Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 600
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Низомномаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №600 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар сархати нӯҳуми банди 7 калимаи "фармону" ба калимаҳои "фармоишҳо, қарорҳо ва" иваз карда шавад;
- дар сархати нӯҳуми банди 11 калимаҳои "фармону супоришҳо медиҳад" ба калимаҳои "фармоишу супоришҳо медиҳад, инчунин" иваз карда шаванд;
- дар банди 12 калимаи "фармонҳои" ба калимаи "фармоишҳои" иваз карда шавад.
2. Аз Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №600 тасдиқ шудааст, сархати ҳафтум хориҷ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 июли соли 2013, № 300
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №600
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. В Положение о Министерстве труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, утверждённое постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №600 внести следующие изменения:
- девятый абзац пункта 7 слово "приказов" заменить словами "распоряжения, постановления";
- в девятом абзаце пункта 11 слова "издаёт приказы и распоряжения" заменить словами "издаёт распоряжения и даёт указания, а также.";
- в пункте 12 слово "приказами" заменить словом "распоряжениями".
2. Из Перечня организаций системы Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №600, седьмой абзац исключить.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 2 июля 2013 года, № 300