Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1998 № 355 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қоидаҳои имлои забони адабии ҳозираи тоҷик"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.10.2011 № 458 аз эътибор соқит дониста шуд.  

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қоидаҳои имлои забони адабии ҳозираи тоҷик

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои имлои забони адабии ҳозираи тоҷик дар таҳрири нав тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).

2. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли таҳсили 1999-2000 барои дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, олӣ ва миёнаи махсус ҷорӣ намудани тағйироту иловаҳои нави Қоидаҳои имлои забони адабии ҳозираи тоҷик чораҳо андешад.

3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри луғатҳои имлоӣ, дастурҳои таълимӣ, асарҳои бадеӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, феҳристи ному насаб ва ҳамчунин асноди меъёриро бо дарназардошти таҳрири нави Қоидаҳои имлои забони адабии ҳозираи тоҷик ба роҳ монад.

4. Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи барномаҳои махсус дар таблиғи Қоидаҳои имлои забони адабии ҳозираи тоҷик саҳм гирифта, тағьироту иловаҳои онро дар фаъолияти коргузориаш риоя намояд.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи буҷети давлатии соли 1999 барои чорабиниҳои ташкилию техникие, ки аз қарори мазкур бармеоянд, дар доираи маблағҳои Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ пешбинӣ намояд.

6. Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 20 апрели соли 1972 № 111 "Дар бораи Қоидаҳои орфографияи забони ҳозираи адабии тоҷик" аз эьтибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон            Э. Раҳмонов

аз 3 сентябри соли 1998 № 355

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2021 № 268 аз эътибор соқит дониста шуд.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли таҳсили 2011-2012 барои дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ ҷори намудани Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ тадбирҳо андешад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

3) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ҳамчунин ташкилоту муассисаҳо ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, нашри фарҳанги имло, дастурҳои таълимӣ, асарҳои бадеӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва ҳамчунин асноди меъёриро бо дарназардошти Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба роҳ монад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

4) Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи барномаҳои махсус Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро таблиғ намояд.

5) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори мазкур дар доираи маблағҳои дар буҷет пешбинишуда чораҳои зарурӣ андешанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

6) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1998, №355 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қоидаҳои имлои забони адабии ҳозираи тоҷик" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

аз 4 октябри соли 2011 № 458

ш. Душанбе