Низомномаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 609

Санаи амалкуни: 11.07.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.05.2017 № 257 аз эътибор соқит дониста шуд.

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 609

тасдиқ шудааст

Низомномаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2009 № 320, аз 2.07.2009 № 396, аз 2.07.2009 № 398, аз 28.07.2009 № 438, аз 2.08.2010 № 397, аз 12.09.2012 № 484, аз 11.07.2015 № 465)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия дар соҳаи сиёсати ҷавонон, варзиш ва туризм буда, функсияҳо оид ба таҳияи сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҷавонон, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва туризмро анҷом медиҳад.

2. Кумита ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти марказҳо, муассисаҳо, таълимгоҳҳо ва дигар ташкилотҳои системаи онро анҷом медиҳад.

3. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи туризм", дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президеити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалин эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

4. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

II. Ваколатҳо

5. Кумита дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ваколатҳои зайл дорад:

- лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меьёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳое, ки тибқи онҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо мегардад, оид ба масъалаҳои марбути соҳаи фаъолияии кумита, ки банди 1 ин Низомнома муқаррар намудааст ва соҳаи фаьолияти ташкилотҳои системаи он, инчунин лоиҳаи нақшаи кор ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти Кумитаро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд:

- фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идораҳо ва ҳамоҳангсозии байнисоҳавиро дар соҳаи сиёсати ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва туризм ҳамоҳанг менамояд;

- ба таъсиси заминаи қонунгузорӣ, меъёрӣ ва ҳуқуқӣ, таҳияи муқаррароти асосии сиёсати давлат нисбати ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ, варзиш, туризм ва татбиқи онҳо мусоидат менамояд;

- самтҳои асосиро муайян менамояд, барномаҳои дурнамо, ҷорӣ ва мақсаднокро оид ба масъалаҳои мурбути салоҳияти Кумита таҳия ва татбиқ менамояд;

- захираҳои кадрҳои роҳбарикунандаро дар системаи Кумита таъсис медиҳад;

- пешбурди оморро оид ба масъалаҳои марбути салоҳияти Кумита анҷом медиҳад;

- ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалиро анҷом медиҳад, тибқи тартиби муқарраргардида дар таҳия ва татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ ва байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои марбути салоҳияти Кумита иштирок менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида фестивалҳо, конференсияҳо, форумҳо, мусобиқаҳо, ҷамъомадҳои таълимӣ-варзишӣ, экспедитсияҳои варзишӣ-туристӣ ва кӯҳнавардӣ, ярмаркаҳо ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ, байниминтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ мегузаронад;

- тибқи тартиби муқарраргардида корҳоро оид ба ҷалби инвеститсияҳо барои рушди соҳаҳои марбути салоҳияти Кумита анҷом медиҳад;

- ба рушди тарбияи ҷисмонӣ, ватанпарастӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии (маънавии) ҷавонон, таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ, ягонагӣ ва муттаҳидии ҷавонони кишвар мусоидат менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида барои баланд бардоштани ҳисси ватанпарастӣ ва таблиғи тарзи солими ҳаёт, ғояҳои Ҳаракати олимпӣ, мавзеҳои тамошобоб ва захираҳои туристӣ фаьолияти рекламавӣ- иттилоотӣ ташкил менамояд;

- бо федератсияҳо, ассотсиатсияҳои варзишӣ, ташкилотҳои ҷамъмятии самти тарбияи ҷисмонию варзишӣ ва туристӣ ва бо ташкилотҳои сиёсию ҷамъиятӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ҳамкорӣ менамояд;

- ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ манфиатҳо ва дархостҳои ташкилотҳои ҷавононро ба инобат мегирад;

- дар таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба фароҳам овардани шароит барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, ошкор намудан ва татбиқи иқтидорҳои он, мутобиқсозии он ба ҳаёти мустақилона, ҳифзи манфиатҳои қонунӣ ва ҳуқуққои ҷанонони кишвар иштирок менамояд;

- дар иртибот бо Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаьолият менамояд, ба рушди барномаи Ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунад;

- роҳбарии ташкилӣ ва методии рушди тарбияи ҷисмонии аҳолӣ ва тайёр намудани варзишгарони дорои дараҷаи баландро анҷом медиҳад, дар мавриди зарурат, ваколатҳои худро оид ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба феднратсияҳо, ассотсиатсияҳо, иттиҳодияҳо, ҷамъиятҳо, созмонҳо, дигар ташкилотҳои ҷамъияти самти тарбияи ҷисмонию варзиш медиҳад;

- нақшаҳои ягонаи тақвимиро дар самти тарбияи ҷисмонию варзишӣ ва солимгардонӣ тасдиқ менамояд, чорабиниҳои тарбияи ҷисмонию варзишро, ки идораю ташкилотҳо баргузор менамоянд, ҳамоҳанг месозад;

- қоидаҳои мусобиқаҳо ва ҷамъомадҳои варзишӣ, додани дараҷаҳои тахассусӣ ва варзишӣ, ҳуҷҷатҳои барномавӣ-методӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои самти таълимӣ-варзишӣ ва тарбияи ҷисмониро тасдиқ менамояд, шаклҳои гузаронидани чорабиниҳои тарбияи ҷисмонию варзиширо муайян мекунад;

- дастаҳои мунтахаби миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тайёр менамояд ва дар ин кор кӯмак мерасонад, иштироки онҳоро дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, Европа, Осиёи Марказӣ, осиёӣ ва Бозиҳои олимпӣ, дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ, вохӯриҳои барои гирифтани ҷомҳо якҷоя бо Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

- рекордҳо ва дастовардҳоро оид ба намудҳои варзиш ба қайд мегирад;

- доир ба тартиби воридот ва содироти хизматрасониҳои туристӣ пеншиҳодҳо таҳия менамояд;

- оид ба тарифҳои ягона барои фатҳи қуллаҳои кӯҳҳо, пардохтҳо барои наҷотдиҳӣ дар кӯҳҳо ва пардохти экологӣ пешниҳодҳо таҳия менамояд;

- пешниҳодҳоро доир ба тартиби истифодаи захираҳои туризм ва ҷуброни зарари бо он расонидашуда таҳия намуда, меъёрҳои мутаносибан баробарро байни субъектҳои фаъолияти туристӣ барои боздид аз объектҳои туристию саёҳатии ба Кадастри захираҳои туристӣ дохилбуда, ки ба зарурати нигоҳдории онҳо аз вайроншавӣ иртибот доранд, таъмин менамояд;

- доир ба тартиби иҷозатномадиҳӣ (литсензиядиҳӣ) ба фаъолияти туристӣ пешнмходҳо таҳияи менамояд ва тибқи тартиби муқарраргардида иҷозатномадиҳии (литсензиядиҳии) фаъолияти туристиро анҷом медиҳад;

- доир ба тартиби сертификатсияи молҳо ва хизматрасониҳои тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва фаъолияти туристӣ пешниҳодҳо таҳия менамояд;

- меьёрҳо таҳия намуда, дар мувофиқа бо мақомоти марбутаи давлатӣ стандартҳои давлатии таҷҳизоту лавозимот, иншоотҳои варзишӣ, аз ҷумла хизматрасонии сайёҳонро дар ҷумҳурӣ муқаррар мекунад;

- тибқи тартиби муқарраргардида дар хориҷа оид ба туризм намояндагиҳо таъсис медиҳад;

- назорати хизматрасонии сифатнокро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, туризм, инчунин воридшавӣ ва хориҷшавии сайёҳон анҷом медиҳад;

- дар доираи маблағҳои мавҷуда, дар мувофиқа бо мақомоти манфиатдор, меъёрҳои хароҷоти пӯшоки варзишӣ, таҷҳизот, ғизо ва таъминоти моддию техникии варзишгарон ва мураббиён-омӯзгоронро тасдиқ менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида якҷоя бо идораю ташкилотҳои варзишии манфиатдор лотерея, музоядаҳои варзншӣ мегузаронад, шартҳои гузаронидани онҳоро тасдиқ мекунад;

- манфиатҳои-иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайраи варзишгарони касбӣ, мураббиён-омӯзгорон ва дигар мутахассисони соҳаро намояндагӣ менамояд, ба ташкили истироҳат мусоидат мекунад, ба саломатии варзишгарон, ветнранҳои варзиш, дигар кормандони соҳа ғамхорӣ менамояд.

Дар асос ва бо мақсади иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилола санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ қабул мекунад ва вазифаҳои зеринро иҷро мснамояд:

- тибқи тартиби муқарраргардида озмунҳо мегузаронад ва қарордодҳои давлатӣ оид ба ҷойгиронии фармоишҳо барои таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти Кумита, инчунин оид ба гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ба имзо мерасонад;

- таҳлили татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият анҷом медиҳад;

- санҷиш ва таҳлили татбиқи санадҳои меъсрии хуқуқиро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти анҷом медиҳад ва дар мавриди зарурат ин функсияҳоро ба ташкилотҳои системаи Кумита вогузор менамояд;

- функсияҳои ихтиёрдор ва гирандаи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявиро, ки барои таъминоти Кумита ва амалӣ намудани функсияҳои ба зиммаи Кумита вогузоргадида пешбинӣ гардидаанд, анҷом медиҳад;

- қабули шаҳрвандонро ташкил менамояд, саривақт ва пурра баррасӣ гардидани муроҷиатҳои шифоҳӣ ва хаттии шаҳрвандон, дар асоси онҳо қабул гардидаан қарорҳо ва ба арнзадиҳандагон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлаташ фиристода шудани ҷавобҳоро таъмин мекунад;

- дар доираи салоҳияти худ ҳифзи маълумотҳои дорои сирри давлатиро таъмин менамояд;

- омодагии касбии кормандони Кумита, бозомӯзӣ, баланд бардоштани тахассус ва таҷрибаомӯзии онҳоро ташкил менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида бо мақомоти ҳокимияти давлатии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳамкорӣ менамояд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамьоварӣ, нигаҳдошт, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти Кумита ташаккул ёфтаанд;

- дигар ваколатҳоро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият анҷом медиҳад, ва инчунин ваколатҳо бо қонунҳо, санадҳои меъёрии хуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини гардида бошанд.

6. Кумита бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ дорад:

- тибқи тартиби муқарраргардида аз мақомоти идоракунанда, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ маълумотеро, ки барои қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияти Кумита қарордошта заруранд, дархост намояд ва ба даст орад;

- тибқи тартиби мукарраргардида нишонҳои соҳавии хизмати шоиста, мукофотҳо таъсис намояд, кормандон ва шаҳрвандонро барои дастовардҳои бузург дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият бо онҳо сарфароз гардонад;

- тибқи тартиби муқарраргардида барои ҳалли масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ, дигар ташкилотҳо, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;

- мақомоти ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва экспертӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо), коллективҳои эҷодӣ ва меҳнатиро барои татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои мушаххас дар соҳаи марбути салоҳияти Кумита таъсис диҳад;

- дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои системаи Кумитаро таъсис диҳад, аз нав ташкил ва барҳам диҳад, инчунии ҳаммуассиси марказҳо, муассисаҳо, таълимгоҳҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки фаъолияташон ба ҳалли проблемаҳои ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва туризм нигаронида шудааст, бошад;

- тибқи тартиби муқарраргардида барои нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва интишори иттилоот дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, ҷойгиронии эълонҳои расмӣ, дигар мавод оид ба масъалаҳои марбути салоҳияги Кумита ва ташкилотҳои система нашрияҳо ва воситаҳои ахбори омма таъсис диҳад.

7. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ ҳуқуқ надорад функсияҳои назорат ва функсияи идораи амволи давлатиро анҷом диҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки фармонҳои Президенти Ҷумҳурим Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

Маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи сархати 1 ҳамин банд ба ваколатҳои Раис оид ба идораи амволи давлатӣ, ки ба Кумита бо ҳуқуқи идораи оперативӣ дода шудааст, ҳалли масалаҳои кадрӣ ва масьалҳои ташкили фаъолияти Кумита татбиқ намегардад.

Ҳангоми таизими ҳуқуқии фаъолият Кумита ҳуқуқ надорад функсия ва ваколатҳоеро муқаррар намояд, ки қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ пешбинӣ нанамудаанд, инчунин ҳуқуқ надорад нисбат ба татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳукуқи ташкилотҳои ғайридавлатии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ маҳдудият муқаррар намояд, ба истиснои ҳолатхое, ки имконпазирии муайян намудани чунин маҳдудиятҳо мутобиқи санадҳои мақомоти марказии ваколатдори ҳокимияти иҷроия мустақиман дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

III. Ташкили фаъолият

8. Кумитаро Раис роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Раис барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

Раис муовинон, аз ҷумла муовини аввал дорад, ки аз ҷоииби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Теъдоди муовинони Раисро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

9. Воҳидҳои сохтории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раёсатҳо оид ба самтҳои асосии фаьолияти Кумита, шӯбаҳо ва бахшҳо иборат мебошанд. Ба таркиби раёсатҳо шӯьбаҳо ва бахшҳо шомиланд, ки тибқи тартиби муқарраргардида бо фармонҳои Раиси Кумита таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешаванд.

10. Раис:

- байни муовиноии худ вазнфаҳоро тақсим мекунад;

- низомномаи воҳидҳои сохтории Кумитаро тасдиқ менамояд;

- кормандони кумита ва воҳидҳои ташккилотҳои системаи Кумитаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- тибқитартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Кумита ҳал менамояд;

- сохтор ва ҷадвали штатии Кумитаро дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва сметаи хароҷоти нигаҳдошти Кумитаро дар доираи маблағгузорӣ ки барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст, тасдиқ мекунанд;

- нақшаи кори ҳарсола ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти ташкилотҳои системаи Кумита ва дигар ташкилотҳо, инчунин ҳисобот оид ба иҷрои онҳоро тасдиқ менамояд;

- бо пешниҳоди роҳбарон ташкилотҳои системаи Кумита лоиҳаҳои низомномаҳо, шумораи ниҳоии штатии ташкилотҳои система ва фонди музди меҳнати кормандони онро тасдиқ менамояд;

- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистоп оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ дар қнсми таъмнни молиявии фаъолмяти Кумита ва ташкилотҳои системам Кумита гсшниҳод манзур медорад;

- дар доираи ваколаҳои муқарраргардида ба ташкилотҳо системаи Кумита супориш медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат мскунад;

- қарорҳои ташкилотҳои системаи Кумитаро, ки хилофи қонунгузорӣ мебошаид, агар қонун тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад, бекор мекунад;

- бо пешниҳоди роҳбарони ташкилотҳои системаи Кумита муовинони онҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Кумита, ташкилотҳои системаи Кумита, дигар шахсонеро, ки дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият корҳоро анҷом медиҳанд, барои сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташ дар ҳолати иҷро нагардидани вазифаю ӯҳдадориҳо, интизоми меҳлат метавонад нисбати кормандони Кумита ва ташкилотҳои системаи худ чораҳо андешад;

- санадҳои меъёрии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шакли фармоиш мебарорад ва вобаста ба масъалҳои оперативӣ ва дигар масъалаҳои ҷории Кумита бошад, фармонҳои дорои хусусияти ғайримеъёрӣ мебарорад.

11. Дар Кумита Ҳайати мушовара дар ҳайати Раиси Кумита (Раиси Ҳайати мушовара) муовинони он (аз рӯи вазифа) ташкил карда мешавад.

Ба Ҳайати мушовара метавонанд кормандони роҳбарикунандаи Кумитата, ташкилотҳои системаи Кумита, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон ва кӯдакон дохил шаванд.

Аъзои Ҳайати мушовара ба истиснои Раис ва муоаинони, ки мувофиқи вазифа дохил шудаанд, бо пешниҳоди Раиси Кумита аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Ҳайати мушовара масъалаҳои муҳими вобаста ба фаъолияти Кумитаро барасӣ менамояд. Қарори Ҳайати мушовара бо қарор ба расмият дароварда мешавад.

12. Маблағгузории хароҷоти нигаҳдошти Кумита аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои махсус дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

13. Маблағгузории хароҷоти чорабиниҳои Кумита аз ҳисоби маблағҳои барномаҳои соҳавӣ ва маблағҳое, ки ҳар сол дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ мегарданд, анҷом дода мешавад.

14. Кумита шахси ҳуқуқи буда, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ном бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳр ва штампҳои намунаи муқарраргардида мебошад ва аз суритҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

15. Суроғаи ҳуқуқии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 112 мебошад.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 609

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.09.2012 № 484)

Роҳбарият

Раёсати кор бо ҷавонон

Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш

Раёсати рушди туризм

Шӯъбаи муносибатҳои байналмилалӣ

Шӯъбаи молия ва ҳисобдорӣ

Шӯъбаи умумӣ ва назорат

Бахши кор бо кадрҳо

Бахши таъминоти ҳуқуқӣ

Бахши хоҷагидорӣ

Бахши таҳлилу иттилоот (қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.09.2012 № 484)

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 609

тасдиқ шудааст

НАҚШАИ идоракунии Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе

Шӯъбаҳо ва бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳо

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 609

тасдиқ шудааст

НОМГӯИ ташкилотҳои системаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон" ва "Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон"

Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин"

Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои риштаҳои амалӣ"

Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук"

Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол"

Муассисаи давлатии "Мактаби махсус кӯдакону наврасон оид ба теннис"

Муассисаи давлатии "Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои зимистонаи варзиш"

Муассисаи давлатии "Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ ба номи Иброҳим Ҳасанов" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.08.2010 № 397)

Муассисаи давлатии "Маркази таъминоти варзишӣ"

Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии нақлиётӣ" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2009 № 398)

Муассисаи давлатии "Хонаи ҷумҳуриявии методӣ"

Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии махсуси намудҳои варзиши обӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2009 № 396)

Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таэквон-до" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 11.07.2015 № 465).

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон "Ориёно"

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон"

Корхонаи воҳиди давлатии "Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ"

Корхонаи воҳиди давлатии "Сайёҳ"

хорич карда шуд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2009 № 396)

Корхонаи воҳиди давлатии "Меҳмонхонаи "Варзиш"

Корхонаи воҳиди давлатии "Клуби соҳибкорони ҷавон"

Корхонаи воҳиди давлатии "Биржаи меҳнатии ҷавонон"

Корхонаҳои воҳиди давлатии марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳо Идораи рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон"

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 609

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2009 № 320, аз 2.07.2009 № 396, аз 2.07.2009 № 398, аз 28.07.2009 № 438, аз 2.08.2010 № 397)

СОХТОРИ дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Раёсати кор бо ҷавонон

Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш

Раёсати рушди сайёҳи

Шӯъбаи муносибатҳои байналмилалӣ

Шӯъбаи молия ва ҳисобдорӣ

Шӯъбаи умумӣ ва назорат

Шӯъбаи кор бо кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ

Шӯъбаи ташкилӣ ва хоҷагидорӣ

Бахши иттилоотию таҳлилӣ

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 609

тасдиқ шудааст

НАҚШАИ идоракунии Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе

Шӯъбаҳо ва бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳо

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 609

тасдиқ шудааст

НОМГӯИ ташкилотҳои системаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон" ва "Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон"

Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин"

Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои риштаҳои амалӣ"

Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук"

Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол"

Муассисаи давлатии "Мактаби махсус кӯдакону наврасон оид ба теннис"

Муассисаи давлатии "Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои зимистонаи варзиш"

Муассисаи давлатии "Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ ба номи Иброҳим Ҳасанов" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.08.2010 № 397)

Муассисаи давлатии "Маркази таъминоти варзишӣ"

Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии нақлиётӣ" (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2009 № 398)

Муассисаи давлатии "Хонаи ҷумҳуриявии методӣ"

Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии махсуси намудҳои варзиши обӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2009 № 396)

Муассисаи давлатии "Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба таэквон-до (ИТФ) (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2009 № 320).