Замимаи 1
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 600
тасдиқ шудааст
Низомномаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.07 № 518, аз 30.11.2007 № 603, аз 17.01.2008 № 12, аз 29.04.2009 № 275, аз 2.07.2009 № 402, аз 31.08.2012 № 472, аз 02.07.2013 № 300)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Вазорат) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи меҳнат, шуғл, таълими калонсолон, муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ анҷом медиҳад ().
2. Вазорат фаъолияти мақомоти дар нақшаи идоракунӣ муаняншуда ва ташкилотҳои системаи худро ҳамоҳанг ва назорат менамояд.
З. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷнкистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомиомаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
4. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳалии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.
II. Ваколатҳо
5. Вазорат дар соҳаи муқарраргардида впколатҳои зеринро амалӣ менамояд:
- лоиҳаҳои қонунҳо ва санадҳои меъеёии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи меҳнат, шуғл, шарикии иҷтимоӣ, таълими калонсолон, муҳоҷират, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки барои онҳо қабули қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда мешавад, инчунин нақшаи корӣ ва нишондиҳандаҳои дурнаморо оид ба фаъолияти вазорат таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
-тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро дар соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолият амалӣ менамояд ():
а) дар соҳаи рушди муносибатҳои меҳнатию иҷтимоӣ:
- дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор оид ба самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳодҳо таҳия менамояд;
- вазъи сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳуриро меомӯзад, таҳлил ва арзёбӣ мекунад;
- дар асоси ташаккули сиёсати дахлдор оид ба даромадҳо барои мӯътадилӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ чорабиниҳо таҳия менамояд;
- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор пешниҳодҳоро оид ба андозаи ҳадди ақали музди меҳнат, нафақа, инчунин андозаи кӯмакпулиҳо, стипендияҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ омода мекунад;
- оид ба такмили системаи кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, ҷубронпулиҳо, имтиёзҳо, инчунин барои ҳимояи даромадҳои аҳолӣ аз таваррум ба Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ирсол менамояд;
- оид ба муайян намудани меьёрҳои камбизоатӣ, ҳисоби андозаи ҳадди ақали зисти гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоию демографии аҳолӣ тавсияҳои методӣ таҳия намуда, ҳисоби он, ташхиси ҳисоби ҳадди ақали зиндагиро, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузаронида мешаванд, анҷом медиҳад;
- дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори идораи давлати оид ба такмили системаи шарикии иҷтимои пешниҳодҳо омода намуда, роҳбарии методиро оид ба бастани созишномаҳои минтақавӣ, соҳавӣ (байнисоҳавӣ), шартномаҳои коллективӣ анҷом медиҳад ва ба танзими баҳсҳои меҳнатии коллективӣ вобаста ба масъаллаҳое, ки ба салоҳияти Вазорат дахл доранд, мусоидат мекунад;
- таснифгари умумидавлатии касбҳои коргарон ва мансабҳои кормандонро бо тартиби муқарраргардида таҳия намуда, барои тасдиқ ба Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- созишномаҳои минтақавӣ ва соҳавӣ (тарифӣ)-ро оид ба муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва меҳнатӣ сабти ном мекунад, назорати иҷрои онҳоро таъмин менамояд;
- дар омода намудани лоиҳаи Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон ва намояндагони кормандон иштирок намуда, ба нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи ҳамин созишнома пешниҳодот таҳия менамояд.
б) дар соҳаи пардохти музди меҳнат:
- оид ба такмили системаи пардохти музди меҳнати кормандон дар доираи созишномаҳои тарифӣ ва шартномаҳои коллективӣ пешниҳодҳо таҳия месозад;
- тарификатсияи корҳо, касбҳо ва вазифаҳоро анҷом медиҳад, заминаи меъёрии ҳуқуқии меъёрбандӣ ва пардохти музди меҳнатро таҳия менамояд;
- бо дарназардошти омилҳои табиию иқлимӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ оид ба такмили танзими минтақавии пардохти музди меҳнат, системаи имтиёзҳо ва ҷубронпулиҳо пешниҳодҳо таҳия менамояд;
- меъёрҳои меҳнат, маълумотномаи ягонаи тарифию тахассусии корҳо ва касбҳо, маълумотномаи тахассусии мансабҳои кормандон таснифгари касбҳои коргарон ва мансабҳои кормандон, дастурамалҳо, тавзеҳот, тавсияҳо оид ба масъалаҳои ташкил, меъёрбандӣ ва пардохти музди меҳнатро тасдиқ мекунад;
- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки мақомоти манфиатдори идораи давлатӣ оид ба таҳия ва татбиқи чорабиниҳо ҷиҳати такмили системаи пардохти музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷетӣ, инчунин таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда таклифҳо пешниҳод менамояд;
- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо пешниҳоди мақомоти идораи давлатӣ андозаҳои меъёрҳои тарифи ва маошҳои расмиро барои вазифаҳо ва табақаҳои алоҳидаи кормандони муассисаҳои буҷетӣ, мутобиқи шартҳои пардохти музди меҳнати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд;
- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мсъёрҳои ҳадди ақал ва тартиби ҷуброни хароҷотро ҳангоми сафарбар намудани кормандон ба иҷрои корҳои васлу танзим ва сохтмонӣ, ба курсҳои такмили ихтисос, инчунин корҳои хусусияти сайёр ва сафаридошта, иҷрои корҳои вахтавӣ, саҳроӣ ва корҳои доимӣ дар сафар муқаррар месозад;
- шартҳои пардохти музди меҳнати кормандонеро, ки ба иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда машғуланд, муқаррар менамояд;
- дар мувофиқа бо вазорату идораҳо номгӯи истеҳсолот, корҳо, касбҳо ва вазифаҳои дорои шароити зарарноки меҳнат, ки ба рӯзи кӯтоҳи корӣ, рухсатии ҳарсола, бе пул гирифгани хӯрокаи тиббию профилактикӣ ҳуқуқ медиҳанд, таҳия месозад;
в) дар соҳаи бехатарӣ ва шароити меҳнат:
- идоракунии давлатии бехатарии меҳнатро анҷом дода, фаъолияти вазорату идораҳоро дар ин соҳа ҳамоҳанг месозад;
- қоидаҳои байнисоҳавӣ ва санадҳои ташкилию методии бехатарии меҳнатро таҳия ва қабул менамояд;
- якҷоя бо вазорату идираҳои дахлдор таҳияи барномаҳои миллӣ ва минтақавиро оид ба беҳсозии шароити меҳнат ва бехатарии он ташкил менамояд;
- дар мувофиқа бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба номгӯи корҳои вазнин ва корҳо дар шароити зарарноку хатарнок, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон ва шахсони ба синни 18 нарасида манъ аст, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур медорад;
- якҷоя бо мақомоти давлатии омор намунаҳои ҳисоботи оморӣ давлатии нишондиҳандаҳои шароит ва бехатарии меҳнат, ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбиро таҳия ва қабул менамояд;
- тартиби гузаронидани санҷиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбиро таҳия менамояд;
- меъёрҳои намунавии соҳавии ба кормандон додани сару либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати фардиро таҳия менамояд;
- тартиби ба кормандон додани имтиёзҳо барои шароити вазнин, зарарнок ва хавфноки меҳнат, инчунин тартиби бо сару либос ва пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати фарди таьмин намудани кормандонро муайян мекунад;
- қоидаҳо ва меъёрҳоро оид ба бехатарии меҳнат, инчунин талаботи ташкилию методӣ ва умумитехникиро барои анҷом додани корҳо вобаста ба бехатарии меҳнат тасдиқ мекунад;
- оид ба такмили шароит ва бехатарии меҳнат, танзими давлатии вақти корӣ ва вақти истироҳат барои табақаҳои алоҳидаи кормандон пешниҳодҳо таҳия менамояд.
г) дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа:
- оид ба рушд ва такмили системаи суғуртаи давлатии иҷтимоии ҳатмӣ ва ихтиёрӣ пешниҳод таҳия менамояд;
- оид ба ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини нафақа пешниҳодҳо таҳия менамояд;
- таъин, бозҳисобӣ, пардохти нафақаҳо ва кӯмакпулиҳои давлатии иҷтимоӣ, назорати дурустӣ ва роҳбарии методии онҳоро анҷом медиҳад ();
- мутобиқи буҷети тасдиқгардида маблағгузории хароҷоти пардохти нафақаҳо, кӯмакпулиҳо ва амалӣ намудани сиёсати шуғл, инчунин ҷуброни хароҷоти корхона ва дигар ташкилотҳоро дар пардохти нафақаҳо ва кӯмакпулиҳо таъмин менамояд;
- дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор роҷеъ ба гарифҳои пардохтҳои суғуртавӣ барои корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ва субъектҳои хоҷагидорӣ ҳамаи шаклҳои моликият пешниҳодҳо таҳия карда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамояд;
- оид ба такмили таъмини нафақа вобаста ба шароити махсуси меҳнат пешниҳодҳо таҳия намуда, ташкили назорати дурустии татбиқи номгӯи корҳоеро (ихтисос ва мансабҳоро), ки ҳангоми иҷрои онҳо нафақа аз синну соли муайяншуда барвақттар таъин мегардад, анҷом медиҳад;
- дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба таъсиси системаҳои ғайридавлатии таьминоти нафақа ширкат варзида, ба рушди минбаъдаи он мусоидат менамояд;
- махзани маълумотро оид ба нафақахӯрон таъсис медиҳад ва амалӣ менамояд ().
д) дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ:
- оид ба ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии оила, занон ва кӯдакон, пиронсолон, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва маъюбон пешниҳодҳо таҳия намуда, онҳоро дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ менамояд;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии дастгирии иҷтимоии ин табақаи шаҳрвандонро ҳамоҳанг месозад ва таҳти назорат қарор медиҳад;
- оид ба фароҳамоварии шароит барои мутобиқшавии иҷтимоӣ ва ба ҷомеа ҳамроҳ шудани шахсоне, ки имконияти маҳдуд доранд, аз ҷумла кӯдакони маъюб, чорабиниҳоро таҳия ва татбиқ менамояд;
- оид ба таъсис ва рушди хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, системаи давлатии тавонбахшии маъюбон, таъмин намудани онҳо бо маснуоти протезию ортопедӣ ва доир ба гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ роҷеъ ба масьалаҳои маъюбӣ ва пешгирии он санадҳои дахлдор таҳия менамояд;
- ба шаҳрвандон додани имтиёз ва афзалиятҳоро ҳангоми таъмини узвҳои ориятӣ назорат мекунад, ба афзоиши истеҳсол ва такмили технологияи истеҳсоли маснуоти протезию ортопедӣ, рушди муассисаҳои дорои шаклҳои гуногуни моликият оид ба истеҳсоли маснуоти протезию ортопедӣ ва воситаҳои махсуси ҳаракат мусоидат менамояд;
- номгӯи вазифаҳо ва касбҳоеро, ки барои шуғли маъюбон афзалият доранд, инчунин номгӯи маҳсулот ва хизматрасониҳое, ки иҷрои онҳо барои ҷамъиятҳои маъюбон, корхонаҳои назди онҳо афзалиятдоштаро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- якҷоя бо мақомоти идораи давлатӣ ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъсис ва рушди шабакаи давлатии хадамоти махсусгардонидашудаи минтақавӣ, маҳаллӣ ва дигар хадамоти иҷтимоӣ, аз он ҷумла муассисаҳои статсионарӣ ва хизматрасонии иҷтимоии аҳолиро ташкил намуда, ҳамоҳангсозии фаъолият ва таъминоти методии онҳоро анҷом дода, стадартҳои хизматрасонии иҷтимоии аҳолиро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон, нобиноён, кару гунгҳо ва собиқадорони ҷанг ва меҳнатро ҳамоҳанг месозад;
е) Хорич карда шуд ().
ё) дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ:
- фаьолияти мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияро дар соҳаи муҳоҷирати дохилӣ ҳамоҳанг месозад;
- якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор оид ба ташаккули сиёсати давлатии муҳоҷират ва таҳияи барномаҳои дахлдор оид ба масъалаҳои муҳоҷиратро таҳия намуда, корҳоро ҷиҳати татбиқи онҳо ташкил ва ҳамоҳанг месозад;
- масъалаҳои муҳоҷирати экологӣ аз минтақаҳои экзогенӣ ба ҷойҳои бехавф, аз ҷумла ихтиёран аз маҳалҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ, ноҳияҳои сераҳолӣ ва камзамин ба ноҳияҳои дорои захираҳои кофии замин кӯчонидани хоҷагиҳоро ҳал мекунад;
- барои рушди нерӯи касбӣ ва иттилоотонии муҳоҷирони берунии меҳнатӣ мусоидат менамояд;
- Хорич карда шуд ()
ж) дар соҳаи робитаҳои байналмилалӣ:
- дар соҳаи меҳнат, шуғл, муҳоҷирати дохилӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини нафақа ва хизматрасонии иҷтимоӣ ҳамкории байналмилалиро ба роҳ мемонад;
- вазифаҳои мақомоти асосии иҷроияи идораҳои давлатиро вобаста ба иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, Ассотсиатсияи байналмилалии таъминоти иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ анҷом медиҳад;
- барои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани конвенсияҳои байналмилалӣ ва дигар санадхои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба меҳнат, шуғл, таълими калонсолон, муҳоҷирати дохилӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳодҳо манзур намуда, доир ба иҷро гардидани муқаррароти конвенсияҳои тасдиқшуда ҳар_ сол маърӯза таҳия менамояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаҳои меҳнат, шуғл, таълими калонсолон, муҳоҷирати дохилӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ созишнома ва шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонад;
- назорати татбиқи барномаҳои сармоягузориро дар соҳаҳои мансуб ба Вазорат, таъмин менамояд;
- ташкил ва баргузории конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳои байналмилалӣ ва курсҳои таълимӣ, татбиқи лоиҳаҳои кумакҳои техникӣ дар соҳаи меҳнат, шуғл, таълими калонсолон, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ба роҳ мемонад;
- оид ба татбиқи барномаҳо дар соҳаи кӯмаки ройгони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи самарабахшу мақсадноки захираҳои кӯмаки башардӯстона дар соҳаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат пешниҳодҳо таҳия намуда, дар амалӣ намудани онҳо иштирок менамояд;
- амалӣ намудани аудити дохилӣ ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои буҷетии системаи Вазорат () .
6. Вазорат дар баробари ваколатҳои зикршуда:
- бо тартиби муқарраргардида озмунҳоро баргузор менамояд ва қарордодҳои давлатиро оид ба ворид намудани молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти Вазорат, инчунин гузаронидани корҳои илмию тадқиқотии барои дигар эҳтиёҷоти давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ба имзо мерасонад;
- дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи масъалаҳои марбут ба салоҳияти вазорат роҳбарии методиро анҷом дода, ба онҳо кӯмак мерасонад;
- гузаронидани корҳои илмию тадқиқотиро дар соҳаи меҳнат, шуғл, таълими калонсолон, муҳоҷирати дохилӣ, демография ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташкил ва ҳамоханг менамояд;
- бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандонро дар соҳаи меҳнат, шуғл, таълими калонсолон, муҳоҷирати дохилӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташкил ва ба роҳ мемонад;
- таҳия ва чорӣ намудани технологияи ягонаи иттилоотӣ ва системаҳои автоматикунонидашудаи коркарди иттилоотро дар соҳаи меҳнат, муҳоҷирати дохилӣ, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла таъмини нафақа ва хизматрасонии иҷтимоӣ ташкил менамояд;
- дар якҷоягӣ бо мутахассисони дигар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳо оид ба масъалаҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ санҷишҳо ва тадқиқоти мақсаднокро анҷом медиҳад;
- пешниҳодҳо ва арзу шикоятҳои шаҳрвандонро баррасӣ намуда, оид ба онҳо тадбирҳои дахлдор меандешад ва вобаста ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат қабули шаҳрвандонро анҷом медиҳад;
- оид ба омодасозии сафарбаркунӣ ва мудофиаи гражданӣ мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои чорабиниҳоро ташкил менамояд.
7. Вазорат ҳуқуқ дорад:
- бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, ҳуҷҷатҳо, хулосаҳо, маълумот ва дигар мавод, ки барои ҳалли масъалаҳои марбут ба салоҳияти вазорат зарур мебошанд, дархост намояд ва гирад;
- аз Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти оморӣ оид ба меҳнат, шуғл, пардохт, харакат ва муҳоҷирати аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди иҷтимоиро дархост кунад ва гирад;
- назорати давлатии риояи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, ҳифзи меҳнат, шуғл, таълими калонсолон, муҳоҷирати дохилӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини нафақаро ташкил намояд;
- бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ намояндагӣ намояд, оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат дар таҳия ва бо тартиби муқарраргардида бастани шартномаҳо бо идораҳои дахлдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла молиявӣ иштирок намояд;
- ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат мутахассисони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва муассисаҳои илмиро ҷалб намояд;
- ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва методиро оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Вазорат дахл доранд тасдиқ намояд;
- мутобиқи созишномаҳои тарафайн дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиҳои Вазоратро таъсис диҳад;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои системаи Вазоратро таъсис, аз нав ташкил ва барҳам диҳад, низомномаю оинномаҳои онҳоро тасдиқ намояд;
- оид ба боздошти амал ва бекор намудани фармоишҳо, қарорҳо ва супоришҳои вазорату идораҳо, ташкилотҳо, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон доир ба масъалаҳои меҳнат ва пардохти он, шуғл ва дигар кафолатҳои иҷтимоӣ, ки ба қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекунанд, пешниҳодҳо манзур намояд ();
- дар ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорат иттилооти намояндагони вазорату идораҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидори қаламрави ҷумҳуриро оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Вазорат мансубанд, баррасӣ кунад;
- дар кори ҳайатҳои мушовараи вазорату идораҳо иштирок намуда, бо тартиби муқарраргардида ба корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият ташриф оварда, санҷиши кори онҳоро оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат ба роҳ монад;
- оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Вазорат марбутанд намоишгоҳҳо ташкил намуда, конференсияҳо, машваратҳо, симпозиумҳо, мулоқотҳо ва дигар чорабиниҳо гузаронад;
- риояи интизоми молиявӣ, истифодаи воситаҳои моддӣ ва пулиро тибқи таъиноти мустақим дар ташкилотҳои системаи Вазорат назорат намояд.
8. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи амалӣ намудани назорат ва санҷишро дар соҳаи муайяншудаи фаъолият, аз ҷумла функсияи вобаста ба идораи амволи давлатиро надорад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд.
Маҳдудияти дар сархати якуми банди мазкур муқарраргардида ба салоҳияти Вазир оид ба идораи оперативии амволи давлатӣ, ки ба Вазорат вобаста карда шудаанд, ҳалли масъалаҳои кадрҳо ва масъалаҳои ташкили фаъолияти Вазорат татбиқ намегардад.
Ҳангоми танзими ҳуқуқии фаъолият Вазорат ҳуқуқ надорад функсия ва ваколатҳоеро муқаррар намояд, ки қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ пешбинӣ нанамудаанд, инчунин ҳуқуқ надорад нисбат ба татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқи ташкилотҳои ғайридавлатии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ маҳдудият муқаррар намояд, ба истиснои ҳолатхое, ки имконпазирии муайян намудани чунин маҳдудиятҳо мутобиқи санадҳои мақомоти марказии ваколатдори ҳокимияти иҷроия мустақиман дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, конунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо қабул гардидаанд, пешбинӣ шудаанд.
9. Вазорат доир ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти он мансубанд, мақоми ҳамоҳангсози фаъолияти дигар вазорату идораҳо, корхонаҳо, дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёбад.
Вазорат тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ оид ба татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи меҳнат, шуғл, таълими калонсолон, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарорҳо қабул мекунад ва тавзеҳот медиҳад, ки онҳо бояд аз ҷониби мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, ҳатман иҷро карда шаванд. Ҳангоми зарурат Вазорат чунин қарорҳоро якҷоя ё бо мувофиқаи дигар мақомоти идораи давлатӣ қабул менамояд.
III. Ташкили фаъолияти Вазорат
10. Вазоратро Вазир роҳбарӣ менамояд, ки ӯро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи минбаъдаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.
Вазир фаъолияти Вазоратро дар асоси яккасардорӣ роҳбарӣ намуда, барои иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.
Вазир муовинҳо, аз ҷумла муовини аввал дорад, ки онҳо бо пешниҳоди Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
Шумораи муовинони Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Воҳидҳои сохтории Вазорат аз рӯи самтҳои асосии фаъолият раёсатҳо мебошанд. Ба ҳайати раёсатҳо шӯъбаҳо ва бахшҳо дохил мешаванд.
11. Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- вазифаҳоро байни муовинони Вазир ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорат тақсим менамояд;
- дар доираи шумораи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаи кормандони сохтори дастгоҳи марказӣ ва фонди музди меҳнат, ҷадвали штатии дастгоҳи марказии Вазорат, инчунин сметаи хароҷоти таъминоти онро дар доираи маблағҳои буҷетии барои давраи дахлдор пешбинишуда тасдиқ менамояд;
- низомномаи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорат, инчунин низомнома ва оинномаи ташкилотҳои системаи Вазоратро бо тартиби муқарраргардида тасдиқ менамояд;
- оид ба эълон намудани озмун барои ишғоли вазифаҳо дар дастгоҳи марказии Вазорат ва воҳидҳои сохторӣ қарор қабул мекунад, кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, инчунин роҳбарони ташкилотҳои системаро бо тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
- ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро оид ба таъин намудан ба вазифа ва аз вазифа озод намудани рохбарони мақомоти назди Вазорат манзур менамояд;
- шумора ва фонди музди меҳнати кормандони ташкилотҳои тобеи Вазоратро, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сметаи хароҷоти таъминоти онҳоро дар доираи маблағҷудогардидаи буҷетӣ барои давраи муайян дар буҷети давлатӣ пешбинишуда тасдиқ менамояд;
- иҷрои вазифаҳоеро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳамин Низомнома ба зиммаи Вазорат вогузор намудаанд, таъмин менамояд;
- ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро доир ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат пешниҳод мекунад;
- фармоишу супоришҳо медиҳад, инчунин дастурамалҳо, қоидаҳо ва меъёрҳоеро, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи кормандони дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Вазорат ҳатмӣ мебошанд, тасдиқ карда, назорати иҷрои онҳоро таъмин мекунад ();
- нақшаи ҳарсолаи корӣ ва нишондиҳандаҳои фаъолияти мақомоти назди Вазорат, инчунин ҳисоботи фаъолияти онҳоро тасдиқ менамояд;
- роҳбарони мақомоти назди Вазорат, лоиҳаҳои низомномаҳо, сохторҳо ва фонди музди меҳнати кормандони онҳоро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- дар бораи таъсис, таҷдид ва барҳам додани мақомоти назди Вазорат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида псшниҳод манзур менамояд;
- ба муассиса ва ташкилотҳои системаи Вазорат супориш дода, иҷрои онро назорат мекунад;
- қарорҳои сохторҳои системаи Вазоратро, ки ба қонунгузорӣ мухолифат менамоянд, бекор мекунад, агар тартиби дигари бекор кардани қарорҳо бо қонун муқаррар нагардида бошад;
- бо пешниҳоди роҳбарони сохторҳои системаи Вазорат муовинон ва роҳбарони мақомоти минтақавии онҳоро дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- Вазоратро дар тамоми муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатхои хориҷӣ аз рӯи масъалҳои марбут ба салоҳияти он намояндагӣ мекунад ва бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаю созишномаҳои байналмилалиро имзо менамояд;
- масъалаи мукофотонидани кормандони Вазорат ва роҳбарони мақомоти тобеи онро ҳал мекунад ва ба маоши вазифавии мутахассисон иловапулиҳоеро, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, таъин менамояд, барои муваффақиятҳои меҳнатӣ бо мукофотҳо хавасманд мегардонад ва ашхоси шоистаро бо тартиби муқарраргардида ба гирифтани мукофотҳои давлатӣ пешниҳод мекунад;
- дигар ваколатҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
12. Дар Вазорат Ҳайати мушовара дар ҳайати Вазир (раиси Ҳайати мушовара), муовинони Вазир (аз рӯи вазифа) ва дигар кормандони роҳбарикунандаи Вазорат таъсис дода мешавад.
Шумора ва аъзои Ҳайати мушовара аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазир тасдиқ карда мешаванд. Карорҳои Ҳайати мушовара бо протоколҳо ба расмият дароварда шуда, бо фармоишҳои Вазир дар амал татбиқ мегарданд ().
13. Маблағгузории хароҷоти таъминоти Вазорат аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус мувофиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида, анҷом дода мешавад.
14. Вазорат дар системаи худ ташкилотҳои тиҷоратие дорад, ки фаъолияташонро ба сифати воҳиди мустақили хоҷагидор тибқи шартномаи дутарафаи бо Вазорат басташуда анҷом медиҳанд. Дар шартномаҳое, ки бо ин ташкилотҳо баста мешаванд, инҳо муқаррар мегарданд:
- мақоми корпоративӣ ва тиҷоратӣ;
- нақша - ҷадвали кор оид ба тиҷораӣй кунонидани он;
- дараҷаи мустақилияти молиявӣ ва идорӣ;
- меъёр ва маҳакҳои кор ва тобеияти роҳбарияти он;
- сохтори хисоботдиҳӣ, муайян намудани арзиши амвол ва ҳисоб кардани маблағи фарсудашавии он;
- нишондихандаҳои солонаи молиявӣ ва истеҳсолии нақшавӣ.
15. Барои баррасии масъалаҳои фаъолият ва пешниҳоди тавсияҳо дар назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида мақомоти ҳамохангсоз (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯхҳои корӣ), аз ҷумла байниидоравӣ ташкил карда мешавад. Низомномаи онҳо аз тарафи Вазир тасдиқ карда мешавад.
16. Вазорат бо мақсади иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда бо тартиби муқарраршуда нашри ахбор, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопиро анҷом медиҳад.
17. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
18. Маҳали ҷойгиршавии Вазорат шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Навоӣ, 5/2 мебошад.
Замимаи 2
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006
№ 600 тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ
Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ
Раёсати таҳлил ва дурнамои рушди соҳаи иҷтимоию меҳнатӣ
Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо
хориҷ карда шуд ()
Раёсати корҳо
Шӯъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа ()
Замимаи 3
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006
№ 600 тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва мухоҷират
Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
Шуъбаи аудити дохили ()
Хадамоти давлатии ташхиси тиббӣ-иҷтимоӣ ()
Замимаи 4
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006
№ 600 тасдиқ шудааст
Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ"
Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи ташхис ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбон бо табобатгоҳ" ()
Хориҷ карда шуд ()
Муассисаи давлатии "Курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ"
Муассисаи давлатии "Истироҳатгоҳи коргарҷавонон"-и Ромит
Корхонаи воҳиди давлатии "Бинокор"
Корхонаи воҳиди давлатии "Меҳнат"
Хориҷ карда шуд ()
Корхонаи воҳиди давлатии "Матбаа"
Муассисаи давлатии Ансамбли ҷумҳуриявии "Лаъл" ()
Корхонаи воҳиди давлатии "Рӯзномаи "Роҳнамо"
Муассисаи давлатии "Раёсати сохтмони асосӣ ва корҳои таъмирӣ ()
Замимаи 1
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006
№ 600 тасдиқ шудааст
Низомномаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.07 № 518, аз 30.11.2007 № 603, аз 17.01.2008 № 12, аз 29.04.2009 № 275, аз 2.07.2009 № 402)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Вазорати моҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Вазорат) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи меҳнат, шуғл, таълими калонсолон, муҳоҷират, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ анҷом медиҳад.
2. Вазорат фаъолияти мақомоти дар нақшаи идоракунӣ муаняншуда ва ташкилотҳои системаи худро ҳамоҳанг ва назорат менамояд.
З. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷнкистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомиомаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
4. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳалии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.
II. Ваколатҳо
5. Вазорат дар соҳаи муқарраргардида впколатҳои зеринро амалӣ менамояд:
- лоиҳаҳои қонунҳо ва санадҳои меъеёии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи меҳнат, шуғл, шарикии иҷтимоӣ, таълими калонсолон, муҳоҷират, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки барои онҳо қабули қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда мешавад, инчунин нақшаи корӣ ва нишондиҳандаҳои дурнаморо оид ба фаъолияти вазорат таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикикстон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона санадҳои меъёрии ҳуқуқии зеринро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият таҳия ва қабул менамояд;
а) дар соҳаи рушди муносибатҳои меҳнатию иҷтимоӣ:
- дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор оид ба самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳодҳо таҳия менамояд;
- вазъи сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳуриро меомӯзад, таҳлил ва арзёбӣ мекунад;
- дар асоси ташаккули сиёсати дахлдор оид ба даромадҳо барои мӯътадилӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ чорабиниҳо таҳия менамояд;
- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор пешниҳодҳоро оид ба андозаи ҳадди ақали музди меҳнат, нафақа, инчунин андозаи кӯмакпулиҳо, стипендияҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ омода мекунад;
- оид ба такмили системаи кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, ҷубронпулиҳо, имтиёзҳо, инчунин барои ҳимояи даромадҳои аҳолӣ аз таваррум ба Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ирсол менамояд;
- оид ба муайян намудани меьёрҳои камбизоатӣ, ҳисоби андозаи ҳадди ақали зисти гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоию демографии аҳолӣ тавсияҳои методӣ таҳия намуда, ҳисоби он, ташхиси ҳисоби ҳадди ақали зиндагиро, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузаронида мешаванд, анҷом медиҳад;
- дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори идораи давлати оид ба такмили системаи шарикии иҷтимои пешниҳодҳо омода намуда, роҳбарии методиро оид ба бастани созишномаҳои минтақавӣ, соҳавӣ (байнисоҳавӣ), шартномаҳои коллективӣ анҷом медиҳад ва ба танзими баҳсҳои меҳнатии коллективӣ вобаста ба масъаллаҳое, ки ба салоҳияти Вазорат дахл доранд, мусоидат мекунад;
- таснифгари умумидавлатии касбҳои коргарон ва мансабҳои кормандонро бо тартиби муқарраргардида таҳия намуда, барои тасдиқ ба Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- созишномаҳои минтақавӣ ва соҳавӣ (тарифӣ)-ро оид ба муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва меҳнатӣ сабти ном мекунад, назорати иҷрои онҳоро таъмин менамояд;
- дар омода намудани лоиҳаи Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон ва намояндагони кормандон иштирок намуда, ба нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи ҳамин созишнома пешниҳодот таҳия менамояд.
б) дар соҳаи пардохти музди меҳнат:
- оид ба такмили системаи пардохти музди меҳнати кормандон дар доираи созишномаҳои тарифӣ ва шартномаҳои коллективӣ пешниҳодҳо таҳия месозад;
- тарификатсияи корҳо, касбҳо ва вазифаҳоро анҷом медиҳад, заминаи меъёрии ҳуқуқии меъёрбандӣ ва пардохти музди меҳнатро таҳия менамояд;
- бо дарназардошти омилҳои табиию иқлимӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ оид ба такмили танзими минтақавии пардохти музди меҳнат, системаи имтиёзҳо ва ҷубронпулиҳо пешниҳодҳо таҳия менамояд;
- меъёрҳои меҳнат, маълумотномаи ягонаи тарифию тахассусии корҳо ва касбҳо, маълумотномаи тахассусии мансабҳои кормандон таснифгари касбҳои коргарон ва мансабҳои кормандон, дастурамалҳо, тавзеҳот, тавсияҳо оид ба масъалаҳои ташкил, меъёрбандӣ ва пардохти музди меҳнатро тасдиқ мекунад;
- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки мақомоти манфиатдори идораи давлатӣ оид ба таҳия ва татбиқи чорабиниҳо ҷиҳати такмили системаи пардохти музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷетӣ, инчунин таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда таклифҳо пешниҳод менамояд;
- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо пешниҳоди мақомоти идораи давлатӣ андозаҳои меъёрҳои тарифи ва маошҳои расмиро барои вазифаҳо ва табақаҳои алоҳидаи кормандони муассисаҳои буҷетӣ, мутобиқи шартҳои пардохти музди меҳнати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд;
- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мсъёрҳои ҳадди ақал ва тартиби ҷуброни хароҷотро ҳангоми сафарбар намудани кормандон ба иҷрои корҳои васлу танзим ва сохтмонӣ, ба курсҳои такмили ихтисос, инчунин корҳои хусусияти сайёр ва сафаридошта, иҷрои корҳои вахтавӣ, саҳроӣ ва корҳои доимӣ дар сафар муқаррар месозад;
- шартҳои пардохти музди меҳнати кормандонеро, ки ба иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда машғуланд, муқаррар менамояд;
- дар мувофиқа бо вазорату идораҳо номгӯи истеҳсолот, корҳо, касбҳо ва вазифаҳои дорои шароити зарарноки меҳнат, ки ба рӯзи кӯтоҳи корӣ, рухсатии ҳарсола, бе пул гирифгани хӯрокаи тиббию профилактикӣ ҳуқуқ медиҳанд, таҳия месозад;
в) дар соҳаи бехатарӣ ва шароити меҳнат:
- идоракунии давлатии бехатарии меҳнатро анҷом дода, фаъолияти вазорату идораҳоро дар ин соҳа ҳамоҳанг месозад;
- қоидаҳои байнисоҳавӣ ва санадҳои ташкилию методии бехатарии меҳнатро таҳия ва қабул менамояд;
- якҷоя бо вазорату идираҳои дахлдор таҳияи барномаҳои миллӣ ва минтақавиро оид ба беҳсозии шароити меҳнат ва бехатарии он ташкил менамояд;
- дар мувофиқа бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба номгӯи корҳои вазнин ва корҳо дар шароити зарарноку хатарнок, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон ва шахсони ба синни 18 нарасида манъ аст, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур медорад;
- якҷоя бо мақомоти давлатии омор намунаҳои ҳисоботи оморӣ давлатии нишондиҳандаҳои шароит ва бехатарии меҳнат, ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбиро таҳия ва қабул менамояд;
- тартиби гузаронидани санҷиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбиро таҳия менамояд;
- меъёрҳои намунавии соҳавии ба кормандон додани сару либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати фардиро таҳия менамояд;
- тартиби ба кормандон додани имтиёзҳо барои шароити вазнин, зарарнок ва хавфноки меҳнат, инчунин тартиби бо сару либос ва пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати фарди таьмин намудани кормандонро муайян мекунад;
- қоидаҳо ва меъёрҳоро оид ба бехатарии меҳнат, инчунин талаботи ташкилию методӣ ва умумитехникиро барои анҷом додани корҳо вобаста ба бехатарии меҳнат тасдиқ мекунад;
- оид ба такмили шароит ва бехатарии меҳнат, танзими давлатии вақти корӣ ва вақти истироҳат барои табақаҳои алоҳидаи кормандон пешниҳодҳо таҳия менамояд.
г) дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа:
- оид ба рушд ва такмили системаи суғуртаи давлатии иҷтимоии ҳатмӣ ва ихтиёрӣ пешниҳод таҳия менамояд;
- оид ба ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини нафақа пешниҳодҳо таҳия менамояд;
- таъминоти методиро анҷом дода, корро оид ба таъин, бозҳисобӣ, пардохт, расонидани нафақа ва кӯмакпулиҳои давлатии иҷтимоӣ бинобар маъюбй, аз даст додани саробон, пиронсолӣ ва тартиби амалисозии бозрасӣ ва назоратро вобаста ба таъииоти саривақтӣ ва дурусти пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо қабул менамояд;
- мутобиқи буҷети тасдиқгардида маблағгузории хароҷоти пардохти нафақаҳо, кӯмакпулиҳо ва амалӣ намудани сиёсати шуғл, инчунин ҷуброни хароҷоти корхона ва дигар ташкилотҳоро дар пардохти нафақаҳо ва кӯмакпулиҳо таъмин менамояд;
- дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор роҷеъ ба гарифҳои пардохтҳои суғуртавӣ барои корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ва субъектҳои хоҷагидорӣ ҳамаи шаклҳои моликият пешниҳодҳо таҳия карда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамояд;
- оид ба такмили таъмини нафақа вобаста ба шароити махсуси меҳнат пешниҳодҳо таҳия намуда, ташкили назорати дурустии татбиқи номгӯи корҳоеро (ихтисос ва мансабҳоро), ки ҳангоми иҷрои онҳо нафақа аз синну соли муайяншуда барвақттар таъин мегардад, анҷом медиҳад;
- дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба таъсиси системаҳои ғайридавлатии таьминоти нафақа ширкат варзида, ба рушди минбаъдаи он мусоидат менамояд.
д) дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ:
- оид ба ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии оила, занон ва кӯдакон, пиронсолон, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва маъюбон пешниҳодҳо таҳия намуда, онҳоро дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ менамояд;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии дастгирии иҷтимоии ин табақаи шаҳрвандонро ҳамоҳанг месозад ва таҳти назорат қарор медиҳад;
- оид ба фароҳамоварии шароит барои мутобиқшавии иҷтимоӣ ва ба ҷомеа ҳамроҳ шудани шахсоне, ки имконияти маҳдуд доранд, аз ҷумла кӯдакони маъюб, чорабиниҳоро таҳия ва татбиқ менамояд;
- оид ба таъсис ва рушди хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, системаи давлатии тавонбахшии маъюбон, таъмин намудани онҳо бо маснуоти протезию ортопедӣ ва доир ба гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ роҷеъ ба масьалаҳои маъюбӣ ва пешгирии он санадҳои дахлдор таҳия менамояд;
- ба шаҳрвандон додани имтиёз ва афзалиятҳоро ҳангоми таъмини узвҳои ориятӣ назорат мекунад, ба афзоиши истеҳсол ва такмили технологияи истеҳсоли маснуоти протезию ортопедӣ, рушди муассисаҳои дорои шаклҳои гуногуни моликият оид ба истеҳсоли маснуоти протезию ортопедӣ ва воситаҳои махсуси ҳаракат мусоидат менамояд;
- номгӯи вазифаҳо ва касбҳоеро, ки барои шуғли маъюбон афзалият доранд, инчунин номгӯи маҳсулот ва хизматрасониҳое, ки иҷрои онҳо барои ҷамъиятҳои маъюбон, корхонаҳои назди онҳо афзалиятдоштаро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- якҷоя бо мақомоти идораи давлатӣ ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъсис ва рушди шабакаи давлатии хадамоти махсусгардонидашудаи минтақавӣ, маҳаллӣ ва дигар хадамоти иҷтимоӣ, аз он ҷумла муассисаҳои статсионарӣ ва хизматрасонии иҷтимоии аҳолиро ташкил намуда, ҳамоҳангсозии фаъолият ва таъминоти методии онҳоро анҷом дода, стадартҳои хизматрасонии иҷтимоии аҳолиро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон, нобиноён, кару гунгҳо ва собиқадорони ҷанг ва меҳнатро ҳамоҳанг месозад;
е) Хорич карда шуд ().
ё) дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ:
- фаьолияти мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияро дар соҳаи муҳоҷирати дохилӣ ҳамоҳанг месозад;
- якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор оид ба ташаккули сиёсати давлатии муҳоҷират ва таҳияи барномаҳои дахлдор оид ба масъалаҳои муҳоҷиратро таҳия намуда, корҳоро ҷиҳати татбиқи онҳо ташкил ва ҳамоҳанг месозад;
- масъалаҳои муҳоҷирати экологӣ аз минтақаҳои экзогенӣ ба ҷойҳои бехавф, аз ҷумла ихтиёран аз маҳалҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ, ноҳияҳои сераҳолӣ ва камзамин ба ноҳияҳои дорои захираҳои кофии замин кӯчонидани хоҷагиҳоро ҳал мекунад;
- барои рушди нерӯи касбӣ ва иттилоотонии муҳоҷирони берунии меҳнатӣ мусоидат менамояд;
- Хорич карда шуд ()
ж) дар соҳаи робитаҳои байналмилалӣ:
- дар соҳаи меҳнат, шуғл, муҳоҷирати дохилӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини нафақа ва хизматрасонии иҷтимоӣ ҳамкории байналмилалиро ба роҳ мемонад;
- вазифаҳои мақомоти асосии иҷроияи идораҳои давлатиро вобаста ба иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, Ассотсиатсияи байналмилалии таъминоти иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ анҷом медиҳад;
- барои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани конвенсияҳои байналмилалӣ ва дигар санадхои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба меҳнат, шуғл, таълими калонсолон, муҳоҷирати дохилӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳодҳо манзур намуда, доир ба иҷро гардидани муқаррароти конвенсияҳои тасдиқшуда ҳар_ сол маърӯза таҳия менамояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаҳои меҳнат, шуғл, таълими калонсолон, муҳоҷирати дохилӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ созишнома ва шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонад;
- назорати татбиқи барномаҳои сармоягузориро дар соҳаҳои мансуб ба Вазорат, таъмин менамояд;
- ташкил ва баргузории конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳои байналмилалӣ ва курсҳои таълимӣ, татбиқи лоиҳаҳои кумакҳои техникӣ дар соҳаи меҳнат, шуғл, таълими калонсолон, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ба роҳ мемонад;
- оид ба татбиқи барномаҳо дар соҳаи кӯмаки ройгони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи самарабахшу мақсадноки захираҳои кӯмаки башардӯстона дар соҳаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат пешниҳодҳо таҳия намуда, дар амалӣ намудани онҳо иштирок менамояд;
- амалӣ намудани аудити дохилӣ ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои буҷетии системаи Вазорат () .
6. Вазорат дар баробари ваколатҳои зикршуда:
- бо тартиби муқарраргардида озмунҳоро баргузор менамояд ва қарордодҳои давлатиро оид ба ворид намудани молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти Вазорат, инчунин гузаронидани корҳои илмию тадқиқотии барои дигар эҳтиёҷоти давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ба имзо мерасонад;
- дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи масъалаҳои марбут ба салоҳияти вазорат роҳбарии методиро анҷом дода, ба онҳо кӯмак мерасонад;
- гузаронидани корҳои илмию тадқиқотиро дар соҳаи меҳнат, шуғл, таълими калонсолон, муҳоҷирати дохилӣ, демография ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташкил ва ҳамоханг менамояд;
- бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандонро дар соҳаи меҳнат, шуғл, таълими калонсолон, муҳоҷирати дохилӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташкил ва ба роҳ мемонад;
- таҳия ва чорӣ намудани технологияи ягонаи иттилоотӣ ва системаҳои автоматикунонидашудаи коркарди иттилоотро дар соҳаи меҳнат, муҳоҷирати дохилӣ, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла таъмини нафақа ва хизматрасонии иҷтимоӣ ташкил менамояд;
- дар якҷоягӣ бо мутахассисони дигар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳо оид ба масъалаҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ санҷишҳо ва тадқиқоти мақсаднокро анҷом медиҳад;
- пешниҳодҳо ва арзу шикоятҳои шаҳрвандонро баррасӣ намуда, оид ба онҳо тадбирҳои дахлдор меандешад ва вобаста ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат қабули шаҳрвандонро анҷом медиҳад;
- оид ба омодасозии сафарбаркунӣ ва мудофиаи гражданӣ мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои чорабиниҳоро ташкил менамояд.
7. Вазорат ҳуқуқ дорад:
- бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, ҳуҷҷатҳо, хулосаҳо, маълумот ва дигар мавод, ки барои ҳалли масъалаҳои марбут ба салоҳияти вазорат зарур мебошанд, дархост намояд ва гирад;
- аз Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти оморӣ оид ба меҳнат, шуғл, пардохт, харакат ва муҳоҷирати аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди иҷтимоиро дархост кунад ва гирад;
- назорати давлатии риояи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, ҳифзи меҳнат, шуғл, таълими калонсолон, муҳоҷирати дохилӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини нафақаро ташкил намояд;
- бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ намояндагӣ намояд, оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат дар таҳия ва бо тартиби муқарраргардида бастани шартномаҳо бо идораҳои дахлдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла молиявӣ иштирок намояд;
- ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат мутахассисони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва муассисаҳои илмиро ҷалб намояд;
- ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва методиро оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Вазорат дахл доранд тасдиқ намояд;
- мутобиқи созишномаҳои тарафайн дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиҳои Вазоратро таъсис диҳад;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои системаи Вазоратро таъсис, аз нав ташкил ва барҳам диҳад, низомномаю оинномаҳои онҳоро тасдиқ намояд;
- оид ба боздошти амал ва бекор намудани фармону супоришҳои вазорату идораҳо, ташкилотҳо, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон доир ба масъалаҳои меҳнат ва пардохти он, шуғл ва дигар кафолатҳои иҷтимоӣ, ки ба қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекунанд, пешниҳодҳо манзур намояд;
- дар ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорат иттилооти намояндагони вазорату идораҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидори қаламрави ҷумҳуриро оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Вазорат мансубанд, баррасӣ кунад;
- дар кори ҳайатҳои мушовараи вазорату идораҳо иштирок намуда, бо тартиби муқарраргардида ба корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият ташриф оварда, санҷиши кори онҳоро оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат ба роҳ монад;
- оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Вазорат марбутанд намоишгоҳҳо ташкил намуда, конференсияҳо, машваратҳо, симпозиумҳо, мулоқотҳо ва дигар чорабиниҳо гузаронад;
- риояи интизоми молиявӣ, истифодаи воситаҳои моддӣ ва пулиро тибқи таъиноти мустақим дар ташкилотҳои системаи Вазорат назорат намояд.
8. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи амалӣ намудани назорат ва санҷишро дар соҳаи муайяншудаи фаъолият, аз ҷумла функсияи вобаста ба идораи амволи давлатиро надорад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд.
Маҳдудияти дар сархати якуми банди мазкур муқарраргардида ба салоҳияти Вазир оид ба идораи оперативии амволи давлатӣ, ки ба Вазорат вобаста карда шудаанд, ҳалли масъалаҳои кадрҳо ва масъалаҳои ташкили фаъолияти Вазорат татбиқ намегардад.
Ҳангоми танзими ҳуқуқии фаъолият Вазорат ҳуқуқ надорад функсия ва ваколатҳоеро муқаррар намояд, ки қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ пешбинӣ нанамудаанд, инчунин ҳуқуқ надорад нисбат ба татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқи ташкилотҳои ғайридавлатии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ маҳдудият муқаррар намояд, ба истиснои ҳолатхое, ки имконпазирии муайян намудани чунин маҳдудиятҳо мутобиқи санадҳои мақомоти марказии ваколатдори ҳокимияти иҷроия мустақиман дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, конунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо қабул гардидаанд, пешбинӣ шудаанд.
9. Вазорат доир ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти он мансубанд, мақоми ҳамоҳангсози фаъолияти дигар вазорату идораҳо, корхонаҳо, дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёбад.
Вазорат тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ оид ба татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи меҳнат, шуғл, таълими калонсолон, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарорҳо қабул мекунад ва тавзеҳот медиҳад, ки онҳо бояд аз ҷониби мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, ҳатман иҷро карда шаванд. Ҳангоми зарурат Вазорат чунин қарорҳоро якҷоя ё бо мувофиқаи дигар мақомоти идораи давлатӣ қабул менамояд.
III. Ташкили фаъолияти Вазорат
10. Вазоратро Вазир роҳбарӣ менамояд, ки ӯро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи минбаъдаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.
Вазир фаъолияти Вазоратро дар асоси яккасардорӣ роҳбарӣ намуда, барои иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.
Вазир муовинҳо, аз ҷумла муовини аввал дорад, ки онҳо бо пешниҳоди Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
Шумораи муовинони Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Воҳидҳои сохтории Вазорат аз рӯи самтҳои асосии фаъолият раёсатҳо мебошанд. Ба ҳайати раёсатҳо шӯъбаҳо ва бахшҳо дохил мешаванд.
11. Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- вазифаҳоро байни муовинони Вазир ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорат тақсим менамояд;
- дар доираи шумораи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаи кормандони сохтори дастгоҳи марказӣ ва фонди музди меҳнат, ҷадвали штатии дастгоҳи марказии Вазорат, инчунин сметаи хароҷоти таъминоти онро дар доираи маблағҳои буҷетии барои давраи дахлдор пешбинишуда тасдиқ менамояд;
- низомномаи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорат, инчунин низомнома ва оинномаи ташкилотҳои системаи Вазоратро бо тартиби муқарраргардида тасдиқ менамояд;
- оид ба эълон намудани озмун барои ишғоли вазифаҳо дар дастгоҳи марказии Вазорат ва воҳидҳои сохторӣ қарор қабул мекунад, кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, инчунин роҳбарони ташкилотҳои системаро бо тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
- ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро оид ба таъин намудан ба вазифа ва аз вазифа озод намудани рохбарони мақомоти назди Вазорат манзур менамояд;
- шумора ва фонди музди меҳнати кормандони ташкилотҳои тобеи Вазоратро, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сметаи хароҷоти таъминоти онҳоро дар доираи маблағҷудогардидаи буҷетӣ барои давраи муайян дар буҷети давлатӣ пешбинишуда тасдиқ менамояд;
- иҷрои вазифаҳоеро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳамин Низомнома ба зиммаи Вазорат вогузор намудаанд, таъмин менамояд;
- ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро доир ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат пешниҳод мекунад;
- фармону супоришҳо медиҳад, дастурамалҳо, қоидаҳо ва меъёрҳоеро, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи кормандони дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Вазорат ҳатмӣ мебошанд, тасдиқ карда, назорати иҷрои онҳоро таъмин мекунад;
- нақшаи ҳарсолаи корӣ ва нишондиҳандаҳои фаъолияти мақомоти назди Вазорат, инчунин ҳисоботи фаъолияти онҳоро тасдиқ менамояд;
- роҳбарони мақомоти назди Вазорат, лоиҳаҳои низомномаҳо, сохторҳо ва фонди музди меҳнати кормандони онҳоро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- дар бораи таъсис, таҷдид ва барҳам додани мақомоти назди Вазорат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида псшниҳод манзур менамояд;
- ба муассиса ва ташкилотҳои системаи Вазорат супориш дода, иҷрои онро назорат мекунад;
- қарорҳои сохторҳои системаи Вазоратро, ки ба қонунгузорӣ мухолифат менамоянд, бекор мекунад, агар тартиби дигари бекор кардани қарорҳо бо қонун муқаррар нагардида бошад;
- бо пешниҳоди роҳбарони сохторҳои системаи Вазорат муовинон ва роҳбарони мақомоти минтақавии онҳоро дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- Вазоратро дар тамоми муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатхои хориҷӣ аз рӯи масъалҳои марбут ба салоҳияти он намояндагӣ мекунад ва бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаю созишномаҳои байналмилалиро имзо менамояд;
- масъалаи мукофотонидани кормандони Вазорат ва роҳбарони мақомоти тобеи онро ҳал мекунад ва ба маоши вазифавии мутахассисон иловапулиҳоеро, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, таъин менамояд, барои муваффақиятҳои меҳнатӣ бо мукофотҳо хавасманд мегардонад ва ашхоси шоистаро бо тартиби муқарраргардида ба гирифтани мукофотҳои давлатӣ пешниҳод мекунад;
- дигар ваколатҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
12. Дар Вазорат Ҳайати мушовара дар ҳайати Вазир (раиси Ҳайати мушовара), муовинони Вазир (аз рӯи вазифа) ва дигар кормандони рохбарикунандаи Вазорат таъсис дода мешавад.
Шумора ва аъзои Ҳайати мушовара аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазир тасдиқ карда мешаванд. Карорҳои Ҳайати мушовара бо протоколҳо ба расмият дароварда шуда, бо фармонҳои Вазир дар амал татбиқ мегарданд.
13. Маблағгузории хароҷоти таъминоти Вазорат аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус мувофиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида, анҷом дода мешавад.
14. Вазорат дар системаи худ ташкилотҳои тиҷоратие дорад, ки фаъолияташонро ба сифати воҳиди мустақили хоҷагидор тибқи шартномаи дутарафаи бо Вазорат басташуда анҷом медиҳанд. Дар шартномаҳое, ки бо ин ташкилотҳо баста мешаванд, инҳо муқаррар мегарданд:
- мақоми корпоративӣ ва тиҷоратӣ;
- нақша - ҷадвали кор оид ба тиҷораӣй кунонидани он;
- дараҷаи мустақилияти молиявӣ ва идорӣ;
- меъёр ва маҳакҳои кор ва тобеияти роҳбарияти он;
- сохтори хисоботдиҳӣ, муайян намудани арзиши амвол ва ҳисоб кардани маблағи фарсудашавии он;
- нишондихандаҳои солонаи молиявӣ ва истеҳсолии нақшавӣ.
15. Барои баррасии масъалаҳои фаъолият ва пешниҳоди тавсияҳо дар назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида мақомоти ҳамохангсоз (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯхҳои корӣ), аз ҷумла байниидоравӣ ташкил карда мешавад. Низомномаи онҳо аз тарафи Вазир тасдиқ карда мешавад.
16. Вазорат бо мақсади иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда бо тартиби муқарраршуда нашри ахбор, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопиро анҷом медиҳад.
17. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
18. Маҳали ҷойгиршавии Вазорат шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Навоӣ, 5/2 мебошад.
Замимаи 2
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006
№ 600 тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ
Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ
Раёсати таҳлил ва дурнамои рушди соҳаи иҷтимоию меҳнатӣ
Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо
Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа
Раёсати корҳо
Замимаи 3
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006
№ 600 тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва мухоҷират
Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
Шуъбаи аудити дохили ()
Хадамоти давлатии ташхиси тиббӣ-иҷтимоӣ ()
Замимаи 4
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006
№ 600 тасдиқ шудааст
Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ"
Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи ташхис ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбон бо табобатгоҳ" ()
Хорич карда шуд ()
Муассисаи давлатии "Курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ"
Муассисаи давлатии "Истироҳатгоҳи коргарҷавонон"-и Ромит
Корхонаи воҳиди давлатии "Бинокор"
Корхонаи воҳиди давлатии "Меҳнат"
Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикхориҷакор"