Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006
№ 607 тасдиқ карда шудааст
Низомномаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 602, аз 27.08.2008 № 435, аз 28.05.2009 № 327, аз 02.11.2011 № 567)
1. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - "Кумита") мақомоти ваколатдори марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати давлатии пардохти пурра ва саривақтии андозҳо, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонидани андозҳоро аз ҷониби мақомоти дигар пешбинӣ намудааст, мебошад, ки функсияҳои таъмини иҷро ва риоя намудани конунгузории андоз, таҳияи механизмҳои маъмурияти андоз бо мақсади таъмини воридоти саривақтӣ ва пурраи андозҳоро ба буҷетҳои ҳамаи сатҳҳо, иштирок дар таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқукӣ доир ба масъалаҳои андозбандӣ, аз он ҷумла шартномаҳо бо дигар давлатҳо, ба андозсупорандагон тавзеҳ додани ҳуқуқ ва ӯхдадориҳояшон ва сари вақт огоҳ намудани андозсупорандагонро оид ба тағйирот дар қонунгузории андоз иҷро менамояд.
Кумита ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти ҳудудии андози дар тобеияти он буда - раёсатҳои андоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе, Нозироти андози андозсупорандагони калони назди Кумита бо шӯъбаҳояш дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, нозиротҳои андоз дар шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ноҳияҳои шаҳрҳо системаи ягонаи мутамаркази мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
2. Кумита татбиқи амалии функсияҳои макомоти андозро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд, роҳбарии системаи мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад ва бевосита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат мекунад.
3. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
4. Кумита фаъолияти худро бевосита ва тавассути мақомоти ҳудудии андози худ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомотн иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дигар амалӣ менамояд.
II. Ваколатҳо
5. Кумита дар соҳаи фаъолияти муқарраршуда ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меьёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои дигарро, ки барои онҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад, доир ба масъалаҳои ба соҳаи дар ихтиёри Кумита мансуб буда, ки банди 1 Низомномаи мазкур муқаррар кардааст, пешниҳод менамояд;
- бо мақсади иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, конунҳои конститутсионӣ, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дигар, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи муқарраршудаи фаъолиятро, ки ба салоҳияти Кумита мансуб дониста шудааст, қабул ва дар ҳолатҳои муқарраршуда мувофиқа ва қабул менамояд;
- фаъолияти мақомоти ҳудудии андозро доир ба иҷрои функсияҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда ташкил ва ҳамоҳанг менамояд;
- дар асоси Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи онҳо дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият ваколати назорати дуруст ҳисоб намудан, пурра ва сари вақт ба буҷети дахлдор аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид намудани андозҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмиро татбиқ менамояд;
- назорати риояи талабот ба таҷҳизоти назоратӣ-хазинавӣ, тартиб ва шартҳои бақайдгирӣ ва истифодаи онро амалӣ менамояд;
- пломбагузорӣ ва (ё) васл намудани таҷхизоти назоратии ҳисобкуниро мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба амал мебарорад;
- аз рӯи тартиби муқарраршуда бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро татбиқ менамояд ();
- аз рӯи тартиби муқарраршуда таҷҳизоти назоратӣ-хазинавиро, ки андозсупррандагон истифода менамоянд, ба қайд мегирад;
- аз рӯи тартиби муқарраршуда барои ташкили анборҳои андозӣ иҷозат медиҳад ва феҳристи онҳоро мебарад;
- аз рӯи тартиби мукарраршуда ба ҳар як андозсупоранда рақами мушаххас медиҳад ва Феҳристи ягонаи давлатии андозсупорандагон, аз он ҷумла Феҳристи супорандагони андоз аз арзиши иловашударо мебарад;
- аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷуброн ё баҳисобгирии маблағҳои зиёдатӣ пардохташуда ё зиёдатӣ ситонидашудаи андозҳо, инчунин фоизҳо ва ҷаримаҳоро татбиқ менамояд;
- мутобиқи тартиби муқарраршуда озмунҳо мегузаронад ва доир ба таҳияи фармоишот барои таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти системаи мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин гузаронидани корҳои илмӣ-татқиқотӣ барои эҳтиёҷоти давлатии соҳаи муқарраршудаи фаъолият, қарордодҳои давлатӣмебандад;
- татбиқи сиёсати давлатии соҳаи муқарраршудаи фаъолиятро таҳлил менамояд;
- таҷрибаи татбиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷамъбаст менамояд;
- дар якҷоягӣ бо мақомоти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда назорати асъорро ба амал мебарорад;
- функсияҳои гиранда ва тақсимкунандаи асосии маблағҳои буҷети ҷумҳуриявиро, ки барои нигоҳ доштани системаи мақомоти андоз ва татбиқи функсияҳои ба зиммаи Кумита ва мақомоти ҳудудии андоз гузошташуда пешбинӣ шудаанд, иҷро менамояд;
- қабули шаҳрвандонро ташкил менамояд, баррасии саривақтӣ ва пурраи муроҷиатҳои шифоҳӣ ва хаттии шаҳрвандон ва андозсупорандагон, доир ба онҳо қабул гаштани қарорҳо ва дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Тоҷикистон ба дархосткунандагон ҷавоб ирсол намуданро таъмин менамояд;
- дар доираи салоҳияти худ ҳифзи маълумоти сирри андоз ё давлатӣ доштаро таъмин менамояд;
- тайёрии мобилизатсионӣ, инчунин назорат ва ҳамоҳангсозии мақомоти ҳудудии андозро доир ба тайёрии мобилизатсионӣ ташкил менамояд;
- тайёрии касбии кормандони системаи мақомоти андоз, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва коромӯзии онҳоро ташкил менамояд;
- аз рӯи тартиби муқарраршуда дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият бо мақомоти давлатии давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳоро оид ба ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, ба ҳисоб гирифтан ва истифода кардани ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар рафти фаъолияти Кумита ва мақомоти ҳудудии андоз ба вуҷуд омадаанд, анҷом медиҳад;
- дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият дигар ваколатҳоро татбиқ менамояд, агар ин гуна ваколатҳо дар қонунҳо, санадҳои меъерии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумқурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошанд;
- амалӣ намудани аудити дохилӣ ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар дастгоҳи марказӣ ва мақомоти ҳудудии андоз ().
6. Кумита бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият ҳуқуқ дорад:
- тадқикот, таҷриба, ташхис, тахлил ва баҳодиҳӣ, инчунин тадқиқоти илмии заруриро доир ба масъалаҳои татбиқи назорат дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият ташкил намояд;
- аз рӯи тартиби муқарраршуда маълумотеро, ки барои қабул намудани қарорҳо доир ба масъалаҳои ба салоҳияти Кумита мансуб дониста шуда заруранд, дархост кунад ва гирад;
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои ба салоҳияти Кумита мансуб дониста шуда шарҳ диҳад;
- фаъолияти мақомоти ҳудудии андоз ва ташкилотҳои системаи Кумитаро назорат намояд;
- мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷишҳои амдоз гузаронад;
- ҳамаи самтҳои фаъолияти мақомоти ҳудудии андозро ҳамоҳанг созад ва роҳбарӣ намояд;
- бо мақсади таъмини саривақтӣ ва пурраи пардохти андозҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳҳо тамоми тадбирҳои маъмурикунонии андозро андешад;
- аз макомоти ҳудудии андоз маълумотеро, ки барои иҷрои вазифаҳо ва функсияҳое, ки ба зиммаи Кумита гузошта шудааст, заруранд, дархост кунад ва гирад;
- фаъолият ва ташкили кори макомоти андозро омӯзад ва тахлил намояд, барои бартараф кардани норасоиҳо ва қоидавайронкуниҳо тадбирҳо андешад, инчунин ҳисоботҳои роҳбарони мақомоти андозро дар бораи ҳолати корҳои назоратӣ-иқтисодӣ гӯш кунад, барои ташкили чунин корҳо ёрии методӣ ва амалӣ расонад ва таҷрибаи мусбии кори онҳоро паҳн намояд;
- аз рӯи тартиби муқарраршуда аз мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии хокимияти давлатӣ, мақомоти андози давлатҳои хориҷӣ, шахсони воқеъӣ ва ҳукуқӣ маълумотеро, ки барои иҷрои вазифаҳо ва функсияҳое, ки ба зиммаи Кумита ва мақомоти ҳудудии андоз гузошта шудааст, заруранд, дархост кунад ва гирад;
- аз рӯи тартиби муқарраршуда вобаста ба масъалаҳои иҷро кардани (накардани) конунгузории андоз аз ҷониби андозсупорандагон ва (ё) агентҳои андоз, аз он ҷумла оид ба истифодаи чораҳои маҷбуран ситонидани андозҳо дар шакли боз доштани амалиёти хароҷотӣ аз рӯи суратҳисобҳои андозсупорандагон дар бонкҳо ва ташкилотҳои дигари молиявӣ-карзӣ, дар бораи ҳабси амволи андозсупорандагон ва аз ҳисобҳои бонкии андозсупорандагон ва дебиторҳои онҳо ситонидани маблағҳои пулӣ, ба судҳо даъво пешниҳод намояд;
- тадбирҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбининамудаи хусусияти маҳдудкунанда ва пешгирикунанда дошта, инчунин санксияҳои бар зидди нагузоштан ё барҳамдиҳии оқибатҳое, ки дар натиҷаи аз ҷониби шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ вайрон намудани талаботи ҳатмӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият, бо мақсади пешгирӣ намудани далелҳои вайрон кардани қонунгузории андоз, андешад;
- нисбати кормандони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани қонунгузории андоз муҷозоти андозӣ ва ҷаримаҳои пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумхурии Тоҷикистон ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифода баранд;
- аз рӯи тартиби муқарраршуда нишонаҳои тафриқа ва мукофотҳои идоравӣ муқаррар намояд ва бо онҳо кормандони мақомоти андозро барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият мукофотонад;
- аз рӯи тартиби муқарраршуда барои ҳалли масъалаҳо дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;
- дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият мақомҳои мушовирӣ ва ташхисӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо, мушовараҳо), аз он ҷумла байнисоҳавӣ, созмон диҳад;
- барои нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият, эълонҳои расмӣ, ҷойгир намудани дигар маводҳо доир ба масъалаҳои ба салохияти Кумита мансуб дониста шуда, аз рӯи тартиби муқарраршуда васоити нашрии ахбори омма таъсис дихад;
- хуқуқҳои дигарро, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумхурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, амалӣ намояд.
Кумита ва мақомоти ҳудудии он ӯҳдадоранд:
- Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, Кодекси андози Ҷумхурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқҳо ва манфиатҳои бо қонун ҳимояшавандаи корхонаҳо, муассиса ва дигар ташкилотҳо, инчунин шаҳрвандонро риоя намоянд;
- татбиқи сиёсати давлатии андозро таъмин намоянд;
- баҳисобгирии пурра ва саривақтии андозсупорандагон, аз ҷумла супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ва объектҳои андозбандӣ, баҳисобгирии андозҳои ҳисобшуда, пардохтшуда ва бақияпулиҳо, назорати ҳисобкунии дуруст, пурра ва саривақтии пардохти андозҳоро ба буҷет таъмин намоянд;
- оид ба воридоти андозҳо ба буҷет хисобот тартиб диҳанд, бахисобгирӣ ва ҳисоботро оид ба маблағҳои имтиёзҳои додашудаи андоз аз рӯи гурӯҳҳои андозсупорандагон, намудҳои андозҳо ва имтиёзҳо, инчунин минтақаҳо таъмин намоянд;
- муҷозоти молиявӣ ва дигар муҷозот, ҷаримаҳо ва фоизҳои пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ намоянд ва сари вақт ситонанд;
- мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ санҷиши андозсупорандагонро гузаронанд;
- ӯҳдадориҳои дигарро, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштаанд, иҷро намоянд.
7. Кумита ҳуқуқ надорад дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият функсияи идоракунии амволи давлатиро, ба ғайр аз холатҳои бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршаванда, татбиқ намояд.
Маҳдудиятҳои бо сархати аввали банди мазкур муқарраршуда ба ваколатҳои Раис доир ба идораи амволе, ки ба Кумита ва мақомоти худудии андоз барои ҳуқуқи идоракунии оперативӣ вобаста аст ва ҳалли масъалаҳои фаъолияти Кумита, дахолат надорад.
Ҳангоми анҷом додани танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият Кумита ҳуқуқ надорад функсия ва ваколатҳоеро, ки қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои меъёрии хуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ пешбинӣ нанамудаанд, муқаррар намояд, инчунин ҳуқуқ надорад нисбат ба татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқи ташкилотҳои гайридавлатии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ маҳдудият муқаррар намояд, ба истиснои холатҳое, ки имконпазирии муайян намудани чунин маҳдудиятҳо мутобиқи санадҳои мақомоти марказии ваколатдори ҳокимияти иҷроия мустақиман дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумхурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, пешбинӣ шудаанд.
III. Ташкили фаъолият
8. Ба Кумита Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - "Раис") роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Раис барои иҷрои ваколатҳо, функсияҳо, вазифаҳо ва ӯҳдадориҳо дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият, ки ба зиммаи Кумита гузошта шудааст, шахсан масъул мебошад.
Раис муовинҳо дорад, ки бо пешниҳоди Раиси Кумита аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
Шумораи муовинони Раисро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
9. Раис ваколатҳои зеринро дорад:
- миёни муовинони худ ва кормандони дигари Кумита вазифаҳоро тақсим менамояд ва барои ташкил ва роҳбарии самтҳои дахлдори фаъолияти Кумита ва иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда дараҷаи масъулияти онҳоро муқаррар менамояд;
- Низомномаҳои мақомоти ҳудудии андоз (раёсатҳои андоз, нозиротҳои андоз) ва воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумитаро тасдиқ менамояд;
- шумораи штатии мақомоти ҳудудии андозро дар доираи шумораи ниҳоии тасдиқшудаи кормандони системаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои муқаррар менамояд;
- кормандони дастгоҳи марказии Кумита, роҳбарони аввал ва дигар шахсони мансабдори мақомоти андозро мувофиқи номгӯи вазифаҳо, ки Раиси Кумита муқаррар намудааст, ба вазифа таин ва аз вазифа озод менамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии муовинони Раиси Кумита ва намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷиро барои тасдиқ пешниҳод менамояд;
- қабули кормандонро ба кор дар системаи мақомоти андоз дар асоси шартнома ва озмун ташкил менамояд, ҷойивазкунии кормандони роҳбарикунандаро дар системаи мақомоти андоз таъмин менамояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳоеро ҳал менамояд, ки ба хизмати давлатӣ дар системаи мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста мебошанд;
- мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағгузории барои давраи дахлдор муқарраршуда, ки дар буҷети ҷумқуриявӣ пешбинӣ шудааст, бастҳои корӣ ва сметаҳои хароҷотро барои таъмини дастгоҳи марказии Кумита ва мақомоти ҳудудии андоз тасдиқ менамояд;
- дар бораи ба Низомномаи мазкур ворид намудани тағйиру иловаҳо, дар бораи шумораи ниҳоии штатии кормандон ва доир ба масъалаҳои ташкили фаъолияти Кумита ва мақомоти ҳудудии андоз ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
- доир ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ дар қисми таъмини молиявии фаъолияти Кумита ва мақомоти ҳудудии андоз ба Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
- дар бораи тасдиқи ҳайати шахсии аъзои мушовараи Кумита, ба истиснои шахсоне, ки ба он аз рӯи вазифа дохил мешаванд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
- аз рӯи тартиби муқарраршуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро доир ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Кумита тааллуқ доранд, пешниҳод менамояд;
- мутобиқи тартиби муқарраршуда дар бораи ташкил, азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии корхонаҳои (ташкилотҳои) системаи Кумита буда ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
- аз рӯи тартиби муқарраршуда фармоишҳо, қарорҳо, дастурамалҳо, тавсияҳои методӣ мебарорад ва иҷрои онҳоро назорат менамояд;
- фармоишҳо, дастурамалҳо ва супоришоти роҳбарони мақомоти поёнии андозро, ки ба Кодекси андози Ҷумхурии Трҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф мебошанд, бекор менамояд;
- салоҳияти роҳбарони мақомоти ҳудудии андоз ва ташкилотҳои системаи Кумитаро оиди мустақилона ҳал намудани масъалаҳои кадрҳо, молиявӣ ва масъалаҳои дигар, муқаррар менамояд;
- аз рӯи тартиби муқарраршуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати кормандони Кумита ва мақомоти ҳудудии андозро барои ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гаштан ва гирифтани унвонҳои фахрӣ пешниҳод менамояд;
- аз рӯи тартиби дар санадҳои меъёрии хуқуқӣ муқарраршуда кормандонро ҳавасманд менамояд, инчунин ба онҳо ҷазои интизомӣ медиҳад;
- аз рӯи тартиби дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршуда Кумитаро дар тамоми мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар намояндагӣ мекунад;
- дигар функсияхо ва салоҳиятҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои дигар ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур муқаррарнамуда, инчунин салоҳиятҳои алоҳидаи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ба ӯ додашударо иҷро менамояд.
10. Воҳиддои сохтории Кумита раёсатҳо оид ба самтҳои асосии фаъолияти Кумита мебошанд. Ба ҳайати раёсатҳо шӯъбаҳо ва бахшҳо дохил мешаванд.
Дар Кумита коллегия (ҳайати мушовара) дар хайати Раиси Кумита (Раиси ҳайати мушовара), муовинони вай (аз рӯи вазифа), сардорони воҳидҳои алоҳидаи дастгоҳи марказии Кумита ташкил мешавад.
Аъзои ҳайати мушовара, ба истиснои ашхосе, ки ба он аз рӯи вазифа дохил мешаванд, бо пешниҳоди Раиси Кумита аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва аз иҷрои вазифаҳои худ озод карда мешаванд.
Ҳайати мушовара дар ҷаласаҳои худ масъалаҳои асосии ташкили кори мақомоти андозро оид ба такмили маъмурияти андоз, афзун гардонидани ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмиро баррасӣ менамояд, масъалаҳои амалан идора кардани фаъолияти мақомоти ҳудудии андоз ва масоили дигарро муҳокима менамояд.
Қарорҳои ҳайати мушовара бо аксари овозҳои аъзои он қабул карда мешаванд, дар протоколҳо ба расмият дароварда шуда, тавассути фармоишҳои Раиси Кумита амалӣ карда мешаванд.
Дар мавриди ихтилофот байни Раиси Кумита ва аъзои ҳайати мушовара Раис қарори худро қабул менамояд, аъзои ҳайати мушовара бошад, метавонанд фикри худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттило диҳанд.
11. Маблағгузории хароҷот барои таъмини дастгоҳи марказии Кумита ва мақомоти маҳалии андоз аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои махсус дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
12. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии андоз шахси ҳуқуқӣ ва дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳо буда, аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегарданд.
13. Маҳали ҷойгиршавии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қаробоев, 42/2 мебошад.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 ноябри соли 2007 № 602
Сохтори Дастгоҳи марказии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати методология ва такмили маъмурияти андоз
Раёсати баҳисобгирии андозсупорандагон, андозҳо ва технологияи иттилоотӣ
Раёсати ташкили бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ()
Раёсати ташкили ҷамъоварии андозҳои мустақим
Раёсати ташкили ҷамъоварии андозҳои ғайримустақим
Раёсати ташкили ҷамъоварии андози иҷтимоӣ
Раёсати ташкили андозбандии соҳибкорони инфиродӣ
Раёсати ташкили назорати андозҳо
Раёсати андозбандии байналмилалӣ
Раёсати аудити дохилӣ
Раёсати ҳуқуқ
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус
Раёсати молиявӣ-хоҷагӣ
Шӯъбаи равобит бо ВАУ ва протокол ().
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Точикистон
аз 28 декабри соли 2006
№ 607 тасдиқ карда шудааст
Нақшаи идоракунии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурин Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Раёсати андоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Раёсати андоз дар вилояти Хатлон
Раёсати андоз дар вилояти Суғд
Расати андоз дар шаҳри Душанбе
Нозироти андози андозсупорандагони калон бо шӯъбаҳояш дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе
Нозиротҳои андоз дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо
Шӯъбаҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон", вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе ()
Бахшҳои бақайдгриии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо ()
Маркази такмили ихтисос
Намояндагиҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ()
Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006
№ 607 тасдиқ карда шудааст
Номгӯи корхонаҳои (ташкилотҳои) системаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Редаксияи рӯзномаи "Боҷу хироҷ"
Редаксияи маҷаллаи "Паёми Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Корхонаи воҳиди давлатии Маркази барномасозии маъмурикунонии андоз()
Ҳоҷагии автомобили Минтақаи истироҳатии "Пугус"
Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ()