Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.07.2020 № 428 аз эътибор соқит дониста шуд.
Дар бораи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.09.2012 № 499)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 №9 "Дар бораи такмил додани сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (замимаҳои 1,2,3,4) тасдиқ карда шаванд.
2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.09.2012 № 499).
3. Ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки се муовини Раис, аз ҷумла як муовини аввали Раис, ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар ва лимити автомошинаҳои сабукрави хизматӣ барои дастгоҳи марказӣ 4 адад муқаррар карда шавад.
4. Маблағгузории Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи идоракунии он аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
5. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:
доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои соҳавии меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
санадҳои худро ба қарори мазкур мувофиқ намояд.
6. Беэътибор дониста шаванд:
бандҳои 1 - 3 ва 5 қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 1997 № 563 "Масълаҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 1998 № 397 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2006 № 277 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 1997 № 563 "Масълаҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 28 декабри соли 2006 № 610
ш. Душанбе
2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.