Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, № 107 "Дар бораи Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010

Мутобиқи моддаҳои 17 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2005 № 184 "Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои супоришу дастурҳое, ки дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонони ҷумҳурӣ 21 майи соли 2005 баён шудаанд" ва бо мақсади дастгирӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди саломатии ҷавонон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи замимагардидаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

3. Маблағгузории Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 дар доираи маблағҳои пешбининамудаи вазорату идораҳо ва аз ҳисоби сарчашмаҳои ғайрибуҷетӣ анҷом дода шавад.

4. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо дар доираи татбиқи чорабиниҳои Барномаи мазкур барномаҳои маҳаллиро таҳия ва амалӣ гардонанд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 3 марти соли 2006 № 107

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Программе развития здоровья молодёжи в Республике Таджикистан на 2006-2010 годы

В соответствии со статьями 17 и 22 Закона Республики Таджикистан "О молодежи и государственной молодежной политике", постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 июня 2005 гола №184 "О Плане мероприятии по выполнению поручений и указаний, содержащихся в выступлении Президента Республики Таджикистан на встрече с молодежью 21 мая 2005 года" и с целью содействия в улучшении условий по развитию здоровья молодежи, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить прилагаемую Программу развития здоровья молодежи в Республике Таджикистан на 2006-2010 годы.

2. Министерству здравоохранения Республики Таджикистан, Министерству образования Республики Таджикистан, Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, Министерству юстиции Республики Таджикистан, Министерству внутренних дел Республики Таджикистан, Министерству культуры Республики Таджикистан, Комитету по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан, Комитету по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан, Комитету по физической культуре и спорту при Правительстве Республики Таджикистан содействовать реализации Программы развития здоровья молодежи в Республике Таджикистан на 2006-2010 годы.

3. Финансирование данной Программы развития здоровья молодежи в Республике Таджикистан на 2006-2010 годы осуществить в рамках предусмотренных средств министерств, ведомств и за счет привлечения внешних источников.

4. Местным исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов в рамках реализации мероприятий настоящей Программы разработать и реализовать местные программы.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                  Э.Рахмонов

от 3 марта 2006 года №107

 г. Душанбе