Низомномаи Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия аз 29 марти соли 2007, № 124

Санаи амалкуни: 01.01.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.06.2014 № 392 аз эътибор соқит дониста шуд.

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 мартисоли 2007 № 134

тасдиқ шудааст

Низомномаи Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229, аз 03.12.2012 № 707)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия (минбаъд Намояндагӣ) дар Нақшаи идоракунии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ҳудуди Федератсияи Россия амал мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229).

2. Намояндагӣ чораҳои танзими масъалаҳои муҳоҷиратро дар амал татбиқ намуда, ба ҷойивазкунии муваққатӣ, инчунин мавсимии шахсони воқеӣ, вобаста ба иваз кардани ҷои истиқомат ё кор, барои бокортаъминкунии қонунӣ ва ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣшаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мусоидат менамояд.

3. Намояндагӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои суратҳисобҳо, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, штампу бланкҳои дахлдор буда, мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия аз аккредитатсия мегузарад ва ба қайд гирифта мешавад.

4. Намояндагӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур, инчунин қонунгузории Федератсияи Россия ба роҳ мемонад.

5. Намояндагӣ дар доираи салоҳияти худ ва тибқи тартиби муқарраргардида фаъолияти худро бо намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамоханг сохта, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳояшон мусоидат менамояд ва онҳоро аз вазъи фаъолияти худ мунтазам хабардор менамояд.

6. Фаъолияти Намояндагӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамун ва ҳамоҳанг карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229).

II. Вазифаҳои асосии Намояндагӣ

7. Вазифаҳои асосии Намояндагӣ аз инҳо иборатанд:

муаррифӣ намудани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати муҳоҷират ва иштирок дар татбиқи он дар каламрави Федератсияи Россия;

амалӣ намудани тадбирҳо оид ба татбиқи шартномаҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи мухоҷират;

ҷамъоварӣ, омӯзиш ва таҳлили маълумот оид ба вазъи муҳоҷират дар Федератсияи Россия, раванди татбиқи сиёсати Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, инчунин роҷеъ ба қонунгузорин Федератсияи Россия дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ;

ба роҳ мондани қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масъалаҳои зерин:

а) муқаррар намудани шахсият ва ҳаммонандии шахсе, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бе хуҷҷатҳои дахлдор қарор дорад;

б) ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар бораи мансубият ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) мусоидат намудан ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҷиҳати ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо оид ба гирифтани шаҳодатнома барои бозгашт ба Ватан тавассути Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия;

г) дар доираи ваколатҳои худ мусоидат намудан ба барқарор намудани шиносномаи гумшуда ва дар барқарорсозии шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ тариқи дархост аз мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон;

д) таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ бо маълумотномаҳо дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ, ки ҳангоми ба расмиятдарорӣ, бақайдгирӣ ва бо кортаъминкунӣ аз онҳо талаб карда мешавад;

е) мусоидат намудан барои ба таври қонунӣ бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоту корхонаҳои Федератсияи Россия, ки тибқи маълумоти мавҷудаи Намояндагӣ ба қувваи кории хориҷӣ ниёз доранд;

ё) ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар сурати поймол гардидани онҳо аз тарафи кордиҳандагон ё кормандони ваколатдори Хадамоти федералии муҳоҷират, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти дахлдори Федератсияи Россия;

ж) қабули аризаҳо оид ба далелҳои содир намудани ҷиноят нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё ин ки дар кофтуков эълон намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо далели дар қаламрави Федератсияи Россия беному нишон гум шудани онҳо;

додани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ба тамоми категорияҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувакқатан дар каламрави Федератсияи Россия қарор доранд;

мусоидати ҳамаҷониба ба субъектҳои хочагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани робитаҳои корӣ бо кордиҳандагони Федератсияи Россия барои бастани шартномаҳо дар бобати бокортаъминкунии муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва таъмин намудани онҳо бо маълумот дар бораи бозори меҳнат ва ихтисосҳои зарурӣ;

амалӣ намудани ташхисҳои мустақили шартномаҳое, ки байни субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кордиҳандагони Федератсияи Россия оид ба кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баста шудаанд. Тартиби амалӣ намудани чунин ташхисҳоро Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия муайян менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229);

иштирок дар ҳаллу фасли масъалаҳое, ки бо пешгирӣ ва қатъи муҳоҷирати танзимнашаванда (ғайриқонунӣ) ва ҳолатҳои маҳдуд намудани ҳуқуқҳои муҳоҷирон алоқаманд мебошанд;

ба роҳ мондани робитаҳои корӣ ва тақвият бахшидан ба ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Хадамоти федералии мухоҷирати Федератсияи Россия доир ба масъалаҳои муҳоҷират;

бастани созишномаҳо бо субъектҳои хоҷагидори Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ;

амалӣ намудани ҳамкориҳои мутақобила бо мақомоти хадамоти муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, маъмурияти минтақаҳо ва дигар субъектҳои манфиатдори Федератсияи Россия, аз ҷумла оиди бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ-шахрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бокортаъминкунӣ, арзёбии шароити меҳнат, зист ва риояи ҳуқуқҳои онҳо мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Федератсияи Россия ва Созишномаи байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия" аз 16 октябри соли 2004;

омӯзиши бозори меҳнатн Федератсияи Россия бо мақсади ҷамъоварии маълумот доир ба эҳтиёҷот нисбат ба қувваи корӣ дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия ва ҷойҳои холии корӣ;

мунтазам, тавассути воситаҳои ахбори омма додани эълонҳо дар бораи мавҷуд будани қувваи корӣ аз рӯи ихтисосҳои мушаххас;

мусоидат намудан ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар тартиб додан ва ба Хадамоти федералии муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ирсол намудани огоҳиномаҳо ҷиҳати омадан ва дар қаламрави Федератсияи Россия дар суроғаи мушаххас истиқомат намудани онҳо;

дар Намояндагӣ таъсис додани манбаи электронии иттилоот оид ба масъалаҳои муҳоҷират, аз ҷумла барои тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ намудани бакайдгирии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии бо даъват ва фиристодани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия машғулбуда;

тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи мухоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани маълумот дар бораи сиёсати муҳоҷирати меҳнатии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки инкишофи бозори дохилии меҳнат ва тадбирҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мусоидат ба шуғли аҳолӣ андешида мешаванд;

иштирок дар чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи меҳнат, мухоҷират, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, дар тахияи шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалие, ки бо Федератсияи Россия баста мешаванд ва инчунин дар доираи салоҳияти худ андешидани тадбирҳо доир ба амалисозии онҳо;

дар мувофиқа бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия анҷом додани гуфтушунидхо, табодули иттилоот ва машваратҳои мутақобилаи судманд бо намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятии Федератсияи Россия доир ба масъалахое, ки ба салоҳияти Намояндагӣ дохил мешаванд;

хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229);

дар мувофиқа бо тарафи Россия ва тибки тартиби муқарраргардида амалӣ кардани шиносномадиҳӣ ба муҳоҷирон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия;

ба роҳ мондани қамкориҳои мутақобила бо хадамоти мухоҷират ва дигар мақомоти салоҳиятдори Федератсияи Россия;

таҳия намудани таклифҳо ҷиҳати рушди ҳамкорӣ бо Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷират аз он ҷумла мубодидаи иттилоот дар бораи шумораи муҳоҷирон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд ва бояд аз қаламрави Федератсияи Россия берун карда (депортатсия) шаванд;

дар доираи салоҳияти худ ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори оммаи Федератсияи Россия ҷиҳати инъикоси сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷират;

ширкат намудан дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба танзими равандҳои муҳоҷират ва таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия;

бо супориши Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ анҷом додани гуфтушунидҳо, ба роҳ мондани мубодилаи иттилоот ва машваратҳо бо намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятии Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷират (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229);

фиристодани кормандони ваколатдори худ ба сафарҳои хизматӣ ба ҳавзаҳои федералии Федератсияи Россия;

ҳамкорӣ бо корхона ва ташкилотҳои Федератсияи Россия, ки дар он ҷо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ доранд, ҳамзамон ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар назди кордиҳандагон;

8. Намояндагӣ барои амалӣ намудани фаъолияти худ метавонад маълумоти заруриро аз ташкилотҳои гуногун чи дар қаламрави Федератсияи Россия ва чи дар дигар кишварҳо танҳо оид ба масъалаҳои муҳоҷират дархост намояд.

9. Намояндагӣ мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия ва созишномаҳои дутарафа аз болои риояи шартҳои шартномаҳои дар байни субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кордиҳандагони Федератсияи Россия басташуда, инчунин дуруст будани шартномаҳои меҳнатии байни муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кордиҳандагони Федератсияи Россия басташуда, инчунин аз рӯи татбиқи шартҳои онҳо назорат менамояд.

III. Ташкили фаъолияти Намояндагӣ

10. Намояндагиро Роҳбар, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад, сарварӣ менамояд. Бо ҳамин тартиб ӯ мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаҳои олии махсус сарфароз карда мешавад. Номгӯи мансабҳои дар Намояндагӣ аз ҷониби генералҳо ишғолшавандаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229).

Роҳбари Намояндагӣ барои ҳифз ва амнияти маълумоте, ки сирри бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад, ҳолати интизом, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар фаъолияти Намояндагӣ, инчунин барои иҷрои дахлдори вазифаҳои ба зиммаи Намояндагӣ гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.

11. Роҳбари Намояндагӣ як муовин дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229).

12. Кормандони Намояндагӣ тибқи фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

13. Суроғаи ҳуқуқии Намояндагӣ: 125047, Федератсияи Россия, шаҳри Москва, кӯчаи 2-я Тверская - Ямская, 40 бинои 3.

Замимаи № 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 марти с. 2007 №124

тасдиқ шудааст

Сохтори Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия, вокеъ дар шаҳри Москва

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229)

+---+--------------------------------------+-------+-----------------ҷ
| № |  Номгӯи вазифаҳо                     |Шумораи| Рутбаҳо         |
|   |                                      |воҳидҳо|                 |
+---+--------------------------------------+-------+-----------------+
| 1.| Роҳбари Намояндагӣ                   |   1   |                 |
+---+------------------Р-------------------+-------+  хорич карда шуд|
| 2.| Муовини рохбар                       |   1   |(карори Хукумати |
+---+--------------------------------------+-------+ЧТ аз 30.04.2011 |
| 3.| Сармутахассис                        |   1   |№ 229)           |
+---+--------------------------------------+-------+                 |
| 4.| Котиби матбуот                       |   1   |                 |

| 5.| Нозири калон-мутахассис оид ба       |       |                 |
|   | мониторинг                           |   2   |                 |

| 6.| Нозири молия                         |   1   |                 |
|   |                                      |       |                 |

| 7.| Нозир - мутахассис                   |   2   |                 |

| 8.| Нозир                                |   2   |                 |

| 9.| Корманди калон - мутахассис          |   1   |                 |

|10.| Ронанда - корманд                    |   1   |                 |

|   | ҲАМАГӢ:                              |   13  |                 |

Замимаи №3

бо Қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2012, № 707

тасдиқ шудааст

Ҷадвали штатии Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

+---+---------------------+---------+----------+-----------+---------ҷ
| № |                     | шумораи | маош     | ҳаҷми     | фонди   |
|р/т|  Номгӯи вазифаҳо    | воҳидҳо | бо долл. | маблағ    | яксолаи |
|   |                     |         | ИМА      | дар як моҳ| музди   |
|   |                     |         |          |           | меҳнат  |
+---+---------------------+---------+----------+-----------+---------+
| 1.| Роҳбари Намояндагӣ  |    1    | 1800     | 1800      | 21600   |
+---+---------------------+---------+----------+-----------+---------+
| 2.| Муовини роҳбар      |    1    | 1620     | 1620      | 19440   |
+---+---------------------+---------+----------+-----------+---------+
| 3.| Сармутахассис-      |    1    | 1440     | 1440      | 17280   |
|   | молиячӣ             |         |          |           |         |
+---+---------------------+---------+----------+-----------+---------+
| 4.| Сардори шӯъбаи кор  |    1    | 1530     | 1530      | 18360   |
|   | бо муҳоҷирони       |         |          |           |         |
|   | меҳнатӣ             |         |          |           |         |
+---+---------------------+---------+----------+-----------+---------+
| 5.| Сармутахассис       |    1    | 1440     | 1440      | 17280   |
+---+---------------------+---------+----------+-----------+---------+
| 6.| Мутахассиси пешбар  |    2    | 1350     | 2700      | 32400   |
+---+---------------------+---------+----------+-----------+---------+
| 7.| Мутахассис          |    2    | 1260     | 2520      | 30240   |
+---+---------------------+---------+----------+-----------+---------+
| 8.| Сардори шӯъбаи ҳуқуқ|    1    | 1530     | 1530      | 18360   |
+---+---------------------+---------+----------+-----------+---------+
| 9.| Сармутахассис       |    1    | 1440     | 1440      | 17280   |
+---+---------------------+---------+----------+-----------+---------+
|10.| Мутахассиси пешбар  |    1    | 1350     | 1350      | 16200   |
+---+---------------------+---------+----------+-----------+---------+
|11.| Сармутахассиси мони-|    1    | 1440     | 1440      | 17280   |
|   | торинг оид ба муҳо- |         |          |           |         |
|   | ҷирати меҳнатӣ      |         |          |           |         |
+---+---------------------+---------+----------+-----------+---------+
|12.| Котиби - матбуот    |    1    | 1350     | 1350      | 16200   |
+---+---------------------+---------+----------+-----------+---------+
|13.| Мутахассиси пешбар -|    1    | 1260     | 1260      | 15120   |
|   | коргузор            |         |          |           |         |
+---+---------------------+---------+----------+-----------+---------+
|14.| Ронанда-мутахассис, |    1    | 1200     | 1200      | 14400   |
|   | хоҷагидор           |         |          |           |         |
+---+---------------------+---------+----------+-----------+---------+
|   | Ҳамагӣ:             |    16   |          |  22620    | 271440  |
+---+---------------------+---------+----------+-----------+---------+

Замимаи №4

бо Қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2012, № 707

тасдиқ шудааст

Сметаи хароҷоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

+-------+--------------------------------------------+---------------ҷ
|   №   |               Номгӯи хароҷотҳо             |  Хароҷот бо   |
|  р/т  |                                            |  доллари ШМА  |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|1.1.   | Музди меҳнат                               |  271440       |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|1.1.1. | Музди меҳнат ва иловапулӣ                  |  271440       |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|1.2.   | Ҳиссаҷудокуниҳои кордеҳон                  |  27144        |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|1.2.2. | Суғуртаи дигари давлатӣ                    |  27144        |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|2.1.   | Хариди молу хизматҳо                       |  413400       |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|2.1.1. | Маводи канселярӣ ва китобу дастурамалҳо    |  8000         |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|2.1.2. | Хароҷоти хоҷагидорӣ ва инвентар            |  7000         |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|2.1.3. | Харҷи сафарҳои хизматӣ, аз он ҷумла:       |  96000        |
|       | пардохти харҷи барои расидан ба маҳали     |               |
|       | муқарраргардида дар мавриди таъин намудан  |               |
|       | (бозхондан) ба/аз вазифа ва пардохти пули  |               |
|       | харҷи роҳкироҳ ба ду самт дар мавриди      |               |
|       | рухсатии меҳнатӣ                           |               |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|2.1.7. | Сӯзишворӣ ва маводи молиданӣ               |  32400        |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|2.1.8. | Иҷорапулӣ                                  |  240000       |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|2.1.10.| Пардохти хизмати мутахасиссони барои иҷрои |  5000         |
|       | кору хизматҳои махсус кирояшуда            |               |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|2.1.12.| Хароҷоти намояндагӣ                        |  13000        |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|2.1.13.| Чоп ва хизматҳои нашрӣ, додани эълон ё     |  2000         |
|       | ахбори дигар дар рӯзнома ва дигар ВАО      |               |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|2.1.17.| Молу хизматҳои ба дигар моддаҳо дохилнашуда|  10000        |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|2.2.   | Пардохти хизматрасонии коммуналӣ           |  9000         |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|2.2.1. | Қувваи барқ                                |  4785         |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|2.2.3. | Гармидиҳӣ                                  |  2858         |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|2.2.4. | Партовбарӣ                                 |  600          |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|2.2.5. | Об                                         |  757          |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|2.3.   | Нигоҳдорӣ ва таъмир                        |  18000        |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|2.3.1. | Биноҳо, иншоот                             |  1000         |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|2.3.3. | Воситаҳои нақлиёт ва техникаи вазнин       |  17000        |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|2.4.   | Пардохти хизматҳои алоқа                   |  16000        |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|2.4.1. | Хизматҳои алоқа                            |  16000        |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|5.2.   | Хариди таҷҳизот, техника ва инвентари ба   |  44000        |
|       | воситаҳои асосӣ дохилшаванда               |               |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|5.2.1. | Таҷҳизот, техника ва инвентар              |  3000         |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|5.2.2. | Воситаҳои нақлиёт                          |  40000        |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|5.2.4. | Барномаҳои таъминоти компютерӣ             |  1000         |
+-------+--------------------------------------------+---------------+
|       | Ҳамагӣ:                                    |  798984       |
+-------+--------------------------------------------+---------------+

Эзоҳ: - Маблағгузории хароҷоти моддаи 5.2. аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо соли 2015 анҷом дода мешавад.

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 мартисоли 2007 № 134

тасдиқ шудааст

Низомномаи Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия (минбаъд Намояндагӣ) дар Нақшаи идоракунии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ҳудуди Федератсияи Россия амал мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229).

2. Намояндагӣ чораҳои танзими масъалаҳои муҳоҷиратро дар амал татбиқ намуда, ба ҷойивазкунии муваққатӣ, инчунин мавсимии шахсони воқеӣ, вобаста ба иваз кардани ҷои истиқомат ё кор, барои бокортаъминкунии қонунӣ ва ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣшаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мусоидат менамояд.

3. Намояндагӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои суратҳисобҳо, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, штампу бланкҳои дахлдор буда, мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия аз аккредитатсия мегузарад ва ба қайд гирифта мешавад.

4. Намояндагӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур, инчунин қонунгузории Федератсияи Россия ба роҳ мемонад.

5. Намояндагӣ дар доираи салоҳияти худ ва тибқи тартиби муқарраргардида фаъолияти худро бо намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамоханг сохта, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳояшон мусоидат менамояд ва онҳоро аз вазъи фаъолияти худ мунтазам хабардор менамояд.

6. Фаъолияти Намояндагӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамун ва ҳамоҳанг карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229).

II. Вазифаҳои асосии Намояндагӣ

7. Вазифаҳои асосии Намояндагӣ аз инҳо иборатанд:

муаррифӣ намудани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати муҳоҷират ва иштирок дар татбиқи он дар каламрави Федератсияи Россия;

амалӣ намудани тадбирҳо оид ба татбиқи шартномаҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи мухоҷират;

ҷамъоварӣ, омӯзиш ва таҳлили маълумот оид ба вазъи муҳоҷират дар Федератсияи Россия, раванди татбиқи сиёсати Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, инчунин роҷеъ ба қонунгузорин Федератсияи Россия дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ;

ба роҳ мондани қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масъалаҳои зерин:

а) муқаррар намудани шахсият ва ҳаммонандии шахсе, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бе хуҷҷатҳои дахлдор қарор дорад;

б) ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар бораи мансубият ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) мусоидат намудан ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҷиҳати ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо оид ба гирифтани шаҳодатнома барои бозгашт ба Ватан тавассути Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия;

г) дар доираи ваколатҳои худ мусоидат намудан ба барқарор намудани шиносномаи гумшуда ва дар барқарорсозии шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ тариқи дархост аз мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон;

д) таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ бо маълумотномаҳо дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ, ки ҳангоми ба расмиятдарорӣ, бақайдгирӣ ва бо кортаъминкунӣ аз онҳо талаб карда мешавад;

е) мусоидат намудан барои ба таври қонунӣ бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоту корхонаҳои Федератсияи Россия, ки тибқи маълумоти мавҷудаи Намояндагӣ ба қувваи кории хориҷӣ ниёз доранд;

ё) ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар сурати поймол гардидани онҳо аз тарафи кордиҳандагон ё кормандони ваколатдори Хадамоти федералии муҳоҷират, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти дахлдори Федератсияи Россия;

ж) қабули аризаҳо оид ба далелҳои содир намудани ҷиноят нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё ин ки дар кофтуков эълон намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо далели дар қаламрави Федератсияи Россия беному нишон гум шудани онҳо;

додани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ба тамоми категорияҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувакқатан дар каламрави Федератсияи Россия қарор доранд;

мусоидати ҳамаҷониба ба субъектҳои хочагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани робитаҳои корӣ бо кордиҳандагони Федератсияи Россия барои бастани шартномаҳо дар бобати бокортаъминкунии муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва таъмин намудани онҳо бо маълумот дар бораи бозори меҳнат ва ихтисосҳои зарурӣ;

амалӣ намудани ташхисҳои мустақили шартномаҳое, ки байни субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кордиҳандагони Федератсияи Россия оид ба кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баста шудаанд. Тартиби амалӣ намудани чунин ташхисҳоро Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия муайян менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229);

иштирок дар ҳаллу фасли масъалаҳое, ки бо пешгирӣ ва қатъи муҳоҷирати танзимнашаванда (ғайриқонунӣ) ва ҳолатҳои маҳдуд намудани ҳуқуқҳои муҳоҷирон алоқаманд мебошанд;

ба роҳ мондани робитаҳои корӣ ва тақвият бахшидан ба ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Хадамоти федералии мухоҷирати Федератсияи Россия доир ба масъалаҳои муҳоҷират;

бастани созишномаҳо бо субъектҳои хоҷагидори Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ;

амалӣ намудани ҳамкориҳои мутақобила бо мақомоти хадамоти муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, маъмурияти минтақаҳо ва дигар субъектҳои манфиатдори Федератсияи Россия, аз ҷумла оиди бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ-шахрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бокортаъминкунӣ, арзёбии шароити меҳнат, зист ва риояи ҳуқуқҳои онҳо мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Федератсияи Россия ва Созишномаи байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия" аз 16 октябри соли 2004;

омӯзиши бозори меҳнатн Федератсияи Россия бо мақсади ҷамъоварии маълумот доир ба эҳтиёҷот нисбат ба қувваи корӣ дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия ва ҷойҳои холии корӣ;

мунтазам, тавассути воситаҳои ахбори омма додани эълонҳо дар бораи мавҷуд будани қувваи корӣ аз рӯи ихтисосҳои мушаххас;

мусоидат намудан ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар тартиб додан ва ба Хадамоти федералии муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ирсол намудани огоҳиномаҳо ҷиҳати омадан ва дар қаламрави Федератсияи Россия дар суроғаи мушаххас истиқомат намудани онҳо;

дар Намояндагӣ таъсис додани манбаи электронии иттилоот оид ба масъалаҳои муҳоҷират, аз ҷумла барои тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ намудани бакайдгирии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии бо даъват ва фиристодани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия машғулбуда;

тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи мухоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани маълумот дар бораи сиёсати муҳоҷирати меҳнатии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки инкишофи бозори дохилии меҳнат ва тадбирҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мусоидат ба шуғли аҳолӣ андешида мешаванд;

иштирок дар чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи меҳнат, мухоҷират, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, дар тахияи шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалие, ки бо Федератсияи Россия баста мешаванд ва инчунин дар доираи салоҳияти худ андешидани тадбирҳо доир ба амалисозии онҳо;

дар мувофиқа бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия анҷом додани гуфтушунидхо, табодули иттилоот ва машваратҳои мутақобилаи судманд бо намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятии Федератсияи Россия доир ба масъалахое, ки ба салоҳияти Намояндагӣ дохил мешаванд;

хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229);

дар мувофиқа бо тарафи Россия ва тибки тартиби муқарраргардида амалӣ кардани шиносномадиҳӣ ба муҳоҷирон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия;

ба роҳ мондани қамкориҳои мутақобила бо хадамоти мухоҷират ва дигар мақомоти салоҳиятдори Федератсияи Россия;

таҳия намудани таклифҳо ҷиҳати рушди ҳамкорӣ бо Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷират аз он ҷумла мубодидаи иттилоот дар бораи шумораи муҳоҷирон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд ва бояд аз қаламрави Федератсияи Россия берун карда (депортатсия) шаванд;

дар доираи салоҳияти худ ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори оммаи Федератсияи Россия ҷиҳати инъикоси сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷират;

ширкат намудан дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба танзими равандҳои муҳоҷират ва таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия;

бо супориши Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ анҷом додани гуфтушунидҳо, ба роҳ мондани мубодилаи иттилоот ва машваратҳо бо намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятии Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷират (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229);

фиристодани кормандони ваколатдори худ ба сафарҳои хизматӣ ба ҳавзаҳои федералии Федератсияи Россия;

ҳамкорӣ бо корхона ва ташкилотҳои Федератсияи Россия, ки дар он ҷо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ доранд, ҳамзамон ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар назди кордиҳандагон;

8. Намояндагӣ барои амалӣ намудани фаъолияти худ метавонад маълумоти заруриро аз ташкилотҳои гуногун чи дар қаламрави Федератсияи Россия ва чи дар дигар кишварҳо танҳо оид ба масъалаҳои муҳоҷират дархост намояд.

9. Намояндагӣ мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия ва созишномаҳои дутарафа аз болои риояи шартҳои шартномаҳои дар байни субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кордиҳандагони Федератсияи Россия басташуда, инчунин дуруст будани шартномаҳои меҳнатии байни муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кордиҳандагони Федератсияи Россия басташуда, инчунин аз рӯи татбиқи шартҳои онҳо назорат менамояд.

III. Ташкили фаъолияти Намояндагӣ

10. Намояндагиро Роҳбар, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад, сарварӣ менамояд. Бо ҳамин тартиб ӯ мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаҳои олии махсус сарфароз карда мешавад. Номгӯи мансабҳои дар Намояндагӣ аз ҷониби генералҳо ишғолшавандаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229).

Роҳбари Намояндагӣ барои ҳифз ва амнияти маълумоте, ки сирри бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад, ҳолати интизом, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар фаъолияти Намояндагӣ, инчунин барои иҷрои дахлдори вазифаҳои ба зиммаи Намояндагӣ гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.

11. Роҳбари Намояндагӣ як муовин дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229).

12. Кормандони Намояндагӣ тибқи фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

13. Суроғаи ҳуқуқии Намояндагӣ: 125047, Федератсияи Россия, шаҳри Москва, кӯчаи 2-я Тверская - Ямская, 40 бинои 3.

Замимаи № 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 марти с. 2007 №124

тасдиқ шудааст

СОХТОРИ Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия, вокеъ дар шаҳри Москва

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229)

+---+--------------------------------------+-------+-----------------ҷ
| № |  Номгӯи вазифаҳо                     |Шумораи| Рутбаҳо         |
|   |                                      |воҳидҳо|                 |
+---+--------------------------------------+-------+-----------------+
| 1.| Роҳбари Намояндагӣ                   |   1   |                 |
+---+------------------Р-------------------+-------+  хорич карда шуд|
| 2.| Муовини рохбар                       |   1   |(карори Хукумати |
+---+--------------------------------------+-------+ЧТ аз 30.04.2011 |
| 3.| Сармутахассис                        |   1   |№ 229)           |
+---+--------------------------------------+-------+                 |
| 4.| Котиби матбуот                       |   1   |                 |
+---+--------------------------------------+-------+                 |
| 5.| Нозири калон-мутахассис оид ба       |       |                 |
|   | мониторинг                           |   2   |                 |
+---+--------------------------------------+-------+                 |
| 6.| Нозири молия                         |   1   |                 |
|   |                                      |       |                 |
+---+--------------------------------------+-------+                 |
| 7.| Нозир - мутахассис                   |   2   |                 |
+---+--------------------------------------+-------+                 |
| 8.| Нозир                                |   2   |                 |
+---+--------------------------------------+-------+                 |
| 9.| Корманди калон - мутахассис          |   1   |                 |
+---+--------------------------------------+-------+                 |
|10.| Ронанда - корманд                    |   1   |                 |
+---+--------------------------------------+-------+                 |
|   | ҲАМАГӢ:                              |   13  |                 |
+---+--------------------------------------+-------+-----------------+

Замимаи № 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 марти с. 2007 № 124

тасдиқ шудааст

ҶАДВАЛИ ШТАТИИ Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия, воқеъ дар шаҳри Москва

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229)

+---+----------------------------+-------+------------+--------------ҷ
| № |Номгуи вазифахо             |Шумораи|     Ҳаҷми  |     Фонди    |
|т/р|                            |воҳидҳо|     маош   |    яксолаи   |
|   |                            |       |            |  музди меҳнат|
|   |                            |       |            |бо доллари ИМА|
+---+----------------------------+-------+------------+--------------+
| 1.| Роҳбари Намояндагӣ         |   1   |     1200   |     14400    |
+---+-----------Т------Р---------+-------+------------+--------------+
| 2.| Муовини роҳбар             |   1   |     900    |     10800    |
+---+----------------------------+-------+------------+--------------+
| 3.| Сармутахассис              |   1   |     800    |     9600     |
+---+----------------------------+-------+------------+--------------+
| 4.| Котиби матбуот             |   1   |     750    |     9000     |
+---+----------------------------+-------+------------+--------------+
| 5.| Нозири калон-мутахассис    |   2   |     750    |     18000    |
|   | оид ба мониторинг          |       |            |              |
+---+----------------------------+-------+------------+--------------+
| 6.| Нозири молия               |   1   |     750    |     9000     |
+---+----------------------------+-------+------------+--------------+
| 7.| Нозир-мутахассис           |   2   |     700    |     16800    |
+---+----------------------------+-------+------------+--------------+
| 8.| Нозир                      |   2   |     700    |     16800    |
+---+----------------------------+-------+------------+--------------+
| 9.| Корманди калон-мутахассис  |   1   |     700    |     8400     |
+---+----------------------------+-------+------------+--------------+
| 10| Ронанда-корманд            |   1   |     600    |     7200     |
+---+----------------------------+-------+------------+--------------+
|   |                            |       |            |              |
|   | ҲАМАГӢ:                    |   13  |            |     119400   |
|   |                            |       |            |              |
+---+----------------------------+-------+------------+--------------+

Замимаи № 4

Бо карори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 марти с. 2007 № 124

тасдиқ шудааст

СМЕТАИ харочоти Намояндагии Вазорати корхои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба муҳочират дар Федератсияи Россия, воқеъ дар шаҳри Москва

+-------+------------------------------------------------+-----------ҷ
| №     |                Номгӯи хароҷот                  |Хароҷот бо |
|т/р    |                                                |доллари ИМА|
+-------+------------------------------------------------+-----------+
| 1.    |Музди мехнат ва маблағхои кордихандагон:        | 136 500   |
+-------+---------------------Р--------------------------+-----------+
|       |                                                |           |
|1.1.1. |музди меҳнат ва мукофот                         | 124 620   |
+-------+------------------------------------------------+-----------+
|       |                                                |           |
|1.2    |Ҳиссаҷудокунии кордихандагон:                   | 11 940    |
|       |                                                |           |
+-------+--Т---------------------------------------------+-----------+
|1.2.2. |суғуртаи тиббӣ (10 %)                           | 11 940    |
|       |                                                |           |
+-------+------------------------------------------------+-----------+
|2.1.   |Хариди мол ва хизматрасони:                     | 318 800   |
+-------+------------------------------------------------+-----------+
|       |                                                |           |
|2.1.1. |хароҷоти молҳои дафтардорй ва воситахои         |           |
|       |айёнии таълимй                                  | 8 000     |
|       |                                                |           |
+-------+------------------------------------------------+-----------+
|2.1.2. |хароҷоти хочагӣ ва асбобу анчом                 | 7 000     |
|       |                                                |           |
+-------+------------------------------------------------+-----------+
|2.1.3. |харочоти сафарқои хизматӣ                       | 80 000    |
|       |                                                |           |
+-------+------------------------------------------------+-----------+
|2.1.7. |сӯзишворӣ ва маводи молиданӣ                    | 28 000    |
|       |                                                |           |
+-------+------------------------------------------------+-----------+
|2.1.8. |иҷооапулӣ                                       | 119 000   |
|       |                                                |           |
+-------+------------------------------------------------+-----------+
|2.1.12.|хароҷоти намояндагӣ                             | 13 000    |
+-------+----Р-------------Р-----------------------------+-----------+
|       |                                                |           |
|2.1.17.|молу хизматҳои ба дигар моддаҳо                 |           |
|       |вориднашуда, аз ҷумла оид ба интиқоли           | 63 800    |
|       |часади шахрвандони фавтидаи                     |           |
|       |Ҷумҳурии Тоҷикистон                             | 44 000    |
|       |                                                |           |
+-------+------------------------------------------------+-----------+
|2.3.   |Нигахдорй ва таъмир                             | 15 000    |
+-------+------------------------------------------------+-----------+
|       |                                                |           |
|2.3.3. |Воситахои нақлиёт ва техникаи вазнин            | 15 000    |
+-------+------------------------------------------------+-----------+
|       |                                                |           |
|2.4.   |Пардохти хизматҳои алоқа                        | 15 000    |
+-------+------------------------------------------------+-----------+
|       |                                                |           |
|2.4.1. |Хизматхои алоқа                                 | 15 000    |
+-------+------------------------------------------------+-----------+
|       |                                                |           |
|5.2.   |Хариди таҷҳизот, тсхника ва асбобу анчом,       |           |
|       |ки ба воситахои асосӣ тааллук доранд            | 30 000    |
+-------+--------------------Р---------------------------+-----------+
|       |                                                |           |
|5.2.2. |Воситаҳои нақлиёт (автомобили махсус)           | 30 000    |
+-------+------------------------------------------------+-----------+
|       |                                                |           |
|       |Ҳамагй:                                         | 515 360   |
|       |                                                |           |
+-------+------------------------------------------------+-----------+

Эзоҳ: - Маблағгузории хароҷоти моддаи 5.2.2 аз хисоби маблагҳои Буҷети давлатӣ дар панҷ-хафт сол як маротиба анҷом дода мешавад.