Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 1997 № 563 "Масъалаҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 1997 № 563 "Масъалаҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар банди 1 калимаҳои "сохтори замимагардидаи дастгоҳи марказӣ ва нақшаи" ба калимаҳои "Нақшаи замимагардидаи" иваз карда шуда, Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳамин қарор тасдиқ шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
2. Ба банди 1 сархати якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад)".
3. Банди 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муайян карда шавад".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 5 июни соли 2006 № 277
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 июни соли 2006 № 277
тасдиқ шудааст
СОХТОРИ дастгоҳи марказии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Роҳбарият
2 .Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ
3. Раёсати иқтисод ва баҳисобгирии бухгалтерӣ
4. Раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ
5. Шӯъбаи истеҳсолӣ - техникӣ
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 26 декабря 1997 года №563 "Вопросы Комитета по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан"
В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
В постановлении Правительства Республики Таджикистан от 26 декабря 1997 года №563 "Вопросы Комитета по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан" внести следующие изменения и дополнения:
1. В пункте 1 слова "структуру центрального аппарата и" исключить, Структуру управления центрального аппарата Комитета по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденной этим постановлением, признать утратившим силу.
2. Пункт 1 дополнить абзацем первым следующего содержания: "Утвердить структуру центрального аппарата Комитета по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан в новой редакции (прилагается)".
3. Пункт 2 изложить в следующей редакции:
"Установить предельную численность работников центрального аппарата Комитета по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан в количестве 32 единиц (без обслуживающего персонала)".
от 5 июня 2006 года №277
ш.Душанбе
Утверждена
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от "5" июня 2006 года № 277
Структура центрального аппарата Комитета по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан
1. Руководство
2. Управление по координации программ и международным отношениям
3. Управление экономики и бухгалтерского учёта
4. Управление по учёту кадров, правогого обеспечения и делопроизводству
5. Производственно - технический отдел