Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.10.2011 № 505, аз 06.09.2012 № 481, аз 1.08.2015 № 510)
Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3)
2) Шумораи ниҳоии кормандони Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 175 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 12 воҳиди штатӣ муқаррар карда шавад .
3) Шумораи кормандони ҳайати хизматрасони техникии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 9 воҳид ихтисор карда шавад.
4) Маблағгузории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар Нақшаи идоракунии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикргардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад .
5) Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 7 январи соли 1974 № 4 "Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаҳои Управленияи актҳои ҳолатҳои граждании назди Вазорати адлияи РСС Тоҷикистон ва бюрои (шӯъбаи) қайди актҳои ҳолати граждании комиҷроияи совети районӣ, шаҳрии депутатҳои меҳнаткашон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 ноябри соли 2006 № 503
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.10.2011 № 505, аз 06.09.2012 № 481)
Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3)
2) Шумораи ниҳоии кормандони Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 175 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 8 воҳиди штатӣ муқаррар карда шавад .