Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2009 № 451, аз 17.09.2012 № 497)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ, Номгӯи корхонаю муассиса ва дигар ташкилотҳои системаи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон 124 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 60 воҳид муқаррар карда шавад, ки аз он 39 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 21 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси Вазорат маблағгузорӣ карда мешавад (, ).
3. Ба Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 3 муовини Вазир, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад.
4. Барои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 8 адад, аз ҷумла барои Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 4 муқаррар карда шавад ()
5. Беэътибор дониста шаванд:
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 1997 № 38 "Масъалаҳои Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумхурии Тоҷикистон";
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1998 № 139 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 1997 № 38";
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006 № 265 "Оид ба ворид намудаии тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 1997 № 38 "Масъалаҳои Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 28 декабри соли 2006 № 595
ш. Душанбе