Низомномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 601

Санаи амалкуни: 29.08.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 601

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 601

тасдиқ шудааст

Низомномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2008 № 204, аз 30.05.2008 № 283, аз 28.07.2017 № 367, аз 1.11.2019 № 566, аз 29.08.2023 № 401)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2008 № 204, аз 30.05.2008 № 283, аз 28.07.2017 № 367, аз 1.11.2019 № 566, аз 29.08.2023 № 401)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи мудофиа мебошад, ки роҳбарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии идораи ҳарбиро амалӣ менамояд. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду омодагии онҳо дар иҷрои вазифаи мудофиавӣ масъул буда, сиёсати мудофиавй, риояи қонунгузории соҳаи ҳарбӣ, фаъолияти самарабахши мақомоти идораи ҳарбиро таъмин менамояд.

2. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367).

3. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои худро дар доираи ваколатҳои муқарраршуда иҷро намуда,  бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳаҳои амният ва тартиботи ҳуқуқиро идора мекунанд, инчунин бо дигар сохторҳои ҳарбии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда ҳамкорӣ мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367).

4. Маблағгузории хароҷоти таъминоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда ва дигар маблағҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367).

II. Ваколатҳо

6. Вазифаҳои асосии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

...

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 601

тасдиқ шудааст

Низомномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2008 № 204, аз 30.05.2008 № 283, аз 28.07.2017 № 367, аз 1.11.2019 № 566)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи мудофиа мебошад, ки роҳбарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии идораи ҳарбиро амалӣ менамояд. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду омодагии онҳо дар иҷрои вазифаи мудофиавӣ масъул буда, сиёсати мудофиавй, риояи қонунгузории соҳаи ҳарбӣ, фаъолияти самарабахши мақомоти идораи ҳарбиро таъмин менамояд.

2. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367).

3. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои худро дар доираи ваколатҳои муқарраршуда иҷро намуда,  бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳаҳои амният ва тартиботи ҳуқуқиро идора мекунанд, инчунин бо дигар сохторҳои ҳарбии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда ҳамкорӣ мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367).

4. Маблағгузории хароҷоти таъминоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда ва дигар маблағҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367).

II. Ваколатҳо

6. Вазифаҳои асосии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

- таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мудофиа (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2008 № 204);

- таъмини рафъи ҳамлаи душман ва мағлуб намудани он;

- таъмини амнияти фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини амнияти зиддитеррористии фазои ҳавоӣ ва дар мавридҳои зарурӣ расонидани кумак ба мақомоти амнияти давлатӣ доир ба тайёр ва гузаронидани амалиётҳои зиддитеррористӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367);

- таъмини муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ;

- таъмини ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудудӣ;

- таъмини омодагии доимии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- роҳбарии гарнизонҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367);

- ҳифзи хуқуқ, озоди ва манфиатҳои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзои оилаи онҳо;

- мубориза бар зидди терроризм, таъмини иҷрои дигар вазифаҳо мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367).

7. Ғайр аз ваколатҳое, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мудофиа" пешбинӣ гардидаанд, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба соҳаи мудофиаро таҳия менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367);

- риояи қонунгузориро дар бораи мудофиа таъмин менамояд, мувофиқи тартиби муқарраргардида дар хусуси такмили қонунгузорӣ дар бораи мудофиаи кишвар таклифҳоро таҳия ва пешниҳод менамояд;

- тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд;

- ба мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва аҳли ҷомеаи ҷумҳури дар хусуси фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот медиҳад;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳаҷми захираҳои моддию техники, амволи махсусе, ки барои мудофиа ҷудо шудаанд, таклифҳо пешниҳод намуда, ба истифодаи самараноки онҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад;

- барои давраи махсус захираҳои эҳтиетии моддию техникиро бунёд намуда, мӯҳлати нигоҳдории онҳоро муайян месозад;

- ҷойгиркунии қӯшунҳо, сохтмон ва истифодаи иншооти махсус, мудофиавӣ ва умумиҳарбиро амалӣ менамояд;

- бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбӣ ҳамкорӣ менамояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои ҳарбӣ нашр намуда, иҷрои онҳоро назорат мекунад;

- ба Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои қудратӣ ҷиҳати хифзи истиқлолият ва тамомияти арзи таклифу тавсияҳо пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367);

- барои гузаронидани сиёсати ягонаи ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ ва кадрӣ пешниҳодхо таҳия мекунад;

- тибқи тартиби муқарраршуда ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба маблағгузории эхтиёҷоти мудофиа ва дигар масъалахои ҳарбӣ пешниҳодхо омода месозад;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси истифодаи маблағҳои ба мудофиа ҷудошуда ҳисобот медиҳад;

- барои сохтан, истеҳсол ва таъмири техникаи харбӣ ва дигар амволи ҳарбӣ, ҳамчунин харидории онҳо фармоишҳои мудофиавии давлатиро ташкил менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367);

- дар гарнизонҳо тартиби муқарраргардидаро таъмин месозад ва бо ин мақсад дар асоси мувофиқа қувва ва воситаҳои дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифода мебарад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367);

- бо тартиби муқарраргардида интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро амалӣ менамояд ва барои ҳолати интизоми ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият дорад;

- бо идораҳои ҳарбии давлатҳои дигар ҳамкорӣ менамояд, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иҷозати Маҷлиси Олии Ҷумқурии Тоҷикистон иҷрои ӯхдадориҳои байналмилалиро берун аз ҷумҳурӣ таъмин менамояд;

- ҳамкории доимиро бо мақомоти корӣ ва оинномавии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (дар доираи барномаҳои "Ҳамкорӣ баҳри сулҳ") ва дигар созмонҳои байналмилалӣ таъмин менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367);

- иҷрои чорабиниҳоро оид ба омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ, мудофиаи худудӣ дар ҷумҳурӣ ҳамоҳанг сохта, назорат мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367);

- фаъолияти мақомоти давлатиро оид ба масъалаҳои мудофиа ва сирри давлатӣ дар соҳаи мудофиа ҳамоҳанг месозад;

- иҷрои конунҳоро оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва ҳолати санитарию беҳдоштиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

- консепсия ва нақшаи сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2008 № 204);

- банақшагирӣ ва истифодабарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367);

- дар асоси намояндагӣ барои муҳокимаи масъалаҳои муҳими фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти (комиссияҳои) ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва Шӯрои ҳарбии фармондеҳи навъи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла байниидоравӣ таъсис диҳад, ҳангоми зарурат бо тартиби муқарраргардида мутахассисонро ҷалб менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2008 № 204).

8. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳама намуди таъминот тавассути Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367).

III. Ташкили фаъолият

9. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, ки бо тартиби муқарраргардида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат мекунад.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бевосита роҳбарӣ намуда, барои омодагии ҷангӣ ва сафарбаркунӣ, дигар вазифаҳои ба зиммаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузоршуда масъулияти пурра дорад.

10. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи доктринаи ҳарбӣ, сохтори умумӣ ва шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаҷми маблағгузории буҷетӣ барои мудофиа пешниҳодҳо манзур менамояд;

- барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барнома ва нақшаҳои сохтмони ҳарбӣ, нақшаҳои ҷобаҷокунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарбарӣ, стратегӣ ва дигар нақшаҳои марбут ба фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил, азнавсозӣ ва барҳам додани қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, теъдоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки бояд ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд, лоиҳаи Низомномаи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар низомномаҳоеро, ки тасдиқи онҳо ба ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд, пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367);

- барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи низомномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии идораи ҳарбӣ, тартиби адои хизмати ҳарбӣ ва дигар низомномаҳоеро, ки фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медароранд, пешниҳод мекунад;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳаҷми воситаҳои моддию техникӣ, озуқа, амволи шайъӣ ва дигар амвол барои эҳтиёҷоти мудофиа, инчунин оид ба дигар масъалаҳое, ки ба ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохиланд, пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367);

- сари вақт ба Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳама намуди таъминот дархост пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367);

- ба Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи масъалаҳои ҳарбиро пешниҳод мекунад;

- дар сурати ҳуҷуми ногаҳонии мусаллаҳона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълони ҳолати ҷангӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба омодагии пурраи ҷангӣ оварда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш медиҳад;

- бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дараҷаи баланди омодабошии ҷангӣ оварда, нақшаҳои истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи сафарбарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367);

- Вазорати мудофиаро дар созмонҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад ва дар доираи ваколатҳои хеш гуфтушунидҳо мегузаронад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367);

- дар доираи ваколатҳои худ иҷрои созишномаҳои байнидавлатиро оид ба масъалаҳои мудофиа ва амнияти дастаҷамъӣ таъмин месозад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367);

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367);

- нақшаи ташкили таъминоти ақибгоҳ ва сохтмони асосии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ҳамчунин роҳнамо, дастурамал ва қоидаҳои танзимкунандаи фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2008 № 204);

 - мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои идоравӣ, нишонҳои сарисинагӣ ва ифтихорномаҳои фахрии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дода, низомнома ва тавсифи онҳоро тасдиқ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.11.2019 № 566);

- низомномаҳои раёсатҳо ва дигар воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;

- сохтори ташкилӣ ва теъдоди ҳайати шахсии мақомоти идоракунанда, ҷузъу томҳо ва қисмҳоро дар ҳудуди меъёри шумораи муқарраргардидаи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуда, мувофиқи қонунгузорӣ тартиби пардохти маоши ҳайати шахсиро муайян месозад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367);

- шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ қабул мекунад. Хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин намуда, то рутбаи полковник рутбаҳои навбатии ҳарбӣ медиҳад, онҳоро аз хизмати ҳарбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон озод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367);

- тақсимот, ҷобаҷогузории аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, лавозимоти ҷангиро дар қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои сохтории Вазорати мудофиа амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367);

- фаъолияти ташкилоту муассисаҳои Вазорати мудофиаро назорат менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367);

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳаётан муҳим ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ва дастурҳо бароварда, дар мавридҳои зарурӣ якҷоя бо дигар вазорат ва идораҳо фармонҳо мебарорад.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчуиин аз дигар ҳуқуқҳое, ки санадҳои меъерии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, истифода менамояд.

11. Бо пешниҳоди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муайянгардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

Муовинони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазири мудофиа тобеъ буда, сардорони бевоситаи ҳамаи ҳайати шахсии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар ҳолати набудани вазири мудофиа вазифаҳои вазирро муовини якуми вазир ё бо супориши ӯ яке аз муовинони вазир иҷро мекунад. Онҳо барои иҷрои вазифаҳо ва ӯҳдадориҳое, ки Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи онҳо гузоштааст, масъул мебошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367).

Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва фармондеҳони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин сардори Раёсати ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2008 № 204, аз 28.07.2017 № 367).

12. Сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо, хадамот ва дигар воҳидҳои сохтории Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷониби Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Онҳо барои дар Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро шудани вазифаҳои махсусе, ки ба салоҳияташон шомиланд, инчунин ба омодагии ҷангӣ ва сафарбарӣ, ҳолати интизоми ҳарбӣ дар қӯшунҳо ва ҷузъу томҳои бевосита ба онҳо тобеъ масъулият доранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367).

13. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси нақшаҳои солона ва семоҳаи чорабиниҳои асосӣ амалӣ менамояд.

14. Дар Вазорати мудофиа дар ҳайати вазир (раис), муовинони вазир (аз рӯи вазифа) ва кормандони роҳбарикунандаи вазорат ҳайати мушовара таъсис дода мешавад. Аъзои ҳайати мушовара, ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа дохил мешаванд, бо пешниҳоди вазир аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Қарорҳои ҳайати мушовара бо фармоиши вазири мудофиа татбиқ карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367).

15. Ба ҷадвали воҳидҳои кории Вазорати мудофиа, қисмҳои ҳарбӣ ва муассисаҳо хизматчиёни ҳарбӣ, хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ дохил мешаванд. Ба хизматчиёни ҳарбӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ дода шуда, ба нигоҳдорӣ ва гирифта гаштани силоҳи оташфишони табелӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367).

16. Қабули хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ ба кор, инчунин аз вазифа озод намудани онҳо дар дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби вазири мудофиа сурат мегирад. Фармоишҳои вазири мудофиа доир ба қисми сафӣ дар дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ бо фармоиши вазири мудофиа аз ҷониби муовини якуми вазири мудофиа ва дар ҳолати набудани ӯ аз ҷониби яке аз муовинони вазири мудофиа имзо карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367).

17. Фаъолияти меҳнатии хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ дар ҷузъу томҳо, қисму воҳидҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат танзим мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367).

18. Бо мақсади амалй гардонидани фаъолияти хоҷагидорӣ, беҳтар сохтани ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад хоҷагиҳои ёрирасон ва дигар ташкилотҳои ҳисоби хоҷагиро ташкил диҳад, ҳақ дорад, ки авиатсияӣ ҳарбии нақлиётиро бо мақсадҳои тиҷоратӣ истифода барад. Фаъолияти мазкур набояд ба омодагии ҷангӣ ва қобилияти ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад.

19. Фаъолияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунанд.

20. Сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва теъдоди штатии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

21. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои номи воқеӣ ва шартӣ, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳрҳои дахлдор, инчунин суратҳисобҳои мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашуда мебошад.

22. Суроғаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе кӯчаи Бохтар 59 мебошад.