Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарормекунад:
1. Ба Низомномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 592 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
-қисми сеюми банди 10 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Муовини аввал, муовинони вазир ва сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд."
2. Ба Низомномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 601 тасдиқ шудааст, иловаи зайл ворид карда шавад:
дар сархати якуми банди 11 баъди калимаҳои "муовинони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "ва сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.
3. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии дохилиидоравии худро ба қарори мазкур мутобиқ намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 майи соли 2008 № 283
ш. Душанбе
аз 30 майи соли 2008 № 283
...