Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2001 № 124 "Дар бораи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2001 № 124 "Дар бораи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
1. Дар банди 2:
- дар сархати дуюм рақамҳои "4" ва "7" ба рақамҳои "5" ва "9" иваз карда шавад;
- дар сархати сеюм рақами "7" ба рақами "9" иваз карда шавад.
2. Дар банди 8 калимаҳои "Маркази ҷумҳуриявии шуғли аҳолӣ, Пажӯҳишгоҳи илмию татқиқотии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" ба калимаҳои "Хадамоти давлатии муҳоҷират, Маркази ҷумҳуриявии самтдории касбӣ, Курсҳои бозомӯзии кормандони сохтори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
3. Дар банди 7 Низомномаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сархати ҳаждаҳум мазмуни зайл илова карда шавад:
"Намояндагиҳои Вазоратро мутобиқи созишномаи тарафҳо дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушояд".
Сархатҳои ҳаждаҳ-бисту панҷ мутобиқан сархатҳои нуздаҳ-бисту шаш ҳисобида шавад.
4. Ба Нақшаи идораи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сархатҳои зерин илова карда шаванд:
"Намояндагиҳои Вазорат дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Инспексияи давлатии маълумоти касбию техникӣ".
5. Аз сархати ҳафтум Номгӯи ташкилоту муассисаҳое, ки ба системаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буда, аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, калимаи "Мӯъминобод" хориҷ карда шавад.
6. Дар Номгӯи ташкилоту корхонаҳои давлатие, ки фаъолиятро дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон басташаванда анҷом медиҳанд:
- аз сархати дуюми матни русӣ аббревиатураи "ГППОЗ" хориҷ карда шавад.
Сархатҳо бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Пансионати ҷумҳуриявии собиқадорони ҷангу меҳнат дар ноҳияи Варзоб;
Истироҳатгоҳи "Коргарҷавонон"-и Ромит".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 5 феврали соли 2003 № 59
ш. Душанбе
ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ПОСТАНОВЛЕНИЕ ПРАВИТЕЛЬСТВА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОТ 7 МАРТА 2001 ГОДА № 124 "О МИНИСТЕРСТВЕ ТРУДА И СОЦИАЛЬНОЙ ЗАЩИТЫ НАСЕЛЕНИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"
Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 7 марта 2001 года №124 "О Министерстве труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан" следующие изменения и дополнения
1. В пункте 2:
- в абзаце втором цифры "4" и "7" заменить цифрами "5" и "9".
- в абзаце третьем цифру "7" заменить цифрой "9":
2. В пункте 8 слова "Республиканский центр занятности населения, Научно-исследовательский институт труда и социальной защиты населения" заменить словами "Государственная Миграционная служба, Республиканский центр профессиональной ориентации, Курсы по повышению квалификации, переподготовки работников системы Министерства труда и социальной защиты населения".
3. В пункте 7 Положения о Министерстве труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан дополнить абзац восемнадцатый следующего содержания:
"Открывать представительства Министерства за пределами Республики Таджикистан в соответствии с соглашением сторон".
Абзацы восемнадцатый-двадцать пятый считать соответственно абзацами девятнадцатый-двадцать шестой.
4. В Схему управления Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан дополнить следующими абзацами:
"Представительства Министерства за пределами Республики Таджикистан;
Государственная инспекция профессионально-технического образования".
5. Из абзаца седьмого Перечня организаций и учреждений, входящих в систему Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, и финансируемых из Государственного бюджета, исключить слово "Муминабадский".
6. В Перечень государственных предприятий и организаций, осуществляющих деятельность на основе двухсторонних соглашений, заключаемых с Министерством труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан:
- из абзаца второго русского текста исключить аббревиатуру "ГППОЗ".
Дополнить новыми абзацами следующего содержания.
"Республиканский пансионат для ветеранов войны и труда в Варзобском районе;
Рамитский дом отдыха "Коргарджавонон"".
Председатель Правительства
Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 5 февраля 2003 года № 59
г.Душанбе