотелевизионии ватанӣ ва хориҷӣ сурат мегирад.

13. Ташкилотҳои радиотелевизионе, ки воситаҳои пахшкунандаи худро доранд ва иҷозатнома гирифтаанд, бояд барои гирифтани иҷозатномаи дахлдор ҷиҳати истифодаи басомади радиоӣ ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 24.07.2020 № 414).

14. Ба ғайр аз талаботи муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пахши радиотелевизионӣ ва дигар воситаҳои ахбори умум, иҷозатномаи фаъолият дар соҳаи телевизион ва радио шартҳои зерин дорад:

- дорандаи иҷозатнома (ташкилоти радиотелевизионӣ) дар ҷараёни фаъолияти худ бе розигии мақомоти иҷозатномадиҳанда набояд тахассуси худ ва ҳаҷми пахшро тағйир диҳад;

- дорандаи иҷозатнома ҳукуқи иваз кардани шабакаи пахш (басомади пахш), иқтидори дастгоҳи пахшкунанда ва дар ҳудуди бештар нишондоди иҷозатнома пахш намудани барномаҳои радиотелевизионро надорад;

- маводу маҳсулоти радиотелевизионӣ ё аудиовизуалии паҳншавандаи дорандаи иҷозатнома бояд бо риояи талаботи технологӣ истеҳсол шавад;

- воситаҳои техникии дорандаи иҷозатнома набояд барои бинандагон ва шунавандагон мамоният, таҳриф ва дигар нобобӣ ба миён орад;

- дорандаи иҷозатнома барномаро набояд бо забони дар иҷозатнома нишон дода нашуда пахш намояд;

- дорандаи иҷозатнома хақ надорад дар таркиби сигнали барномаҳо хабари иловагӣ ва дуюмбораро пахш намояд, агар он дар иҷозатнома дарҷ нашуда бошад, ғайр аз хабари ба мазмуни барномаи асосӣ вобаста буда;

- ба дигар шахс гузашт кардани иҷозатнома, ҳамчунин ба фурӯши иҷозатнома дар соҳаи телевизион ва радио роҳ дода намешавад.

15. Шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба гирифтани иҷозатнома барои фаъолият дар соҳаи телевизион ва радио ҳақ надоранд. Ташкилотҳои телевизион ва радиоии аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд, инчунин шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва филиалу намояндагии онҳо назоратшаванда низ соҳиби иҷозатнома шуда наметавонанд. Дар ин ҷо дар зери мафҳуми назорат таъсири ҳалкунанда доштан дар қабули қарорҳо фаҳмида мешавад,

Боби 51. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти ба даст овардан, фурӯш истифода, партов ва нобуд кардани

моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, инчунин ҳамаи намуди фаъолият, ки бо васлнамоӣ, хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти ба даст овардан, фурӯш-истифода, партов ва нобуд кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, инчунин ҳамаи намуди фаъолият, ки бо васлнамоӣ, хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд.

2. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 24.07.2020 № 414).

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома оид ба фаъолияти ба даст овардан, фурӯш истифода, партов ва нобуд кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, инчунин ҳамаи намуди фаъолият, ки бо васлнамоӣ, хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунаидаи қабати озон кор мекунанд:

- шартнома байни дастраскунанда ва корхонаи истифодакунандаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, хамчунин таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи зарурати истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо ва таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд;

- нақшаи чорабинии корхонаи истифодакунандаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо оиди ботадриҷ кам кардан ва қатъ кардани истифодаи ин моддаҳо;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти имкониятҳои техникии ҷавогӯи стандарт (бино, таҷҳизоти сертификатсияшуда, ҳайати мутахассисон, тайёрии тахассусӣ) хангоми фаъолият оид ба нобуд кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, ҳамчунин фаъолият оид ба васлнамоӣ ва хизматрасонӣ таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд;

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иитиқоли моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, ҳамҷунин таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд, аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- иҷрои дигар шарту талаботҳои Конвенсияи Вена оид ба ҳифзи қабати озон ва Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон.

Боби 52. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақа

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақа.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома оид ба фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақа:

- нусхаи хуҷҷатҳои таъсисӣ;

- ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба фонди оинномавӣ.

4. Талабот ва шартҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани биноҳои хизматӣ барои фаъолияти фонди ғайридавлатии нафақа;

- варақаи шахсии роҳбар ва сармуҳосиби фонди ғайридавлатии нафақа ва ташкилоти молиявӣ.

Боби 53. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи биржа

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият дар соҳаи биржа.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома оид ба фаъолияти биржавӣ:

- қоидаҳои савдои биржавӣ;

- ҳуҷҷате, ки ба сармояи оинномавии биржа пардохт намудани на камтар аз 50 фоизи маблағи эълоншударо тасдиқ мекунад;

- ҳуҷҷате, ки хуқуқи истифодабарии ҷойҳои дахлдорро барои гузаронидани фурӯш тасдиқ менамояд.

4. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- риоя намудани қоидаҳои савдои биржавӣ;

- мавҷуд будани биноҳои дахлдор барои гузаронидани савдои биржавӣ.

5. Иҷозатномадор ҳар семоҳа дар хусуси натиҷаи фаъолияти худ ба мақомоти иҷозатномадиҳанда маълумот пешниҳод менамояд.

Боби 54. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти суғуртавӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти суғуртавӣ,

2. Фаолияти суғуртавӣ намудхои зерини корҳоро дар бар мегирад:

1) суғуртаи ҳаёт - бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртавӣ, бо назардошти нархномаҳое, ки бо ёрии методҳои актуалӣ ва истифодаи рӯйхати муриш ва меъёрҳои даромаднокии инвеститсиякунии маблағҳои озод аз захираи суғуртаи ҳаёт, аз он ҷумла ҷуброни маблағҳои суғуртавиро дар мавридҳои зерин дар бар мегирад:

- марги суғургакардашуда;

- дар қайди хаёт будани суғуртакардашуда то охири мӯҳлати суғурта ё синну соле, ки дар шартномаи суғурта баён гардидиааст;

- пардохти даромади нафақа ба суғуртакардашуда то охири мӯҳлати суғурта с синну соле, ки, дар шартномаи суғурта баён гардидиааст, аз он ҷумла дар вақти амали пардохтҳои ҷорӣ дар мавриди амали шартномаи суғурта.

2) суғуртаи ҳолатҳои нохуш ва беморӣ - бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртавӣ, барои дарёфти маблағи муайяни пулӣ, ё ин ки қисман ё пурра барқарор намудани харҷҳои иловагӣ (ё ҷамъи ҳарду) аз хатари маҷрӯҳ шудани шахс, аз ҷумла шахсе, ки ба фоидаи он шартномаи суғурта баста шудааст:

- аз маҷрӯх шудан ҳангоми ҳолати нохуш, ё ин ки ҳолати нохуши намуди махсус;

- аз даст додани қобилияти кор, дар мавриди беморӣ ё ҳолати нохушӣ, хамчунин холати нохуши намуди махсус (ғайр аз шарномаҳое, ки ба суғуртаи саломатӣ тааллуқ доранд), аз ҷумла маҷрӯҳии корӣ ва бемории касбӣ;

- марги суғуртакардашуда ба сабаби ҳолати нохуш.

3) суғуртаи ихтиёрии тиббӣ - бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртавие, ки пардохти маблағи ҷуброни суғуртаро дар бар мегирад, дар ҳаҷми пурра ё қисман пардохти харҷҳои суғурташуда барои табобати зиёда аз нақша, бо назардошти суғуртаи ҳатмии тиббӣ.

4) сғгуртаи тиббии сайёҳон - суғуртаи харҷи тиббии шаҳрвандоне, ки ба хориҷа сафар мекунанд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, ё ин ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сайёҳат мекунанд, дар мавриди ҳолати нохуш ё бемории нобаҳангом.

5) дар ҳолати суғуртаи молу ашё, иҷозатнома ба корҳои суғуртавии зерин дода мешавад:

- суғуртаи молҳои нақлиёти заминӣ - суғуртаи зидди зарар ё зиёни молҳои дар замин ҳаракаткунанда;

- суғуртаи молҳои нақлиёти ҳавоӣ - суғуртаи тайёраҳо, аз ҷумла моторҳо, ашёҳои дохилӣ, мебелҳо, лавозимоти тайёраҳо ва ғайра;

- суғуртаи молҳои нақлиёти обӣ - суғуртаи киштиҳое, ки дар баҳрҳо ва обҳои дохилӣ истифода мешаванд, аз ҷумла моторҳо, такелаж, ашёҳои дохилӣ, мебелҳо, лавозимоти киштиҳо ва ғайра;

- суғуртаи боркашонӣ - суғуртаи зидди гум шудан ё зарар дидани молу ашёҳои интиколшаванда, новобаста ба намуди нақлиёт;

- суғуртаи молу ашё аз сӯхтор ва дигар хатарҳо - суғурта аз зарар ё зиёни моликият, ғайр аз он моликияте, ки дар сархатҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми ҳамин банд нишон дода шудаанд, бо сабаби сӯхтор, обхезӣ, таркиш, кӯчидани замин, аз таъсири энергияи атом ва дигар офатҳо;

- суғуртаи хатарҳои тиҷоратӣ ва молиявӣ - бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртавии намудҳои зерин:

эҳтимоли хатари шахсони суғурташуда, дар ҳолати муфлисшавии қарздорон ё ғайриқобилии (ба ғайр аз ғайриқобилии пардохт) пардохти маблағи карз дар мӯҳлати муайяншудаи тарафҳо аз ҷониби қарздорон;

эҳтимоли хатари зарар дидани шахсони суғурташуда, вобаста ба мушкилотҳое, ки ҳангоми фаолияти онҳо рух медиҳад ё кам шудани ҳаҷми фаъолияти кори онҳо;

эҳтимоли хатари зарар дидани шахсони суғурташуда, вобаста ба пайдоиши харҷҳои пешбининашуда;

эҳтимоли хатаре, ки ба сархатҳои якум, дуюм ва сеюми банди мазкур вобастагӣ надоранд ва чунин нестанд, аз ин рӯ бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртавии онҳоро дигар намудҳои фаолияти суғуртавӣ дар бар мегиранд;

- суғуртаи хатари хароҷотҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла хароҷоти судӣ;

- дигар намудҳои суғуртаи молу аше, ғайр аз намудҳои дар зербандҳои банди мазкур нишондодашуда;

6) дар мавриди суғуртаи ҷавобгарӣ, иҷозатнома ба корҳои суғуртавии зерин дода мешавад:

- суғуртаи ҷавобгарии граждании ҳуқуқии дорандагони воситаҳои наклиёти автомобилӣ - бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртавӣ зидди гум шудан ё зарар дидан, ки аз сабаби истифодаи воситаҳои нақлиёт дар хушкӣ рух медиҳад ва вобаста ба ин ӯҳдадориҳои дорандагони воситаҳои нақлиёт бо назардошти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷуброн кардани зараре, ки аз тарафи шахси сеюм расонида шудааст;

- суғуртаи ҷавобгарии граждании ҳуқуқии дорандагони воситаҳои наклиёти ҳавоӣ - бастан ва иҷрои шартномаҳои суғуртавӣ оид ба гум шудан ё зарар дидан, ки аз сабаби истифодаи воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ ва вобаста ба ин ӯҳдадориҳои дорандагони воситаҳои наклиёт, бо назардошти қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷуброни зараре, ки аз тарафи шахси сеюм расонида шудааст;

- суғуртаи ҷавобгарии граждании ҳуқуқии дорандагони воситаҳои нақлиёти баҳрӣ - суғурта зидди гум шудан ё зарар дидан, ки бо сабаби ва ё дар натиҷаи истифодаи киштиҳо рух медиҳад ва вобаста ба ин ӯҳдадориҳои дорандагони воситаҳои нақлиёти баҳрӣ, бо дарназардошти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷуброн каридани зараре, ки аз тарафи шахси сеюм расонида шудааст;

- суғуртаи ҷавобгарии касбӣ - бастан ва иҷро намудани шартномаҳо барои суғуртаи манфиатҳои амволии шахсони ҳуқуқӣ, вобаста ба ӯҳдадориҳои суғурташуда, бо назардошти қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷуброни зараре, ки аз тарафи шахси сеюм, дар мавриди ба амал баровардани фаолияти касбии зерини суғурташуда расонида шудааст:

нотариалӣ;

тиббӣ;

дигар намудҳои фаолияти касбӣ;

- суғуртаи ҷавобгарии корхонаҳо - сарчашмаҳои эҳтимоли зиёди хатар - суғуртаи манфиатҳои амволии шахс, ки ба фоидаи ӯ шартномаи суғурта баста шуда буд ва вобаста ба ӯҳдадориҳои он шахс ҷуброни зарар, ки ба муҳити атроф ва шахси сеюм расонида шудааст, бо назардошти конунгузории гражданӣ;

- суғуртаи дигар намудҳои ҷавобгарӣ - суғурта аз хатари шахсоне, ки аз бавуҷудоии ҷавобгарӣ дар назди шахсони сеюм ва дигар хатарҳо, ки дар банди мазкур омадаанд, суғурта карда шудаанд;

7) азнавсуғуртакунӣ - бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртавӣ аз тарафи як суғуртакунанда бо мақсади ҳимояи амволи суғуртакунандаи дигар мебошад;

8) фаъолияти брокерӣ - амалиёти миёнаравӣ ва машварати байни суғуртакунанда ва суғурташаванда.

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Бонки миллии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.12.2017 № 579).

4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома:

- асосноккунии техникӣ-иқтисодии фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ, ки дар он роҳҳои расидан ба мақсади дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ пешбинишуда, муайян карда шудаанд;

- шарт ва қоидаҳои суғурта;

- маълумот дар брраи тарифҳои суғуртавӣ;

- маълумот дар бораи иштирокчиёни ташкилоти суғуртавӣ, ки 10 ё зиёда фоизи ҳиссаи ташкилоти суғуртаро доро мебошанд;

- руйхати аъзои мақомоти идоракунӣ, аз он ҷумла насаб, ном, номи падар, суроға, инчунин, маълумот дар бораи мувофиқати онҳо ба талаботхри квалификатсионии муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.11.2015 № 700).

5. Ташкилоти суғуртавӣ, ки ба инвеститсияҳои хориҷӣ асос ёфтааст, барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зеринро пешниҳод менамояд:

1) ташкилоти суғуртавии хориҷӣ:

қарори макомоти дахлдори ташкилоти суғуртаи хориҷӣ дар бораи иштироки он дар таъсиси ташкилоти суғуртавӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

тасдиқи хаттии мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ дар бораи он, ки ташкилоти суғуртавии хориҷӣ дорандаи иҷозатномаи барои амалигардонии фаъолияти суғуртавӣ мебошад, бо нишон додани намудҳои фаъолияти суғуртавӣ; Ҳуҷҷати мазкур ҳатман бо тартиби муқарраргардида тасдиқ (легализатсия) карда мешавад ва ё апостил гузошта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.11.2015 № 700).

расман интишор намудани баланси се соли охир.

2) шаҳрвандони хориҷӣ:

- маълумотномаи бонкӣ ё дигар ҳуҷҷати расмие, ки вазъи мусоиди молиявии соҳибкори инфиродиро тасдиқ менамояд.

6. Талабот ва шартҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- анҷомдиҳии намудҳои фаъолияти суғуртавӣ, ки дар иҷозатнома пешбинӣ шудаанд;

- риояи қоидаҳое, ки бо ташкилёбӣ ва истифодаи захираҳои суғуртавӣ ва фонди оинномавӣ алоқаманд мебошанд;

- бемувофиқа паст накардан ё баланд набардоштани тарифҳои суғуртавӣ;

- иҷрои ӯҳдадориҳои суғуртакунанда дар назди суғурташаванда;

- дар мӯҳлати муайян, пешниҳод намудани маълумот дар бораи тағйироте, ки ба ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ворид шудаанд.

Боби 55. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Роҳбарон ва мутахассисон сохибкорони инфиродӣ бояд ба талаботҳои тахассусии зерин ҷавобгӯ бошанд:

1) мавҷудияти таҳсилоти олӣ - барои роҳбарони шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;

2) мавҷудияти таҳсилоти олӣ ё миёнаи махсус барои мутахассисон.

4. Довталабе, ки фаъолияти депозитариро иҷро менамояд, ҳуҷҷатҳои иловагии зеринро пешниҳод менамояд:

- маълумот дар бораи базаи моддию техникии довталаби иҷозатнома;

- маълумот дар бораи тартиби муқоиса кардани дорандаи коғазҳои қиматноки муштарӣ бо бақайдгирандаи махсус ва ё депозитарияи марказӣ;

- маълумот дар бораи шартҳои ҳимояи саҳмияҳо ва ё сертификати саҳмияҳо;

- маълумот дар бораи таъмин намудани системаи бехатарӣ, яъне гузоштани воситаҳои сигналдиҳӣ, кодҳо, ҳимояи воситаҳои компютерӣ;

- маълумот дар бораи таъмин намудани системаи алоқа байни шӯъбаҳои депозитария, депозитария ва дигар иштирокчиёни бозор;

- маълумот дар бораи шартҳои ҳимоя ва нигоҳ доштани маълумоти компютерӣ;

- маълумот дар бораи системаи нигоҳ доштани маълумот, аз ҷумла дар бораи усулҳои нигоҳ доштани навиштаҷоти депозитарие, ки аз ҷониби депозитарий барои иҷро намудани фаъолияти депозитарӣ истифода бурда мешаванд;

- маълумот дар бораи таъмин ё кафолати ҷуброн, барои ҷуброни талафи активҳои муштарӣ.

5. Барои ташкил намудани фаъолияти миёнаравӣ дар бозори коғазҳои қиматнок ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:

- қоидаи савдои коғазҳои қиматнок;

- тартиби нигоҳ доштан ва ҳимояи ахборот;

- қоидаи листинг ва делистинг;

- тартиби кушодани иттилоот.

6. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- тибқи қоидаҳои муқарраргардида анҷом додани фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок;

- пешниҳод намудани ҳисобот оид ба фаъолият дар бозори коғазҳои қиматнок ба мақомоти иҷозатномадиҳанда;

- дар давоми на камтар аз як соли пас аз гирифтани иҷозатнома амалӣ намудани аҳдҳо бо қоғазҳои қимматнок;

- бастани аҳдҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Боби 55(1). Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти Бюрои таърихи қарз

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.02.2010 № 62)

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти Бюрои таърихи қарз.

2. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Бонки миллии Тоҷикистон.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- асоснокии техникиву иқтисодии (нақшаи кории) фаъолияти Бюрои таърихи қарз, ки дар он роҳҳои ба мақсад расидан дар мӯҳлати банақшагирифташудаи на камтар аз 3 сол бо тартиб додани ҳисоботи молиявии пешгӯишаванда барои мӯҳлати нишондодашуда муайян карда шудаанд;

- нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди заминаи техникӣ ва ҳифзи маълумоти Бюрои таърихи қарз аз дастрасии ғайриқонунӣ ё ба таври ғайриқонунӣ пешниҳод намудани он;

- маълумот дар бораи роҳбарони Бюрои таърихи қарз (таҳсилот, собиқаи корӣ);

- маълумот оид ба пуррагӣ ва тахассуси кормандоне, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи маълумот алоқаманд аст;

- ҳуҷҷате, ки ташкили сармояи оинномавиро дар ҳаҷми на камтар аз 50 фоиз ҳаҷми эълоншудаи сармояи оинномавӣ тасдиқ мекунад;

- ҳуҷҷате, ки ҳуқуқ ва мӯҳлати истифодаи бинои мувофиқро тасдиқ менамояд.

4. Шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои меъёрии дохилие, ки сиёсати ҳифзи (амнияти) иттилоотро ба танзим медароранд;

- мавҷуд будани бинои зарурӣ барои бехатар ҷойгиркунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи техникии системаҳои иттилоотӣ, махзани маълумоти таърихи қарз;

- истифодаи таъминоти барномавии дорои иҷозатнома бо шарти кафолати амалкунанда аз ҷониби таъминкунандаи барнома;

- надоштани доғи судӣ барои ҷинояти қасдан содиркардашуда аз ҷониби муассисон, роҳбарони Бюрои таърихи қарз, муҳосибон ва кормандоне, ки фаъолияташон ба ҳифзи маълумот алоқаманд аст;

- доштани собиқаи корӣ на камтар аз се сол аз рӯи ихтисос барои мутаҳассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (карор аз 12.02.2010 № 62).

Боби 55(2). Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи алоқаи почта

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 101)

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият дар соҳаи алоқаи почта.

2. Номгӯи хизматрасонии алоқаи почта, ки барои амалӣ намудани он иҷозатнома гирифта мешавад:

- қабул, коркард, кашонидан ва бурда расонидани (супоридани) муросилоти почта;

- қабул ва интиқоли маблағҳои пулӣ тавассути почта;

- почтаи курерӣ ва хизматрасониҳои курерӣ;

- хизматрасониҳои почтаи байналмилалӣ;

- истеҳсол ва фурӯши аломатҳои давлатии пардохти алоқаи почта;

- қабул, коркард, кашонидан ва бурда расонидани (супоридани) муросилоти алоқаи махсус ва фелдегерӣ.

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Дар варақаи иҷозатнома илова ба маълумоти муқаррарнамудаи банди 1 боби 3 Низомномаи мазкур маълумоти зерин нишон дода мешавад:

- рақами телефонҳо ва факс;

- почтаи электронӣ;

- ҳудуди амали иҷозатнома.

5. Иҷозатнома талаботи иловагӣ ва шартҳои зерин дорад:

- намуди фаъолият дар соҳаи алоқаи почта, ки барои амалӣ намудани он иҷозатнома дода шудааст;

- ҳудуди фаъолият, ки дар иҷозатнома нишон дода шудааст;

- муҳлати амали иҷозатнома;

- пешниҳод намудани иттилооти дархостшаванда дар бораи фаъолияти иҷозатномадор;

- таъмини меъёрҳои муқарраршудаи сифати хизматрасониҳо мутобиқи намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда;

- ба истифодабарандагон дастрас кардани тартиби хизматрасониҳо, тарифҳо ва маълумот, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма;

- таъмини сирри муросилоти почтавӣ ва соҳибони онҳо;

- мусоидат ба мақомоти ваколатдори давлатӣ бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ бо истифода аз хизматрасонии алоқаи почта.

6. Иҷозатномадор уҳдадор аст дар объектҳо ва маҳалли хизматрасонии истифодабарандагон мавҷудияти нусхаи иҷозатномаҳо ва тартиби пешниҳоди хизматрасониҳоро таъмин намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2017 № 101).

ФАСЛИ III. НОМГӯИ НАМУДҲОИ МАХСУСИ ФАЪОЛИЯТЕ, КИ БАРОИ АМАЛӢ КАРДАНАШОН ИҶОЗАТНОМА ЗАРУР АСТ

Боби 56. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.12.2017 № 579)

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ;

- фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкии исломӣ.

2. Дар иҷозатнома амалиёти бонкӣ ва ё амалиёти бонкии исломӣ ва навъҳои фаъолияте, ки барои анҷом додани онҳо ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои карзии исломӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, инчунин асъоре, ки ин амалиёт ва навъҳои фаъолият бо он анҷом дода мешаванд, нишон дода мешаванд.

3. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Бонки миллии Тоҷикистон.

4. Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ, аз ҷумла амалиёти бонкии исломӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкӣ, фаъолияти бонкии исломӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд ба танзим дароварда мешавад.

5. Барои додани иҷозатномаи фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ ва бонкии исломӣ тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ", "Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ" ва "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" хироҷ пардохта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.12.2017 № 579).

Боби 56(1). Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти оператори низоми пардохтӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.12.2017 № 579)

1.Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти оператори низоми пардохтӣ.

2. Дар иҷозатнома фаъолияте, ки барои анҷом додани онҳо операторҳои низоми пардохтӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ ҳуқуқ доранд, нишон дода мешаванд.

3. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Бонки миллии Тоҷикистон.

4. Иҷозатномадиҳии фаъолияти оператори низоми пардохтӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ ба танзим дароварда мешавад.

5. Барои додани иҷозатномаи фаъолияти оператори низоми пардохтӣ ба андозаи панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо хироҷ пардохта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.12.2017 № 579).

Боби 56(2). Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъор

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.12.2017 № 579)

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъор.

2. Дар иҷозатнома амалиёт бо асъоре, ки барои анҷом додани онҳо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими асъор ва назорати асъор ҳуқуқ доранд, нишон дода мешаванд.

3. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Бонки миллии Тоҷикистон.

4. Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъор бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими асъор ва назорати асъор ба танзим дароварда мешавад.

5. Барои додани иҷозатномаи фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими асъор ва назорати асъор хироҷ пардохта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.12.2017 № 579).

Боби 57. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор.

2. Фаъолияти соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор корҳои зеринро дарбар мегирад:

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.07.2012 № 368);

- истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯши яклухти спирти этилӣ ва машрубот (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2012 № 212);

- фурӯши чаканаи машрубот (инчунин дар шакли рехта);

- истеҳсоли пиво (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2012 № 212);

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.07.2012 № 368);

- истеҳсол ва фурӯши яклухти маҳсулоти спиртдор.

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830).

4. Ҳуҷҷатхои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

1) барои истеҳсолкунандагон:

- шиносномаи завод;

- хулосаи мақомоти санитарию эпидемологӣ;

- хорич карда шуд  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- сертификати мутобиқат оид ба нишондиҳандаҳои бехатарӣ, ки бо тартиби муқарраргардидаи мақомоти сертификатсия ва метрология дода шудааст;

2) барои фурӯши чакана:

- қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия (ноҳияҳои шаҳри Душанбе) оид ба муайян намудани ҷои фурӯши чаканаи машрубот.

5. Шарт ва талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

1) барои истеҳсолкунандагон:

- риояи технологияи истеҳсолот;

- хориҷ карда шуд ((қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2012 № 212)

- риояи қоидаҳои тамғакунӣ ва фурӯш;

- дар моликият ва ё бо дигар асоси қонунии довталаби иҷозатнома мавҷуд будани фондҳои асосӣ (воситаҳо), биноҳо, иншоот, таҷҳизот, аз ҷумла лабораторияи истеҳсолию технологии барои анҷомдиҳии фаъолияти дахлдор;

- таҷҳизоти технологӣ бояд ба талаботи истеҳсоли пива, шампан, арақ, коняк, спирти этилӣ ва дигар маҳсулоти спиртдор мувофиқ бошад;

- мавҷуд будани ченкунакҳо дар хатҳои технологӣ, ки миқдори истеҳсолотро муайян месозад ва барои андозбандӣ мусоидат мекунад;

- риоя намудани регламентҳои техникӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2012 № 212);

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2012 № 212);

- амалигардонии фаъолияти иҷозатномавӣ дар муддати на камтар як сол пас аз гирифтани иҷозатнома;

2) барои фурӯши чаканаи машрубот:

- мавҷуд будани сертификати мутобиқат барои фурӯши машрубот;

- мавҷуд будани тамғаҳои аксизӣ ба машрубот ва маҳсулоти спиртдор;

- дар моликият ё бо дигар асоси қонунии довталаби иҷозатнома мавҷуд будани иморатҳо, магазинҳо, дӯконҳо, анборҳо, нуқтаҳо ё ошхонаҳои хӯроки умумӣ;

- шароити мувофиқи биноҳои савдое, ки бехатарии муҳити зист, ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, инчунин кафолати сифати машруботро таъмин менамояд;

- мавҷуд будани счет-фактура;

- фурӯхтани машрубот бо тамғаҳои аксизӣ.

6. Андозаи хақи иҷозатномадиҳӣ барои ташкилотҳое, ки фаъолияти истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдорро анҷом медиҳанд, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба андозаи ҳафтоду шаш нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар соли амали иҷозатнома муқаррар мешавад. Барои ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки фурӯши чаканаи машрубот ва маҳсулоти спиртдорро анҷом медиҳанд, барои додани иқозатнома ба андозаи дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар соли амали иҷозатнома ҳақ муқаррар мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2012 № 212).

Боби 58. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ.

2. Иҷозатномаҳо барои амалӣ намудани намуди муайяни фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ умумӣ ва инфиродӣ мебошанд.

1) Иҷозатномаи умумӣ инҳоро дарбар мегирад:

- хизматҳои алоқаи радифии глобалии шахсӣ (персоналӣ);

- хизматҳои алоқаи телефонии байнишаҳрӣ тавассути шабакаи операторон;

- хизматҳои алоқаи телефонии байналмилалӣ тавассути шабакаи операторон;

- хизматҳои алоқаи транкӣ (бо ҷудонамоӣ аз рӯи ҳар як стандарт);

- хизматҳои хадамоти телематикӣ (ба истиснои 1Р-телефония);

- хизматҳо ҷиҳати интиқоли маълумот (аз ҷумла, алоқаи телеграфӣ ва 1Р - телефония) тавассути шабакаи операторон;

- хизматҳо, ҷиҳати истеҳсол, сохтан ва насби шабакаҳо, системаҳо дастгоҳҳои алоқаи барқӣ, радиоалоқа, радиошунавонӣ ва телевизион;

- васл, ба истифода додан ва хизматрасонии техникии стансияҳои автоматикии телефонии хурд (мини АТС-ҳо);

- васл, ба истифода додан ва хизматрасонии техникии воситаҳои радиоэлектронӣ (радиостансияҳо, телефонҳои радифӣ ва радиоӣ, стансияҳои рӯизаминӣ, радиомодемҳо ва ғайра).

2) Иҷозатномаи инфиродӣ инҳоро дарбар мегирад:

- банақшагирӣ, сохтмон, истифодабарии шабакаҳо, воситаҳои алоқа (аз ҷумла ба истифода додани каналҳо шоҳроҳҳои алоқа);

- хизматҳои алоқаи телефонии маҳаллӣ;

- ҳизматҳои алоқаи телефонии байнишаҳрӣ;

- хизматҳои алоқаи телефонии байналмилалӣ;

- хизматҳо ҷиҳати интиқоли маълумот (аз ҷумла алоқаи телеграфӣ ва 1Р-телефония);

- хизматҳои алоқаи кандуии мутаҳаррики истифодаи умум, бо ҷудонамоӣ аз рӯи ҳар як стандарт;

- хизматҳои радиодаъвати шахсӣ (персоналӣ);

- хизматҳо ҷиҳати ба истифода додани шабакаҳои пахши барномаҳои телевизион ва радио;

-хизматҳои хадамоти телематикӣ, аз ҷумла хизматрасонии контент-провайдерӣ (ба истиснои IР -телефония) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2012 № 396).

3. Мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2011 № 384).

4. Дар варақаи иҷозатнома илова бар маълумотҳои дар банди 1 боби 3 ин Низомнома мавҷудбуда нишон дода мешаванд:

- категорияи иҷозатнома (умумӣ ё инфиродӣ);

- рақами телефонҳо, факс, Е-mail;

- худуди амали иҷозатнома;

5. Иҷозатномаи намунавӣ талаботҳои иловагӣ ва шартҳои зерин дорад:

- намуди фаъолият дар соҳаи алоқа, ки барои дар доираи иҷозатнома амалӣ намудани он иҷозат дода мешавад;

- ҳудуде, ки дар он амалӣ намудани фаъолияти иҷозатномашаванда иҷозат дода мешавад:

- мӯҳлати амали иҷозатнома;

- тартиб ва мӯҳлати пешниҳоди ҳисобот аз рӯи шаклҳои аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда муққарраргардида оид ба фаъолияти иҷозатномадор;

- тартиб ва мӯҳлати ҳар семоҳа пардохти маблағи иҷозатномавӣ барои додани иҷозатнома;

- таъмини сертификатсияи воситаҳои техникии алоқа ба тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини меъёрҳои муқарраршудаи сифати хизматрасониҳо мутобиқи намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда;

- ба маълумоти истифодабарандагон расонидани тартиби хизматрасониҳо, тарифҳо ва ахбороти иттилоотӣ, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма;

- таъмини сирри гуфтугӯи телефонӣ, иттилооти телеграфӣ ва дигар ахбороти тавассути шабакаҳои алоқа додашаванда, амнияти иттилоотӣ, аз ҷумла амният ва ҳифзи объект ва иншооти алоқа;

- пешниҳод намудани иттилооти дархосташаванда оид ба фаъолияти иҷозатномадор.

6. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст хизматрасониро на дертар аз се моҳи пас аз гирифтани иҷозатнома шурӯъ намояд.

7. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст дар ҳар як семоҳа на дертар аз рӯзи 10 моҳи авали семоҳаи баъдина ба мақомоти ваколатдор ҳисоботи молиявию оморӣ аз рӯи шаклҳои муқарраргардида пешниҳод намояд.

8. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст сирри махфии ахбороти тавассути шабакааш додашаванда, инчунин дигар ахбори ба он дахлдоштаро, ба ғайр аз мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳфуз дорад.

9. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст дар объектҳо ва маҳалли хизматрасонӣ ба истифодабарандагон мавҷуд будани нусхаи иҷозатномаҳоро таъмин намояд.

10. Иҷозатномадор бо дархости мақомоти иҷозатномадиҳанда бояд дар бораи ҳолат ва андозаи хизматгузориҳои пешниҳодшаванда дар мӯҳлати муқарраркардаи мақомоти иҷозатдиҳанда ахборот пешниҳод намояд.

11. Иҷозатномаи инфиродӣ шартҳои зайл дорад:

- намуди фаъолият дар соҳаи алоқа, ки иҷрои он дар доираи иҷозатнома роҳ дода мешавад;

- ҳудуде, ки дар он фаъолияти иҷозатномашуда татбиқ карда мешавад;

- тавсифоти техникии таҷҳизот (меъёру стандартҳо), воситаҳои алоқа, ки ҷиҳати бунёди шабака ва иншоот истифода мешаванд;

- номинал ё минтақаи радиобасомади (рақами каналҳои тедевизион, номи стандартҳои радиои алоқаи мутаҳаррик ва дастрасии бесим ва ғайра) ҷудокардашуда;

- тартиб ва мӯҳлати пешниҳоди ҳисобот тибқи шаклҳои муқарраргардидаи мақомоти иҷозатномадиҳанда оид ба фаъолияти иҷозатномадор;

- тартиб ва мӯҳлати ҳар семоҳа пардохтани маблағҳои ҳақи иҷозатнома барои додани иҷозатнома;

- нақшаи ташкил ва дурнамои рушди шабака (азхудкунии масоҳати фарогирӣ, тавсияи иқтидори фиристанда, теъдоди муштариён ва ғайра);

- таъмини сертификатсияи воситаҳои техникии алоқа тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини меъёрҳои муқараргардидаи сифати хизматрасониҳо;

- тартиби васли шабакаи иҷозатномадор ба шабакаи истифодаи умум;

- тартиби гузаронидани трафики телефонии байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ, истифодабарии рамзҳои (кодҳои) телефон, рақамҳо;

- талаботи таъмини кори воситаҳои алоқа ба манфиати амният ва мудофиаи давлат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои махсусан муҳими ҷамъиятию сиёсӣ, аз ҷумла таъминоти техникии системаи чораҳои фаврию (оперативию) ҷустуҷӯӣ;

- тартиби истифодаи номиналҳои таъиншуда ё қитъаи радиобасомад;

- ба истифодабарандагон хабар додани тартиби пешниҳоди хизматрасониҳо, тарифҳо ва ахбороти истеъмолӣ, аз ҷумла, тавассути воситаҳои ахбори омма;

- таъмини сирри (маҳрамияти) гуфтугӯи телефонӣ, телеграфӣ ва ғайра ахбороти тавассути шабакаи алоқа додашаванда, амнияти иттилоот, аз ҷумла амният ва ҳифзи объектҳо ва иншоотҳои алоқа;

- омодасозӣ ва тахмини кори шабакаҳои алоқа ҳангоми вазъияти фавқулодда;

- тарҳрезӣ ва сохтмони шабакаҳо, иншоот ва объектҳои алоқа;

- таъмини ҳамоҳангӣ бо системаи идораи фаврию (оперативию) техникӣ;

- пешниҳоди иттилооти дархостшаванда оид ба фаъолияти иҷозатномадор;

- мавҷуд будани хулосаи техникии мақомоти ваколатдор барои истифодабарии шабака, густариши он ва ба истифода додани таҷҳизоти нав;

- дастрасӣ доштан ба шабакаи истифодабарии умум дар асоси одилона ва бидуни поймолкунии ҳуқуқ.

12. Ба иҷозатномадор ҷойгир намудани воситаҳои техникӣ дар ҷойҳои зарурӣ, ҷойгир ва истифода намудани хатҳои кабелию радиорелейӣ ва таҷҳизоти иловагӣ барои насб намудани стансияҳои асосӣ бо таҷҳизоти коммутатории шабака ва нуқтаҳои пайвастшавӣ бо ҳар як шабакаи дигари алоқа бо мувофиқаи тарафҳои манфиатдор иҷозат дода мешавад.

13. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст мутобиқи барномаи рушди шабака хизматрасонии алоқаро таъмин намояд.

14. Дар мавриди ба истифода додани таҷҳизоти нав ва тавсеаи шабакаҳо, иҷозатномадор бояд аз мақомоти ваколатдор иҷозати дахлдор ва хулосаи техникӣ гирад.

15. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст таҷҳизоти ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ ва сертификати мутобиқат доштаро, ки мақомоти ваколатдори сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон додаанд, истифода барад.

16. Иҷозатномадор бояд хизмати хушсифати алоқаи кандуии на бештар аз 5 фоиз радия доштаро пешниҳод намояд. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст ба иҷозатномадеҳ ҳар моҳ дар бораи теъдоди раддияҳо _ ахборот диҳад.

17. Шахси иҷозатномадори хизматрасонии алоқаи телефонии байналмилалӣ ӯҳдадор аст шартҳои иловагии зеринро иҷро намояд:

- шабакаҳои ташкилдиҳандаи алоқаи байиалмилалӣ дар таркиби худ ақаллан як стансияи байналмилалии телефонӣ (СБТ) стансияҳои марказии байнишаҳрӣ дар вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошад;

- таҷҳизоти истифодашаванда бояд ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида буда, сертификатҳои мутобиқати дахлдор дошта бошанд;

Ба оператори алоқаи радифии глобалии шахсӣ (персоналӣ) барои фаъолият дар сурати мавҷуд будани хулосаи мусбии мақомоти амнияти миллӣ (бо дархости Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) иҷозатнома дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 660).

- стансияи байналмилалии телефонӣ (СБТ) бояд ақаллан ба ду шабакаи марказии шабакаи байналмилалӣ пайванд буда, тавассути роҳи нақлиётии мустақим пайваст шуда тавонад;

- шабакаи алоқаи байналмилалӣ бояд имконияти техникии муайян намудани пайвастҳои байнишаҳриро бо кулли дастгоҳҳои абонентӣ таъмин карда тавонад;

- шабакаҳои алоқаи байналмилалию байнишаҳрӣ бояд аз маркази идоракунии оператори дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, идора карда шаванд.

Оператори алоқаи телефонии маҳаллии истифодабарии умум барои хизматрасонии алоқаи байналмилалӣ дар сурати иҷрои шартҳои зерин иҷозатномаи инфиродӣ гирифта метавонад:

- то лаҳзаи хизматрасонии алоқаи телефонии байналмилалӣ ва байнишаҳрӣ ба муштариён бо истифодабарии воситаҳои техникии худ ба на камтар аз се вилояти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат расонида тавонад;

- оператори алоқа вазифадор аст, ки дар қаламрави бо иҷозатнома пешбинишудаи хизматрасонии алоқаи телефонӣ, дар деҳотҷойҳо дастгоҳҳҳои абонентӣ насб намояд.

18. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст, ки шартҳои иловагии зеринро иҷро намояд;

- таҷҳизоти барои ташкили шабака ва хизматрасонии "IР телефония" истифодашавандааш бояд ҷавобгӯи талабот ва меъёрҳои стаидартҳои байналмилалӣ буда, сертификатҳои мутобиқати Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додаро дошта бошад (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 24.07.2020 № 414);

- таҷҳизот бояд на камтар аз 2 фарзияи протоколҳои SIP ё Н.323ро дастгирӣ карда тавонад;

- таҷҳизот бояд яке аз кодекҳои G.711, G.726 ё G.728 - ро дастгирӣ намояд;

- шабакаи 1Р-телефония мувофиқи тавсияҳои Иттифоқи байиалмилалии алоқаи барқӣ ITU - Т, Н.323 ё SIP созмон ёфта, ҷамъи дастгоҳҳои зерини тавассути IP - шабака пайвастшударо инҳо ташкил диҳанд:

шлюз (gateway);

диспетчер (gatekeeper);

монитор (administration manager);

- хизматрасонии 1Р телефония бояд ба тавсифоти баҳомонии MOS ҷавобгӯ буда, дар он сифати хизматрасонии 1Р-телефония аз рӯи тавсифоти асосии зерин бояд арзёбӣ гардад: садо бидуни вайронӣ шунида шавад;

зудии гумшавии пакети садоҳо набояд аз 2 фоизи шумораи умумии пакетҳои додашаванда зиёд бошад;

вақти таъхири байни талаффузи калимаи муштарии якум ва лаҳзаи онро шунидани муштарии дуюм на бештар аз 150 - 200 миллисония бошад;

зичии қитъаи гузарониши канал набояд аз 16 кб/с бештар бошад.

19. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ба шартҳои иҷозатнома вобаста ба ҷорӣ кардани стандартхо, меъёру қоидаҳои истифодабарии шабакаҳои алоқаи барқӣ тағйирот ворид менамояд.

20. Мақомоти иҷозатномадиҳанда оид ба мӯҳлатҳои дар амал ҷорӣ намудани ин гуна тағйирот ва иҷрои шартҳои нав бояд иҷозатномадорро пешакӣ огоҳ намояд,

21. Бо аризаи довталаби иҷозатнома иҷозатномаи инфиродӣ ба мӯҳлати аз 3 то 7 сол ва иҷозатномаи умумӣ ба мӯҳлати аз 3 то 5 -сол дода мешавад.

22. Дар мавридҳои зайл ба гирифтани иҷозатнома зарурат нест:

- агар, фаъолият бо бартарафкунии оқибатҳои табиӣ, эпидемияҳо, садамаҳои калон, ки ба ҳаёту саломатии аҳолӣ таҳдид карда, гузаронидани корҳои наҷотдиҳию барқароркунии оқибатҳои садамаро талаб намояд;

- дар мавридҳое, ки сохтан ва амал кардани шабакаҳо дар соҳаи алоқа танҳо барои мақсадҳои идораи давлатӣ, амният ва ҳифзи тартибот истифода бурда мешаванд;

- дар мавриди ташкили шабакаҳои алоқаи дохилиидоравӣ.

23. Фаъолият дар соҳаи алоқа, ки барои амалӣ гардонидани он иҷозатнома дода шудааст, дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, агар дар аризаи довталаби иҷозатнома чизи дигар пешбинӣ нашуда бошад, инчунин дар сурати мавҷуд будани радиобасомадхо ва захираи рақамҳо ва имконоти техникии пайваст бо шабакоти мавҷуда.

24. Барои гирифтани иҷозатномаи инфиродӣ довталаби иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зайлро пешниҳод менамояд:

- феҳристи воситаҳои техникии алоқа бо нишондоди тавсифоти онҳо, диапазон ва номиналҳои радиобасомад (агар онҳо истифода шаванд);

- барномаи ташкили шабакаи алоқа ва дурнамои рушди шабака бо нишон додани теъдоди муштариён (абонент), ҳаҷми ҷараёни пайвастҳои гузаронандаи истгоҳҳои (стансияҳои) байнишаҳрӣ, байналмилалӣ, система ва шабакаҳои интиқоли маълумот, минтақаи хизматрасонӣ, инчунин тавсифоти техникии шабакаҳои мушаххас ё иншоотҳои алоқа;

- ҳуҷҷатҳое, ки имконияти иҷро намудани шартҳои иҷозатномавиро аз тарафи довталаб тасдиқ мекунанд;

- асосноккунии техникию иқтисодии амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи алоқа;

- тавзеҳномаи инъикоскунандаи чунин масъалаҳои техникӣ, мисли принсипҳои асосӣ ва нақшаи ташкили алоқа, хусусияти таҷҳизоти истифодашаванда ва хизматрасониҳо, инчунин нишондиҳандаҳои техникию иқтисодӣ (даромад, хароҷот, фоида, вақти ҷуброн);

- хорич карда шуд  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- дар сурати пешбинии истифодабарии таҷҳизоти каси дигар, тасдиқи иҷораи (хуқуқи истифодабарии) ин таҷҳизот пешниҳод мешавад. Тасдиқнома мумкин аст ба намуди шартнома ё нусхаи он, ки ба тартиби муқарраршуда тасдиқ гардидааст, пешниҳод карда шавад.

25. Барои гирифтани иҷозатномаи умумӣ довталаби иҷозатнома ба мақомоти иҷозатномадиҳанда хуҷҷатҳоро мутобиқи банди 1 боби 7 қисми умумии Низомномаи мазкур пешниҳод менамояд.

26. Иҷозатнома дар ҳолатҳое, ки анҷом додани намуди муайяни фаъолият бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамин гуна категорияи субъектҳо ё системаи алоқа ва хизматрасонӣ манъ шудааст, ҳангоми мавҷуд будани маҳдудияти техникӣ ва маҳдуд будани радиобасомадҳо ва кам будани захираи рақам, инчунин агар ариза барои анҷом додани хизматрасоние пешниҳод шуда бошад, ки он муваққатан бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шудааст, дода намешавад.

27. Иҷозатнома дар соҳаи алоқаи барқӣ метавонад дар асоси озмун тибқи тартиби муқарранамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.

28. Барои истифодаи иҷозатнома дар соҳаи алоқаи барқӣ дар ҳар семоҳа ба андозаи 2,5 фоиз аз даромади иҷозатномадор ба буҷети давлатӣ хироҷ ситонида мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.08.2009 № 472).

Боби 59. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: истифодаи сарватҳои зеризаминӣ.

2. Фаъолияти соҳаи истифодаи сарватҳои зери замин корҳои зеринро дар бар мегирад:

- омӯзиши геологӣ, аз ҷумла ҷустуҷӯ, арзёбӣ ва иктишофи геологии конҳои канданиҳои фоиданок ва дигар тадқиқотҳои геологӣ;

- истиҳроҷи канданиҳои фоиданок;

- истихроҷи нафту газ аз чоҳҳои аз эътибор соқитшуда  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- истифодаи канданиҳои фоиданоки маъмул;

- ҷамъоварии коллексияҳои минералогӣ, палеонтологӣ ва ҷинсҳои куҳӣ.

Эзоҳ: Фаъолияти истихроҷи обҳои зеризаминӣ дар асоси иҷозат барои истифодабарии махсуси об ва фаъолияти истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ дар асоси иҷозати мақоми ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда амалӣ карда мешавад  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830).

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда:

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (мақомоти иҷроияи иҷозатномадиҳанда - Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба корҳои ҷустуҷӯӣ, арзёбӣ ва иктишофи геологии сарватҳои зеризаминӣ ва ҷамъоварии коллексияҳои минералӣ, палеонтологӣ ва ҷинсҳои кӯҳӣ; Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истихроҷи нафт ва газ; Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истихроҷи ангишт, истифодаи дигар сарватҳои зеризаминии маъданӣ ва ғайримаъданӣ аз ҷумла истифодаи партовҳои истеҳсолоти истихроҷи маъдани куҳӣ ва коркарди он);

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истихроҷи нафт ва газ аз чоҳҳои аз эътибор соқитшуда; Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830).

4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома вобаста ба истифодабарии сарватҳои зери замин:

- розигии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- маълумотнома оид ба имкониятҳои молиявӣ, техникӣ, технологӣ ва ҳайати кадрҳо  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- маълумотнома оид ба нишондодҳои техникию иқтисодии фаъолият дар 5 соли охир, ба ғайр аз маротибаи аввал ба истифодаи каъри замин гирифтани иҷозатнома  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- маълумотнома оид ба мавзеи истифодаи канданиҳои фоиданоки маъмул, яъне омехтаи регу шағал аз маҷрои дарё ва сойҳо, ки хуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи захираҳои об бо дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830,  аз 24.07.2020 № 414);

- маълумотнома оид ба омӯзиши геологии қитъаи иҷозатномашавандаи қаъри замин;

- нақшаи тиҷоратӣ оид ба истифодабарии қаъри замини иҷозатномашаванда  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830);

- шартнома бо мақомоти махсуси ваколатдор барои пурра кардани фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо оид ба таҳвили ашёи минералии истихроҷкардашуда ё маҳсулоти молӣ, дар сурати истихроҷи металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо;

- хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ.

5. Барои гузаронидани корҳои геологию геофизикӣ, аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯӣ ва иктишофӣ, ки аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешаванд, ҷустуҷӯҳои инженерию геологӣ, илмию тадқиқотӣ, палеонтологӣ ва корҳои дигари ба омӯзиши каъри замин равонашуда, корҳои геологии оид ба пешгӯии заминҷунбӣ, таъсис ва пешбурди мониторинги муҳити зист, ҳамчунин дигар корҳое, ки бутунии қаъри заминро ба таври ҷиддӣ халалдор намесозанд, гирифтани иҷозатнома зарур нест. Корҳои мазкур бо тартиби муқарраршуда дар Фондн давлатии иттилооти геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.

Истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул тибқи Номгӯи замимаи 3 дар асоси захираҳои дар Баланси давлатии захираҳои маводи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда иҷозат дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2009 № 566).

Гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ, арзёбӣ ва иктишофи геологии канданиҳои фоиданоки маъмул аз ҷониби истифодабарандаи қаъри замин бе гирифтани иҷозатнома, вале дар асоси лоиҳаи бо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда амалӣ карда мешавад. Барои анҷом додани чунин корҳо истифодабарандаи қаъри замин метавонад дар асоси шартнома ташкилотҳои дигари соҳавиро ҷалб намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2009 № 566).

Барои омӯзиши геологии каъри замин ҳуқуқи бурдани аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯӣ, иктишоф ва арзёбии конҳои канданиҳои фоиданок истифода карда мешаванд.

Дар ҳолате, ки кони канданиҳои фоиданоки дар ҷараёни ҷустуҷӯ ошкоршуда ва арзёбигардида аз ҳудуди қитъаи геологии тибқи иҷозатнома додашуда берун барояд, он гоҳ бо дархости иҷозатномадор қитъаи ба ӯ додашуда ба андозае, ки тамоми конро дарбар гирифта тавонад, васеъ карда мешавад.

Баъди аз экспертизаи давлатӣ гузаронидани иттилооти геологӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок дар минтақаи қаъри замин, ки дар мавриди он иҷозатномаи омӯзиши геологии қаъри замин амал мекунад, соҳиби ин иҷозатнома, ки аз ҳисоби худ корҳои геологиро бо маблағ таъмин мекунад, ҳуқуқи дар навбати аввал гирифтани иҷозатномаи истихроҷи кандании фоиданокро дорад. Ин ҳуқуқ, агар дар давоми ду соли баъди тасдиқи захираҳои ашёи хоми маъдании кони иктишофшуда истифода нагардад, эътибори худро гум мекунад.

Барои истихроҷи кони канданиҳои фоиданок, ҳамзамон ҳуқуқи бурдани иктишофи вайро (дар ҳудуди қитаъи кӯҳкорӣ), ҳамчунин коркарди партовҳои ташкилотҳои истихроҷи маъдан ва коркарди вобаста ба онро медиҳад.

Иҷозатнома барои истихроҷи тамоми кони кандании фоиданок ё як қисми алоҳидаи он метавонад дода шавад. Истихроҷи як кони канданиҳои фоиданок аз тарафи истифодабарандагони гуногуни қаъри замин бояд мувофиқи нақшаи технологии мувофиқашудае, ки ба истихроҷи ғайриоқилонаи қаъри замин роҳ намедиҳад, гузаронида шавад. Ҳамохангсозии фаъолияти истифодабарандагони қаъри замин бо қарори онҳо ба зиммаи яке аз ташкилотҳое, ки ба он дигар ташкилотҳо иҷрои вазифаи ҳамоҳангсозро бовар мекунанд, гузошта мешавад. Шарти мазкур дар иҷозатномаи истихроҷи ин кон сабт мегардад.

Чун қоида, иҷозатнома танҳо барои истифодаи як кон дода мешавад. Дар мавридҳои истисноӣ, иҷозатнома барои истифодаи гурӯҳи конҳои хурде, ки дар шароити якхелаи кӯҳӣ-геологӣ мавҷуданд, барои коркарди комплексй муттаҳид карда шудаанд, агар коркардашон аз ҷониби як исхифодабарандаи қаъри замин аз назари иқтисодӣ самаранок бошад, дода мешавад.

6. Иҷозатнома барои истифодаи сарватҳои зери замин бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи иҷозатномадиҳанда дода мешавад. Нисбати канданиҳои фоиданоки маъмул қарор дар бораи иҷозатномадиҳӣ аз тарафи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, иҷозатиома аз ҷониби ин мақомот дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 24.07.2020 № 414).

7. Пешниҳод оид ба додани иҷозатнома барои истифодаи сарватҳои зери замин бо вазорату идораҳои зерин бояд мувофиқа карда шаванд:

- вобаста ба корҳои ҷустуҷӯӣ, арзёбӣ ва иктишофи геологии сарватҳои зери замин ва ҷамъоварии коллексияҳои минералогӣ, палеонтологӣ ва ҷинсҳои кӯҳӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2009 № 566аз 31.12.2014 № 830 аз 24.07.2020 № 414);

- вобаста ба истихроҷи нафт, газ ва ангишт, истифодаи дигар сарватҳои зери заминии маъданӣ ва ғайримаъданӣ, аз ҷумла истифодаи партовҳои истеҳсолоти истихроҷи маъдани кӯҳӣ ва коркарди он бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2009 № 566аз 31.12.2014 № 830 аз 24.07.2020 № 414).

8. Мутобиқи иҷозатнома қаъри замин ба шакли қитъаҳои иборат аз блокҳои геометрии қаъри замин, ки бо қитаъи кӯҳкорӣ ё геологӣ муайян карда мешавад, пешниҳод мегардад.

9. Додани ҳуқуқи истифодаи қитаъи замин баъд аз гирифтани иҷозатнома ва қитъаи кӯҳкорӣ ё геологӣ бо тартиби муқаррарнамуда амалӣ карда мешавад.

10. Барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ гирифтани иҷозатнома зарур нест ва он дар асоси иҷозати мақоми ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда амалӣ карда мешавад  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 830).

11. Андозаи пардохтҳои махсус дар қарордод оид ба истифодаи қаъри замин мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян карда мешавад.

12. Мӯҳлати амали иҷозатномаро бо назардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" мақомоти иҷозатномадиҳанда муқаррар менамояд ва он мувофиқи боби 6 ҳамин Низомнома дароз карда мешавад. Ҳангоми дароз кардани мӯҳлати амали иҷозатнома сифат ва самаранокии кори иҷрошуда ва тадбирҳо дар бобати ҳифзи қаъри замин ва муҳити зист, пардохтҳои саривақтии истифодаи қаъри замин ва ғайра ба эътибор гирифта мешавад.

13. Иҷозатнома аз ду қисм иборат аст: Варақаи унвонӣ ва мазмунии (шартҳои) иҷозатнома (замимаи 2). Ба иҷозатнома қитъаи кӯҳкорӣ ё қитъаи геологӣ замима мегардад, ки тибқи тартиби муқарраргардида дода мешавад.

14. Додани иҷозатнома барои истифодаи қаъри замин бо роҳи музокироти мустақим, ҳамчунин доир намудани озмун (тендер) тибқи тартиби муқарраргардида сурат мегирад.

15. Бо роҳи озмун (тендер) додани иҷозатнома дар сурате амалӣ карда мешавад, ки агар барои як объект якчанд дархост пешниҳод гардида бошад.

16. Баъди қабули дархост ба истифодабарандаи қаъри замин барои таҳияи нақшаи тиҷоратӣ ё ҳисобҳои техникӣ-иқтисодии корҳо, маҷмӯи кӯтоҳи иттилооти геологӣ оид ба қитаи қаъри замин пешниҳод мегардад.

17. Мақомоти иҷроияи иҷозатномадиҳанда дар мӯҳлати як моҳ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди давлатии маълумоти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иҷозатномаи додашуда хабардор намуда, нусхаи бастаи пурраи ҳуҷҷатҳоро ба Фонди давлатии маълумоти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигаҳдорӣ месупорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2009 № 566,  аз 24.07.2020 № 414).

18. Баъд аз додани иҷозатнома соҳиби вай ҳуқуқ дорад, ки бо пардохти маблағ хаҷми зарурии иттилооти геологиро оид ба қитаъи қаъри замини додашуда, гирад. Дар ҳолати мавҷуд набудани нусхаи озоди ҳисобот, нусхаи аз ҳисоби маблағи иҷозатномадор аксбардоришудаи маводҳо (ҳисоботҳо) дода мешавад.

19. Андозаи ҳаққи иҷозатномадиҳӣ барои гирифтани иҷозатномаи истифодабарии сарвати зери замин пардохти яккаратаи муқаррарӣ буда, дар ҳаҷми зерин пардохта мешавад:

- вобаста ба корҳои ҷустуҷӯӣ, арзёбӣ ва иктишофи геологии сарватҳои зери замин ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- вобаста ба ҷамъоварии коллексияҳои минералогӣ, палеонтологӣ ва ҷинсҳои кӯҳӣ бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- вобаста ба истихроҷи нафту газ сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- вобаста ба истихроҷи ангишт ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- вобаста ба истифодаи дигар сарватҳои зери заминии маъданӣ сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- вобаста ба истифодаи сарватҳои зери заминии ғайримаъданӣ ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- вобаста ба истифодаи партовҳои истеҳсолоти истихроҷи маъдани кӯҳӣ на коркарди он шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- вобаста ба истифодаи канданиҳои фоиданоки маъмул чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- вобаста ба истихроҷи канданиҳои фоиданок бо усули заршӯии худфаъол ва худбиёр шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

Эзоҳ: Барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати иҷрои фаъолияте, ки якчанд намуди корро дар бар мегирад, танҳо маблағи ҳадди баландтар ситонида мешавад.

20. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст, ки дар мӯҳлати то 1 сол аз рӯзи бақайдгирии иҷозатнома фаъолияти худро оғоз намояд.

Боби 60. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба истифодабарии объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: истифодаи объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд.

 2. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 414).

3. Иҷозатномадиҳӣ вобаста ба истифодаи фонди объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, тибқи квотаи ҳар сол аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

4. Мӯҳлат ва тарзҳои ба даст овардани объектҳои олами наботот ва ҳайвонот мувофиқи мақсадҳои истифодабарии онҳо муайян карда мешаванд ва набояд ба афзоиши табиии ин объектҳо зарар расонанд.

5. Воситаву усулҳои ба даст овардани ҳайвоноти ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида бояд мақсади интихобӣ доштани амалиётро таъмин намоянд, расонидани ҷарозати ҷисмонӣ ба ҳайвоноти дигар ва халалдор кардани оромии онҳоро то ҳадди имкон кам гардонанд.

6. Барои додани иҷозатномаи истифодаи объектҳои олами наботот ва ҳайвонот ба андозаи панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳақ пардохта мешавад.

Боби 61. Хусусиятҳои иҷозаномадиҳии фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои давраи ҳаётии иншооти истифодаи энергияи атомӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2020 № 465)

1. Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои ҳаётии иншооти истифодаи энергияи атомӣ.

2. Фаъолияти мазкур корҳои зеринро дар бар мегирад, ки онҳо дар замимаи иҷозатнома қайд карда мешаванд:

- истеҳсол, истифодабарӣ, коркард, ҳамлу нақл ва нигоҳцории маводи ядроӣ;

- интихоби қитъа, баҳодиҳии қитъа (асосноккунии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсир ба муҳити зист), лоиҳакашӣ, сохтмон, ба истифода додан, истифодабарӣ ва аз истифода баровардани иншооти истифодаи энергияи атомӣ.

3. Мақоми иҷозатномадиҳӣ: Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- хулосаи санитарию эпидемиологӣ;

- хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ;

- хулосаи системаи иҷозатдиҳии мақомотҳои корҳои дохилӣ;

- хулосаи мусбии мақомоти оташнишонӣ, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад;

- нусхаи ҳуҷҷати барасмиятдаровардашуда, ки ҳуқуқи соҳибмулкӣ ё истифода намудани маводи ядроӣ, нуқтаҳои нигаҳдории маводи ядроии довталаби иҷозатномаро тасдиқ мекунад;

- нусхаи фармоиш дар бораи таъин намудани шахси масъул оид ба бехатарии радиатсионӣ ва кормандоне, ки бо манбаъҳои афканишоти иондоркунанда сару кор доранд (гурӯҳҳои А ва Б);

- нусхаи дипломи тахассусӣ;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи омӯзиш оид ба бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ;

- баҳодиҳии бехатарии фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои ҳаётии иншооти истифодаи энергияи атомӣ;

- баҳодиҳии таъсир ба муҳити зист ва асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи сохтмони иншооти истифодаи энергияи атомӣ, истифодабарӣ ва ё аз истифода баровардани он;

- барномаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ;

- лоиҳаи сохтмон ё аз истифода баровардани иншооти истифодаи энергияи атомӣ бо нақшаи амалигардонии он;

- нақшаи эътино ба ҳолатҳои садамавӣ;

- чораҳо оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва сӯзишвории ядроии истифодашуда;

- ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти манбаъҳои маблағгузории корҳои аз истифода баровардани дастгоҳҳои ядроӣ, маводи ядроӣ ё нуқтаҳои нигаҳдории маводи ядроӣ, ҳамчунин фонди махсус барои маблағгузории хароҷоти вобаста аз истифода баровардани объектҳои нишондодашуда ва маблағгузорӣ барои корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба асоснок намудан ва пурзӯр намудани бехатарии ин объектҳо, ки довталаби иҷозатномаро тасдиқ менамоянд;

- ҳуҷҷате, ки имконияти ба нигаҳдории дарозмуддат супоридани партовҳои радиоактивии ҳосилшаванда ва бозгардонидани сӯзишвории истифодашудаи ядроиро тасдиқ менамояд;

- маълумот дар бораи воситаи нақлиёт ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи омӯзиш оид ба бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ (ҳангоми ҳамлу нақли маводи ядроӣ);

- маълумот дар бораи объектҳое, ки дар онҳо фаъолияти эъломшуда амалӣ карда мешаванд.

5. Барои додани иҷозатнома, маблағ дар ҳаҷми бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2020 № 465).

Боби 62. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото

 (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 31.12.2020 № 685)

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото.

2. Фаъолияти иҷозатномашаванда корҳои зеринро дар бар мегирад:

- фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор;

- фаъолият оид ба идораҳои букмекерӣ;

- фаъолият оид ба бозии лото.

3. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозагнома:

1) барои фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор:

- нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи моликият ё дигар асоси қонунии истифодабарии биноро тасдиқ мекунанд;

- нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки сифати таҷҳизотро барои ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор тасдиқ мекунанд;

- хулосаи мусбати мақомоти санитарию эпидемиологӣ дар бораи мувофиқати бино ба талаботи санитарӣ;

- маълумот оид ба марказҳои равандикунонӣ ва таҳлилии кассаи тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд;

- маълумот оид ба муассисони ташкилкунандаи кассаҳои тотализатор;

- рӯйхати кормандоне, ки идоракунӣ ва гузаронидани бозиҳоро дар объектҳои иҷозатномашаванда анҷом медиҳанд;

- кафолат оид ба пардохти фонди мукофотӣ ва бурдҳо, ки ташкилкунандаи кассаи тотализатор ба мақоми иҷозатномадиҳанда пешниҳод менамояд;

- маълумот дар бораи сомонаи расмии кассаи тотализатор, ки дар он шартбандӣ қабул карда мешаванд;

2) барои фаъолият оид ба идораҳои букмекерӣ:

- нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи моликият ё дигар асоси қонунии истифодабарии биноро тасдиқ мекунанд;

- нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки сифати таҷҳизотро барои ташкилу нигоҳдории идораҳои букмекерӣ тасдиқ мекунанд;

- хулосаи мусбати мақомоти санитарию эпидемиологӣ дар бораи мувофиқати бино ба талаботи санитарӣ;

- маълумот оид ба марказҳои равандикунонӣ ва таҳлилии кассаи тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд;

- маълумот оид ба муассисони ташкилкунандаи идораҳои букмекерӣ;

- рӯйхати кормандоне, ки идоракунӣ ва гузаронидани бозиҳоро дар объектҳои иҷозатномашаванда анҷом медиҳанд;

- кафолат оид ба пардохти фонди мукофотӣ ва бурдҳо, ки ташкилкунандаи идораи букмекерӣ ба мақоми иҷозатномадиҳанда пешниҳод менамояд;

- маълумот дар бораи сомонаи расмии идораи букмекерӣ, ки дар он шартбандӣ қабул карда мешаванд;

3) барои фаъолият оид ба бозии лото:

- нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи моликият ё дигар асоси қонунии истифодабарии биноро тасдиқ мекунанд;

- хулосаи мусбати мақомоти санитарию эпидемиологӣ дар бораи мувофиқати бино ба талаботи санитарӣ;

- рӯйхати кормандоне, ки идоракунӣ ва гузаронидани бозиҳоро дар объектҳои иҷозатномашаванда анҷом медиҳанд.

5. Шартҳо ва талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- мувофиқ будани бино барои муштариён ба меъёрҳо ва қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддисӯхторӣ;

- дар биноҳо барои муштариён мавҷуд будани қоидаҳои тартиби кор, қоидаи гузаронидани бозиҳо, қабули пули бозӣ, ки барои шинос шудан дастрас мебошанд;

- дар хазинаи ҷои гузаронидани бозӣ мавҷуд будани маблағ, ки барои фавран пардохт намудани бурди бозӣ ва фонди мукофотии эълоншуда кифоя мебошад;

- риоя намудани қоидаҳои бурдани ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва баҳисобгирии муҳосибавӣ;

- ба бинои фаъолият роҳ додани танҳо шахсони аз 18-сола боло;

- дар шакли электронӣ гузаронидани фаъолияти кассаҳои тотализаторӣ ва бозии лото манъ аст.

6. Андозаи ҳаққи иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор 10000 (даҳ ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар соли амали иҷозатнома муқаррар мешавад.

7. Андозаи ҳаққи иҷозатномадиҳӣ ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти идораҳои букмекерӣ 10000 (даҳ ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар соли амали иҷозатнома муқаррар мешавад.

8. Андозаи ҳаққи иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият оид ба бозии лото барои соҳибкорони инфиродӣ 500 (панҷсад) ва барои шахсони ҳуқуқӣ 2000 (ду ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар соли амали иҷозатнома муқаррар мешавад  (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 31.12.2020 № 685).

Боби 63. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти гаравхона (ломбард)

 (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 31.12.2020 № 685)

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти гаравхона (ломбард).

2. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани бинои заруриро барои амалӣ намудани фаъолияти гаравхона (ломбард) тасдиқ мекунанд;

- хулосаи мусбати мақомоти оташнишонӣ ва корҳои дохилӣ дар бораи мувофиқ будани биноҳо ва таҷҳизот ба талаботи муқарраргардида, ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад.

4. Талабот ва шартҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти гаравхона (ломбард)-ро оид ба қабул, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории молу мулке, ки ба гарав ва ё барои нигоҳдорӣ қабул мешаванд, тартиби фурӯши молу мулки хариданашуда ё талабкарданашударо танзим менамоянд;

- аз тарафи гаравхона (ломбард) ба манфиати гаравдеҳ аз ҳисоби худ суғуртакунии ҳатмии молу мулки багаравгузошташуда бо арзиши пурраашон;

- дар ихтиёри иҷозатномадор мавҷуд будани биноҳои зарурӣ, таҷҳизот ва системаи ҳимояи биноҳо, ки ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯ мебошанд,

5. Андозаи ҳаққи иҷозатномадиҳӣ ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти гаравхона (ломбард) 2000 (ду ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар соли амали иҷозатнома муқаррар мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 31.12.2020 № 685).

Замимаи 1

ба банди 8-и боби 38

Низомнома дар бораи иҷозатномадиҳӣ

ба баъзе намудҳои фаъолият

Тартиби муайян намудани сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда ҳангоми иҷозатномадиҳии фаъолияти роҳдорӣ

I. Мукаррароти умумӣ

1. Сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда дар фаъолияти роҳдорӣ ҳангоми додани иҷозатнома, вобаста ба имконияти довталаби иҷозатнома ва иҷро намудани корҳои дараҷаи мураккабиашон муайяншуда, муқаррар карда мешавад.

2. Меъёрҳои баҳодиҳӣ чунинанд:

- мавҷудияти кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла дорои сертификати ихтисос;

- мавҷудияти техника ва таҷҳизоти зарурӣ;

- мавҷудияти таҷриба ва собиқаи корӣ;

- ташкили назорати сифат;

- азхудкунии технологияи ҳозиразамон;

- таъминоти иттилоотӣ;

- мавҷудияти гурӯҳҳои озмоишии аттестатсияшуда;

- сертификати мувофиқат барои маҳсулот;

- сертификатҳои системаи сифат;

- сифати корҳои иҷрошаванда;

3. Иҷозатномадор ҳукуқи татбиқи он корҳоеро дорад, ки сатҳи масъулиятнокиашон дар иҷозатнома нишон дода шудааст. Иҷрои корҳои сатҳи масъулнокиашон баландтар манъ аст ва иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокиашон пастар манъ карда намешавад.

Ба ташкилотҳои навтаъсис танҳо барои иҷро кардани корҳои сатҳи масъулнокиаш IV иҷозатнома дода мешавад.

Барои иҷро намудани корҳои сатҳи масъулнокиашон I, II ва III дар ҷадвали штатӣ мавҷуд будани ҳайати доимии мухандисӣ-техникии дорои сертификати ихтисос ва коргарони ботаҷриба оид ба иҷрои ҳама намудҳои кор, инчунин техникаҳо, таҷҳизотҳо ва механизмҳои худро доштан зарур аст.

Сатҳи масъулиятнокии намуди фаъолиятҳо ҳангоми амали иҷозатнома дар ҳолати вайрон кардани шартҳои иҷозатномадиҳӣ паст карда мешавад ва дар асоси аризаи иҷозатномадор ва хулосаи экспертиза баланд карда мешавад.

II. Сатҳи масъулиятнокии иншоотҳои роҳ ва намуди корҳо

Корҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва иншооти роҳ:

1. Сатҳи масъулиятнокии I:

- лоиҳакашии иншоотҳои асосӣ (купрукҳои дарозиашон зиёда аз 40 метр, нақбҳо, долонҳо, роҳҳои автомобилгард ва оҳан, инчунин фурудгоҳҳо ва аэродромҳо);

- сохтмони купрукҳои дарозиашон зиёда аз 50 метр, нақбҳо ва долонҳо, роҳҳои категорияи 1,1а ва 16, сохтмони роҳҳои оҳан, фурудгоҳ ва аэродромҳо.

2. Сатҳи масъулиятнокии П:

- корҳои лоиҳакашӣ (купрукҳои дарозиашон то 50 метр, роҳҳо ва кӯчаҳои категорияҳои II ва III, кӯчаҳои шаҳрӣ, қубурҳо, эстакадаҳои дарозиашон 0-100 метр);

- коркарди асфалту бетон.

3. Сатҳи масъулиятнокии III:

- корҳои лоиҳакашӣ, таъмир, васлкунӣ, коркарди куму шағал (карер);

- сохтмони купрӯкҳои дарозиашон то 30 метр;

- сохтмони категорияи III ва роҳҳои маҳаллӣ дар кӯҳсор, сохтмони роҳҳои гариистифодаи умум.

4. Масъулиятнокии дараҷаи IV: гузаргоҳҳои дохиликварталӣ, роҳҳои автомобилгарди дохилихоҷагӣ, роҳҳои фаръии автомобилгард ба масофаи то 1 км: қубурҳои обгузар дар роҳҳои автомобилӣ бо гузариши оби аз сел эмин то 5 куб. м/сония ва ба тартиб даровардани гирду атрофи роҳ ва иншоотҳои он. Ташхиси сатҳи техникии конструксия ва иншоотҳо.

5. Сатҳи масъулиятнокии I: ташхиси умумии объектҳои масулиятнок ва конструксияҳо бо назардошти баҳодиҳии қобилияти мустаҳками дар вақти заминҷунбӣ, озмоиши конструксияҳо, деталҳо ҷузъҳо ва корҳои озмоишӣ, коркарди қарорҳои техникӣ оид ба мустақкамии онҳо, барқароркунӣ ва таҷдид.

6. Сатҳи масъулиятнокии II: ташхиси омодагии конструксия ва иншоотҳо бо назардошти баҳодиҳии вазъи физикии онҳо ва додани хулосаю пешниҳодҳо оид ба таҷдид ва мустаҳкамии конструксияҳо.

7. Сатҳи масъулиятнокии III: ташхиси таъҷилии конструкция ва иншоотҳо бо назардошти баҳодиҳии ҳолати амалии онҳо, додани хулоса оид ба қобилияти истифодабарии дарозмуддат ва қобилияти таҷдиди конструксияи вайроннашаванда.

8. Сатҳи масъулиятнокии IV: ташхиси визуалии конструксия ва иншоотҳо бо гузаронидани корҳо ва тартиб додани санади нуқсон барои иҷрои таъмири ҷорӣ ва асосӣ (капиталӣ).

Замимаи 2

ба банди 13 боби 59

Низомнома дар бораи хусусиятҳои

иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2009 № 566)

ШАКЛИ иҷозатнома барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИҶОЗАТНОМА барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ба___________________________________________________________дода шуд

                (номи истифодабарандаи қаъри замин)

Объект___________________________________________________________

                (номи объект, кандании фоиданок)

бо мақсади ______________________________________________________

                (намуди иҷозатнома)

Мӯҳлати амали иҷозатнома:

Оғоз "______" ____________

Анчом "______" ____________

Силсилаи_________________ № ____________

Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон______________________________ (вазифа)

________________________________________

(фамилия, ном, номи падар, имзо) Ҷ.М.

Замима ба иҷозатномаи

силсилаи____________ №__________________

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин иҷозатномаи

силсилаи____________ №______________________ ҳуқуқи истифодабарии

каъри заминҳо ба_________________________________________________

                   (номи истифодабарандаи каъри замин)

__________________________________________________________медиҳад

(намуди объект ва кандании фоиданок)

МАЗМУНИ ИҶОЗАТНОМА (шартҳои иҷозатномадиҳӣ)

1.___________________________________________________________________

     (маълумот дар бораи истифодабарандаи қаъри замин)

2.___________________________________________________________________

     (таъиноти мақсадноки корҳои бо намуди иҷозатномаи вобаста буда)

3.___________________________________________________________________

     (ҳудудҳои арзии қитъаи кӯҳкорӣ)

4.___________________________________________________________________

     (худудҳои арзии қитъаи қаъри замин)

5.___________________________________________________________________

     (мӯҳлати амали иҷозатнома)

6.___________________________________________________________________

     (пардохтҳои марбут ба истифодаи қаъри замин, қитъаи замин)

7.___________________________________________________________________

     (ҳаҷмҳои истихроҷи ашёи минералӣ)

8.___________________________________________________________________

     (тақсимоти саҳмии маҳсулоти бадастоянда)

9.___________________________________________________________________

  (ҳуқуқ ба иттилооте, ки дар ҷараёни истифодаи қаъри замин ба даст меояд)

10.__________________________________________________________________

    (ӯҳдадориҳо дар бобати истифодаи оқилона, ҳифзи

қаъри замин ва муҳити зист, бехатарии пеҳошбурди корҳо)

11.__________________________________________________________________

     (тартиби бурдани назорат)

12.__________________________________________________________________

     (шартҳои дароз кардани мӯҳлати амали иҷозатнома)

13.__________________________________________________________________

   (ҳаҷм ва намудҳои партовҳои истеҳсолӣ ва обҳои гандидаи саноатии

ба қаъри замин партофташаванда, экспертизаи экологӣ)

14.__________________________________________________________________

    (шартҳои дигар)

Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон

_________________________________________________________________

   (вазифа)

_____________________________________________________________Ҷ.М.

(фамилия, ном, номи падар, имзо)

"_____" _____________________

Замимаи 3

ба бандҳои 3 ва 6 боби 59

Низомнома дар бораи хусусиятҳои

иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият

Номгӯи канданиҳои фоиданоки маъмул

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2009 № 566)

1. Рег

2. Омехтаи регу шағал

3. Гил

4. Гилхок

5. Санги бинокорӣ

6. Регсанг

7. Бӯр

8. Квартсит

9. Доломит

10. Мергел

11. Оҳаксанг

12. Оҳаксанги ковок

13. Варақсанг

14. Аргиллитҳо ва алевролитҳо

15. Сангҳои магматикӣ, вулқонӣ ва метаморфӣ

Замимаи 4

ба сархати панҷуми

банди 1 боби 16 Низомнома

Номгӯи воситаҳои махсуси техникии барои ба таври махфӣ ба даст овардани иттилоот пешбинишудае, ки коркард, истеҳсол, фурӯш ва инчунин хариди онҳо бо мақсади фурӯш аз тарафи соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқии ба соҳибкорӣ машғулбуда амалӣ гардонида мешавад

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 203)

1) Воситаҳои махсуси техникӣ барои ба таври махфӣ гирифтан ва сабт кардани (ба қайд гирифтани) иттилооти овозӣ:

-системаҳои алоқаи симӣ, ки барои ба таври махфӣ ба даст овардан ва қайд намудани иттилооти акустикӣ пешбинӣ шудаанд;

-дастгоҳҳои радиоӣ, ки барои ба таври махфӣ ба даст овардан ва ба қайд гирифтани иттилооти акустикӣ пешбинӣ шудаанд.

2) Воситаҳои махсуси техникӣ барои назорати махфӣ ва ҳуҷҷаткунонӣ:

а) камераҳои аксбардорӣ, ки дорои ақаллан яке аз аломатҳои зерин мебошанд: зери ашёи маишӣ ва ашёи дигари истифодаи умумӣ ниқобпӯш карда шудаанд; дорои чашмаки воридшавии баровардашуда (PIN-HOLE) мебошанд; бе манзура; нуқтаҳои баровардашудаи идоракунии камераро доранд;

б) камераҳои телевизионӣ ва видеоӣ, ки дорои ақаллан яке аз аломатҳои зерин мебошанд: зери ашёи маишӣ ва ашёи дигари истифодаи умумӣ ниқобпӯш карда шудаанд; дорои чашмаки воридшавии баровардашуда (PIN-HOLE) мебошанд; дар ҳолати кам будани равшании объект (0,01 лк. ва камтар), ё дар ҳолати будани равшании 000,1 лк ва камтар дар элементи қабулкунанда кор карда метавонанд;

в) маҷмӯи дастгоҳҳои интиқоли акси видеоӣ тариқи шабакаҳои ноқилӣ, радио ва оптикӣ.

3) Воситаҳои махсуси техникӣ барои ба таври махфӣ гӯш кардани гуфтугӯи телефонӣ: системаҳои алоқаи ноқилӣ, ки барои ба таври махфӣ гӯш кардани гӯфтугӯҳои телефонӣ пешбинӣ шудаанд; дастгоҳҳои радиоӣ, ки барои ба таври махфӣ гӯш кардани гӯфтугӯҳои телефонӣ пешбинӣ шудаанд.

4) Воситаҳои махсуси техникӣ барои ба таври махфӣ ғасб ва ба қайд гирифтани иттилоот аз каналҳои техникии алоқа.

5) Воситаҳои махсуси техникӣ барои назорати махфии хабарҳо ва муросилоти почтавӣ.

6) Воситаҳои махсуси техникӣ барои таҳқиқи оперативии махфии ашё ва ҳуҷҷатҳо:

-дастгоҳҳои хурдҳаҷми интиқолии рентгеноскопӣ ва рентгенотелевизионӣ.

7) Воситаҳои махсуси техникӣ барои ба таври махфӣ ворид шудан ва муоина намудани биноҳо, воситаҳои нақлиётӣ ва дигар объектҳо: воситаҳо барои кушодани василаҳои қулфкунанда; дастгоҳи хурдҳаҷми интиқолии рентгеноскопӣ ва рентгенотелевизионӣ.

8) Воситаҳои махсуси техникӣ барои назорати оперативӣ ва пинҳонии ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ ва дигар объектҳо.

9) Воситаҳои махсуси техникӣ барои ба таври махфӣ гирифтани (тағйир додани, нобуд кардани) иттилоот аз воситаҳои техникии нигоҳдорӣ, коркард ва таҳвили он.

10) Воситаҳои махсуси техникӣ барои ҳаммонандкунии махфии шахсият: дастгоҳи бақайдгирандаи бисёрканалаи вокуниши психофизиологии шахс.

11) Воситаҳои махсуси техникӣ барои азназаргузаронии оперативии шахсии молу ашё.

Эзоҳ: Воситаҳои махсуси техникӣ метавонанд дар зери ашёи маишӣ ва дигар ашёи истифодаи умумӣ ниқобпӯш карда шуда бошанд ва ё ниқобпӯш набошанд, агар ин махсусан нишон дода шуда набошад.

Замимаи 5

ба боби 27 Низомнома

дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ

 ба баъзе намудҳои фаъолият

Тартиби муайян намудани сатҳи масъулиятнокӣ барои корҳои иҷрошаванда ҳангоми иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.03.2014 № 235)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ корҳои марбут ба таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии шаҳрсозӣ, таҳияи нақшаҳои шабакаҳои муҳандисии маҳалҳои истиқоматӣ ва ҳудудҳо, тарҳрезии меъморӣ, тарҳрезӣ ва нақшакашии сохтмон, тарҳрезии шабакаҳо ва системаҳои муҳандисӣ, таҳияи фаслҳои махсуси лоиҳа, тарҳрезии технологӣ (аз рӯи соҳаҳои саноат ва унсурҳои алоҳидаи хоҷагӣ), таҳияи лоиҳаҳои намуди дохилии иморат ва дизайн, иҷрои вазифаҳои лоиҳакашии куллро дар бар мегирад.

2. Фаъолият оид ба сохтмони биноҳо, иморату иншоот корҳои омодасозии майдончаи сохтмон, корҳои заминӣ, сохтмони таҳкурсӣ ва таҳдеворҳо, сохтмони конструксияҳои асосӣ ва деворҳои иморату иншоот, сохтмони шабакаҳо, таркиботи шабакаҳои муҳандисии берунӣ ва таҷҳизот, таркиботи шабакаҳои муҳандисии дохилӣ, корҳо оид ба ҳифзи конструксияҳо ва таҷҳизот, корҳои пардозгарӣ, васлкунии таҷҳизоти технологӣ, иҷрои вазифаҳои пудратчии кулл ва иҷрои вазифаи фармоишгарро дар бар мегирад.

3. Сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда ҳангоми додани иҷозатнома барои фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмони иморату иншоот, аз ҷумла васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда (минбаъд - сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда) вобаста ба имконияти довталаби иҷозатнома ва иҷрои корҳои дараҷаи мураккабиашон муайяншуда муқаррар карда мешавад.

4. Талабот ва шартҳои умумии иҷозатномадиҳӣ:

- на кам аз 50 фоизи шумораи штатии роҳбарон ва мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва собиқаи кории на камтар аз 5 сол дар сохди тадқиқоти муҳандисӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон доштани шахси ҳуқуқӣ;

- таҳсилоти олии касбӣ ва на камтар аз 5 сол собиқаи корӣ дар соҳаи тадқиқоти муҳандисӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон доштани соҳибкори инфиродӣ ва на камтар аз 5 сол собиқаи корӣ дар соҳаи таҳқиқ ва барқарорсозии иншооти мероси фарҳангӣ (ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ), ҳайкалу муҷассамаҳо доштани соҳибкори инфиродӣ ё шахси ҳуқуқӣ;

- мавҷудияти иморат, биноҳо, таҷҳизот ва ҷиҳозу олот, мошинҳои сохтмонӣ, воситаҳои нақлиёт, асбобҳои механикӣ ва дастӣ, таҷҳизоти технологӣ, дастгоҳҳои сайёр ва энергетикӣ, воситаҳои таъмини бехатарӣ, воситаҳои назорат ва ченкунӣ доштани довталаби иҷозатнома, ки бо ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунӣ ба ӯ тааллуқ доранд ва барои анҷомдиҳии фаъолияти иҷозатномашаванда заруранд;

- мавҷуд будани системаи назорати сифати корҳои анҷомдодашаванда, мавод, конструксияҳо, маснуоти қабулшаванда ва хизматрасонии метрологии асбобҳо ва воситаҳои ченкунӣ;

- иҷрои фаъолияти иҷозатномашаванда тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои давлатии дахлдор ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар сохтмон;

- номгӯи шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ дар қисми 2 Тартиби мазкур нишон дода мешавад.

2. Сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда

5. Сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда ҳангоми фаъолияти лоиҳакашӣ, тадқиқотӣ ва сохтмонӣ ба се дараҷа ҷудо карда мешаванд:

а) сатҳи масъулиятнокии дараҷаи - I;

б) сатҳи масъулиятнокии дараҷаи - II;

в) сатҳи масъулиятнокии дараҷаи - III.

6. Иҷозатномадор ҳуқуқи иҷрои намудҳои муқарраргардидаи корҳоеро дорад, ки сатҳи масъулнокии онҳо дар иҷозатнома нишон дода шудааст.

7. Иҷозатномадори сатҳи масъулиятнокии дараҷаи I метавонад корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи II ва дараҷан III - ро иҷро намояд. Иҷозатномадори сатҳи масъулиятнокии дараҷаи II метавонад корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи III - ро иҷро намояд. Иҷозатномадори сатҳи масъулиятнокии дараҷаи III ҳуқуқи иҷро намудани корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи I ва дараҷаи II - ро надорад.

8. Аз як сатҳ ба сатҳи масъулиятнокии дигар гузаштан, сарфи назар аз мӯҳлати амали иҷозатнома, дар асоси аризаи иҷозатномадор ва талаботи Тартиби мазкур амалӣ карда мешавад.

9. Дар ҳолати аз тарафи иҷозатномадор риоя накардани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ, сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда паст карда мешавад.

10. Ба корхонаҳои навтаъсис ва шахсони воқеӣ танҳо барои иҷро кардани корҳои сатҳи масъулиятнокиаш дараҷаи III иҷозатнома дода мешавад.

11. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки аз ҳисоби маблағҳои худашон, маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои буҷети маҳаллӣ, аз ҳисоби маблағҳои сармоягузорон ё дар асоси қарордод вазифаҳои фармоишгар ва назорати техникиро дар сохтмон ба иҷро мерасонанд, танҳо барои иҷрои вазифаҳои фармоишгар ва назорати техникӣ дар сохтмон иҷозатнома дода мешавад.

12. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба имкониятҳои доштаашон метавонанд танҳо барои иҷрои қисмҳои алоҳидаи корҳои лоиҳакашию тадқиқотӣ ё корҳои махсуси сохтмонӣ ва қисмҳои алоҳидаи корҳои сохтмонӣ иҷозатнома гиранд.

3. Сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда ҳангоми фаъолияти лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ

13. Ба довталабоне, ки дар ҷадвали штатӣ на камтар аз 75 фоизи ҳайати доимии муҳандисони техникӣ ё на камтар аз 75 фоизи муҳандисони лоиҳакаш, идораи корӣ, озмоишгоҳ, базаи истеҳсолӣ, асбобу таҷҳизоти тадқиқотию лоиҳакашӣ ва санадҳои меъёрии сохтмониву меъмориро доранд, барои иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи I иҷозатнома дода мешавад.

14. Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 1 корҳои зерин дохил мешаванд:

- корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии бинову иморатҳои истиқоматию ҷамъиятии аз 12- ошёна зиёд;

- иншооти гидротехникию мелиоративӣ;

- иншооти энергетикӣ;

- васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркунии объектҳои мавҷуда.

15. Ба довталабоне, ки дар ҷадвали штатӣ на камтар аз 50 фоизи ҳайати доимии муҳандисони техникӣ ё на камтар аз 50 фоизи ҳайати муҳандисони лоиҳакаш, идораи корӣ, асбобу таҷҳизоти тадқиқотию лоиҳакашӣ ва санадҳои меъёрии сохтмонӣ ва меъморӣ доранд, барои иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи II иҷозатнома дода мешавад.

16. Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи II корҳои зерин дохил мешаванд:

- корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии биною иморатҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятии то 12- ошёна;

- биноҳои истеҳсолӣ ва маишии корхонаҳои саноатӣ;

- биною иншооти кишоварзӣ;

- иншооти муҳандисӣ;

- васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркуиии объектҳои мавҷуда;

- иҷрои вазифаҳои лоиҳакаши генералӣ.

17. Ба довталабоне, ки дар ҷадвали штатӣ камтар аз 50 фоизи ҳайати доимии муҳандисони техникӣ ва камтар аз 50 фоизи муҳандисони лоиҳакаш доранд, идораи корӣ, озмоишгоҳ ва асбобу таҷҳизоти худро бо дигар асосҳои қонунӣ ташкил намудаанд, барои иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи III иҷозатнома дода мешавад.

18. Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи Ш корҳои зерин дохил мешаванд:

- корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии биною иморатҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятии то 3 - ошёна;

- васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркунии объектҳои мавҷуда;

- қисмҳои алоҳидаи лоиҳа;

- таҳияи лоиҳаҳои дохили бино ва дизайн.

4. Сатҳи масъулиятнокии корҳои сохтмонӣ

19. Ба довталабоне, ки дар ҷадвали штатӣ зиёда аз 75 фоизи ҳайати доимии муҳандисони техникӣ, коргарони қатории ботаҷриба оид ба иҷрои ҳама намудҳои кор (доимӣ ё шартномавӣ), инчунин техника, дастгоҳу таҷҳизот, механизмҳо ва заминаи моддию техникии худро доранд: барои иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи I иҷозатнома дода мешавад.

20. Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи I корҳои зерин дохил мешаванд:

- сохтмони биною иморатҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятии аз 12- ошёна зиёд;

- иншооти гидротехникию мелиоративӣ;

- иншооти энергетикӣ;

- васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарорқунии объектҳои мавҷуда.

21. Ба довталабоне, ки дар ҷадвали штатӣ на камтар аз 50 фоизи ҳайати доимии муҳандисони техникӣ, заминаи моддию техникӣ ё техникаю таҷҳизоти худро доранд, барои иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи II иҷозатнома дода мешавад.

22. Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи II корҳои зерин дохил мешаванд:

- сохтмони биною иморатҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятии то 12 - ошёна;

- иншооти муҳандисӣ;

- биноҳои истеҳсолӣ ва маишии корхонаҳои саноатӣ;

- биною иншооти таъиноти кишоварзӣ;

- васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркунии объектҳои мавҷуда;

- иҷрои вазифаҳои пудратчии генералӣ.

23. Ба довталабоне, ки дар ҷадвали штатиашон камтар аз 50 фоизи ҳайати доимии муҳандисони техникӣ доранд ва идораи корӣ, заминаи моддию техникӣ, техникаю механизмҳоро бо дигар асосҳои қонунӣ барои анҷомдиҳии фаъолияташон истифода мебаранд, барои иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи III иҷозатнома дода мешавад.

24. Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи Ш корҳои зерин дохил мешаванд:

- сохтмони биною иморатҳои истиқоматию ҷамъиятии то 3 - ошёна:

- васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркунии объектҳои мавҷуда;

- иҷрои корҳои махсуси сохтмонӣ;

- иҷрои намудҳои алоҳидаи корҳои сохтмонӣ дар бумёди иморату иншоотҳо;

- иҷрои вазифаҳои фармоишгар ва назорати техникӣ.

25. Иҷозатномаҳое, ки то қабули Тартиби мазкур дода шудаанд, то мӯҳлати дар онҳо нишон додашуда эътибор доранд.

Замимаи 6

ба боби 17 Низомнома дар бораи хусусиятҳои

иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият

Талаботи махсуси технологии тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда, аз он ҷумла тайёр кардани намунаҳо, шаклҳои чопкупӣ ва рақамгузории онҳо

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2017 № 61)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшавандамаҳсулоти матбаавие, ки на камтар аз ду унсури муҳофизатиро доро буда, бо истифода аз усулҳои матбаавӣ, голографӣ, иттилоотӣ, микропротсессорӣ ва дигар усулҳои муҳофизатӣ тайёр карда мешаванд, ба истиснои ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъие, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба онҳо талаботи дигар пешбинӣ мегардад.

2. Маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда аз тарафи иҷозатномадор дар корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои матбаавӣ (минбаъд-корхонаҳои матбаавӣ) бо истифода аз технологияи махсуси муосири барои ин корҳо пешбинигардида, аз ҷумла термопринтерҳои чопии маҳсулоти матбаавӣ бо миқёси гуногун, термолентаҳо, асбобҳои муайянкунии аслӣ будани маҳсулоти матбаавӣ тайёр карда мешавад.

2. Талабот оид ба тайёр кардани намунаҳои маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда ва талаботи реҷавӣ ба корхонаҳои матбаавӣ

3. Намунаҳои маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо муайян карда мешаванд.

4. Корхонаҳои матбаавӣ дар мувофиқа бо фармоишгар метавонанд нисбат ба маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда дараҷа ва нишонаҳои муҳофизатии иловагиро интихоб ва амалӣ намоянд.

5. Тамоми намунаҳои маҳсулоти матбаавӣ пеш аз тайёр намудан бояд бо фармоишгари он мувофиқа карда шаванд.

6. Корхонаи матбаавӣ ҳар як намунаи маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшавандаро бояд дар давоми 5 сол маҳфуз нигоҳ дорад.

7. Бинои (ҳудуди) корхонаи матбаавне, ки барои амалӣ намудани фаъолият оид ба тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда истифода мегардад, бояд бо панҷара иҳота гардида, бо муҳофиз таъмин карда шавад.

8. Дарҳои даромадгоҳи бино, инчунин дарҳои коргоҳҳои чопкунӣ бояд металлӣ буда, бо маҳкамкунандаҳои мустаҳкаму босифат, инчунин бо қулфҳо муҷаҳҳаз бошанд.

9. Коргоҳҳои чопкунӣ, анборҳо, инчунин ҷойҳои корӣ оид ба қабули фармоиш барои чопкунӣ, тақсимоти маводи тайёр ва фурӯши маводи матбаавни аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда бояд аз дигар утоқҳои ёрирасон ва хизматӣ ҷудо бошанд.

10. Пас аз анҷоми вақти корӣ утоқҳои истеҳсолӣ ва анборҳо бо муҳр ва қулф мустаҳкам карда шуда, калиди онҳо ба шахси масъул оид ба муҳофизат бо имзо ва қайди он дар дафтари махсус бо нишон додани сана ва вақт супорида мешавад.

11. Даромадан ба утоқҳои истеҳсолӣ ва ба ҳудуди корхонаҳои матбаавӣ танҳо тавассути дидбонгоҳҳои муҳофизатӣ дар асоси гузарнома ба роҳ монда мешавад.

12. Коргоҳҳои чопкунӣ, истеҳсолӣ, анборҳои ннгоҳдорӣ, утоқҳои ёрирасон, хизматӣ ва дигар қисмҳон дохили бинои корхонаҳои матбаавӣ бо воситаҳои хабардиҳандаи муҳофизавӣ-зиддисӯхторӣ ва лавозимоти зарурии зидди сӯхтор, инчунин бо камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.

3. Талабот оид ба шаклҳои чопкунии маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда ва рақамгузории онҳо

13. Шаклҳои чопкунии маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда тибқи Талаботи мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти навъи маҳсулот ба роҳ монда мешаванд.

14. Маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда бояд бо истифодаи коғази андозааш 70-120 г/м.кв истеҳсол карда шавад.

15. Коғазе, ки аз он маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда истеҳсол карда мешаванд, бояд ба нишондиҳандаҳои зерин мутобиқат намояд:

- дорои аломати обгуни равшани таъминкунандаи назорати визуалии он бошад;

- маҳсулоти матбаавии муҳлати амалаш то як сол бояд аз коғазе истеҳсол карда шавад, ки дар таркибаш 10 - 25% нахи пахта ва катон дорад;

- маҳсулоти матбаавии муҳлати амалаш зиёда аз як сол бояд аз коғазе истеҳсол карда шавад, ки дар таркибаш 25 - 50% нахи пахта ва катон дорад.

16. Дар рафти истеҳсоли маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда дар баробари рангҳои умумии истифодашаванда, инчунин бояд рангҳои махсуси дорои люминессенсияи зери шуои ултрабунафш дидашаванда, голограмма, рангҳои дорои хусусиятҳои магнитию электроноқилӣ ва ё дар қисмати спектр тасвирнашаванда истифода бурда шаванд.

17. Ҳангоми истифода бурдани голограмма ба сифати дараҷаи муҳофизатии маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда голограммаҳо бояд дар шакли фолгаи дар ҳолати тафсон ё ломинатсияи сард иҷро шуда, дизайни такрорнашаванда ва микроматнҳо аз 20 то 100 микрометр дошта бошанд.

18. Рангубор ва андозаи ҳошияҳо дар тамоми нусхаҳое, ки дар як адади нашр чоп мешаванд, бояд якхела бошанд.

19. Маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофшатшаванда бояд на камтар аз се унсурҳои гилоширии аз ҷиҳати шаклу тасвир гуногунро дошта бошад, ки хатҳои иҷрои яке манфӣ ва дигаре мусбат мебошанд.

20. Таҳранги варақа бояд аз ду тӯри рангаи болои ҳам омада истеҳсол шуда, яке аз ин тӯрҳо дорои сохтори унсурҳои графикии ғайримунтазам бошад.

21. Ба сифати воситаҳои иловагии ҳифзи маҳсулоти матбаавин аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда инҳо метавонанд истифода шаванд:

- тасвири ниҳонӣ дар чопи металлографӣ;

- чопи силсила ва рақамҳо бо истифодаи рангҳои флуоренсентӣ, барқгузаронӣ ва магнитӣ дар чопи баланд;

- чопи ниҳонӣ дар чопи офсет;

- рангҳои металликии флуорессенсияшуда (нуқрагин);

- унсурҳои ба назар нонамоёне, ки дар зери шуои инфрасурх аён мегарданд.

22. Рақамгузорӣ ва силсила дар маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда тибқи супориши фармоишгар ба роҳ монда мешавад.

23. Корхонаи матбаавӣ бояд маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшавандаро тибқи рақамгузорӣ ва силсилаи дар он ифодашуда дар дафтари махсус ба қайд гирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2017 № 61).

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав)

Мувофиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Низомномаи замимагардида дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав) тасдик карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 3 апрели соли 2007 № 172

ш. Душанбе

Лоиҳа

Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав)

(қарори ҳукумати ҶТ аз 01.10.2007 № 518, аз 01.04.2008 № 179, аз 27.08.2008 № 443, аз 29.08.2009 № 472, аз 31.08.2009 № 507, аз 01.10.2009 № 566, аз 31.10.2009 № 624, аз 02.12.2009 № 668, аз 12.02.2010 № 62, аз 03.12.2010 № 646)

ҚИСМИ УМУМӢ

ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Боби 1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (минбаъд - Низомнома) мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" таҳия гардидааст.

2. Ин Низомнома муносибатҳои амалӣ намудани фаъолиятеро (амалеро), ки бояд барои он аз мақомоти дахлдори иҷозатномадиҳанда иҷозатнома (литсензия) (минбаъд - иҷозатнома) гирифта шавад, ба танзим медарорад.

3. Иҷозатномаҳо метавонанд аз ҷониби мақомоти марказӣ ё сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷозатномадиҳанда дода шаванд, агар ин ҳолат дар қисми махсуси ин Низомнома пешбинӣ шуда бошад.

4. Иҷозатномаро роҳбари мақомоти иҷозатномадиҳанда ё муовини ӯ имзо намуда, он бо мӯҳри ин мақомот тасдиқ карда мешавад. Дар ҳолатҳое, ки иҷозатмома аз ҷониби воҳидҳои сохтории мақомоти иҷозатномадиҳанда ё сохторҳои маҳаллии он дода мешавад, онро роҳбари воҳиди сохторӣ ё сохтори маҳаллии ин мақомот имзо намуда, бо мӯҳри ин мақомот тасдиқ менамояд.

5. Шахсони воқеӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият ва соҳибкорони инфиродӣ, ки барои машғул шудан ба намудҳои алоҳидаи фаъолият, ки бояд барои он иҷозатнома гирифта шавад, изҳори хоҳиш намудаанд, ӯҳдадоранд тибқи тартиби муқаррарнамудаи ин Низомнома иҷозатнома гиранд.

6. Бе иҷозатнома машғул шудан ба фаъолияте, ки бояд барои иҷрои он иҷозатнома гирифта шавад, манъ аст.

7. Ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти иҷозатномашаванда (литсензияшаванда) (минбаъд - иҷозатномашаванда)-ро шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ пас аз гирифтани иҷозатнома пайдо мекунад. Иҷозатномаи ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ додашуда, ҳуҷҷате мебошад, ки барои машғул шудан ба намуди фаъолияте, ки дар он нишон дода шудааст, ҳуқуқ медиҳад.

8. Намуди фаъолияте, ки дар моддаҳои 17 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистрн "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" нишон дода шудааст, метавонад намудҳои корҳоеро дарбар гирад, ки ба ин намуди асосии фаъолият дохил мегарданд. Дар қисми махсуси ин Низомнома метавонад рӯйхати мушаххаси ин намудҳои корҳо нишон дода шаванд.

9. Ба ҳар як намуди фаъолияти дар моддаҳои 17 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" номбаршуда, як иҷозатнома дода мешавад. Агар фаъолияти иҷозатномашаванда ба намуди корҳоро дар бар гирад, ин намуди корҳо дар иҷозатнома нишон дода мешаванд. Иҷозатномаи алоҳида ба намудҳои корҳое, ки ба намуди фаъолият дохил мешаванд, талаб карда намешавад.

10. Агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Низомнома тартиби дигар пешбини нагардида бошад, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрванд бо ҳамон шарт ва бо ҳамон тартибе, ки барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, иҷозатнома мегиранд. Шахси ҳуқуқии хориҷии довталаби иҷозатнома бояд филиал ё намояндагии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошад.

11. Иҷозатномаҳое, ки дар давлатҳои дигар гирифта шудаанд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шартҳои мутобиқ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд.

Боби 2. Тартиби ҷорӣ намудани намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда

1. Ҷорӣ намудани намуди нави фаъолияти иҷозатномашаванда ё бекор кардани онҳо танҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" муқаррар карда мешавад.

2. Меъёрҳои алоҳидаи танзими масъалаҳои махсуси марбут ба иҷозатномадиҳӣ, ки дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавҷуданд, набояд хилофи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" бошанд ва метавонанд танҳо баъди ворид намудани тағйирот ё иловаҳои дахлдор ба Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" мавриди истифода қарор гиранд.

3. Ба мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳангоми иҷозатномадиҳӣ мустақилона муқаррар намудани намудҳои иловагии фаъолияти иҷозатӣ, ки ба намуди фаъолият вобастаанд, инчунин муқаррар намудани талабот ё шартҳои дар ин Низомнома пешбининагардида манъ аст.

Боби 3. Ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатнома ва қарори додани онро тасдиқ мекунад

1. Дар қарор дар бораи додани иҷозатнома ва ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани онро тасдиқ мекунад, инҳо нишон дода мешаванд:

номи мақомоти иҷозатномадиҳанда:

барои шахси ҳуқуқӣ - иом ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, суроғаи ҳуқуқӣ;

барои соҳибкори инфиродӣ - насаб, ном, номи падар, ҷои истиқомат, шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он;

намуди фаъолияти иҷозатномашаванда бо намудхои кор (агар фаьолияти иҷозатномашаванда ба намудҳои кор тақсим шавад);

рақами бақайдгирӣ, рӯз ва мӯҳлати амали иҷозатнома;

рақами мушаххаси (идентификатсионии) андозсупоранда;

рақами иҷозатнома;

рӯзи қабул кардани қарор дар бораи додани иҷозатнома.

2. Шакли варақаҳои (бланкаҳои) иҷозатнома аз тарафи мақомоти иҷозатномадиҳанда тасдиқ карда мешаванд. Варақаҳои иҷозатнома бояд ба тариқи типографӣ тайёр карда шуда, дараҷаи ҳифозат, силсилаи қайд ва рақам дошта бошанд. Варақаҳои иҷозатнома ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии қатъӣ мебошанд. Варақаҳои иҷозатномаро мақомоти иҷозатномадиҳанда ба ҳисоб мегирад ва нигоҳ медорад.

3. Ба ислоҳкунӣ дар варақаҳои иҷозатнома роҳ дода намешавад. Варақаҳои вайроншудаи иҷозатнома бо тартиб додани санад нест карда мешаванд.

4. Дар сурати гум кардани иҷозатнома, иҷозатномадор барои гирифтани дубликати иҷозатнома ҳуқуқ пайдо мекунад.

5. Тибқи дархости мақомоти иҷозатномадиҳанда ва андоз иҷозатномадор ӯҳдадор аст иҷозатномаро пешниҳод кунад. Агар иҷозатномадор барои додани дубликат, азнавбарасмиятдарорӣ ё дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома ариза дода бошад, пешниҳод кардани нусхаи иҷозатнома мумкин аст.

Боби 4. Амали иҷозатнома

1. Намуди фаъолияте, ки барои амалӣ намудани он иҷозатнома дода шудааст, метавонад танҳо аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки иҷозатнома гирифтааст, анҷом дода шавад.

2. Фаъолияте, ки мақомоти иҷозатномадиҳанда барои иҷрои он иҷозатнома додааст, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, агар санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ҳолати дигарро пешбинӣ накарда бошанд.

3. Дар ҳолатҳое, ки бевосита қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, амали иҷозатнома метавонад танҳо дар ҳудуди муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн гардад.

Боби 5. Шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ

1. Яке аз шарту талаботи ҳатмии иҷозатномадиҳӣ ҳангоми аз ҷониби иҷозатномадор амалӣ кардани намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин талаботи дар ин Низомнома пешбинишуда мебошад.

2. Нисбати намудҳои фаъолияти иҷозатномашавандае, ки барои амалӣ намудани онҳо дониши махсус талаб карда мешавад, дар қисми умумии ин Низомнома метавонанд талаботи тахассусӣ нисбати довталаби иҷозатнома ё иҷозатномадор пешбинӣ карда шаванд, аз ҷумла талаботи тахассусӣ нисбати кормандони шахси ҳуқуқи ё шаҳрванде, ки соҳибкори инфиродӣ мебошад.

3. Нисбати намудҳои фаъолияти иҷозатномашавандае, ки шартҳои махсус барои амалӣ намудани онҳо талаб карда мешавад, дар шарту талаботи иҷозатномадиҳии дар қисми умумии ин Низомнома муқарраргардида, метавонанд талаботи ба шартҳои махсуси пешбинишуда мутобиқат намудани объекте дохил карда шаванд, ки дар он ё бо ёрии он чунин намуди фаъолият амалӣ карда мешавад.

Эзоҳ: Дар ин Низомнома таҳти мафҳуми объект иморатҳо, иншоот, инчунин воситаҳои техникие фаҳмида мешавад, ки бо ёрии онҳо намуди фаъолияти иҷозатномашаванда амалӣ карда мешавад.

4. Номгӯи шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳии намуди мушаххаси фаъолияти иҷозатномашаванда дар қисми махсуси ин Низомнома нишон дода мешавад ва ҷузъи таркибии иҷозатномаи додашаванда мебошад (дар шакли замимаи иҷозатнома дода мешавад).

5. Ҳангоми зарурат мақомоти иҷозатномадиҳанда мутобиқати шароити фаъолиятро ба талаботи муқарраршуда, дар ҷояш месанҷанд.

6. Санҷишҳо аз ҳисоби маблағҳои аз буҷетҳои дахлдор барои хароҷоти мақомоти иҷозатномадиҳанда ҷудогардида, гузаронида мешаванд.

Боби 6. Хироҷ барои баррасӣ, додан, аз нав ба расмият даровардан ва дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома

1. Барои аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда баррасӣ гардидани ариза дар бораи додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" нишон дода шудаанд, ба андозаи чор ҳадди ақали музди меҳнат хироҷ ситонида мешавад. Барои баррасӣ гардидани ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" нишон дода шудаанд, ба андозаи даҳ ҳадди ақали музди меҳнат хироҷ ситонида мешавад. Ин маблағҳо баргардонида намешаванд.

2. Барои додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" нишон дода шудаанд, ба андозаи даҳ музди меҳнати ҳадди ақал хироҷ ситонида мешавад. Хироҷи додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолиятҳое, ки дар моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" пешбинӣ шудаанд, дар фасли Ш қисми махсуси ин Низомнома муайян карда мешаванд.

3. Дар сурати аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ба андозаи ду ҳадди ақали музди меҳнат хироҷ ситонида мешавад.

4. Барои дароз намудани амали иҷозатнома ба ҳамои мӯҳлате, ки иҷозатнома дода шудааст, маблағ баробар ба хироҷи додани иҷозатнома ситонида мешавад.

5. Хироҷ барои баррасии ариза ва додани иҷозатнома, инчунин барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ё дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома аз ҷониби иҷозатномадор дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ё маҳаллӣ пардохт карда мешаванд. Пардохт мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Барои гирифтани дубликати иҷозатнома, хироҷ ба андозае, ки барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ситонида мешавад, пардохт карда мешавад.

6. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ надоранд, ки аз довталаби иҷозатнома дигар маблағҳои пулиро ситонад.

7. Иҷозатномадиҳӣ дар доираи маблағҳои аз буҷетҳои дахлдор барои хароҷоти мақомоти иҷозатномадиҳанда ҷудогардида маблағғузорӣ карда мешавад.

Боби 7. Ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд

1. Довталаби иҷозатнома барои гирифтани иҷозатнома ба мақомоти иҷозатномадиҳанда хуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

- ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:

барои шахси ҳуқуқӣ - ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот, суроғаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоб ва номи бонк;

барои соҳибкори инфиродӣ - насаб, ном, номи падар, ҷои истиқомат, шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он;

- намуди фаъолияти иҷозатномашаванда, ки соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқӣ мақсади анҷом додани онро доранд ва мӯҳлате, ки дар давоми он чунин фаъолият анҷом дода мешавад;

барои шахси ҳуқуқӣ - нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии довталаби иҷозатнома ба сифати шахси ҳуқуқӣ;

барои соҳибкори инфиродӣ - нусхаи шаҳодатномаи қайди давлатии шаҳрванд ба сифати соҳибкори инфиродӣ;

- нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз;

- ҳуҷҷате, ки пардохти хаққи иҷозатномаро барои баррасӣ шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад;

- маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иҷозатнома;

- рӯзи додани ариза ва имзои довталаб.

2. Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои мазкур дар қисми махсуси ин Низомнома пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои дигаре, ки мавҷуд будани онҳо барои амалӣ намудани намуди мушаххаси фаъолият зарур аст, пешбинӣ шуда метавонанд.

3. Аз довталаби иҷозатнома пешниҳоди ҳуҷҷатҳоеро, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ва ҳамин Низомнома пешбинӣ нашудаанд, талаб кардан мумкин нест.

4. Ҳуҷҷатҳоро довталаби иҷозатнома ба забони тоҷикӣ ё русӣ пешниҳод мекунад. Ҳуҷҷатҳое, ки шахсони хориҷӣ пешниҳод мекунанд ё аз хориҷа пешниҳод карда мешаванд, бояд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд.

5. Шакли аризаро, мақомоти иҷозатномадиҳанда бо дарназардошти талаботи Низомномаи мазкур тасдиқ мекунад.

6. Мақомоти иҷозатыомадиҳанда ӯҳдадор аст лавҳаи иттилоотӣ тартиб дода, дар он рӯйхати ҳуҷҷатҳо ва намунаҳои онҳоро, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд, овезон кунад.

7. Довталаби иҷозатнома барои дурустии маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ҷавобгар аст. Мақомоти иҷозатномадиҳанда, дар мавриди зарурат, ҳуқуқ дорад дурустии маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи довталаби иҷозатномаро санҷад.

8. Ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки ба мақомоти дахлдори иҷозатномадиҳанда барои гирифтани иҷозатнома пешниҳод мегарданд, тибқи руйхат қабул карда мешаванд ва нусхаи рӯйхат бо қайди рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти мазкур ба довталаби иҷозатнома фиристонида (супорида) мешавад.

Боби 8. Қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома

1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда қарорро дар бораи додан ё надодани иҷозатнома дар мӯҳлати на зиёда аз сӣ рӯзи ворид гардидани аризаи довталаби иҷозатнома, бо тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ, баъд аз баррасии ҳуҷҷатҳо, гузаронидани экспертизаҳо, муоинаҳо ва дигар амалҳои зарурӣ қабул мекунад.

2. Баррасии ариза ва додани иҷозатнома аз ҷониби комиссия иҷро карда мешавад, агар дар қисми махсуси ин Низомнома ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад. Ҳайати комиссия бо фармони роҳбари мақомоти иҷозатномадиҳанда тасдиқ карда мешавад. Ба ҳайати комиссия метавонанд намояндагони дигар вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дахлдор дохил карда шаванд. Низомномаи комиссияро мақомоти иҷозатномадиҳанда тасдиқ мекунад.

3. Рӯз ва ҷои гузаронидани ҷаласаи комиссияи мақомоти иҷозатномадиҳанда бояд пешакӣ эълон карда шаванд. Довталаби иҷозатнома ё намояндаи ваколатдори он ҳақ дорад дар ҷаласаи комиссияи мақомоти иҷозатномадиҳанда иштирок кунад. Ба ҷаласа ҳозир нашудани шахсони номбурда барои надодани иҷозатнома асос шуда наметавонад.

4. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст, ки дар мӯҳлати барои қабули қарор муқарраргардида дар бораи додан ё надодани иҷозатнома пешбинишуда довталаби иҷозатномаро оид ба қарори қабулшуда ба таври хаттӣ огоҳ намояд.

5. Хабарнома дар бораи додани иҷозатнома ба довталаби иҷозатнома дар шакли хаттӣ бо қайди реквизити ҳисоби бонкӣ ва мӯҳлати пардохти маблағи хироҷи додани иҷозатнома фиристонида (супорида) мешавад.

6. Хабарнома дар бораи надодани иҷозатнома ба довталаби иҷозатнома бо нишон додани сабабҳои радкунӣ фиристонида (супорида) мешавад.

7. Мақомоти иҷозатномадиҳанда баъди се рӯзи пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти хироҷи додани иҷозатнома ба иҷозатномадор ҳуҷҷатеро, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ мекунад, ройгон медиҳад.

8. Қарори мақомоти иҷозатномадиҳанда бо санади дахлдор ба расмият дароварда мешавад ва дар парвандаҳои он нигоҳ дошта мешавад. Тибқи дархости аризадиҳанда ё намояндаи ваколатдори он, иқтибос аз протоколи дахлдор ё нусхаи санад ройгон дода мешаванд.

Боби 9. Надодани иҷозатнома

1. Асосҳои надодани иҷозатнома инҳо мебошанд:

- вуҷуд доштани маълумоти нодуруст ё таҳрифшуда дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи довталаби иҷозатнома;

- мутобиқ набудани довталаби иҷозатнома, объектҳои ба ӯ тааллуқдошта ё аз тарафи ӯ истифодашаванда ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ;

- хулосаи манфии мақомоти дахлдор вобаста ба намуди фаъолияти дархостшаванда.

2. Дар сурати аз ҷониби довталаби иҷозатнома дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи гирифтани огоҳнома дар бораи надодани иҷозатнома бартараф гардидани монеаҳои дар сархатҳои якум ва дуюми банди 1 ҳамин боб нишондодашуда, ариза бо тартиби муқаррарӣ бе пардохти такрори мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар сурати надодани иҷозатнома хироҷи баррасии ариза ба довталаби иҷозатнома баргардонида намешавад.

3. Ҳаҷми маҳсулоте (кору хизматрасоние), ки довталаби иҷозатнома истеҳсол мекунад (анҷом медиҳад) ё истеҳсолашро (анҷом доданашро) ба нақша гирифтааст, барои надодани иҷозатнома асос шуда наметавонад.

4. Надодани иҷозатнома бо дигар асосҳое, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ва ҳамин Низомнома пешбинӣ нагардидаанд, манъ аст.

5. Довталаби иҷозатнома ҳуқуқ дорад нисбати надодани иҷозатнома ё барои бефаъолиятии мақомоти иҷозатномадиҳанда ба суд муроҷиат намояд.

Боби 10. Аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамояд

1. Дар ҳолати азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ, тағйир ёфтани ном ё макони ҷойгиршавӣ ва ё тағйир ёфтани ном ё ҷои истиқомати соҳибкори инфиродиро тасдиқ менамояд, иҷозатномадор - шахси ҳуқуқӣ шахси ҳуқуқӣ (вориси ҳуқуқии ӯ) ё соҳибкори инфиродӣ ӯҳдадор аст дар давоми на дертар аз понздаҳ рӯз барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки иҷозатнома доштанашро тасдиқ менамояд, ариза диҳад ва ба он ҳуҷҷатҳоеро замима кунанд, ки тағйироти нишондодашударо тасдиқ менамоянд.

2. Ҳангоми аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамоянд, мақомоти иҷозатномадиҳанда ба феҳристи иҷозатномаҳо тағйироти дахлдор ворид менамоянд.

3. Аз нав ба расмият даровардани иҷозатнома аз тарафи мақомоти иҷозатномадиҳанда дар давоми даҳ рӯз аз рӯзи ворид гардидани аризаи дахлдор анҷом дода мешавад.

4. То аз нав ба расмият даровардан ва гирифтани иҷозатнома иҷозатномадор метавонад фаъолиятро дар асоси нусхаи иҷозатномаи пештар гирифташуда анҷом диҳад.

5. Ҳангоми азнавбарасмиятдарории иҷозатнома санҷиши ғайринавбатӣ, муоина, экспертиза гузааронида намешаванд.

6. Аз иҷозатномадор бо асосҳои дигаре, ки дар ин боб пешбинӣ нагардидаанд, талаб намудани азнавбарасмиятдарории иҷозатнома манъ аст.

7. Иҷозатномадор ҳақ дорад дар сурати рад гардидани азнавбарасмиятдарории иҷозатнома ба суд шикоят намояд.

Боби 11. Дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома

1. Мӯҳлати амали иҷозатнома ҳангоми ба охир расиданаш метавонад дар асоси аризаи иҷозатномадор дароз карда шавад.

2. Мӯҳлати иҷозатнома бо тартиби аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ мекунад ва ба мӯҳлати дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" барои ин намуди фаъолият пешбинӣ гардида, дароз карда мешавад.

3. Иҷозатномадор ҳақ дорад дар сурати рад гардидани дароз кардани мӯҳлати амали иҷозатнома ба суд шикоят намояд.

Боби 12. Боздоштан, бекор кардан ва қатъ намудани амали иҷозатнома

1. Боздоштани амали иҷозатнома дар холатҳои зерин роҳ дода мешавад:

- риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ;

- ба шахси дигари воқеӣ ё ҳуқуқӣ додани иҷозатнома;

- истеҳсол ва ё ба фурӯш баровардани маҳсулоти пастсифат, хизматрасонии пастсифат;

- риоя накардани дигар талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад ҳангоми такроран ошкор кардани қонуншиканиҳо (ду ва зиёда маротиба) ё шарту талаботи иҷозатномадиҳиро дағалона вайрон намудани иҷозатномадор амали иҷозатномаро боздорад. Боздоштани амали иҷозатнома ҳамчунин дар ҳолатҳои истисноӣ, агар он барои пешгирии хатари бевосита барои ҳаёт ва саломатии одамон, ба миён омадани фалокати техногенӣ, расонидани зарари барқарорнашаванда ба объектҳои табиат ё ҳолати муҳити зист зарур бошад ва пешгирии ин ҳолатҳо бо роҳҳои дигар имконнопазир бошад, татбиқ карда мешавад.

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ӯхдадор аст, ки мӯҳлати аз ҷониби иҷозатномадор бартараф кардани қонуншиканиро, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидааст, муқаррар намояд. Мӯҳлати нишондодашуда набояд аз се моҳ зиёд бошад. Агар иҷозатномадор қонуншиканиҳои мазкурро дар мӯҳлати муқарраршуда бартараф накарда бошад, мақомоти иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст ба суд муроҷиат намуда, бекор кардани иҷозатномаро талаб намояд.

4. Тамоми қарорҳои марбут ба боздоштани амали иҷозатнома ё бекор кардани он дар маҷлиси мақомоти иҷозатномадиҳанда бо даъвати ҳитмии иҷозатномадор (намояндаи ӯ) баррасӣ мегарданд. Мақомоти иҷозтаномадиҳанда бояд иҷозатномадорро пешакӣ ба таври хаттӣ на дертар аз 10 рӯз пеш аз оғози маҷлис хабардор созад. Дар сурати бе сабабҳои узрнок ҳузур надоштани иҷозатномадор (намояндаи ӯ), ки ба таври зарурӣ хабардор гардидааст, қарорҳо метавонавд бе иштироки ӯ қабул карда шаванд.

5. Мақомоти иҷозатномадиҳанда қарор дар бораи боздоштани амали иҷозатномаро дар шакли хаттӣ бо асосноксозии ваҷҳнок на дертар аз се рӯзи баъди қабули чунин қарор ба маълумоти иҷозатномадор мерасонад.

6. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст мақомоти иҷозатномадиҳандаро аз бартараф кардани қонуншиканиҳое, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидаанд, хаттӣ хабардор намояд.

7. Мақомоти иҷозатномадиҳандае, ки амали иҷозатномаро боздоштааст, дар бораи барқарор намудани амали он қарор қабул мекунад ва дар ин бора ба иҷозатномадор дар давоми се рӯзи баъди гирифтани хабарномаи дахлдор ва санҷидани бартараф намудани қонуншиканиҳое, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидаанд, ба таври хаттӣ хабар медиҳад.

8. Мӯҳлати иҷозатнома дар давоми боздоштани амали он дароз карда намешавад ва барои барқарор кардани амали он маблағ ситонида намешавад.

9. Агар иҷозатномадор шарту талаботи иҷозатномаро риоя накарда бошад ва бар асари ин ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ, саломатии шаҳрвандон, мудофиа ва амнияти давлат, мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиён расида бошад ва ё дар ҳолате, ки агар иҷозатномадор қонуншиканиҳоро дар мӯҳлати муқарранамудаи мақомоти иҷозатномадиҳанда ислоҳ накарда бошад, иҷозатнома бо қарори суд дар асоси аризаи мақомоти иҷозатномадиҳанда бекор карда мешавад. Инчунин иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад ҳангоми ба суд додани ариза амали иҷозатномаи мазкурро то рӯзи ба кувваи қонунӣ даромадани қарори суд боздорад.

10. Мақомоти иҷозатномадиҳанда метавонад иҷозатномаро дар мавриди аз тарафи иҷозатномадор дар давоми понздаҳ рӯз напардохтани хаққи иҷозатнома бекор кунад.

11. Маълумот оид ба боздоштан, барқарорсозии амали иҷозатнома ва бекор кардани он аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда ба мақомоти андози маҳалли қайди иҷозатномадор фиристода мешаванд ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба маълумоти мақомоти назоратию тафтишӣ фиристонида мешаванд.

12. Нисбати қарори боздоштани амали иҷозатнома ва бекор кардани он бо тартиби судӣ шикоят кардан мумкин асг.

13. Амали иҷозатнома дар ҳолатҳои бархамдиҳии шахси хуқуқӣ ва қатъ гаштани амали шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ, ба қувваи қонунӣ даромадани _ҳалномаи суд дар бораи бекор кардани амали иҷозатнома, ба охир расидани мӯҳлати амали иҷозатнома, инчунин дар асоси аризаи хаттии иҷозатномадор қатъ карда мешавад.

Боби 13. Феҳристи иҷозатномаҳо

1. Феҳристи иҷозатномаҳо - маҷмӯи маълумот дар бораи додани иҷозатнома, аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ мекунанд, боздоштан ва барқарор намудани амали иҷозатнома, бекор кардан ва қатъ гардидани амали он мебошад. Шакли феҳрист аз тарафи мақомоти иҷозатномадиҳанда тасдиқ карда мешавад.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда феҳристи иҷозатномаҳоро ба намудҳои фаъолияте, ки иҷозатномадиҳии онро анҷом медиҳанд, тартиб медиҳад. Ба ҳар як намуди _фаъолияти иҷозатномашаванда фехристи алоҳида тартиб дода мешавад. Дар ҳолати аз тарафи сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷозатномадиҳанда додани иҷозатнома, маълумотҳо барои ворид намудан ба феҳрист фавран ба мақомоти иҷозатномадиҳанда фиристода мешаванд.

3. Дар феҳристи иҷозатномаҳо маълумотҳое, ки дар моддаҳои 9 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият", инчунин маълумотҳои дигаре, ки дар Низомномаи мазкур пешбинӣ шудаанд, ворид карда мешаванд.

4. Маълумоти дар фоҳристи иҷозатномаҳо буда, барои ба он шинос гардидани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ кушода аст. Дар воситаҳои ахбори омма интишор намудани маълумоти дар феҳристи иҷозатномаҳо мавҷудбуда мумкин аст.

5. Маълумоти дар феҳристи иҷозатномаҳо буда дар бораи иҷозатномадори мушаххас дар шакли иқтибос ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо пардохти маблағ дода мешавад. Андозаи пардохти маблағ барои додани маълумот як хадди ақали музди меҳнатро ташкил медиҳад ва он ба буҷети давлатӣ гузаронида мешавад.

6. Маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ бемузд дода мешавад.

7. Мӯҳлати додани маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳо баъди қабули аризаи дахлдор набояд аз се рӯз зиёд бошад.

8. Расмиёти ворид намудани тағйирот ба феҳристи иҷозатномаҳо набояд аз се рӯзи баъди аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда қабул гардидани қарори дахлдор зиёд бошад.

9. Феҳристи иҷозатномаҳо бо тартиби хронологӣ аз рӯи санаи бақайдгирии иҷозатнома ва ба он додани рақами бақайдгирӣ тартиб дода мешавад.

10. Роҳбари макомоти иҷозатномадиҳанда масъул аст:

- барои сари вақт ва дуруст бурдани феҳристи иҷозатномаҳо;

- барои сари вақт додани маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳо ба шахсони манфиатдор тибқи дархости онҳо.

11. Маълумоти феҳристи иҷозатномаҳо, инчунин ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо иҷозатномаҳо дода шудаанд, панҷ сол дар парвандаҳои мақомоти иҷозатномадиҳанда нигоҳ дошта мешаванд ва баъдан мувофиқи тартиби муқарраргардида ба бойгонӣ супурда мешаванд.

Боби 14. Салоҳияти мақомоти иҷозатномадиҳанда ва бурдани назорат

1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда салоҳият доранд, ки:

- иҷозатнома диҳанд;

- ҳуҷҷатҳоеро аз нав ба расмият дароранд, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамоянд;

- мӯҳлати амали иҷозатномаҳоро дароз намоянд;

- амали иҷозатномаро боздоранд;

- амали иҷозатномаро барқарор созанд;

- иҷозатномаро бекор кунанд (дар мавридҳои пешбининамудаи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият");

- феҳристи иҷозатномаҳоро тартиб диҳанд;

- ба риоя гардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ аз ҷониби иҷозатномадор назорат кунанд.

2. Назорати аз ҷониби иҷозатномадор риоя гардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳиро мақомоти иҷозатномадиҳанда дар доираи салоҳияти худ анҷом медиҳад.

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ дорад фаъолияти иҷозатномадорро ҷиҳати мутобиқати он ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ санҷад. Санҷишҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" гузаронида мешавад.

4. Мақомоти давлатии назоратию тафтишотӣ, инчунин дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои риоя нагардидани шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ӯҳдадоранд ба мақомоти иҷозатномадиҳанда аз хусуси камбудиҳои ошкоргардида ва тадбирҳои андешидашуда хабар диҳанд.

Боби 15. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба иҷозатномадиҳӣ

1. Зараре, ки бинобар беасос рад намудани доданн иҷозатнома ё вайрон намудани ҳукуқу манфиатҳои иҷозатномадор ба ӯ расонида шудааст, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

2. Бе иҷозатномаи дахлдор машғул шудан ба фаъолият ё риоя накардани шарту талаботи литсензионӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятии мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқараррагардида мегардад.

ҚИСМИ МАХСУС

ФАСЛИ II. НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТҲОИ УМУМИЕ, КИ БАРОИ АМАЛӢ НАМУДАНИ ОНҲО ИҶОЗАТНОМА ЗАРУР АСТ

Боби 16. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи имзоҳои рақамии электронӣ ва фаъолият дар соҳаи ҳифзи маълумот

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолият оид ба додани сертификатҳои калидҳои рақамии имзои электронӣ, ба қайд гирифтани соҳибони имзоҳои рақамии электронӣ, хизматрасонӣ вобаста ба истифодаи имзоҳои рақамии электронӣ ва тасдиқ кардани ҳауонияти имзоҳои рақамии электронӣ;

- фаъолият оид ба ошкор намудани таҷҳизоти электроние, ки барои махфӣ қабул намудани маълумот дар биноҳо ва воситаҳои техникӣ таъин гардидаанд (ба истиснои ҳолате, ки он барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ истифода шавад);

- фаъолият оид 6а коркард ва истеҳсоли намудҳои маълуми воситаҳои ҳифзи маълумоти махфӣ;

- фаъолият оид ба ҳифзи техникии маълумоти махфӣ;

- фаъолият оид ба коркард ва истеҳсоли бо мақсади харидан ва фурӯхтани воситаҳои махсуси техникие, ки барои ба даст овардани иттилоотро махфӣ истифода бурда мешаванд, фурӯши ин воситаҳо ва инчунин хариди онҳо бо мақсади фурӯш дар ҳолатҳое, ки ин намудҳои фаъолият аз тарафи соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқии ба соҳибкорӣ машғул буда, амалӣ гардонида мешавад.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон.

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда иҷозатномаро баъди гузаронидани экспертизаи техникӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.

4. Талабот ва шартҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- фаъолият танҳо дар объектҳои аттестатсиякардашуда, ки ба меъёрҳо ва қоидаҳои ҳифзи техникии бехатарии иттилоот мутобиқанд, амалӣ шуда метавонад;

- асбобҳо, таҷҳизотҳои техникӣ ва электронӣ бояд ба мутобиқат сертификатсия карда шаванд, асбобҳо ҳамчунин дар мақомот оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия санҷида шаванд;

- ҳайати кормандон бояд аттестатсия карда шаванд ва ба маълумоти дорои сирри давлатӣ иҷозат дошта бошанд;

- акти экспертизаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои афканишоти электромагнитии иловагии шахсӣ мавҷуд бошад;

- нақшаи шабакаҳои муҳандисӣ (қувваи барқ, алоқа, обистифодабарӣ, обгардонӣ, бо гармитаъминкунӣ, сигнализатсияи зиддисӯхторӣ ва посбонӣ, шабакаи маҳаллии радиоӣ) мавҷуд бошад.

5. Иҷозатномадор вазифадор аст ҳангоми дар объектҳои фаъолияташ ошкор намудани вайронкунии меъёрҳо ва қоидаҳои ҳифзи техникии иттилоот ба Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳад.

Боби 17. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда, аз ҷумла қоғазҳои қиматнок, инчуннн савдои маҳсулоти мазкур

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда, аз ҷумла қоғазҳои қиматнок, инчунин савдои маҳсулоти мазкур.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- хулосаи мусбии мақомоти оташнишонӣ;

- хулосаи мусбии мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи реҷаи муҳофизати сарватҳо;

- намунаи маҳсулоти матбаавӣ, ки бояд тайёр карда шавад.

4. Шартҳо ва талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- мавҷуд будани раванди махсуси технологии тайёр кардани қоғазҳои қиматнок, аз он ҷумла тайёр кардани намунаҳо, шаклҳои чопкупӣ, рақамгузории онҳо, коркарди онҳо;

- мавҷуд будани таҷҳизоти махсус ва технологияе, ки имконияти ҳимояи пурраи бланкаҳои қоғазҳои қиматнокро аз сохтакорӣ ва дигар сӯиистифодаҳо таъмин менамоянд;

- мавҷуд будани мутахассисоне, ки дорои тахассуси дахлдор мебошанд;

- таъмин намудани нигоҳдории намунаҳои ҳамаи маҳсулоти тайёркардашудаи матбаавӣ;

- мавҷуд будани системаи ҳисобот ва шартҳо барои таъмини нигоҳдории маҳсулоти матбаавӣ дар вақти истеҳсол.

Боби 18. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти ломбардҳо

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти ломбардҳо.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани бинои заруриро барои иҷрокунии фаъолияти ломбардҳо тасдиқ мекунанд;

- хулосаи мусбии мақомоти оташнишонӣ ва корҳои дохилӣ дар бораи мувофиқ будани биноҳо ва таҷҳизотҳо ба талаботи муқарраргардида.

4. Талабот ва шартҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти ломбардҳоро оид ба қабул, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории моликияте, ки ба гарав ва ё барои нигоҳдорӣ қабул мешаванд, тартиби фурӯши моликияти хариданашуда ё талабкарданашударо танзим менамоянд;

- аз тарафи ломбардҳо ба манфиати гаравдеҳ аз ҳисоби худ суғуртакунии ҳатмии молҳои багаравгузошта, бо арзиши пурраашон;

- дар ихтиёри иҷозатномадор мавҷуд будани биноҳои зарурӣ, таҷҳизот, асбобу анҷом ва системаи ҳимояи биноҳо, ки ба талаботҳои муқарраргардида ҷавобгӯ мебошанд.

Боби 19. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти аудиторӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти аудиторӣ.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда:

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - барои аудити биржаҳо, фондҳои ғайрибуҷетӣ, ташкилотҳои инвеститсионӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ, аудити умумӣ;

Бонки миллии Тоҷикистон - барои аудити ташкилотҳои бонкӣ, ташкилотҳон молиявии ғайрибонкӣ, ташкилоти амонатии хурд ва ташкилотҳои қарзии хурд.

3. Барои гирифтани иҷозатнома мавҷуд будани аттестасияи тахассусии аудиторӣ талаботи ҳатмӣ мебошад.

4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои аудити биржаҳо, фондҳои ғайрибуҷетӣ, ташкилотҳои инвеститсионӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ, аудити умумӣ:

- нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки доштани таҳсилоти олиро тасдиқ мекунанд;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки собиқаи на кам аз се соли кориро аз рӯи ихтисосҳои муҳосиб, иқтисодчӣ, тафтишотчӣ, корманди молия, андоз ва ҳуқуқшинос дар сурати доштани таҳсилоти олӣ ва собиқаи на кам аз панҷ соли кориро аз рӯи ҳамин ихтисосҳо дар сурати доштани таҳсилоти миёнаи махсус тасдиқ менамояд (қарори ҳукумати ҶТ аз 03.12.2010 № 646).

5. Талабот ва шартҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ барои аудити ташкилотҳои бонкӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ташкилоти амонатии хурд ва ташкилотҳои қарзии хурд:

- ба амал баровардани фаъолияти аудиторӣ танҳо аз тарафи ташкилотҳои аудиторӣ;

- амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ ба сифати навъи асосии фаъолият аз тарафи довталаби иҷозатнома (ташкилоти аудиторӣ);

- дар штати ташкилоти аудиторӣ мавҷуд будани на камтар аз 3 аудитор, ки дорои аттестати тахассусии аудитор мебошанд;

- мавҷудияти маълумоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқӣ барои аудиторон;

- мавҷудияти собиқаи кории на камтар аз 5 сол аз рӯи ихтисосҳои муҳосиб, ревизор, иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос, корманди молия дар соҳаи фаъолияти бонкӣ.

6. Аттестатсияи аудитҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Боби 20. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ).

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома: нусхаи ҳуҷҷатҳои кормандон, ки мавҷуд будани дониши касбӣ дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳиро (нархгузориро) тасдиқ менамоянд.

4. Талабот ва шартҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- дар номгӯи штатии шахси ҳуқуқӣ мавҷуд будани на камтар аз як корманд, ки дорои тахассуси дахлдор дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) мебошад.

Боби 21. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба иҷрои корҳои васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои таъмини аз сӯхтор пешгирӣ кардани биною иншоотҳо

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба иҷрои корҳои васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои таъмини аз сӯхтор пешгирӣ кардани биною иншоотҳо.

2. Фаъолияти иҷрои кори васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои аз сӯхтор пешгирӣ кардани биною иншоотҳо корҳои зеринро дар бар мегирад:

- коркарди конструксияи биною иншоот бо маводҳои ба оташ тобоваранда;

- васл, таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои автоматикӣ ва воситаҳои дастии оташнишонӣ;

- таъмин намудан бо воситаҳо ва маводи оташнишонӣ;

- гузаронидани экспертизаи восита ва маводҳои бо оташ тобоваранда ва оташнишонӣ.

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Боби 22. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи фурӯши аслиҳа ва лавозимоти он

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба фурӯши яроқи ғайринизомӣ ва хизматӣ, қисмҳо ва лавозимоти он.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда; Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Хуҷҷатҳои иловагие, ки барои гирифтани иҷозатномаи фаъолият дар соҳаи фурӯши аслиҳа, қисмҳои асосӣ ва лавозимоти он нисбати тамоми кормандон заруранд:

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ;

- маълумотномаи мақомоти тандурустӣ ҷиҳати дар қайди бемориҳои рӯҳӣ, нашъамандӣ ва майзадагӣ қарор надоштан;

- доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муомила бо силоҳи оташфишон;

- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ.

4. Шартҳо ва талаботи иловагӣ нисбат ба иҷозатномадор:

- мувофиқ будани бино ба меъёрҳо ва қоидаҳои нигоҳдории аслиҳа ва лавозимоти он;

- мавҷуд будани ҷевонҳои (сейфҳои) оҳанин барои нигоҳдории аслиҳа, кисмҳои асосӣ ва лавозимоти он;

- ба бинои фурӯшгоҳ роҳ додани танҳо шахсони аз 18-сола боло;

- мавҷуд будани шабакаҳои муҳандисӣ (қувваи барқ, алоқа, сигнализатсияи зиддисӯхторӣ ва посбонӣ).

Боби 23. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба таъмир ва ҳизматрасонии механизмҳои борбардорӣ, истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи таркидан, сӯхтан ва кимиёвӣ доранд

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардорӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);

- истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи таркидан, сӯхтан ва химиявӣ доранд.

2. Фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардор корҳои зеринро дар бар мегирад:

- васлкунӣ, танзим ва истифодабарии механизмҳои борбардор;

- гузаронидани муоинаи техникии механизмҳои борбардоре, ки мӯҳлати истифодабариашон гузаштааст.

3. Истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи таркидан доранд, корҳои зеринро дар бар мегирад:

- гирифтан, истифода бурдан, коркард, ба вуҷуд овардан, нигоҳ доштан, кашондан, безарар. гардонидани моддаҳое, ки метавонад омехтаи онҳо бо оксиген ё бо ҳамдигар хатари таркиш ба вуҷуд оварад (газҳои сӯзанда, моеъҳои тездаргиранда ва сӯзанда, моддаҳои чанг бавуҷудоваранда) моддаҳои сахт ва моеъе, ки қобилияти ҷудошавии худ ба худ ва таркиданро доранд;

- истеҳсоли металлҳои сиёҳ ва ранга ва истеҳсоли хӯлаҳо дар асоси гудозиши ин металлҳо (дар дастгоҳҳои технологӣ бо пур кардани на камтар аз 100 кг гудоза);

- истифодабарӣ, васлкунӣ, танзим ва таъмири таҷҳизоте, ки дар зери фишори зиёда аз 0,07 МПА ё ин ки бо дараҷаи гармии зиёда аз 115ш С об кор мекунад;

- гузаронидани назорати дастгоҳҳои техникӣ ва иншоотҳо дар объектҳои истеҳсолии хатарнок бо усули вайроннашаванда;

- ташхиси баллонҳо барои истифодабарӣ, нигоҳдорӣ ва кашонидани моддаҳои даргиранда, газҳое, ки зери фишори мӯътадил, ҳангоми якҷояшавӣ бо ҳаво ё бо ҳамдигар даргиранда мешаванд ва дараҷаи ҷӯшишашон дар вақти фишори мӯътадил 20ш С ё паст мебошад;

- иҷрои корҳои кӯҳӣ дар шахтаҳо, дигар объектхои зеризаминӣ, конҳои иктишофӣ, ки хатари ихроҷи газу чанг, афтиши ногаҳонии ҷмнсҳои кӯҳӣ, ангишт, газ ва хатари зарбаи кӯҳиро доранд;

- таъмини бехатарии истифодабарии иншоотҳо ва гузаронидани хизматрасонии техникии қубурҳои газӣ, стансияҳо ва нуқтаҳои газӣ (СГТ, ПГТ, НГТ).

4. Истифодабарии иншооти истеҳсолие, ки хавфи сӯхтан доранд, корҳои зеринро дар бар мегирад:

- хизматрасонии техникӣ, таъмир ва барқарорсозии хатҳои газгузар, иншоот ва дигар объектҳои зарурӣ барои истифодабарии шабакаҳои газӣ;

- корҳои кӯҳии зеризаминию рӯизаминӣ оид ба истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки майли худдаргирӣ дошта;

- корҳо дар дигар объектҳои кӯҳие, ки технологияи онҳо бурдани корҳои хавфи сӯхтанро пешбинӣ менамоянд, аз ҷумла бурдани корҳо мовобаста аз истихроҷи канданиҳои фоиданок;

- санҷиши қисми хаттии шоҳқубурҳо баъд аз анҷоми сохтмон ва таъмир;

- ташхиси қисми хаттии қубурҳои технологӣ, таҷҳизоти иншоотҳои доимии парки зарфҳо ва дигар таҷҳизоти объектҳои шоҳқубурҳо;

- истифодаи анбори нигоҳдории зеризаминии газ

- лоиҳакашӣ ва сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ.

5. Истифодабарии иншооти истеҳсолии хавфи кимиёвӣ дошта корҳои зеринро дар бар мегирад: гирифтан (истеҳсол) истифода бурдан, коркард ба вуҷуд овардан, нигоҳ доштан, кашондан, безарар кардани моддаҳои заҳрнок ва заҳрнокиашон баланд ва моддаҳое, ки ба муҳити зист хатар меоваранд.

6. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

7. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардорӣ:

- хулосаи мусбии экспертизаи бехатарии саноатӣ;

- рӯйхати мавҷуд будани иншооти борбардор бо нишондоди рақамҳои ба қайдгирифташуда, рақами заводӣ ва соли истеҳсол, инчунин нусхаи шиносномаҳои онҳо;

- нусхаи фармонҳои таъин намудани шахсони масъул ва хизматрасон оид ба бехатарона истифода бурдани механизмҳои борбардорӣ;

- нусхаи протоколи санҷиши дониши кормандони муҳандисию техникӣ ва коркунони хизматрасон оид ба донистани қоидаҳо ва дастурамалҳои бехатарона гузаронидани корҳо;

- маълумот оид ба ташкили назорати техникии идоравӣ;

- декларатсияи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок.

8. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ ҳангоми гирифтани иҷозатнома оид ба истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи таркидан доранд, истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи сӯхтан доранд ва истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи кимиёвӣ доранд:

- маълумот дар бораи кадрҳо ва тахассуси онҳо;

- хулосаи мусбии мақомоти корҳои дохилӣ ба системаи иҷозатдиҳӣ;

- хулосаи мусбии экспертизаи бехатарии саноатӣ;

- хулосаҳои мусбии мақомоти давлатии экспертизаи экологӣ, оташнишонӣ ва санитарию эпидемологӣ;

- нусхаи шиносномаи техникии хавфи таркиш надоштаи иншооти истеҳсолаш хатарнок;

- нусхаи нақшаи пешгирӣ намудан ва бартараф намудани ҳолатҳои садамавӣ;

- нусхаи фармонҳои таъин намудани шахсони масъул ва хизматрасон оид ба истифодаи бехатарии иншоот, объектҳо ва бехатарона гузаронидани корҳо;

- маълумот дар бораи доштани регламентҳои техникии маҳсулоти истеҳсолшаванда ё дастурамалҳои технологии бо тартиби муқарарршуда тасдиқшуда;

- нусхаи протоколи санҷиши дониши кормандони муҳандисию техникӣ ва коркунони хизматрасон оид ба донистани қоидаҳои сохт ва бехатарона истифода бурдани ин объектҳо;

- маълумот оид ба ташкили назорати техникии идоравӣ;

- декларатсияи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок.

Боби 24. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ.

2. Фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ корҳои зеринро дар бар мегирад:

- экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмон, васеъкунӣ, таъмиркунӣ, аз нав таҷҳизонидан, таҷдиди техникӣ, муваққатан хобонидан ва барҳамдиҳии иншооти истеҳсолии хатарнок;

- экспертизаи дастгоҳҳои техникие, ки дар объектҳои истеҳсолии хатарнок истифода бурда мешаванд;

- экспертизаи бино ва иншоотҳо дар объектҳои истеҳсолии хатарнок;

- экспертизаи декларатсияи бехатарии саноатӣ.

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Ҳуҷҷатхои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома оид ба экспертизаи бехатарии саноатӣ:

- дар штати шахси ҳуқуқӣ мавҷуд будани шумораи зарурии кормандон барои гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ, ки ба талаботҳои тахассусӣ мувофиқи самти экспертизаи гузаронидашаванда ҷавобгӯ мебошанд;

- соҳибкори инфиродӣ бояд таҳсилоти олии ба самти экспертизаи гузаронидашаванда мувофиқ дошта бошад;

- маълумот оид ба базаи меъёрию техникии ташкилот;

- нусхаи протоколи санҷиши дониши кормандони муҳандисию техникии ташкилот;

- декларатсияи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок.

Боби 25. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи истеҳсол, нигоҳдорӣ, истифода, паҳн кардан ва интиқол додани маводи таркандаи таъиноти саноатӣ; истеҳсол ва паҳн кардани маснуоти тарфгарӣ (пиротехникӣ)

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолият оид ба истеҳсол, нигоҳдорӣ, паҳн кардан, интиқол додан ва истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноатӣ;

- фаъолият оид ба истеҳсол ва паҳн намудани маснуоти тарфгарӣ (пиротехникӣ), ки ба кадастри давлатии маводи тарканда дохил шудаанд.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- маълумот дар бораи пурра таъмин будан ва дараҷаи ихтисоси кадрҳо, ташкили омӯзиш ва аз санҷиш гузаронидани мутахассисоне, ки фаъолияташон ба истеҳсолот, объектҳо ва корҳои хатарнок вобаста аст;

- хулосаҳои мусбии мақомоти давлатии экспертизаи экологӣ, оташнишонӣ ва санитарию эпидемологӣ;

- хулосаи мусбии экспертизаи бехатарии саноатӣ.

- маълумот оид ба ташкили назорати техникии идоравӣ;

- маълумот оид ба мавҷуд будани лоиҳаи сохтмони анборҳои маводи тарканда;

- нусхаи санади қабули анбори маводи тарканда;

- маълумот оид ба мавҷудияти ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои тайёр намудани маводи тарканда ва масолеҳ аз онҳо;

- низомномаи роҳбарӣ оид ба корҳои таркиш (кор бо маводи тарканда);

- хулосаи мусбии мақомоти корҳои дохилӣ оид ба мутобиқати объектҳо;

- рӯйхати коргароне, ки бо маводи тарканда сару кор доранд;

- декларатсияи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок;

- нусхаи нақшаи пешгири намудан ва барҳам додани холатҳои садамавӣ;

- нусхаи фармонҳои таъин намудани шахсони масъул ва хизматрасон оид ба бехатарона истифода бурдани иншоот, объектҳо ва бехатарона гузаронидани корҳо;

- маълумот дар бораи доштани дастури технологии маҳсулоти истеҳсолшаванда ё дастурамалҳои техникии бо тартиби муқарраршуда тасдиқшуда;

- нусхаи протоколи санҷиши дониши кормандони муҳандисию техникӣ ва коркунони хизматрасон оид ба донистани қоидаҳо ва дастурамалҳои бехатарона гузаронидани корҳо;

- маълумот оид ба таҷҳизоти техникии ташкилот.

Боби 26. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи энергетика

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолият оид ба истеҳсол, коркард, истихроҷи нафт, газ, ангишт ва истифодаи шабакаҳои иншооти нафтӣ ва газӣ;

- фаъолият оид ба нигоҳдорӣ ва фурӯши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси хукуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);

- фаъолият оид ба васл, танзим ва таъмири иншоотҳо ва таҷҳизоти энергетикӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);

- фаъолият оид ба истеҳсол, додан ва тақсим кардани энергияи барқ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад).

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда:

Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти васл, танзим ва таъмир кардани иншоотҳои энергетикӣ.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- номгӯи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ, ки дар асоси онҳо намудҳои фаъолият иҷро карда мешаванд;

- вобаста ба намуди фаъолияти пешбинишуда хулосаи мусбии мақомоти назорати давлатии энергетикӣ, назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, муҳофизати экологӣ, санитарию эпидемиологӣ, оташнишонӣ ва стандартизатсия, метрология ва сертификатсия;

- маълумот дар бораи базаи истеҳсолӣ-техникӣ.

4. Шарт ва талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- мавҷудияти системаи назорати сифат;

- ҳолати дурусти таъминоти моддию техникӣ (аз ҷумла ҳолати техникии таҷҳизоти энергетикӣ ва дастгоҳҳои энергетикӣ);

- сатҳи тахассусию касбии кормандон бо дарназардошти дараҷаи таҳсилот, собиқаи корӣ дар фаолияти дахлдори энергетикӣ;

- риоя намудани тартиби муқарраргардида дар соҳаи истеҳсолот, интиқол, нигаҳдорӣ, коркард, ҳамлу нақл таксим, истихроҷ ва фурӯши захираҳои энергетикӣ ва энергия.

5. Мақомоти иҷозатномадиҳанда дар холати зарурӣ ҳуқуқ дорад, ки барои омӯзиш ва муоинаи фаъолияти давталаби иҷозатнома, коршиноси мустақилро ҷалб намояд.

6. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҷиҳати ҳалли фаврии масъалаҳое, ки бо иҷозатномакунонӣ вобаста аст, ҳуқуқ дорад воҳидҳои минтақавии худро ташкил кунад, ки онҳо чунин вазифаро иҷро менамоянд:

- қабули ибтидоӣ ва баррасии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозатнома;

- пешниҳоди маводҳо ба Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани иҷозатнома;

- бо дастури иҷозатномадеҳ санҷиши риоя гардидани шарт ва талаботҳои иҷозатномавӣ.

Боби 27. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи сохтмон

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмони биноҳо, ва иморату иншоот, аз ҷумла васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда.

2. Фаъолият вобаста ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ корҳоро оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии шаҳрсозӣ, таҳияи нақшаҳои шабакаҳои муҳандисии маҳалҳои истиқоматӣ ва ҳудудҳо, тарҳрезии меъморӣ, тарҳрезӣ ва нақшакашии сохтмон, тарҳрезии шабакаҳо ва системаҳои муҳандисӣ, таҳияи фаслҳои махсуси лоиҳа, тарҳрезии технологӣ (аз рӯи соҳаҳои саноат ва унсурҳои алоҳидаи комплекси хоҷагӣ), таҳияи лоиҳаҳои намуди дохилии иморат ва дизайн, иҷрои вазифаҳои лоиҳакаши куллро дар бар мегирад.

3. Фаъолият вобаста ба сохтмони биноҳо, иморату иншоот иҷрои корҳои омодасозии майдончаи сохтмон, корҳои заминӣ, сохтмони таҳкурсӣ ва таҳдеворҳо, сохтмони конструксияҳои асосӣ ва деворҳои иморату иншоот (то 6 м, то 12 м, бешар аз 12 м) сохтмони шабакаҳо, системаҳо ва таҷҳизоти муҳандисии берунӣ, сохтани шабакаҳои муҳандисии дохилӣ, корҳо оид ба ҳифзи конструксияҳо ва таҷҳизот, корҳои пардозгарӣ, васлкунии таҷҳизоти технологӣ, иҷрои вазифаҳои пудратчии кулл ва иҷрои вазифаи фармоишгарро дар бар мерирад.

4. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. Ҳуҷчатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- нусхаҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тахассуси ба талаботи иҷозатномадиҳӣ мутобиқаткунандаи соҳибкори инфиродӣ ё кормандони шахси ҳуқуқӣ;

- маълумот оид ба иморат ва биноҳои барои анҷомдиҳии фаъолияти иҷозатномашаванда доштани довталаб, ки бо ҳуқуқи моликият ё дар асоси дигари қонунӣ онҳоро истифода мебарад, бо зикри ном ва дигар реквизитҳои ҳуҷҷатҳо;

- хулосаи мусбии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолият оид ба барқарорсозии иншоотҳои мероси фарҳангӣ (ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ).

6. Талабот ва шартҳои иҷозатномадиҳӣ инҳоянд:

- на камтар аз 50 фоизи шумораи штатии роҳбарон ва мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва на камтар аз 5 сол собиқаи корӣ дар соҳаи тадқиқоти муҳандисӣ, лоиҳакашии сохтмон доштани шахси ҳуқуқӣ; таҳсилоти олии касбӣ ва на камтар аз 5 сол собиқаи корӣ дар соҳаи тадқиқоти муҳандисӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон доштани соҳибкори инфиродӣ ва на камтар аз 5 сол собиқаи корӣ дар соҳаи таҳқиқ ва барқарорсозии иншоотҳои мероси фарҳангӣ (ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ), ҳайкалу муҷассамаҳо барои соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ;

- иморат, биноҳо, таҷҳизот ва ҷиҳозу олот, мошинҳои сохтмонӣ, воситаҳои нақлиёт, асбобҳои танзими технологии механикӣ ва дастӣ, дастгоҳҳои сайёр, энергетикӣ, воситаҳои таъмини бехатарӣ, воситаҳои назорат ва ченкунӣ барои анҷомдиҳии фаъолияти иҷозатномашаванда доштани иҷозатномадор, ки бо ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунӣ ба ӯ тааллуқ доранд;

- мавҷуд будани системаи назорати сифати корҳои аиҷомдодашаванда, мавод, конструксияҳо, маснуоти қабулшаванда ва хизматрасонии метрологии асбобҳо ва воситаҳои ченкунӣ;

- иҷрои фаъолияти иҷозатномашаванда тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои давлатии дахлдор ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар сохтмон.

7. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳангоми иҷозатномадиҳӣ ҳуқуқ дорад ба ҳайати комиссияи иҷозатномадиҳӣ намояндагони ташкилотҳои касбию эҷодии соҳаи сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, экспертҳои мустақил, мутахассисони алоҳидаи баландихтисос, инчунин дигар шахсонро барои баҳрдиҳии мустақилонаи мутобиқати довталаби иҷозатнома (иҷозатномадор) ба талабот ва шартҳои иҷозатномавӣ ҷалб намояд.

Боби 28. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ.

2. Корҳое, ки мундариҷаи фаъолияти геодезиро ташкил медиҳанд;

- сохтмони (вусъати) шабакаҳои геодезии таҳиягоҳӣ;

- сохтмони нишонаҳои геодезӣ;

- гузоштани марказҳои геодезӣ;

- ташкилсозии шабакаҳои нақшаи баландиҳо;

- корҳои аэронаворгирӣ;

- корҳои нақшакашӣ;

- аксбардории роҳҳои алоқаи зеризаминӣ;

- аксбардории фототеодолитӣ;

- корҳои геодезии бо кӯчониш ба асл мутобиқкунонии коркарди муҳандисӣ-геодезӣ, геофизикӣ ва дигар нуқтаҳои тадкиқот алоқаманд.

3. Корҳое, ки мундариҷаи фаъолияти харитасозиро ташкил медиҳанд:

- истеҳсоли маводи кушодаи харитасозӣ (атласҳо, харитаҳои сиёсӣ-маъмурӣ; мавзӯӣ - бланкӣ ва дигар намуди харитаҳо);

- иҷозатдиҳӣ барои тартиб додан ва ба чоп тайёр намудани харитаҳои мавзӯӣ, махсус ва харитаҳои дигар;

- харитаи сайёҳӣ.

4. Мақомоти иҷозатномадиҳанда:

Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонвобаста ба корҳое, ки ба сохтмон алоқаманд мебошад.

5. Ҳуҷчатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- маълумот дар бораи базаи техникӣ.

6. Шартҳо ва талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- мутобиқати интихоби методикаи корҳо, миқёси наворҳо ва буриши релеф ба санадҳои меъёрӣ;

- мавҷуд будани кадрҳои бомаҳорати иҷрокунанда;

- мавҷуд будани асбобҳои геодезӣ, ки дар Феҳристи давлатии воситаҳои ченак ба қайд гирифта шудаанд ва аз санҷиши эътимодноки давлатӣ гузаштаанд;

- мавҷуд будани таҳсилоти олӣ ва собиқаи кории на кам аз 3 сол дар ин ихтисос ё таҳсилоти миёнаи махсус бо собиқаи кории на кам аз 8 сол дар ин ихтисос.

7. Иҷозатнома ҷиҳати иҷрои корҳои геодезии аз тарафи ташкилоту муассисаҳои таълимӣ барои гузаронидани таҷрибаҳои амалии донишҷӯён, агар онҳо таъиноти истеҳсолӣ надошта бошанд, дода намешавад.

Боби 29. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба корҳои маркшейдерӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба корҳои маркшейдерӣ.

2. Фаъолият оид ба корҳои маркшейдерӣ корҳои зеринро дар бар мегирад:

- чен кардани фазои геометрии корҳои коркарди кӯҳӣ ва иншооти зеризаминӣ, муайян намудани параметрҳои онҳо, ҷойгиршавӣ ва мувофиқати онҳо ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;

- таҳқиқи ҳолати китъаҳои кӯҳкорӣ ва асоснок кардани ҳудудҳои онҳо;

- бурдани ҳуҷҷатгузории графикии корҳои кӯҳӣ;

- баҳисобгирӣ ва асоснок кардани ҳаҷми коркарди конҳо;

- муқаррар кардани минтақаҳои хавфнок ва чораҳои ҳифзи коркарди конҳо, иморатҳо, иншоотҳо ва объектҳои табиӣ аз таъсири корҳои ба истифодабарии қаъри замин вобаста.

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ ҳангоми гирифтани иҷозатнома:

- маълумот оид ба таҷҳизонида шудани ташкилот бо миқдори зарурии асбобу таҷҳизоти маркшейдерию геодезӣ, техникаи ҳисоббарорӣ бо нишон додани тамға ва навъ, инчунин нусхаи шаҳодатномаҳо, шиносномаҳои аттестатсияи онҳо, ки аз ташкилотҳои махсус гирифта шудаанд;

- маълумот дар бораи таъминоти хадамоти маркшейдерӣ бо бинои махсуси хизматии таҷҳизонидашуда бо нишон додани масоҳат ва таъминоти воқеӣ мувофиқи дастурамал оид ба гузаронидани корҳои маркшейдерӣ;

- маълумот дар бораи таъминоти хадамоти маркшейдерӣ бо асбобу лавозимоти ёридиҳанда, аз он ҷумла асбобҳои нақшакашӣ, таҷҳизоти аксбардорӣ, дафтари ҳисоби координатаҳо ва китобчаҳои саҳроӣ, қоғаз ва дигар лавозимот барои тайёр кардани планшетҳо, калка ва аксҳои рӯшноидиҳанда;

- номгӯи ҳуҷҷатҳои асосии меъёрию техникӣ (қоидаҳо, меъёрҳо, дастурҳо)-и мавҷудбуда оид ба масъалаҳои гузаронидани корҳои маркшейдерӣ;

- маълумот дар бораи тартиби мавҷудбудаи таъмир, тафтиш ва санҷиши асбоб ва лавозимотҳои маркшейдерӣ;

- ҳисоби шумораи даркории кормандони воҳиди маркшейдерӣ (муҳандис ва техник-маркшейдер, картограф ва коргари шӯъба), ки дар асоси талаботи дастурамали гузаронидани корҳои маркшейдерӣ тайёр карда шудаанд;

- штати тасдиқшудаи шӯъбаи маркшейдерӣ ва маълумот дар бораи пуршавии воқеии он;

- маълумот дар бораи мутахассисони хадамоти маркшейдерӣ (насаб, ном, номи падар, соли таваллуд, таҳсилот, собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос, вазифаи ишғолкарда, санаи аттестатсияи охирин);

- нусхаи рухсати бо тартиби муқарраргардида гирифташуда (барои шахсони воқеӣ) ба маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ мебошад;

- маълумот дар бораи талаботи асосӣ ҳангоми истифодабарии қаъри замин, ки тарзу усулҳои махсуси душвор ва фавқулдақиқи гузаронидани корҳои маркшейдериро талаб мекунад;

- маълумот дар бораи назорати идоравии гузаронидани корҳои маркшейдерӣ.

Боби 30. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи обуҳавосанҷӣ ва соҳаҳои ба он алоқаманд аз ҷумла, иҷрои корҳои фаъолона таъсир расонидан ба ҳодисоту раванди обуҳавосанҷӣ ва геофизикӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият дар соҳаи обуҳавосанҷӣ ва соҳаҳои ба он алоқаманд аз ҷумла, иҷрои корҳои фаъолона таъсир расонидан ба ҳодисоту раванди обуҳавосанҷӣ ва геофизикӣ.

2. Фаъолият дар соҳаи обуҳавосанҷӣ намудҳои зерини корҳоро дарбар мегирад:

- муайян намудани мушахассоти метеорологӣ, иқлимӣ, аэрологӣ, гидрологӣ ва агрометеорологӣ;

- тайёр кардан ва ба истифодабарандагон пешниҳод намудани иттилооти пешгӯишуда ва ҳолати ҷорӣ;

- ташаккул додан ва ба роҳ мондани махзани маълумот дар соҳаи гидрометорологӣ, сохаҳои ба он алоқаманд ва мониторинги сифати муҳити зист;

- муайян намудани дараҷаи олудагии (аз ҷумла, радиоактивӣ) муҳити табиӣ (ҳавои атмосфера, хок, обҳои сатҳӣ);

- барои истифодабарандагон тайёр кардан ва пешгӯӣ кардани иттилооти таҳлилӣ ва ҳисобӣ оид ба ҳолати муҳити табиии зист ва олудагии он (аз ҷумла, олудагии радиоактивӣ);

- насб кардан, таъмир, пешгӯӣ ва тафтиши асбобу таҷҳизоти _ таъиноти гидрометеорологӣ.

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- маълумот доир ба базаи меъёрию техникӣ;

- мавҷуд будани сертификати мутобиқати таҷҳизот ва асбобҳо.

5. Шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- мавҷуд будани шахсони дорои таҳсилоти тахассусӣ ва собиқаи кории на камтар аз 3 сол дошта;

- мавҷуд будани асбобу таҷҳизоти зарурӣ барои иҷрои корҳо;

- мавҷуд будани аттестати бо тартиби муқарраргардида додашудаи аккредитатсияи иҷрои корҳо дар соҳаи обухавосанҷӣ ва мониторинги оифати муҳити табиии зист барои иҷозатномагиранда;

- ба мақомоти иҷозатномадиҳанда ва сохторҳои ҳудудии он бетаъхир расонидани маълумот оид ба ҳолати муҳити табиии зист, олудашавии он, ҳолатҳои фавқулоддаи хислати техногенӣ дошта, ки ба муҳити табиии зист таъсири манфӣ расонидааст (мерасонад, ё мумкин аст расонад);

- бо тартиби муқарраргардида ба маркази наздиктарини обуҳавосанҷӣ расонидани маълумоти фаврие, ки дар натиҷаи мушоҳидаҳо, ё иттилооти таъҷилӣ ба даст оварда шудааст;

- ба Фонди ягонаи маълумотҳо оид ба ҳолати муҳити табиии зист расонидани иттилооти соҳаи обуҳавосанҷӣ ва мониторинги муҳити табиии зист ва олудашавии он.

Боби 31. Хусусиятхои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба ҷамъоварӣ, истифодабарӣ, безараргардонӣ, кашонидан ва ҷойгиркунонии партовҳои хатарнок

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба ҷамъоварӣ, истифодабарӣ, безараргардонӣ, кашонидан ва ҷойгиркунонии партовҳои хатарнок.

2. Фаъолият оид ба муносибат бо партовҳои хатарнок корҳоро оид ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, истифодабарӣ, безараргардонӣ ва дафнкунии партовҳои хатарнок дарбар мегирад.

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Хадамоти назорати давлатии истифода ва ҳифзи табиат.

4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома;

- хулосаи мусбии мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ;

- хулосаи мусбии мақомоти оташнишонӣ;

- хулосаи мусбии мақомоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ - дар ҳолати иҷро намудани фаъолияти вобаста ба партовҳои хатарнок, ҳангоми истихроҷ ва коркарди ашёи хоми минералӣ, инчунин дар қаъри замин ҷой кардани партовҳои хатарнок;

- хулосаи мусбии мақомоти геология дар холати таъсири партовҳо ба обҳои зериземинӣ ва канданиҳои фоиданок;

- хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ.

5. Шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- мавҷуд будани тайёрии тахассусии бо шаҳодатнома (сертификат) тасдиқёфта оид ба ҳуқуқи кор бо партовҳои хатарнок барои шахсони ба фаъолияти кор бо партовҳои хатарнок иҷозат додашуда;

- дар ихтиёри иҷозатномадор дар асоси қонунй мавҷуд будани биноҳои истеҳсолӣ, иншооти ҷойгиркунии партовҳо, таҷҳизоти ба меъёрҳо ва талаботҳои техникӣ ҷавобгӯ, воситаҳои нақлиёти барои анҷом додани намуди фаъолияти иҷозатномашаванда зарурӣ;

- дар ихтиёри иҷозатномагиранда мавҷуд будани воситаҳои назорат ва ченак, ки риоя кардани меъёрҳои таъсиррасонии ҷоизро ба муҳити зист ҳангоми иҷрои фаъолияти иҷозатномашаванда, тасдиқ менамоянд.

6. То қабули қарор дар бораи додани иҷозатнома мақомоти иҷозатномадиҳанда экспертизаи маводи пешниҳодшударо бо муайян намудани пурра ва эътимодбахш будани онҳо, бо талаботи экологии дар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ нишондодашуда мувофиқат доштани шароити иҷрои фаъолияти кор бо партовҳои хатарнок, анҷом медиҳад.

Боби 32. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти фармасевтӣ, истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолияти фармасевтӣ (тайёр ва истеҳсол кардани доруворӣ ва воситаҳои косметикӣ, истеҳсоли молу техникаи тиббӣ, фурӯши доруворӣ ва молҳои тиббӣ, истеҳсол ва фурӯши хӯроквории табобатию профилактикӣ);

- фаъолият оид ба истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизасионӣ.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008 № 443).

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома барои ин намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:

- нусхаи хуҷҷатҳое, ки ҳуқуки истифодаи биноҳои истеҳсолиро тасдиқ мекунад (барои тайёр ва истеҳсол);

- хулосаи мусбии мақомоти санитарию эпидемиологӣ ва оташнишонӣ;

- хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ;

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008 № 443);

- нусхаҳои дипломи таҳсилот ва дафтарчаи меҳнатӣ;

- сетификати мутахассис, ки омодагии касбии онҳоро, барои анҷом додани навъи мушахасси фаъолияти фармасевтӣ тасдиқ мекунад;

- нусхаи аслии иҷозатномаи қаблан додашуда ё дубликати он (ҳангоми аз нав ба расмият даровардани иҷозатнома).

4. Барои гирифтани иҷозатнома оид ба тайёр ва истеҳсол кардани маводи доруворӣ ва воситаҳои косметикӣ, истеҳсоли хӯроквории табобатию профилактикӣ ва истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизасиякунонӣ ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар банди 3 ин боб нишондодашуда, ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:

- нусхаи санади қабули иқтидори истеҳсолӣ (барои субъектҳои иҷозатномагирандаи навтаъсис) ё ин ки санади санҷиши истеҳсолот (барои ташкилотҳои амалкунанда), ки мақомоти иҷозатномадиҳанда медиҳад;

- дастури бакорандозӣ ё саноатӣ барои истеҳсолоти фармасевтии навбунёд мутобиқи стандартҳо ва талаботи муқарраршуда (барои истеҳсол дар дорухона дастур оид ба тайёр кардани маводи доруворӣ);

- нусхаи хуҷҷатҳое, ки мутобиқати таҷҳизотро барои анҷом додани, фаъолияти фармасевтӣ ва фаъолият оид ба истеҳсоли молҳои тиббӣ, маҳсулоти ғизоии табобатию профилактикӣ, воситаҳои косметикӣ ва истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизасиякунониро тасдиқ мекунад (барои субъектқои навтаъсис);

- харитаи дараҷаи техникии технологи ва сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, маҳсулоти ғизоии табобатию профилактикӣ, маводи косметикӣ ва истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизасиякунонӣ;

- шаҳодатномаи таъмини ҳолати метрологӣ;

- маълумотномаи мавҷудияти системаи дохилии санҷиши сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, маҳсулоти ғизоии табобатию профилактикй, маводи косметикй ва истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизасиякунонӣ;

- мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зарурӣ (патентҳо, шаҳодатномаҳо ва ғайраҳо), ки истеҳсоли маводи доруворӣ, воситаҳои косметикӣ ва молҳои тиббӣ, маҳсулоти ғизоии табобатию профилактикӣ, маводи косметикӣ ва истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизасиякунониро иҷозат медиҳад.

5. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008 № 443);

- мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зарурии меъёрию техникӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирӣ (ҳангоми истеҳсолот);

- мавҷуд будани мутахассисон барои амалӣ намудани фаъолияти номбурда ва на камтар аз 1 бор дар муддати 5 сол такмил додани ихтисоси кормандони ба фаъолияти фармасевтӣ машғулбуда;

- риояи меъёр ва талаботҳои санитарӣ;

- иҷрои меъёрҳо ва талаботи муқарраргардидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нисбат ба фаъолияти фармасевтӣ ва муомилоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, маҳсулотҳои истеъмолии ғизоии табобатию профилактикӣ ва воситаҳои косметикӣ, инчунин воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизасионӣ.

6. Талаботи махсус нисбати объектҳо, таҷҳизот ва мутахассисон мутобиқи регламентҳои технологӣ ва дигар хуҷҷатҳои меъёрие, ки бо тартиби муқаррашуда тасдиқ шудаанд, муайян карда мешаванд.

7. Экспертиза, азназаргузаронии иншоотҳо, тестикунонӣ ва аккредитатсиякунонии таҷҳизоти истифодашаванда пеш аз иҷозатномадиҳӣ гузаронида мешавад.

Боби 33. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба хизматрасонии техникии техникаи тиббӣ ва фаъолият оид ба истифодаи ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- хизматрасонии техникии техникаи тиббӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);

- фаъолият оид ба истифодаи ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома:

- хулосаи мусбии мақомоти санитарию эпидемиологӣ;

- хулосаи мусбии мақомоти оташнишонӣ;

- нусхаҳои дафтарчаи меҳнатӣ, дипломи таҳсилот ва сертификати мутахассис;

- маълумот дар бораи дараҷаи касбӣ доштани мутахассисоне, ки масъули хизматрасонии техникии техникаи тиббӣ мебошанд.

4. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- риоя кардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ оид ба истифодабарии таҷҳизоти тиббӣ, ҳуҷҷатҳои истифодабарӣ ва инчунин ҳуҷҷатҳои ташкилию меъёрӣ оид ба хизматрасонии техникии таҷҳизоти тиббӣ;

- доштани кормандони довталаби иҷозатнома, ки барои хизматрасонии техникии техникаи тиббӣ масъуланд, таҳсилоти олӣ ё миёнаи техникӣ, тиббӣ ё фарматсевтӣ ва дар ихтисоси дахлдор собиқаи кории на камтар аз 3 сол;

- на камтар аз 1 бор дар муддати 5 сол такмил додани ихтисоси кормандони ба фаъолияти хизматрасонии техникии техникаи тиббӣ ва истифодаи ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда машғулбуда;

- мутобиқ будани бино, таҷҳизот ва дастгоҳҳои назоратию ченкунӣ ба меъёрҳои техникии намудҳои фаъолияти номбаршуда.

5. Тартиби гузаронидани аттестатсияи кормандони ба фаъолиятҳои дар боло номбаршуда ва додани сертификати мутахассисро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

6. Талаботи махсус нисбати объектҳо, таҷҳизот ва мутахассисон мутобиқи регламентҳои технологӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки бо тартиби муқарраршуда тасдиқ шудаанд, муайян карда мешаванд.

Боби 34. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба ҷамъоварӣ ва тайёр намудани ашёи хоми доруворӣ

1. Номгӯи намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба ҷамъоварӣ ва тайёр намудани ашёи хоми доруворӣ.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008 № 443).

3. Иҷозатномадиҳӣ вобаста ба фаъолият оид ба ҷамъоварӣ ва тайёр намудани ашёи хоми доруворӣ, тибқи квотаи ҳар сол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда дода мешавад.

4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома барои ин намуди фаъолияти иҷозатномашаванда:

- хулосаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба имкониятҳои истифодабарии мавзеи ҷамъоварии ашёи хоми доруворӣ;

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008 № 443).

Боби 35. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти хусусии тиббӣ

1. Номгӯи намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти хусусии тиббӣ.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008 № 443).

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома:

- хулосаи мусбии мақомоти санитарию эпидемиологӣ;

- хулосаи мусбии мақомоти оташнишонӣ;

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008 № 443);

- шаҳодатнома дар бораи баҳисобгирии махсус, ки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад барои фаъолият оиди расонидани ёрии ортопедӣ-протезӣ;

- руйхати намудҳои хизматрасонии тиббӣ;

- нусхаҳои хуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи довталаби иҷозатномаро барои истифодаи биноҳои истеҳсолӣ тасдиқ мекунанд;

- нусхахои дафтарчаи мехнатй ва дипломи тахсилот, сертификати мутахассис, ки омодагии касбии онҳоро барои анҷом додани навъи мушахасси фаъолияти тиббӣ тасдиқ мекунанд.

4. Шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- такмили ихтисоси кормандони иҷозатномадор на камтар аз як бор дар 5 сол;

- ду маротиба дар як сол пешниҳод намудани ҳисобот дар бораи фаъолияти тиббӣ.

5. Тартиби гузаронидани аттестатсияи кормандони тиббӣ ва додани сетификати мутахассисро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

6. Талаботи махсус нисбати объектҳо, таҷҳизот ва мутахассисон мутобиқи регламентҳои техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки бо тартиби муқаррашуда тасдиқ шудаанд, муайян карда мешаванд.

Боби 36. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ва фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолият оид ба киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропӣ;

- фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо (таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридот ва содирот).

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда:

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти муомилоти қонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар соҳаи тандурустӣ истифодашаванда (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008 № 443);

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - вобаста ба фаъолияти муомилоти қонунии прекурсорҳо.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома:

- хулосаи мусбии мақомоти корҳои дохилии дахлдор оид ба ҷавобгӯ будани объектҳо барои нигоҳ доштани воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо;

- маълумотномаи мақомоти корҳои дохилӣ оид ба доғи судӣ надоштани шахсоне, ки ба воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо рухсат доранд;

- маълумотномаи хадамоти наркологӣ ба шахсоне, ки ба воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо рухсат доранд;

- фармони роҳбари ташкилот оид ба таъини шахсони масъул, ки ба воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо рухсат доранд;

- ҳуҷҷати тахассусии шахсоне, ки ба воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ вапрекурсорҳо рухсат доранд;

- ҳангоми киштукори растаниҳои нашъаовар бо мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ, хулосаи мусбии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мақсаднок будани фаъолияти мазкур;

- маънидод намудани зарурати истифодаи прекурсорҳо дар истеҳсолот.

4. Барои гирифтани иҷозатнома барои истеҳсоли воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ довталаби иҷозатнома бо таври илова хуҷҷатҳои зерринро пешниҳод менамояд:

- дастури бакорандозӣ ё истеҳсолӣ барои истеҳсолоти фармасевтии навбунёд мутобиқи меъёрҳо ва талаботи тасдиқнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои истеҳсол дар дорухона - дастур оид ба тайёр кардани маводи доруворӣ);

- нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқати таҷҳизотро барои анҷом додани фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ тасдиқ мекунад (барои субъектҳои навбунёд);

- харитаи дараҷаи техникӣ ва сифати воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ;

- шаҳодатномаи таъмини ҳолати метрологӣ;

- маълумотномаи мавҷудияти системаи дохилии назорати сифати воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропии истеҳсолшаванда, ки аз тарафи мақомоти ваколатдор оид ба анҷом додани назорати давлатии фаьолияти фармасевтӣ дода шудааст;

- маълумот дар бораи бо мутахассисони махсус пурра таъмин будани истеҳсолот, ки ба фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ ҳуқуқи машғул шуданро доранд;

- доштани шартнома бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба нигохдории объектҳое, ки ба истеҳсоли воситаҳои нашъаовар машғуланд.

5. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- барои дорухона нусхаи иҷозатнома оид ба фаъолияти фармасевтӣ;

- ҳар се моҳ додани ҳисобот оид ба гирифтан ва сарф кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо;

- пешниҳод кардани маълумот оид ба содирот ва воридоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дар муддати 10 рӯз;

- нусхаи шартнома бо маҳсулотсупорандагони воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ.

6. Талаботи махсус нисбати объектҳо, таҷҳизот ва мутахассисон мутобиқи регламентҳои технологӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки бо тартиби муқарраршуда тасдиқ шудаанд, муайян карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008 № 443).

Эзоҳ: Муқаррароти боби мазкур нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мубориза мебаранд ва муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ, вобаста ба экспертизаи воситаҳои нашъаовар татбиқ намегардад.

Боби 37. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти вобаста ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда ва фаъолияти истифодаи моддаҳои радиоактивӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолияти вобаста ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда;

- фаъолияти истифодаи моддаҳои радиоактивӣ.

2. Фаъолияти вобаста ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда истеҳсол, фурӯш, истифода ва ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, таъмири асбобҳое, ки манбаъҳои радиоатсионии афканишоти иондоркунандаро истифода мебаранд, инчунин несткунии манбаҳои нурафкани иондоркунандаро дар бар мегирад.

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- хулосаи мусбии мақомоти санитарию эпидемиологӣ дар бораи коршоямии иморат ва системаҳои коммуникатсионӣ ва воситаҳои махсуси нақлиётӣ ҷиҳати амалӣ кардани намудҳои номбаршудаи фаъолият, мавҷудияти воситаҳои ҳифз ва болопӯш;

- хулосаи мусбии мақомоти оташнишонӣ;

- нусхаи сертификати мутобиқат, ки аз тарафи мақомоти стандартизатсия, метрология ва сертификатсия барои маҳсулоти истеҳсолшуда, истифодашаванда ва ба фурӯш баровардашаванда дода шудааст;

- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии моддаҳои радиоактивӣ;

- нусхаи сертификати аттестатсионии Агентии амнияти ядроӣ ва бехатарии радиатсионии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- хуҷҷат дар бораи он, ки дар ҳолати воридот ва транзити сарчашмаҳои радиатсионӣ ба содиркунанда баргардонидани онҳо таъмин карда мешавад, агар воридот ё транзит ба охир нарасида бошад;

- хулосаи мусбии муассисаи тандурустӣ оид ба солимии рӯҳии роҳбар ва иҷрокунандагони чунин намудҳои кор;

- хулосаи мусбии ситемаи иҷозатдиҳии мақомоти корҳои дохилӣ.

5. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мувофиқати роҳбарон ва иҷрокунандагони корҳо ба талаботҳои махсуси тахассусӣ, ки иҷрои корҳои дархостшударо таъмин менамоянд;

- мавҷудияти объектҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳову коидаҳои санитарию гигиенӣ ва сохтмонӣ, ки барои амалӣ гардонидани намудҳои фаъолият муқаррар шудаанд ва бо асбобу анҷом ва таҷҳизоти махсус ҷиҳозонида шудаанд;

- мавҷудияти сертификати аттестатсионии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6. Талаботҳои махсус ба объектҳо мутобиқи дастурҳои махсуси техникии амалкунанда ва ҳуҷҷатҳои дигари меъёрие, ки бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, муқаррар карда мешаванд.

Боби 38. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи нақлиёт

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва иншооти роҳ;

- фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ;

- фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти роҳи оҳан (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад ва набаромадан ба роҳи оҳани истифодаи умум);

- фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан;

- фаъолияти терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ.

2. Фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ корҳои зеринро дар бар мегирад:

- мусофиркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар дохили ҷумҳурӣ (шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ) ва байналмилалӣ;

- боркашонӣ бо нақлиёти автмобилӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ;

- фаъолияти нақлиётӣ-экспедитсионӣ дар нақлиёти автомобилӣ.

3. Фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти роҳи оҳан корҳои зеринро дар бар мегаирад:

- мусофиркашонӣ дар роҳҳои магистралӣ;

- боркашонӣ дар роҳҳои магистралӣ;

- боркашонӣ дар роҳҳои фаръии роҳи оҳан;

- фаъолияти нақлиётӣ-экспедитсионӣ дар нақлиёти роҳи оҳан;

4. Фаъолияти терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ корҳои зеринро дар бар мегиранд:

- фаъолияти автовокзалҳо ва вокзалу стансияҳои роҳи оҳан;

- фаъолияти саристгоҳҳо ва истгоҳҳои автомобилӣ (бидуни истгоҳҳои сайрхатҳои дохилишаҳрӣ);

- фаъолияти қароргоҳҳои автомобилӣ;

- фаъолияти терминалҳои боркашонии дохилӣ ва байналмилалӣ.

5. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт.

6. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома:

1) барои фаъолияти мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар дохили ҷумҳурӣ:

- нусхаи шаходатномаи ронандагӣ барои фаъолияти мусофиркашонӣ соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ ба синни 21 расида бошад ва на камтар аз 3 сол собиқаи ронандагӣ дошта бошад(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.04.2008 № 179);

- нусхаи шаходатнома дар бораи бақайдгирии воситаи нақлиёт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- нусхаи сертификати воситаи нақлиёт;

- нусхаи шартномаи иҷораи воситаҳои нақлиёт ва гувоҳнома (агар боркашонӣ ё мусофиркашонӣ тавассути воситаи нақлиётии дигар шахс иҷро карда шавад);

- маълумот оид ба базаҳои истеҳсолӣ-техникӣ (барои муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои нақлиёти автомобилӣ);

2) барои фаъолияти мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти автомобилии байналмилалӣ:

- нусхаи шиносномаи хориҷӣ;

- нусхаи шаҳодатномаи ронандагии мувофиқ бо намунаҳои байналмилалӣ;

- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии воситаи наклиёт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- нусхаи сертификати воситаи нақлиёт;

- нусхаи дафтарчаи МДП (ТИР-КАРНЕТ) дар асоси Конвенсияи гумрукӣ оид ба боркашонии байналмилалии автомобилӣ бо истифодабарии китобчаи МДП (минбаъд - Конвенсияи МДП), дар ҳолате, ки боркашонӣ дар асоси системаи ТИР-КАРНЕТ иҷро карда мешавад;

- маълумот оид ба роҳ додани воситаи нақлиётии автомобилӣ ба боркашонии байналмилалии автомобилӣ бо мӯҳр ва тамғаи гумрукӣ, тибқи талаботи Конвенцияи МДП;

3) фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти роҳи оҳан:

- нусхаи сертификати таркиби ҳаракаткунандаи нақлиёти роҳи оҳан;

- нусхаи шаҳодатномаи машинисти таркиби ҳаракаткунанда;

- нусхаи паспорти техникӣ ва санади санҷиши роҳи оҳан ва роҳи фаръии роҳи оҳан;

- нақшаи роҳи фаръии роҳи оҳан дар ҳар стансияи буриш;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба молики роҳи фаръӣ будани довталаби иҷозатнома ва ё ин ки шартнома оид ба истифодабарии он;

- шартнома бо стансия оид ба истифодабарии роҳи магистралӣ ва фаръии роҳи оҳан (барои фаъолияти нақлиётӣ-экспедитсионӣ);

- маълумот оид ба базаҳои истеҳсолӣ-техникӣ (барои корхонаҳо ва муассисаҳои нақлиёти роҳи оҳан);

4) барои фаъолияти терминалҳои мусофиркашонӣ:

- маълумот оид ба мавҷудияти базаи истеҳсолию техникӣ (аз ҷумла, намуди терминал, перрон, қароргоҳ барои истодани воситаҳои нақлиёт, мавҷудияти нуқтаи гузаронидани муоинаи техникии автобусҳо ва муоннаи тиббии ронандагон пеш аз баромадан ба хатти сайр, хадамоти маълумотдиҳию иттилоотӣ, операторӣ ва диспетчерӣ);

- маълумот оид ба нақшаи хатҳои сайр ва ҷадвали ҳаракати автобусҳо дар хатҳои сайр;

- маълумот оид ба мавҷудияти хизматарсонии маишию маданӣ ва санитарию беҳдоштӣ ба мусофирон, ронандагон ва кормандони терминал, аз ҷумла ҷои нигоҳдории бағоҷ, утоқи дамгирии ронандагон, толори,интизорӣ, хазинаи чиптафурӯшӣ, утоқи диспетчерон, биноҳои маъмурӣ, утоқ барои модару кӯдак, меҳмонхона барои терминалҳои байналмилалӣ ва ғайраҳо);

- маълумотоид ба риояи қоидаҳои умумии бехатарӣ;

5) барои фаъолияти терминалҳои боркашонӣ:

- маълумот оид ба базаи моддию техникӣ (маълумот оид ба мавҷудияти иуқтаҳои гузаронидани муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт, мавҷудияти қароргоҳҳо ва стансияҳо, анборҳои мувофиқ барои нигоҳдории борҳо, мавҷудияти механизмҳои боркунию-борфарорӣ, хадамоти маълумотдиҳию иттилоотӣ, операторӣ ва диспетчерӣ);

- иҷозати мақомоти дахлдор барои истифодаи механизмҳои боркунию борфарорӣ;

- маълумот оид ба мавҷудияти хизматарсонии моддию маданӣ, санитарию беҳдоштӣ;

- маълумот оид ба риояи қоидаҳои умумии бехатарӣ;

6) барои хизматрасонии техникӣ ва таъмир:

- маълумот оид ба базаи истеҳсолию техникӣ (мавҷудияти постҳо барои иҷрои корҳои муайян);

- маълумот оид ба корҳои иҷрошаванда;

- маълумот оид ба риояи коидаҳои умумии бехатарии меҳнат, экологӣ, зиддисӯхторӣ ва беҳдошти санитарӣ;

7) барои фаъолияти роҳдорӣ:

- маълумот оид ба базаҳои истеҳсолӣ-техникӣ, аз ҷумла техникаҳои дигари дар асоси шартнома ҷалбкардашуда (шартномаи иҷораи техникаҳои роҳсозии ғайриҳудӣ);

- маълумот оид ба риояи коидаҳои бехатарии меҳнат, экология, зиддисӯхторӣ ва беҳдошти санитарӣ;

- маълумот оид ба ҳайати роҳбарон;

- маълумот оид ба системаи назорати сифат дар ташкилот;

- хулосаи мусбии мақомоти назоратӣ барои истеҳсоли маҳсулот, бо пешниҳоди сертификати сифат, натиҷаи озмоишҳо, нусхаи шартнома аз лаборатория оид ба гузаронидани озмоиши маҳсулоти истеҳсолшаванда;

- хулосаи мусбии экспертии мақомоти иҷозатномадиҳанда дар минтақаҳо оид ба додани иҷозатнома.

7. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- риояи шарту талаботҳои техникӣ, санитарӣ-экологӣ, қоидаҳои бехатарии меҳнат, зиддисӯхторӣ ва беҳдошти санитарӣ;

- риояи меъёру стандартҳои байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;

- риояи талаботи сархати якуми зербандн 1 банди 6 боби 38 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.04.2008 № 179);

- мутобиқати сатҳи тахассусии иҷозатномадор ва кормандони ӯ ба меъёрҳо ва стандартҳои амалкунанда;

- ба меъёру талаботҳои муқарраршуда мутобиқат кардани объектҳое, ки бо ёрии онҳо намуди фаъолияти иҷозатномашаванда амалӣ карда мешавад (воситаҳои нақлиёт, воситаҳои техникӣ, таҷҳизотҳо, иншоотҳо ва ғайра);

- мутобиқати корҳои иҷрошуда ба меъёр ва талаботҳои муқарраршуда;

- риояи коидаҳои ҳамлу нақли бор, мусофирон ва багоҷ (риояи хати сайр, ғунҷоиш, сарборӣ ба тири воситаи нақлиёт ва андозаҳои габаритии борҳои кашондашаванда, мавҷудият ва мувофиқати хуҷҷатҳои ҳамлу нақл ва ғайра) барои ҳамлу нақл;

- мавҷудият ва ҷавобгӯ будани базаи моддӣ-техникӣ (аз ҷумла, перрон, қароргоҳ, нуқтаи гузаронидани муоинаи техникии автобусҳо ва муоинаи тибии ронандагон пеш аз баромадан ба хати сайр, хадамоти маълумотдиҳию иттилоотӣ, операторӣ ва диспетчерӣ), хизматарсонии маишию маданӣ ва санитарию беҳдоштӣ ба мусофирон, ронандагон ва кормандони терминал (аз ҷумла, ҷои нигоҳдории бағоҷ, утоқи дамгирии ронандагон, толори интизорӣ, хазинаи чиптафурӯшӣ, утоқи диспетчерон, утоқ барои модару кӯдак, меҳмонхона барои терминалҳои байналмилалӣ ва ғайраҳо), нақшаи хатҳои сайр ва ҷадвали ҳаракати автобусҳо дар хатҳои сайр ба шарту талаботҳои муқарраршуда - барои терминалҳои мусофирбарӣ;

- мавҷудият ва ҷавобгӯ будани базаи моддӣ-техникӣ, аз ҷумла нуқтаҳои гузаронидани муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт, мавҷудияти қароргоҳҳо ва стансияҳо, анборҳои мувофиқ барои нигоҳдории борҳо, мавҷудияти механизмҳои боркунию борфарорӣ, хадамоти маълумотдиҳию иттилоотӣ, операторӣ ва диспетчерӣ, хизматрасонии маданию маишӣ ва санитарию беҳдоштӣ ба меъёру стандартҳои амалкунанда - барои терминалҳои боркашонӣ ва фаъолияти нақлиётӣ-экспедитсионӣ;

- ҷавобгӯ будани корҳои иҷрошуда ба дараҷаи масъулиятнокӣ - барои фаъолияти роҳдорӣ.

8. Вобаста ба имконияти довталаби иҷозатнома ва иҷро намудани корҳои дараҷаи вазниниаш муайяншуда дар фаъолияти роҳдорӣ ҳангоми иҷозатномадиҳӣ сатҳи масъулиятнокӣ мувофиқи "Тартиби муайян намудани сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда дар фаъолияти роҳдорӣ" муқаррар карда мешавад (замимаи 1).

9. Ба ронандагон - соҳибкорони инфиродӣ, ки тавассути шартнома бо муассисаҳо ва ташкилотҳо ҳамкорӣ мекунанд, иҷозатнома алоҳида дода мешавад. Ронандагони корхонаҳо ва муассисаҳои нақлиётӣ, ки фаъолияти боркашонӣ ё мусофиркашониро таввассути воситаҳои нақлиётие, ки моликияти муассиса ва ташкилот мебошанд ё тибқи дигар асосҳои қонунӣ (тибқи шартнома) ихтиёрдорӣ менамоянд, дар асоси иҷозатномаи ин муассиса ва ё ташкилоти мазкур амалӣ менамоянд(қарори ҳукумати ҶТ аз 31.08.2009 № 507).

10. Фаъолияти воситаҳои нақлиёт тавассути варақаҳои назоратӣ, ки барои ҳар як воситаи нақлиёт дода мешавад, танзим мегарданд. Дар варақаҳои назоратӣ силсила ва рақами иҷозатнома, номи иҷозатномадор, намуди фаъолият, тамға ва рақами давлатии воситаи нақлиёт, мӯҳлати фаъолияти иҷозатномадор нишон дода мешавад. Ҳудуди фаъолият бо роҳхати аз тарафи шахси ҳуқуқӣ додашуда муайян мегардад. Варақаи назоратӣ дар асоси дархости иҷозатномадор барои амалӣ кардани намуди иҷозатномашавандаи фаъолият ба мӯҳлати дархостшудаи иҷозатномадор то як сол дода шуда, аз тарафи роҳбари мақомоти иҷозатномадиҳанда бо мӯҳри мақомоти иҷозатномадиҳанда тасдиқ карда мешавад. Барои додани варақаи назорати мақомоти иҷозатномадиҳанда ба андозаи як ҳадди ақали музди меҳнат ҳақ меситонад, ки пас гардонида намешавад. Дар сурати аз нав ба расмият даровардани варақаи назоратӣ ба андозаи ним ҳадди ақали музди меҳнат ҳақ ситонида мешавад ва дар сурати дароз намудани амали варақаи назоратӣ маблағ ҳамчун маблағи додани варақаи назоратӣ ситонида мешавад. Аз нав ба расмият даровардан ва дароз кардани варақаи назоратӣ дар давоми то 3 рӯз анҷом дода мешавад (қарори ҳукумати ҶТ аз 31.08.2009 № 507).

11. Амалӣ намудани назорати фаъолияти воситаҳои нақлиёт:

Назорати воситаҳои нақлиётро Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасонад.

Санҷиши воситаҳои нақлиёт дар хатҳои сайр, терминалҳо, нуқтаҳои назоратӣ ва бақайдгирии воситаҳои нақлиёт, дидбонгоҳҳои доимоамалкунандаи баромадгоҳҳои вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо ҳар рӯз анҷом дода мешавад.

Ҳангоми назорати воситаҳои нақлиёт санҷида мешавад:

- мавҷудияти иҷозатнома, варақаи назоратӣ, сертификат ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки ронанда бояд бо худ дошта бошад;

- холати техникии воситаи нақлиёт, танзими намуди беруна, дохилӣ ва экипировкаи он мувофиқи талаботҳо (мавҷудияти навиштаҷотҳои пеш, пас ва паҳлӯ, маълумотҳои дар салон барои мусофирон);

- риояи қонунгузории наклиётӣ ва шартҳои иҷозатномадиҳӣ аз ҷониби иҷозатномадор;

- мувофиқат кардани воситаи нақлиёт ва системаҳои алоҳида ва ҷузъҳои он ба шарту талаботҳои техникӣ;

- мувофиқат кардани сарборӣ ба тири (меҳвари) воситаи нақлиёт, андозаҳои габаритии борҳои кашондашаванда дар нақлиёт ва ғунҷоиш ба талаботҳои муқарраршуда;

- дурустии ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ-роҳӣ дар нақлиёти мусофирбар (қайди муоинаи тиббӣ ва механики нуқтаи назорати техникӣ мувофиқи нақшаи вақти баромад (бозгашт) бо вақти воқеӣ, ҷадвали ҳаракат, схемаи хатти сайр ва ғ.).

12. Ҳангоми гузаронидани озмоишҳо, ченкуниҳо, санҷишҳо, боркашии воситаҳои нақлиёт оид ба мувофиқат кардани сарборӣ ба тир ва ғайра кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, бояд аз таҷҳизот ва асбобҳое, ки мувофиқи стандарти давлатӣ (ГОСТ) аз санҷиши давлатӣ гузаштаанд, истифода баранд.

13. Дар асоси натиҷаҳои санҷиш ва озмоиши воситаҳои нақлиёт ҳангоми муайян намудани ҳолатҳои бе иҷозатнома амалӣ кардани фаъолияти иҷозатномашаванда, риоя накардан ва дағалона вайрон намудани шарту талаботҳои иҷозатномадиҳӣ кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт чораҳои зеринро амалӣ менамояд: санадҳо, рапортҳо ва протоколҳо тартиб медиҳанд; огоҳнома медиҳад; қарор қабул намуда, иҷозатномадорро барои бартараф кардани камбудиҳо дар вақти муқарраршуда ӯҳдадор менамояд; чораҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро татбиқ менамоянд; амали иҷозатномаро то бартараф кардани камбудиҳои муайяншуда боз медоранд. Маводҳои тартибдодашуда (санад, рапорт, протокол) бояд хусусияти объективӣ, пуррагӣ ва саҳеҳӣ дошта бошад, инчунин бо хуҷҷатҳои дахлдор асоснок карда шуда бошад.

14. Ҳангоми тартиб додани протокол дар он бояд инҳо дарҷ карда шаванд: вақт ва макони тартибдиҳӣ, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси тартибдиҳандаи протокол, вақти содиршавӣ ва моҳияти ҳуқуқвайронкунӣ, санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки барои ҳуқуқвайронкунии мазкур ҷавобгариро муқаррар менамояд. Протокол аз ҷониби шахси содиркунандаи ҳуқуқвайронкунӣ ва тартибдиҳандаи он имзо карда мешавад. Ҳангоми тартиб додани протокол оиди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳуҷҷатҳои бақайдгирии воситаи нақлиёт то бартараф кардани ҳуқуқвайронкунӣ гирифта мешавад ва дар хусуси гирифтани он ба ронанда варақаи муваққатии техникӣ дода мешавад.

15. Роҳбарони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва шӯъбаҳои тобеи он дар давоми то 15 рӯз натиҷаҳои санҷишро баррасӣ менамоянд.

Боби 39. Хусусиятхои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти ҳавоӣ;

- фаъолият оид хизматрасонии техникӣ ҳангоми парвози нақлиёти ҳавоӣ;

- фаъолият оид ба ба таъмир ва хизматрасонии техникии нақлиёти хавоӣ;

- фаъолияти терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ.

2. Мусофиркашонӣ бо нақлиёти ҳавоӣ ва боркашони бо нақлиёти ҳавоӣ намудҳои зерини корҳоро дар бар мегимра.

- мусофиркашонӣ ва боркашонии мунтазами дохилӣ бо нақлиёти ҳавоӣ;

- мусофиркашонӣ ва боркашонии мунтазами байналмилалӣ бо нақлиёти ҳавоӣ;

- мусофиркашонӣ ва боркашонии ғайримунтазами (чартерии) дохилӣ ва байналмилалӣ бо нақлиёти ҳавоӣ;

- фаъолияти агентӣ оид ба фурӯши мусофиркашонии интиқоли авиатсионӣ;

- бо хӯрокворӣ таъмин намудани мусофирони (экипажи) киштиҳои ҳавоӣ.

3. Фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ хангоми парвози нақлиёти ҳавоӣ намудҳои зерини корҳоро дар бар мегирад:

- таъминоте, ки бевосита ба парвоз ва нишасти ҳавопаймо вобаста аст (аэродромӣ, электросветотехникӣ, радиотехникӣ, метеорологӣ, штурманӣ, орнитологӣ, ҷустуҷӯӣ ва садамивию наҷотдиҳӣ, таъмини идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, иттилооти аэорнавигатсионӣ, бехатарии авиатсионӣ);

- таъмини муҳандисию авиатсионии ҳавопаймо;

- таъмини ҳавопаймо бо сӯзишвории авиатсионӣ.

4. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт.

5. Параметрҳои иҷозатнома барои мусофиркашони ва боркашонии мунтазами (ғайримунтазами) дохилӣ ва байналмилалӣ бо нақлиёти ҳавоӣ инҳо мебошанд:

- намудҳои интиқол (мусофиркашонӣ, боркашонӣ, борумусофиркашонӣ);

- навъи ҳавопаймо;

- намуди хизматрасонии пешниҳодшуда (фурӯш, бронкунии интиқол);

- дараҷаи (категорияи) интиқол (мунтазам, дохилӣ, байналмилалӣ).

6. Интиқолдиҳандагони авиатсионӣ, ки ба интиқоли ғайримунтазами (чартерии) авиатсионӣ иҷозатнома доранд, ҳуқуқи ташкили фурӯши инфиродии интиқоли мусофирон (бор), аз он ҷумла ба сифати сарборӣ гирифтани бор дар ҳавопайморо бе розигии мақомоти иҷозатномадиҳанда надоранд.

7. Иҷозатномадиҳии фаъолияти мусофиркашонӣ ва боркашонии мунтазам ва ғайримунтазами (чартерии) байналмилалӣ бо нақлиёти ҳавоӣ дар асосҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

- санадҳои ҳуқуқии байниҳукуматӣ дар бораи истифодаи фазои ҳавоӣ, ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудааст;

- шартномаҳо, протоколҳо, меморандум ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки байни мақомоти авиатсионӣ оид ба иҷрои парвозҳо баста мсшаванд:

- иҷозати махсус, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ дода мешавад.

8. Иҷозатнома ба ҳуқуқи иҷрои интиқоли мунтазам ва ғайримунтазами ҳавоии байналмилалӣ ба ташкилотҳои авиатсионие дода мешавад, ки коди серамзии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ ( минбаъд - IСАО) ва ҳуҷҷатҳои интиқолии бо тартиби муқарраршуда бақайдгирифташударо дошта бошанд.

9. Ташкилотҳои авиатсионӣ, ки коди серамзии IСАО -ро надоранд ҳангоми гирифтани иҷозатнома барои ҳуқуқи иҷрои интиқоли байналмилалӣ (чартерӣ) метавонанд коди серамзии ташкилотҳои авиатсионии дорои ҳамин хел бақайдгириро бо шартҳои қарордодӣ истифода баранд.

10. Иҷозатнома барои ҳуқуқи иҷрои интиқоли мунтазами байналмилалӣ ба ташкилотҳои авиатсионие дода мешавад, ки онҳо таҷрибаи кориро дар хатҳои ғайримунтазами ҳавоии на камтар аз як сола дошта бошанд. Дар ин ҳолат сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, интиқоли мунтазам ва конеъ гардонидани талабот ба хизматрасонӣ дар хати парвоз ба назар гирифта мешавад.

11. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад додани иҷозатнома барои ҳуқуқи иҷрои интиқоли мунтазам ва ғайримунтазами (чартерии) байналмилалиро дар асоси озмун ба амал барорад.

12. Интиқолдиҳандаи авиатсионӣ, ки иҷозатнома барои ҳуқуқи иҷрои интиқоли мунтазами байналмилалиро дар хати парвоз гирифтааст, соҳиби статуси ташкилоти авиатсионии аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиншуда мегардад.

13. Иҷозатнома ба ҳуқуқи иҷрои мунтазами интиқоли авиатсионии байналмилалӣ ба соҳибаш ҳуқуқ медиҳад, ки рейсҳои иловагии ғайримунтазамро (чартериро) дар хати парвози мазкур низ иҷро намояд.

14. Иҷозатнома барои ҳуқуқи иҷрои интиқоли мунтазам ва ғайримунтазами (чартерии) авиатсионии байналмилалӣ ба ташкилоти авиатсионӣ бо шарти бо шартномаи суғуртавӣ ҷуброн кардани зарари ба саломатӣ ва молу мулки мусофирон ва соҳибони бор расонидашуда, ки дар Конвенсияи соли 1955 Варшавагӣ пешбинӣ шудааст, инчунин таъмини ҷавобгарии суғуртавӣ дар назди шахсони сеюм, ки бо Конвенсияи соли 1952 Римӣ муайян шудаанд, ё дигар андозаҳои бо давлати хориҷӣ мувофиқагардида, дода мешавад.

15. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти ҳавоӣ:

Иҷозатнома барои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти ҳавоӣ ба шахсоне дода мешавад, ки онҳо бояд:

- сертификати амалкунандаи истифодабарандаи аз ҷониби мақомоти ваколатдори авиатсияи гражданӣ додашударо дошта бошанд; нисбати шаҳрвандон ва шахсони хориҷии ҳуқуқӣ сертификатҳои истифодабаранда ва ё ҳуҷҷатҳои ба он монанде эътироф карда мешаванд, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ дода шуда, ба талаботҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҷавобгӯ мебошанд;

- ҳавопаймое истифода бурда мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар давлат ба қайд гирифта шудааст ва сертификати амалкунандаи мутобиқати аз ҷониби мақомоти ваколатдор ё давлатии хориҷӣ дода шудаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида, дошта бошад;

- намудҳои суғуртаи ҳатмиро бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;

- хулосаи мусбии мақомоти назорати санитарии эпидемиологиро дошта бошад;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қобилияти иқтисодию молиявии дархосткунандаро ҷиҳати иҷро намудани фаъолияти иҷозатномадиҳӣ дошта бошад.

16. Барои мусофиркашонию боркашонии байналмилалӣ довталаби иҷозатнома бояд ҳуҷҷатҳои иловагии зеринро пешниҳод намояд:

- шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии ташкилоти авиатсионӣ дар ИКАО;

- рамзи сеҳарфаи IСАО барои мақсадҳои истифодабарӣ;

- руйхати муқарраргардидаи ҳуҷҷатҳои боркашонӣ ва мусофиркашонӣ барои барасмиятдароии боркашонӣ ва мусофиркашонии байналмилалӣ;

17. Иҷозатнома барои ҳуқуқи фаъолияти агентӣ оид ба фурӯши ннтиқоли авиатсионӣ ба довталаби иҷозтнома дар сурати мавҷуд будани инҳо дода мешавад:

- биноҳои худӣ (ё ба иҷора гирифташуда), ки бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои алоқа муҷаҳҳаз буда, ба анҷом додани фурӯш ва бронкунонии боркунонии тиҷоратӣ дар ҳавопаймои иитиқолдиҳандаи авиатсионӣ имконият медиҳанд;

- системаи муҳофизатии сигналдиҳӣ;

- ҳайати сертификатсияшуда;

- шартаюма (қарордод) ба ҳуқуқи фаъолияти агентӣ (субагентӣ) бо на камтар аз як интиқолдиҳандаи авиатсионӣ.

18. Иҷозатнома талаб карда намешавад, агар интиқолдиҳандаи авиатсионӣ мустақилона фурӯши интиқоли авиатсиониро бо рейсҳои, аз ҷониби ҳавопаймоҳои ин интиқолдиҳанда иҷрошаванда, иҷро намояд.

19. Иҷозатнома барои ҳуқуқи таъмини мусофирони (экипажи) ҳавопаймо бо хӯрока ба довталаби иҷозтнома дар сурати мавҷуд будани инҳо дода мешавад:

- биноҳои худии (ба иҷора гирифташудаи) бо таҷҳизоти зарурӣ таҷҳизонидашуда;

- ҳайати шахсӣ, ки сертификати дахлдор доранд;

- шумораи зарурии зарфҳо;

- хулосаи мусбии мақомоти санитарию эпидемиологӣ;

- сертификати мутобиқати маҳсулоти хӯрокворӣ ва ашёи хоми озуқавӣ;

- шартнома (қарордод) бо на камтар аз як интиқолдиҳандаи авиатсионӣ оид ба иҷрои ин намуди таъминот.

20. Иҷозатнома ба фаъолият оид ба хизматрасонни техникии ҳангоми парвози нақлиёти ҳавоӣ ба намудҳои зерини корҳо дода мешавад:

- таъмини аэродром - ҳангоми мавҷуд будани:

- шаҳодатнома дар бораи бақайдгирӣ ва ба истифода мувофиқ будани аэродром (сертификати мутобиқат);

- воситаҳои механикӣ барои таъмир ва нигоҳдории аэродром;

- таъмини барқию рӯшноии техникӣ ва радиотехникӣ - дар ҳолати доштани воситаҳои худии барқию рӯшноии техникӣ, радиотехникӣ ва воситаҳои алоқа;

- таъмини идораи ҳаракати ҳавоӣ-дар ҳолати доштани объектҳо ва воситаҳои техникии хадамоти ҳаракати ҳавоӣ (минбаъд - УВД), ки ба нуқтаҳои диспечерии УВД дар минтақаи аэродром (аэроузел) дода шудааст ва ё дар таҷҳизоти системаи авиатсияи гражданӣ қабул гардидааст;

- таъминоти метереологӣ - дар ҳолати доштани таҷҳизоти авмометереологии худӣ ё дар асоси шартҳои қарордодӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба гидрометереологии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашаванда;

- таъмини корҳои ҷустуҷӯӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ - дар ҳолати доштани воситаҳои садамавию наҷотдиҳӣ. Ба ғайр аз ин, таъминн намудҳои мазкур, инчунин таъмини штурманӣ, оринитологӣ, таъмини маълумоти аэронавигатсионӣ бояд дар ҳолати мавҷуд будани гурӯҳҳои дахлдори мутахассисони (воҳидҳои, хадамоти) дорои ҳуҷҷатҳои зарурии тахассусӣ (диплом, шаҳодатнома ва ғ.), ки ҳуқуқи иҷрои ҳар яки ин намуди таъминотро медиҳанд, амалӣ карда мешавад;

- таъмини беҳатарии авиатсионӣ ҳангоми мавҷуд будани:

барномаи (программаи) таъмини бехатарии авиатсионӣ;

иҳота доштанн атрофи фурӯдгоҳ (аз ҷумла минтақаи кори радиомаякҳои самтнома ва глиссадӣ, иншоотҳои УВД, таҷҳизотҳои радио ва светотехникии аэродромҳо, иншоотҳои таъминоти сӯзишвории авиатсиони ва амборҳои тиҷоратӣ) бо навиштаҷоти пешгирикунанда, ки ба зонаҳои назоратии мазкур дохил шуданро манъ мекунанд, бо ташкили пунктҳои назоратӣ-иҷозатдиҳӣ ва амали режими иҷозатдиҳӣ;

иҳотаи иловагӣ кашидан ба иншоотҳои таъминоти сӯзишвории авиатсионӣ ва амборҳои тиҷоратӣ дар зонаҳои назоратии фурудгоҳҳо;

биноҳои махсус, нуқтаҳои (пунктҳои) азназаргузаронии аъзои экипаж, ҳайати хизматрасон, мусофирон (борҳои дастӣ), боғоҷ, аз он ҷумла хизматрасонӣ бо воситаи толорҳои махсус барои намояндагон ва толори VIP, захираҳои бортӣ, муросилот ва бор, инчунин толорҳои интизоршавӣ барои мусофироне, ки аз назар гузаронида шудаанд;

равшаникунии муҳофизатӣ дар истгоҳҳои ҳавопаймоҳо, ҳудуди иншоотҳои алоҳидаи аэропорт ва нуқтаи гузаргоҳи назоратӣ;

биноҳои махсуси бо воситаҳои зарурии алоқа таҷхизонидашуда барои роҳбарии амалиёт оид ба батартибдарории ҳолатҳои фавқулодда, ки ба мудохилакунии ғайриқонунӣ ба фаъолияти авиатсияи гражданӣ вобаста аст;

истгоҳҳои махсус, ки барои ба ҳавопаймо хизмат расонидан дар ҳолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти авиатсияи гражданӣ мудохила кардан ҷудо карда шудааст;

хизмати бехатарии авиатсионии бо мутахассисон таъминшуда, ки дорои хуҷҷатҳои зарурии тахассусие мебошанд (диплом, шаҳодатнома ва ғ.), ки ҳуқуқи иҷро намудани таъминоти мазкурро медиҳанд.

- таъмини ҳавопаймо бо сӯзишвории авиатсионӣ-ҳагоми мавҷуд будани:

иншоотҳои худӣ (иҷоравӣ), иншоотҳое, ки дар он сузишворӣ нигоҳ дошта мешавад (анбор, системаи марказонидашудаи бо сӯзишворӣ таъмин намудани ҳавопаймо (ЦЗС), мошинҳои махсус (ТЗ, МЗ) ва дигар воситаҳои бо сӯзишворӣ таъминкунӣ, ки дар асоси меъёрҳои амалкунанда муҷаҳҳаз гардонида шудаанд;

лабораторияҳои худии (иҷоравии) назорати сифати маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ;

воҳидҳое (хадамоте, гурӯҳи мутахассисоне), ки ҳайати шахсии онҳо дорои хуҷҷатҳои зарурии тахассусии (диплом, шаҳодатнома ва ғ,) ба талаботи дар нақлиёти ҳавоӣ қабулшуда мутобиқро дошта бошад.

21. Қобилияти дархосткунанда, ки намудҳои мазкури таъминоти техникӣ ва технологиро иҷро мекунад, бояд бо сертификати мутобиқат, ки Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт додаст, тасдиқ карда шавад.

22. Иҷозатнома ба фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи авиатсионӣ метавонад ҳангоми мавҷуд будани инҳо дода шавад:

- сохтори истеҳсолии (ташкилотҳои ТОиР) худи (ба иҷора гирифташуда) ва таҷхизоти зарурии заминӣ барои амалигардонии хизматрасонии техникӣ ва таъмири ҳавопаймо ва дигар техиикаи авиатоионӣ;

- системаи назорати худӣ (ба иҷора гирифташуда) ва баҳисобгирии сифати хизматрасонии техникӣ, ки ба муқаррароти дар нақлиёти ҳавоӣ қабулгардида мувофиқат мекунад ва пурраю самаранокии назоратро таъмин мекунад;

- фонди гардон (қисмҳои эҳтиётӣ, маҳсулоти пуркунанда, равған ва моеъҳои махсуси молиданӣ, маводҳои харҷшаванда ва ғ.) ва риоя намудани тартиби пуркунонии он, ки ба иҷро намудани намудҳои хизматрасонии техникии ин ё он намуди хавопаймо ё дигар техникаи авиатсионӣ имконият медиҳад;

- системаи таъминоти иттилоотии худӣ (ба иҷора гирифташуда), ки бо хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи авиатсионӣ алоқаманд аст.

23. Қобилияти дархосткунанда, ки намудҳои мазкури таъминоти муҳандисӣ-авиатсиониро иҷро мекунад, бояд бо сертификати мутобиқат, ки Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт додаст, тасдиқ карда шавад.

Боби 40. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории тотализаторҳо ва қиморхонаҳо

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории тотализаторҳо ва қиморхонаҳо.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи моликият ё дигар асоси қонунии истифодабарии биноро тасдиқ мекунанд;

- қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ноҳияҳои шаҳри Душанбе) оид ба муайян намудани ҷои ташкилу нигоҳдории тотализаторҳо ва қиморхонаҳо;

- хулосаи мусбии мақомоти санитарию эпидемиологӣ дар бораи мувофиқати бино ба талаботҳои санитарӣ;

- хулосаи мусбии мақомоти оташнишонӣ дар бораи риояи талаботҳои зиддисӯхторӣ;

- нусхаи хуҷҷатҳое, ки сифати таҷҳизотро тасдиқ мекунанд;

- шахси хуқуқие, ки тотализаторҳо ва қиморхонаҳоро ташкил менамояд, ба мақомоти иҷозатномадиҳанда кафолатро оид ба пардохти фонди мукофотӣ ва бурдҳо пешниҳод менамояд;

- рӯйхати кормандоне, ки идоракунӣ ва гузаронидани бозиҳоро дар объектҳои иҷозатномашаванда анҷом медиханд.

4. Шартҳо ва талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- мувофиқ будани бино барои муштариён ба меъёрҳо ва қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддисӯхторӣ;

- иҷрои талаботҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба таъмин намудани бехатарии шахсии муштариён ва тартиботи ҷамъиятӣ;

- риоя намудани талабот оид ба нигоҳдории маблағҳои пулии нақдӣ;

- барои ҳайати коркуноне, ки бо идоракунӣ ва гузаронидани бозиҳо машғул мебошанд, мавҷуд будани варақаи шахсии ҳисоботӣ;

- дар биноҳо барои муштариён мавҷуд будани қоидаҳои тартиби кор, қоидаи гузаронидани бозиҳо, қабули пули қимор, ки барои шинос шудан дастрас мебошанд;

- дар хазинаи ҷои гузаронидани бозӣ мавҷуд буданн маблағе, ки барои пардохти фонди мукофотии эълоншуда ё ташкилёбии фонди суғуртавӣ кифоя бошад;

- риоя намудани қоидаҳои бурдани ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва ҳисоботи муҳосибавӣ;

- ба бинои фаъолияти иҷозатномадиҳӣ роҳ додани танҳо шахсони аз 18-сола боло.

Боби 41. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти туристӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда фаъолияти туристӣ

Ба фаъолияти туристӣ корҳои оид ба ташкили саёҳат, экскурсияҳо ва хизматрасонии ба он вобаста дар самтҳои туризми воридотӣ, содиротӣ ва дохилӣ (агентии туристӣ, туроператорҳо ва ташкилотҳои экскурсионӣ, меҳмонхонаҳо, кемпингҳо, ки бевосита бо ташкили фаъолияти туристӣ машғуланд) ворид мегарданд.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Талабот ва шартҳои иҷозатномадиҳӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти туристӣ барои шахси ҳуқуқӣ ва ӯҳдадориҳои довталабон;

- дар воҳиди кории шахси ҳуқуқӣ мавҷуд будани як нафар корманди дорои таҳсилоти махсус дар соҳаи туризм ва ё бо таҷрибаи кории на кам аз 3 сол дар ҳамин соҳа;

- на камтар аз як маротиба дар се сол такмили ихтисоси кормандони шахси ҳуқуқӣ, ки бевосита бо ташкили саёҳат, экскурсияҳо ва хизматрасонии ба он алоқаманд машғуланд;

- мавҷуд будани утоқи хизматии хусуси ва ё иҷоравӣ бо таҷҳизоти дахлдор;

- танҳо баъд аз ба имзо расонидани шартнома (контракт) бо мизоҷон, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат мекунанд, амалӣ намудани хизматрасонии туристӣ;

- дастрас намудани маълумоти пурра ба ҳар як турист оид ба хусусиятҳои ба хориҷа рафтан, ворид гардидан ва будубош дар давлати хориҷӣ, оид ба қоидаҳои рафтор ва интизом дар вақти сафари туристӣ ба хориҷа;

- ба истеъмолкунандаи хизматрасонии туристӣ дастрас намудани маълумоти пурра оид ба реҷаи кории ташкилкунандаи хизматрасонии туристӣ, суроғаи ҳуқуқии он, мавҷуд будани иҷозатнома, насаб, ном ва номи падари шахсони мутасаддӣ, ки дар пеш бурдани самтҳои мушаххаси фаъолияти туристӣ масъуланд;

- нусхаи шартнома бо ташкилоти суғуртавӣ доир ба суғуртаи сайёҳон;

- мавҷуд будани системаи таъмини бехатарӣ, расонидани ёрии тиббӣ ва дигар кӯмакҳо ҳангоми ҷароҳат бардоштан, беморӣ ва дар дигар ҳолатҳо ба туристон.

4. Талабот ва шартҳои иҷозатномадиҳӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти туристӣ барои соҳибкорони инфиродӣ:

- омодагии касбӣ, шаҳодатномаи тахассусӣ ва таҷрибаи ташкили хатсайрҳои туристӣ;

- хатсайри туристии таҳиягардида;

- маълумотномаи тиббӣ оид ба ҳолати саломатӣ.

5. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ пас аз гирифтани иҷозатнома ҳангоми ташкили хизматрасонии туристӣ, сайёҳони хориҷшаванда ва дохилиро бо роҳҳатҳои шаклашон ягона таъмин менамоянд. Барои сайёҳони воридшаванда реестри ташрифи сайёҳи хориҷӣ ҷорӣ карда мешавад. Роҳхатҳои шаклашон ягона ва реестри ташрифи сайёҳони хориҷӣ бо мақсади ташкили омори дақиқи хизматрасонии туристӣ аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумх,урии Тоҷикистон таҳия ва назорат карда мешавад. Роҳхатҳои шаклашон ягона ҳуҷҷати ҳатмие мебошанд, ки аз бастани шартнома байни ташкилотҳои туристӣ ва сайёҳон шаҳодат медиҳанд.

6. Субъектҳои фаъолияти туристии дорои иҷозатнома баъд аз ташкили саёҳати шаҳрвандон ба хориҷи кишвар ва ё қабули сайёҳони хориҷӣ ба мақомоти ваколатдори соҳа ҳисоботи хаттӣ пешниҳод менамоянд.

7. Барои гирифтани иҷозатнома довталаб бояд ҳуҷҷатҳои иловагии зеринро пешниҳод намояд:

- ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани филналҳо, намояндагиҳо ва иншоотҳои шахси ҳуқуқиро дар минтақаҳои алоҳида, ки аз тариқи онҳо фаъолияти туристӣ амалӣ карда мешавад, нусхаи низомномаҳо, фармонҳо доир ба таъини роҳбарон, боваринома ба роҳбар, суроға, суратҳисоби бонкӣ;

- барои шахси ҳуқуқи ва воқеии хориҷи сертификати аз ҷониби мақомоти нотариалӣ тасдиқнамудаи давлати хориҷӣ ё мақоми ваколатдор барои машғул шудан ба фаъолияти туристӣ, ки аз салоҳияти шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ шаҳодат медиҳад ва дар идораҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ё сохторҳои дахлдори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст.

Боби 42. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти кормандони масъули патентӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти кормандони масъули патентӣ.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома:

- нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти олӣ;

- қарори комиссияи аттестатсионӣ.

4. Шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- доштани таҳсилоти олӣ дар соҳаи ҳуқуқ, илмҳои техникӣ ё табиатшиносӣ;

- собиқаи кории на камтар аз яксола дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатй;

- шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будан.

Эзоқ: Таҳти мафҳуми "корманди масъули патентӣ" дар ин боб "намояндаи патентӣ" фаҳмида мешавад.

Боби 43. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба тайёр кардан, коркард ва фурӯши пораву партови металлҳои сиёҳ ва ранга

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: Фаъолият оид ба тайер кардан, коркард ва фурӯши пораву партови металлҳои сиёҳ ва ранга.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Дар ҳолати амалӣ намудани фаъолият аз ҷониби иҷозатномадор дар якчанд ҳудуди ҷудогона, иҷозатномаи алоҳида дода намешавад. Маълумот дар бораи чунин ҳудудҳо (суроға, телефон ва гайра) бояд дар варақаи иҷозатнома нишон дода шаванд.

4. Талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- мавҷуд будани хулосаи экспертии мақомоти иҷозатномадиҳанда оид ба мувофиқ будани шароити фаъолият ба талаботҳои муқарраршуда;

- маълумот дар бораи таъмини техникӣ ва технологии намуди дархостшудаи фаъолият.

Боби 44. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- ба фаъолияти бокортаъминкунӣ хизматрасонӣ ҷиҳати мусоидат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷустуҷӯи кори пардохтшаванда берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла гирифтани иҷозат барои кор дар давлати хориҷӣ ва ё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бастани шартномаҳои меҳнатӣ бо корфармоёни хориҷию ватанӣ мансуб мебошад (қарори ҳукумати ҶТ аз 01.10.2007 № 518).

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори ҳукумати ҶТ аз 01.10.2007 № 518).

3. Аз рӯи зарурият Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукуқ дорад оид ба гузаронидани экспертизаи мустақили хуҷҷатҳои пешниҳодгардида қарор кабул намояд. Дар ин сурат қарори додан ё надодани иҷозатнома дар мӯҳлати 15 рӯз аз лаҳзаи гирифтани хулосаи экспертӣ, вале на дертар аз 30 рӯз аз рӯзи пешниҳоди ариза ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ қабул карда мешавад (қарори ҳукумати ҶТ аз 01.10.2007 № 518).

4. Хуҷҷатҳои иловагӣ оид ба гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- нусхаи иҷозатномаи корфармои хориҷӣ доир ба ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷӣ ба кор, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори ин давлат дода шудааст (агар дар ин давлат ин фаъолият иҷозатнома кунонида шавад);

- шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза, нусхаи расмии феҳристи тиҷоратии давлати ҷойи истиқомат ва ё дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи статуси ҳуқуқии худро мутобиқи қонунгузории давлати ҷойи истиқомат дар лаҳзаи таъсиси шахси ҳуқуқӣ бо тасдиқи нотариалии тарҷумаи ҳуҷҷатҳои мазкур бо забони тоҷикӣ (русӣ) пешниҳод менамоянд (қарори ҳукумати ҶТ аз 01.10.2007 № 518).

5. Шарту талаботҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати иҷрои фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолият оиди бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар ҷадвали штатии довталаби иҷозатнома мавҷуд будани на кам аз як воҳиди кории мутахассиси дорои таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи ҳуқуқшиносӣ;

- мавҷуд будани бино, таҷҳизот, махзани маълумоти таъминкунандаи алоқаи мунтазам бо биржаи меҳнатӣ;

- вазъи молиявии қаноатбахш;

- хулосаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми фаъолият ҷиҳати бокортаъминкунии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори ҳукумати ҶТ аз 01.10.2007 № 518).

6. Субъекти хоҷагидоре, ки барои иҷрои фаъолияти бокортаъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома гирифтааст, ӯҳдадор аст шартҳои зеринро риоя намояд:

- анкетаҳои ташкили манбаи маълумотии номзадҳо барои таъмини кор дар хориҷаро ройгон ба қайд гиранд ва ба шаҳрвандон пешниҳод намояд;

- муҳоҷирони меҳнатирр бо тартиби амалкунандаи давлати хориҷӣ ҷиҳати бо кор таъминкунии шаҳрвандони хориҷӣ дар ин давлатҳо ва муқаррароти қонунгузории муҳоҷират шинос намояд;

- бастани шартномаи меҳнатиро байни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корфармои хориҷӣ таъмин намояд ё бо супориши онҳо шартномаҳои меҳнатиро аз номи худ ба имзо расонда ба ҳар як нафар мухоҷири меҳнатӣ пеш аз сафар супорад;

- мутобиқи тартиби муқарраршуда барасмиятдарории шиносномаи хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои кор ба хориҷа мераванд, таъмин намояд;

- ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки хоҳиши дар хориҷа иҷро намудани кори музднокро дорад бо шартҳои ҳамин Низомнома шинос намуда, суроға ва рақами телефонҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯ дастрас намояд (қарори ҳукумати ҶТ аз 01.10.2007 № 518);

- нусхаҳои шартномаҳои меҳнатии бо иштироки ӯ байни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корфармои хориҷӣ басташуда ва инчунин дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷаро маҳфуз дорад;

- ҳар семоҳа тибқи тартиби муқарраршуда ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи харитаи баҳисобгирии омории муҳоҷирони меҳнатӣ ҳисобот пешниҳод намояд (қарори ҳукумати ҶТ аз 01.10.2007 № 518);

- то бастани шартномаи меҳнатӣ байни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корфармои хориҷӣ, ғайр аз ҳаққи хизматрасонии бо кор таъминкунӣ пешпардохт нарӯёнад;

- ҳатман пас аз гирифтани иҷозатнома дар давоми як сол фаъолияти бо кор таъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷа амалӣ намояд;

- шартҳои созишномаи меҳнатии бо муҳоҷири меҳнатӣ басташударо риоя намояд.

7. Субъекти хоҷагидоре, ки барои иҷрои фаъолияти бокортаъминкунии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома гирифтааст, ӯҳдадор аст шартҳои зеринро риоя намояд:

- ҳуқуқҳои меҳнатии кормандони хориҷиро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат ва шартномаи меҳнатии бо онҳо басташуда пешбинӣ намудааст, риоя намояд;

- дар мӯҳлати 3 шабонарӯз дар мақомоти корҳои дохилӣ шҳрвандони хориҷии дар асоси шартнома барои кор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшударо ба қайд гузорад;

- ҳар семоҳа, тибқи тартиби муқарраршуда ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баҳисобгирии омории муҳоҷирони меҳнатӣ ҳисобот пешниҳод намояд (қарори ҳукумати ҶТ аз 01.10.2007 № 518).

8. Бо дархости Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертизаи шартномаҳои байни субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корфармоёни хориҷӣ басташударо мумкин аст намояндагии аккредитатсияшудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷа гузаронад (қарори ҳукумати ҶТ аз 01.10.2007 № 518).

9. Боздоштани амали иҷозатнома, иҷрои ӯҳдадориҳои шартномаи бо муҳоҷири меҳнатӣ басташударо қать намесозад (қарори ҳукумати ҶТ аз 01.10.2007 № 518).

Боби 45. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти хусусии байторӣ

1. Номгӯи намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти хусусии байторӣ.

2. Фаъолияти хусусии байторӣ корҳои зеринро дар бар мегирад:

- фаъолияти хусусии табобатӣ-пешгирикунӣ, оид ба ҷарроҳӣ, акушерӣ-гинекологӣ;

- истеҳсол ва фурӯши маводи биологии байторӣ, воситаҳои дорувории таъиноти байторӣ, хӯрокворӣ ва иловаҳои хӯроки чорво.

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Хадамоти байторӣ.

4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома:

- хулосаи мусбии хадамоти санитарию эпидемиологӣ оид ба мутобиқати биноҳо (истеҳсолӣ, анборҳо, идоравӣ), иншоот, таҷҳизоти раванди технологи истехсоли ба меъёру қоидаҳои санитарӣ;

- хулосаи мусбии мақомоти оташнишонӣ дар бораи ҷавобгӯ будани биноҳо (истеҳсолӣ, анборӣ, идоравӣ ва ғ.) ва таҷхизот ба талаботи пешбарии ин намуди фаъолият;

- маълумот дар бораи базаи истеҳсолӣ-техникӣ;

- хулосаи мусбии мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ ва тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолати техникии биноҳо барои нигоҳдории маводҳои таъсирашон сахт ва таҷҳизонидани онҳо бо воситаи сигналдиҳӣ;

- шаходатномаи бақайдгирии давлатии дорувории соҳаи байторӣ, ки аз тарафи Маркази давлатии назорати фаъолияти фармасевтӣ ва тиббӣ дода мешавад;

- ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани тахсилоти миёна ё олӣ дар соҳаи байториро тасдиқ мекунад.

Боби 46. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба истеҳсол, воридот ва содироти маҳсулоти тамоку

1.Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба истеҳсол, воридот ва содироти маҳсулоти тамоку.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагие, ки ба истеҳсолкунандагон барои гирифтани иҷозатнома заруранд:

- шиносномаи ташкилот;

- хулосаи мусбии мақомоти назорати санитарию эпидемологӣ;

- хулосаи мусбии мақомоти оташнишонӣ;

- сертификати мутобиқат аз рӯи нишондодҳои бехатарӣ ба маҳсулот, ки мақомоти сертификатсия ва метрология бо тартиби муқарраргардида додаанд.

4. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- риояи технологияи истеҳсолот;

- риояи қоидаҳои тамғакунонӣ ва фурӯш.

- дар моликияти довталаби иҷозатнома ё бо дигар асоси қонунӣ мавҷуд будани фондҳои асосӣ (воситаҳо), иморатҳо, иншоотҳо, таҷҳизот, аз ҷумла лабораторияи истеҳсолию технологии барои амалӣ намудани фаъолияти мазкур;

- ба талаботи истеҳсоли маҳсулоти тамоку мувофиқ будани таҷҳизоти технологӣ.

Боби 47. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти адвокати ваколатдор

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти адвокати ваколатдор

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Шарту талаботҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома:

- доштани таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;

- собиқаи кории на камтар аз ду сол, аз рӯи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ;

- мавҷуд будани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барҳам хӯрдан ё бардоштани доғи судии барои ҷиноятҳои қасдан содиркардашуда;

- қарори мусбии комиссияи аттестатсионии тахассусӣ.

Ҳангоми зиёда аз ду маротиба ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидани шикоят дар бораи бемасъулиятии иҷозатномадор иҷозатнома боздошта мешавад.

4.Тартиби гузаштани аттестатсияи тахассусӣ, таъсис додани комиссияи аттестатсияи тахассусӣ ва тартиби фаъолияти он аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Боби 48. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳаи маориф

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти соҳаи маориф (ба истиснои муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ).

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда (қарори ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 624):

- Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти тиббию фармасевтӣ (қарори ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 624).

3. Иҷозатномадиҳии ташкилоту муассисаҳои таълимии литсейҳои мустақил, гимназияҳо, мактаб-интернатҳо, коллеҷҳо, мактабҳое, ки аҳамияти ҷумҳуриявӣ доранд, мактабҳои олӣ (бакалавр, магистр) ва миёнаи касбӣ, аспирантура (ординатура), докторантура, донишкадаҳои такмили ихтисос ва азнавтайёркунии кадрҳо, литсейҳои техникӣ, омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, ташкилоту муассисаҳои таълимии илмӣ, ташкилоту муассисаҳои таълимии муштараки байналмилалӣ ва аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ таъсисёфта аз тарафи мақомоти аттестатсиякунонии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

4. Иҷозатномадиҳии фаъолияти мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

5.Иҷозатномадиҳии ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатии томактабӣ, марказҳои корҳои тарбиявии беруназмактабӣ, мактаб-интернатҳо, литсею гимназияҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои таълимие, ки дар ҳудуди вилоят, шаҳр ва ноҳия таъсис дода мешаванд (ба истиснои ташкилоту муассисаҳои дар банди 3 ҳамин боб нишон додашуда), мувофиқан аз тарафи раёсат ё шӯъбаҳои маорифи вилоят, шаҳр ва ноҳия амалӣ карда мешавад.

6. Иҷозатнома ҳуқуқи амалӣ гардонидани корҳои таълимиро фақат ба он равия, ихтисос, дараҷа, мӯҳлат, шакли таълим, миқдори ниҳоии муҳассилин ва дигар нишондодҳо медиҳад, ки дар замимаи он зикр гардидаанд.

7. Ба намудҳои зерини корҳо иҷозатнома дода намешавад:

- фаъолияти таълимӣ дар шакли лексияҳои яквақта, коромузӣ, семинарҳо ва дигар намудҳои омӯзиш, ки дар онҳо аттестатсияи ҷамъбастӣ ва додани ҳуҷҷатҳо доир ба таҳсилот ва дараҷаи тахассусӣ сурат намегирад;

- фаъолияти меҳнатии инфиродии омӯзгорон, аз ҷумла дар соҳаи тайёрии касбӣ.

8. Иҷозатномадиҳии фаъолияти таълимии ташкилотҳои таълимии динӣ (машғул ба таълими рӯҳонӣ) ва аз ҷониби ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) динӣ таъсисёфта аз тарафи мақомоти иҷозатномадиҳандаи дахлдор, вобаста ба дараҷаи амалӣ намудани барномаи таълимӣ, амалӣ карда мешавад.

9. Иҷозатнома дар бораи пешбурди фаъолияти таълимӣ замима дорад, ки дар он нишон дода мешавад:

- номгӯи барномаҳои таълимӣ, самт ва ихтисосҳои тайёркунӣ, ки аз рӯи онҳо ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ, дараҷа ва мӯҳлати меъёрии азхудкунӣ дода мешавад;

- дараҷаи тахассусӣ, ки баъди ба охир расидани барномаи таълимӣ ба хатмкардагони ташкилоти таълимӣ дода мешавад;

- меъёрҳои назоратӣ ва шумораи ниҳоии хонандагон, донишчӯён, шунавандагон ва тарбиятгирандагон, ки ба меъёрҳои таълими рӯзона мувофиқ гардонида шудааст.

10. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома:

- ариза бо нишон додани номгӯи барномаҳои таълимӣ, самт ва ихтисосҳои тайёр кардашаванда;

- муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълимии таҳсилоти касбӣ нусхаи қарори шӯрои илмӣ (педагогӣ), дар бораи имконияти тайёр намудани мутахассисон аз рӯи барномаи асосӣ ва иловагии таълимӣ, ки барои иҷозатномагирӣ пешниҳод намудааст; ташкилотҳои касбии таълимии динӣ (машғул ба таълими рӯҳонӣ) ва ташкилотҳои таълимии ташкилотҳои динӣ таъсисёфта дархости роҳбарияти равияҳои диниро пешниҳод менамояд;

- муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки дар таркиби худ сохторҳои (гурӯҳҳои) таълимӣ дорад ва ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ машғул аст, бо тартиби муқарраршуда ба тарзи илова нусхаи низомномаи тасдиқкардашудаи ин сохторҳоро (гурӯҳҳоро) пешниҳод менамояд;

- маълумот дар бораи сохтори муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои иҷозатномагиранда, пурра будани ҷадвали штатӣ, шумораи тахминии хонандагон ва тарбиятгирандагон;

- маълумот дар бораи биноҳо, иншоотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тайёрии ибтидоии ҳарбӣ, хобгоҳ, дар бораи таъмин будани хонандагон, тарбиятгирандагон ва кормандон бо хӯрок ва хизматрасонии тиббӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқии соҳибӣ намудан, истифода бурдан ё ихтиёрдорӣ намудани бино дар давраи мӯҳлати амали иҷозатнома;

- хулосаи мусбии мақомоти санитарию эпидемиологӣ ва оташнишонӣ дар бораи мувофиқ будани бинои истифодашаванда барои татбиқи раванди таълим;

- маълумот дар бораи таъминот бо адабиёти таълимӣ ва таҷҳизоти моддию техникӣ;

- маълумот дар бораи таъминоти кадрии раванди таълим, дараҷаи омӯзгории кормандони педагогӣ ва шароитҳои ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб кардани онҳо (барои довталабони иҷозатнома, ки мақсади тайёр намудани кадрҳоро баъди таҳсилоти олии касбӣ доранд, маълумот дар бораи роҳбарони илмӣ);

- созишнома ва қарори мақомоти идоракунии давлатии маорифи давлати таъсисдиҳандаи мактаби олӣ ва давлате, ки дар он филиали ин мактаби олӣ ташкил карда шудааст (барои филиалҳои мактабҳои олии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил);

- нақша ва барномаҳои таълимие, ки аз рӯи онҳо барномаи таълимии касбӣ татбиқ карда мешавад;

- хулосаи мусбии мақомоти ваколатдор барои ташкилотҳои касбии динӣ (машғул ба таълими рӯҳонӣ) ва аз ҷониби ташкилотҳои динӣ таъсисёфта;

- хулосаи мусбии Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкилоту муассисаҳои таълимии кадрҳои ронандатайёркунӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.04.2008 № 179).

11. Барои гирифтани иҷозатнома муассисаҳо ва ташкилотҳои таълимии миёна, олӣ, таҳсилоти иловагии касбӣ, ки технологияи таҳсилоти фосилавиро истифода мебаранд, иловатан ба номгӯи ҳуҷҷатҳои дар банди 10 нишондодашуда, ҳуҷҷатҳои зайлро пешниҳод менамоянд:

- маълумоти умумӣ дар бораи муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълимӣ, филиал ва намояндагиҳои он;

- нақша ва барномаҳои таълимие, ки аз рӯи онҳо барномаҳои таҳсилоти касбии таълими фосилавӣ амалӣ карда мешаванд;

- маълумот дар бораи таъмин будан бо технологияи ахборотии замонавӣ;

- маълумот дар бораи таъмин будан бо лабораторияҳои махсус, аудитория, кабинетҳо, заминаи чопкунӣ.

12. Комиссияи иҷозатномадиҳӣ ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардашударо таҳлил намуда, дар ҷояш ташхиси заминаҳои моддӣ, техникӣ, кадрӣ, илмӣ, илмӣ-методӣ, имкониятҳои молиявӣ, таъминот бо адабиёт, барномаҳои таълимии касбӣ, тайёрии муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълимиро оид ба кабули хонандагону донишҷӯён мегузаронад,

13. Комиссияи иҷозатномадиҳӣ самтҳои асосии фаъолияти муассисаҳо ва дигар ташклотҳои таълимии довталаби иҷозатномаро таҳлил намуда, мувофиқати онро ба меъёрҳои мавҷуда муайян мекунад ва дар асоси он ба мақомоти аттестатсиякунонии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба раёсатҳои (шӯъбаҳои) маорифи вилоят, шаҳр, ноҳия хулоса (мусбӣ ё манфӣ) пешниҳод менамояд.

14. Қарор дар бораи додан ва надодани иҷозатнома аз тарафи мақомоти иҷозатномадиҳанда ба истиснои муассисаҳои таълимии тиббию фармасевтӣ дар асоси хулосаи комиссияи иҷозатномадиҳӣ ва қарори Шӯрои мақомоти аттестатсиякунонии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои (шӯъбаҳои) маорифи вилоят, шаҳр, ноҳия қабул карда мешавад (қарори ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 624).

15. Қарори мақомоти аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лойҳаи фармон дар бораи додани иҷозатнома ба Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Шӯрои мақомоти аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати (шӯъбаи) маорифи вилоят, шаҳр, ноҳия мутаносибан ба сардори идора, мудири шӯъбаи маориф пешниҳод карда мешавад. Баъди тасдиқи қарори Шӯро ва имзо гардидани фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори идора ва мудири шуъбаи маориф ба муассиса, дигар ташкилотҳои таълимӣ иҷозатнома бо замимаи он дода мешавад.

16. Иҷозатномадиҳии фаъолияти муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои таълимӣ аз рӯи барномаҳои нави таълимӣ, новобаста аз иҷозатномаи қаблан додашуда барои пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рӯи барномаҳои таълимии дигар гузаронида мешавад. Дар ин сурат иҷозатномагир ариза ва ҳуҷҷатҳоро аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳои дар банди 10 боби мазкур пешбинишуда, ки номгӯи онҳоро мақомоти иҷозатномадиҳанда муайян мекунад, пешниҳод менамояд.

Номгӯи барномаҳои нави таълимӣ ба замимаи иҷозатномаи амалкунанда ҳамроҳ карда мешавад.

17. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад амали иҷозатномаро оид ба татбиқи фаъолияти таълимӣ, ки дар замимаи иҷозатнома нишон дода шудааст, пурра ва ё қисман аз рӯи барномаҳои алоҳида боздорад.

Боби 49. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангхои қиматбаҳо

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо (коркарди пораву партови металлҳои қиматбаҳо бо мақсади ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулот, холис кардани металлҳои қиматбаҳо ва рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо, аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурӯши яклухт ва чаканаи металлҳои киматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо).

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда:

Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба коркарди пораву партови металлҳои қиматбаҳо бо мақсади ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулот; холис кардани металлҳои қиматбаҳо ва рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо;

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурӯши яклухт ва чаканаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо(қарори ҳукумати ҶТ аз 02.12.2009 № 668).

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо:

1) Барои шахсони ҳуқуқӣ:

- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи истифодаи бино, ки дар он анҷомдиҳии фаъолият пешбинӣ шудааст;

- маълумотнома аз мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи таъмини бехатарии бинои корӣ ва санҷиши коргарон ба системаи иҷозатдиҳӣ;

- мавҷудияти тарозуи махсус барои баркашидани металлҳои қиматбаҳо сангҳои қиматбаҳо ва маълумотнома дар бораи дурустии тарозу;

- мавҷудияти таҷҳизот ва асбобу анҷоми барои кор зарурӣ;

- барои коркарди шикастапораҳо ва партовҳои металлҳои қиматбаҳо; печҳои муфелӣ, шкафҳои ҳавокаш, сейфҳо ва дигар асбобҳои зарурӣ;

- барои рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо: микроскоп, печҳои муфелӣ, шкафҳои хушккунӣ, дастгоҳҳои арракунӣ ва дигар асбобҳои зарурӣ;

- барои хариду фурӯши яклухт ва чакана: сейфҳо, мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ;

- барои аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо: сейф, дастаи сӯзанҳои маҳакӣ, реактивҳои маҳакӣ, рефрактометрҳо, заррабии ва дигар асбобҳои зарурӣ;

- маълумот дар бораи тахассуси касбии кормандони довталаби иҷозантома.

2) Барои соҳибкорони инфиродӣ:

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳуқуқи истифодабарии бинои корӣ, ки дар он анҷом додани фаъолият пешбинӣ шудааст;

- барои аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастпораҳои онҳо мавҷуд будани асбобҳо ва таҷҳизотҳои зарурӣ, ки дар сархати чоруми зербанди 1 банди 3 ин боб нишон дода шудаанд.

4. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ барои муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо:

- доштани тамғаи давлатии маҳак дар маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ё сертификати мутобиқат (барои хариду фурӯши яклухт ва чакана);

- мавҷудияти бинои мувофиқ ва шароити нигоҳдорӣ ва фурӯш.

5. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳангоми додани иҷозатнома вобаста ба коркарди пораву партови металлҳои қиматбаҳо бо мақсади ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулот; холис кардани металлҳои киматбаҳо ва рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо; аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо ҳуқуқ дорад:

- бо мақсади дар ҷояш гузаронидани санҷишҳо оид ба мувофиқ будани шароити фаъолияти иҷозатномашаванда ба талаботҳои муқарраршуда, экспертизаҳо анҷом диҳад;

- ҳайат ва дастури кори экспертҳоро оид ба иҷозатномадиҳӣ муайян намуда, экспертҳоро ҷиҳати гузаронидани экспертизаҳо дар ҷояш сафарбар созад.

Боби 50. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳаи телевизион, радиошунавонӣ ва истеҳсоли махсулоти аудиовизуалӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти соҳаи телевизион, радиошунавонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ.

2. Фаъолияти соҳаи телевизиону радио аа истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ корҳои зеринро дарбар мегирад:

- истеҳсол намудани барномаҳои телевизион ва радио;

- пахш намудани барномаҳои телевизион ва радио;

- истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ (истеҳсоли маҳсулоти овозӣ (фанограмма): визуалию аудиовизуалӣ).

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ваколати иҷозатномадиҳиро ба сохторҳои тобеи дахлдор вогузор намояд.

5. Тартиби мазкур ҳангоми ба роҳ мондани фаъолияти радиотелевизионӣ бо истифодаи мавҷ, кабел, ноқил, радиф, бисёршабакаи рақамӣ (мултимедӣ) бо дарназардошти Интернет ва дигар шабакаҳои электронии ахбори омма, инчунин ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти овозӣ (фанограмма), визуалӣ, аудиовизуалӣ дар ҳар гуна намудҳою воситаҳои сабту навор бо пуррагӣ истифода бурда мешавад.

6.Тартиби мазкур ба истиснои фаъолияти ташкилотҳои радиотелевизионие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд, инчунин системаи радиотелевизионии шакли пӯшида (истеҳсолӣ, технологӣ, таълимӣ, илмӣ ва хизматӣ) ба ғайр аз системаҳои махсус дар меҳмонхонаҳо, комплексҳои меҳмонхонавӣ, хонаҳои истироҳат, дигар хонаҳову истироҳатгоҳҳо, ки барои қабули умумии пулакӣ ташкил карда шудаанд, ҳама намудҳо ва зернамудҳои фаъолияти соҳаи телевизион ва радиоро фаро мегирад.

7. Ташкилкунандагони системаҳои радиотелевизионии шакли пӯшида (истеҳсолӣ, технологӣ, таълими, илмӣ, хизматӣ ва ғайра), ки бе иҷозатнома фаъолият менамоянд, вазифадоранд оид ба системаи ташкил намудаашон на дертар аз сӣ рӯз ба мақомоти иҷозатномадиҳанда дар шакли хаттӣ бо нишон додани маълумотҳои зерин огоҳинома ирсол намоянд:

- шахси масъули амалигардонандаи чунин фаъолият;

- минтақаи хизматрасонии шабака бо нишон додани ҳадди аксари истеъмолкунандагон;

- мавзӯи намунавӣ ва тахассуси шабака.

8. Додани иҷозатнома дар сурати маҳдуд будани басомади радиоӣ дар минтақаи талабкардашаванда бо таври озмун тибқи тартиби муқарраргардида сурат мегирад.

9. Барои гирифтани иҷозатнома аризаи шакли махсус пешниҳод мешавад, ки дар он бояд маълумотҳои зерин нишон дода шуда бошанд:

- номи ташкилоти радиотелевизионӣ, реквизитҳо, маълумот дар бораи рамзҳо (сарахбор, нишон, ороиш);

- забони (забонҳои) пахши барномаҳо;

- намуди фаъолият (телевизионӣ, радиоӣ, истеҳсоли маҳсулоти овозӣ, визуалӣ, аудиовизуалӣ ва дигар);

- даврияти пахш (шабонарӯзӣ, ҳаррӯза ва ғайра дар соат ва дар шабонарӯз);

- мақсадҳо ва вазифаҳои барномавии пахш, мавзӯи намунавӣ ва тахассуси барномаи телевизионӣ ё радиоӣ, ҷадвали пахш, намуди маҳсулоти овозӣ, аудиовизуалӣ);

- аудитория (худуди фарогирии пахш, (шаҳр, ноҳия ва ғайра) категорияи бинандагон ва шунавандагон, ки пахш ё истифодаи маҳсулоти аудиовизуалӣ ба онҳо нигаронда шудааст);

- усули пахш (мавҷӣ, кабелӣ, мултимедӣ, ноқилӣ ва ғайра).

10. Ба ариза ҳуҷҷатҳои иловагии зерин замима карда мешаванд:

- номгӯи воситаҳои технологии истифодашаванда бо мақсадҳои радиотелевизионӣ, истеҳсоли маҳсулоти овозӣ, аудиовизуалӣ;

- маълумот дар бораи нишондиҳандаҳои асосии техникии воситаҳои таҳияи барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, маҳсулоти аудиовизуалӣ;

- маълумот дар бораи манбаи таъминоти молиявӣ;

- маълумот дар бораи мавҷудияти иҷозатномаи пештар гирифташудаи аризадиҳанда барои фаъолият дар соҳаи радиотелевизион ва дар бораи таъсиси воситаҳои ахбори умум аз ҷониби онҳо, икчунин номгуи воситахои ахбори умум (ташкилотҳо), ки аризадиханда ҳаммуассис ё дораидаи пакети саҳмияҳо мебошад;

- сертификати мутобиқати нишондиҳандаҳои (имконияти) истифодаи дастгоҳҳо бо тапаботҳои меъёрӣ;

- маълумот дар бораи пахш намудани ахбороти иловагӣ ва дуюмбора, ки дар таркиби сигнали барномаҳо пахш мегарданд;

11. Иҷозатнома дар сурати мавҷуд набудани басомади озоди пахш дар минтақаи пешниҳоднамудаи аризадиҳанда дода намешавад.

12. Пахш намудани (пахш ва пахши интиқолӣ) барномаҳои ташкинотҳои радиотелевизиони хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати мавҷуд будани иҷозатномаи мақомоти иҷозатномадиҳанда ва дар асоси санадҳои ҳуқуқии байнидавлатӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион ва радио ва мутобиқи қарордоди байни ташкилотҳои радиотелевизионии ватанӣ ва хориҷӣ сурат мегирад.

13. Ташкилотҳои радиотелевизионе, ки воситаҳои пахшкунандаи худро доранд ва иҷозатнома гирифтаанд, бояд барои гирифтани иҷозатномаи дахлдор ҷиҳати истифодаи басомади радиоӣ ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

14. Ба ғайр аз талаботи муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пахши радиотелевизионӣ ва дигар воситаҳои ахбори умум, иҷозатномаи фаъолият дар соҳаи телевизион ва радио шартҳои зерин дорад:

- дорандаи иҷозатнома (ташкилоти радиотелевизионӣ) дар ҷараёни фаъолияти худ бе розигии мақомоти иҷозатномадиҳанда набояд тахассуси худ ва ҳаҷми пахшро тағйир диҳад;

- дорандаи иҷозатнома ҳукуқи иваз кардани шабакаи пахш (басомади пахш), иқтидори дастгоҳи пахшкунанда ва дар ҳудуди бештар нишондоди иҷозатнома пахш намудани барномаҳои радиотелевизионро надорад;

- маводу маҳсулоти радиотелевизионӣ ё аудиовизуалии паҳншавандаи дорандаи иҷозатнома бояд бо риояи талаботи технологӣ истеҳсол шавад;

- воситаҳои техникии дорандаи иҷозатнома набояд барои бинандагон ва шунавандагон мамоният, таҳриф ва дигар нобобӣ ба миён орад;

- дорандаи иҷозатнома барномаро набояд бо забони дар иҷозатнома нишон дода нашуда пахш намояд;

- дорандаи иҷозатнома хақ надорад дар таркиби сигнали барномаҳо хабари иловагӣ ва дуюмбораро пахш намояд, агар он дар иҷозатнома дарҷ нашуда бошад, ғайр аз хабари ба мазмуни барномаи асосӣ вобаста буда;

- ба дигар шахс гузашт кардани иҷозатнома, ҳамчунин ба фурӯши иҷозатнома дар соҳаи телевизион ва радио роҳ дода намешавад.

15. Шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба гирифтани иҷозатнома барои фаъолият дар соҳаи телевизион ва радио ҳақ надоранд. Ташкилотҳои телевизион ва радиоии аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд, инчунин шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва филиалу намояндагии онҳо назоратшаванда низ соҳиби иҷозатнома шуда наметавонанд. Дар ин ҷо дар зери мафҳуми назорат таъсири ҳалкунанда доштан дар қабули қарорҳо фаҳмида мешавад,

Боби 51. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти ба даст овардан, фурӯш истифода, партов ва нобуд кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, инчунин ҳамаи намуди фаъолият, ки бо васлнамоӣ, хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти ба даст овардан, фурӯш-истифода, партов ва нобуд кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, инчунин ҳамаи намуди фаъолият, ки бо васлнамоӣ, хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Хадамоти назорати давлатии истифода ва ҳифзи табиат.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома оид ба фаъолияти ба даст овардан, фурӯш истифода, партов ва нобуд кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, инчунин ҳамаи намуди фаъолият, ки бо васлнамоӣ, хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунаидаи қабати озон кор мекунанд:

- шартнома байни дастраскунанда ва корхонаи истифодакунандаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, хамчунин таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи зарурати истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо ва таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд;

- нақшаи чорабинии корхонаи истифодакунандаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо оиди ботадриҷ кам кардан ва қатъ кардани истифодаи ин моддаҳо;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти имкониятҳои техникии ҷавогӯи стандарт (бино, таҷҳизоти сертификатсияшуда, ҳайати мутахассисон, тайёрии тахассусӣ) хангоми фаъолият оид ба нобуд кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, ҳамчунин фаъолият оид ба васлнамоӣ ва хизматрасонӣ таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд;

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иитиқоли моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, ҳамҷунин таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд, аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- иҷрои дигар шарту талаботҳои Конвенсияи Вена оид ба ҳифзи қабати озон ва Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон.

Боби 52. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақа

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақа.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома оид ба фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақа:

- нусхаи хуҷҷатҳои таъсисӣ;

- ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба фонди оинномавӣ.

4. Талабот ва шартҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани биноҳои хизматӣ барои фаъолияти фонди ғайридавлатии нафақа;

- варақаи шахсии роҳбар ва сармуҳосиби фонди ғайридавлатии нафақа ва ташкилоти молиявӣ.

Боби 53. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи биржа

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият дар соҳаи биржа.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома оид ба фаъолияти биржавӣ:

- қоидаҳои савдои биржавӣ;

- ҳуҷҷате, ки ба сармояи оинномавии биржа пардохт намудани на камтар аз 50 фоизи маблағи эълоншударо тасдиқ мекунад;

- ҳуҷҷате, ки хуқуқи истифодабарии ҷойҳои дахлдорро барои гузаронидани фурӯш тасдиқ менамояд.

4. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- риоя намудани қоидаҳои савдои биржавӣ;

- мавҷуд будани биноҳои дахлдор барои гузаронидани савдои биржавӣ.

5. Иҷозатномадор ҳар семоҳа дар хусуси натиҷаи фаъолияти худ ба мақомоти иҷозатномадиҳанда маълумот пешниҳод менамояд.

Боби 54. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти суғуртавӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти суғуртавӣ,

2. Фаолияти суғуртавӣ намудхои зерини корҳоро дар бар мегирад:

1) суғуртаи ҳаёт - бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртавӣ, бо назардошти нархномаҳое, ки бо ёрии методҳои актуалӣ ва истифодаи рӯйхати муриш ва меъёрҳои даромаднокии инвеститсиякунии маблағҳои озод аз захираи суғуртаи ҳаёт, аз он ҷумла ҷуброни маблағҳои суғуртавиро дар мавридҳои зерин дар бар мегирад:

- марги суғургакардашуда;

- дар қайди хаёт будани суғуртакардашуда то охири мӯҳлати суғурта ё синну соле, ки дар шартномаи суғурта баён гардидиааст;

- пардохти даромади нафақа ба суғуртакардашуда то охири мӯҳлати суғурта с синну соле, ки, дар шартномаи суғурта баён гардидиааст, аз он ҷумла дар вақти амали пардохтҳои ҷорӣ дар мавриди амали шартномаи суғурта.

2) суғуртаи ҳолатҳои нохуш ва беморӣ - бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртавӣ, барои дарёфти маблағи муайяни пулӣ, ё ин ки қисман ё пурра барқарор намудани харҷҳои иловагӣ (ё ҷамъи ҳарду) аз хатари маҷрӯҳ шудани шахс, аз ҷумла шахсе, ки ба фоидаи он шартномаи суғурта баста шудааст:

- аз маҷрӯх шудан ҳангоми ҳолати нохуш, ё ин ки ҳолати нохуши намуди махсус;

- аз даст додани қобилияти кор, дар мавриди беморӣ ё ҳолати нохушӣ, хамчунин холати нохуши намуди махсус (ғайр аз шарномаҳое, ки ба суғуртаи саломатӣ тааллуқ доранд), аз ҷумла маҷрӯҳии корӣ ва бемории касбӣ;

- марги суғуртакардашуда ба сабаби ҳолати нохуш.

3) суғуртаи ихтиёрии тиббӣ - бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртавие, ки пардохти маблағи ҷуброни суғуртаро дар бар мегирад, дар ҳаҷми пурра ё қисман пардохти харҷҳои суғурташуда барои табобати зиёда аз нақша, бо назардошти суғуртаи ҳатмии тиббӣ.

4) сғгуртаи тиббии сайёҳон - суғуртаи харҷи тиббии шаҳрвандоне, ки ба хориҷа сафар мекунанд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, ё ин ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сайёҳат мекунанд, дар мавриди ҳолати нохуш ё бемории нобаҳангом.

5) дар ҳолати суғуртаи молу ашё, иҷозатнома ба корҳои суғуртавии зерин дода мешавад:

- суғуртаи молҳои нақлиёти заминӣ - суғуртаи зидди зарар ё зиёни молҳои дар замин ҳаракаткунанда;

- суғуртаи молҳои нақлиёти ҳавоӣ - суғуртаи тайёраҳо, аз ҷумла моторҳо, ашёҳои дохилӣ, мебелҳо, лавозимоти тайёраҳо ва ғайра;

- суғуртаи молҳои нақлиёти обӣ - суғуртаи киштиҳое, ки дар баҳрҳо ва обҳои дохилӣ истифода мешаванд, аз ҷумла моторҳо, такелаж, ашёҳои дохилӣ, мебелҳо, лавозимоти киштиҳо ва ғайра;

- суғуртаи боркашонӣ - суғуртаи зидди гум шудан ё зарар дидани молу ашёҳои интиколшаванда, новобаста ба намуди нақлиёт;

- суғуртаи молу ашё аз сӯхтор ва дигар хатарҳо - суғурта аз зарар ё зиёни моликият, ғайр аз он моликияте, ки дар сархатҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми ҳамин банд нишон дода шудаанд, бо сабаби сӯхтор, обхезӣ, таркиш, кӯчидани замин, аз таъсири энергияи атом ва дигар офатҳо;

- суғуртаи хатарҳои тиҷоратӣ ва молиявӣ - бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртавии намудҳои зерин:

эҳтимоли хатари шахсони суғурташуда, дар ҳолати муфлисшавии қарздорон ё ғайриқобилии (ба ғайр аз ғайриқобилии пардохт) пардохти маблағи карз дар мӯҳлати муайяншудаи тарафҳо аз ҷониби қарздорон;

эҳтимоли хатари зарар дидани шахсони суғурташуда, вобаста ба мушкилотҳое, ки ҳангоми фаолияти онҳо рух медиҳад ё кам шудани ҳаҷми фаъолияти кори онҳо;

эҳтимоли хатари зарар дидани шахсони суғурташуда, вобаста ба пайдоиши харҷҳои пешбининашуда;

эҳтимоли хатаре, ки ба сархатҳои якум, дуюм ва сеюми банди мазкур вобастагӣ надоранд ва чунин нестанд, аз ин рӯ бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртавии онҳоро дигар намудҳои фаолияти суғуртавӣ дар бар мегиранд;

- суғуртаи хатари хароҷотҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла хароҷоти судӣ;

- дигар намудҳои суғуртаи молу аше, ғайр аз намудҳои дар зербандҳои банди мазкур нишондодашуда;

6) дар мавриди суғуртаи ҷавобгарӣ, иҷозатнома ба корҳои суғуртавии зерин дода мешавад:

- суғуртаи ҷавобгарии граждании ҳуқуқии дорандагони воситаҳои наклиёти автомобилӣ - бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртавӣ зидди гум шудан ё зарар дидан, ки аз сабаби истифодаи воситаҳои нақлиёт дар хушкӣ рух медиҳад ва вобаста ба ин ӯҳдадориҳои дорандагони воситаҳои нақлиёт бо назардошти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷуброн кардани зараре, ки аз тарафи шахси сеюм расонида шудааст;

- суғуртаи ҷавобгарии граждании ҳуқуқии дорандагони воситаҳои наклиёти ҳавоӣ - бастан ва иҷрои шартномаҳои суғуртавӣ оид ба гум шудан ё зарар дидан, ки аз сабаби истифодаи воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ ва вобаста ба ин ӯҳдадориҳои дорандагони воситаҳои наклиёт, бо назардошти қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷуброни зараре, ки аз тарафи шахси сеюм расонида шудааст;

- суғуртаи ҷавобгарии граждании ҳуқуқии дорандагони воситаҳои нақлиёти баҳрӣ - суғурта зидди гум шудан ё зарар дидан, ки бо сабаби ва ё дар натиҷаи истифодаи киштиҳо рух медиҳад ва вобаста ба ин ӯҳдадориҳои дорандагони воситаҳои нақлиёти баҳрӣ, бо дарназардошти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷуброн каридани зараре, ки аз тарафи шахси сеюм расонида шудааст;

- суғуртаи ҷавобгарии касбӣ - бастан ва иҷро намудани шартномаҳо барои суғуртаи манфиатҳои амволии шахсони ҳуқуқӣ, вобаста ба ӯҳдадориҳои суғурташуда, бо назардошти қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷуброни зараре, ки аз тарафи шахси сеюм, дар мавриди ба амал баровардани фаолияти касбии зерини суғурташуда расонида шудааст:

нотариалӣ;

тиббӣ;

дигар намудҳои фаолияти касбӣ;

- суғуртаи ҷавобгарии корхонаҳо - сарчашмаҳои эҳтимоли зиёди хатар - суғуртаи манфиатҳои амволии шахс, ки ба фоидаи ӯ шартномаи суғурта баста шуда буд ва вобаста ба ӯҳдадориҳои он шахс ҷуброни зарар, ки ба муҳити атроф ва шахси сеюм расонида шудааст, бо назардошти конунгузории гражданӣ;

- суғуртаи дигар намудҳои ҷавобгарӣ - суғурта аз хатари шахсоне, ки аз бавуҷудоии ҷавобгарӣ дар назди шахсони сеюм ва дигар хатарҳо, ки дар банди мазкур омадаанд, суғурта карда шудаанд;

7) азнавсуғуртакунӣ - бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғуртавӣ аз тарафи як суғуртакунанда бо мақсади ҳимояи амволи суғуртакунандаи дигар мебошад;

8) фаъолияти брокерӣ - амалиёти миёнаравӣ ва машварати байни суғуртакунанда ва суғурташаванда.

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома:

- асосноккунии техникӣ-иқтисодии фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ, ки дар он роҳҳои расидан ба мақсади дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ пешбинишуда, муайян карда шудаанд;

- шарт ва қоидаҳои суғурта;

- маълумот дар брраи тарифҳои суғуртавӣ;

- маълумот дар бораи иштирокчиёни ташкилоти суғуртавӣ, ки 10 ё зиёда фоизи ҳиссаи ташкилоти суғуртаро доро мебошанд;

- руйхати аъзои мақомоти идоракунӣ, аз он ҷумла насаб, ном, номи падар, суроға, инчунин, маълумот дар бораи мувофиқати онҳо ба талаботхри квалификатсионии муқарраргардида.

5. Ташкилоти суғуртавӣ, ки ба инвеститсияҳои хориҷӣ асос ёфтааст, барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зеринро пешниҳод менамояд:

1) ташкилоти суғуртавии хориҷӣ:

қарори макомоти дахлдори ташкилоти суғуртаи хориҷӣ дар бораи иштироки он дар таъсиси ташкилоти суғуртавӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

тасдиқи хаттии мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ дар бораи он, ки ташкилоти суғуртавии хориҷӣ дорандаи иҷозатномаи барои амалигардонии фаъолияти суғуртавӣ мебошад, бо нишон додани намудҳои фаъолияти суғуртавӣ;

расман интишор намудани баланси се соли охир.

2) шаҳрвандони хориҷӣ:

- маълумотномаи бонкӣ ё дигар ҳуҷҷати расмие, ки вазъи мусоиди молиявии соҳибкори инфиродиро тасдиқ менамояд.

6. Талабот ва шартҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- анҷомдиҳии намудҳои фаъолияти суғуртавӣ, ки дар иҷозатнома пешбинӣ шудаанд;

- риояи қоидаҳое, ки бо ташкилёбӣ ва истифодаи захираҳои суғуртавӣ ва фонди оинномавӣ алоқаманд мебошанд;

- бемувофиқа паст накардан ё баланд набардоштани тарифҳои суғуртавӣ;

- иҷрои ӯҳдадориҳои суғуртакунанда дар назди суғурташаванда;

- дар мӯҳлати муайян, пешниҳод намудани маълумот дар бораи тағйироте, ки ба ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ворид шудаанд.

Боби 55. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Роҳбарон ва мутахассисон сохибкорони инфиродӣ бояд ба талаботҳои тахассусии зерин ҷавобгӯ бошанд:

1) мавҷудияти таҳсилоти олӣ - барои роҳбарони шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;

2) мавҷудияти таҳсилоти олӣ ё миёнаи махсус барои мутахассисон.

4. Довталабе, ки фаъолияти депозитариро иҷро менамояд, ҳуҷҷатҳои иловагии зеринро пешниҳод менамояд:

- маълумот дар бораи базаи моддию техникии довталаби иҷозатнома;

- маълумот дар бораи тартиби муқоиса кардани дорандаи коғазҳои қиматноки муштарӣ бо бақайдгирандаи махсус ва ё депозитарияи марказӣ;

- маълумот дар бораи шартҳои ҳимояи саҳмияҳо ва ё сертификати саҳмияҳо;

- маълумот дар бораи таъмин намудани системаи бехатарӣ, яъне гузоштани воситаҳои сигналдиҳӣ, кодҳо, ҳимояи воситаҳои компютерӣ;

- маълумот дар бораи таъмин намудани системаи алоқа байни шӯъбаҳои депозитария, депозитария ва дигар иштирокчиёни бозор;

- маълумот дар бораи шартҳои ҳимоя ва нигоҳ доштани маълумоти компютерӣ;

- маълумот дар бораи системаи нигоҳ доштани маълумот, аз ҷумла дар бораи усулҳои нигоҳ доштани навиштаҷоти депозитарие, ки аз ҷониби депозитарий барои иҷро намудани фаъолияти депозитарӣ истифода бурда мешаванд;

- маълумот дар бораи таъмин ё кафолати ҷуброн, барои ҷуброни талафи активҳои муштарӣ.

5. Барои ташкил намудани фаъолияти миёнаравӣ дар бозори коғазҳои қиматнок ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:

- қоидаи савдои коғазҳои қиматнок;

- тартиби нигоҳ доштан ва ҳимояи ахборот;

- қоидаи листинг ва делистинг;

- тартиби кушодани иттилоот.

6. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- тибқи қоидаҳои муқарраргардида анҷом додани фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок;

- пешниҳод намудани ҳисобот оид ба фаъолият дар бозори коғазҳои қиматнок ба мақомоти иҷозатномадиҳанда;

- дар давоми на камтар аз як соли пас аз гирифтани иҷозатнома амалӣ намудани аҳдҳо бо қоғазҳои қимматнок;

- бастани аҳдҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Боби 55(1). Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти Бюрои таърихи қарз

(қарори ҳукумати ҶТ аз 12.02.2010 № 62)

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти Бюрои таърихи қарз.

2. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Бонки миллии Тоҷикистон.

3. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- асоснокии техникиву иқтисодии (нақшаи кории) фаъолияти Бюрои таърихи қарз, ки дар он роҳҳои ба мақсад расидан дар мӯҳлати банақшагирифташудаи на камтар аз 3 сол бо тартиб додани ҳисоботи молиявии пешгӯишаванда барои мӯҳлати нишондодашуда муайян карда шудаанд;

- нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди заминаи техникӣ ва ҳифзи маълумоти Бюрои таърихи қарз аз дастрасии ғайриқонунӣ ё ба таври ғайриқонунӣ пешниҳод намудани он;

- маълумот дар бораи роҳбарони Бюрои таърихи қарз (таҳсилот, собиқаи корӣ);

- маълумот оид ба пуррагӣ ва тахассуси кормандоне, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи маълумот алоқаманд аст;

- ҳуҷҷате, ки ташкили сармояи оинномавиро дар ҳаҷми на камтар аз 50 фоиз ҳаҷми эълоншудаи сармояи оинномавӣ тасдиқ мекунад;

- ҳуҷҷате, ки ҳуқуқ ва мӯҳлати истифодаи бинои мувофиқро тасдиқ менамояд.

4. Шарту талаботи иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои меъёрии дохилие, ки сиёсати ҳифзи (амнияти) иттилоотро ба танзим медароранд;

- мавҷуд будани бинои зарурӣ барои бехатар ҷойгиркунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи техникии системаҳои иттилоотӣ, махзани маълумоти таърихи қарз;

- истифодаи таъминоти барномавии дорои иҷозатнома бо шарти кафолати амалкунанда аз ҷониби таъминкунандаи барнома;

- надоштани доғи судӣ барои ҷинояти қасдан содиркардашуда аз ҷониби муассисон, роҳбарони Бюрои таърихи қарз, муҳосибон ва кормандоне, ки фаъолияташон ба ҳифзи маълумот алоқаманд аст;

- доштани собиқаи корӣ на камтар аз се сол аз рӯи ихтисос барои мутаҳассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.02.2010 № 62).

ФАСЛИ III. НОМГӯИ НАМУДҲОИ МАХСУСИ ФАЪОЛИЯТЕ, КИ БАРОИ АМАЛӢ КАРДАНАШОН ИҶОЗАТНОМА ЗАРУР АСТ

Боби 56. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти ташкилотҳои кредитӣ (аз ҷумла ташкилотҳои ғайрибонкӣ)

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ;

- фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ.

2. Дар иҷозатнома амалиёти бонкӣ ва навъҳои фаъолияти дар моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ" ва моддаҳои 20, 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" пешбинишуда, ки бонк, ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ, ташкилоти амонатии кредитии хурд ва ташкилоти қарзии хурд барои анҷом додани онҳо ҳуқуқ доранд, инчунин асъоре, ки ин амалиёт ва навъҳои фаъолият бо он анҷом дода мешаванд, нишон дода мешаванд.

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Бонки миллии Тоҷикистон.

4. Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ ва амалиёт бо асъори хориҷӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ, танзими асъор ва назорати асъор ба танзим дароварда мешавад.

5. Барои додани иҷозатномаи фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ ба андозаи панҷоҳ ҳадди акали музди меҳнат ҳак пардохта мешавад.

6. Барои додани иҷозатномаи фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ ба андозаи панчоҳ ҳадди ақали музди меҳнат ҳак пардохта мешавад.

Боби 57. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор.

2. Фаъолияти соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор корҳои зеринро дарбар мегирад:

- истеҳсол, содироту воридот ва фурӯши яклухти спирти этилӣ;

- истеҳсол, содироту воридот ва фурӯши яклухти машрубот;

- фурӯши чаканаи машрубот (инчунин дар шакли рехта);

- истеҳсол, содироту воридоти пива;

- истеҳсол ва фурӯши яклухти маҳсулоти спиртдор.

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Точикистон.

4. Ҳуҷҷатхои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

1) барои истеҳсолкунандагон:

- шиносномаи завод;

- хулосаи мақомоти санитарию эпидемологӣ;

- хулосаи мақомоти оташнишонӣ;

- сертификати мутобиқат оид ба нишондиҳандаҳои бехатарӣ, ки бо тартиби муқарраргардидаи мақомоти сертификатсия ва метрология дода шудааст;

2) барои фурӯши чакана:

- қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия (ноҳияҳои шаҳри Душанбе) оид ба муайян намудани ҷои фурӯши чаканаи машрубот.

5. Шарт ва талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

1) барои истеҳсолкунандагон:

- риояи технологияи истеҳсолот;

- ҳисоботи дақиқ оид ба истеҳсол, бақияи спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор;

- риояи қоидаҳои тамғакунӣ ва фурӯш;

- дар моликият ва ё бо дигар асоси қонунии довталаби иҷозатнома мавҷуд будани фондҳои асосӣ (воситаҳо), биноҳо, иншоот, таҷҳизот, аз ҷумла лабораторияи истеҳсолию технологии барои анҷомдиҳии фаъолияти дахлдор;

- таҷҳизоти технологӣ бояд ба талаботи истеҳсоли пива, шампан, арақ, коняк, спирти этилӣ ва дигар маҳсулоти спиртдор мувофиқ бошад;

- мавҷуд будани ченкунакҳо дар хатҳои технологӣ, ки миқдори истеҳсолотро муайян месозад ва барои андозбандӣ мусоидат мекунад;

- риоя намудани стандартҳои давлатӣ ва шартҳои меъёрҳои техникӣ;

- мақсаднок истифода бурдани спирти этилӣ;

- амалигардонии фаъолияти иҷозатномавӣ дар муддати на камтар як сол пас аз гирифтани иҷозатнома;

2) барои фурӯши чаканаи машрубот:

- мавҷуд будани сертификати мутобиқат барои фурӯши машрубот;

- мавҷуд будани тамғаҳои аксизӣ ба машрубот ва маҳсулоти спиртдор;

- дар моликият ё бо дигар асоси қонунии довталаби иҷозатнома мавҷуд будани иморатҳо, магазинҳо, дӯконҳо, анборҳо, нуқтаҳо ё ошхонаҳои хӯроки умумӣ;

- шароити мувофиқи биноҳои савдое, ки бехатарии муҳити зист, ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, инчунин кафолати сифати машруботро таъмин менамояд;

- мавҷуд будани счет-фактура;

- фурӯхтани машрубот бо тамғаҳои аксизӣ.

6. Андозаи хақи иҷозатномадиҳӣ барои ташкилотҳое, ки фаъолияти истеҳсол ва фурӯши яклухти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдорро анҷом медиҳанд, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба андозаи ҳафтоду шаш ҳадди ақали музди меҳнат барои ҳар соли амали иҷозатнома муқаррар мешавад. Барои ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки фурӯши чаканаи машрубот ва маҳсулоти спиртдорро анҷом медиҳанд, барои додани иқозатнома ба андозаи дувоздаҳ ҳадди ақали музди меҳнат барои ҳар соли амали иҷозатнома ҳақ муқаррар мешавад.

Боби 58. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ.

2. Иҷозатномаҳо барои амалӣ намудани намуди муайяни фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ умумӣ ва инфиродӣ мебошанд.

1) Иҷозатномаи умумӣ инҳоро дарбар мегирад:

- хизматҳои алоқаи радифии глобалии шахсӣ (персоналӣ);

- хизматҳои алоқаи телефонии байнишаҳрӣ тавассути шабакаи операторон;

- хизматҳои алоқаи телефонии байналмилалӣ тавассути шабакаи операторон;

- хизматҳои алоқаи транкӣ (бо ҷудонамоӣ аз рӯи ҳар як стандарт);

- хизматҳои хадамоти телематикӣ (ба истиснои 1Р-телефония);

- хизматҳо ҷиҳати интиқоли маълумот (аз ҷумла, алоқаи телеграфӣ ва 1Р - телефония) тавассути шабакаи операторон;

- хизматҳо, ҷиҳати истеҳсол, сохтан ва насби шабакаҳо, системаҳо дастгоҳҳои алоқаи барқӣ, радиоалоқа, радиошунавонӣ ва телевизион;

- васл, ба истифода додан ва хизматрасонии техникии стансияҳои автоматикии телефонии хурд (мини АТС-ҳо);

- васл, ба истифода додан ва хизматрасонии техникии воситаҳои радиоэлектронӣ (радиостансияҳо, телефонҳои радифӣ ва радиоӣ, стансияҳои рӯизаминӣ, радиомодемҳо ва ғайра).

2) Иҷозатномаи инфиродӣ инҳоро дарбар мегирад:

- банақшагирӣ, сохтмон, истифодабарии шабакаҳо, воситаҳои алоқа (аз ҷумла ба истифода додани каналҳо шоҳроҳҳои алоқа);

- хизматҳои алоқаи телефонии маҳаллӣ;

- ҳизматҳои алоқаи телефонии байнишаҳрӣ;

- хизматҳои алоқаи телефонии байналмилалӣ;

- хизматҳо ҷиҳати интиқоли маълумот (аз ҷумла алоқаи телеграфӣ ва 1Р-телефония);

- хизматҳои алоқаи кандуии мутаҳаррики истифодаи умум, бо ҷудонамоӣ аз рӯи ҳар як стандарт;

- хизматҳои радиодаъвати шахсӣ (персоналӣ);

- хизматҳо ҷиҳати ба истифода додани шабакаҳои пахши барномаҳои телевизион ва радио.

3. Мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ.

4. Дар варақаи иҷозатнома илова бар маълумотҳои дар банди 1 боби 3 ин Низомнома мавҷудбуда нишон дода мешаванд:

- категорияи иҷозатнома (умумӣ ё инфиродӣ);

- рақами телефонҳо, факс, Е-mail;

- худуди амали иҷозатнома;

5. Иҷозатномаи намунавӣ талаботҳои иловагӣ ва шартҳои зерин дорад:

- намуди фаъолият дар соҳаи алоқа, ки барои дар доираи иҷозатнома амалӣ намудани он иҷозат дода мешавад;

- ҳудуде, ки дар он амалӣ намудани фаъолияти иҷозатномашаванда иҷозат дода мешавад:

- мӯҳлати амали иҷозатнома;

- тартиб ва мӯҳлати пешниҳоди ҳисобот аз рӯи шаклҳои аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда муққарраргардида оид ба фаъолияти иҷозатномадор;

- тартиб ва мӯҳлати ҳар семоҳа пардохти маблағи иҷозатномавӣ барои додани иҷозатнома;

- таъмини сертификатсияи воситаҳои техникии алоқа ба тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини меъёрҳои муқарраршудаи сифати хизматрасониҳо мутобиқи намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда;

- ба маълумоти истифодабарандагон расонидани тартиби хизматрасониҳо, тарифҳо ва ахбороти иттилоотӣ, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма;

- таъмини сирри гуфтугӯи телефонӣ, иттилооти телеграфӣ ва дигар ахбороти тавассути шабакаҳои алоқа додашаванда, амнияти иттилоотӣ, аз ҷумла амният ва ҳифзи объект ва иншооти алоқа;

- пешниҳод намудани иттилооти дархосташаванда оид ба фаъолияти иҷозатномадор.

6. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст хизматрасониро на дертар аз се моҳи пас аз гирифтани иҷозатнома шурӯъ намояд.

7. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст дар ҳар як семоҳа на дертар аз рӯзи 10 моҳи авали семоҳаи баъдина ба мақомоти ваколатдор ҳисоботи молиявию оморӣ аз рӯи шаклҳои муқарраргардида пешниҳод намояд.

8. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст сирри махфии ахбороти тавассути шабакааш додашаванда, инчунин дигар ахбори ба он дахлдоштаро, ба ғайр аз мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳфуз дорад.

9. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст дар объектҳо ва маҳалли хизматрасонӣ ба истифодабарандагон мавҷуд будани нусхаи иҷозатномаҳоро таъмин намояд.

10. Иҷозатномадор бо дархости мақомоти иҷозатномадиҳанда бояд дар бораи ҳолат ва андозаи хизматгузориҳои пешниҳодшаванда дар мӯҳлати муқарраркардаи мақомоти иҷозатдиҳанда ахборот пешниҳод намояд.

11. Иҷозатномаи инфиродӣ шартҳои зайл дорад:

- намуди фаъолият дар соҳаи алоқа, ки иҷрои он дар доираи иҷозатнома роҳ дода мешавад;

- ҳудуде, ки дар он фаъолияти иҷозатномашуда татбиқ карда мешавад;

- тавсифоти техникии таҷҳизот (меъёру стандартҳо), воситаҳои алоқа, ки ҷиҳати бунёди шабака ва иншоот истифода мешаванд;

- номинал ё минтақаи радиобасомади (рақами каналҳои тедевизион, номи стандартҳои радиои алоқаи мутаҳаррик ва дастрасии бесим ва ғайра) ҷудокардашуда;

- тартиб ва мӯҳлати пешниҳоди ҳисобот тибқи шаклҳои муқарраргардидаи мақомоти иҷозатномадиҳанда оид ба фаъолияти иҷозатномадор;

- тартиб ва мӯҳлати ҳар семоҳа пардохтани маблағҳои ҳақи иҷозатнома барои додани иҷозатнома;

- нақшаи ташкил ва дурнамои рушди шабака (азхудкунии масоҳати фарогирӣ, тавсияи иқтидори фиристанда, теъдоди муштариён ва ғайра);

- таъмини сертификатсияи воситаҳои техникии алоқа тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини меъёрҳои муқараргардидаи сифати хизматрасониҳо;

- тартиби васли шабакаи иҷозатномадор ба шабакаи истифодаи умум;

- тартиби гузаронидани трафики телефонии байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ, истифодабарии рамзҳои (кодҳои) телефон, рақамҳо;

- талаботи таъмини кори воситаҳои алоқа ба манфиати амният ва мудофиаи давлат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои махсусан муҳими ҷамъиятию сиёсӣ, аз ҷумла таъминоти техникии системаи чораҳои фаврию (оперативию) ҷустуҷӯӣ;

- тартиби истифодаи номиналҳои таъиншуда ё қитъаи радиобасомад;

- ба истифодабарандагон хабар додани тартиби пешниҳоди хизматрасониҳо, тарифҳо ва ахбороти истеъмолӣ, аз ҷумла, тавассути воситаҳои ахбори омма;

- таъмини сирри (маҳрамияти) гуфтугӯи телефонӣ, телеграфӣ ва ғайра ахбороти тавассути шабакаи алоқа додашаванда, амнияти иттилоот, аз ҷумла амният ва ҳифзи объектҳо ва иншоотҳои алоқа;

- омодасозӣ ва тахмини кори шабакаҳои алоқа ҳангоми вазъияти фавқулодда;

- тарҳрезӣ ва сохтмони шабакаҳо, иншоот ва объектҳои алоқа;

- таъмини ҳамоҳангӣ бо системаи идораи фаврию (оперативию) техникӣ;

- пешниҳоди иттилооти дархостшаванда оид ба фаъолияти иҷозатномадор;

- мавҷуд будани хулосаи техникии мақомоти ваколатдор барои истифодабарии шабака, густариши он ва ба истифода додани таҷҳизоти нав;

- дастрасӣ доштан ба шабакаи истифодабарии умум дар асоси одилона ва бидуни поймолкунии ҳуқуқ.

12. Ба иҷозатномадор ҷойгир намудани воситаҳои техникӣ дар ҷойҳои зарурӣ, ҷойгир ва истифода намудани хатҳои кабелию радиорелейӣ ва таҷҳизоти иловагӣ барои насб намудани стансияҳои асосӣ бо таҷҳизоти коммутатории шабака ва нуқтаҳои пайвастшавӣ бо ҳар як шабакаи дигари алоқа бо мувофиқаи тарафҳои манфиатдор иҷозат дода мешавад.

13. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст мутобиқи барномаи рушди шабака хизматрасонии алоқаро таъмин намояд.

14. Дар мавриди ба истифода додани таҷҳизоти нав ва тавсеаи шабакаҳо, иҷозатномадор бояд аз мақомоти ваколатдор иҷозати дахлдор ва хулосаи техникӣ гирад.

15. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст таҷҳизоти ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ ва сертификати мутобиқат доштаро, ки мақомоти ваколатдори сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон додаанд, истифода барад.

16. Иҷозатномадор бояд хизмати хушсифати алоқаи кандуии на бештар аз 5 фоиз радия доштаро пешниҳод намояд. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст ба иҷозатномадеҳ ҳар моҳ дар бораи теъдоди раддияҳо _ ахборот диҳад.

17. Шахси иҷозатномадори хизматрасонии алоқаи телефонии байналмилалӣ ӯҳдадор аст шартҳои иловагии зеринро иҷро намояд:

- шабакаҳои ташкилдиҳандаи алоқаи байиалмилалӣ дар таркиби худ ақаллан як стансияи байналмилалии телефонӣ (СБТ). стансияҳои марказии байнишаҳрӣ дар вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошад;

- таҷҳизоти истифодашаванда бояд ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида буда, сертификатҳои мутобиқати дахлдор дошта бошанд;

- стансияи байналмилалии телефонӣ (СБТ) бояд ақаллан ба ду шабакаи марказии шабакаи байналмилалӣ пайванд буда, тавассути роҳи нақлиётии мустақим пайваст шуда тавонад;

- шабакаи алоқаи байналмилалӣ бояд имконияти техникии муайян намудани пайвастҳои байнишаҳриро бо кулли дастгоҳҳои абонентӣ таъмин карда тавонад;

- шабакаҳои алоқаи байналмилалию байнишаҳрӣ бояд аз маркази идоракунии оператори дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, идора карда шаванд.

Оператори алоқаи телефонии маҳаллии истифодабарии умум барои хизматрасонии алоқаи байналмилалӣ дар сурати иҷрои шартҳои зерин иҷозатномаи инфиродӣ гирифта метавонад:

- то лаҳзаи хизматрасонии алоқаи телефонии байналмилалӣ ва байнишаҳрӣ ба муштариён бо истифодабарии воситаҳои техникии худ ба на камтар аз се вилояти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат расонида тавонад;

- оператори алоқа вазифадор аст, ки дар қаламрави бо иҷозатнома пешбинишудаи хизматрасонии алоқаи телефонӣ, дар деҳотҷойҳо дастгоҳҳҳои абонентӣ насб намояд.

18. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст, ки шартҳои иловагии зеринро иҷро намояд;

- таҷҳизоти барои ташкили шабака ва хизматрасонии "1Р телефония" истифодашавандааш бояд ҷавобгӯи талабот ва меъёрҳои стаидартҳои байналмилалӣ буда, сертификатҳои мутобиқати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотӣ додаро дошта бошад;

- таҷҳизот бояд на камтар аз 2 фарзияи протоколҳои SIP ё Н.323ро дастгирӣ карда тавонад;

- таҷҳизот бояд яке аз кодекҳои G.711, G.726 ё G.728 - ро дастгирӣ намояд;

- шабакаи 1Р-телефония мувофиқи тавсияҳои Иттифоқи байиалмилалии алоқаи барқӣ ITU - Т, Н.323 ё SIP созмон ёфта, ҷамъи дастгоҳҳои зерини тавассути IP - шабака пайвастшударо инҳо ташкил диҳанд:

шлюз (gateway);

диспетчер (gatekeeper);

монитор (administration manager);

- хизматрасонии 1Р телефония бояд ба тавсифоти баҳомонии MOS ҷавобгӯ буда, дар он сифати хизматрасонии 1Р-телефония аз рӯи тавсифоти асосии зерин бояд арзёбӣ гардад: садо бидуни вайронӣ шунида шавад;

зудии гумшавии пакети садоҳо набояд аз 2 фоизи шумораи умумии пакетҳои додашаванда зиёд бошад;

вақти таъхири байни талаффузи калимаи муштарии якум ва лаҳзаи онро шунидани муштарии дуюм на бештар аз 150 - 200 миллисония бошад;

зичии қитъаи гузарониши канал набояд аз 16 кб/с бештар бошад.

19. Мақомоти иҷозатномадиҳанда ба шартҳои иҷозатнома вобаста ба ҷорӣ кардани стандартхо, меъёру қоидаҳои истифодабарии шабакаҳои алоқаи барқӣ тағйирот ворид менамояд.

20. Мақомоти иҷозатномадиҳанда оид ба мӯҳлатҳои дар амал ҷорӣ намудани ин гуна тағйирот ва иҷрои шартҳои нав бояд иҷозатномадорро пешакӣ огоҳ намояд,

21. Бо аризаи довталаби иҷозатнома иҷозатномаи инфиродӣ ба мӯҳлати аз 3 то 7 сол ва иҷозатномаи умумӣ ба мӯҳлати аз 3 то 5 -сол дода мешавад.

22. Дар мавридҳои зайл ба гирифтани иҷозатнома зарурат нест:

- агар, фаъолият бо бартарафкунии оқибатҳои табиӣ, эпидемияҳо, садамаҳои калон, ки ба ҳаёту саломатии аҳолӣ таҳдид карда, гузаронидани корҳои наҷотдиҳию барқароркунии оқибатҳои садамаро талаб намояд;

- дар мавридҳое, ки сохтан ва амал кардани шабакаҳо дар соҳаи алоқа танҳо барои мақсадҳои идораи давлатӣ, амният ва ҳифзи тартибот истифода бурда мешаванд;

- дар мавриди ташкили шабакаҳои алоқаи дохилиидоравӣ.

23. Фаъолият дар соҳаи алоқа, ки барои амалӣ гардонидани он иҷозатнома дода шудааст, дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, агар дар аризаи довталаби иҷозатнома чизи дигар пешбинӣ нашуда бошад, инчунин дар сурати мавҷуд будани радиобасомадхо ва захираи рақамҳо ва имконоти техникии пайваст бо шабакоти мавҷуда.

24. Барои гирифтани иҷозатномаи инфиродӣ довталаби иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зайлро пешниҳод менамояд:

- феҳристи воситаҳои техникии алоқа бо нишондоди тавсифоти онҳо, диапазон ва номиналҳои радиобасомад (агар онҳо истифода шаванд);

- барномаи ташкили шабакаи алоқа ва дурнамои рушди шабака бо нишон додани теъдоди муштариён (абонент), ҳаҷми ҷараёни пайвастҳои гузаронандаи истгоҳҳои (стансияҳои) байнишаҳрӣ, байналмилалӣ, система ва шабакаҳои интиқоли маълумот, минтақаи хизматрасонӣ, инчунин тавсифоти техникии шабакаҳои мушаххас ё иншоотҳои алоқа;

- ҳуҷҷатҳое, ки имконияти иҷро намудани шартҳои иҷозатномавиро аз тарафи довталаб тасдиқ мекунанд;

- асосноккунии техникию иқтисодии амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи алоқа;

- тавзеҳномаи инъикоскунандаи чунин масъалаҳои техникӣ, мисли принсипҳои асосӣ ва нақшаи ташкили алоқа, хусусияти таҷҳизоти истифодашаванда ва хизматрасониҳо, инчунин нишондиҳандаҳои техникию иқтисодӣ (даромад, хароҷот, фоида, вақти ҷуброн);

- хулосаи мақомоти дахлдор оид ба истифодабарӣ ва назорат аз болои радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи истифодабарии басомадҳои таъиншуда ва иҷозати истифодабарии воситаҳои радиоэлектронӣ;

- дар сурати пешбинии истифодабарии таҷҳизоти каси дигар, тасдиқи иҷораи (хуқуқи истифодабарии) ин таҷҳизот пешниҳод мешавад. Тасдиқнома мумкин аст ба намуди шартнома ё нусхаи он, ки ба тартиби муқарраршуда тасдиқ гардидааст, пешниҳод карда шавад.

25. Барои гирифтани иҷозатномаи умумӣ довталаби иҷозатнома ба мақомоти иҷозатномадиҳанда хуҷҷатҳоро мутобиқи банди 1 боби 7 қисми умумии Низомномаи мазкур пешниҳод менамояд.

26. Иҷозатнома дар ҳолатҳое, ки анҷом додани намуди муайяни фаъолият бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамин гуна категорияи субъектҳо ё системаи алоқа ва хизматрасонӣ манъ шудааст, ҳангоми мавҷуд будани маҳдудияти техникӣ ва маҳдуд будани радиобасомадҳо ва кам будани захираи рақам, инчунин агар ариза барои анҷом додани хизматрасоние пешниҳод шуда бошад, ки он муваққатан бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шудааст, дода намешавад.

27. Иҷозатнома дар соҳаи алоқаи барқӣ метавонад дар асоси озмун тибқи тартиби муқарранамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.

28. Барои истифодаи иҷозатнома дар соҳаи алоқаи барқӣ дар ҳар семоҳа ба андозаи 2,5 фоиз аз даромади иҷозатномадор ба буҷети давлатӣ хироҷ ситонида мешавад (қарори ҳукумати ҶТ аз 29.08.2009 № 472).

Боби 59. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: истифодаи сарватҳои зеризаминӣ.

2. Фаъолияти соҳаи истифодаи сарватҳои зери замин корҳои зеринро дар бар мегирад:

- омӯзиши геологӣ, аз ҷумла ҷустуҷӯ, арзёбӣ ва иктишофи геологии конҳои канданиҳои фоиданок ва дигар тадқиқотҳои геологӣ;

- истиҳроҷи канданиҳои фоиданок;

- истифодаи партовҳои истеҳсолии истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва коркарди он;

- истифодаи канданиҳои фоиданоки маъмул;

- ҷамъоварии коллексияҳои минералогӣ, палеонтологӣ ва ҷинсҳои куҳӣ.

Эзоҳ: Фаъолияти истихроҷи обҳои зеризаминӣ дар асоси иҷозат барои истифодабарии махсуси об амалӣ карда мешавад.

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда:

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (мақомоти иҷроияи иҷозатномадиҳанда - Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба корҳои ҷустуҷӯӣ, арзёбӣ ва иктишофи геологии сарватҳои зери замин ва ҷамъоварии коллексияҳои минералогӣ, палеонтологӣ ва ҷинсҳои кӯҳӣ; Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истихроҷи нафт, газ ва ангишт; истифодаи дигар сарватҳои зери заминии маъданӣ ва ғайримаъданӣ, аз ҷумла истифодаи партовҳои истехсолоти истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва коркарди он);

Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул (қарори ҳукумати ҶТ  аз 01.10.2009 № 566).

4. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои додани иҷозатнома вобаста ба истифодабарии сарватҳои зери замин:

- розигии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ;

- маълумотнома оид ба имкониятҳои молиявӣ, техникӣ, технологӣ ва ҳайати кадрҳо, ба ғайр аз заршӯёни худфаъол ва худбиёр;

- маълумотнома оид ба нишондодҳои техникию иқтисодии фаъолият дар 5 соли охир, ба ғайр аз маротибаи аввал ба истифодаи каъри замин гирифтани иҷозатнома ва заршуёни худфаъол ва худбиёр;

- маълумотнома оид ба омӯзиши геологии қитъаи иҷозатномашавандаи қаъри замин;

- нақшаи тиҷоратӣ оид ба истифодабарии қаъри замини иҷозатномашаванда, ба ғайр аз заршӯёни худфаъол ва худбиёр;

- шартнома бо мақомоти махсуси ваколатдор барои пурра кардани фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо оид ба таҳвили ашёи минералии истихроҷкардашуда ё маҳсулоти молӣ, дар сурати истихроҷи металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо;

- хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ.

5. Барои гузаронидани корҳои геологию геофизикӣ, аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯӣ ва иктишофӣ, ки аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешаванд, ҷустуҷӯҳои инженерию геологӣ, илмию тадқиқотӣ, палеонтологӣ ва корҳои дигари ба омӯзиши каъри замин равонашуда, корҳои геологии оид ба пешгӯии заминҷунбӣ, таъсис ва пешбурди мониторинги муҳити зист, ҳамчунин дигар корҳое, ки бутунии қаъри заминро ба таври ҷиддӣ халалдор намесозанд, гирифтани иҷозатнома зарур нест. Корҳои мазкур бо тартиби муқарраршуда дар Фондн давлатии иттилооти геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.

Барои омӯзиши геологии каъри замин ҳуқуқи бурдани аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯӣ, иктишоф ва арзёбии конҳои канданиҳои фоиданок истифода карда мешаванд.

Истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул тибқи Номгӯи замимаи 3 дар асоси захираҳои дар Баланси давлатии захираҳои маводи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда иҷозат дода мешавад (қарори ҳукумати ҶТ  аз 01.10.2009 № 566).

Гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ, арзёбӣ ва иктишофи геологии канданиҳои фоиданоки маъмул аз ҷониби истифодабарандаи қаъри замин бе гирифтани иҷозатнома, вале дар асоси лоиҳаи бо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда амалӣ карда мешавад. Барои анҷом додани чунин корҳо истифодабарандаи қаъри замин метавонад дар асоси шартнома ташкилотҳои дигари соҳавиро ҷалб намояд (қарори ҳукумати ҶТ  аз 01.10.2009 № 566).

Дар ҳолате, ки кони канданиҳои фоиданоки дар ҷараёни ҷустуҷӯ ошкоршуда ва арзёбигардида аз ҳудуди қитъаи геологии тибқи иҷозатнома додашуда берун барояд, он гоҳ бо дархости иҷозатномадор қитъаи ба ӯ додашуда ба андозае, ки тамоми конро дарбар гирифта тавонад, васеъ карда мешавад.

Баъди аз экспертизаи давлатӣ гузаронидани иттилооти геологӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок дар минтақаи қаъри замин, ки дар мавриди он иҷозатномаи омӯзиши геологии қаъри замин амал мекунад, соҳиби ин иҷозатнома, ки аз ҳисоби худ корҳои геологиро бо маблағ таъмин мекунад, ҳуқуқи дар навбати аввал гирифтани иҷозатномаи истихроҷи кандании фоиданокро дорад. Ин ҳуқуқ, агар дар давоми ду соли баъди тасдиқи захираҳои ашёи хоми маъдании кони иктишофшуда истифода нагардад, эътибори худро гум мекунад.

Барои истихроҷи кони канданиҳои фоиданок, ҳамзамон ҳуқуқи бурдани иктишофи вайро (дар ҳудуди қитаъи кӯҳкорӣ), ҳамчунин коркарди партовҳои ташкилотҳои истихроҷи маъдан ва коркарди вобаста ба онро медиҳад.

Иҷозатнома барои истихроҷи тамоми кони кандании фоиданок ё як қисми алоҳидаи он метавонад дода шавад. Истихроҷи як кони канданиҳои фоиданок аз тарафи истифодабарандагони гуногуни қаъри замин бояд мувофиқи нақшаи технологии мувофиқашудае, ки ба истихроҷи ғайриоқилонаи қаъри замин роҳ намедиҳад, гузаронида шавад. Ҳамохангсозии фаъолияти истифодабарандагони қаъри замин бо қарори онҳо ба зиммаи яке аз ташкилотҳое, ки ба он дигар ташкилотҳо иҷрои вазифаи ҳамоҳангсозро бовар мекунанд, гузошта мешавад. Шарти мазкур дар иҷозатномаи истихроҷи ин кон сабт мегардад.

Чун қоида, иҷозатнома танҳо барои истифодаи як кон дода мешавад. Дар мавридҳои истисноӣ, иҷозатнома барои истифодаи гурӯҳи конҳои хурде, ки дар шароити якхелаи кӯҳӣ-геологӣ мавҷуданд, барои коркарди комплексй муттаҳид карда шудаанд, агар коркардашон аз ҷониби як исхифодабарандаи қаъри замин аз назари иқтисодӣ самаранок бошад, дода мешавад.

6. Иҷозатнома барои истифодаи сарватҳои зери замин бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи иҷозатномадиҳанда дода мешавад. Нисбати канданиҳои фоиданоки маъмул қарор дар бораи иҷозатномадиҳӣ аз тарафи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, иҷозатиома аз ҷониби ин мақомот дода мешавад.

7. Пешниҳод оид ба додани иҷозатнома барои истифодаи сарватҳои зери замин бо вазорату идораҳои зерин бояд мувофиқа карда шаванд:

- вобаста ба корҳои ҷустуҷӯӣ, арзёбӣ ва иктишофи геологии сарватҳои зери замин ва ҷамъоварии коллексияҳои минералогӣ, палеонтологӣ ва ҷинсҳои кӯҳӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори ҳукумати ҶТ  аз 01.10.2009 № 566);

- вобаста ба истихроҷи нафт, газ ва ангишт, истифодаи дигар сарватҳои зери заминии маъданӣ ва ғайримаъданӣ, аз ҷумла истифодаи партовҳои истеҳсолоти истихроҷи маъдани кӯҳӣ ва коркарди он бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

8. Мутобиқи иҷозатнома қаъри замин ба шакли қитъаҳои иборат аз блокҳои геометрии қаъри замин, ки бо қитаъи кӯҳкорӣ ё геологӣ муайян карда мешавад, пешниҳод мегардад.

9. Додани ҳуқуқи истифодаи қитаъи замин баъд аз гирифтани иҷозатнома ва қитъаи кӯҳкорӣ ё геологӣ бо тартиби муқаррарнамуда амалӣ карда мешавад.

10. Барои истихроҷи канданиҳои фоиданок бо роҳи заршӯй, гирифтани қитъаҳои кӯҳкорӣ ва замин зарур нест ва танҳо иҷозати мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ гирифта мешавад.

11. Андозаи пардохтҳои махсус дар қарордод оид ба истифодаи қаъри замин мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян карда мешавад.

12. Мӯҳлати амали иҷозатномаро бо назардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" мақомоти иҷозатномадиҳанда муқаррар менамояд ва он мувофиқи боби 6 ҳамин Низомнома дароз карда мешавад. Ҳангоми дароз кардани мӯҳлати амали иҷозатнома сифат ва самаранокии кори иҷрошуда ва тадбирҳо дар бобати ҳифзи қаъри замин ва муҳити зист, пардохтҳои саривақтии истифодаи қаъри замин ва ғайра ба эътибор гирифта мешавад.

13. Иҷозатнома аз ду қисм иборат аст: Варақаи унвонӣ ва мазмунии (шартҳои) иҷозатнома (замимаи 2). Ба иҷозатнома қитъаи кӯҳкорӣ ё қитъаи геологӣ замима мегардад, ки тибқи тартиби муқарраргардида дода мешавад.

14. Додани иҷозатнома барои истифодаи қаъри замин бо роҳи музокироти мустақим, ҳамчунин доир намудани озмун (тендер) тибқи тартиби муқарраргардида сурат мегирад.

15. Бо роҳи озмун (тендер) додани иҷозатнома дар сурате амалӣ карда мешавад, ки агар барои як объект якчанд дархост пешниҳод гардида бошад.

16. Баъди қабули дархост ба истифодабарандаи қаъри замин барои таҳияи нақшаи тиҷоратӣ ё ҳисобҳои техникӣ-иқтисодии корҳо, маҷмӯи кӯтоҳи иттилооти геологӣ оид ба қитаи қаъри замин пешниҳод мегардад.

17. Мақомоти иҷроияи иҷозатномадиҳанда дар мӯҳлати як моҳ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди давлатии маълумоти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иҷозатномаи додашуда хабардор намуда, нусхаи бастаи пурраи ҳуҷҷатҳоро ба Фонди давлатии маълумоти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигаҳдорӣ месупорад (қарори ҳукумати ҶТ  аз 01.10.2009 № 566).

18. Баъд аз додани иҷозатнома соҳиби вай ҳуқуқ дорад, ки бо пардохти маблағ хаҷми зарурии иттилооти геологиро оид ба қитаъи қаъри замини додашуда, гирад. Дар ҳолати мавҷуд набудани нусхаи озоди ҳисобот, нусхаи аз ҳисоби маблағи иҷозатномадор аксбардоришудаи маводҳо (ҳисоботҳо) дода мешавад.

19. Андозаи ҳаққи иҷозатномадиҳӣ барои гирифтани иҷозатномаи истифодабарии сарвати зери замин пардохти яккаратаи муқаррарӣ буда, дар ҳаҷми зерин пардохта мешавад:

- вобаста ба корҳои ҷустуҷӯӣ, арзёбӣ ва иктишофи геологии сарватҳои зери замин ҳаштод ҳадди ақали музди меҳнат;

- вобаста ба ҷамъоварии коллексияҳои минералогӣ, палеонтологӣ ва ҷинсҳои кӯҳӣ бист ҳадди ақали музди меҳнат;

- вобаста ба истихроҷи нафту газ сад ҳадди ақали музди меҳнат;

- вобаста ба истихроҷи ангишт ҳаштод ҳадди ақали музди меҳнат;

- вобаста ба истифодаи дигар сарватҳои зери заминии маъданӣ сад ҳадди ақали музди меҳнат;

- вобаста ба истифодаи сарватҳои зери заминии ғайримаъданӣ ҳаштод ҳадди ақали музди меҳнат;

- вобаста ба истифодаи партовҳои истеҳсолоти истихроҷи маъдани кӯҳӣ на коркарди он шаст ҳадди ақали музди меҳнат;

- вобаста ба истифодаи канданиҳои фоиданоки маъмул чил ҳадди ақали музди меҳнат;

- вобаста ба истихроҷи канданиҳои фоиданок бо усули заршӯии худфаъол ва худбиёр шаст ҳадди ақали музди меҳнат.

Эзоҳ: Барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати иҷрои фаъолияте, ки якчанд намуди корро дар бар мегирад, танҳо маблағи ҳадди баландтар ситонида мешавад.

20. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст, ки дар мӯҳлати то 1 сол аз рӯзи бақайдгирии иҷозатнома фаъолияти худро оғоз намояд.

Боби 60. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба истифодабарии объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: истифодаи объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд.

2. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат.

3. Иҷозатномадиҳӣ вобаста ба истифодаи фонди объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, тибқи квотаи ҳар сол аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

4. Мӯҳлат ва тарзҳои ба даст овардани объектҳои олами наботот ва ҳайвонот мувофиқи мақсадҳои истифодабарии онҳо муайян карда мешаванд ва набояд ба афзоиши табиии ин объектҳо зарар расонанд.

5. Воситаву усулҳои ба даст овардани ҳайвоноти ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида бояд мақсади интихобӣ доштани амалиётро таъмин намоянд, расонидани ҷарозати ҷисмонӣ ба ҳайвоноти дигар ва халалдор кардани оромии онҳоро то ҳадди имкон кам гардонанд.

6. Барои додани иҷозатномаи истифодаи объектҳои олами наботот ва ҳайвонот ба андозаи панҷоҳ ҳадди ақали музди меҳнат ҳақ пардохта мешавад.

Боби 61. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият, кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атом

1. Номгӯи намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият, кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атом.

2. Фаъолият, кор ва хизмати соҳаи истифодаи энергияи атом корҳои зеринро дар бар мегирад:

- истеҳсоли энергияи атом;

- фурӯши энергияи атом;

- ҳамлу нақли манбаҳои энергияи атом.

3. Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Маълумоти ҳатмӣ оид ба истеҳсол, истеъмол, ба фурӯш баровардан ва ҳамлу нақли манбаҳои энергияи атомӣ иловатан дар варақаи бланкаи иҷозатнома сабт карда мешавад.

5. Ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани иҷозатнома:

- хулосаи мусбии мақомоти санитарию эпидемиологӣ дар бораи коршоямии иморат ва системаҳои коммуникатсионӣ ва воситаҳои махсуси нақлиётӣ ҷиҳати амалӣ кардани намудҳои номбаршудаи фаъолият, мавҷудияти воситаҳои ҳифз ва болопӯш;

- нусхаи сертификати мутобиқат, ки аз тарафи мақомоти сертификатсия барои маҳсулоти истеҳсолшуда, тайёркардашуда, истифодашаванда ва ба фурӯш баровардашаванда ва ҳамлу нақли он дода шудааст;

- барои шаҳрвандони хориҷӣ - ҳуҷҷате, ки нострификатсия шудани ҳуҷҷатҳои таҳсилотии довталаби иҷозатномаро бо тартиби муқарраршуда тасдиқ менамояд;

- нусхаи сертификати аттестатсионнии Агентии амнияти ядроӣ ва бехатарии радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- хулосаи мусбии мақомоти тандурустӣ оид ба солимии рӯҳии роҳбар ва иҷрокунандагони чунин намудҳои кор.

6. Шарту талаботҳои иловагии иҷозатномадиҳӣ:

- мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мувофиқати роҳбарон ва иҷрокунандагони корҳо ба талаботҳои махсуси тахассусӣ, ки иҷрои корҳои дархостшударо таъмин менамоянд;

- мавҷудияти объектҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳову қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва сохтмонӣ, ки барои амалӣ гардонидани намудҳои фаъолият муқаррар шудаанд ва бо асбобу анҷом ва таҷҳизоти махсус ҷиҳозонида шудаанд;

- мавҷудияти сертификати аттестатсионии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

7. Талаботҳои махсус ба объектқо мутобиқи дастурҳои махсуси техникии амалкунанда ва ҳуҷҷатҳои дигари меъёрие, ки бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, муқаррар карда мешаванд.

8. Барои додани иҷозатнома ба маблағи бисту панҷ ҳадди ақали музди меҳнат ҳақ пардохта мешавад.

Замимаи 1

ба банди 8-и боби 38

Низомнома дар бораи иҷозатномадиҳӣ

ба баъзе намудҳои фаъолият

ТАРТИБИ муайян намудани сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда ҳангоми иҷозатномадиҳии фаъолияти роҳдорӣ

I. Мукаррароти умумӣ

1. Сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда дар фаъолияти роҳдорӣ ҳангоми додани иҷозатнома, вобаста ба имконияти довталаби иҷозатнома ва иҷро намудани корҳои дараҷаи мураккабиашон муайяншуда, муқаррар карда мешавад.

2. Меъёрҳои баҳодиҳӣ чунинанд:

- мавҷудияти кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла дорои сертификати ихтисос;

- мавҷудияти техника ва таҷҳизоти зарурӣ;

- мавҷудияти таҷриба ва собиқаи корӣ;

- ташкили назорати сифат;

- азхудкунии технологияи ҳозиразамон;

- таъминоти иттилоотӣ;

- мавҷудияти гурӯҳҳои озмоишии аттестатсияшуда;

- сертификати мувофиқат барои маҳсулот;

- сертификатҳои системаи сифат;

- сифати корҳои иҷрошаванда;

3. Иҷозатномадор ҳукуқи татбиқи он корҳоеро дорад, ки сатҳи масъулиятнокиашон дар иҷозатнома нишон дода шудааст. Иҷрои корҳои сатҳи масъулнокиашон баландтар манъ аст ва иҷрои корҳои сатҳи масъулиятнокиашон пастар манъ карда намешавад.

Ба ташкилотҳои навтаъсис танҳо барои иҷро кардани корҳои сатҳи масъулнокиаш IV иҷозатнома дода мешавад.

Барои иҷро намудани корҳои сатҳи масъулнокиашон I, II ва III дар ҷадвали штатӣ мавҷуд будани ҳайати доимии мухандисӣ-техникии дорои сертификати ихтисос ва коргарони ботаҷриба оид ба иҷрои ҳама намудҳои кор, инчунин техникаҳо, таҷҳизотҳо ва механизмҳои худро доштан зарур аст.

Сатҳи масъулиятнокии намуди фаъолиятҳо ҳангоми амали иҷозатнома дар ҳолати вайрон кардани шартҳои иҷозатномадиҳӣ паст карда мешавад ва дар асоси аризаи иҷозатномадор ва хулосаи экспертиза баланд карда мешавад.

II. Сатҳи масъулиятнокии иншоотҳои роҳ ва намуди корҳо

Корҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва иншооти роҳ:

1. Сатҳи масъулиятнокии I:

- лоиҳакашии иншоотҳои асосӣ (купрукҳои дарозиашон зиёда аз 40 метр, нақбҳо, долонҳо, роҳҳои автомобилгард ва оҳан, инчунин фурудгоҳҳо ва аэродромҳо);

- сохтмони купрукҳои дарозиашон зиёда аз 50 метр, нақбҳо ва долонҳо, роҳҳои категорияи 1,1а ва 16, сохтмони роҳҳои оҳан, фурудгоҳ ва аэродромҳо.

2. Сатҳи масъулиятнокии П:

- корҳои лоиҳакашӣ (купрукҳои дарозиашон то 50 метр, роҳҳо ва кӯчаҳои категорияҳои II ва III, кӯчаҳои шаҳрӣ, қубурҳо, эстакадаҳои дарозиашон 0-100 метр);

- коркарди асфалту бетон.

3. Сатҳи масъулиятнокии III:

- корҳои лоиҳакашӣ, таъмир, васлкунӣ, коркарди куму шағал (карер);

- сохтмони купрӯкҳои дарозиашон то 30 метр;

- сохтмони категорияи III ва роҳҳои маҳаллӣ дар кӯҳсор, сохтмони роҳҳои гариистифодаи умум.

4. Масъулиятнокии дараҷаи IV: гузаргоҳҳои дохиликварталӣ, роҳҳои автомобилгарди дохилихоҷагӣ, роҳҳои фаръии автомобилгард ба масофаи то 1 км: қубурҳои обгузар дар роҳҳои автомобилӣ бо гузариши оби аз сел эмин то 5 куб. м/сония ва ба тартиб даровардани гирду атрофи роҳ ва иншоотҳои он. Ташхиси сатҳи техникии конструксия ва иншоотҳо.

5. Сатҳи масъулиятнокии I: ташхиси умумии объектҳои масулиятнок ва конструксияҳо бо назардошти баҳодиҳии қобилияти мустаҳками дар вақти заминҷунбӣ, озмоиши конструксияҳо, деталҳо ҷузъҳо ва корҳои озмоишӣ, коркарди қарорҳои техникӣ оид ба мустақкамии онҳо, барқароркунӣ ва таҷдид.

6. Сатҳи масъулиятнокии II: ташхиси омодагии конструксия ва иншоотҳо бо назардошти баҳодиҳии вазъи физикии онҳо ва додани хулосаю пешниҳодҳо оид ба таҷдид ва мустаҳкамии конструксияҳо.

7. Сатҳи масъулиятнокии III: ташхиси таъҷилии конструкция ва иншоотҳо бо назардошти баҳодиҳии ҳолати амалии онҳо, додани хулоса оид ба қобилияти истифодабарии дарозмуддат ва қобилияти таҷдиди конструксияи вайроннашаванда.

8. Сатҳи масъулиятнокии IV: ташхиси визуалии конструксия ва иншоотҳо бо гузаронидани корҳо ва тартиб додани санади нуқсон барои иҷрои таъмири ҷорӣ ва асосӣ (капиталӣ).

Замимаи 2

ба банди 13 боби 59

Низомнома дар бораи хусусиятҳои

иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият

(қарори ҳукумати ҶТ  аз 01.10.2009 № 566)

ШАКЛИ иҷозатнома барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИҶОЗАТНОМА барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

     ба___________________________________________________________дода

шуд

              (номи истифодабарандаи қаъри замин)

     Объект___________________________________________________________

                (номи объект, кандании фоиданок)

     бо мақсади ______________________________________________________

                      (намуди иҷозатнома)

                   Мӯҳлати амали  иҷозатнома:

                   Оғоз "______" ____________

                  Анчом "______" ____________

     Силсилаи_________________ № ____________

     Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии

     Тоҷикистон______________________________

                         (вазифа)

     ________________________________________

             (фамилия, ном, номи падар, имзо)

                              Ҷ.М.

     Замима ба иҷозатномаи

     силсилаи____________ №__________________

     Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин иҷозатномаи

     силсилаи____________ №______________________ ҳуқуқи истифодабарии

     каъри заминҳо ба_________________________________________________

              (номи истифодабарандаи каъри замин)

     __________________________________________________________медиҳад

              (намуди объект ва кандании фоиданок)

                       МАЗМУНИ ИҶОЗАТНОМА

                    (шартҳои иҷозатномадиҳӣ)

 1.___________________________________________________________________

       (маълумот дар бораи истифодабарандаи қаъри замин)

 2.___________________________________________________________________

     (таъиноти мақсадноки корҳои бо намуди иҷозатномаи вобаста буда)

 3.___________________________________________________________________

                (ҳудудҳои арзии қитъаи кӯҳкорӣ)

 4.___________________________________________________________________

              (худудҳои арзии қитъаи қаъри замин)

 5.___________________________________________________________________

                   (мӯҳлати амали иҷозатнома)

 6.___________________________________________________________________

       (пардохтҳои  марбут ба истифодаи қаъри замин, қитъаи замин)

 7.___________________________________________________________________

               (ҳаҷмҳои истихроҷи ашёи минералӣ)

 8.___________________________________________________________________

            (тақсимоти саҳмии маҳсулоти бадастоянда)

 9.___________________________________________________________________

      (ҳуқуқ ба иттилооте, ки дар ҷараёни истифодаи қаъри

                      замин ба даст меояд)

 10.__________________________________________________________________

        (ӯҳдадориҳо дар бобати истифодаи оқилона, ҳифзи

    қаъри замин ва муҳити зист, бехатарии пеҳошбурди корҳо)

 11.__________________________________________________________________

                   (тартиби бурдани назорат)

 12.__________________________________________________________________

        (шартҳои дароз кардани мӯҳлати амали иҷозатнома)

 13.__________________________________________________________________

    (ҳаҷм ва намудҳои партовҳои истеҳсолӣ ва обҳои гандидаи саноатии

      ба қаъри замин партофташаванда, экспертизаи экологӣ)

 14.__________________________________________________________________

                        (шартҳои дигар)

     Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии

     Тоҷикистон

     _________________________________________________________________

                            (вазифа)

     _____________________________________________________________Ҷ.М.

                (фамилия, ном, номи падар, имзо)

     "_____" _____________________

Замимаи 3

ба бандҳои 3 ва 6 боби 59

Низомнома дар бораи хусусиятҳои

иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият

Номгӯи канданиҳои фоиданоки маъмул

(қарори Қукумати ҶТ аз 01.10.2009 № 566)