Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷират
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2007 № 551, аз 31.12.2014 № 794, аз 3.09.2019 № 451)
Бо мақсади такмили идораи равандҳои муҳоҷират ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоте, ки машғули масъалаҳои муҳоҷират мебошанд, мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷират таъсис дода, ҳайати он тибқи замима тасдиқ карда шавад (замимаи № 1).
2. Низомномаи замимагардидаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаи № 2).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 21 октябри соли 1997 № 462
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 сентябри соли 2019, № 451
тасдиқ шудааст
Ҳайати Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси комиссия - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти соҳа;
- муовини раиси комиссия - вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- котиби масъули комиссия - сармутахассиси раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аъзои комиссия:
- сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини директори генералии корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" .
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи дар наздн Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷират
Бо мақсади такмили идораи равандҳои муҳоҷират ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоте, ки машғули масъалаҳои муҳоҷират мебошанд, мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷират таъсис дода, ҳайати он тибқи замима тасдиқ карда шавад (замимаи № 1).
2. Низомномаи замимагардидаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаи № 2).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 21 октябри соли 1997 № 462
ш. Душанбе
Замимаи № 1
қарори Хукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 октябри соли 1997№ 462
Хайати Комиссияи байниидоравии танзими равандхои мухочирати назди Хукумати Чумхурии Точикистон
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссия
Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Комиссия
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сардори Идораи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини аввали вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини вазири ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Директори агентии давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Кумитаи Марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сардори Саридораи кор бо гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбории Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сармутахассиси сектори муҳоҷират ва шуғли аҳолии Идораи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби Комиссия
Замимаи № 2
қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 октябри соли 1997 № 462
Низомномаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (баъдан Комиссия) мақоми ҳамоҳангсоз мебошад, ки дар асоси доимӣ бо мақсади таҳия ва қабули қарорҳои дахлдор оид ба масъалаҳои гурезагон ва муҳоҷирон, ки дар натиҷаи нооромии вазъияти сиёсӣ ва иқтисодӣ ва бадтар шудани муносибатҳои байни қавмҳо дар дигар мамлакатҳо ва инчунин бо сабаби офатҳои табиӣ ба миён меоянд, амал мекунад.
Комиссияро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад.
2. Комиссия фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, амр ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналхалқии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида амалӣ менамояд.
3. Комиссия дар асосҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, ба кори худ намояндагони вазорату идораҳои гуногуни манфиатдорро ҷалб мекунад.
Комиссия новобаста ба ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣсиёсӣ фаъолият мекунад.
4. Вазифаи асосии Комиссия ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия оид ба идораи равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
5. Ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба ӯҳдааш гузошташуда, Комиссия функцияҳои зеринро анҷом медиҳад:
равандҳои муҳоҷиратро бо дарназардошти масъалаҳои гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ, ҷанг, муноқишаҳои байниқавмӣ ва иҷтимоии дигар ба миён меоянд,таҳлил намуда, тарзҳои ҳалли альтернативиро баррасӣ ва пешниҳод мекунад;
бо ташкилотҳои байналхалқӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират ҳамкорӣ мекунад;
доир ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳоҷират, инчунинн масъалаҳои гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ тавсияҳо таҳия менамояд;
таҳияи лоиҳаҳои қонун, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои муҳоҷират таъмин менамояд;
оид ба идораи тарафҳои муайяни равандҳои муҳоҷират семинарҳо ташкил мекунад;
вазъи корҳоро оид ба таъмини бехатарии равандҳои муҳоҷират дар ҷумҳурӣ ва минтақаҳои алоҳидаи он, вазорат ва идораҳо баррасӣ намуда, ба ин кор баҳо медиҳад;
қарорҳое қабул мекунад, ки ба иҷрои қонунҳо ва асноди байналхалқии ҳуқуқии масъалаҳои муҳоҷиратро танзимкунанда ва аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида, равона карда, шудаанд.
ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба муҳоҷират, аз он ҷумла гурезагон ва муҳоҷирони иҷбориро пешниҳод мекунад.
6. Намояндагони Комиссия дар муҳокимаи лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар таҳияи пешниҳодот оид ба ратификацияи созишномаҳои байналхалқӣ, ки ба масъалаҳои муҳоҷират дахл доранд ва ҷиҳати баррасӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд, иштирок менамоянд.
7. Комиссия дар маҷлисҳои худ ҳисоботи вазорат, идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия, корхонаҳо ва ташкилотҳои дахлдорро гӯш намуда, ҳуқуқ дорад аз роҳбарони мақомоти давлатӣ пешниҳоди мулоҳизот ва дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки ба салоҳияташ дахл доранд, талаб намояд.
8. Тавсияҳои Комиссия бояд ҳатман аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дахлдор баррасӣ карда шаванд. Лоиҳаи қарорҳо оид ба тавсияҳои мазкур бояд ба Комиссия на дертар аз як моҳ пешниҳод карда шаванд.
9. Фаъолияти Комиссия дар асоси нақша (барнома)-е ки дар маҷлиси он қабул шудааст, амалӣ мегардад. Маҷлис ба қадри зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як семоҳа гузаронида мешавад.
10. Комиссия метавонад ҷиҳати иштирок дар маҷлис намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналхалқӣ, мутахассисон ва олимонро ба ҳайси экспертҳо даъват намояд.
11. Комиссия ҳуқуқ дорад ҷиҳати баррасии масъалаҳои муайян гуруҳҳои корӣ ташкил кунад.
12. Комиссия бо аксарияти овозҳо аз ҳисоби умумӣ ва ба таври овоздиҳии кушод қарор қабул мекунад.
13. Комиссия ба аҳли ҷомеа оид ба фаъолияти худ мунтазам маълумот медиҳад. Намояндагони матбуот, телевизион ва радио метавонанд дар маҷлисҳои он иштирок кунанд.
14. Қарорҳои Комиссия дар ҳудуди салоҳияти он барои тамоми вазоратҳо, идораҳо ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз тобеъияти идории онҳо ҳатмӣ мебошад.