Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 609 "Дар бораи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 12.09.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.05.2017 № 257 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2007 № 395, аз 12.09.2012 № 484)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон карор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ, Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3,4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мазди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 280 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 48 воҳид муқаррар карда шавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2007 № 395, аз 12.09.2012 № 484).

3. Маблағгузории дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дар Нақшаи идоракунии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.

4. Ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 муовинони Раис, аз ҷумла як муовини аввали Раис ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар муқаррар карда шавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2007 № 395).

5. Барои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурми Тоҷикистон лимити автомошинаҳои хизматӣ ба миқдори 9 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 5 адад муқаррар карда шавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2007 № 395).

6. Аз эътибор соқит дониста шавад:

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 1995 № 358 "Масъалаҳои Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 1997 № 414 "Масъалаҳои Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006 № 253 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 1997 № 414";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006 № 322 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 1995 № 358 "Масъалаҳои Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон       Э. Раҳмонов

аз 28 декабри соли 2006 № 609

 ш. Душанбе

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 27 мая 2017 года, №257

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Комитете по делам молодежи, спорту и туризму при Правительстве Республики Таджикистан

(в редакции Пост.Правительства РТ от 03.08.2007г.№395,от 12.09.2012г. №484)

В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и в целях исполнения Указа Президента Республики Таджикистан 30 ноября 2006 года №9 "О совершенствования структур центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Положение, Структуру центрального аппарата, Схему управления, Перечень подведомственных организаций системы Комитета по делам молодежи, спорту и туризму при Правительстве Республики Таджикистан (приложения 1,2,3,4).

2. Установить предельную численность работников Комитета по делам молодежи, спорту и туризму при Правительстве Республики Таджикистан в количестве 280 единиц (без обслуживающего персонала), в том числе центрального аппарата в количестве 48 единиц (в редакции Пост.Правительства РТ от 03.08.2007г.№395, от 12.09.2012г. №484).

3. Финансирование центрального аппарата Комитета по делам молодежи, спорту и туризму при Правительстве Республики Таджикистан, органов указанных в Схеме управления Комитета по делам молодежи, спорту и туризму при Правительстве Республики Таджикистан осуществить за счет средств республиканского бюджета.

4. Разрешить Комитету по делам молодежи, спорту и туризму при Правительстве Республики Таджикистан 4 заместителя Председателя, в том числе одного первого заместителя Председателя и членов коллегии из 7 единиц (в редакции Пост.Правительства РТ от 03.08.2007г.№395).

5. Комитету по делам молодежи, спорту и туризму при Правительстве Республики Таджикистан определить, лимит служебных автомашин в количестве 9 единиц, в том числе 5 единицу для центрального аппарата (в редакции Пост.Правительства РТ от 03.08.2007г.№395).

6. Считать утратившими силу:

- постановление Правительства Республики Таджикистан от 24 мая 1995 года №358 "Вопросы Комитета по делам физической культуры и спорта при Правительстве Республики Таджикистан";

- постановление Правительства Республики Таджикистан от 4 сентября 1997 года №414 "Вопросы Комитета по делам молодежи при Правительстве Республики Таджикистан";

- постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 июня 2006 года №253 "О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 4 сентября 1997 года №414";

- постановление Правительства Республики Таджикистан от 4 июля 2006 года №322 "О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 24 мая 1995 года №358 "Вопросы Комитета по делам физической культуры и спорта при Правительстве Республики Таджикистан".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                      Э. Рахмонов

от 28 декабри 2006 года №609

 г. Душанбе