Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 600 "Дар бораи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 31.08.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 146 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 603, аз 29.04.2009с. № 275, аз 31.08.2012 № 472)

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1599 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 84 воҳид, муқаррар карда шавад (карори Хукумати ЧТ аз 30.11.2007  № 603, аз 31.08.2012 № 472).

3. Ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки се муовини Вазир, аз ҷумла як муовини аввал дошта бошад ва ҳайати мушовараро иборат аз 9 нафар ташкил намояд (карор аз 29.04.2009с. №275).

Ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 21 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 7 адад муқаррар карда шавад.

4. Маблағгузории дастгоҳи маркази ва мақомоти дар нақшаи идоракунии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.

5. Дар назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ва Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таъсис дода шаванд.

6. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:

- низомномаҳои мақомоти дар нақшаи ндоракунии Вазорат нишондодашударо таҳия намуда, ба баррасии Ҳукуматн Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои соҳавии меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд:

- санадҳои худро бо қарори мазкур мувофиқ намояд.

7. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шаванд:

- аз 7 марти соли 2001 № 124 "Дар бораи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- аз 5 феврали соли 2003 № 59 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2001 № 124 "Дар бораи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- аз 2 августи соли 2004 № 327 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомномаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- аз 3 апрели соли 2006 № 142 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2001 № 124";

- аз 30 декабри соли 2005 № 512 "Масъалаҳои Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- аз 3 майи соли 2006 № 206 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2005 № 512 "Масъалаҳои Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- аз 30 декабри соли 2001 № 596 "Масъалаҳои Инспексияи давлатии меҳнати назди Вазората меҳнат ва ҳифзи иҷтимоин аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- аз 3 июни соли 2006 № 264 "Дар бораи ворид иамудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2001 № 596 "Масъалаҳои Инспексияи давлатии меҳнати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоми аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- аз 1 марти соли 2004 № 89 "Дар бораи Хадамоти давлатии шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- аз 25 декабри соли 1997 № 555 "Дар бораи таъсиси хадамоти давлатии муҳоҷират дар назди Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                Э. Раҳмонов

аз 28 декабри соли 2006 № 600

ш. Душанбе